БАРОИ БАЧАГОН
Мулоҳиза
ПУШАЙМОНӢ СУД НАДОРАД
Фасли
зимистон. Ҳаво сард буд. Модари Шокир барои пешин таом тайёр мекард. Ногоҳ дид,
ки дар хона намак намондааст.
-
Шокирҷон, - писарашро ҷеғ зад.
-
Лаббай, - давон омад Шокир.
-
Шери модар, намак тамом шудааст. Давон рафта аз дӯкон намак биёр, - ба писар
пул дароз кард модар. Шокир пулро гирифт ва палтояшро пӯшида кӯча рафт. Ба дӯкон
нарасида, марде яхмос мефурӯхт. Ӯ писаракро дида, гуфт:
-
Биё, писарам. Ман имрӯз яхмосҳои беҳтаринро овардам. Якто гири, як умр мазааш
дар даҳонат мемонад.
Шокир
назди яхмосфурӯш омад. Яхдони ӯ пур аз яхмосҳои рангоранг буд. Писарак яхмоси дӯстдоштаи
худро гирифта, сӯи дӯкон шитофт. Маблағи дар дасташ боқимонда ба намак нарасид.
Дар бозгашт боз яхмос гирифта хӯрд ва баъд ба хона баргашт. Модараш писарашро
дастхолӣ дида, гуфт:
-
Намак наовардӣ?
-
Не модарҷон. Дар роҳ пулро гум кардам, - дурӯғ гуфт Шокир. Модар боз пул дода:
-
Ҳеҷ гап не. Акнун эҳтиёт шуда, рафта биё, - гуфт. Писарак давон рафта намак
овард.
Бегоҳ
Шокир таб кард. Ҳама ҳайрон буданд, ки чаро якбора Шокирҷон бемор шуд. Зуд
шифокорро ҷеғ задад. Духтур омада писаракро укол кард. Шокир аз кори худ
пушаймон буд. Аммо пушайонӣ суд надошт.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД.
Комментарии
Отправить комментарий