ҲИКОЯҲОИ ФАРИДУНИ ФАРҲОДЗОД

ШАҲЗОДА 
Ҳикоя
Рӯзи истироҳат буд. Хостам роҳат карда хоб равам. Аммо сару садои одамон аз берун намегузошт, ки фароғат кунам. «Чаро ҳамин одамон ин қадар баланд гап мезананд. Охир дар ин ҷо танҳо набошанд. Ба ҳар ҳол хонаи бисёрошёна. Одамон мехоҳанд рӯзи якшанбе маза карда хоб раванд. Не, аз ин онҳоро чӣ парво? Ҳамаро ғами худу дарди худ» аз дил гузарондам ва ноилоҷ аз болин сар боло кардам. Завҷаам дар ошхона ҷунбуҷўл дошт.
- Дар берун чӣ гап? 
- Мағозаи назди хонаро имрӯз мекушодаанд, - ҷавоб дод ҳамсарам. 
- Аз саҳар хоб дидаанд, чӣ?
- Чӣ хел саҳар?! Соат қариб нӯҳ шуд. 
- Не-е. Берун торик-ку.
- Ҳаво абрнок. Барои ҳамин. 
Дар ҷойхоб телевизорро гиронда тамошо мекардам, ки борон сар кард. Донаҳои калон-калони он ба тиреза бармехӯрд. «Ана ба шумо. Дар зери борони тирамоҳ мағозаатонро кушоед», хурсанд шудам. Ҳамин лаҳза садои мусиқӣ баланд шуд. 
– Уф-ф, ҳамин кам буд, - аз ҷой хестам. 
Назди супермаркетро бо пуфакҳои рангоранг оро дода буданд. Дар пештоқи мағоза чанд нафар ҳарфҳоро васл мекарданд. Аз афт номи супермакетро мечаспонданд. 
Дасту рӯ шуста, сари дастархон нишастам. 
- Ҳамсояҳо баромадаанд. Шумо ҳам бароед, - чой дароз карда гуфт завҷаам.
- Мебароям... Кушода шудани супермаркет кори хуб шуд. Вақти дилхоҳ савдо кардан мумкин. 
- Ҳа, ҳамсояҳо ҳам хурсанд, - дар сари ҳар як сухан аз ҳамсояҳо ёд мекард завҷаам. – Ба плостик ҳам савдо мекардаанд. Акнун дӯкони терминалдор кофта намегардем. 
Шаб хуб хоб бурдааст, ки табъам хуш буд. Пас аз тановули субҳона каҷпаҳлӯ зада китоб мутолиа мекардам, ки садои ҷарангосии марде баланд шуд. «Тадбир сар шуд», аз дил гузарондам ва аз ҷой бархостам. Дона-дона борон меборид. Устоҳо аллакай навиштаҷотро, ки ҳарфҳояш калон-калони ҷилодор буд, ба девор насб кардаанд. Аввал ба чашмонам бовар накардам ва бодиққаттар хондам. Шаҳзода! Оре, Шаҳзода навишта шуда буд. Тамоми ҳастиамро эҳсоси аҷибе фаро гирифт. Дар баданам мурғак дамиду суръати таппиши дилам афзуд. Чизе гулугирам мекард. Мехостам фурӯ барам, аммо бефоида буд. Садоеро намешунидам. Ғайр аз навиштаҷот чизи дигарро намедидам. Назди тиреза такя карда, дар даст китоб ҳайкалвор рост меистодам. Қатраҳои борон чун гардҳои шишаи тиреза оинаи ёди диламро тоза мекард… 
…Давраи донишҷӯйӣ, ҳамроҳи чанд дӯстам дар хонаи иҷора менишастем. Рӯзе аз дарс бармегаштам. Шамоли сардхӯйи тирамоҳ баргҳоро ба ҳар тараф парешон мекард. Ба дару девор, боғоту ҷӯйбор мезад. Атри огандаи баргҳое, ки даруни обравҳо ҷамъ шуда буданд, табъро хира месохт. Аз борону шамоли ногаҳонӣ одамон паноҳгоҳ меҷустанд. Азбаски роҳи хона дур буд, дар автобус нишастам. Даруни автобуси пурмусофир бӯйи «хуштар» дошт. Аз таъсири ҳавои сард буд ё дигар сабаб, беихтиёр атса задам. 
- Саломат бошед, - овози гӯшнавозе баланд шуд. 
- Ташаккур, - гуфтам ва рӯй ба ҷониби овоз гардондам. Духтаре дар курсӣ менишаст. Мӯйҳои дарози майдабоф, абрувони камон ва чашмони шаҳло дошт. Ҳар як узви дӯшиза чунон ба ҳам мувофиқ афтода буданд, ки дар ҳаёти худ бори аввал чунин духтари зеборо медидам. Бахусус, холи бари рӯяш ҳусни ӯро даҳчанд мекард. Аз вай чашм канда наметавонистам. Духтар магар инро пай бурд, ки рухсораш ранг дигар кард: сурх шуд. Ба манзил наздик омадам. Аммо аҳд кардам, ки духтар куҷое равад, аз қафояш меравам. Чӣ ҳодисае буд, ки духтар дар истгоҳи назди хонаи мо фаромад. Духтарак пеш-пеш ва ман аз қафои ӯ мерафтам. 
Шамоли тундхӯй, ки айни замон бароям насими фараҳангезро мемонд, мӯйҳои духтарро шона мезад ва дарахтон баргҳои тиллоранги худро гӯё ба зери қадамҳои ӯ барчош мекарданд. Борон суст шуда буд. Ман чун чокар аз дунболи ӯ будам. Духтар тез-тез роҳ мегашт. Гӯё ба ҷое мешитофт. Камтар боло рафта, ба тарафи рост гашт ва вориди ҳавлие шуд. Дилам беқарор буд. Мехостам вориди он хона гардида аз духтар пурсам ки чӣ касест: фаришта аст ва ё аз насли одамӣ? Маконаш куҷост ва чӣ иттифоқ ӯро ба Самарқанд овардааст? Баъди андак худро ба даст гирифтан, дарвозаи ҳавлиро кӯфтам. Зани миёнсоле берун омад, ки қади пасту рухсори сергӯшт дошт. 
- Ассалому алайкум, холаҷон.
- Ваалайкум ассалом. 
- Хола, ман хонаи иҷора мекобам.
- Мо танҳо донишҷӯдухтаронро мегирем, – оромона гуфт зан.
- Ман барои худам не, ба духтари амакам хона мекобам, - сурху сафед шуда гуфтам. 
- Ҳозир дар хонаамон чор нафар духтар зиндагӣ мекунанд. Бояд боз як нафарро гиранд. Дирӯз ҳамроҳ меорем гуфта буданд. Пурсам, агар касеро наёфта бошанд, шумо хешатонро меоред, - гуфт зан ва аз дами дар садо баланд кард:
- Шаҳзода… Шаҳзода…
- Лаббай, - ҳамон овози гӯшнавози ошно, ки дар автобус шунида будам, баланд шуд. Акнун ман номи ӯро медонистам: Шаҳзода! 
Духтарак омад. Дар бар либоси майдагулеро дошт. Дилам такурӯ мешуд. Вай маро мафтун карда, ихтиёрамро рабуда буд. Кӯшиш мекардам, ки ҳушёриро аз даст дода, шарманда нашавам.
- Ба худатон ҳамхона ёфтед? Ин бача барои амакдухтараш квартира кофта гаштааст, - ҷониби ман ишора кард соҳибхоназан.
- Ҳамдеҳаам аз аввали моҳ меояд, холаҷон, - оромона ҷавоб дод Шаҳзода. - Таъин кард, ки каси дигарро нагирем. Ҳатман меояд.
Рухсораи ӯро акнун аз наздик дидам. Вақти сухан гуфтан чеҳрааш механдид. Занахдони бари рӯяш ҳуснашро боз ҳам зебо мекард. 
- Фаҳмо, - сар ҷунбонд зан ва рӯй ҷониби ман оварда: – Писарам, бо ҳамин кӯча равед, дар поёнтар як дарвозаи дутабақаи оҳанин, рангаш сабз ҳаст. Аз ҳамон хона пурсед. Онҳо ҳам духтаронро иҷора мемонанд, - бо даст ба тангкӯчае ишора кард.
- Раҳмат холаҷон, - гуфтам ва ақиб гаштам. Бениҳоят хурсанд будам. Дар худ намеғунҷидам. Воқеан, ман ошиқ шуда будам. Ошиқ дар як назар. Ошиқи Шаҳзода. Ин дарди куҳан бо шӯру мағали тозаи хеш дар саҳифаи китоби зиндагониям ранг рехта буд…
- Шаҳзода, Шаҳ-зо-да, - зери лаб такрор мекардам. Ҳар лаҳзаи номашро ба забон овардан, тафсе диламро гарм мекарду баробари ин баданам меларзид. Аҷабо! Аз таъсири гармӣ тан биларзад. Шояд ин аст муҳаббат... 
- Чӣ мегӯед? Чӣ хел Шаҳзода? – овози завҷаам маро аз олами хаёлот берун овард. 
- Номи супермаркет, - аз саволи ногаҳонӣ дасту по хӯрдам. 
- Ҳа, - ҳамсарам назди тиреза омада ба берун нигоҳ намуд. Баданамро арақи сард зер кард. Намедонам чанд муддат дар назди тиреза будам. Дилам тагу рӯ мешуд. Ҳоло ҳамон ларзаи бадан гӯё нарафта буд, ки дастонам меларзиданд. Зуд дар ҷоям нишаста, китобро гирифтам.
- Шаҳзода! Номи хуб. Шояд номи модар ё номи духтари дӯкондор бошад, - гуфт ҳамсарам ва рӯй ба ман овард. – Шумо намебароед?
- Не. 
- Чиба? Ҳамсояҳо баромаданд.
- Баромада бошанд, чӣ кунам? - чашм аз китоб нагирифта қатъӣ гуфтам.
- Нав мебароям гуф…
- Мемонӣ, ки дар хона шинам, - оташин шудам. - Гаранг карди-ку! 
Завҷаам ҳайрон, рост меистод. 
- Ман чӣ гуфтам? 
- Ту ҳеҷ чиз намегӯйӣ! Чизе нагуфтӣ! – бо асаби вайрон аз ҷо хеста хонаи дигар гузаштам.
- Гап зада намешавад. Тавба. Асаб намондааст, - аз қафоям садои занам шунида шуд. 
Дар ҷой нишаста наметавонистам. Қувваи ноаёне ором намегузошт. Дилам бухс мекард. Китобро болои якандоз гузошта, рӯй-рӯйи хона мегаштам. Ҳар замон ба берун нигоҳ мекардам ва чашм аз катиба намекандам. Бори дигар фаҳмидам, ки муҳаббат оташ аст: оташе дар дил. Мумкин шӯълаи он андак хомӯш шавад, вале шарораи назарногире сабаб шуда метавонад, ки аз нав аланга занад. Худро рӯйи якандоз партофтам. Садои мусиқӣ шунида мешуд. Аммо намефаҳмидам кӣ чӣ мегӯяд…
…Бо Шаҳзода дӯст шудем. Дӯстони меҳрубон, ғамхор, розгӯй. Рӯзе набуд, ки ҳамдигарро набинем, сӯҳбат накунем, ба ҳамдигар занг назанем. Рӯзҳо хуш мегузаштанд. Аммо наздик омадани таътили тобистон диламро танг мекард, ба ваҳм меовард. Охир Шаҳзодаро набинам, рӯзам тираву дилам хира мешуд. Муҳаббати ӯ ҳаётамро мазмуну ҷилои нав бахшида буд. Вақти дилхоҳ занг мезадам. Ҳеҷ монеият намекард. Доим хушгуфтор буд. Чунон сухан мекард, ки гӯё донаҳои марворидро ба банд мекашид. Кам мегуфт, вале пурмазмун. Ёрие лозим бошад, беистиҳола мепурсид ва дар ҳар гуна маврид ба ман такя мекард. Кушодарӯву кушодадил буд. Чунон хандаи зебо дошт, ки ба ҳар дил шодмонӣ мебахшид. Дар назди ӯ худро чун хушбахттарин одам ҳис мекардам. Ишқам рӯз ба рӯз пурзӯртар мегардид. Аз чӣ гуна анҷом ёфтани он ҳатто фикр намекардам. Толеи неки ман буд магар, ки вақти таътили тобистон ӯро барои иштирок дар фестивали «Таронаҳои Шарқ» гирифтанд. Ҳар рӯз ба майдони Регистон рафта, аз дур наззора мекардам. Аз байни садҳо духтарон Шаҳзодаамро меёфтам. Аслан ёфтани ӯ мушкил набуд. Чунки Шаҳзодаи ман аз ҳама зебо рақс мекард. Дар байни садҳо духтарон беҳтарин буд. Ҳар як ҳаракаташ, ҳар як суханаш, ҳар як хандааш беҳтарин буд. Нигоҳҳояш ҳатто сухан мегуфтанд. 
Яке аз рӯзи офтобии тирамоҳ. Барги дарахтон акнун ранг дигар мекард. Ман ҳам хостам ба муносибати худаму Шаҳзода дигаргунӣ ворид созам: муҳаббати худро ошкор кунам. Ҳамроҳ ба боғи истироҳатии шаҳр рафтем. Дар курсие нишаста, аз ҳар ҷониб сӯҳбат кардем. Мехостам ҳар чӣ зудтар изҳори дил кунам, аммо метарсидам. Метарсидам, ки хафа нашавад. Маро гузошта наравад. Ниҳоят ҷуръат карда, муҳаббатамро гуфтам. Табассуми мелаҳаш далолат мекард, ки аз ҳарфҳои ман хушаш меояд. 
Ману Шаҳзода шояд Лайлию Маҷнун, Фарҳоду Ширин ё Вомиқу Узро набудем, аммо муҳаббати мо низ шӯълае дошт, ки дили моро равшанӣ мебахшид, ҳаётамонро ҳарорате медод, рӯзгорамонро файзе ҳадя мекард. Ҳар ду сармаст будем: сархуш аз ишқ. Бовар доштам, ки он ҷовидона асту бо қудрати муҳаббат ман метавонам, ки ҳамаи монеиятҳои пешомадаро барҳам мезанам ва ӯро ҳамроҳ ба деҳа мебарам, хушбахт менамоям… 
- Танҳо рӯзи якшанбе дар хона мешавед, - ба ман расонда бо овози баланд гап мезад ҳамсарам. - Ҳамон рӯз ҳам як хонаро гӯё иҷора гирифта бошед, мешинед. Намегӯед, ки ягон кор кунам. О, ҳамин ҳамсояҳо ҳам шумо барин кори давлат мекунанд. Як дами ором надоранд. Кори мард танҳо пул ёфта овардан не. Дигар корҳоро ҳам карданаш даркор. Ба кадом як кор ман давам. Як кор гӯям, даррав ба гардани худам бор мекунед. Доим баҳонаатон тайёр: «мон, ҳамин рӯзи якшанбе маза карда истироҳат кунам. Як рӯз дам гирам». 
«Ман дар чӣ хаёлу фалакам дар чи хаёл» ба худ андешидам ва дубора китобро кушодам. Як сархатро мехондам. Ҳеҷ мазмунеро намефаҳмидам. Такроран мехондам, вале бефоида. Китобро канор гузошта, бо болишт сарамро пӯшонидам…
…Фасли тирамоҳ охир мешуд. Рӯзе занг задам. Ҷавоб надод. Ташвиш кашида, ба хонааш рафтам. Гуфтанд, ки рафт. Бовар накардам. Чунки ӯ ба ман нагуфта ҷое намерафт ва ҳатто ба коре даст намезад. Рӯзи дигар ба ҷойи таҳсилаш рафтам. Ӯро дар ҳалқаи дугонаҳо дида, чун кӯдаке, ки модарашро дидааст, шод шудам. Дурӯғе, ки рӯзи аввал гуфта буд, ҳатто ба гӯшаи хаёлам наомад. То хотимаи дарс интизор шудам. Баромад. Ҳол пурсидам. Сард ҷавоб дод. Дар тааҷҷуб афтодам. Намефаҳмидам, ки чӣ шуда. Аз Шаҳзодае, ки пештар мешинохтам, медонистаму дӯст медоштам, нишоне набуд. Ҷои он ҳама хушгӯиро суханҳои сард ва ҷойи табассумро нафрину ғазаб гирифта буд. 
Рӯзҳо ҳамин тавр мегузаштанд. Барои аз ман дур шудан кӯшиш мекард. Паиҳам дурӯғ мегуфт. Саволҳоям беҷавоб мемонд. Телефон кунам, ҷавоб намедод. Барои манро надидан баҳона меҷуст. Назарногирона муомила мекард. Сабаб меҷустам: сабаби ин ҳама хунукназариҳоро, дурӯғгӯиҳоро ва азоб доданҳоро. Худро айбдор мекардам. Ғам мехӯрдам. На дар хобам фароғат буд ва на дар хӯрокам роҳат. Хонааш равам роҳ намедод. Ноумед шуда будам: ноумед аз ҳаёт, зиндагӣ, муҳаббат. Ҳама рӯзи умрам ранги хазонро гирифта буд. Саволҳои беохир дилтанг мекард. Азият медод. Аз худ мепурсидам, ки «Барои чӣ?». Аммо ҷавоб намеёфтам. Ба вай такрор-такрор савол медодам ва доим як ҷавобро мешунидам:«Сабаб надорад. Ҳамин тавр»…
...Хунам ба сар мезад. Дилам дарде дошт: як дарди аҷибе, ки ҳар замон синаро сӯзан мезад. Аз ҷой бархоста, ба берун дида дӯхтам… Мағоза боз буд. Одамон даро буро мекарданд…
… Дар кӯчаҳо ӯро меҷустам. Мехостам аз дур бошад ҳам боре бубинам. Дар чеҳраи одамон симои ӯро мекофтам. Дар яке чашмонашро бинам, дар дигар абрӯвонашро ва дар саввуми табассумашро медидам. Не, дар назарам чунин менамуд. Чунки чашму абрӯю табассуми ӯро дигар ҳеҷ кас надошт: Шаҳзода ягона буд.
Ҳар боре, ки рӯ ба рӯ мешудем, маро бадтар димоғсӯхта намуда, диламро пора-пора мекард. Чунон рафтор менамуд, ки гӯё маро бори аввал мебинад ва қаблан умуман намешинохт. 
Хандаро фаромӯш кардам. То ҳадде аз худ бегона шуда будам. На маслиҳати дӯстон кор мекард ва на иродаи худам. Бо сару савдои худ гашта, ба тавре дар равғани хеш бирён мешудам. Ҳамкурсонам мегуфтанд, ки шояд ишқбозӣ шеваи ӯст ва ман аввалин нафаре набошам, ки ӯ сӯзонда бошад. Ман ба онҳо бовар намекардам. Ба худ савол медодам, ки наход он ҳама сохтану сӯхтанҳо дурӯғ буд?! Ҳамааш фиреби маҳз буд!? Наход нисбати ман дар дили ӯ ҳиссе нест? Пас он ҳама ваъдаҳо куҷо шуд, ки мегуфт «то охири умр шуморо фаромӯш намекунам. Аз ҷон дӯст медорам». Агар медонист, ки зиндагии худро бо ман пайваста наметавонад, пас бо кадом мақсад вориди ҳаётам гардид? Чаро дар дилам ҷой гирифту акнун ҷисмамро чун ҳезуми тар месӯзонад? 
Ҳама саволҳо беҷавоб буданд. Бо вуҷуди ин ҳама мехостам овозашро шунавам. Гарчанд доим сухани бад мегуфт, шунидани овозаш рӯҳамро таскин мебахшид. Диламро каме ором мекард. Аммо аксаран ҳамон сухани қабеҳи худро низ ба ман раво намедид. 
Рӯзи дифои рисолаи хатмиаш буд. Азбаски гули баҳманро дӯст медошт ва мегуфт, ки «бойчечак нахустгули баҳорист, ки аз ин фасли шукуфтанҳо пайғом меорад. Аз ин рӯ, ин гулро дӯст медорам», хостам дар тобистон гули бойчечакро дарёб карда, ӯро дар ҳайрат гузорам. Медонистам, ки бефоида буд. Аммо ба хоҳиши дилам муқобил рафта натавонистам. Пас аз ҷустуҷӯи тӯлонӣ аз як зани рустабор гулеро, ки шабеҳи баҳмангул буд, ёфтам ва дар дил сад умед ба факултеташ рафтам. Хушҳол баромад. Табрики ҳамкурсонашро бо чеҳраи кушод қабул мекард. Наздик рафта, табрик кардам ва дастагулро додам. Бепарвоёна гирифт ва ба замин партофта рафт. Бошитоб дур шуд. Сардие саросари вуҷудамро ба ларза овард. Гӯё гулро неву, аз сандуқи синаам диламро канда ба замин партофт. Раҳмам омад: ба ҳолам, ба қадрам ва ба умрам. 
Ҳамон дам донистам, ки Шаҳзода аз ҳаёти ман рафт. Саволҳои маро беҷавоб гузошта рафт. Бароям пӯшида буд, ки чаро чунин кард. Ҳадаф чӣ буд? Шояд он ҳама сабақи зиндагӣ буд. Аҷаб нест бисёр чизҳоро бароям тақдим карда бошад, чун таҷриба, ирода, эътиқод, сабурӣ, андешамандӣ... Омӯхта бошад, ки на ҳама сурати зеборо сират зебост ва на ҳама нигоҳҳои маънодору роздор дар ниҳон рамузи дигаре доранду на ҳама камгӯйиҳо нишони хирад... Тирамоҳро барои худам ва Шаҳзода чун фасли васл ва ҷудоӣ эътироф карда будам... 
Аз ҷой хестам. Лабонам хушкида буд. Дар дарунам оташе аланга мезад. Ошхона рафтам. Ҳамсарам таом мепухт. Паиҳам чанд пиёла об нӯшидам. Ҳеҷ буд, ки тафси дилам пасанда шаваду ташнагиам шиканад. 
- Ҳа, кӯҳ чаппа кардед-чӣ? Ин қадар об менӯшед, - киноя зад завҷаам.
Чизе нагуфта, ба меҳмонхона гузаштам ва худро рӯи диван партофтам.
Таҳсил тамом шуд. Бо давутози диплом мегаштам, ки номери ношиносе занг зад. Телефонро гирифтам. “Ассалом”, овози ошно шунида шуд. Дар ҷоям санг шудам. Саросари баданам ларзид. “Ман Шаҳзода”, чун ҳамешагӣ бо садои маҳин гуфт. “Шинохтам”, аранг ҷавоб додам. “Шуморо дидан мехоҳам”, гуфт. Дарҳол “Дар куҷо? Ман ҳозир меравам” гуфтам. Гуфт, ки “шом дар назди фаввораи вокзал мебинем”. Ҳама корамро як тараф гузошта, роҳи вокзалро пеш гирифтам. Барвақт буд. Аммо намехостам, ки дақиқае дер кунам. Аспи даванди умр гӯё бо сангпушт ошно шуда буд, ки бениҳоят оҳиста мегузашт. Фикр мекардам, ки ояд аз чӣ сухан мекунам? Чӣ мегӯям? Дар атрофи фаввора чун мурғи посӯхта мегаштам, ки аз дур намоён шуд. Дар даст дастовез дошт. Ҳар қадар наздик мешуд, дилам беқарортар мегашт. Метарсидам, ки аз ҳуш наравам. То ҳол ҳар як сухани он рӯз гуфтааш дар хотирам нақш бастааст...
- Салом, - бо табассум даст дароз кард. Лабонаш механдиданд, аммо чашмонаш аз эҳсосоти шодӣ бегона буданд. Базӯр даст боло кардам. Сухане гуфта наметавонистам. Забонам ба комиам часпида буд. 
- Маро ёд кардед? – мулоим хандид. – Ман шуморо ёд кардам, - илова кард. Рухсораш лолагун гашт.
- Дар курсӣ шинем, - чӣ гуфтанро надониста, ба мизе, ки дуртар аз фаввора буд ишора кардам. 
- Хуб, - гуфт. 
Дар байни мо сукути гароне ба миён омад. Овози оби фаввора ва равуои мошинҳо оромиро халалдор мекард. 
- Маро бубахшед, - дастовези худро дар паҳлӯяш гузошт. 
Мехостам сабаби бахшишро пурсам. Аммо натавонистам. 
- Барои ҳамааш узр... Ман маҷбур шудам... Ҳамон рӯзе, ки ба шумо дурӯғ гуфтам, маро ба писари аммаам фотиҳа карда буданд. Аз ман ақаллан як маротиба напурсиданд. Аммабачаам аз ҳамдеҳагоне, ки дар ин ҷо мехонанд, дар бораи муносибати мо шунида, Самарқанд омад. Аз зудбоварии ман истифода намуда, бо ман чунон рафтор кард, ки худ аз худ тамоми дарҳое, ки ҷониби шумо мебурданд, ба рӯям баста шуданд. Аз ин рӯ, бо шумо чунин муносибат кардам. Медонам, ки ноадолатӣ буд. Медонам, ки агар вазъиятро гӯям, аз ҳеҷ кор барнамегаштед. Барои ҳамин нагуфтам... Боз як бор бахшиш мепурсам, - ғамгинона гуфт.- Муҳаббати номурод чун занг аст... ки агар занг оҳанро оҳиста-оҳиста нобуд кунад, муҳаббати ноком одамро. Наметавонистам, бо шумо хайрухуш нокарда равам. Намехоҳам, ки шумо як умр ба саволҳои ҷавоб ҷуста, дар панҷаи азоб зиндагӣ ба сар баред. Ман бовар дорам, ки шумо ҷуфти муносиби худро меёбед ва албатта хушбахт мешавед, -овози ӯ меларзид. Ба рӯяш нигоҳ кардам ва бори нахуст дар чашмонаш ашкро дидам: ӯ мегирист. Пас аз сукути кӯтоҳ давом дод:
- Шояд ягон вақт боз дидор мебинем. Фақат он замон чун дӯст вомехӯрем, - гуфт ва аз дастовези худ ду чорчӯбаро гирифта, якеро ба ман дароз кард. Дар даруни ҳар ду гули бойчечак буд. 
- Ин ҳамон баҳмангулест, ки рӯзи дифои рисолаи хатмӣ ба ман дода будед. Онҳоро хушк карда, дар ин чорчӯбаҳо гузоштам. Мехоҳам, ки яке дар ман ва дигаре дар шумо бимонад... Ёдгор аз муҳаббатамон... Мардум мегӯянд, ки “зан агар ошиқ шавад, охир пушаймон мешавад”. Аммо ман аз дӯст доштани шумо ҳаргиз пушаймон нестам, - гуфт ва аз ҷой хест. - Саломат бошед. Худатонро эҳтиёт кунед, - дастамро сахт фушурда, ҷониби вокзал роҳ пеш гирифт... 
Аз болин сар боло карда, ба девори хона нигоҳ кардам. Чорчӯба дар девор меистод: гулҳои бойчечак ҳамоно тозаву тар ба назар мерасиданд...
Фаридуни ФАРҲОДЗОД
шаҳри Самарқанд.




АРМОН
(Ҳикоя)
Рӯ-рӯйи хазони наврехта қадамзанон аз дарс бармегаштам. Таваҷҷӯҳамро марде, ки дар истгоҳ буду ба бар тоқии кӯҳистонӣ, либосҳои рангпарида, пойабзори чангзеркарда ва дар даст дастовез дошт, ба худ ҷалб кард.  Чеҳраи мард, ки ҳар замон гардан ба роҳи мошингард меёзонд, гарм тофт. Наздиктар рафтаму хато накарданамро фаҳмидам. 
- Ассалому алайкум, акои Андарз! – хушҳолона садо баланд кардам. Аз садои ғайричашмдошт, мухотабам як қад парид.
- Ваалейкум ассалом, ошно, - хурду калонро «ошно» ном мегирифт ӯ. – Ин ҷо чӣ кор мекунӣ? – ба канор кашида, бағалкаш боло бардошт, ки тамоми устухонҳоям шараққос заданд.
- Хонда гаштаам. Аз худатон пурсем: кадом шамол ба Самарқанд овард?
- Э, ошно, падарамро ба шифохона овардам.
- Кай омадед?
- Як ҳафта шуд, ошно, - тоқиашонро аз сар гирифта, бо рӯмолча арақҳои пешониро тоза намуд.
- Ҳафт рӯз боз ақаллан як маротиба занг назадед-е, - гила кардам.
- Ошноҷон! Дар Самарқанд буданатро намедонистам. Агар бохабар мебудам, албатта  занг зада меёфтам. Деҳотӣ бошам ҳам, дар як зум туро ёфта мегирифтам, ошно, - қоҳ-қоҳ зада хандид ҳамсояамон.
- Саломатии бобои Сайёд чӣ хел?
- Вақти омадан як пояшонро бардошта наметавонистанд. Ҳозир бо асо оҳиста-оҳиста мегарданд, - аз ҷайби худ кӯҳнателефонеро бароварда, соаташро дид акои Андарз.
- Ягон ҷой мешитобед?
- Ошно, ба шифохона рафтан лозим. Камтар пеш бобо занг зада, тезтар биё, ҳабдоруҳо тамом шуд гуфтанд.
- Ин тавр бошад, он касро интизор накунед.
- О, ин автобус ҳам дер кард-ку ошно, - чашм ба роҳ дӯхт ӯ.
- Бобо дар кадом бемористон?
- Дар шифохонаи шаҳр.
- Пагоҳ дарсам кам. Албатта ба аёдаташон меоям.
- ҳамту кун, ошно. Чанд рӯз боз мегӯянд, ки деҳаро, одамони қишлоқро, бӯи кӯҳистонро ёд кардам.  Туро дида хурсанд мешаванд.
- Рақами телефонатонро ба ман диҳед, - телефонамро аз ҷайбам баровардам.
- Ошноҷон, телефонро нағз кор фармуда наметавонам. Рӯйхати номҳоро бин, рақами телефонам бо номи худам нигоҳдорӣ шудааст.
Автобус дер мекарду сӯҳбати мо метасфид. Акои Андарз воқеаҳои аҷибро шавқовар нақл кардаву беистиҳола аз мардум чунон механдид, ки... Ростӣ, ман аз рафтори ҳамдеҳаам дар назди раҳгузарон ҳиҷолат мекашидам. Пас аз чанд лаҳза, ҳамсоямардро ба шифохона гусел кардаму худ сӯи хона рафтам...
          Рӯзи нав чун тозасаҳифаи зиндагӣ оғоз шуд. Саҳар ба дарс рафтам ва пас анҷоми машғулотҳо, ҷузвдонамро ба ҳамхонаам дода, сӯйи шифохона шитобидам. Даме, ки вориди ҳуҷраи хоби бобои Сайёд шудам, он кас дар рӯи ҷой хоб буданд. ҷавоне дар назди тиреза рост меистод. Оҳиста  гулӯ равшан кардам. Ҷавон ба қафо нигоҳ кард, бобои Сайёд сар бардошт.
- Ассалому алайкум, бобоҷон, - дастовезамро болои миз гузошта, тарафи бобо шитофтам.
- Ваалайкум ассалом. Биё, писарам, биё, - аз ҷо хеста, маро ба канор гирифт бобо ва ба нишастан даъват намуд. Ҷавон  салом дод ва ба назди тиреза баргашт.
- Писарам, ту чӣ хел? Саломатиҳоят, корҳоят, нағз? Дӯстонат, хубанд?
- Худоро шукр, бобоҷон. Ҳама хубанд. Худатон чӣ хел? - ҳамдеҳаам дар назарам афсурдаву солхӯрдатар намуд.
 - Ман нағз. Акнун аз они мо ҳамин-дия. «Ҳафтоду афтод» мегӯянд. Ман-ку шаш кам ҳаштодсола. Ин тарафаш аз они мо зелёний писарҷон, зелёний - табассуми ҳалимонае намуд, ки тамоми ожангҳо дар бари рӯй ҷамъ омаданд.  Дар хонаи на он қадар калон  се кат, як либосовезак, се ҷевон, як мизу се курсӣ буд. Аз хона бӯйи дору ба димоғ мезад. Дар қафои тиреза, ки ба тарафи боғ кушода мешуд, манзараи аҷибе ба назар мерасид. Баргҳои дарахтони қадафрохта, заб-зард шуда, чунон зебо ва дилкаш менамуданд, ки метавонистанд ҳар касро оғуштаи хаёлот кунанд.
- Акои Андарз дар куҷо? - оромиро халалдор кардам.
- Ба дорухонаи марказии шаҳр рафт, - канда-канда сухан мегуфт бобо. - Он доруи зормонда, дар аптекаҳои ин гирду пеш набудааст. Даруни бобоят дорухона шуд, писарам... Каллаам пӯсад, ки овораи дардгӯӣ шуда,аз ту напурсидаам. Хонданҳоят чӣ хел?
- Нағз бобоҷон.
- ҳамеша нағз шавад, писарам. Ояндаи деҳаамон шумо ҷавононед.
- Шумо мехонед, - рӯ ба мо гардонд ҷавон.
- Ҳа.
- Дар куҷо?.. Коллеҷ, литсей?
- Дар донишгоҳ.
- Донишгоҳ, - ҳайрати ҷавонро аз нигоҳҳояш дарк намудан душвор набуд. -  Дар бахши буҷавӣ ё ...
- Шартномавӣ.
- Ӯҳӯ, контракт гӯед, - омада, рӯ ба рӯи ман, дар паҳлӯи бобои Сайёд нишаст. – Душвор. Дар ягон ҷо кор мекунед?
- Не.
- Ба падаратон душвор будааст, - гуфт ва нигоҳҳояшро ба баргҳои лоҷуварди дарахтон давонид. Хонаро хомӯшӣ фаро гирифт. Танҳо ғингоси пашшае, ки аз куҷое вориди ҳуҷра гардида буд, шунида мешуд.
- Дар мактаби олӣ таҳсил гирифтан хуб аст, - баъди чанде дубора сухан оғоз кард ҷавон ва пардаи сукунатро бардошт. - Ҳаёт бо орзуҳои наҷиб ширину гуворост. Аз бачагӣ мақсад доштам, ки ба камол расида, албатта, ба ягон донишгоҳи олӣ дохил мешавам. Барои зану шавҳаре, ки яке фарроши мактабу дигаре посбони шифохона аст ва дар хона шаш нафар нонхӯр дорад, орзуи дар мактаби олӣ хонондани фарзанд хобу хаёли беш нест. Моҳонаи волидонам ба рӯзгорамон аранг мерасид. Хайрият, ки барои оилаҳои камбизоат аз ҷониби давлат бо номи «тӯҳфа» баъзан мадади моддӣ мерасад. Соле набуд, ки ё ман, ё  хоҳару додарам аз ин «тӯҳфа» бенасиб монда бошем. Вақте ки дар  синфи ибтидоӣ мехондам, «ин тӯҳфа барои аълохонҳо» гуфта медоданд, ки аз гирифтани он фахр менамудам. Дертар инъомгардии ин либосҳо бароям нанговар буд. Гарчанд бечораҳол умр мегузарондем, намехостам, ки атрофиён ба оилаи мо бо чашми раҳму назари паст  нигоҳ кунанд. Бо вуҷуди тангдастӣ пайваста мехондам, меомӯхтам, аз ёд мекардам. Аз болои китобу дафтар сар намебардоштам. ҳа нагуфта мактабро хатм кардам. Дар ин мобайн бо тасодуфе пои падарам шикасту ланг гардиданд ва аз кор дур карда шуданд. Баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ҷамъ намуда, аз қафои орзу роҳи шаҳрро пеш гирифтам, - нафаси чуқуре кашид ҷавон.
Ман ба ранги рӯйи ҷавон зеҳн мондам. Акнун дар симои ӯ навниҳолеро медидам, ки дар айни сарсабзӣ рӯй ба хазон овардааст: тани ин ниҳол нозуку нопарварда, баргҳояш  зарду беҳол. Бо вуҷуди ин гӯё кӯшиш менамояд, ки амиқтар реша давонад, баҳру бар кунаду самар оварад, то одамонро аз меваҳои ширин ва сояи хеш баҳраманд созад...
Бобои   Сайёд бо сари хам фирефтаи фикру хаёлот буд.
- Ба хондан рафтанамро касе фаҳмад, зимнан писханд мезад, - ҳамоно бо овози паст қисса мекард ҷавон, - ва дар дил «шутур ҳаммомро орзу кардааст» мегуфт, дигаре бароям роҳи сафед ва омад мехост... Лаҳзае, ки аз хона  берун меомадам, падарам дар рӯи ҳавлӣ нишаста буд ва «писарам, агар мехонам гӯйӣ, ба умеди ман нашав. Аҳволамонро хуб медонӣ, ки оиларо базӯр эб мекунем. Худам аз уҳдааш мебароям гӯӣ, рав», гуфтанд. Сухане нагуфта, баромада омадам, - овози ҷавон меларзид. - Соли аввал корам омад накард. Дохил шуда натавонистам… Ба деҳа низ барнагаштам. Ғурурам  роҳ надод… Нахостам, ки аҳли деҳ ангушти ишорат рост кунанду гӯянд, ки «ин писари фалонӣ, имсол хондан рафта, дохил шуда натавонист» … Аз нонвойхона кор ёфтам. Шаб нон пухта, рӯзона ба репититор мерафтам. Як сол гузашт ва бори дуввум гӯё бахтам тофт.  Ба хондан дохил шудам, вале контракт… - жарф нафас кашид ҷавон ва монанди он ки роҳи нафасашро чизе мегирифт, гулӯ афшонд. – Миёни обу оташ мондам. Намедонистам, ки чӣ кор кунам. Баъзе  дӯстонам мегуфтанд, ки «шояд дигар чунин имконият нашавад. Чор сол гузашта меравад. Хон!», гурӯҳи дигар таъкид менамуданд, ки «контаркт хондан намешавад. Боз як сол тайёр шав, соли оянда месупорӣ»… Боз як сол... 365 рӯз... Ба гуфтан осон... Гузаштани як рӯзи як солро намегӯед... - оби чашмони ҷавон бурун омаданд ва бо остин ашкҳояшро тоза намуду рӯ ба мо овард. Чанде лабонашро газида, ба сақфи хона нигоҳ кард. - қарорам қатъи буд, - суханашро давом дод ӯ, - ба таҳсил камар бастам. Аз як сӯ, дарсҳо, аз тарафи дигар, кор маро лакот мекард. Рӯзе аз ғояти хастагӣ нонҳоро часпонда, ноаён ғанабам бурдааст. Бо бӯйи нони сӯхта бедор шудам. Чандто нон сип-сиёҳ шуда буд. Соҳибкор аввал дашному ҳақорат доду таъкид кард, ки дигар такрор нашавад. Пас аз чор рӯз боз нонҳо сӯхт. Ба илтиҷову тавбакуниҳоям нигоҳ накарда, соҳибхона бору бӯғчаамро ба дастам дод. Контрактпулӣ кам буд, ки пули иҷора низ ҳамроҳ гардид... Бовар кунед, ки мағоза, нонвойхона, завод, ширкат, кофе, ресторан, сурхона, чойхона, хуллас ягон гӯшаи шаҳр намонд, ки кор накофта бошам, - лабони хушкидаашро бо нӯги забон нам кард. - Дар ҳама ҷо як сухан: «ҳозир коргар лозим нест, баъдтар хабар гиред» - ро мешунидам...  Охир  аз мойка (коргоҳи мошиншӯйӣ) кор ёфтам. Фарқ надошт, ки сармои зимистон буд ё гармои саратон ман дар мойка будам ва рӯзҳо якранг буданд: дарс, мойка… мойка, дарс … Хоби бароҳатро фаромӯш кардам. Гоҳо дар рафти дарс хобам мебурд. Аз омӯзгорон гапҳои пасту баланд мешунидам. Мехостам, ки ҳеҷ не, барои контаркт танбеҳ нашунавам. Хонданам суст шуд. Намехондам. Барои хондан вақт надоштам…
ҷавон дар рӯйи хона роҳ гашт ва дар рӯйи кати пешгаҳ  нишаст. Чеҳраи рангпарида, лабони порсинбаста ва мӯйҳои нагирифтаву шонанадидаи  ӯ аз муддати зиёд дар шифохона буданаш дарак медод.
- Пул меёбам гуфта, саломатиамро аз даст додам. Дар оғоз ҳар замон месулфидам, аммо оҳиста-оҳиста авҷ гирифт. Охир чунон шуд, ки ягон ҳабдору таъсир накард. Аз дасти сулфа дар дарсҳо иштирок намекардам. Ниҳоят беморӣ маро ба шифохона овард… Шифокорон мегӯянд, ки сахт шамол хӯрдаам. Нағзакак даво гирам, сиҳат мешавам. Аммо барои давои «нағзакак» пул дар куҷо? - аз ҷояш хест ҷавон  ва назди тиреза рафта,  ду дасташро дар тахтаи тиреза гузошт ва сарашро хам карда сулфид. – Боз сулфаи лаънатӣ омад, - гуфт ҷавон ва беист сулфид, ки гӯшҳояш сурх гаштанд. Бо ду даст синаашро маҳкам медошт, ки гӯё аз баромадани дилаш метарсид. Сулфааш андак суст гардида, ба мо рӯ овард ва узрхоҳона гуфт:
- Маро бу…бу… бахшед. 
- Ҳеҷ гап не, писарам, - сухан ҳамроҳ карданд бобои Сайёд.
- Бобоҷон! - пас аз қарор гирифтани сулфаи худ нигоҳашро ба сӯи бобои Сайёд гардонд. - Ман аз мурдан наметарсам. Марг ҳақ аст ва ҳар як одам рӯзе вафот мекунад. Дар дунё касе умри абадӣ надидааст ва нахоҳад дид. Ман аз чизи дигар метарсам. Метарсам, ки… - дар кушода шуда, сухани ҷавон дар даҳонаш монд.
- Ассалому алайкум, - акои Андарз даромад. – Э, ошноҷон, худати-мӣ? - ба ман оғӯш кушод. Ҳолпурсӣ менамудем, ки ҳамшира омад.
- Шумо нарафтед?! Ба панҷ дақиқа рухсат гирифта будед, - гуфт ҳамшира.
- Ҳозир меравам, - ҳиҷолатмандона ҷавоб додам, то ки ҳарфи зиёдатӣ назанад. Бо ҳама хушбошӣ намуда, ба роҳ баромадам.
Чеҳраи рангпаридаву нигоҳҳои бенури ҷавон як лаҳза аз назди чашмонам дур намерафт. Чӣ тавр хона омадам, намедонистам. Яке ба хотирам расид, ки ақалан ном ва манзили таҳсили ҷавонро напурсидаам. «Дафъаи дигар, албатта ном, ҷои таҳсил, манзилашро мепурсам» , ба худ қарор кардам…
Субҳ. Рӯбандаҳо хазон тоза менамуданд. Шамоли маҳини поиз баргҳоро аз дами ҷӯроби онҳо мерабуду парешон мекард. Фаррошзанҳо оташин шуда, боз хазонҳоро ҷамъ менамуданд. Ба дарс мешитофтам, ки садои телефонам баланд шуд.
- Ассалому алайкум, акои Андарз.
- Ваалейкум ассалом, ошноҷон. Чӣ хел ҳастӣ? Саломатиҳоят соз?
- Нағз. Бобои Сайёд чӣ хел?
- Хубанд ошноҷон. Имрӯз баъди пешин меравем. Бобо гуфтанд, ки вақтат бошад, як омада мерафтӣ.
- Албатта меравам.
Пас аз дарси дуввум ҷавоб гирифта, сӯи шифохона шитофтам. Вориди ӯтоқи Сайёдбобо гардида, аввал ба назди тиреза, баъд ба кати ҷавони бемор нигоҳ кардам. ӯ дар хона набуд. Бобои Сайёду акои Андарз димоғсӯхта менишастанд. «Сиҳат шуда рафтагист», аз дил гузарондам. Пас аз ҳолпрусӣ, ҷавонро пурсидам. Акои Андарз ба бобои Сайёд нигоҳе кард.
- Умри раҳматӣ кӯтоҳ будааст, - оҳ кашид бобо. Ин суханро шунида, дар баданам рашъа дамид ва чунин шуд, ки гӯё касе бо чизи вазнин ба дилам фишор овард. - Поси шаби гузашта ҳарораташ баланд шуд. Навбатдор чанд сӯзандоруро болои ҳам зад, аммо фоидае накард.Фақир дар даруни обу арақ ғӯтид. Дар пеши чашмонат ҷон додани як ҷавони нознаин даҳшатнок будааст, - бо рӯмолча ашки чашмонашонро тоза кард бобо.
Гӯшонам ғуввос мезад. Худро бад ҳис мекардам. Ҳамоно фишор ба дилам таъсир мекарду пурзӯр мегардид ва нафасгирии маро вазнин месохт.
- Баъд аз рафтани ту, - чодари сукунатро дарронд Сайёдбобо, - аз чӣ тарсидани ӯро пурсидам.
- Чӣ гуфт? – беихтиёр садо баланд кардам.
- «Аз марг наметарсам... Аз армон гардидани хоҳиши беинтиҳои дилам, ки соҳибмаълумот гардидан аст, метарсам», - гуфт он ноумед.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД.



ФОСИЛАИ ОЗОДӢ
(Ҳикоя)
Дар фазои ғуборолуди шаҳри Идлиби кишвари Суриё зоғҳо села-села парвоз мекарданд. Гоҳ аз наздик ва гоҳ аз дур садои тиру туфанг бо «қар-қар»-и зоғҳои сиёҳ ҳамоҳанг мешуд. Бӯйи ғализу нофорами партовҳо, ки дар қади роҳи биноҳои валангору кӯчаҳои нотоза ҷамъ шуда буданд, дили касро нороҳат менамуд. Офтоб оҳанги падрудро замзама мекарду моҳи рангпаридаи чеҳракоста падид меомад. Гарчанд фасли бедоршавии табиат дар мекӯфт, манзараи шаҳр анҷоми поизро мемонд. Дарахтон шабеҳи одамони дар бими ҷон афтода музтару ҳайрон менамуданд. Ангор гӯш ба қимор буданд, ки ин ҳама ҷангу исён, хунхориву шӯриш оқибат бо чӣ меанҷомида бошад... Дар канори шаҳр, ки ба ҳамвории васеъ пайваст буд, дар қатори биноҳои пасту баланди вайронгашта хонаи назарногире ба чашм мерасид. Болои боми ин хонаи хурдакак, ки манзили Ҳозиқ ном сардори як гурӯҳи терророн буд, бомпӯш надошт. Ӯ бо мақсади аз назари душманон пинҳон доштани манзили зист дар ин вайрона зиндагӣ мекард. Мӯрии тираранг ва мавҷгири моҳвораӣ, ки аз боми и кулба ба назар мерасиданд, гӯиё нишонаҳои ду олами ба ҳам зидбуданд, ки саҳван ба ҳам омада бошанд. Мурӣ гурбаи сиёҳеро мемонд, ки ба дили атрофиён торикӣ меандозад. Баръакс, лаълии мавҷгир зоҳиран умеди рӯшаноӣ мебахшид, дар ҳоле ки метавонанд ин ду чизи мухолиф вазифаҳои акси тасаввури моро адо намоянд. Деворҳои гиландоваи хона ҳар ҷо ҳар ҷо афтодаву тирезаҳо аз дарун бо матои сиёҳ маҳкам пӯшонида шуда буданд.
Хона ду дар дошт, ки яке ба ҷониби шаҳр кушода мешуду дари дигар роҳ ба тарафи танӯр буд. Аз тарафи рости даромадгоҳ зинае ба зери замин мефаромад. Дар поён ду хона ҷой гирифта буд, ки яке макони хуфту зисти соҳибхонаҳо буду дигаре ошпазхона. Бошандагони манзил барои ҳифзи ҷон аз ҳар гуна ҳолатҳои ногувор ва ҳуҷуми душман дар таҳхона иқомат доштанд. Дар хона, ки тамоми таҷҳизоти зарурии рӯзгор ҷой дошт ва онро қандили калоне равшан мекард, қадбону таоми шом мепухт. Писарчае, ки яқин 3 ё 4 сол дошт, ду даст зери маннаҳ гузошта, дида аз оинаи нилгун намеанд. Бо завқи тамом як шабакаи давлати дигарро тамошо мекард. Гарчанд забони барномаро намефаҳмид, аз рақсу бозии бачагон, сурудхониву лапаргӯии одамон, рӯ рӯйи ресмон тохтани дорбозҳо, гӯштингирии паҳлавонон, сумалакпазии бонувон завқ мебурд, дилаш шод мешуд. Бачаҳо бо шохаҳои гул ба навоҳои дилкаш мерақсиданд, шеър мехонданд, байтбаракбозӣ мекарданд. “Оҳ, онҳо чӣ қадар хушбахтанд!..”- бо ҳавас аз дил мегузаронид бачаяк.
- Модарҷон, ин одамон чӣ кор мекунанд?
- Ба фикрам ҷашн пешвоз мегиранд, - ба телевизор нигоҳ кард зан.
- Чӣ гуна ҷашн?
- Намедонам, шояд ягон иди мардумӣ бошад…
- Мо кай ид мекунем?
Модар оҳи сарде кашида, назди ҷигарбандаш омад ва ӯро бо меҳр оғӯш карда, бӯсид.
- Худо хоҳад ҷанг тамом шавад, сиҳату саломат ба озодӣ расем, он гоҳ мо ҳам ид мекунем. Ҳар рӯзи мардуми мо ҳам ҷашну сур мешавад
- Ман ҳам либосҳои нав пӯшида, ба ид меравам-а? – рӯ ба модараш овард писарак.
- Албатта меравӣ! Падарат бароят либосҳои нав меоранд. Ту онҳоро пӯшида, ба ҷашнгоҳ  меравӣ. Бо дӯстонат бозӣ мекунӣ, хушнудӣ менамоӣ.
- Ман рафиқ надорам…
- Дунё, ки ором шуд, модарон нотарсида бо кӯдакони худ ба хиёбонҳо мебароянд. Аз байни онҳо ба худ дӯсту рафиқ пайдо мекунӣ, шери оча. Дӯстонат зиёд мешаванд.
- Ман ҳамроҳи онҳо рақсида, хурсандӣ мекунам, а?.
- Ҳа.
- Дар ид ба шумо гулдаста тӯҳфа мекунам, ба падарам китоб ҳадя медиҳам.
- Чаро ба ӯ китоб ҳадя мекунӣ?
- Охир падарам китобхониро дӯст медоранд. Барои ҳамин китоб ҳадя менамоям. Ба шумо аз чунин гулҳои хушрӯ, - ба гулдастаи дасти духтараке, ки дар телевизор нишон медод, ишора кард писарак, - як гулдастаи калон ва як либоси заррини қиматбаҳо туҳфа мекунам.
- Барои ин қадар туҳфа пули бисёр лозим аст. Пулро аз куҷо мегирӣ? – дар лабони зан хандаи малеҳе гул кард.
- Ман калон мешавам, кор мекунам. Пули зиёд меёбам. Баъд ба шумову падарам тӯҳфаҳои ҳархела мехарам.
- Шери оча-е, - писаракро ба канор кашид зан, - илоҳо ба муроду мақсадат бирасӣ. Ҳамаи ҷангу хунхӯриҳо тез анҷом ёбанд. Осудагиву озодие, ки ормони мост, зуд рассад ва ту ҳаргиз армонбадил намонӣ, шерри оча…
Кадбону аз пайи кору бораш шуд. Ҳар лаҳза саҳнаҳои намоиш тағйир меёфтанд. Акнун як гурӯҳ бачагон дар ҳамвориҳои васеи сабзу хуррам медавиданду бодбарак мепарронданд.
- Модарҷон ин бачаҳо чӣ кор мекунанд? – дубора савол дод писарак. Модар, ки дар даст косаи биринҷ дошт, рӯй ҷониби экрани телевизион гардонд.
- Бодбарак мепарронанд, бачам.
- Бодбарак чист?
Модар биринҷро рӯи матое рехта, сангпораҳоро чидан гирифт.
- Чизест, ки бачагон аз коғаз бо ифтифодаи чўбҳои борик ва сиреш месозанд.
- Барои чӣ месозанд?
- Онро сохта, аз як гӯшааш ресмон мебанданд ва дар вақти вазидани бод ба ҳаво сар медиҳанд. Он бо шамол дар само парвоз мекунад. Кӯдакон дар баҳси якдигар бодбарак мепаронанд. Бодбараки касе, ки аз ҳама боло парвоз кунад, ғолиб мегардад.
- Шумо ба ман ҳам бодбарак созед, очаҷон. Ман ҳам мехоҳам бодбаракбозӣ намоям.
- Дар куҷо бозӣ мекунӣ? Онро дар хона бозӣ намекунанд. Барои он  ҷои кушоду васеъ лозим. Бачагонро бин, дар дашту даман бодбарак мепаронанд, - ба телевизор ишора кард модар.
- Ман ҳам дар ҳамвории назди хона бозӣ мекунам.
- Ҳеҷ гоҳ, - чун нафаре, ки аз чизе тарсидааст, дод зад зан, – дар ин бора ҳеҷ гоҳ фикр ҳам накун. Магар суханони пардаратро фаромӯш кардӣ? Аз таҳхона берун бароед, гӯшҳоятонро мебурам гуфта буданд.
- Чаро набароям?
- Падарат набаро гуфтанд, пас баромадан даркор не!
- Ман одами ганда не-ку.
- Кӣ туро бад гуфт?
- Худатон гуфта будед, ки одамони бадро дар як хона гузошта, ҷое рафтан намегузоранд. Ман бачаи боодоб-ку, - димоғсӯхта гуфт писарак. - Чаро ба ман берун рафтан мумкин не?
- Чунки ҳамон одамони гапнодарову якрав, бадҷаҳлу бадқавоқ, бераҳму бадкирдор аз хонаҳояшон гурехтаанд. Ҳозир онҳо дар кӯчаҳо гаштаанд. Агар онҳо бачаҳои боақлу боодобро, гапдарову ботартибро  бинанд, гирифта мераванд.
- Куҷо гирифта мераванд?
- Ба ҷойҳои бад.
- Чӣ хел ҷойҳои бад? Ба ҳабсхона мебаранд?
- Ба ҷойе, ки аз ҳабсхона ҳам бадтар аст, - сар боло кард зан ва дида ба оинаи нилгун дӯхту фирефтаи хаёл шуд.
- Ман онҳоро «диш-диш» мезанам ва аз дасташон раҳо шуда, хона меоям.
- Ту наметарсӣ?
- Не-е, наметарсам, - бо забони ширини бачагонаи худ ҳарф мезад писарак.
- Ҳамин шербачаи модар саломат бошад-е, - гуфт зан ва биринҷу матоъро гирифта, назди бухорӣ рафт. Писарак дар назди телевизор дурусттар ҷой гирифт. Акнун овозхоне суруд мехонд. Писаракро оҳанги шӯху садои гӯшнавози ҳофиз ба ваҷд овард магар, ки аз ҷой бархоста, рақс намуд. Модарро арғуштравии дидагонаш писанд омад. Аҷаб китфҷунбониҳо дорад писаракаш. Модар ҳамоҳанг ба зарби доира каф мезад. Писарак модарашро низ ба рақс кашид. Зан дар ҷойи нишасташ қарс ва писарак дар атрофи ӯ парвонавор давр мезад. Хушнудии онҳо ҳадду канор надошт. Мерақсиданд, механдиданд, меболиданд… Баъд аз анҷоми савту суруд барномаи дигаре оғоз шуд, ки дар он дӯшизаи хушлибосу хушсурате коғазу қайчибадаст тарзи сохтани бодбаракро мефаҳмонд. Бача аз телевизор чашм намеканд ва ҳар як ҳаракати дасти духтарак, ки бодбарак месохт, аз назари ӯ дур намемонд. Пас аз хотимаи барнома писарак дарҳол ба хонаи дарунӣ даромада, дар даст чанд чӯби дароз баромад. Аз болои миз, ки як даста маҷаллаҳо мехобид, газетаи калонро гирифт. Пас аз модар хоҳиш намуд, ки ришта диҳад.
- Ресмонро чӣ мекунӣ?
- Бодбарак месозам.
Зан ресмони дарозеро оварда, пеши писарак, ки дар миёна хона машғули кор буд, гузошт. Пас аз фурсате кушодашавии дари боло шунида шуд. Марде, ки ришу мӯйҳояш расида буданд ва дар сар дастору дар бар либосҳои суриёӣ дошт, аз зина поён омад. Ин падари бача - Ҳозиқ буд. Дастор, гарданбанд, туфанг ва ҳалқаи тирҳоро ба мех овехта, дар паҳлӯи писарак нишаст. Писарак саргарми кор ба ӯ эътиборе надод.
- Чӣ кор мекунӣ? – пурсид мард, ки овози ғафси нофорам дошт.
- Бодбарак месозам.
- Метавонӣ?
- Ҳа, - сар аз кор набардошта, бо боварии комил гуфт бача. Мард якпаҳлӯ зад ва ҷаҳоннаморо ба шабакаи дигар гирифт, ки доир ба хабарҳои ҷаҳон маълумот медод. Писарак пас аз заҳмати тӯлонӣ бодбаракро сохт.
- Ана, тайёр шуд! – бо хушнудӣ рӯ ба падару модар овард. – Чӣ хел шудааст?
- Бениҳоят хуб аст, шери оча, - таъриф кард зан. Мард нигоҳи ҷиддие намуду ҳарфе нагуфт. Писарак бодбаракро оҳиста болои миз гузошт  ва пеши модар омад...
Субҳ писарча аз садои табарзании падар бедор шуд, ки дар ошхона ҳезум пора мекард. Ва дарҳол ҷониби миз нигоҳ кард, ки бодбарак дар ҷояш ҳаст ё не. Модар ба бухорӣ оташ мегиронд.
- Хез, шери оча. Рӯятро шӯй. Чой менӯшем, - меҳрубонона гуфт зан. Марди хонадон, ки димоғисӯхта метофт, аз хонаи дарун баромад. Ӯ табиатан одами дамдузд буд. Ҳамеша бо лабу лунҷи овезон мегашт. Ба касе рӯи хуш намедод.
Аҳли хонадон субҳона мехӯрданд, ки аз берун садои тир баланд шуд.
- Ҳазор лаънат, - мард бо мушт болои миз сахт кӯфт, ки писарак як қад парид, – то кай ин ҳол давом мекунад? То кай ин мардуми ғофилу кофар ба мо муқобилат мекунанд? - дод мезад мард. – Мо бояд тезтар ҳаракат кунем. Зудтар мақсади хуро амалӣ созем. Танҳо ҳамон вақт ба озодии асл расиданамон мумкин аст. Фақат дар ҳамон маврид.
- Ҳамин корҳо чӣ лозим бошад? – норозиёна гуфт зан.
- Ту чиро ҳам мефаҳмӣ? Беҳуда нагуфтаанд, ки мӯи зан дарозу ақлаш кӯтоҳ аст, - писханд зад мард. – Мо дар сари шоҳроҳи бузург қарор дорем. Иншооллоҳ, Офаридгори ягонаву беҳмато моро ба мақсудамон мерасонад. Мурдани ин мардуми ғафлатзада ва кофар муқаррар аст, аммо кай мурданашон аён нест! Парвардигоро, - даст ба дуо кушод мард, - барои расидан ба орзуи ягонаи мо худат мадад кун. Чашмони бандагони ғофилро боз намо. Дар дилашон нуру зиёро ҷой кун ва дар роҳи ҳақ ба онҳо роҳнамо бош, - даст ба рӯй кашид ва аз ҷой хест. Вай либос иваз карду туфанг ба даст гирифт ва баромада рафт. Нигоҳи қадбону дар нуқтае ях карда буду ҳарфе намезад…
Ақрабаки соат аз пешин шудани рӯз хабар медод. Писарак бодбаракро дар канор гирифта, ба он ресмон мебаст. Зан хамир мекард.
- Шери оча, аз ошхона ба боло ҳезум барор.
Писарак бодбаракро гузошта, хонаи дарун даромад ва дар оғӯш чанд чӯб аз зина боло шуд. Ҳезумро назди дари қафо гузошта бозмегашт, чашмаш ба равшание, ки аз як гӯшаи тиреза вориди айвон мешуд, бархӯрд. Оҳиста назди тиреза рафт ва як гӯшаи матои ба девор мехкӯбшударо бардошта, берун нигоҳ кард. Хуршед медурахшид. Аз замин сабзаҳои нав сар боло мекарданд. Яқин шамол мевазид, ки шохҳои чанд дарахти ҳамворӣ ба ҳар ҷониб меҷунбиданд. «Дар ин шамол бодбарак чӣ хел парвоз мекарда бошад?», - аз дил гузаронид писарак. Поён фаромада, боз ҳезум баровард ва бори дигар ба берун нигоҳ кард. Ҳамоно боди сабук шохсори дарахтону рӯи сабзаҳоро сила мекард. Аз назари писарак, ки чанд вақт боз табиати берунро надидааст, ҳамвории хароби назди хона фирдавсеро мемонд, ки саросар сабзазор. «Як маротиба бодбаракамро парронам, чӣ мешавад? Ақаллан як борак… Зуд баргашта хона медароям. Дарҳол дароям, модарам ҳам воқиф намешаванд» - дар худ андешид писарак ва поён омада, ҳамроҳи чанд ҳезум бодбаракро гирифту боло баромад. Модар саргарми кор бехабар монд. Ҳезумро гузошта, назди дари қафо рафт, ки ба ҳамвории фарох мепайваст. Даст ба зулфин бурд. «Падарам фаҳманд, гӯшамро мебуранд» - аз хаёл гузаронд ва даст аз зулфин гирифту пас гашт. Дар сари зина истод ва ҳаваси бодбаракпарронӣ аз таъкиди падар ғолиб омада, назди дар омаду онро оҳиста во намуд. Насими форами баҳорӣ рухсори писаракро навозиш кард. Ӯ оҳиста берун баромад. Дилаш сахт метапид. Ба атроф чашм давонд: чизе ба назар намерасид. Дуртар аз хона чанд бинои пасту баланд маълум буду халос. Писарак  барои парондани бодбарак ҳаракат кард. Пас аз ду-се кӯшиши баръабас бодбарак камтар боло шуд ва зуд поён омад. Бача ноумед нашуда барои ба парвоз овардани бодбарак сайъ мекард ва ниҳоят бодбараки ӯ ба ҳаво бархост. Писарак рӯ-рӯи замини сабзгуна чун баррачаи ширхор медавид ва аз парвози бодбарак дар худ нағунҷида, беихтиёр садо баланд мекард:
- У-ҳу-ҳу-ҳу-ҳу, бодбараки ман парвоз кард! Бодбаракам парвоз кард!!! Уҳу-ҳу-ҳу, бодбараки ман пар… - садои тир баланд шуду овози писарак дар гулӯяш монд ва сабук ба рӯи замин афтоду ресмони бодбарак аз дасташ раҳо шуд. Зан ки машғули нонросткунӣ буд, садои тирро шунида, дасту по хӯрд ва зуд боло шитофт. Чун дари қафои хонаро боз дид, мадор аз дасту пояш рафт. Худро берун зад ва писаракро афтода дида, сӯяш давид. Шамол пурзӯр шуда буд. Бераҳмона ба сару рӯи зан ҳамла мекард ва намегузошт, ки пеш равад. Ангор мехост, ки ӯро аз роҳ бозгардонад. Ҳайрати кас меафзуд, ки чӣ тавр дар як фосилаи кӯтоҳ насими баҳорӣ ба шамоли тунд тадбил ёфтааст. Модар на парвои хор дошту на сангу на шамоли тундхӯй. Худро ба назди писар расонида, ҷигарпораашро оғуштаи хун ёфт. Ва чун моддашер наърае кашиду сари писаракро рӯи зону гузошт. Бача чашмонашро нимроғ намуда, бо овози гӯшшунав гуфт:
- Оча… очаҷон… бод… бод… бодбараки ман… парвоз… кард…
Зан навҳа мекард. Аз дасту рӯи дилбанди худ мебӯсид. Писаракро оғӯш карду оҳиста бардошт ва ду қадам гузошта буд, ки бори дигар садои тир баланд шуд…
Зоғони сиёҳ ба ҳар ҷониб парвоз мекарданд. «Қар-қар-қар» гуфта, ошӯберо барпо менамуданд. Ангор ба ҳам мегуфтанд, ки «аҷаб махлуқеанд ин одамон, ки хуни ҳамдигарро мерезанд»…
Бодбарак даз даст кӯдак раҳогардида дар осмони хунолуди кишвари Суриё парвоз мекард…           
Фаридуни ФАРҲОДЗОД. 



ИСТГОҲ
икоя)
Фасли поиз. Табиат ранг дигар кардаву дарахтон чун модарони дар  ғами фарзанд коҳидарӯй, музтару парешон менамуданд. Дар кӯча мавҷи одамон ва нақлиёти пуродам беш ба назар мерасид. Чун автобусе аз дур намоён мешуд, пиру барно ба ҷунбу ҷӯл афтода, ҳаракат мекарданд, ки рақами онро бинанд. Бо омадани автобус монанди ору, ки ба душман ҳамла меорад, худро ба дарунаш мезаданд. Аммо на ҳар кас дохили автобуси серодам мегардид. Дар чунин маврид кори ронандагони таксӣ ва соҳибони мошинҳои хусусӣ пешрав мебуд. Ҳар лаҳза чунин пурсишҳо ба гӯш мерасиданд:
- Ба куҷо?
- Ба кадом тараф?
- Таксӣ даркор не?
Духтари қадбаланди сафедпӯсте, ки бо вуҷуди сард будани ҳаво дар бар танҳо куртаву поҷомаи атлас дошт, ба мисли дигарон дида аз роҳ барнамеканд. Дӯшиза автобуси рақами 24-ро инизор буд, ки ниҳоят аз дур намудор шуд. Аз сангпуштвор оҳистагардии он аён буд, ки савораҳояш зиёданд. Чун мошин дар истгоҳ қарор гирифт, аз он касе нафаромад. Автобус то дами дар пур буд. Духтарак умед барканд ва боз чашм ба роҳи нақлиёти дигар дӯхт...
Чашми рӯз кӯр мешуду адади нақлиёт ва мусофирони роҳ кам. Шамоли сарсарии поиз торафт сардтар мегашт. Дар зери шуъои чароғҳои ду тарафи роҳ, қади баланд, мӯйҳои пурҷилои бофта, орази сафеду пеши бари таранги духтарак боз ҳам зеботар менамуд. Ду нафаре, ки пас аз духтарак ба истгоҳ омаданд, аз интизорӣ дилгир шуда, бо мошинҳои кироя рафтанд. Дар роҳ адади таксиҳо меафзуд. Онҳо бо фурӯзонакҳо ишора менамуданд: «Такси даркор не?» Автобусе аз дур намудор гардид. Духтарак дар дил илтиҷо мекард, ки «Худоё, автобуси рақами 24 бошад». Аммо бахт ба рӯи ӯ нахандиду толеъи дигар бошандаи истгоҳ тофт. Духтар танҳо монд. Вай аз шабгардӣ метарсид. Хост, ки боз ба хонаи холааш баргардад, аммо шарм кард. «Ду рӯз боз дар хонаи холаам ҳастам. Ҳоло чӣ тавр аз дарашон медароям? Бар замми ин, модарам имрӯз занг зада таъкид карданд, ки бозгардам. Наравам, ташвиш мекашанд» - аз дил гузаронд духтар. Таъсири шамоли сард буд ё асари тарсу ваҳм,  баданаш меларзид. Ҳамин вақт чароғҳои мошини сабукраве «чашмаки зад» ва дар назди ӯ истод.
- Куҷо меравед?- аз тирезаи нимбози кобина сар баровард ронанда.
- …
- Ҷойи гуфтетон мебарам.
- …
- Аз они мо нархи арзону сифати баланд, ойтиҷон.
- …
- Ин қадар ноз накунед-дия. Пулатон набошад, карточка доштагистед. Терминал дорем, - хандакунон гуфт ронанда. - Агар пластик ҳам набошад, дигар хел ҳисоб-китоб мекунем.
- …
Ба пурсишҳои шофёр аз санг садо мебаромаду аз духтар не. Аз ин рӯ рафтанро ихтиёр намуд. Сухани охирини нешдори ин ҷавонмард ба духтарак сахт расид. Медонист, ки гапгардонӣ бефоида аст, хомӯш нишаст...
Дар кӯча гаштугузори одамон канда шуд. Мошинҳои мусофиркаш дар истгоҳ таваққуфе карда мерафтанд. Баъзеи онҳо одамвор муносибат мекарданд, вале аксарият даставвал бо мулоҳиза сухан гуфта, баъд аз даҳонашон ҳарфҳои дағал, бемаънӣ меборид. Духтарак мӯҳр ба лаб зада, чашм аз роҳ намеканд. Ҳатто ба сӯи мошинҳое, ки меистоданд, нимнигоҳе намеандохт.
Ба истгоҳ ҷавони қадбаланде омад. Духтарак бо гӯшаи чашм ба ӯ эътибор дод. Ҷавони рафидарӯйе буд, ки чашмони тангу рухсори тираранг ва абрӯвони паҳни камранги парешоне дошт. Вай бо нигоҳи сарду ҳарисаш сар то пойи духтаракро гӯиё ламс мекард. Тарзи либоспӯшии ӯ низ аҷиб буд: шими ҷинсаш аз се - чор ҷой дарида, аз болои футболкаи сафед куртаи сабзи рангпаридае дошт. Занҷири дарози гарданаш дар зери шуои чароғҳои нақлиёт ҷило медод. Ба банди як даст дастрӯмол баста буду дар дасти дигар тасмаи чармине. Духтарак худро тарзе вонамуд мекард, ки нигоҳи бешармонаи ӯро аслан пай намебарад.
- Шинос шавем мешавад, духтари хушрӯ, - сухан оғоз кард ҷавон, ки як овози хиррии ғафс дошт.
- …
- Номат чист?
- …
- Номи ман Акмал. Номи ту чӣ?.. Чаро гап намезанӣ? Ё гунгӣ?
- …
- Телефон дорӣ?
- …
- Агар секрет набошад рақамаш чанд,?
Духтарак дар ҳоле, ки дида ба роҳ дӯхта буд, нафаси амиқе кашид ва ба пои дигар такя кард.
- Ин қадар ноз накун. Ман ҳам аз бачаҳои современий. Андак мундак духтарони кӯча қатӣ гап намезанам.
«Духтарони кӯча» гуфтани авбош, ба дили духтар чун наштар халид. Вай дар ҷавоб ба сӯйи он ноҷавонрой нигоҳи пур аз нафрату ғазаб андохт.
- Ӯҳӯ, теғи нигоҳат ҷони одама мегирад-ку. Қаҳрат ояд, боз ҳам дилкашу хушрӯ мешудаӣ.
- …
Шӯрапушт ҷониби духтар як қадам гузошт. Аз ӯ бӯйи баде ба димоғ меомад.
- Оҳ, чӣ қадар ширинӣ! Шоколад-е, шоколад!
Духтар худро аз авбош се-чор қадам  дуртар кашид. Аммо ин ҷавон ҳамоно суханҳои бесару нӯг мегуфт, ки аз чанд гуфтааш яктои он ба гӯши духтар мерасиду боқимондаро шамоли сардхӯй мебурд. Дар кӯча равуои автобусҳо қатъ гашт. Духтар мехост, ки  аз ин ҷавони шилқим тезтар дур шавад. Кош ба мададаш ронандаи солхӯрдае ояд. Дар замоне, ки бародар ба додар бовар намекунаду модар ба фарзанд, ронандаи калонсол нағз. Ронандаи пурдидае пайдо занад, ки инсоф дошта бошад...
Мошине бо суръати тез омада, дар назди истгоҳ тормоз дод, ки садои гӯшхароши чархҳояш баланд шуданд. Мошинсаворон се нафар бӯзбалаи сархуш буданд.
- Куҷо меравед, ойтиҷон, - мулоимхунукона сухан оғоз кард нафаре, ки сари рул менишаст.
- ...
- Ба манзилатон мебарем. Хизматҳоиямон литсензия дорад, натарсида шинед, - ба сухан ҳамроҳ шуд ҳампаҳлӯи ронанда, ки рӯи  борику бинии калонаш бо ҳам ҷанг мекарданд. – Дар ҷавоб ба мо як «ҳиммат» кунед, мешавад, - ҳама бешармона баланд хандиданд.
- …
- Э, ҷӯра! Ту роҳи дастгир кардани ин шаҳболакони шабпарро намедонӣ. Барои ба дом афтондани онҳо, аввал зоғу зағани атрофро нест бояд кард, фаҳмо, - гуфт савораи сеюми мошин, ки дар қафои шофёр нишаста буд.
- Ӯй, зоғи сиёҳ, - ба ҷавони истгоҳ гуфт. - Тез аз ин ҷо дафъ шав!!!
Дар як он «бачаи саврименний» «гум» шуд.
- Рафтем ҷон… Квартира ҳаст. Хонаи гарм, оби гарм, оғӯши гарм, ҳамёни пур, боз чӣ лозим, - башараи бенури ронанда, аз ханда безебтар мешуд.
- …
- Фигура ҳам фигура будааст: шаст ба наваде... Кироӣ ин қадар ноз ҳаст, - савораи қафои ронанда, каллаашро аз тиреза баровард.
Ба тамоми бадани духтарак мурғак давиду ларзишаш афзуд. Аз тарс, ки боз маҷбуран ба даруни мошин накашанд, вай дуртар рафт.
- Ҳамин қадар ноз кофист, ҳӯ париваш. Ҳар шабро дар оғӯши ким-киҳо мегузарони-ку! Боре дар канори мо, камбағалон ҳам ҷилва кунӣ, чӣ мешавад? Ё моро назарат намегирад? – мегуфт мокурӯйи биникалон.
- Чанд пул гӯйӣ медиҳем. Бо мо ҳузур мекунӣ, - ба сухан ҳамроҳ шуд шофёр.
         Духтарак аранг тоқат мекард. Хуб медонист, ки агар ҳарфе занад, бегумон, ба сараш балои азимро мехарад. Ҷавонони тиҳимағз боз чанд сухани пасту баланд гуфтанду хандиданд.
- Э ойтиҷон, «қаҳри лӯлӣ, зиёни хӯрҷинаш» гуфтаанд. Биё ба оғӯши гарми мо. Ҳаво хунук шуда истодааст, мабодо хунук хӯрда, бемор нашавӣ... Не? Инхтиёр ба ту. Пушаймон мешавӣ, - гуфт ронандаву  газро зер кард.
Духтарак Худоро шукр мегуфт, ки аз он бетамизон халосӣ ёфт.  Қарор дод, ки чанд лаҳзаи дигар меистад, агар шофёри калонсоле наояд, ба хонаи холааш бармегардад.
Мошинҳои кирокаш омада, меистоданд. Духтар ронандаҳои ҷавонро дида, ба маънои «такси лозим не» сарашро меҷунбонд. Ниҳоят мошини сафедранги «Нексия» дар истгоҳ қарор гирифт. Дар паси чанбари фармони он марди солхӯрдаи ришу мӯйлабдоре менишаст, ки дар сар дасторе ҳам дошт. Духтар хурсанд гардида, нишони манзилашро гуфт.
- Шинед духтарам мебарам.
- Чанд сӯм мешавад?
- Ягон чиз медиҳед-дия...
Духтар дар қафо нишаст. Мошин гарму шинам буд ва аз даруни он бӯи хуше ба димоғ мезад.
- Хунук хӯрдед, духтарам? - мард бо хандаи ҳалимона ва овози мулоим пурсон шуд. - Таксиро бисёр интизор шудед-чӣ?
- Ба роҳ бегоҳӣ баромада будам. Автобуси 24 наомаду бевақт шуд. Шуморо Худо фиристод, амак.
- Одами нағзро Худо ҳамеша дар паноҳаш нигоҳ медорад, духтарам! Ман ҳам танҳо як духтар дорам, ки тахминан ҳамсоли шумост. Вай ногиро, пойҳояш модарзод фалаҷ аст. Бо аробача мегардад. Лекин пас аз вафоти модараш ҳама корҳои хонаро худаш мекунад. Таом мепазад, либос мешӯяд, хонаҳоро тоза мекунад.
- Ҳаёт амакҷон, - тасаллӣ дод духтар.
- Ҳа, ҳаёт… Пештар аз савор шудани шумо занг зада, «нон тамом шудааст, вақти бозгашт нон биёред» гуфт. Агар розӣ бошед, духтарам, ҳамон ду нони паҳлӯятон бударо дароварда диҳам. Баъд шуморо хонаатон мебурдам. Соат аз нӯҳ гузашт. Гушна нашинад. Хонаамон дар сари роҳ аст. Агар хай гӯед, албатта.- ҳиҷолатмандона хоҳиш кард мард.
- Чаро не гӯям, бемалол, дароварда диҳед, - духтарак нонҳоро дароз кард.
Мошин ба тангкӯчае ворид шуд ва қад-қади хонаҳои пасту баланд, аз роҳҳои каҷу килеб хеле дарун рафт.
- Ин роҳ наздик аст. Ҳозир мерасем.
- Панҷ дақиқа барвақт равам чию панҷ дақиқа бевақт равам чӣ? Муҳимаш сиҳату саломат расам, шуд, - аз хандаи зебое чеҳраи духтарак гул кард. Шофёр низ ба духтар аз оина нигоҳ  карда, лабханд зад.
Мошин дар назди манзиле, ки бо деворҳои баланд иҳота гардида буд, қарор гирифт. Дар зулфини дарвозаи ҳавлӣ қулфи мустаҳкаме ҳамоил буд.
- Азбаски духтарам роҳ гашта наметавонад, дарро қулф мекунам, - мард мошинро хомӯш карда, иловатан гуфт, - мо танҳо зиндагӣ мекунем. Боз ба хаёлҳои бад наравед?
- Не-е амакҷон. Шумо падарам барин гап. Чаро фикри бад кунам. 
- Офарин духтарам, офарин, - нонҳоро аз паҳлӯяш гирифта, фуруд омад мард ва дарвозаро кушода, вориди ҳавлӣ шуд.
Духтар ба гирду атроф чашм давонд. Акнун пай бурд, ки дар ду тарафи роҳ хонаҳои баланд комат афрохта бошанд ҳам, аз чӣ бошад, ки равшании чароғе ба чашм намерасид. Дили духтарак ғаш карду беқарор задан гирифт. Аз тарс алосарак ба атроф нигоҳ мекард.
Шофёр аз дарвоза берун шуда, назди тирезаи мошин омад.
- Маро бубахшед духтарам, аз шумо боз як илтимос дорам...
- Чӣ илтимос? Аз дастам ояд ба ҷону дил...
- Духтари ман мехоҳад, ки шуморо бинад.  
- Чаро? - чеҳраи духтар ранг бохту дилаш таҳ кашид.
- «Дар мошин одам ҳаст ва ман бояд ӯро ба хонааш барам», гуфтам. Духтарам пурсид, кӣ мард аст ё зан? Сипас, дар бори шумо гуфтам. Акнун ҳошакалло мегӯяд, ки шуморо бубинад. Ман… Ман чунин ранг гирифтани воқеаро намедонистам... Маро бубахшед… Агар малол наояд, ду дақиқа пеши духтарам дароед. Дигар чизе лозим нест. Пулатон ҳам даркор не. Ман то хонаатонро мебарам. Илтимос, хоҳиши духтари дилшикастаи маро қабул кунед, -  дар чашмони мард ашк ҳалқа заданд. Духтарак дудила шуда буд. Намедонист, ки чӣ кор кунад. Яке мегуфт: «Даро, дили духтари ногироро шод кун, савоб дарёб, ба ронанда шодмонӣ бахш», дигаре мегуфт: "Эҳтиёт бош! Ҳеҷ ҷо нарав! Фиреб нахӯр...»
- Намехоҳед? Ҳеҷ гап не, - вориди мошин шуд мард. - «Корашон будааст, дигар вақт меомадаанд», мегӯям ё ягон сабаби дигарро пеш меоварам, - мошинро даргиронд.
«Чаро ба чунин солхӯрдае, ки аз чеҳрааш нур меборад, бовар намекунам?»- духтарак худро ботинан сарзаниш кард.
- Амак, мошинро хомӯш кунед. Як сари қадам пеши духтаратон медароем. Фақат зуд мебароем, ки бевақт шуда истодааст. Тезтар хона расам. Падарам аз кор баргашта, маро дар хона набинад, қаҳраш меояду модарамро озор медиҳад.
- Аз умратон барака ёбед, духтарам. То дами қиёмат дуотон мекунам. Барои маро дуруст фаҳмиданатон ҳазор раҳмат, - аз даҳони марди солхӯрда шакар мерехт. Онҳо  вориди ҳавлӣ гардиданд ва дарвоза маҳкам пӯшида шуд…
***
         Модари духтарак бо сухани дурӯғи «духтарамон пагоҳ меомадааст»  шавҳарашро ором карда бошад ҳам, тамоми шаб хобаш набурд. Ба пиндор бистараш аз хори мағелон буд. Вақти ғанаб кард, ки акнун чашми рӯз мекафид. Чашм кушод, ки дарро касе бошиддат мекӯфт.
- Дар ин саҳарӣ кист, ки дарро мезанад? Илоҳо тинҷӣ бошад-дия, – кадбону бо ҳавлу ҳарос сӯи дарвоза шитофт. Дарвоза сахттар кӯфта шуд.
- Ҳозир-ҳозир...
Модар дарро боз карду... бо кадом чашм бинад, ки духтараш дар дами дар бо нигоҳи бемаъно, мӯйҳои парешон, пироҳани дарида, чашмони варамида, дасту рӯйҳои хуншор, рост меистод. Модар аз худ рафт...
Духтар девонаавзо буд. Табобат фоида намебахшид. Вале ҳама ба оқибати нек умед мебастанд.
... Пас аз ҳафтаетавассути оинаи нилгун гузориши нохуше доданд. Гуфта мешуд, ки сабукрави «Нексия» ба зери мошини боркаш даромада, ронандааш ҷони хешро ба ҷонофарин супурдааст...
Фаридуни ФАРҲОДЗОД.



«ҚАДР»
(Ҳикоя)
Шамоли тирамоҳ баргҳои дарахтонро ҳар сӯ парешон мекард. Тамоми мардуми деҳа машғули хазонрӯбӣ буданд. Онҳо баргҳоро ба зимистонгузаронии чорвояшон захира мекарданд. Тирамоҳ нисф шуда буд ва ҳавои сард аз барвақт омадани фасли зимистон мужда медод. Кӯчаву тангкӯчаҳо, боғу ҷӯйҳо пур аз хазон буд. Баргҳои охирини дарахтон барои дур нашудан аз асли худ, бо шамоли бераҳми тирамоҳӣ дар талош буданд, аммо бод аз ҳар сӯ ҳамла оварда, мағлубашон мекард...
Аҳли хонаводаи Музаффар ҳам, барои ҷамъ намудани хазон баромада буданд. Зани Музаффар – Рухсора ҳамроҳи ду духтарчааш баргҳои ғундоштаашонро , ки боз шамол парешон карда буд, ҷамъ карда мебардоштанд. Духтарчаҳо чун мӯрчаякони донакаш ба модарашон ёрӣ мерасонданд. Онҳо баргҳоро ба ҷуволи калон андохта, ба коҳдон мекашонданд. Дар хона модари Музаффар - момои Саломат танҳо менишаст. ӯ аз тиреза берунро, ки фақат осмон намудор буд, тамошо мекард. Пиразан, ки зоҳиран зани ҳаштодсоларо мемонд, дар асл ба ҳафтод нарасида буд. Пасту баланди зиндагӣ, душвориҳои ҳаёт ӯро барвақт пир кардааст, ки ожангҳои рӯй ва мӯйҳои тамоман сафедгаштааш аз ин гувоҳӣ медоданд. Момо пиразанест, ки оромиро намедонад. Гарчанд солхӯрда аст, лаҳзае қарор надорад ва ҳамеша дар ҷунбуҷӯл аст. Маҳз ҳамин нооромии пиразан сабаб шуд, ки дар рӯи ҳавлӣ лағзида афтод ва пояш зарб хӯрду як моҳ боз хонашин аст. Аз субҳ то шом назди дамгаҳи бухориро гирифта мешинад. Пиразан аз он тоифаест, ки ҳеҷ аз зиндагӣ наменолад ва ҳамеша ба додаи Худованд шукр мекунад. Фарзандон ва набераҳояшро низ роҳ намедиҳад, ки аз зиндагонӣ лаби шикоят кушоянд. Писари хурдиаш – Музаффар саҳарӣ  рафта, шомгоҳ ба хона бармегардад. Музаффар аз даме, ки ақлашро мешинохт, бо меҳнати сиёҳ - аробакашӣ рӯзӣ ба даст меовард. Ӯ пагоҳӣ аз деҳа савори ягон мошини мусофиркаш шуда ба шаҳр мерасад ва дар бозори калони шаҳр бо аробаи дастии худ борҳои одамонро кашонда, барои хизматаш пули ночизеро ба даст медарорад. Азбаски дар бозор миқдори аробакашон зиёданд, гоҳ дар талоши кор бо ҳамдигар пасту баланд мегӯянд. Музаффар  баробари бори гарони  зиндагонии оилаи худ, бору моли харидаи одамонро кашонда, калон шудааст. Дар ҳавои гарми саратон ба обу арақ ғӯтад, дар сармои зимистон аз сардии ҳаво дасту пояш хунук хӯрда, пушти  панҷаҳояш кафида хуншор мешаванд.  Ӯ ба ин мушкилиҳо эътибор намедиҳад ва ҳеҷ ба модар ё наздикони худ аз душвории кор шикоят намекунад. Ҳамеша ба насибаи ёфтааш қаноат  мекунад ва аз пешааш шарм намедорад. Ноне, ки бо меҳнати ҳалол ёфт мешавад, хӯрандаашро ҳалолкору ростгӯ, бовиҷдону боору номус мекунад, мегӯяд ӯ.  Хизмати одамонро бо самимият ба ҷо меоварад. Дар давоми  кори худ ба ҳар хел воқеаҳо рӯ ба рӯ шуда, ҳатто, чандин бор ба доми фиреби одамон афтода,  дасти холӣ ба хона баргаштааст. Ӯ ба ҳамаи ин гуна мушкилиҳо низ сабр мекард.
Моморо гӯшанишинӣ дилгир кардааст. Мехоҳад ҳарчӣ зудтар сиҳат шуда, ба корҳои келинаш ёрӣ расонад. Охир кори келинаш бисёр: тарбияи чор фарзанд, рӯзгор, боғдорӣ, нигоҳубини гову бузғолаю гӯсфанд. Ҳар дам пиразан ба келинаш, ки заҳматкаш ва чолок буд, раҳмат мегуфт, ҳазорон бор миннатдории худро баён мекард. Пиразан доим такрор менамуд: «Магар корҳоят кам буданд, ки Худо маро бар дӯшат сарборӣ андохт, духтарам. Аммо Рухсора, бо табассум мегуфт:
«Чаро ин тавр мегӯед, модарҷон? ҳеҷ вазниние нест. Охир мо аз таннозҳои шаҳрӣ нестем, ки аз вазнининии андаки зиндагӣ, шикоят намоем… Момои Саломат аз меҳрубониҳои келинаш хурсанд мешуд ва аз писараш ҳам, ки Рухсораро дӯст дошта, «хонадор шавам, ба ҳамин духтар хонадор мешавам, агар ӯро гирифта надиҳед, тамоми умр бе зан мегардам» - гуфта, ду пойи худро дар як мӯза андохта буд, шод мегардид. ҳар дам ба писараш мегуфт, ки агар даргузарам,  дилам аз ту пур аст, ки арӯси гул баринам туро ҳамеша ёвару мададгор мегардад.
Пиразан бо сад хаёл пеши бухорӣ нишаста, ба берун нигоҳ мекард. Аз дар писарчаи хурдии Музаффар - Пайванд  даромад. Аз ғояти хунукии ҳаво рӯй ва дастони наберааш суп-сурх шуда буданд. Пиразан ба Пайванд канор кушода, сарзаниш кард:
- Туро чӣ лозим бошад, ки дар ҳамин ҳавои хунук кӯча  мегардӣ?! Бубин, дасту поят ях бастааст. Дар хонаи гармак, пеши печро гирифта шинӣ, намешавад?
- Бо ҷӯяам Нодий бозӣ кайдам, момоҷон, - бо шеваи бачагона гуфт Пайванд.
- Эҳ, бозӣ-бозӣ... Яке шамол мехӯрӣ, баъд амакат омада укол мекунанд, ана баъд бозикуниро мебинӣ?
- Не, амакам мана укол намекунанд. Ман дийӯз гӯсфандойи амакама ба обхӯйи буйдам. Амакам гуфтанд, ки дигай туйа  укол намекунам.
- Э, бале писарам, бале! Ту ёрдамчии хонаамон - дия, - гуфта, ба берун нигоҳ кард ва аз наберааш пурсид.- Пайвандҷон, баргҳои дарахтонамон аз шохаҳои поёнаш рехта истодаанд ё аз шохаҳои болоӣ?
- Намедонам! Чиба, ина мепуйсед, момоҷон?
- Раҳматии падарам мегуфтанд, ки агар баргҳои дарахтон аз боло сар карда резанд, зимистон хунук меояд, аз поёнаш резанд, он қадар сард намешавад...
Пайванд сухани момояшро шунида ба берун шитофт. Саломатмомо ҳарчанд аз роҳ боздоштан хост, ӯ ба қафо нигоҳ накарда, баромада рафт ва пас аз муддате давида омада гуфт:
- Момоҷон, аз афташ имсол ҳаво хунук мешавад. Байгҳои дайахтомо аз болояш йехтиянд. Ман йафта аз очам пуйсидам, гуфтанд, ки байгҳо аз болояш йехта истодаанд.
- Хайр...
Пиразан банди олами хаёлот гардида, зери лаб: «Эҳ, боз ин зимистон хунук ояд, молҳоро чӣ тавр аз зимистон мебароварда бошем? На алафи таъин ҳасту, на еми нағз. Хайр, Худо  худаш дар паноҳаш нигоҳ дорад...» - гуфт ва ба Пайванди ғарқи бозӣ зоҳиран бехаёл назар андохта, «бачагӣ давраи хуб аст, ки дар сар на ғаме дориву на ташвише. Бо мурури калон шудан ташвишҳои одамизот ҳам калон мешудааст...» аз дил гузаронд.
Момо дар чунин андешаҳо буд, ки аз берун овозе баланд шуд. Гӯё хонае вайрон шуда бошад, тақар-туқури бадвоҳима ба гӯш расид. Пиразан ташвишкашон ба берун нигоҳ кард, аммо аз ин ҷо танҳо осмони абрнок менамуду халос.
- Писарам, баро бин, ки ин овози чист? Магар ягон ҷои хонаамон вайрон шудааст?
- Не момоҷон. Хонаамон вайон нашудааст. Амакам санг овайданд. Дийӯз ҳам ду мошин овайда буданд.
- Санг?! Санга барои чӣ меорад?
- Намедонам?!
Пиразан бо чашмони хирабин ба берун нигоҳ мекард ва меандешид, ки писараш барои чӣ санг оварда бошад. Ҳамин вақт келинаш Рухсора ба хона даромад.
- Духтарам, аз берун овози чист? Пайвандҷон «амакам санг оварданд» мегӯяд.
- Ҳа, амаки Самандар санг оварданд.
- Самандар санг овард? Барои чӣ санг меорад? Ягон ҷойи хонааш вайрон шуд-чӣ? - саволборон кард пиразан.
- Не, модарҷон. Аз байни ҳавлиамон девор мебардоштаанд.
- Чӣ?! - бо тааҷҷуб пурсид пиразан. – Мобайни ҳавлиҳо девор мебардоштааст? Нафаси ман сард нашуда, писари калонам ҳавлӣ ҷудо карда истодааст?!
Дар чеҳраи момо парешони намудор шуд ва ғарқи гирдоби хаёлот гардид. Андак фикр карда, рӯмоли калонашро аз паҳлӯяш гирифту ба сар баст ва ба Рухсора, ки машғули тайёркунии хӯроки бегоҳӣ буд, нигариста гуфт:
- Духтарам, ба хестанам кӯмак кун.
- Чаро модарҷон? Чӣ кор мекунед?
- Ҳавлӣ мебароям.
- Охир акнун поятон камтар сиҳат шуд. Самандарамак аз ҷояшон наҷунбанд гуфтанд.
- Не духтарҷон, ман нағз, - бо овози ларзон ва чеҳраи парешон  гуфт пиразан, - ту камтар ёри кунӣ шуд, ман худам мебароям.
Рухсора гуфтаи модарарӯсашро инкор накард. Момои Саломат ба асояш такя карда, ба берун роҳ гирифт. Рӯйи аз гармии печ сурхидаи пиразан дар як он чун дока сафед шуд. Дасту пойи ӯ меларзид ва дилаш беорому беқарор мезад. Пайванд ҳамроҳи модаркалонаш берун баромад. Модари пир бо кадом чашм бубинад, ки дар мобайни ҳавлиашон, миёни хонаи онҳо ва хонаи писари калонаш – Самандар деворе сохта шудааст, ки он аллакай ба қади одам баробар шуда буд. Пиразан бо ғазаб ва чашмони пурашк ба тарафи девор роҳ гирифт. Асову пойҳояш ба ӯ итоат намекарданд. Вай аз дасти наберааш маҳкам дошта, пеш рафт. Бо азобе назди девор расид ва асоро аз даст партофту ба девор такя намуд. Баъд бо дастони ларзон сангҳои онро як-як гирифта, ба тарафи хонаи писараш партофт. Писараш Самандардухтур овози бархӯрди сангро шунида,  берун баромад ва рафтори модарашро дида, овоз баланд кард:
- Ҳа оча, тинҷӣ? Чӣ кор мекунӣ?
Модар ба суханони писараш эътиборе надода, ҳамоно сангҳоро гирифта мепартофт. Аз ин Самандардухтур оташин шуда, наъра кашид:
- Ҳой кампир, магар девона шудаӣ?!
Ин суханони писар чун ханҷари тез ба ҷигари пиразан расид ва тамоми вуҷудашро арақи сард фаро гирифт. Оби дида аз ҳавзаи чашмон ба ҷӯяҳои гунаҳояш ҷорӣ мешуданд.
- Ту аниқ девона шудаӣ, - такрор намуд писараш ва дар пой поабзоли худро пӯшида, сӯйи девор шитофт.
- Ҳа, ман девона шудам, - гуфт пиразан. Ашк гулӯгир намуда буду овозаш аранг шунида мешуд. - Девона шудам… Аз корҳои ту девона шудам… - бо овози гиряолуд гуфт модари пир.
- Ман чӣ кор кардаам?! - бо тааҷҷуб пурсид Самандар.
- Чӣ кор кардӣ? -  бо овози баланд пурсид пиразан, ки аз садояш ғазаби ӯ баръало намудор буд. - Магар намедонӣ чӣ кор кардӣ?! Охир ин чӣ амалест, ки байни хавлӣ девор мебардорӣ? Ман ҳоло зинда ҳастам!? Амонатии худро ба Худо насупурдаам! На… на… намурдаам, ки замин тақсим кунед. Ин чӣ гап?!
- Хайр, чӣ шудааст? Чӣ ҷои воҳима дорад? - бепарвоёна гуфт Самандар. - Девор мебардорам.
- Девор мебардорӣ? Бемаслиҳат байни хонаи худату хонаи падарат девор мебардорӣ, беандеша?!
- Охир чаро намефаҳмед. Ба хонаи ман аз ҳар тараф, ҳатто аз шаҳарҳои калон меҳмонҳо меоянд. Дар пеши онҳо аз ин дару ҳавлии вайрона шарм мекунам. Як илоҷ карда, хонаи худро таъмир кардам, ки андак зеб даровард. Ин хонаи вайронаатон шаҳомати ҳавлиро вайрон карда истодааст. Як маротиба не, садҳо бор ба додарам гуфтам, ки камтар пеши хонаатро таъмир кун! Не, накард ва ман маҷбур шудам девор кашам. Ин ҳеҷ ҷойи воҳима надорад, оча!
- Ҳеч ҷойи воҳима надорад?! Хонаи мо ҳусни хонаи туро коҳиш дод?! Мана ба ту! Мана ба ту!!! - пиразан, ки беист ашк мерехт, бо дастони бемадор сангҳоро гирифта мепартофт. Дар ин мобайн ҳамсояҳои ҳангоматалаб дар бурҷи хонаву паси девор, даруни боғу боғча барои тамошои баҳси модару писар ҷамъ омаданд.
- Ман ба ту бас кун гуфтам! Магар нафаҳмидӣ?! Бас кун! - дод зад писар.
Ин садои баланд ва суханҳои талхи писар ҷони модарро гӯиё ба лаб меовард, вале пиразан худро бардам вонамуд карда, сангҳоро дур меандохт. Ва ҳамзамон гиря мекарду зери лаб мегуфт:
- Ман чӣ гуноҳ кардам?! Дар куҷо хато кардам, писарам?! Наход туро бо ҳамин ният калон кардам, наход бо ҳамин умед ба ту шири сафед додам?! Писар дар навбати худ сангҳои рӯи ҳавлиро тарафи девор партофта, дод мезад:
- Шири додаатро миннат накун! Ҳамон гаву буз ҳам, кучуку пишак ҳам ба бачааш шир дода калон мекунад.
Ин суханони писари азхудрафта чун ханҷар ҷигари пиразанро шикофт. Оқибат пиразан беҳол гардида, пушт ба девор гардонду нишаст. Пеши чашмонаш тира шуда, нафасаш гирифт. Зоҳиран ӯ чизеро намешунид ва намедид. Танҳо сардии вуҷуди худро ҳис мекарду халос. Ҳамин вақт Музаффари аз воқеа бехабар аз кӯча омад. Вай модарашро назди девор дар як ҳолати ногувор дида, ҳуш аз сараш парид.
- Модарҷон, ба шумо чӣ шуд?
-Ҳеҷ чиз, писарам, ҳеҷ чиз, - гуфт пиразан, ки фақат лабонаш меҷунбиданду садояш базӯр шунида мешуд. Ӯ худро чун дарахти бешоху барг ҳис мекард. Дигар ашки чашмони ӯ андаруни дидагон ях баста буданд. Намедонист, ки дилаш тапиш дорад ё не. Фақат шунидани овози писараш аз зинда будани вай дарак медод. Музаффар аҳволи модарро дида, рӯ ба бародараш оварда гуфт:
- Магар шарм намедоред?
- Ту тирмизак бар ман ақл нашуда, модари девонаатро саришта кун. Ман ҳеҷ кор накардаам, - гуфт бепарвоёна. - Ба ҳамааш худаш айбдор,- дод зад Самандар. Дақиқан ӯ мехост ҳама донад, ки гуноҳе надорад.
-Ҳар чӣ бошад, шумо фарзанд ҳастед! Камтар худатонро идора мекардед, хуб мешуд.
- Ман ба ту даҳонатро пӯшида нест шав гуфтам! То ба ман ақл шудана, ин хонаи оғилмонандатро дуруст кун. Беҳуда нагуфта будаанд, ки гапи дуруст ба ҳамзодат намефорад.
- Шуд, Музаффарҷон… Шуд... Маро хона дарор, - гуфт бо нафаси гашта Саломатмомо.
Музаффар ва Рухсора модарро, ки тамоман бемадор шуда буд, гирифта ба хона дароварданд. Пайванд бо лабу лунҷи овезон асои модаркалонашро гирифта, аз қафои онҳо вориди хона шуд. 
Шаби тираву тор. Асаре аз осмони нилгуну ситораву моҳ набуд. Саморо лашкари абрҳои сиёҳ фаро гирифта. Сукути тамоми замину саморо танҳо шамоли дайдуи тирамоҳ вайрон мекард. Дар хонаи Музаффар оромӣ ҳукмрон буд, ки пар задани пашша шунида мешуд. Момои Саломат боз назди бухориро иҷора гирифта, нафас дар дарун менишаст. Касе кайфияти сӯҳбат надошт. Ҳамон сардие, ки вақти гуфтаҳои писарашро шунидан пайдо шуд, ҳоло вуҷуди кампирро тарк намекард. Тамоми лавҳаҳои зиндагонии ӯ чун навори кино аз пеши назараш мегузаштанд. То ҳол дар хотир дошт, ки ҳамсараш рӯзи таваллуд шудани нахустфарзандашон чӣ қадар фараҳманд шуда буд. Вай аз хурсандӣ ба момодоя як гӯсфанди ҷойдорӣ дода, бо сад умед ба фарзанди нахустинаш, номи ҷӯраи худ, Самандарро, ки дар ҷабҳаи ҷанг якҷо буда, баъд аз ғалаба ба диёри хеш ҳамроҳ баргаштанд, гузошт. Вай ҳар дам мегуфт, ки писарам монанди дӯстам ҷавони бақувват, софдил, бовиҷдон ва инсони ҳақиқӣ шуда ба камол мерасад. Ман аз қафои ин писарам фахр карда, бо сари баланд мегардам.
Баъд онҳо боз соҳиби ду фарзанд: як духтару як писар шуданд. Аммо меҳри падар нисбати фарзанди якум дигар буд. Падараш доим такрор мекард, ки дӯстам Самандар дар госпитали ҳарбӣ кор мекард ва маро аз доми марг наҷот дода буд. Худо хоҳад, Самандари ман, калон шавад, албатта, духтур мешавад ва ба тани одамони бемор даво мебахшад. Сад афсӯс, ки вақти синфи ҳаштум хондани Самандар падараш аз бемории сактаи дил даргузашт ва тарбияи се фарзанду пешбурди зиндагӣ ба гардани Саломат афтод. Модари бечора дар деҳа ягон хешованде надошт, ки ба вай дасти ёрӣ дароз кунад. Танҳо бародари шаваҳараш буд, ки аробаи шалақи зиндагонии худро бо сад азоб пеш меронд. Аз ин рӯ, бевазан бо заҳматҳои зиёд бори гарони зиндагониро мекашид. Азбаски Самандар дар зери навозишҳо ва тарафгириҳои падар калон шуда буд, аз хурдӣ бачаи танбалу якрав ва гапнодаро шуд. Таъмини хонавода ба модар душворӣ мекард. Духтараш - Робия маҷбур шуд, ки мактабро партофта, ба модар мадад кунад. Саломат ҳамроҳи духтараш дар ҳавлиҳои мардуми дорои қишлоқи худашон ва ҳатто, ҳамсоядеҳаҳо рафта кор мекарданд. Пули ночизеро ба даст дароварда, бо як илоҷ зиндагониро пеш мебурданд. Шабона ҳар ду дар равшании чароғ ресмон ресида, ҷӯроб,  дастпӯшҳою нимтана мебофтанд ва бо нархи арзон мефурӯхтанд. Фарзанди хурди хона - Музаффар дар як ҳафта ду-се маротиба мактаб рафта, рӯзҳои дигар барои аробакашӣ бозор мебаромад. ӯ мехост ба модар ва хоҳараш кӯмак кунад. Самандари бепарво дар сар хаёли ба корҳои хона ёрӣ расонданро намекард. Модар ӯро ранҷонам, руҳи падараш ноором мешавад, гуфта, барои хондани ӯ тамоми шароитро муҳайё мекард, гарданшахиҳову эркагиҳои ӯро мебардошт. Саломат мехост орзуи шавҳараш - духтур шудани Самандар иҷобат гардад. Аммо писар ду сол ба донишгоҳи тиббӣ дохил шуда натавониста модари бечораро хун хӯронд. ҷавонзан на дар таом маза меёфту на дар хоби шабаш роҳат. Пайваста ғами писарро мехӯрд. Бар замми ҳамаи ин Самандар ҳамеша ба модар таъна мекард, ки ӯ пушту паноҳе надорад, ки барои донишҷӯ шудан ёрӣ расонад. Нолаву илтимосҳои модари бечора магар ба гӯши Худо расид, ки дар соли сеюм Самандар ба донишгоҳи тиббӣ дохил шуд. Барои таҳсил маблағи зиёд лозим буд ва ин маҷбур кард, ки Музаффар ба мактаб нарафта, бо аробакашӣ машғул шавад. Аҳли хонавода барои хуб хондани Самандар ба қадри имкон шароитҳои заруриро муҳайё мекарданд. Пиразан бо сари танҳо Робияро ба шавҳар дод, Самандарро хононд, хонадор намуд. Ба ӯ хона андохта, дар шифохонаи деҳа ба кор гузошт, Писари хурдиаш - Музаффарро низ оиладор кард...
- Модарчон, гузашта хоб кунед, - гуфтани Рухсора кампирро аз кӯчаю тангкӯчаҳои пурпечи хаёлот берун овард.
Момо бо ёрии келинаш ба рӯйи бистар гузашт. Модар гӯиё мурда буду хунук ношуда. Ҳеҷ чизро, ҳатто дарди пойи зарбхӯрдаашро, ки ҳар шаб азоб медод,  эҳсос намекард. Гӯё тамоми олами ҳастӣ ба қаъри замин нест шудааст. Пиразан худро дар оламе мепиндошт, ки гӯё ғайр аз торикиву сардӣ, чизи дигаре нест. Гуфтаҳои нахустфарзандаш: «ту девона шудаӣ», «ҳамон гаву буз, кучуку пишак ҳам, ба бачааш шир дода калон мекунад», «модари девонаат» паси гӯшаш садо медоданд. Ором, бесадо, беашк, беҳаракат мегирист модари пир. Аз сӯзи дил мегирист. Ба ҳоли худ, ба зиндагии хеш мегирист. Гиряи ӯро на касе медид ва на нафаре мешунид. Дар ин шаби зулмонии тор аз гиряи бесадои модари зор, тамоми замину осмон гиря намуд. Тамоми шаб раъду барқ деҳаро даме ором нагузошт. Саҳарӣ, чашми рӯз накафида, Музаффар аз хоб хест ва барои аробакашӣ роҳи шаҳрро гирифт. Пеш аз рафтан чун ҳарвақта дари хонаи модарашро кушода ҳолпурсӣ кард:
- Модарҷон, нағз хоб кардед?  Ман ба кор меравам. Худатонро эҳтиёт кунед.
Модар, ки ба девор такя карда нишаста буд, чун ҳарвақта «нағз рафта биё, писарам, Худо ёрат бошад» нагуфт. Ин сухане, ки ҳар пагоҳ ӯро рӯҳи тоза мебахшид ва мадору қуввати ҷон мегардид, баланд нашуд. Музаффар ба худ ларзид, баданашро сардие фаро гирифт ва аз дигар дарро кушода, ба модар хайр гуфт, аммо аз момо садое набаромад. Музаффар зуд вориди хона шуд ва назди модар омада бо овози ҳаяҷономез нидо дардод:
- Модарҷон!
Ранги паридаву ҷисми сарди момои Саломат чун муҷассамаи модари мотамсаро беҳаракат меистод. Музаффар модарашро ба канор гирифт ва бо овози баланд навҳаи ҷонгудоз кашид:
- Э, войи модари ҷафокашам!!!
Фаридуни ФАРҲОДЗОД.



 ТАЗОДИ ЗИНДАГЇ
Њикоя
Офтоб ѓуруб мекард. Домани шафаќ месўхт. Назди даромадгоњи базмгоњи «Садаф», ки дар маркази шањр љойгир буд, Саидбой даст пеши бар мењмононро ќабул мекард. Ў мучалгардони набреаи калонии худ - Сайёрабонуро љашн мегирифт. Дар ду тарафи кўча мошинњои гуногунтамѓаву гуногунранг меафзуд. Мењмонон пешу ќафо, бо тўњфањои гаронбањо вориди базмкада мешуданд. Тўй сар шуда буд. Аллакай як-ду мењони сархуш раќс њам мекарданд. Яке аз онњо Саидбойро, ки њамроњи зављааш - Настаринойтї мењмононро «хуш омад» мегуфт, ба давра мекашид. Саидбой бо ишораи «њозир» роњи халосї мељуст. Дуввумї раќскунон, аз киса панљњазорсўмињоро гирифта, болои соњибтўй мепошид. Пулњо шабењи кабўтарњо, дар фазо парвоз мекарданд ва поён фуруд меомаданд…
…Пирамарди кўзапуште асобадаст, сари кўча баромад. Зимистон, ки наздик аст, хост тарбуз харида хўрад. То соли дигар зинда аст ё не, Худо медонад. Ду-се рўз интизори нафаќааш шуд. Аз он дараке нашуду маљбур гардид, ки се њазор сўми пасандозашро гирифта, кўча барояд. Пирамард оњиста-оњиста роњ мегашт ва ќадамњояш ноустувору ларзон буданд. Бо азоб ба сари кўча расид. Фурўшанда љавони зардинарўй, дар њоле, ки харбуза мехўрд, аз пирамард пурсид:
- Тарбуз мехоњед, бобо?
- Ња, писарам.
- Чандто? –оби шоридаи харбузаро аз лабу лунљаш бо пушти даст пок кард фурўшанда.
- Якто. Чанд пул аст? - пирамард ноаён оби дањон фурў бурд.
- Аз панљ њазор сар мешавад то дањ њазор. Ўњу-ўњу-ўњу! - яќинан шарбати харбуза љавонро гулўгир карда буд.
- Эње, чаро ин ќадар нархаш гарон?
- Њозир чизи арзона худаш нест, бобо. Баъд мавсими тарбуз гузашт. Ин тарафаш зимистон. Барои њамин... - гўиё эзоњ дод љавон ва атрофиёнро ба тарбузхарї даъват кард.
- Яктояшро ба се њазор сўм дењ, - кисањояшро кофт пирамард.
- Шўхї мекунед, - писханд зад љавон. – Худам чорњазорсўмї харидаам. Кадом ањмаќ ба зиёни кисаи худ мефурўшад?
- Кори савоб мекунї, - пулро аз кисаи даруни пиљаки фарсудааш гирифт пирамард. – Ба одам савоб њам даркор.
- Ин бозори хайру саховат не, бобољон. Мо њам бо умед, як сўм ёбем, якамон ду шавад, гуфта кор мекунем. Дар як рўз ба чор-панљ нафар бо гуфти шумо савоб кунем, банкрот мешавем-ку, - оњанги гуфтори љавон мазоњомез буд.
- Набошад, якто тарбузро ду таќсим намуда, нисфашро дењ, - илтимос кард пирамард.
- Чї? - љавон ќоњ-ќоњ зада хандид. – Тасф кардед-чї, бобо. Нисфи дигарро чї мекунам? Ба гаву хар медињам магар?
- Хонаат мебарї
- Не бобољон, намешавад. Майлаш, тарбузи панљњазориро ба чор њазор сўм медињам. Лекин ба се њазор сўм наметавонам. Рост меомад, ба љону дил медодам. Чор њазор дињеду боз як дуо њам кунед, ана мешавад ин тарбуз моли шумо - тарбузи хурдакаки ноњамвореро ба даст гирифт љавон.
- Се њазор сўм пулам њаст охир, - дар зери лаб ѓурунгид пирамард ва ноумед баргашт…
…Офтоб нопадид гардид. Базми мучалгардон дар ављ буд. Дар дастархони тўёна ѓайр аз тухми анќову љони одам дигар њама хўрданї ба назар мерасид. Пешхизматњо баробари холї гардидани як табаќча, ба љояш зуд дигарашро мегузоштанд. Санъаткору раќќосањо навбат мепоиданд. Њамкасбу њамсояву њамсабаќу њамтабаќњо, хешу бегона, њама мераќсиданд, механдиданд, меболиданд... Саидбою Настаринойтї назди мењмонон мерафтанд ва њар замон ба раќќосањо њамроњ гардида, раќс мекарданд. Санъаткоре бо дархости Саидбой - Сайёрабонуро ба раќс таклиф кард. Духтарак бо ишваю ноз, солорона ба сањна баромад. Њама дар атрофи духтарак љамъ омаданд. Мењмонон аз љайби худ ќабза-ќабза пулро гирифта, болои сари духтарак мепошиданд. Бачањо дасту по зада, пул мечинданд... Духтарак бо сад ноз хиром мекард ва парвои пул надошт. Пулњо амсоли парњои гули ќоќу, ки аз боди ногањонї парешон гардида, дар фазо пар мекушояд, пош мехўрданд, парвоз мекарданд, мераќсиданд…
…пулњои панљњазорї
…пулњои њазорї
…Рўз торик шуд… Љавоне танњо дар мардикорбозор менишаст. Медонист, ки беваќтї касе ба мардикор намеояд. Вале, ба њар мошине, ки дар ин мавзеъ роњравии худро суст мекард, бо умед нигоњ меандохт. Суханони зављааш паси гўшаш садо медоданд: «Дар хона як дона нон монд. Дар бозгашт се- чорто нон биёред». Хотири љавон парешон буд. Ў шарм мекард, ки бо дасти холї баргардад. Меандешид, ки чї гуна ин масъаларо њал намояд? Аз дўкони њамсоя ќарз гирад? Соњибдўкон намедињад. Чунки ќарзашон зиёд аст. Дигар маѓозањо ба одами ношинос ќарз намедињанд. Ў аз нобарории рўз ва касодии кораш афсўс мехўрд. Ба таќдири бади хеш лаънат мехонд. Мошине намеистод ва њатто касе ба ў эътибор намедод. «Чї кор кунам? Беваќту бепул чї хел ба хона медароям?.. Ба саволи «Нон наовардед? Ман аз њамсоя дуто нон ќарз гирифтам, баргардондан даркор»-и занам чї љавоб медињам? Кош њазор сўм мебуд, дусад сўм насия карда, ду дона нон мегирифтам…», - аз дил мегузаронд љавон…
…Садои санъаткорон хонањои атрофро ба ларза меовард ва њаё- њуйи мењмонон базмгоњро гўиё метарконд. Духтари ягонаи Саидбой – Нигина, ки обистан буд, бо шиками таранг чунон арѓушт мерафт, ки модарарўсаш дилкаф мешуд: «њозир афтода ягон бало мешавад». Наварўси дуљон парвои њамли хеш надошту ба сабки мардона, боло - боло љаста, раќс мекард ва њар замон ду ангушташро дар дањон гузошта, њуштак мекашид. Дар њар гўшаи базмгоњ мењмонон мераќсиданд, мељастанд, пулпошї мекарданд. Нигина аз ин давра ба он давра ва аз он ба давраи дигар мерафт. Шоњдухтар аз њамён даста-даста пул гирифта, ба мењмонон дароз мекард. Нафаре ноз кунад, бо абрувони гирифта, дастак мезад ва ё ба њаво пош медод. Пули њамён тамом шавад, дарњол аз борхалтаи духтараке, ки яќин хоњарарўсаш аст, як даста пул гирифта, дар њамён мегузошт. Он духтарак борхалтаро бо ду даст мањкам дошта, соя барин аз ќафои Нигина мегашт. Писари Саидбой, падари Сайёрабону – Њомид маст буд. Рафторњои номуттаносиби мардона менамуд. Монанди љинси латиф даст ба њар сў ёзондаву китфонашро љунбонида, љилваву ноз мекард. Занњоро ба раќс мекашид, оѓўш мекард, дастаи пулро ба синабандаш тела медод, мебўсид ва њоказо… Баъзењо аз ў худро дур мегирифтанд, гурўње барои ќабзаи пул дар атрофаш парвона мешуданд. Бонувони нишаста, аз фурсат истифода бурда, борхалтањои худро оњистакаку ноаёнак аз нозу неъматњои дастархон пур мекарданд. Пулњо дар болои сари Саидбой, Настаринойтї, Њомид, Нигина ва Сайёрабону алвонљ мехўрданд, бозї мекарданд, зери по мешуданд…
…пулњои панљњазорї
…пулњои њазорї
…пулњои панљсадї...
…Поси шаб. Зане дар сари бистари духтарчаи бемораш нишаста буд. Лабони духтарак аз ѓояти таби баланд кафида буданду рангаш парида ва чашмонаш фурўрафта. Њарорати бемор баланд буду сулфа мезад ва садои баланди тўйхона духтаракро нороњат мекард. Зан њар замон докаро нам карда, ба пешонии духтарча мегузошт. Модар медид, ки вазъи кўдакро бо ин бењ карда наметавонад, аз љой хеста, бори дигар ќуттии доругузоракро дид. Дору набуд. Кисањои либосњоро кофт, аз њар гўшаи хона пул љустуљў намуд. Ѓайр аз дусад сўм дигар тине наёфт. «Ба 200 сўм чї медињад? Аќаллан як дона њабдоруи прастамол ва спирт мегирифтам, мерасид», аз дил гузаронд зан. Вай дар назди духтарча нишаст ва дастони ўро масњ кард. Духтарак базўр нафас мекашид. Аз димоѓаш нафас не, ангор оташ мебаромад. Модар чора мељуст. Фикр мекард. Ашк мерехт. Духтарчаро дилбардорї менамуд. Садои баланди савту мусиќї ва њаёоњуйи базмгоњ оромиро халалдор менамуд. Зан бархест ва ба кафшкан рафта, палтову сарбандии калонашро гирифт. Калўшњояшро пўшид ва оњиста аз хона баромад. Тез-тез роњ мегашт ва жарф-жарф нафас мекашид. Аз саросемагї љўроб напўшида буд, ки инро кўча баромада фањмид. Дуртар аз сурхона омада ист кард. Дудила мешуд, ки чї кор кунад? Равад ё наравад! «Дигар илољам нест» гуфту рўмоли сарашро поёнтар кашида, назди дари даромади базмгоњ омаду нишаст ва рўймолчаашро рўйи густурд.
Мењмонон як-як калавида-калавида берун мебаромаданд. Барояндагон то рафт кам мешуданду ѓалоѓулаи тўйхона паст… Онњо аз назди зан бепарвою беэътибор мегузаштанд, ангор ўро намедиданд. Зан ба рўмолчаи пешаш нигоњ карда, сархам, чун санги сари роњ меистод. Пойи мењмонон канда шуд. Зан ноумед гашту гиря кард. Бесадо мегирист, ки танњо китфонаш мељунбиданду чашмонаш ашк мерехтанд. Сипас, боз овози одамон баланд шуд. Пеш-пеш марди ќоматбаланде Њомидро кашола карда баровард. Баъд Саидбой, Настаринойтї, Сайёрабону ва чанд заифи дигар берун омаданд. Аз ќафо Нигинаи обистан писарчаеро кашола карда баромад. Вай аз дасти бача мањкам медошт. Кўдак сґйи зан нигоњкунон гузашта рафт ва бозистода, ќафо гашт.
- Куљо?! – дод зад Нигина.
Бача назди талбанда омада, аз љайбаш панљсад сўм бароварду болои рўмолча гузошт ва пеши модараш шитофт…
Фаридуни ФАРЊОДЗОД.




 ЧУН МОДАРКАЛОН ДАРГУЗАШТ
(Ҳикоя)
Шаби пурнози поизро шамоли сокине тароват мебахшид. Шатар-шутури баргҳои зардшуда, ки аз таъсири шамол мерақсиданд, наворо ҷаззобтар мекард. Ситораҳои дурахшон ва моҳтоби нурпош, чун гули сари сабади маҳфил, ҳусни шабро дигаргун менамуданд. Аз куҷое ҳангоси маркаб ба гӯш мерасид. Ин садои гӯшхарош нӯти зиёдатиеро мемонд, ки оҳанги ҳазину дилкаши фасли хазонрезро хароб мекард. Ҷавонмарде калавида-калавида бо роҳи калон ҷониби деҳа мерафт. Ҷавони миёнқад, ки таҷрибан бистусе-бистучаҳорсола буд, ҳар дам аз роҳ бозмеистод ва ба сӯйи осмон назаре меандохт. Жарф-жарф нафас мекашид, ки ангор ҳаво намерасидаш. Гоҳо фарёд мекашид: «Чаро?! Бигӯ чаро?!» Гӯши фалак кар буд. Дар ҷавоб танҳо садои шуввоси шамол, аккоси саг, ҳангоси хар ва хишир-хишири хазони зери пояшро мешунид…
Ин ҷавон писари Маҳбубаойтӣ Билол аст. Ҳамон Билоле, ки шаш сол муқаддам дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок карда, аз фанни иқтисод ҷойи якумро соҳиб гашт ва бидуни супоридани имтиҳон донишҷӯи мактаби олӣ гардид. Билоле, ки тарбияти хуби модаркалонро гирифтаву пиру барнои деҳа ҳурматаш мекарданд. Ҳамон Билол, ки ҳар як зан мехост чун ӯ писар дошта бошад. Модаркалон низ бо наберааш ифтихор мекард. Вай дар ҳар як ҷашну сур барҳақ сарбаланду бологузар гардида буд. Дар ҳаққи Билолаш суханҳои неки занони деҳаро шунида, дар курта намеғунҷид.  Билоли хуштарбият воқеан бачаи ситорагарм буд. Бо суханони ширин ба дилу мардум  тез роҳ меёфту дар дидаҳо ҷой мегирифт. Ӯ, аз он, ки ба номаш аз донишгоҳаш борҳо ташаккурномаву ифтихорнома омада буд, ҳавобаландӣ намекард, вақти таътил бачаҳои илмдӯсти деҳаро мадад мекард.
Пас аз вафоти модаркалон Маҳбуба аз сафари дуру дароз баргашт. Писар медид, ки модар дар давоми маъракаҳои модаркалони раҳматӣ пеши аҳли деҳа аз  ин хонаву дари камназиру аз писари соҳибмаълумоти худ ифтихор мекард. Чаро кибру ғурур накунад, ки ин ҳама маҳсули заҳматҳои кашидаи ӯву ҳамсари раҳматиаш дар ғурбат аст. Барои ояндаи писари ягонааш кам меҳнат накардааст.
Аммо аз назари Билол бо даргузашти модаркалон шаҳсутуни хонадон фурӯ рафт, фарру файзи ин манзил парид... Эҳсос мекард, ки дигар нерӯе нест, ки ӯро дар ин манзил нигоҳ дорад. Оҳ, чӣ қадар орзу дошт. Мехост, ки дар деҳа монад, қуввати дили бибии пираш бошад, бо овардани арӯсе, ки тамоми нозу нузи пиразанро бардошта тавонад, ҳам худу ҳам азизи умрашро хушнуд гардонад. Бале, модаркалон ягона касе буд, ки нозашро мебардошт, азизаш медошт... Ӯ буд, ки ин ҳавлӣ барои бача биҳиштеро мемонд.
Билол оҳиста-оҳиста қадам мезад. Ҳар дам қарор гирифта, дилашро медошту ба осмон менигаристу саволҳои «Чаро? Барои чӣ? Аз чӣ сабаб?»-ро такрор мекард. Садояш гиряолуд буд. Магар аз сардии ҳаво ашкҳо андаруни хонаи чашм ях баста буданд, ки бурун намеомаданд. Ӯ мехост, ки дуртар аз деҳа рафта, баланд-баланд фарёд занад ва фикру хаёли талху ширинашро аз сар дур созад…  Ӯ дар дуроҳае бозистод ва ба ҷояш нишаст. Ба осмон нигарист. Дар байни ӯ ва ҷисмҳои осмонӣ суҳбати ноаёне, бо забони безабонӣ  ба миён омад. Пас аз чанд лаҳза бархест ва сӯи ҳавлиашон, ки дорои иморати боҳашамати дуошёнаи  замонавӣ буд, тоб хӯрд. Ҷавон дар ин ҳавлӣ ҳамроҳи модар зиндагӣ мекард. Падар, ки ҳанӣз пеш аз ба дунё омадани ӯ барои кор ба Амрико рафта буд, панҷ сол қабл дар садамаи нақлиёт даргузашт. Писар, ки чанд расми падарашро дида буду халос, рӯзи ба хок супоридани ӯ натавонист қатрае ашк резад. Албатта, дар дил аламҳои зиёд дошт, мебоист барои орзуҳои ношикастааш, барои дидори бар қиёматмонда, барои рӯъёҳое, ки аз нақлу афсонаҳои модаркалон дар зеҳнаш падид меомаданд, оби дида мерехт… Аммо он рӯз ҳеҷ натавонист буғзи дилашро кафонад.
Билол дари хонаро кушода, хастаҳолона овоз дод:
– Ман омадам, бийӣ.
– Чаро дер кардӣ, писарам? Хавотир шудам,– модар аз ҷойи хоб нимхез шуда буд.
– Барои чӣ? Ман кӯдак ҳастам, ки хавотир мешавед? Тавба...
– Дили модарро аз куҷо донӣ...Охир, ту ягона давомдиҳандаи ҳаёти ману падари раҳматиат ҳастӣ, - пушт ба девор гардонда, амонат такя намуд ӯ. Хона торик буд ва равшании чароғи айвон имкон намедод, ки модар чеҳраи Билолро бинад.
– Агар бегонае ин суханҳоро шунавад, фикр мекард, ки чӣ хел модари меҳрубон? – эрод гирифт Билол,– Хоби хуш!
Писар сӯйи хонаи дигар рӯй овард. Чашмони модар об гирифтанд.
 – Туро Маъруф - писари Солеҳи шофёр пурсид, – овози модар оҳанги ҳузн мекард.
– Хай, нағз.
– Магар боз меравӣ?
– Ҳа! Боз меравам!.. Меравам!..– фарёд зад Билол,– Норафта чӣ кор кунам? Хонаҳои боҳашамати шуморо посбонӣ карда шинам?– Билол пеши дари хонаи  модар омад,– Гап занед, чӣ кор кунам?! Аз ман чӣ мехоҳед?!
– Ба ман дод назан, ба ҳар ҳол модаратам, бегонае не!– овози модар як парда баланд шуд.
– Медонам… Аммо гӯед, ки ба шаҳр нарафта, дар деҳа чӣ кор кунам?
Ашк пеши дидагони Маҳбубаро гирифт ва бо як мижа таҳ кардан марҷонвор поён рехта.
– Маро парастор мешавӣ...
– ...?
– Фаромуш накун, ки ин вазифаи фарзандии туст.
Билол хандид. Хандаи истеҳзоомези аз ҷавшани ҷони модар гузашт. Дар баданаш мурғак дамиду дастонаш  ларзиданд. Вай ҳайратзада сӯйи писараш нигоҳ кард. Билол  бо ду даст синаашро дошта, механдид ё гиря мекард, аён набуд. Ашкҳо чун қатраҳои борони поиз  поён меомаданд. Танаш вазнин гардида, пойҳояш бемадор мешуданд магар, ки ба дари хона такязанон нишаст. Он салобати мардонаи Билол куҷо шуд? Ӯ кӯдакеро мемонд, ки барои баровардани ниёзҳояш ғаш мекунад...
– Дуруст! Ба шумо нигоҳ кардан вазифаам. Шуморо парасторӣ намудан, қарзи фарзандии ман аст. Аммо гӯед, ки шумо ҳамчун модар чӣ вазифа доштед? Барои ман, писари ягонаи худ, дилбанду ҷигарбанди худ, чӣ хизмат кардед?! Кадом вазифаи модарии хешро иҷро кардед?!– саволборон мекард Билол. Маҳбуба аз ин суханон, ки интизор набуд, дар ҳайрат меафтод.
– Чӣ кор кардед?! Гӯед!.. Ҳамон падаре, ки маро давомдиҳандаи умри хеш медонист ва ман ақаллан боре надидааму танҳо бо аксҳояш суҳбат намудаам, чӣ кор кард?! Гӯед, бийиҷон! Чаро хомӯш меистед? Гап занед?!
– Ин тавр нагӯ, писарам. Руҳи падари раҳматиат нороҳат мешавад,– гирякунон гуфт модар ва ашкони чашмашро бо бурҷи сарбандаш тоза кард.– Ҳар коре кардем, танҳо барои беҳбудии ояндаи ту буд. Маҳз барои хушбахтиат ҳаракат кардем.
– Барои беҳбудии ман… Баҳри беҳтар кардани ҳаётам кардед? Бубахшед… Бубахшед, ки надонистаам,–  Билол сар ҷунбонда дастонашро болои синааш гузошт,– Ин суханонатон афсонаҳои модаркалонамро ба хотирам овард, ки ҳар шаб бароям мегуфтанд. Мегуфтанд, ки волидонам барои ман қаср месозанд, ояндаамро таъмин мекунанд, бо ҳамин мақсад ғурбатро ихтиёр кардаанд. Рӯзе мерасад, ки мо дар ин хонадон зиндагии якҷоя оғоз мекунем. Аммо барои ман кушке лозим набуд. Мехостам, ки дар ҳавливу дари хоксоронаамон ҳамроҳи падару модарам, ҳамроҳи додару хоҳарам зиндагӣ кунем. Ҳа, дили ман додару хоҳар мехост. Чӣ қадарҳо орзу доштам, ки падар маро сари китфонаш бардорад, рӯзона ин ҳавлиро овози хушҳолиҳои бачаҳо пур кунад, бегоҳиҳо сари болинам модар алла гӯяд. Аммо бачагиву наврасиҳои ман дар миёни чор девори пур аз ҳузну сукут гузашт. Ман ҳамеша бачаи боадаб гапгири деҳаву мактаб будам. Пеши касе, агарчи маро озор дода бошад, аз бинӣ боло гап зада наметавонистам, чун пушту паноҳе надоштам. Меҳру муҳаббатро дар дили инсон бо пулу пайса ба вуҷуд оварда намешавад, бийӣ!
– Ман мехостам, ки бароят беҳтарин зиндагиро фароҳам созам, ҷони бийӣ...
– Оё шумо медонистед, ки барои ман чӣ беҳтар буд? Боре пурсидед, ки бароям чӣ кунед, хушнуд мешавам? На! Напурсидаед? Фақат мепурсидед, ки пулат ҳаст ё не?.. Ба мани кӯдак пул чӣ қадре дошт? Дар шашмоҳагӣ маро ба модаркалонам гузошта рафтед. Фикр накардед, ки ин кӯдак асту эҳтиёҷ ба шири модар дорад.  Барои шумо ва падарам танҳо пул лозим буд. Мехостед, давлат ҷамъ кунед, бой шавед, то дигарон ба рахту бахти шумо ҳавас кунанд. Хушбахтиро танҳо дар пул медидед.
– Ин тавр не, писарҷон …– аранг забон кушод модар.
– Модар, хоҳиш мекунам, гапамро набуред! Ҳеҷ набошад, боре ба сухани дилам гӯш кунед, бисёр не, як бор… Шумо, ҳатто, намедонед, ки аввалин калимае, ки ба забон овардам «оча» буд ё «додо»? Намедонед, ки қадами нахустинамро дар чандмоҳагӣ гузоштаму дандони аввалинам кай баромад... Чунки он вақт шумо фақат дар ғами ҷамъ овардани маблағ будед ва аз садои шараққосии доллар лаззат мебурдед. Ҳушу ёдатон бо ҷамъ намудани молу дунё банд буд… Чун дирӯз дар хотир дорам. Рӯзи нахустини мактаб буд. Либоси тозаамро пӯшида, дуои бибиҷонамро гирифтам ва сӯйи мактаб шитофтам. Бачаҳо бо дастаҳои гул ҳамроҳи падару модарашон мерафтанд. Хурсандии онҳо ҳадду канор надошт. Ҳамон вақт дилам бар ҳолам сӯхт ва худро чун инсони нолозим эҳсос кардам. Дилам захмӣ шуда буд он рӯз.
Модар бо овоз гиря кард.
– Чаро мегирйед? Гиристан ҳаққи ман аст, бийиӣон. Бигӯед, ки дар муддати шонздаҳ сол, ки дур аз мо будед, чанд маротиба, ҳамин писари яккаву ягонаи худро, бо зодрӯзаш табрик кардед? Намедонед! Чунки як бор ҳам табрик накардаед!.. Рӯзе телефон кардед. Ҳамон рӯз аз фанни математика се дона баҳои панҷ ва аз кори хаттии забони модарӣ низ баҳои аъло гирифта будам. Вақти суҳбат аз модаркалонам хостам, ки ба шумо инро гӯям, то аз чунин писари аълохон доштанатон фахр созед. Модаркалонам хоҳишамро гуфтанд ва шумо дар ҷавоб «камтар хаста шудам, дигар вақт гап мезанам. Бар замми ин пули телефон кам аст…» гуфтед ва телефонро хомӯш кардед. Модаркалонам бардурӯғ «Э, ба телефони биет чӣ шуд? Магар қувваташ тамом шуд… Вай бо ту гап мезанам гуфта буд. Афсӯс...»– гуфтанд. Ман суханони шуморо шунида будам ва дурӯғи бибиҷонамро пай бурда будам. Лекин барои хотирҷамъ намудани модаркалонам, «ҳеҷ гап не, бибиҷон. Дигар вақт суҳбат мекунем. Мехостам, гӯям, ки он касро дӯст медорам», гуфтам... Акнун гӯед, ки ин «меҳрубониҳо», «дилсӯзиҳо» ва «ғамхориҳо»-ро чӣ  тавр фаромӯш кунам? Ман низ мехоҳам, ки тамоми инҳо хоб бошад. Як хоби ваҳмноку даҳшатангез. Мехостам, ки ҳамеша дар паҳлӯям бошед ва ман дар сари зонуятон сарамро гузораму онро навозиш кунед. Мехостам ба хона баргардед ва чун оилаҳои дигар аҳлу осоишта, бо ҳам, якдилу муттаҳид зиндагӣ кунем... То ҳол он рӯзҳо фаромӯш намешаванд… Чун муҳри ғуломӣ ба дилам нақш бастаанду монанди захми носуре танамро азият медиҳанд…
Модару писар дар гиря ҳамовоз мешуданд. Ашкҳо чун донаҳои борон фуруд меомаданд. Зан пеши фарзанд худро нотавону афсурда,  дилгиру пиртар эҳсос мекард.
– Ман туро мефаҳмам, аммо ту ҳам маро бояд фаҳмӣ... Охир, барои ояндаи ту талош мекардам, бачам... 
– Мегӯед, ки барои беҳбудии ту кор кардем. Ҳар гоҳе, ки модаркалонам аз пулҳои фиристодаатон медоданд, намегирифтам. Чунки онҳо барои ман пулҳои шахсони бегона метофтанд. Маблағи одамоне буданд, ки ба зару сарвату мулк меҳр бастаанду барои онҳо одаму одамгарӣ, меҳру муҳаббат дуввумдараҷаву саввумдараҷа буд,– дар ҷои нишаст Билол якпаҳлу гардида, дастрӯмолашро гирифт ва бини афшонд,– бачагиам андаруни ранҷҳо, озорҳо, аламҳо, ноумедиҳо, табоҳиҳо, дилсардиҳо гузашт ва аз ин замони умр хотираи ширине нест, ки ба ёд ораму хурсанд шавам. Не-не, як хотираи хуше дорам. Ин ҳамон афсонаҳои модаркалонам мебошанд, ки ҳар шаб мегуфтанд. Маҳз ҳамон афсонаҳои бибиҷонам маро ҳаёт омӯхтанд, неку бадро шиносонданд, дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ чун чароғи раҳнамо хизмат карданд. Насиҳатҳо ва қаҳрамонҳои афсонаҳояшон маро умед бахшиданд, диламро ба ҳаёт гарм карданд, орзу парвариданро омӯхтанд… Раҳматӣ ҳамеша мегуфтанд, ки «Бачам, бисёртар китоб хон, худро шинос, пайрави ҳар касу нокас нашав. Орзу дорам, ки дар ҳаёт одами нағз шавӣ, ҳар доим некӯӣ кунӣ. Дар зиндагӣ аз одам фақат накӯкорӣ мемонад. Агар ту инсони хуб гардӣ, ба рӯят тамоми дарҳои беҳтарини зиндагӣ боз мешаванд». Ман мекӯшидам, ки бо насиҳатҳои эшон роҳи дурустро ёбам. Ба назарам андаке муваффақ ҳам шудам...
– Дар ин миён мани бадбахт саҳме надоштам?
– Не, чаро саҳм надошта бошед?– оҳанги гуфтор дигар намуд Билол,–  Бо пул таъмин карданатонро фаромӯш мекунам. Ба қавли шумо, “чизи аз ҳама муҳим” аз ёд мебарояд магар?
Дасту пойи Маҳбубахола меларзид ва тамоми баданашро арақи сард фаро гирифта буд. Ду пояшро ғунча карда, сарашро болои онҳо гузошт ва болопӯшро наздиктар кашид. Муддате дар миён сукути вазнине ҳукмфармоӣ мекард. Билол мисли ҳайкали шахшуда назди дари хона менишаст ва нигоҳашро аз чилчароғи булурии айвон намеканд. Э кош, булури дилҳо дарз намеёфтанд, чароғи дилҳо ҳам ҳамчунин фурӯзон мебуданд.
Писар боз чанде ҳамон сон нишаст ва бо овози дупарда зери лаб гуфт:
– Ман навозишҳои модаронаи шуморо, соябон гардидани падарамро мехостам.  Хаёлан худро дар каноратон эҳсос мекардам, навозишҳои шуморо тасаввур менамудам, суруди аллаатонро мешунидам. Ҳамаи ин дар олами рӯъёи ман буданд. Дар асл шумо аз ману эҳсосоти қалбии ман ҳазорҳо фарсах дур будед… Шояд ман ҳарфи нодуруст мезанам, хато мекунам. Балки гуфтаҳоям ба синну сол намезебад. Аммо бояд донед, ки дилам аз ғаму аламҳо саршор аст. Ман бисёр фикр кардам, ки ин ҳамаро ба шумо гӯям ё дар дилам нигоҳ дорам. Дар охир қарор кардам, ки мегӯям. Имрӯз барои пайдо кардани ҷуръат бори аввал нӯшидам... Хайр, хоб кунед. Ман ҳам дам гирам. Шаб кайҳо аз ним гузаштааст, ба соати девор нигоҳе афканд ӯ.
Аммо то субҳ чароғҳо гирон буданд. Субҳдам садои сигнали мошин шунида шуд ва пас аз андак овози Солеҳшофёр ба гӯш расид:
–Билол!  Маҳбубаойтӣ… Кӣ ҳаст?
Билол назди дарвоза ба шофёр “ҳозир, як лаҳза” гуфта пас гашт. Аз киса коғази чорқатеро гирифту сари болини модар гузошт ва баҷабинаш бӯсае заду берун баромад. Чун садои ҳаракати мошин шунида шуд, модар аз ҷой хест. Зери лаб пичирросзанон ба дӯлча об гирифт ва ба кӯча баромад. Мошин аз бари тӯдаи хишту симони ҳамсоя, ки иморати замонавӣ меандохт, боэҳтиёт мегузашт.  Чанги сабуке ба фазо хеста буд. Модар сатили обро аз паси мошин пошид ва каф ба рӯй кашид. Гарди роҳ аллакай нишаставу мошин ба гардиш тоб хӯрда буд.
Модар ашкҳояшро бо остин тозакунон ба хонаи хобаш даромад ва баргаи гузоштаи писарашро ба даст гирифт.  “Модарҷон, ман ҳатман бозмегардам. Саъй мекунам, ки гузаштаро чун хоби ваҳмноке фаромӯш созам. Шумо низ ин рӯзро фаромӯш кунед. Мехоҳам, ки фарзандонам аз афсонаҳои бибиҷони худ дарси зиндагӣ гиранд, дар дилашнон тухми меҳру муҳаббат ва одаму одамгарӣ нумӯъ кунад. Агар шуморо ранҷонида бошам, бубахшед, модарҷон. Писаратон Билол» навишта буд ҷигарбандаш.
Модар оҳи сабуке кашид ва ба акси кӯдакии Билолаш, ки рӯйи миз андаке уреб гузошта буд, чашм дӯхт. “Чӣ сурати зебое дорад ин пораи меҳр…”,– аз дил гузаронид ӯ.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД.




«ХОНАИ МЕҲРУБОНӢ»
(   Ҳикоя   )
Насими фараҳфизои пойиз чун дӯсти содиқу вафодор мардуми дар кору бори зиндагӣ кӯфташударо аз оғози шоми нав паём мерасонд. Паррандагон ба лонаҳои хеш мешитофтанд. Аз само садои турнаҳо ба гӯш мерасид, ки яқин ба манзили гармтаре парвоз мекарданд. Ҳар рӯз дар ин вақту соатҳо ошхонаи хонаи меҳрубонии шаҳр бозорро мемонд. Тарбиятгирандагон бо шӯру ғавғо хӯроки шом мехӯрданд. Яке бо дигаре баланд ҳарф мегуфт, дигаре қоҳ-қоҳ механдид, бархеҳо гиря ҳам мекарданд… Кӯдаконе, ки дар синну сол, миллату мазҳаб, хӯю рафтор аз ҳам тафовут доштанд, айни замон байни онҳо умумияте буд: ҳама ятим буданд. Кӯдакон одатан дар атрофи мизи таомхӯрӣ аз рӯйи тартиби синну сол менишастанд. Озар ном писарбачае, ки тақрибан даҳсола буд,  саросемавор, ҳаросону шитобон таом мехӯрд. Ангор коре дошту барои қафо намондан ё иҷро намудан мешитобад. Ин бача, ки мӯйҳои сиёҳи дарози ҷингила, абрӯвони ғафс ва чашмони калон-калон дошт, хӯрокро аз дигарон пештар хӯрда, мувофиқи тартиб косаву табақчаашро ба даст гирифт ва назди хоначае рафт, ки зарфҳоро мешустанд. Дар назди тирезаи хонача зане менишаст, ки халтаи пуркоҳро мемонд. Аз ғояти фарбеҳӣ аранг аз ҷой меҷунбид.  Тарбиягирандагони маскан ин зани бадқаҳру забондарозро, ки сару гарданаш ба ҳам пайваст шуда буд, «бегимотхола» меномиданд. Озар табақчаҳоро назди зан гузошта, майли рафтан намуд, вале фикру ба сараш омаду қафо гашт.
- Холаҷон, Носир бемор аст.
- Ман чӣ кунам?– дод зад зан зарфҳоро як сӯ гузошта. - Бемор бошад, ба духтур гӯй. Ба ман чаро мегӯӣ?
- Шиками ӯ гушна аст, - сари мақсад омад Озар.
- Ба ман чӣ? Гушна бошад, омада хӯрокашро хӯрад.
- Бемор аст. Аз ин рӯ омада натавонист.
- Ин масъала ба ман дахл надорад. Омада натавонад, гушна шинад, - зан дар даҳон чизеро кафш мезад. - Ба вай хӯрок бурда додан вазифаи ман не. Дар ин ҷо садто ятимча бошад, ман қафо-қафои онҳо хӯрок хӯронда намегардам-ку!
- Не, холаҷон. Шумо хӯрок набаред. Ба ман диҳед, худам мебарам, - илтиҷоомез гуфт Озар.
- Чӣ? Худат мебарӣ? Магар ту хобгоҳро мушхона кардан мехоҳӣ? – садо баланд кард зан.
Бачагон ба чунин доду мағалҳои «бегимотхола», ки қариб ҳар рӯз ба миён меомад, одат карда буданд. Ҳама бо мақсади донистани ҳарифе, ки ин дафъа дар зери санги маломати ӯ мондааст, сар боло карданд. – Ту тирмизаки сағира намедонӣ, ки ба бӯйи нону хӯрок мушу нонхӯраку ҳар хел ҳашарот пайдо мешавад?! – ҳамоно пасту баланд мегуфт «тӯрбаи пуркоҳ». - Ятиме, ки аслу насаби худро, ки аз куҷост, намедонад, инро аз куҷо донад! Тез дафъ шав, ки афтатро набинам, - ба сари Озар дод зад «бегимотхола». Ду лунҷи рӯйи ӯ баробари ҳарфгӯйӣ болову поён мешуданд, ки хандаи бинандаро меовард.
- Меҳрихола ҳеҷ гоҳ «не» намегуфтанд, - Озар оташин шуда, номи ошпази авваларо ба забон овард.
- Чӣ? – сари худро аз тирезаи хонача берун кард зан. Агар ҷуссаи хурдтар медошт, аҷаб набуд, ки берун омада, писаракро мекӯфт. - Чӣ мегӯӣ?
- Меҳрихоларо мегӯям, - бо овози баланд такрор намуд Озар, ки дар чашмонаш ашк ҳалқа зада буд.
- Рав назди Меҳрихолаат. Вай меҳрубон бошад, рав! Ба ту хӯрок диҳад. Меҳрубонӣ кунад. Носирчаатро ҳам гирифта рав. Аслан ба шумо ятимчаҳои худозада нағзӣ кардан хатост, - суханҳо аз даҳони зан тирвор берун меомаданд. - Тез аз назарам нест шав, ки ҳозир зада майда-майда мекунам. Дафъ шав!
Озар ноумед сӯйи хобгоҳ шитофт. Носир дар даруни обу оташ месӯхт. Таб мекард. Рӯзи сеюм буд, ки ҳарорати баданаш паст намегардид. Духтури сағирахона чанд ҳабдору дод, аммо нафъ накард. Писарак, ки дар синну сол баробари Озар менамуд, якзайл нола мекард. Озар аз баландии таби дӯсташ меҳаросид. Чунки дар ин маскан Носир наздиктарин инсон, дӯсту бародари ӯ буд. Онҳо доимо якҷоя мегаштанд, ҳамроҳ бозӣ мекарданд, ба ҳам роз мегуфтанд. Ҳатто шаб паҳлӯи ҳам мехобиданд. Озар метарсид, ки аз дӯсти беҳтарини худ ҷудо гардад. Ӯ дастрӯмолро нам карда, дар пешонии Носир мегузошт. Дасту поҳои ӯро масҳ менамуд. Ба дӯсташ латифаҳо мегуфт, саргузаштҳои ҷолибу рангинашро нақл мекард. Мехост, ки Носир саргарми сӯҳбат гардида, даме бошад ҳам, дардро фаромӯш кунад…
Шаб аз нисф гузашта буд. Ҳама масти хоб. Яке худ ба худ гап мезад, дигаре хуррок мекашид, саввумӣ аз ҷой хеста, рӯ-рӯйи хона мегашт ва боз рӯйи кат рафта, хоб мекард... Носир аз зӯри дарду баландии ҳарорат шабеҳи море, ки даруни оташ партофта бошанд, дар худ мепечид. Нола мекард. Ғайр аз Озар нафари дигаре набуд, ки имдодгари ӯ гардад. Як қадам аз сари Носир дур намерафт.
- Очаҷон… - нола кард писарак.
- Чӣ хел очаҷон? – болопӯши Носирро дуруст кард Озар. - Очаҷони мо нест. Падарамон ҳам, модарамон ҳам давлат аст, дӯстам, давлат, - оҳи бадарде кашид Озар.
Беҳузур гардидани дӯсташро дида, хост аз ҷевон дору гирифта диҳад.
- Доруро дар куҷо гузоштӣ? – пурсид дар ҳоле, ки ҷевонро тагу рӯ мекард.
- Тамом шуд…
- Тамом шуд! Чаро барвақттар нагуфтӣ, аз духтур боз мегирифтем. Намедонам чӣ хел бачаӣ? Гард таом хӯр гуфтам, нарафтӣ. Шикамат ҳам гушна. Ягон чиз биёрам?
- Не… Намехӯрам… Иштаҳа надорам…
- Чизе нахӯрӣ, чӣ тавр сиҳат мешавӣ, дӯстам? - лабони парсинбасатаи Носирро тар кард ва матои пешониашро аз дигар нам карда, гузошт. –Ман ошхона рафта, ягон чиз меорам.
- Беҳуда нарав... Ин вақт… ошхона пӯшида аст... Аз куҷо… хӯрок меорӣ?.. - аранг ҳарф мезад Носир.
- Шояд кушода бошад, - гуфт Озар ва пас аз лаҳзае бо дасти холӣ баргашт.
- Ошхонаро қулф задаанд.
- Озар, - якка-якка нафас мегирифт писарак.
- Лаббай! Чӣ мегӯйӣ, дӯстам?
- Ман хунук мехӯрам… Баданам сард мешавад...
- Ҳозир, - гуфт Озар ва болопӯши худро дар болои Носир паҳн кард. Писарак чун дарахти шохаҳояш яхбаста, ки аз шамоли сахт шох ба шох мезанад, дандон ба дандон мезад.
«Чӣ кунам? Нигоҳ карда шинам, аз дӯстам ҷудо шуданам мумкин. Аз навбатчӣ мадад пурсам, «дар бевақтӣ ман чӣ мекунам, то субҳ сабр кунад» мегӯяд, аз дил гузаронд Озар. Бархоста назди кати хоб рафт ва аз зери болинаш пул гирифт. Ҳамон пулеро, ки чанд рӯз пеш як роҳгузар дода буд.
- Дӯстам, ту андак сабр кун, ман ҳозир бармегардам.
- Куҷо меравӣ?
- Зуд бозмегардам, - гуфт Озар ва бо либоси хоб дар пой шиппак берун рафт. Фикр мекард, ки аз назди дарбон чӣ тавр гузарад. Бахташ тофт магар, ки навбатчӣ дар ҷойи худ набуд. Писарак дарро оҳиста кушоданӣ шуд, маҳкам будааст. Пеши тиреза рафта, як табақи онро кушоду берун ҷаст. Ҳаво сард буд. Шамоли хунуки поиз ба сару рӯйи Озар, ки дар тан либоси тунук дошт, неш мезад. Писарак зуд қафои бино гузашт ва ба ҷонибе давид, ки бачагон як оҳани панҷарадеворро барои гурез калонтар карда буданд. Аз ҳавлии ятимхона берун баромада, сӯйи кӯчаи калон шитофт. Пулро маҳкам медошт. Метарсид, ки онро афтонда, бепул монад. Озар барои зудтар ба дорухона расидан, қад-қади роҳи калон медавид. Роҳгузару ронандагон ба сару либоси писарак бо тааҷҷуб назар мекарданд. Беморе мепиндоштанд, ки аз девонахона гурехтааст. Озар ду дорухонаро маҳкам ёфт. Лаҳзае қарор намегирифт. Шитоб мекард. Шамоли фасли хазон баргҳои ноумеди аз дарахтон поёномадаро, дар ҳар гӯша ҷамъ менамуд. Ду паҳлӯи панҷараи мобайни роҳ анбӯҳ-анбӯҳ баргҳои рангаш заъфарон пайдо шуда буданд, ки дар зери равшании чароғҳои канори роҳ теппаҳои тиллоиро мемонданд. Озар назди дорухонаи дигар омад, ки боз буд. Ӯро марди қоматбаланди қоқина, ки мӯйҳои зард дошт, пешвоз гирифт.
- Ассалом, амак.
- Салом, - бо маънои чӣ хизмат нигоҳ кард мард.
- Ба ман… спирт ва ягон ҳабдору лозим… барои таби баланд, - бо як даст қафаси синаи худро дошта, тез-тез нафас мекашид Озар.
- Барои кӣ?
- Ба дӯстам Носир.
- Чандсола аст?
- Даҳсола.
Мард спирт ва ҳабдоруеро ба коғазхалта андохта, пеши оина гузошт:
- Се ҳазор сӯм мешавад.
- Амакҷон ман фақат ҳазор сӯм дорам, - ҳазорсӯмаи ғижимшударо дароз кард Озар.
- Чӣ? – бо шигифт ба пул нигоҳ кард доруфурӯш. – Не ука, ҳазор сӯм намешавад, - доруҳоро бозгирифт.
Озар бо сари хаму дили навмед қафо гашт ва боз аз пайи ҷустуҷӯи дорухона шуд. Ӯ аз чанд дорухонаи дигар бо дасти холиву сари хам берун омад. Аммо лаҳзае ором нагирифта, медавид. Аз ятимхона хеле дур рафта буд. Дона-дона борон сар кард. Озар ба дорухонаи дигар расид ва дар дил ҳазор умед, ки боз бо дасти тиҳӣ набарояд, дохили он шуд.
- Салом амак, - ба ҷавоне, ки машғули китобхонӣ буду омадани ӯро нафаҳмида монд, муроҷиат кард. Ҷавон алек гирифта, ба саропои Озар, ки арақшор буд, дида давонд.
- Ҳа додар, чӣ гап? Чӣ шуд? – суоломез пурсид ҷавон ва ба берун нигоҳ кард, ки боз касе ҳаст ё не.
- Ҳеҷ гап не… - чун нафаре, ки аз саг гурехтааст, тез-тез, нафас мекашид Озар.
- Магар касе аз қафоят сур мекунад?
- Не, амак! Дӯстам бемор аст, - роҳи нафасашро чизе маҳкам кард. - Ман ба дору омадам. Ба вай зуд дору бурданам даркор, - овози писарак меларзид.
- Чӣ гуна дору?
- Амакҷон, ман буду шуд ҳазор сӯм пул дорам, - дар чашмони писарак ашк ҳалқа зад. - Дӯстам таб дорад… Шикамаш гушна... Хунук мехӯрам мегӯяд… Аҳволи ӯ вазнин аст… Ман ба дӯстам кӯмак накунам, намешавад… - канда-канда ҳарф мегуфт писарак ва чанд қатраи ашк аз дидагонаш поён омаданд. - Илтимос амакҷон… ба ҳазор сӯм дору диҳед. Ман зуд баргаштанам лозим... Набошад… дӯстам мемирад, - бо қафои даст ашкашро тоза кард.
- Дӯстат чандсола аст?
- Аз ман як сол хурд аст, - сари хами худро боло кард Озар, ки дар чашмонаш шарораи умед барқ заданд. - Даҳсола аст.
Ҷавон спирт ва тарзи истеъмоли чанд ҳабдоруву доругии моеъро фаҳмонда, онҳоро дар коғазхалта андохт ва ба Озар дароз кард. Писарак ҳазор сӯмро болои пештахта гузошт.
- Пулатро гир, ҷӯраҷон. Дӯстат сиҳат гардад, ҳамроҳ яхмос харида мехӯред, - хандида гуфт ҷавон. 
- Раҳмат, амакҷон, саломат бошед – дар лабони хушкидаи писарак ханда пайдо шуд.
- Ба дӯстат ин дорувориҳоро диҳӣ, тез сиҳат мешавад, - гуфт ҷавон. - Акнун назди дӯстат шитоб.
Озар берун баромада, сӯйи сағирахона давид. Борон гӯиё обе буд, ки аз ширполо мерехт. Шиппакҳои резинӣ барои тез ҳаракат кардани писарак монеъ мешуданд. Аз ин рӯ онҳоро ба як даст гирифту бо дасти дигар коғазхалтаи дорувориҳоро маҳкам дошта, пеш давид. Лаҳзае қарор нагирифта, ба чорроҳаи қарибии ятимхона расид. Ранги сабзи чароғаки роҳ фурӯзон буд. Писарак бо хаёли «зудтар ба назди дӯстам равам» ин сӯву он сӯ нигоҳ накарда, бошитоб аз роҳ мегузашт, ки садои гудоки мошин баланд шуд ва пас аз андак овози гӯшхароши чархҳои он дар фазо паҳн гардид. Аз садои исти мошин, ки бо суръати тез меомад, баргтӯдаҳои тиллоранги паҳлӯи роҳ шабеҳи селаи кабӯтарон, ки аз овози ногаҳонии тири сайёд рамидаанд, ба фазо пар кушоданд. Масофаи байни Озар ва мошин чанд ангушт буду халос. Ӯ чашм наканда, ҳайкалвор рост меистод. На пеш роҳ гаштанро медонисту на қафо рафтанро. Коғазхалтаи доруворӣ ва шиппакҳо ба рӯйи замин афтода буд. Марди чорпаҳлӯи шикамкалон аз мошин поён омада, сӯйи Озар даст меафшонд ва ҳар сухане, ки ба забонаш меомад, мегуфт. Писарак суханеро намешунид. Ҳамоно дар гӯшҳояш садои чархҳои мошин садо медоданд. Ӯ сангвор, ноҷунбон меистод. Мард бо панҷаи гиро аз дастони хароби Озар дошта, ба паҳлӯи роҳ кашола кард. Ронандагони ҳангоматалаб сар аз оинаи мошин бароварда, ин манзараро тамошо мекарданд. Озар камтар ба худ омада буд ва акнун дида аз коғазхалтаи дорувориҳо намеканд. Ӯ мехост гӯяд, ки доруҳоро гирад. Аммо забонаш гирд намегашт. Чизе садди роҳи овозаш мешуд ва имкон намедод, ки ҳарфе гӯяд. Мард ба рӯйи писарак тарсокии обдореро зад, ки аз ғояти пурзӯрии он Озар рӯйи замин афтод ва сар боло карда, як ба мард нигоҳ карду боз сӯйи халтачаи доруҳо нигарист. Писарак бо даст ба доруҳо ишора мекард, аммо марди девҷусса дастакзанон, бо суханҳои тунд писаракро дашном медод.
- Ҳаромзода. Марг ба ҳамон падару модарат, ки ту барин гаранги ландаҳурро тарбия кардааст. Лаънат ба он устоде, ки ба ту илм омӯхтааст. Чашмонат магар кӯр буд, ки ба роҳ нигоҳ накардӣ? Ту ҳаромзодаҳоро аз зиндаат мурдаат қимат аст. Агар мемурдӣ, ман дар балои азим мемондам – мегуфт ронанда ва ба саруи рӯйи Озар бераҳмона лагат мезад. Касе ёфт намешуд, ки писаракро аз дасти ин марди кундфаҳму ҳайвонмизоҷ раҳо кунаду гӯяд, ки «роҳ роҳи пиёдагардон буд. Айбдор ту ҳастӣ. Ранги сабзи чароғаки роҳ фурӯзон буд. Писарак айб надорад». Мард лаънатгӯён сӯйи мошин рафт. Озари гирён, ки дар рӯйи замин мехобид, чашм аз доруҳо намеканд.   
- Не-е-е-е-е! - баробари ба ҳаракат даромадани мошин фарёди ҷонгудози писарак ба само печид. Мошин доруҳоро зер карда рафт. Озар ҳунгос зада гиря мекард. Даст ба замин мезад. Рӯ ба осмон оварда навҳа мекашид. Кӯдаквор гиря менамуд. Донаҳои ашку қатраҳои борон аз бари ду рухсори писарак селвор поён меомаданд. Писарак бо ду даст бари рӯяшро дошта гиря мекард. Мехост дорувориҳоро гирифта, ба «хонаи меҳрубонӣ» шитобад. Аммо мадоре надошт, ки аз ҷой бархезад. Ангор бори гаронеро болои сараш гузошта буданд. Беист гиря мекард. Мошини замонавие аз чароғаки роҳ гузашта, қарор гирифт. Марди солхӯрдаи хушсарулибосе аз он поён омада, ба даст соябон гирифт ва назди писарак омад. Озарро аз замин бардошту соябон дошт. Писарак бо алам гиря мекард ва бо нигоҳҳои меҳрҷӯю имдодталабона рӯй ба мард оварда, боз ҷониби доруҳои бо замин яксоншуда нигоҳ кард.
- Дору… Дору…
- Чӣ шуд?
- Носир… Дӯстам… - базӯр сухан мегуфт писарак.
- Намефаҳмам, чӣ шуд? Кӣ туро хафа кард? – писаракро оғӯш кард мард.
- Дору… С..ссағирахона… Носир… Бемор…- гирякунон бо даст ба тарафи халтачаи доруҳо ва «хонаи меҳрубонӣ» ишора мекард Озар.
- Шуд писрам, шуд. Ту мард ҳастӣ. Ба мардакҳо гиря кардан намезебад, – ором кардан мехост мард. Пиджаки худро дар китфони писарак партофта, соябонро ба дасти ӯ дод ва ба куҷое телефон кард. Пас, коғазхалтаи доруву шиппакҳоро овард. Доруҳо реза-реза шуда буданд.
Резаҳои борон ба рӯйи баргҳои бемадоргаштаи дарахтон бархӯрда, онҳоро аз шох ҷудо мекард ва чун қолини заррин ба рӯи замин мегустурд. Мард ва Озар ҳамроҳ ба назди «хонаи меҳрубонӣ» омаданд. Дар он ҷо ҳама ба по хеста буданд. Аллакай, ҳама ходимони сағирахона, мошинҳои нозирони роҳу ёрии таъҷилӣ ҳозир буданд…
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
шаҳри Самарқанд.























Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА