Сообщения

Сообщения за апрель, 2017

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА

Гулситон СОҲИБНАЗАРОВА ГУЛИ ЛОЛА Рӯзе аз рӯз ҳ ои ба ҳ орӣ сабзаи нозуку зебое сар боло кард . Ӯ чашм кушода офтобро дид , ки ба ӯ табассум мекунад . - Ра ҳ мат , Офтобҷон , - гуфт сабза . - Ту бисёр зебо ва ме ҳ рубонӣ ! - Ту ҳ ам калон ва зебо мешавӣ , - гуфт Офтоб . - Ман ба ту кӯмак мекунам . Бо кӯмаки офтоб сабза рӯз то рӯз калонтар шуд . Муғҷа баст . Чанд рӯз аз байн гузашт . Ғунчаи сабзи нозанин тезтар шукуфтан мехост . Шабе тамоман хобаш набурд . Ба осмон нигаристу Ситораи фурӯзоне дид . - Ситораҷон , ман зебоям ? - пурсид ғунча . - Ту зебоӣ , лекин касе мисли ман зебо нестӣ . На ту , на Мо ҳ ва на Офтоб ! - гуфт Ситора . Ғунча аз ин ҷавоби Ситора хеле ғамгин шуд . Дар осмон Мо ҳ пайдо шуд . Ғунча ҳ айрон -ҳ айрон ба Мо ҳ нигарист ва гуфт : - Ва ҳ! Ту аҷаб зебоӣ ! Ман ҳ ам мисли ту зебоям? - Ту намедонӣ , ки ман аз ҳ ама зебоям ? На ту , на Ситора ва н...

АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША

ИХТИРОЪҲОИ БОНУВОН Дар таърих занони машҳуре ҳастанд, ки ихтироъҳо намудаанд. Ҷозефина Кокрейн яке аз чунин бонувон аст, ки соли 1886 аввалин мошинаи механиконидашудаи табақшӯиро ихтироъ намуда буд. Танҳо пас аз 40 сол онро ҳамчун асбоби зарурии зиндагӣ қабул намуданду ба таври васеъ кор фармуданд. Номи Бетти Несмит Грэм бошад, дар таърих ҳамчун ихтироъкунандаи “қалами сафед” ворид шудааст. То ҳол дар соҳаҳои илм, маориф ва полиграфия аз қалами Бетти васеъ истифода мебаранд. Соли 1930 Рут Уэйкфилд ҳангоми пухтани печени ба хамири он шоколад ҳамроҳ мекунад ва аввалин печении шоколаддорро мепазад.  Табита Бэббит дар соли 1810 арраи сиркуляриро ихтироъ намудааст. Ҳоло аз ин асбоб дар буридани дарахтони ҷангалзорҳо пурсамар истифода мебаранд. Аввалин филтр-конуси қаҳваро соли 1909 Мерлитте Бенс бо дастони худ аз дафтари хонандагон сохтааст. 

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

Шарифи МУҲАММАДЁР МОДАР Зи тифлӣ , то равуоям , Ки худ гардам ба ду поям . Ба ҳ ар хезу нишасти ман , Ту бигрифтӣ зи дасти ман . Туӣ , ақлу тавон додӣ , Гуворотар забон додӣ . Чу ҷон бигрифтаи дар бар , Маро модар , маро модар . Дилу ҷони манӣ , модар , Нига ҳ бони манӣ , модар . Мадори ҷисму ҷон , модар , Ба ҳ ори гулфишон , модар . Ҳама бахту умедам ту , Ҳамин ро ҷ и сафедам ту . Чу боақлу расо бошам , Ба пирият асо бошам .

ШАКАРХАНД

ИН САДОИ ЧИСТ Ду рафиқ ба садои ҷӯшидани об гӯш медоданд. Яке аз онҳо пурсид: - Ин садои чист? Дигар ҷавоб дод: - Садои микробҳо. ЗАРРОФА Муаллим аз талаба пурсид: - Кадом ҳайвон бештар гармиро дӯст медорад? - Заррофа, - ҷавоб дод шогирд. - Чаро заррофа? - Чунки гардани дарози он нисбат ба дигар ҳайвонҳо ба сӯи офтоб бештар майл дорад. ДАСТУ РӮЙИ НОШУСТА - Чаро гӯшу гардани ту ҳамеша ношуста? - пурсид роҳбари синф аз Анвар. - Чунки модарам ҳар пагоҳӣ фақат «дасту рӯятро шӯй» мегӯянду халос, - ҷавоб дод Анвар. АВВАЛ СЕБ ДИҲЕД Муаллим ба шогирд: - Ту ду дона себ дорӣ, ман ба ту боз ду донаи дигар себ додам. Ҷамъ дар дасти ту чанд себ мешавад? Шогирд: - Аввал себ диҳед, баъд мегӯям.

БАРОИ БАЧАГОН

САЁҲАТ БА ОЛАМИ ФАННИ ЗООЛОГИЯ 1. Зоология аз калимаи юнонии «зоо»- ҳайвон, «логос»- таълимот гирифта шуда, илм дар бораи ҳайвонот мебошад. 2. Фанни зоология гуногунрангии олами ҳайвонот ва тараққиёти таърихии онҳо, сохти ҳайвонҳо, тарзи ҳаётгузаронии онҳо, паҳншавӣ, ривоҷёбӣ ва муносибати ҳайвонотро бо муҳити зист меомӯзонад. 3. Асосгузори илми зоология, олими Юнон Арасту мебошад. Се асари ӯ оид ба олами ҳайвонот, ки баъзе қисмҳои он то замони мо боқӣ мондааст, «Таърихи олами ҳайвонот», «Тартиби донишҳо оид ба ҳайвонот» ва «Донишҳои таърихӣ, морфологӣ, физиологии ҳайвонот» мебошад. Ин олими бузург дар асарҳояш оиди роҳҳои паҳншавӣ, тарзи умргузаронӣ ва хусусиятҳои анатомии 452 намуди ҳайвон маълумот додааст. 4. Ривоҷёбии илми зоология дар Шарқ бо номи мутафаккирони бузург Абу Райҳон Берунӣ, Абӯали ибни Сино ва дигарон вобаста аст. 5. Табиатшиноси Рими Қадим Гай Плиний (солҳои 23-79 мелодӣ) дар китоби «Таърихи табиат»-и худ, таърифи ҳайвоноти замонашро овардааст. 6. То ҳо...

АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША

Мӯъҷизаи олам ДЕВОРИ БУЗУРГИ ЧИН Масоҳати Чини Қадим бузург буда, ҳифзи он аз душман кори осон набуд. Барои муҳофизати сарзамин ва императори худ дар асрҳои IV - III пеш аз мелод ба сохтани ин иншооти нотакрори таърихӣ шурӯъ намуданд. Сохтани деворро шоҳ Ван ли Ченчен оғоз бахшид. Ӯ барои чиниҳо қаҳрамони миллӣ ба шумор меравад. Чиниҳо ин девори бузургро дар давоми ҳазор сол бунёд кардаанд. Дар замони ҳукмронии император Син Шехуандӣ (221 пеш аз мелод) девори мазкур боз баландтар карда мешавад. Ҳоло баландии он 6,6 метр , ғафсии қисмати поёнаш 6,5 метр ва ғафсии қисмати болоӣ 5,5 метрро ташкил медиҳад ва дар масофаҳои муайян дидбонгоҳ ҷойгир карда шудааст. Ҳар сол барои дидани ин девори таърихӣ, ки яке аз мӯъҷизаҳои олам эътироф гаштааст, миллионҳо сайёҳ ташриф меора н д.

БАРОИ БАЧАГОН

Мулоҳиза ПУШАЙМОНӢ СУД НАДОРАД Фасли зимистон. Ҳаво сард буд. Модари Шокир барои пешин таом тайёр мекард. Ногоҳ дид, ки дар хона намак намондааст. - Шокирҷон, - писарашро ҷеғ зад. - Лаббай, - давон омад Шокир. - Шери модар, намак тамом шудааст. Давон рафта аз дӯкон намак биёр, - ба писар пул дароз кард модар. Шокир пулро гирифт ва палтояшро пӯшида кӯча рафт. Ба дӯкон нарасида, марде яхмос мефурӯхт. Ӯ писаракро дида, гуфт: - Биё, писарам. Ман имрӯз яхмосҳои беҳтаринро овардам. Якто гири, як умр мазааш дар даҳонат мемонад. Шокир назди яхмосфурӯш омад. Яхдони ӯ пур аз яхмосҳои рангоранг буд. Писарак яхмоси дӯстдоштаи худро гирифта, сӯи дӯкон шитофт. Маблағи дар дасташ боқимонда ба намак нарасид. Дар бозгашт боз яхмос гирифта хӯрд ва баъд ба хона баргашт. Модараш писарашро дастхолӣ дида, гуфт: - Намак наовардӣ? - Не модарҷон. Дар роҳ пулро гум кардам, - дурӯғ гуфт Шокир. Модар боз пул дода: - Ҳеҷ гап не. Акнун эҳтиёт шуда, рафта биё, - гуфт. Писарак давон рафта намак ...

БАРОИ БАЧАГОН

АГАР МО... ...НИҲОЛ ШИНОНЕМ ·      Ба ободии табиат ҳиссаи худро мегузорем. ·      Одамон аз меваҳои он баҳравар гардида, дуо мекунанд. ·      Ба тозагии экология саҳм мегузорем. ·      Падару модарамон хурсанд мешаванд. ·      Аз ин рафтори мо атрофиён ибрат гирифта, онҳо ҳам ниҳол мешинонанд. ·      Дастархонамон фаровон мегардад. ...НИҲОЛ НАШИНОНЕМ ·      Табиатамон хароб мешавад. ·      Экологияи муҳиту атроф вайрон мешавад. ·      Нархи меваҳо дар бозор қимат мегардад. ·      Моро ҳама бачаи бепарвою беғам мешуморанд. Фаридуни ФАРҲОДЗОД.

БАРОИ БАЧАГОН

ЧИГИЛАК Чигилак як намуди шеър аст, ки дар ин гуна шеърҳо воқеа ғайритабиӣ, пасу пеш, чаппаву роста, баръакс тасвир мешавад. Ин хусусияти чигилакµо хонандаро водор мекунад, ки онро бодиққат хонад, зирактару ҳушёртар бошад, хондаашро мулоҳиза кунад. Минбаъд мо аз эҷодиёти шоирон чунин шеърҳоро меорем. Шумо метавонед, чигиливу печидагии шеърро дарёб намуда, дар поён нависед! Ҷӯра ҲОШИМӢ ОЁ ДУРУСТ КАРДАМ? Бо чашмакам шунидам Бо гӯшакам бидидам. Оё дуруст кардам? Ё нодуруст кардам? Бо пой хат навиштам, Бо даст роҳ бигаштам. Оё дуруст кардам? Ё нодуруст кардам? Хӯрдам китобро ман, Хондам кабобро ман. Оё дуруст кардам? Ё нодуруст кардам? Гуфтам ба гурбаам: - Кишт! Гуфтам ба мурғакам: - Пишт! Оё дуруст кардам? Ё нодуруст кардам? Хондам ду модар аз ёд, Шуд шеъракам зи ман шод Оё дуруст кардам? Ё нодуруст кардам?"

АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША

Аҷиб аст ОФАРАНДАИ Л Ӯ ХТАКИ БАРБИ Рут Ҳэндлер яке аз занони маш ҳ ури Иёлоти Мутта ҳ идаи Амрико мебошад , ки лӯхтаки Барбиро офаридааст ва бо ин   со ҳ иби шу ҳ рати ҷа ҳ онӣ гаштааст .  Ҳэндлер лӯхтаки Барбиро бори аввал соли 1959 дар ярмаркаи бозича ҳ ои кӯдакона , ки  ҳ ар сол дар Ню - Йорк гузаронида мешуд , тақдим намудааст . Баъд аз ин , лӯхтаки Барби дар тамоми ҷа ҳ он маш ҳ ур гардидааст . Ғайр аз ин , муваффақияти мазкур барои созмони ширкати “Mattel”, ки бозича ҳ ои кӯдаконаро исте ҳ сол менамуд , сабаб гардид . Сол ҳ ои зиёд лӯхтаки Барби аз дӯстдоштатарин бозича ҳ ои кӯдакон ба шумор мерафт . Назар ба маълумот ҳ о , дар олам дар давоми 1 сония 3 лӯхтаки Барби фурӯхта мешавад . Ҳоло фурӯши ин лӯхтак дар беш аз 150 кишвар ба ро ҳ монда шудааст .