НАСР

Бахтиёри ҶУМЪА
ДӮСТОН САЛОМАТ БОШАНД
(Повест)
РӮЗИ ЯКУМ
         Дар палата Иқболшоҳ рӯйи кат нишаста, бебаркаш гап мефурӯхт. Мирзобек, ки ду болинро болои ҳам гузошта, каҷпаҳлӯ зада буд, суханони ӯро бе ягон шавқу рағбат гӯш мекард.
         ‒ Сарсабзиву хуррамии ин ҷойҳоро бинед, ҳавои тозаашро бӯй кашед. Ин пагоҳӣ мошинро барои ба дарун даровардан диламон нашуд, Мирзоака, - мегуфт ӯ. ‒Маҷбур мошинро дар таги дарвозаи калон монда, бору бӯғчаамонро бардошта омадем.
         ‒ Шумо аҳли фаҳм-дия, чунин кардед, - ҳушаш ба ҷойи дигар банд бошад, ки барои ҳурмати мусоҳибаш суханони Иқболшоҳро тақвият дод Мирзобек. ‒ Канӣ ҳама мисли шумо мешуданд. Ба он одамоне, ки бо мошин ба даруни табобатгоҳ медароянд, фақат шоху дум намерасад.
         ‒ Ҳа, ба одамони мо тайёраш бошад, шуд, - гуфт Иқболшоҳ. ‒ Ба сохтан, обод кардан, шинондан, сабзондан не, ба паймолу вайрон кардан усто...
         Дар ҳамин ҷойи сӯҳбат дари палата тақ-тақ шуд. Ин тақ-тақи далерона не, балки як тақ-тақи боодобона, зиёиёна буд.
         ‒ Муаллим! ‒ баробар гуфтанд онҳо. ‒ Муаллимҳоро даррав шинохтан мумкин. Муранд, ки байни мурдаҳо фарқ карда меистанд.
         Тахминашон рост баромад.
         ‒ Ассалому алейкум, рафиқон, ‒ гӯён Довар, ки  дар ҳақиқат муаллим буд, даромад ва даст пеши бар гирифта, илова намуд. ‒ Ана ман ҳам омадам.
         ‒ Нағз кардед, ки омадед, - гуфт Иқболшоҳ. ‒ Ба қадамҳоятон ҳасанот. Фақат барои ба таги поятон пойандоз андохта, бо оркестр пешвоз гирифтан имкон нашуд, ‒ нимхез шуда пойҳояшро аз кат фаровард.
Мирзобек ба пешвози Довар аз ҷой хест.
         Онҳо бо ҳамдигар даст дода, вохӯрдиву аҳволпурсӣ карданд.
         ‒ Ура, як кас будем, ду кас шудем, ду кас будем, се кас шудем. Се кас нағз-дия. Секаса зуд як шиша ташкил кардан ва онро ҳамчун сарчашмаи ҷанҷолу бадбахтиҳо несту нобуд кардан осон! ‒ Аз омадани Довар хурсандиашро чунин изҳор кард Мирзобек. Иқболшоҳ ба сӯйи ӯ ало нигоҳ кард ва дами Мирзобек паст шуд.
         Ду кат паҳлӯйи ҳаму кати саввум дар пойгаҳ ҷойгир буд. Довар ба сӯйи он кат нигарист.
         ‒ Бемалол, гузашта соҳиб шавед, - гуфт Иқболшоҳ, ки гӯё дар ин ҷо ҳокими мутлақ бошад, фармон дод.
‒ Кат шуморо бо чашми чор интизор буд.
         Мирзобеку Иқболшоҳ, ки пештар омадаву бо ҳам шинос гашта буданд, ба якдигар нигариста табассуми маънодоре карданд: барои муаллим пойгаҳ ҳам мешавад. Ба кафшҳоро рост карда мондану ба ҳар гуна хизматҳои майда ‒ чуйда ҳамеша ҳозир.
‒ Раҳмат.
         Ба истироҳатгоҳи табобатӣ онҳо даҳрӯза барои дамгириву муолиҷа омада буданд. Инак, рӯзи аввали он оғоз меёфт.
         Довар ҳуҷҷатҳояшро ба расмият дароварда омаду ба таври стихиявӣ дар палата шӯрои машваратӣ баргузор шуд. Дар он аввал масъалаҳои ташкилиро диданд. Якдилона қарор доданд, ки имрӯз анализҳоро супоранд. Натиҷаҳои ташхис маълум шавад, аз пагоҳ ба табобат сар мекунанд. Ба ин фикри оқилона, ки ба ҳама маъқул буд, ягон нафар зид набаромад. Масъалаи дуввум, ки Мирзобек ба миён гузошт, каме баҳсталабу тӯлонитар гардид.
         ‒ Ин ҷо, ки мо даҳ рӯзи рапа-расо якҷоя мегардему табобат мегирем, бояд гапамон аз як ҷо барояд! Байни мо дилхунукӣ нашавад, шиори мо: як кас барои ҳама, ҳама барои як кас шавад. Барои амалӣ шудани ин гуна ниятҳо бояд аз байнамон як касро сардор интихоб кунем.
‒ Таклифи олиҷаноб, ‒ гуфт Довар.
         ‒ Сардор бошад, нағз аст, ба тамоми кору рафтори мо сардорӣ мекунад, - суханашро идома дод Мирзобек. ‒ Биёед, ана ҳамин сӯҳбатамонро маҷлис ҳисоб кунам, шумо розӣ?
         ‒ Ман розӣ, - гуфт Иқболшоҳ.
         ‒ Ман ҳам, - ҳамчун акси садо овоз баровард Довар.
         ‒ Ин хел бошад, бо роҳи овоздиҳӣ сардорро интихоб мекунем, - ҳамчун раиси маҷлис ба суханаш давом дод Мирзобек.
         ‒ Интихоби сардор бо роҳи овоздиҳии пӯшида гузаронида мешавад лаб  кушода? ‒ пурсид Иқболшоҳ.
         ‒ Ин ҷо мо се нафар, ‒ ба ин масъала равшанӣ андохта таклиф кард Довар. – Гурӯҳҳои оппозитсионӣ ё иртиҷоӣ нестанд, ки тарсем. Интихобот бо роҳи овоздиҳии кушода гузаронида шавад.
         ‒ Гапи бисёр ‒ ба хар бор, ‒ боз ҳамчун садри маҷлис маҳмаддоноӣ намуд Мирзобек.
Худи ӯ як шахси аҷибу ҳамаҷоҳозир аст. Дар баъзе маъракаҳо ногаҳон пайдо мешавад. Ба сухан мебарояд. Барои вай намуди маърака фарқ надорад: тӯй, зодрӯз, юбилей, ҷаноза ё митинги мотам бошад ҳам, тӯтӣ мешавад. Забонаш лакнат нахӯрда ва ё дар ягон ҷойи сухан барои ёфтани калимаву ибораҳои зарурӣ фикре накарда, гап задан мегирад. Барои ӯ баҳонае бошад, шуд. Ҳоло ҳам худ ташаббус нишон дод, худаш ба сухан сар кард ва худаш ҳамчун раиси маҷлис масъаларо ба фойидаи худ ҳал кардани мешуд. ‒ Ман номзадии Иқболшоҳро пешниҳод мекунам. Иқболакем йигити зӯр. Пӯсткандаи гап, марда мардаш. Шумо ‒ Иқболака, сардори мо. Ман ба номзадии шумо ду дастамро боло мебардорам.
         ‒ Ман ҳам ба кондидатураи Иқболакем овоз медиҳам, ‒ ба гап ҳамроҳ шуд Довар.
         ‒ Дигар ягон каси зид ё бетараф нест? - пурсид садри маҷлис ‒ Мирзобек.
         Ҳама ҷим.
         ‒ Шуморо табрик мекунам Иқболшоҳ Ҳақмуродовичи мӯҳтарам! ‒ аз рӯйи одати чоплусии худ Мирзобек ба маддоҳӣ гузашт. ‒ Шумо аз ҳама бештар, яъне, якдилона, сад фойиз овоз гирифта, дар интихобот ғалабаи бузург ба даст овардед ва ба вазифаи сардорӣ интихоб шудед. Вазифаи фармондиҳӣ ба шумо, Иқболшоҳ Ҳақмуродовичи азиз, муборак шавад! Ман шуморо аз таҳти дил табрик мекунам ва ба корҳои минбаъдаатон комёбиҳои беназир мехохам.
         Инро гуфта Мирзобек дасти Иқболшоҳро бо эҳтирому дудаста дошта, сахтакак фишурд.
         ‒ Мансаби нав муборак шавад, ‒ гуфт Довар. ‒ Акнун ин унвонро кай мешӯем, Иқболака?
         ‒ Ман худам зид! ‒ аз ҷой хеста гуфт Иқболшоҳ.
         ‒ Муқобил ё тарафдор будани шумо акнун аҳамият надорад, ‒ барои давом додани сухан ба Иқболшоҳ имкон надода, гуфт Мирзобек. ‒ Шумо алаккай командир интихоб шудед. Барои сабук шудани корҳоятон ман худам ҷонишини шумо. То аз дастам омадан ба шумо ёрӣ мерасонам. Аз нав таклифи шуморо ба овоз монам, ҳам, тарафдоре намеёбед. Беҳтараш, ҷиммакак, майнаро турш накарда, аз пайи раҳбарӣ шавед. Нӯлпоккунии ин касро бинед-а?! Дигарҳо мансаб гуфта мемуранду ин кас духтарҳо барин нозу нуз мекунанд. Даркор не ҳамон зиёфататон. Ман худам зиёфат карда медиҳам.
‒ Хайр, зиёфат даркор не. Ман дар омади гап, як шӯйем гуфтам-дия, ‒ аз раъйи пештарааш гашта гуфт Довар ва аз дил гузаронд, ки ҳамаи калонҳо ҳамин хел: ба гирифтану хӯрдан усто, аммо вақти ҳақ ва зиёфат додан, раги дасташон мекашад...
         Иқболшоҳ мисли дигар мансабдорон ва роҳбару роҳбарчаҳо чизе, ки аз он бӯйи фойида наояд, он хел таклифу дархостҳоро аз паҳлӯи гӯшҳояш гузаронида мефиристонд, ба гапу калочаҳо эътибор намедод. Баръакс дид, ки маҷлис дарозу гап ғуҷола мешавад, ба сухан сар кард:
         ‒ Хайр, шуд, ҷим-ҷит, об задагӣ барин ‒ оромӣ! Маро, ки сардор интихоб кардед, акнун ба гапҳоям гӯш кунед, ‒ аллакай суханрониҳои ӯ оҳанги дӯғу фармон дошт. ‒ Тартибу интизом ва рафтору гуфтори шумо бояд ба дараҷаи олӣ бошад. Бо ҳақорату дашном атмосфераи палатаро вайрон накунед. Кат, ҷойхоб, мизу курсиҳо ва дигар чизҳоро ман ҳамеша ботартибу низом бинам. Баҳудаву беҳуда, бо пойафзалу либосҳо болои кат дароз кашидан мумкин нест. Тозагӣ ‒ гарави саломатӣ! Ба он қатъӣ риоя кардан барои ҳар кас шарт, зарур ва ҳатмӣ! Агар тартибу интизом ва тозагӣ вайрон шавад, аз худатон гила кунед. Бераҳмона ҷазо медиҳам. Акнун ин гапҳоро ҳамчун ҳалқа дар гӯшатон овехта монед.
         ‒ Ана гапу ана кор! ‒ пичирросзанон ба сӯйи Довар нигарист Мирзобек. ‒ Ба сари худамон худамон балоро харида гирифтем‒ку.
         ‒ Дасту поямонро ҳам баста додем, ‒ гуфт Довар. ‒ Ҷим шинед, акнун. Кори нашуда шуд. Гапи командир гап не, қонун!
         ‒ Ҳа, ‒ хандид Иқболшоҳ. ‒ Фармони командир муҳокима не, иҷро карда шавад.
         «Худо зад! ‒ аз дил гузаронид Довар. ‒Заминро об вайрон кунад, одамро мансаб вайрон мекардааст. Аз сардор интихоб шудани Иқболшоҳ ду дақиқа нагузашта, аллакай дӯғ мезанад. Э одамҳои мо аҷиб! Се ходаро ба замин халонда, як касро аз болои онҳо сардор таъйин кунед, тамом, аз байн ду рӯз нагузашта, фукаш дар осмону замини зери пояшро намебинад. Худоё, ин мансабу амал чӣ сеҳру ҷодуе дорад, ки зуд одамро вайрон карда, аз доираи инсонӣ берун мебарорад?!»
        
                                      *                           *                           *

‒ Алӯ! Ҷаноб, ба шумо занг мезананд! Агар вақтатон бошад, гӯшакро бардоред. Мешунавед? Ба шумо занг мезананд, ҷаноб? Хайр, гӯшакро нагиред ҳам, зарар надорад. Даркор бошед, боз занг мезананд. Алӯ! Ҷаноб, ба шумо занг мезананд...       
         Ин суханони мутантан аз телефони дастии Мирзобек танинандоз шуд. Пештар, занги телефонҳои кабелӣ қариб як хел буданд. Онҳо ҳамчун занги соат, зангӯлаи мактабхонаҳо ё баъзеҳояш чӣ-чикунон садо мебароварданд. Ҳоло ба ҷойи занги телефони маъмулӣ одамҳо як гапу садо ва савту сурудҳоеро дар телефонҳояшон сабт кардаанд, ки кас ҳайрон мешавад. Дар баъзе телефонҳо садои Оллоҳу акбар ҳам ҳасту инга-ингаи кӯдакон ҳам.
         Шайтони бекафшу маҳсӣ барин аст ин Мирзобеки шӯҳратгадо. Эҳтимол ба воситаи телефон ҳам обрӯю эътибори худро баланд бардоштан мехоҳад, ки дар телефонаш низ чунин гапҳои иззатталабонаро сабт кардааст. Эшон ҷаноб будаанд. Агар вақташон бошад, агар ба хотири нозукашон малоле нарасад, гӯшакро бардоранд будааст. Э, метавонанд ин одамони мо! Саҳл ба шохашон зада наистанд, худро Худо метарошанд.
         ‒ Да! -- сарпӯши телефони дастиашро кушода назди гӯшаш бурда, ҷавоб дод Мирзобек. ‒ Ҳа, ман. Гӯшам ба шумо. Чӣ хизмат?.. А? Ҳозир ман наметавонам. Сонӣ худам телефон мекунам, ‒ гӯён телефонашро кушт.  
         Ба палата духтури муолиҷ даромад. Вай як ҷавонзани хушқаду қомати зебое буд. Ҳусну ҷамолаш пеши бозор бошад, ки ба табибиву донишаш боварии кас намеомад. Рафтору кирдораш ба соҳиби ҳар касбу коре монанд бошад, ки боварие ба дили кас ҳамчун табиб талқин намекард.
         Ӯро дида, ба дили дӯстон алав афтод. Рост-дия, ҳозир ин хел занону мардони дипломдор каманд магар? Саломатии инсон якто бошанд, духтурон ҳазорҳо. Миқдору номгӯйи доруву дармонҳо миллионҳо адад бошанд, ки ҳамон гавҳари якто ‒ саломатиро ба дасти ҳар кас бовар карда супурдан мумкин аст? Чанд вақт пеш байни мардум миш‒мише паҳн шуд. Пирамарде бо иллати кӯррӯда ба беморхона афтодааст, ки писараш дар ҳамон ҷо ҷарроҳ шуда кор мекардааст. Падар ба ҷарроҳӣ кардани писараш, ки бурида партофтани кӯррӯда як ҷароҳии оддӣ ба ҳисоб меравад, розӣ нашудааст.
         ‒ Чаро ба писари худатон бовар намекунед, дадаҷон? ‒ гуфта писараш пурсад, пирамард ҷавоб додааст:
         ‒ Ба куҷои ту сакалту, ҳамчун духтур бовар кардан мумкин?
         ‒ Охир, дадаҷон, ман 8 сол хондам, диплом гирифтам, маълумоти олии тиббӣ дорам...
         ‒ Чи хел хонданатро ман намедонам?! Барои даромаданат хонахароб кардӣ. Ба ҳар имтиҳонат даста‒даста пул додӣ. Санҷишу семинарҳоят сари чандин бузу гӯсфандҳоро хӯрд. Ҳосили боғу замин ҳам ба ҷиғилдони муаллимҳоят рафт. Хулоса, диплома хонда не, харида гирифтӣ. Акнун, ки худам ба ин хел рӯз афтодам, ҳушам ба сарам зад. Беҳуда туро ин қадар хононда будаам. Бигузор маро дигарон оператсия кунанд. Ман аз орияти «писараш дадеша кушт» гуфтани мардум метарсам.
         Ҳоло бисёр кас аз духтурон мекебанд. Ба ин далел ҳам доранд. Бисёр роҳбарони калон, мансабдорони давлат ва олигархҳо на танҳо табобати худашон, балки хешу таборашонро ҳам ба духтурони худӣ бовар намекунанд. Ҳатто таваллуд ёфтани фарзанду набераҳояшонро дар ин ҷойҳо ба ҷо наоварда, зан ё келину духтарҳояшонро ба хориҷа мебаранд. Пул равад, ки ҳатман кафолати зинда мондан доранд.
         Духтур бо ҳар кадоме саволу ҷавоб намуд. Набзи дилро шунида, фишори хунро чен кард. Дар варақаи таърихи беморӣ чиҳое навишта, коғаз сиёҳ кард. Баъд чанд хел доруҳо навишта, баромада рафт.
         Ӯ аз дар баромаду дар палата гап ҷӯшид. Баҳсу талош ба авҷи аълояш расид. Иқболшоҳу Мирзобек, ки аз ин пештар ҳам дар ин ҷо дам гирифта буданд, ҳамчун гургони борондида ба гап даромаданд.  
         ‒ Ҳӯ дӯстон, мо асосан гирифтори касалии асабем, ‒ аввалин шуда ба гап сар кард Иқболшоҳ. ‒ Ба мо ин хел ҷинқарчаҳои терапевт даркор не. Ба мо духтури нервопотолог лозим. Худаш нав ба кор сар кардааст. Ягон балоро медонад ё не, алаккай биниаш дар осмон. Ба шохаш ягон кас назанад, худро духтури ҳозиқи даврон мешуморад, астағфируллоҳ! Боз калонгапию маҳмаддоноияшро бинед?!
         ‒ Дуруст, ба духтур буданаш ҳатто боварии кас намеояд, ‒ ба гап ҳамроҳ шуд Довар.                    ‒ Духтурҳои дигар як ҳайбату салобат, афту башара ва чеҳраи духтурона доранд. Ин хонум бошанд... Одаме, ки бисёр гап мезанад, донишу маҳорат надорад. Аз афт, норасоии донишу ҳунари худро бо гап пӯшондан мехоҳад.
         ‒ Ин кирои баҳсу талош не, ҷӯраҳо. Давои қурут‒оби ҷӯш. Ҳамин духтур, ки маъқул набошад, ҳозир рафта, ба назди сардухтур медароям, ‒ хурӯсвор гардан ёзонда калонгапӣ кард Мирзобек. ‒ Ҳамаатон медонед, ки ман як одами беобрӯ. Талаб мекунам, ки барои муолиҷаи мо духтури дигар таъин кунад.
         ‒ Дуруст, аз беобрӯйӣ ягона одаме, ки обрӯ ёфтаанд, ин шумо мебошед! ‒ заҳр зада монд Иқболшоҳ.
         Мирзобек гӯё кар буд, ки ин луқмаи ӯро нашунид ва суханашро давом дод:
         ‒ Мегӯям, ки Зебо Иброҳимовна духтури муолиҷи мо шаванд. Мо ҳамон касро мехоҳем. Нотарсона саломатиамонро бо ду дасти адаб ба ихтиёри он кас месупорем.
         ‒ Намешавед! Он кас палата надоранд, ‒ зид баромад Иқболшоҳ. ‒ Ман разведка карда дидам. Зебо Иброҳимовна, дар ҳақиқат, духтури зӯр. Ба пешашон ҳазорҳо кас барои маслаҳат меояд. Гавҳар дар қаъру хасу хошок, ки дар рӯйи об мегардад, барои ҳамин ҳам, ба он кас роҳ намедиҳанд. Сӯзанмониашонро бинед, чӣ хел нағз. Одам садқаву қурбони ин хел духтурон шавад, меарзад.
         ‒ Набошад, чӣ кор мекунем? ‒ баъде, ки тӯфони ҷӯшу хурӯши баҳсу мунозира каме паст шуд, ҳайрон шуда пурсид Мирзобек.
         ‒ Хайр аввал бинем канӣ, оқибати кор чӣ хел мешавад. То пагоҳ сабр мекунем. Ҳозир барои доруҳо ба дорухона рафтан лозим.
         ‒ Рафтан бошад, албатта, меравем, ‒ гуфт Довар. ‒ Лекин ин хонуми зебову маҳмаддонои азроилтинати хилъати сафедпӯш анализҳои моро надидаву намонда, якбора як ароба дору навишта дод, ман ба ҳаминаш ҳайрон. Рафту доруҳо зарар кунанд, чӣ кор мекунем?
         ‒ Ҳеҷ кор. Кару кӯру гунг, хулоса беҳиссу ҳаракат мешавем.
         ‒ Чӣ хел? -- ҳайрати Довар аз ин гуфтаҳои Мирзобек дучанд афзуд.
         ‒ Э, агар одам мурад, чӣ хел шикоят мекунад? Агар мурда гап задаву арз карда метавонист, тамоми аҳли гӯристон ба митингу намоиш мебаромад. Э шумо, чӣ хел боз муаллим будаед-а? Калла гуфта кадуи холиро бардошта гаштед-ку, ‒ ба саволи Довар аз ҷавоби қоилмақоми худ завқ бурда, қоҳ ‒ қоҳзанон хандид Мирзобек.
         ‒ Хомӯш, дӯстон! ‒ Якбора ба худ қиёфаи фармондеҳиро гирифта, амр кард Иқболшоҳи командир. ‒ Духтур духтур аст. Боз ихлосу халос гуфтаанд. Ҷангу норозигиамонро фаҳманд, хафа мешаванд. Акнун ба тақдир тан додан даркор. Охир мо ҳам кулӯх не‒ку. Бинем, ки доруву дармонаш зараровар аст, қабул намекунем. Пеш аз қабули доруву дармонҳо як бо Зебо Иброҳимовна маслиҳат мекунем.
         ‒ Яъне, ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад, ‒ аз гапҳои Иқболшоҳ хулоса бароварда гуфт Мирзобек ва ибораи дӯстдоштаашро такрор кард. ‒ Ӯҳ, одамҳои доно‒е!
         ‒ Ҳа!
        
*                 *                 *

         ‒ Рафиқ командир, акнун ба ҷойи хӯрокҳои наҳору пешин ва бегоҳ дору хӯрем ҳам, мешавад.
Пас аз сафари дорухарӣ баргаштан ба Иқболшоҳ рӯ оварда гуфт Мирзобек.
         ‒ Ҳа, - мамнун хандид командир. ‒ Бо вуҷуди он аз ин ҷо хӯрок хӯрдан даркор. Чунки пешакӣ  пули хӯрокҳоро аз мо гирифтанд. Ба ошхона наравем, намешавад. Дил-дия, ошпазҳо хафа шуданашон мумкин.
         ‒ Ба номаш дар ин ҷо ба беморон хӯрок медиҳанд, ‒ боз изҳори доноӣ кард Мирзобек, ки аз ҳама гӯру бало бохабар буд. ‒ Лекин маҳсулоти асосии ошхона ҳамчун ҳаври рӯйи замин дар фасли баҳор ба чор тараф паҳн шуда меравад. Қисми асосии маблағаш, ‒ ангуштони ишоративу нарангушташро ба ҳам совид, ки пулро мефаҳмонд, ‒ ба кисаи калон медарояд.
         ‒ Ӯҳ-ҳӯ, бо ин қадар хӯрдан кафида намемуранд!
         ‒ Аз куҷо?! Иштиҳояшон ҷари бетаг ё кратерҳои вулқон барин. Онҳо бо хӯрдан ҳеҷ гоҳ сер намешаванд. Умуман гирем, ин хел майда-чуйдаҳо барои онҳо хӯрдан не, ҳатто лесидан ҳисоб намешавад.
         Дар тиқ-тиқ шуд. Ба ҷавоби «марҳамат» ё «дароед» интизор нашуда, он кушода шуд ва ходими беморхона, ки  дар тан сару либоси сабзранги пасте дошт, вориди палата гашт. Зан дар даст сатил, ҷорӯб ва латта дошт.
         ‒ Мебахшетон, ман ин ҷоро рӯфта тоза карданам даркор, ‒ гуфт ӯ. ‒ Хӯҷаинҳо гарду чангеро бинанд, моро ҷанг мекунанд. Мебахшетон-дия, вазифаамон ҳамин. Ҳар рӯз ду-се бор палатаҳоро рӯфтаву чинда, гарду чангашро пок накунем, намешавад.
         Ҳама ба даҳон об гирифтанд. Қоида ҳамин хел бошад, дигар чӣ илоҷ?
         Рӯфтану тозакунии ходима се-чор дақиқа давом кард. Кору рафтораш сарам-дилам буд. Ӯ баромада рафту сӯҳбати чаламондаи ҳампалатаҳо боз ба маҷрои пешинааш даромад.
         ‒ Ба ҳаминҳо ҳам осон не. Барои музди ночизе шабу рӯз кор мекунанд ‒ гуфт Мирзобек.
         ‒ Ризқу рӯзии инҳо ҳам аз пушти беморон. Як чиз-ним чиз зиёдатӣ кунаду диҳанд, ба чашмонашон тӯтиё карда мегиранд, ‒ илова карда Иқболшоҳ.
         ‒ Ҳа, ман чанде пеш яктоашонро дидам, ‒ ба гап ҳамроҳ шуд Довар. ‒ Ду сатили калон пӯчоқи харбузаву тарбуз ва меваҳои пӯсидаро бардошта, ба хонааш мебурд. Хайр, дар ин ҷо аз пӯсида, бӯй гирифта рафтан ба хонааш барад, нағз-дия. Молаш мехӯрад.
         ‒ Аҷаб замоне шуд-дия худаш, ‒ изҳори фазл кард Мирзобек. ‒Яке нони хӯрдан надораду саги бойбача аз гӯшт безор. Дунё дунёи чӯтур, пулат бошад, қандата хӯр! Барои пасмондаи хӯроки беморон ҳам, гоҳо байни онҳо ҷангу ҷанҷол мешавад.
         ‒ Ҳа, ҳозир хонаи бемол нест. Бонки мардум молашон. Барои ҳамин, мол дорӣ ‒ ҳол дорӣ мегӯянд. Аз хӯрду хӯроки худашон ва зану бачаҳояшон зада, ба даҳони молашон медоранд. Ҳастӣ ҳаст, нестӣ ҳаст. Маҷбур шаванд, яктоашро фурӯхта, корашонро буд мекунанд. Мол молу пул пул‒дия. Пулро мисли мол яклухт нигоҳ дошта намешавад. Камтарашро гирифта кор фармоед, ки як лабаш кӯс мегардад. Баъд вайро пур кардан душвор. Бонкҳо ҳама фиребгар. Қасам хӯрда кафолат диҳанд, ки дар онҳо пулро нигоҳ дошта намешавад. Бо даст диҳед, ки бо пой давида гирифта наметавонед, ‒ Мирзобек, ки ҳар замон ба соати телефонаш менигарист, ин хел гапҳои Доварро шунида, якбора кафид:
         ‒ Муаллим, ман ба соат нигоҳ карда истодаам. Гап задан гиред, боз чор дақиқа вақтатон ҳаст.
         ‒ Ба чӣ? ‒ ҳайрон шуда, ба сӯйи Мирзобек нигарист Довар.
         ‒ Ба танаффус! ‒ кинояомез гуфт Мирзобек. - Ҷоғи муаллимон як тафсад, камаш чилу панҷ дақиқа мелаққанд. Як соати дарси омӯзгорон ҳамин қадар-дия. Баъд танаффус мешавад.
         Дами Довар ба дарун зад. Сар хам кард. «Ин мардум доимо ҳамин хел, ‒ аз дил гузаронд ӯ. ‒ Муаллими бечораро паст мезананду паст мезананд. Гӯё бо ин хел пастзаниҳо қадру қимати худашон баланд мешавад!»
         Вай сӯхтаву пухта як масъаларо батаънӣ фаҳмонданӣ шуду онҳо суханонашро ҷоғи беҳуда мепиндоранд. Ин чӣ рӯз аст?! Воқеае ба ёдаш омад. Борон мебориду дар тӯй муаллимон дар хона менишастанд. Ҳамин вақт як гурӯҳ магазинчиҳо омаданд. Дигар илоҷ, ки набуд, маҷбур омини муаллимонро гирифта, онҳоро ба хона дароварданд... Ин хел таҳқиру наҳзаниҳоро аз сар гузаронида, дили Довар аз касби интихобкардааш хиҷил мешуд.
         Омӯзгорӣ касби бошарафу масъулиятнок аст, меандешид ӯ. Бояд муаллим ҳамчун машъалафрӯзи илму маърифат дар ҳама ҷо гули маъракаҳо бошад. Вале дар асл моҳонааш каму қадру қиматаш паст. Дар ҳама ҷо бо ҳақталабиву қонуншиносӣ гӯсолаи қашқа мешавад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар ҳаққи онҳо латифа ва ҳазлу мутоибаҳои нешдор ёфта баровардаанд. Баъзеи онҳоро Довар бо гӯшҳои худаш шунидааст. Боре дар ҳузури ӯ яке ҳам даҳон кафк кунонда чунин гуфт:
         ‒ Медонед, буродарҳо, шӯйҳои лӯлизанҳо кор намекунанд. Онҳоро баъди тӯй то мурданашон занҳояшон хӯронда мепӯшонанд. Чунки аз рӯйи расму таомулашон вақти никоҳ ҷавонро ҳамчун мурда хобонда мемонанду аз духтар мепурсидаанд, ки ҳамин мурдаро мегирӣ ё не? Вай розӣ мешудааст. Ана ҳамин хел як оилаи ҷӯгӣ ба як деҳа меояд. Шабро берун аз деҳа, дар каппаву аробаи худ рӯз мекунанд. Саҳар офтоб ба қиём наздик шудаасту писарашон ҳамон аз хоб бедор намешавад. Аз рӯйи одат онҳо аввал бачаҳоро ба разведка мефиристанд. Бачаҳо пешакӣ рафта, роҳу рӯро хабар мегиранд, дар куҷо чӣ хел ҳавлиҳо мавҷуданд, дар кадом хонаводаҳо саг ҳаст ё не, аниқ карда меоянд. Баъде, ки ҳамаашро фаҳмиданд, сардори оила занону духтаронашро ба шикор мебаровардаанд.
          Вақт мегузаштаасту бача ҳамон хоб. Маҷбур падараш ӯро бедор кардааст.
         ‒ Ӯҳ падарлаънат! ‒ ба писараш гуфтааст падар. ‒ Хез-е! Агар ҳозир хеста, давида рафта, ин тараф ‒ он тарафро хабар гирифта наойӣ, ба ду гӯшат шунида гир, ки ба мактаби муаллимон медиҳам, ана баъд муаллим шуда, як умр саг барин дар ҳаёт азоб кашида мегардӣ.
         Баъди ин гап ҷӯгибача парида аз хоб хестааст, ки муаллим нашавад.
         Кайфи Довар парид ва хомӯш берун баромад.

                   *                           *                           *

         Пит-пилиқ! Пит-пилиқ! Пит-пилиқ!! ‒ бедонаи телефони дастии Иқболшоҳ ба хониш даромад.
         Падари Иқболшоҳ бедонабоз гузаштааст. Барои рӯҳу арвоҳи падарашро шод кардан Иқболшоҳ ба ҷойи занги телефон хониши бедонаро ба телефони дастиаш сабт кардааст. Бедонабозии падараш боиси ғурури ӯст. Яъне, бо ин роҳ, кӣ будани падарашро дониста гирифтани дигаронро мехоҳад.
         Иқболшоҳ ҷавонмарди 50-солаи қоматбаландӣ мӯйлабдорест. Тану тӯши варзишгарона дорад. Дар олам аз ҳама бештар ба саломатиаш эътибор медиҳад. Соҳиби тарабхона аст. Ба хоҷагии фермериву компанияи бинокорӣ раҳбарӣ мекунад. Президенти фахрии клуби гӯштингирон. Хулоса, бойбача, кордон, тадбиркор, корчаллон ва спортсмен. Ҳазору як кору ташвиш дошта бошад, ки аввал ба тарбияву машқҳои бадан машғул мешавад, оббозӣ мекунад ва ба тозагиву қоидаҳои гигиенӣ сахт риоя менамояд. 
         ‒ Лаббай? – телефонии дастиашро ба паси гӯшаш наздик бурда, ҷавоб дод Иқболшоҳ.               ‒ Гӯшам ба шумо. А, шинохтам, Раббимамак. Нағз, нағз… Саломат бошед. Корҳо чӣ хел? Хайр, ҳамааш аз рӯйи график рафта истодааст? Нағз. Бо хишту семент коргарон таъмин? Хайр, ганда набудааст, мешавад. Ҳаракат кунед, ки коргарон ягон дақиқа бекор намонанд. Ҳа, корро зич кунед. Аз график қафо намонед. Ҳар бегоҳ ҳисобот диҳед. Боз Сулаймон мурду девҳо озод шуданд, нашавад-а? Не? Хайр, фаҳмида бошед, нағз. Хайр, Раббимамак. Саломат бошед…

*                 *                 *

         Аз рӯйи режими истироҳатгоҳ ҳар пагоҳ, пас аз нонушта, азназаргузаронии духтурон оғоз меёбад. Он ки тамом шуд, хоҳарони шафқат ба сӯзандору кардан, ҳаб додан ва ё ба қатрадору гузарондан шурӯъ менамоянд.  Пас аз он муолиҷаҳои дигари терапевтӣ сар мешаванд. Ин хел муолиҷаҳоро духтурон навишта медиҳанд. Дар таги дарҳои физиотерапевтӣ: масҳ, барқ, мумгузорӣ, духтури дандон ва табобати обӣ мардум дар навбат меистанд.
         Гунаҳкорон барин дар таги дари онҳо навбатпойӣ ба Довар маъқул набуд. Аммо Мирзобеку Иқболшоҳ, ки таҷриба доштанд, бепарво буданд. Бо ҳазлу шӯхӣ ва ба ҳар кас гап паррондаву сӯҳбат ороста, ба шӯъбаҳои муолиҷа даромада мебаромаданд.
         Тарзи қабули ходимони шӯъбаҳои физиотерапевтӣ ба Довар намефорид. Ба ҳар ҷойе дарояд, аввал ному фамилияашро навишта, баъд пурсуҷӯ мекарданд, ки аз ҳисоби худаш табобат мегирад л бо роҳхат омадааст.
         ‒ Бо роҳхат, -- гӯё бо роҳхат омадан мамнӯъ бошад, хиҷолатомез мегуфт ӯ.
         Инро шунида, дар пешонии баъзе ходимони табобатгоҳ чин меафтод. Ҳатто муаллим буданашро фаҳмида, ҳамчун душмани қаттоли худ ало-ало нигоҳ мекарданд. Зани масҳгар, ки худ қаддарози зардина ва аспрӯ буд, беибо гуфт, ки касби муаллимӣ нағзу вале пулаш кам. Бо он пишак ба офтоб намебарояд. Барои ҳамин тамоми муаллимон сахти мурданӣ. Онҳо ҳаракат мекунанд, ки ҷонашон равад, равад, ки пулашон наравад… Вай беист меллақиду баробари ҳамин гӯё вазифааш ‒ масҳгарии худро ҳам иҷро мекард. Ҳамин тавр, шона, тахтапушт ва паси гардану сарашро масҳ кард. Тамоми ходимони ин даргоҳ, ба ғайр аз стомотолог ‒ духтури дандон, ки аз табиб буданаш дида, бештар ба қассоби бераҳме шабоҳат дошт, занон буданд. Зане, ки ба сари ӯ свет ‒ як найчаи шишамонанди дастакдоре, ки он тарафаш ба аппарате пайванд буду болои сари бемор давр мезанонд ва он чирс-чирс овоз бароварда, ягон-ягон мӯйҳои сари одамро канда гирифтаги барин ба дард меовард, ин амалро ҳамчун аласкунии кампирони қадима болои сари бемор чор-панҷ маротиба гирд гардонда, «шуд, ‒ мегуфт, ‒ бисёраш зарар дорад» ва ба кораш хотима мебахшад.
         Баъди қабули ҳар як намуди муолиҷа Довар ба палата даромада, чанд дақиқа дам мегирифт ва боз ба идомаи табобат мерафт.

                            *                 *                 *      
         Рӯз ба пешин наздик мешуд. Довар ба палата омад. Иқболшоҳу Мирзобек ӯро интизор буданд. Ӯро дида, Иқболшоҳ нидо кард:
         ‒ Ана, Доваракем ҳам омаданд. Ин кас ба хизмат усто. Акнун бемалол хӯрок хӯрем ҳам,  мешавад.
         Синну соли онҳо гуногун бошад, ки якдигарро «ака» гуфта муроҷиат мекарданд. Довар дар байни онҳо аз ҳама хурд буд. Ӯро Мирзобек «Доварҷон»-у Иқболшоҳ «Доварака» мегуфт.
         Довар ба тараддуди дастархонкушоӣ афтод.
Иқболшоҳ, ки ҳамчун варзишгару шахси мансабдор бисёр ба сафарҳои хизматӣ ва саёҳатҳо рафтааст, дар ҳама бобат пухта аст. Ба куҷое наравад, чизҳои заруриаш ҳамеша ҳамроҳаш. Чойҷушонак, радиоча, ришгирак, дандоншӯяк, якчанд хел собун, атру кремҳои молиданӣ ва ғайраву ва ҳоказо, ҳатто қоғази ҳоҷатхонагиро ҳамроҳаш гирифта мебурд.
         Ӯ ҳамроҳи Довар дар як лаҳза ба рӯйи миз дастурхон паҳн кард. Чойники чинии чойхӯриро бо об пур карда, обҷӯшонаки барқиро ба дарунаш гузошт ва ба барқ пайваст. Нонро бо корд реза кард.
         ‒ Ӯҳ ин мардуми доно­е! ‒аз ин хел пухтакории Иқболшоҳ ба ваҷд омада, нидо кард Мирзобек. Барои ӯ ибораҳои «одамони доно», «мардуми доно», «халқи доно» ‒ калимаҳои дӯстдошта ва пайвандаки сухан буд ва дар рафти сӯҳбат бисёр такрор мекард. ‒ Шумо командир, бало­дия­а?! Дар ҳама ҷо ғаматонро пешакӣ мехӯред. Бо шумо агар ҳамроҳ бошем, дар ду дунё ҳам хор намешавем.
         ‒ Албатта, ‒ сухани Мирзобекро қувват дода гуфт Довар. ‒ Одам ҳамин хел шуданаш даркор. Пешакӣ, агар ҳис кунад, ки пешпо хӯрда меафтад, аввал бояд дар ҳамон ҷо кӯрпача партояд. Мо дар интихоби сардор хато накарда будаем. Зинда бошанд фармондеҳи олии мо!
         ‒ Ҳа, ‒ аз ин таърифу тавсиф даҳони Иқболшоҳ ба пушти гӯшаш рафта расид, ‒ ғами зердастонро хӯрдан вазифаи муқаддаси командирон аст.
         Хӯроки нисфирӯзӣ дар палата бо сӯҳбату чақ­чақ ба поён расид.
           
                            *                 *                 *
         ‒ Акнун камтар дам гирифтан даркор, ‒ пас аз оббозӣ назди кати хобаш омада гуфт Мирзобек. ‒ Барои он ки нохалафон ба хоби ширини мо халал нарасонанд, телефонҳоро мекушем. Хоби хуш ‒ бойигарии инсон!
         ‒ Ман ҳам аз рӯйи одат пешиниҳо мехобам, ‒ Иқболшоҳ ба Мирзобек пайравӣ карда телефонашро кушт. Чашмбандак ‒ як матои сиёҳи ба тарзи айнакмонанд дӯхташудаи хуштарҳеро ба болои чашмонаш гузошта, резинаашро ба пушти сараш гузаронд ва рӯболо ба кат дароз кашид. Довар аз куҷое хонда буд, ки одамони иродаашон матин ва мағрур ҳамин тавр ‒ рӯ ба боло мехобанд. ‒ Шумо ҳам кайф карда хобед, Доварака.
         ‒ Ба шумо ҳавасам меояд, ‒ ҳасратомез ба онҳо нигарист Довар. ‒ Шумоён одамони хушбахтед. Ҳам шабу ҳам рӯз ҷурғот барин хобатон мебарад. Рӯзи ман қаттол. Баъзе шабҳо хоб ҳатто ба чашмонам меҳмон намешавад. Худатон гӯед, хобам шабона набарад, чӣ тавр рӯзона хобам? Беҳтараш, ман китоб мехонам.         
         ‒ Ҳар рӯз аз соати ду то панҷ ‒ вақти холӣ! ‒ Эълон кард командир аз ҷойи хобаш.  ‒ Ихтиёр ба худатон, Доварака. Ҳар кас дар давоми ин се соат чӣ коре хоҳад, марҳамат, кунад. Ман графикро вайрон намекунам, график вайрон шавад, олам вайрон мешавад.
         ‒ Ман рафтам, як таги заминро гӯш кунам, канӣ, чӣ гапҳои нав, ‒ гӯён Мирзобек бо шикам худро рӯйи кат партофт.
         Довар китоби ҳамроҳовардаашро ба даст гирифта, ба мутолиа пардохт. Вай         романи «Шоҳи футбол»­и Азиз Несинро кайҳо боз хондан мехост. Инак, фурсати мусоиде фаро расида буд.
         Мардаки зӯр будааст Азиз Несинаш. Худ нависандаи турк бошад, ки ҳамчун ҳаҷвнигори беҳтарин дар рӯйи дунё машҳур шудааст. Қандаша занад ин мардак! Асарҳояшро ҳам қоилмақом карда навиштааст. Одам аз ханда рӯдакан мешавад.
         Довар романро мехонду дар баъзе ҷойҳояш худро дошта натавониста, хандида мефиристод. Баъд пушаймон шуда, зуд даҳонашро бо дасташ медошт. Гуфта намешавад, ӯро дар ҳамин ҳол ҳампалатаҳо дида монанд, боз ҷиннӣ гумон накунанд. Охир танҳо ҷинниҳо худ ба худ механданд!

                                     *                           *                           *

Довару Мирзобек бо ғур-ғуру гарданшахӣ каму беш дар чорчӯбаи кашидаи командир амал мекарданд. Вале командир ба ягон ҷо ғайб занад, ба Мирзобек Худо медод.
         Соатҳои шаши бегоҳ пас аз хобу истироҳат командир ба гардиш даъват кард. Вай ин даъвати худро бо суханони зерин асоснок намуд.
         ‒ Табобату дамгирӣ хӯрдану хобидан не, ҷӯраҳо. Хӯрда хобидан ва хобида хӯрдан ин табиати хоси ҳайвонот аст. Истироҳати мо бояд фаъол бошад.
         Ва худ намунаи ибрат нишон медод. Пеш-пеш роҳ мепаймуду ҳамчу соя Мирзобеку Доварро аз паси худ кашола мекард.
         Хати гардиши онҳо гирдогирди биноҳои муолиҷавии беморхонаро ташкил мекард. Онҳо бо ҳам сӯҳбаткунон қадам мезаданд.
         Довар ба пиёдагардӣ чандон ҳавсала зоҳир намекард. Вай бе он ҳам, барои сарфаи раҳкиро, баъзе рӯзҳо даҳҳо километр пиёда мегашт. 
         Дар хати гардиши онҳо, махсусан, ба он ҷойҳое, ки чашми роҳбарону комиссияҳо намерасид, пурчангу хок буд. Болои баъзе қисмати роҳро алафҳои бегона пахш карда буданд. Дар гӯшаи ҷанубтараш ҳар ҷо ‒ ҳар ҷо янтоқ мерӯйид. Қади баъзеи онҳо ба зону мерасид ва ба қадамзании якбораи се нафар монеъ мегардид.
         ‒ Ин ҷойҳоро тозаву озода кунанд, роҳрави зебое созанд, асфалт хобонанд, дар ду тарафаш блокҳои дароз-дароз гузоранд ва онҳоро сафед кунанд, зӯр мешуд, ‒ ин хел шароитҳоро, ки Иқболшоҳ пештар дар дигар истироҳатгоҳҳо бисёр дидааст, ба хотир оварда, изҳори ақида намуд.     ‒ Дар он сурат ба ҷойи ин роҳҳои каҷмакаҷаку пурчангу хок як пайраҳаи саломатӣ бунёд меёфт.
         ‒ Дуруст, ‒ ақидаи ӯро тасдиқ карда гуфт Мирзобек. ‒ Маркази саломатӣ бошад, посбонони саломатӣ бошанд, барои саломатӣ арақ бошад, чаро барои пиёдагардии беморон пайраҳаи саломатӣ набошад? 
         ‒ Хомӯш! ‒ ба сӯйи ӯ ало нигоҳ карда, амромез гуфт Иқболшоҳи командир. ‒ Шумо доимо ҳамин хел-а, Мирзоака? Фақат қӯрро ба болои кулчаи худ кашидан мехоҳед, ‒ ва суханашро қувват дод. ‒ Дар ҳар беморхонаву истироҳатгоҳҳо пайраҳаи саломатӣ бошад, нағз-дия. Духтурон ҳам ҳамчун муолиҷа ба беморон чанд маротибагӣ пиёда гаштан ё давиданро тавсия мекарданд. Ба беморони фарбеҳтар ду‒се маротиба давиданро мефармурданд. Умуман, хелҳои давидану гаштан зиёданд. Аз рӯйи бемориашон ба ҳар кас ҳар хел ҳаракатҳоро пешниҳод менамуданд. Ҳангоми гардиш, пиёдагардӣ л давидан тамоми узвҳои инсон ба ҳаракат меояд-дия. Гардиши хун беҳ мегардад, узвҳои нафаскашии одам хубтар кор мекунад, хулоса, ин гуна табобати фаъолона ба тамоми организми инсон фойида мебахшад.
         Боз Иқболшоҳ ба Мирзобек дар ин хусус чиҳо гуфт, Довар намедонад. Онҳо саргарми сӯҳбат гашташонро тезонда буданд. Довар аз онҳо қафо монда, аз оқиб хаёлолуд қадам мезаду қадам мезад. Ҳеҷ не, ки се маротиба гардиши гирдогирди биноҳо ба охир расад.

                            *                           *                           *
         Пас аз хӯроки бегоҳирӯзӣ Иқболшоҳ ба сӯйи телевизори палата, ки дар як гӯша меистод, нигоҳ карда, гуфт:
         ‒ Телевизор мебинем ё не? ‒ ва худ аз номи ҳама ҷавоб дод. ‒ Не!
         ‒ Ӯҳ мардуми доно-е, фикри моро телепатҳо барин дуруст хондед.
         ‒ Рост, мо ин ҷо барои табобату истироҳат омадем, на барои калларо гиҷ кардан. Телевизор сарчашмаи танбалӣ. Бе ҳамин ҳам аз телевизорбинӣ қариб телеман шуда мондем. Нест бод каллагиҷкунӣ! Ба зоти телевизоре, ки келинчакҳо барин дар пешгоҳ истодааст, талоқ эълон мекунем.
         ‒ Гапи командир қонун! Дафъаш мӯъминон, намебинем! ‒ ба онҳо ҳамраъйӣ изҳор кард Довар.
         Ин масъала низ ҳал шуд.

                            *                           *                           *

         Мирзобек аз ҳоҷатхона баромада воҳимаомез ду даст ба сар зад, ки чароғаш кор намекунад.
         ‒ Сӯхтагист ‒ дия,‒гуфт командир. ‒ Пагоҳ монтёрро ҷеғ мезанем, омада соз мекунад.
         ‒ Эҳ‒ҳе, бузам намур, ки баҳор мешавад. То мегӯем, то монтёро меояду соз мекунад, ки як моҳ мегузарад.
         ‒ Хайр, дигар чӣ илоҷ?
         ‒ Як ман бинам, ‒ гӯён Довар аз ҷой хест. ‒ Сӯхтагӣ бошад, лампочка даркор.
         Аз набудани винттобаку анбӯр барин асбобҳо ӯ ҳайрон шуд. Иқболшоҳ зуд ин хел чизҳоро аз сумкааш баровард. Довар бо онҳо ба ҳоҷатхона даромад. Ин тараф ‒ он тарафи симҳоро аз назар гузаронд. Сарпӯши пуффакмонанди пласмассии сафеди болои лампочкаро кушод. Дар лампочка осори сӯхтагие надид. Иллаташро ёфтани шуда, қафои қолаби лампочкамонакро кушод, ки як симаш ҷудо шудааст. Онро соз карда буд, ки чароғ фурӯзон шуд.
         ‒ Ба ин хел корҳо ҳам бало будед‒ку Доварҷон! ‒ хурсандона нидо дод Мирзобек.
         ‒ Ҳа, - камтар ақлро кор фармоем, ҳамааш мешавад.
         ‒Ӯҳ, одамҳои доно-е!

                                      *                           *                           *

         Гардиши шабона қариб ним соат давом кард. Хати гардиши онҳо аз назди дари корпуси асосӣ то дарвозаи беморхона тӯл мекашид. Он як роҳрави базеби асфалтпӯше буд. Дар ду тарафаш майдончаҳои чоркунҷаи сабзпӯше дошт. Гирд­гирди онҳоро блокҳои дароз-дарози чоркунҷашакл иҳота мекарданд. Дар ду тарафи роҳ ҳамчун сарбозон арчаҳои калон­калон қад афрохта буданд, ки шабона аз худ як бӯйи аҷиби тезе хориҷ месохтанд.
         Ҳампалатаҳо ҳамчун моку дар ин роҳ қадамзанон 5 – 6 маротиба пасу пеш рафта омаданд.
         Дар поси аввали шаб ҳаво салқину форам гашта буд. Бӯйи хуши арчаҳо ба машом зада, ба одам як кайфияти рӯҳафзо ва хушҳолӣ ато мекард.
Давом дорад...

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА