Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "мўйсафед"

НАСР

Саттор ТУРСУН СИТОРАИ КОРВОНКУШ Ҳикоя Офтоби тирамоҳ охирин нурҳои ларзонашро аз пештахтаи тиреза ғундошта, оҳиста ба пушти Тали шаҳидон хам х ӯ рд, ки дар он ҷ о қабристони деҳа воқеъ буд. То ин дам магасе ба умеди берун рафтан худро ба шишаҳои пан ҷ ара андохта, беист ғинг-ғинг мекард; ҳамон магас, чунон ки аз тарс бошад, баробари фур ӯ нишастани офтоб дафъатан қарор ёфт. Хонаро якбора сукунати сард ва тазйиқовар фаро гирифт. Деворҳои сафеди он ба монанди куртаи суфе, ки аз бисёр шустан рангаш паридааст, ноаён хира гардиданд. Сақф г ӯ ё пасттар фуромад ва асбобу ан ҷ оми хона дар ҳукми хом ӯ ш ӣ монда, саросар ҳузнангез тофтанд. М ӯ йсафед, ки тамоми р ӯ з ба ҳолпурсии такрор ба такрори кампираш ҷ авоб надода, р ӯ ба девор карахт мехобид, агарчи чашмони ч ӯ кидааш дер боз баста буданд, аз ин тағйи­рот ба алам пай бурд. Зеро ҳар дафъа, баъди ғуруби офтоб, то ҳангоме ягон кас чароғро дарнагиронад, хона ба назараш мисли заминкан тангу тор намуда, дили заъфзадааш нохост фишу...