Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "писар"

БАРОИ БАЧАГОН

Мулоҳиза ПУШАЙМОНӢ СУД НАДОРАД Фасли зимистон. Ҳаво сард буд. Модари Шокир барои пешин таом тайёр мекард. Ногоҳ дид, ки дар хона намак намондааст. - Шокирҷон, - писарашро ҷеғ зад. - Лаббай, - давон омад Шокир. - Шери модар, намак тамом шудааст. Давон рафта аз дӯкон намак биёр, - ба писар пул дароз кард модар. Шокир пулро гирифт ва палтояшро пӯшида кӯча рафт. Ба дӯкон нарасида, марде яхмос мефурӯхт. Ӯ писаракро дида, гуфт: - Биё, писарам. Ман имрӯз яхмосҳои беҳтаринро овардам. Якто гири, як умр мазааш дар даҳонат мемонад. Шокир назди яхмосфурӯш омад. Яхдони ӯ пур аз яхмосҳои рангоранг буд. Писарак яхмоси дӯстдоштаи худро гирифта, сӯи дӯкон шитофт. Маблағи дар дасташ боқимонда ба намак нарасид. Дар бозгашт боз яхмос гирифта хӯрд ва баъд ба хона баргашт. Модараш писарашро дастхолӣ дида, гуфт: - Намак наовардӣ? - Не модарҷон. Дар роҳ пулро гум кардам, - дурӯғ гуфт Шокир. Модар боз пул дода: - Ҳеҷ гап не. Акнун эҳтиёт шуда, рафта биё, - гуфт. Писарак давон рафта намак ...

ШАКАРХАНД

Аляскаро наёфтам.. -Бар ту чӣ шуд, чаро гиря мекунӣ - пурсид хоҳар аз аппааш. -Муаллими география бар ман баҳои “ 2” гузоштанд. Ман Аляскаро наёфтам... -Туро бину хаёлпараст! Хай баъд дар куҷо монданат ба ёдат омад? « Падари ман » -Алло, Шумо роҳбари синфи панҷи “Б”? Писарам имрӯз ба мактаб омада наметавонад. -Кӣ гап мезанад? -Падари ман. “Даҳони пӯшида сад тилло” Муаллим: - Мавзӯи вазифаи хонагиро гап зан. Хонанда: -Гап намезанам. Муаллим: - Чаро? Хонанда: - Худатон дирӯз гуфта будед, ки “Даҳони пӯшида – сад тилло”. Шогирди нодон Муаллим аз нодонии шогирдаш бадқаҳр шуда мегӯяд: - Дар каллаат ягон чиз ҳаст? Гап зан! - Устод, ҳаст. Мӯй ҳаст, чашм ҳаст, бинию даҳон ҳаст, – дар ҷавоб гуфт хонанда.