АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША

ДАҲ ДАРЁИ ДАРОЗТАРИН:
 1. Дарёи Нил - дар Африка ҷойгир буда, дарозтарин дарёи рӯи замин ба шумор меравад, ки 6650 км. (4.130 мил) дарозӣ дорад. Дарёи Нил аз сарҳади давлатҳои Судан, Бурунди, Руанд, республикаҳои демократии Конго, Танзанин, Кеня, Эфиопия, Угандия, Египта мегузарад.
Дар дарёи Нил ду шохаи асосӣ мавҷуд аст, ки инҳо Нили Сафед ва Нили Кабуд мебошад.
2. Дарёи Амазонка - дуюмин дарёи дарозтарини рӯи замин буда, дар қисми шимолии Амрикои Ҷанубӣ ҷойгир аст, ки аз Анд оғоз шуда, дар уқёнуси Атлантика ба охир мерасаду 6800 км. тӯл кашидааст.
3. Дарёи Янсзӣ - дарозтарин дарё дар Осиё буда, сеюмин дарёи дарозтарини ҷаҳон мебошад, ки 6418 км. дарозӣ дорад.
4. Дарёи Миссисипӣ - калонтарин дарё дар Амрикои Шимолӣ ба шумор меравад, ки 6300 км. дарозӣ дорад.
5. Дарёи Енисей - панҷумин дарёи дарозтарини рӯи замин буда, 5539 км. тӯл кашидааст.
6. Дарёи Зард - пас аз дарёи Янсзӣ, дуюмин дарёи дарозтарин дар Хитой буда, 5464 км. дарозӣ дорад.
7. Дарёи Об - дар Сибир ҷойгир буда, ҳафтумин дарёи дарозтарини рӯи замин ба шумор меравад, ки 5410 км. тӯл кашидааст.
8. Дарёи Ла-Плата - дар Амрикои Ҷанубӣ ҷойгир буда, аз сарҳадҳои Бразилия, Парагвай ва Аргентина мегузарад. Дарё 4880 км. дарозӣ дорад.
9. Дарёи Конго - дар Африка ҷогир буда, чуқуртарин дарёи дунё ба шумор меравад ва тахминан 4700 км. дарозӣ дорад.

10. Дарёи Амур - Аз сарҳади Шарқи Дур ва ҷанубу шарқии Хитой гузашта, 2824 км. тӯл кашидааст.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА