Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "Юнуси Имомназар"
Ҳикояҳои нави се тан  эҷодкор Сабзу хуррамӣ нишонаи зинда будани табиат, рушду нумӯи ҳар чизе аст, ки дар замин месабзад. Ин мафҳум дар адабиёт низ ба таври маҷозӣ бисёр ба кор меравад ва ишора ба офаридани осори тару тоза, дар ҳолати пешрафт будани эҷодкор аст. Ахиран дар канори гулу гиёҳони тозаи наврӯзӣ дар боғи адабиёти мо низ «Се барги сабз» худнамоӣ кард. Ин «баргҳо» ҳикояҳои нави се тан эҷодкори роҳафтода – Юнуси Имомназар, Шариф Халил ва Фаридуни Фарҳодзод мебошанд, ки дар як китоб ҷамъ омада, аз тариқи нашриёти «Ноширлик ёғдуси» дар чопхонаи «Reliable print» ба табъ расидааст. Хонандагони тоҷик бо исмҳои дар боло ёдшуда ошноянд. Агар Юнуси Имомназар бо китобҳои «Аз гулгашти Мусалло то Нақши Ҷаҳон», «Аз санг сахт, аз гул нозук», «Ҷоми саргардон», «Деҳаи зархез» ва «Хирмани сухан» дар саҳни адабиёт қадамҳои устувор гузошта бошад, Шариф Халил худро бо китобҳои «Дар пошнаи кӯҳи баланд» ва «Ширмолаҳои маҳтобӣ» муаррифӣ кардааст. Фаридуни Фарҳодзодро низ алоқамандони каломи ...

НАСР

Юнуси ИМОМНАЗАР Ҷ авонию бесар ӣ (Ҳикоя) – Агар ҷ онса бил набош ӣ , ба ту к ӣ мондааст, ки дар офтоб с ӯ хта, арақшор шуда, бо к ӯ лбор дар ба дар мегард ӣ ? – Рухсораро дар ҳавл ӣ пешвоз гирифта, бо қаҳр ба гап даромад бародараш Хушнуд. – Писари калонат ҳаст, худат фақат таъриф мекун ӣ , ки дастёри таппа-тайёр шудааст, боз ин ҷ онканиҳо барои ч ӣ ? Мон, чархи р ӯ зғораша худаш гардонад!   – Эҳ, додар ҷ он, вай ҳам бекор нанишастааст, аз субҳ то шом дар ҷ унбу ҷ ӯ л. Кори боғ, парвои моли дарам дар гарданаш. Обу алаф ҷ амъ мекунад, ба шикасту рехти хона мерасад, ҳамеша аз шабу саҳари моён бохабар – ин ҳама кор ба як мард бас нест, магар?! – Агар коре кунад, барои худашу зану ду бачааш мекунад! Аҳволи тура мебинаму дар пеши ҳамдеҳагон хи ҷ олат мекашам. П ӯ сту устухон шуда ӣ , ба р ӯ ят нигоҳ кардан намешавад, аз пайи ду-се с ӯ м шуда ҷ оната ба Ҷ аббор медиҳ ӣ ! Х ӯ рии Рухсора омад. Бештар аз он, ки додари “меҳрубон” ба ҷ ойи аз дасташ гирифтани сумкаи савдо ба сар...