НАСР
Бахтиёри ҶУМЪА
ДӮСТОН САЛОМАТ БОШАНД
(Повест)
(Давомаш)
РӮЗИ
ҲАШТУМ
‒ Падём! Хезед,
ҳӯ танбалҳо, коргурезҳо, гарданғафсҳо! − чапакзанон командир сарбозони худро
бедор карданӣ шуд.
Довар бедор буд. Имшаб ӯро боз
бедорхобӣ азоб дод ва ҳоло каллааш гарангу худро мондаву лакот ҳис мекард.
Хеста дасту рӯ шуст ва барои давидан берун баромад.
‒ Ҳозир ҳамшира
омада, анализи ҷигари моро мегирад. Ман баъд баромада
медавам, ‒ гӯён Мирзобек боз сарашро зери кампал гирифт.
‒ Фиребгарӣ нашавад! − боз як бор
таъкид кард Иқболшоҳ. – Баъди анализ ба давидан бароед!
‒ Хуб шудааст, − ғурунгос зад аз зери кампал Мирзобек. ‒ Гапи шуморо кай ду карда будам, ки, командир,
акнун ду кунам.
Иқболшоҳ аз дар баромада, ба давидан сар кард. Вай мисли робот мувофиқи дастури қатъие, ки дар
майнааш сабт шудааст, медавиду медавид. Вай дар ин хел вақтҳо ба ҳеҷ касу ҳеҷ
чиз эътибор намедод ва аз рӯйи одати деринаи худ на сусту на тез, балки бо як
мароми муайян медавид. Довар аз паси ӯ буд. Вай базӯр ду давра тохта, ба қадамзанӣ
гузашт. Ҳавои тоза ё дави пагоҳирӯзӣ буд, ки дар осмони сараш абрҳои фикру хаёлҳои
мағшуш пароканда шуданд. Дарди сараш каме рафъ гардид. Рӯҳаш болида, ранҷу азоби
бедорхобӣ кам-кам дур мегашт.
Ҳар боре, ки Иқболшоҳ давида омада, ба
ӯ баробар мешуд, “ҳа давед, охир, суст наоед!” гӯён луқма мепартофт. “Хуб, хуб”
дар ҷавоб мегуфт ӯ, вале аз донистаи худ намемонд: ба гулу гиёҳ, ниҳолу
дарахтон, сабзаҳои чашмрабои ду тарафи пайраҳа чашм дӯхта, хаёлолуд қадам мезаду
қадам мезад. Бо ҳамин хел хаёлҳои ширин се маротиба гирдогирди биноҳои
беморхона чарх зад. Акнун гаштану давиданро бас карда, ба палата медаромад, ки Мирзобекро дид.
‒ Аллакай давиданро бас кардед? ‒ гуфт
Мирзобек ва ӯро аз роҳаш гардондани шуда таклиф кард, ‒ гардед, боз як бор давр
занем?
‒ Барои имрӯз
бас будагист. Боз пагоҳ медавем.
Мирзобек ба давидан сар карду Довар ба
палата даромад.
Иқболшоҳ дар палата пойҳояшро ба девор
такя дода, рӯйи гилем мехобид. Вай аз рӯйи ҷадвали тартибдодаи худ пас аз
давидану варзиш каме дар ҳамин ҳолат мехобид. Дар ин хел вақт ҳаракати хун дар
пойҳо беҳтар мегаштааст.
Мирзобек даромад. Иқболшоҳ ба ӯ ало
нигоҳ кард, ки дуруст надавида, зуд баргаштааст.
‒ Хайр, давидан
зӯр шуд? – оҳиста пурсид Довар.
‒ Ҳа, ‒ пичирросзанон дар ҷавоб гуфт
Мирзобек, ки Иқболшоҳ нашунавад. – Баъзе раҳбарони обрӯталош барин переписка
кардам. Як дафъа давида, ҳисобот додам, ки шаш круг шуд.
* * *
Чун одат ҳамшираи хоҷагӣ ‒ Маҳбубаойтӣ
бо фаррошзанон ба палата даромад. Тозагии палатаро санҷид. Чанги деворҳоро
дида, акнун ходимонашро сарзаниш мекард, ки Довар гуфт:
‒ Ман аз болои
ходимонатон шикоят дорам.
Бо шунидани калимаи “шикоят” дар байни
абрӯвони Маҳбубуойтӣ гиреҳ афтод. Довар ба ин эътиборе надода, суханашро давом
дод.
‒ Азоби
бедорхобӣ ба ҷонам расонду ман ба ин ҷо барои табобат омадам. Лекин уколу
доруҳо фойида накарда истодаанд. Ҳамин шаб ҳам хобам набурд. Соатҳои чори саҳар
акнун ғанабам бурдааст, ки як чиз омада “тапарросзанон” ба шишаи тиреза зад.
Талхакаф шуда, чашм кушода бинам: мусича! Вай аз тозаву беғуборӣ шишаро надида,
бо мақсади ба дарун даромадан, ба шишаи тиреза омада задааст. Боз хобам
бурда–набурда ин овози гӯшхарошу
бадвоҳима дубораву себора такрор шуд. Хулоса, то
пагоҳӣ ҳамин аҳвол давом кард. Фаррошҳои шумо инсоф надоранд. Одам шишаҳои тирезаро ин
қадар тоза пок намекунад-дия. Мусичаҳои бечора аз ин хел тозакориҳои шумо
бехабар, гӯё дар ҳавои кушод парвоз мекарда бошанд, тарақ-тарақ омада, худро ба
шишаҳои тиреза заданд. Аз шумо илтимос, ба ходимонатон фаҳмонед: ин қадар софу
шаффоф тоза будани шишаҳои тиреза нағз нест. Охир ғами мо, касалҳои бечораро
ҳам, хӯранд. Агар шишаи тирезаҳо чиркину доғдор мебуданд, мусичаҳо онро ҳатман
медиданд. Мусичаҳоро беақлу бекалла гӯем, охир мо одамем, ақлу тамиз дорем.
‒ Ҳа, ман ҳам ба гуфтаҳои Доварҷон
ҳамроҳ мешавам, ‒ гуфт Мирзобек. ‒ Ин чӣ гап-а?! Ҳама ҷо тозаву озода, одам
худро дар ҷойи бегона гумон карда, сару калобаашро гум карда мемонад. Чирку
чарм, ба қавли халқ, ин
бойигарии мост. Наход
шумо бар зидди бойигарии халқ амал кунед?
Маҳбубуойтӣ даруни табассуми худ ғӯтид
ва дигар ба ходимонаш хӯрдагирӣ накарда, палатаро тарк кард.
* * *
Тиқ-тиқ! Тиқ-тиқ-тиқ!
‒ Дароед, Шоҳидабону!
“Дароед”, “надароед” гӯед, ки ӯ ҳар
пагоҳ медарояд. Медарояду дар пойгоҳ рост истода,
аҳволпурси мекунад ва зуд баромада меравад.
‒ Ассалому
алайкум, чту шумоҳон? Нағз, сиҳату саломат гаштетон? Нағз хоб рафта хестетон? –
аз рӯйи одат якбора бо ҳама аҳволпурсӣ мекард Гулҷаҳон.
‒ Раҳмат. Аз худатон пурсем? Акаамон
нағзанд? – пурсид Иқболшоҳ.
‒ Нағз, раҳмат.
Ман имрӯз каме бевақт мондам.
‒ Имрӯз ҷумъа-дия, маълум, ‒ луқмаи
таҳдоре партофт Мирзобек.
‒ Э, намуред шумо! ‒ хандид Гулҷаҳон. –
Ҳушу ёдатон ҳамин хел гапу корҳо-а?
‒ Хайр, мақсади зиндагӣ ҳамин бошад, мо
дигар чӣ кор кунем? Биёед, шинед, ‒ роҳаткурсиро нишон дода таклиф кард
Мирзобек, ‒ ҳамроҳ чой мехӯрем.
‒ Не, ман чой
хӯрдам, ‒
чун одати доимиаш ҷавоб дод ӯ. – Шеф
ба кор наомада, ман равам. Бевақт монданамро бинанд, кампирҳои серҷоғ барин то бегоҳ ғут-ғут карда мегарданд. Хайр...
‒ Хайр.
Мирзобек баъди рафтани ӯ ба чор тараф
зеҳн монда, ба командир рӯ овард:
‒ Рафиқ командир, ҳамин занак дарояд,
баъди рафтанаш мебинем, ки шиппаку туфлиҳоямон рӯ ба сӯйи дар менигаранд. Ӯ кай
ва чӣ хел ин корро ба ҷо меорад, ман надида мемонам. Мазмуни ин рафтораш чӣ
бошад-а?
‒ Минталитети
зани ҷӯраам баланд. Урфу одатҳоро нағз медонад. Расми хуби тоҷиконро ба ҷо меорад.
Бо ин рафтораш Доваракему шумо барин одамони бетарбияву бефаросатро тарбия мекунад.
‒ Ӯҳ мардуми доно-е! − хандид Мирзобек.
– Боз ин корашон «ба диламон задед, кафшатонро рост карда мондам, акнун дафъ
шавед, набошад?!»
‒ Намедонам.
* * *
Аз паси дар овози ходимаи ошхона баланд
шуд, ки наҳорӣ тайёр асту хоҳишмандон марҳамат ба ошхона оянд.
‒ Ҷаноби
командир, ба ошхона меравем? – пурсид Довар.
‒ Не! − бо оҳанги қатъӣ ҷавоб дод
Иқболшоҳ. – Дар ҳамин ҷо таҳтӯл мекунем.
‒ Имрӯз як ширшавлаи бемаззаи камколлория
хӯрем, нағз буд. Ҳар рӯз хӯрокҳои бақувват хӯрдан меъдаро мекафонад.
‒ Найн! Қаймоқи дирӯза дар яхдон ях
баста хобидааст. Чӣ хел дилатон мешавад, ки ҳамин хел як чизи нағз ҳайф шавад?!
Мо оби раббанои ошхонаро хӯрему қаймоқро пашшаҳо хӯранд?!
‒ Хайр, мебахшед командир. Ман як гуфтам-дия.
Дар ҳамин ҷо бошад, дар ҳамин ҷо, ‒ розӣ шуд Довар.
‒ Ҳа, фармони командир фармон! Гӯш
накунеду рӯзатона бинед, ‒ гуфт Мирзобек. – Мо командирро ҳурмат мекунем!
‒ Ҳурмат накарда ҳам бинед, ‒ ба
Худо ҳам, хушомад хуш омадааст, ки командир мамнун лаб инҷ кард. – Командир дар
Африка ҳам командир аст. Инро бо ду гӯшатон нағз шунида гиред.
‒
Ӯҳ мардуми доно-е!
* * *
Се
ҳампалатаҳо плёнкахалтаҳои худро ба даст гирифта, ба таги дари шӯъбаи
сӯзанхалонӣ омаданд. Дар қулфу духтур набуд. Фаҳманд, духтур Зебохон ба отпуск
баромадааст.
‒
Э кори нағз нашуд-дия, ‒ бо надомат ба гап даромад Иқболшоҳ.
‒
Ойтӣ ҳам дилу бедилон кор мекарданд, ‒ илова кард Мирзобек. ‒ Мутахассиси ин
соҳа ягона худашон бошанд, ки дигар духтурҳо ҳам аз бахилӣ ба ин кор даст заданд.
Ин, албатта, ба одам сахт алам мекунад.
‒
Пул ширин-дия. Онҳо ҳам пул кор кардан мехоҳанд.
‒
Ҳа, гадо душмани гадо. Ба одами нағзу мутахассиси бебаҳо роҳ нест. Ҳамеша хору
хас рӯйи обу гавҳари бебаҳо зери дарё ‒ ба чашм ноаён. Аз рӯйи баъзе гапҳо
Зебойтӣ тамоман аз кор рафтанӣ. Отпуск баҳона, аз афташ, ягон ҷойи кори нав
мекобанд.
‒
Он кас мутахассиси хуб, рӯзашон ба гадойӣ намемонад.
Дигар
давоми гапи онҳо ба гӯши Довар намедаромад.
Аз
ин хабари нохуш кайфи ӯ кӯр шуда буд. Бо он зан ҳамсӯҳбат шудан, дар ҳузуруш
будан ва сӯзан қабул кардан ба ӯ ҳаловат мебахшид. Баъде, ки Зебоойтӣ тамоми
даҳ адад сӯзанро дар сар ва дасту пойҳои ӯ мехалонд ва аз 20 то 30 дақиқа нигарон мешуд, тамоми ҷисму
ҷони Доварро як кайфияти беғамӣ, хушҳолӣ, сабукрӯҳӣ фаро мегирифт. Чӣ хеле, ки
хумориҳо баъд аз кайфи чизи дӯстдоштаашон ҳузуру ҳаловат мекунанд, вай ҳам аз
сӯзанхалонӣ ҳамон тавр лаззат мебурд. «Худоё, ‒ аз дил мегузаронд ӯ, ‒ дигарон
аз майю нашъа майзада ё нашъаманд шаванд, аз афташ, ман аз сӯзанмонӣ!».
* * *
Ин
пагоҳи аз хоҳари хоҷагиву фаррошҳо дарак нашуд. Ҳама ҳайрон буданд. Вале
сабабашро намедонистанд.
Соатҳои
ёздаҳи рӯз Мирзобек бо Маҳбубаойтӣ дар долон вохӯрд.
‒
Ин пагоҳӣ ба палата надаромадед, ойтӣ. Боз фаррошҳоро ҷанг накунед гуфта, мо ‒ худамон
хуб ҳама ҷоро рӯфтаву чинда, лесида мондагӣ барин тоза кардем.
‒
Имрӯз мо дар саҳни беморхона ҳашари тозагӣ гузарондем. Баромада бинед, ҳама ҷо
чӣ хел тозаву озода аст.
‒
Мо беҳуда азоб кашида будаем-дия.
‒
Беҳуда не, барои худатон нағз!
‒
Афсӯс…
* * *
Дар шӯъбаи муммонӣ одам бисёр буд. Мудираи он ‒
диванзан Доварро дар навбат дида, пурсид:
‒
Шумо ҳам омадед?
‒
Омадам.
‒
Ягон ним соат интизор шуданатон лозим.
‒
Ҳеҷ гап не, лозим бошад, як соат мунтазир мешавам, ‒ ҳамчун бачаи қобилу гаправ
розӣ шуд Довар ва китобро аз плёнкахалтааш бароварда, ба рӯйи зонувонаш гузошт
ва ба хондан даромад. Интизорӣ аз ним соат зиёдтар тӯл кашид. Ниҳоят навбаташ
расид. Ба хоначаи рақами шаш даромада, тайёр шуд. Ҳангоми муммонӣ дар рафтору
кирдори мудира дигаргуние ҳис накард. Забонаш ҳамон ширин буду амалҳояш ‒ душманона.
Дигар илоҷ, ки надошт, Довар дандон ба дандон монда тоқат кард. Фақат вақти
рафта истодан оҳиста пурсид:
‒
Ойтӣ, мебахшед, ду-се рӯз пеш баъзе коғазҳои худро фаромӯш карда рафтаам.
Мабодо шумо онро надидед?
‒
Эҳ-ҳа, ҳоло вай коғазҳои шумо буд? Ман коғазҳои бекора гумон карда, ҳамчун
дастгираки дег кор фармудам. Баъд ба куҷое партофтам, ҳоло дар хотирам нест, ‒ онҳо
чанд нафар хӯроки пешинашонро дар болои гази тобаҳои мумобкунӣ мепухтанд. ‒ Агар
ҳамин хел намекардам, таги дег гирифта, гӯштбирён ҷинҷак мешуд. Он коғазҳо ягон
хел ҳуҷҷати муҳим буд?
‒
Не, бекора, як мактуби ошиқона, ‒ бо алам гуфт.
‒ Э мани бекалла, ҳоло
ҳамин хел хата дастгирак сохтаам ‒ а? Кӣ навишта буд?
‒ Як одами нағз, ‒
латтаи Довар, ки ба об афтода буд, бо сари хам ба палата омад.
«Шайтон занад! Оқибати
корҳои ман ҳамеша ҳамин хел барбод меравад». Вай хуни дил хӯрда, барои беҳбудии
кор ягон мактуб тайёр кунад ё ҳамчун низомнома маслиҳатҳои муфиде таҳия намояд,
дигарон онро ба ду пули пучак мебароварданд. Аз афт, дар гузашта ҳам девонҳо,
асарҳо, дастурамалҳои беҳтаринро нест кардаанд, ки бадтаринаш мондаанд ва ҳоло
мо онҳоро чизҳои олитарин гуфта, қабул мекунем ва ба осмони ҳафтум мебардорем.
* * *
‒
Алӯ! Ҷаноб, ба шумо занг мезананд. Агар вақтатон бошад, гӯшакро гиред.
Мешунавед? Ба шумо занг мезананд, ҷаноб? Хайр, гӯшакро нагиред ҳам, зарар
надорад. Даркор бошад, боз баъдтар занг мезананд… Алӯ! Ҷаноб, ба шумо занг
мезананд…
Телефонии
дастии Мирзобек боз занг мезад. Агар ба зудӣ ҷавоб надиҳед, ин хел гапҳо бо обу
ранги навтаре такрор мешуд. Вале Довар ягон маротиба то охир сабти пурраашро
нашунидааст. Мирзобек зуд гӯшакро мегирифт ё чун аз рӯйи рақамҳо медид, ки
одами ба мизоҷаш нофорам аст, зуд телефонро мекушт.
Инак,
боз овози телефон баланд шуд.
‒
Ана, боз ба кадоме даркор шудам, ‒ ва ба телефон ҷавоб дод. – Да? Салому алейкум.
Худатон нағз? Саломатӣ баҷо? Аҳли хонавода, гову гӯсола , дару тиреза ҳама –
ҳамааш дар ҷояш? Ҳа, ҳа. О, албатта! Ҳамааш мешавад. Фақат шумо камтар тоқат
кунед. Бузургон аз сабру тоқат ёфтаанд. Ман
ҳозир дар беморхона. Касалиям вазнин. Ҷангу ҷанҷол лозим не. Давленияам 80 бар
120. Температураам 36,6. Асабҳо монда шудагӣ, иштиҳо мурдагӣ, хоб гурехтагӣ, киса
касал шудагӣ, ғиҷҷакнавозии занак зиёд шудагӣ, саҳл гапи нофорам фишори хуна
даҳони шишаи шампон барин ба боло мепарронад… Э, раҳмат, ана ин гапи дигар. Шумо
ҳам одам мешудед‒ку! А? Не, шумо пештар ҳам одам будеду акнун одаме, ки бо
ҳарфҳои калон навишта мешавад. Ҳа, ягон ҳафта боз дар беморхона… Ба ин қарибиҳо
ҷавоб намедиҳанд. Ҳа, то сиҳҳат шудан дар ҳамин ҷо. Духтурҳо чӣ хӯрокиҳо
мефармоянд?! Ҳама чизе, ки дил кашад. Ӯҳ, одами доно-е, аллакай чӣ кашиданашро
ёфтед-а?! Э шумо бало, ака, девор набошад, пушти онро бемалол мебинед. Ҳа, аз
худатон гап намемонад, дили ман ба бисёр чизҳо гум мезанад. Не, илтимос, ака,
ташвиш кашида нагардед. Аз беморхона бароям, худам рафта, шуморо мебинам. Хайр,
ака, духтур даромаданд, то дидан дар амони Худо бошед…
Мирзобек
баъди чунин ҷавобдиҳӣ шараққӣ сарпӯши телефонро пӯшонда, хандон ба сӯйи
Иқболшоҳ нигарист.
‒
Мурғбирён мехӯред, рафиқ командир? Бегоҳ табака меояд.
‒
Э худи шумо одами доно, Мирзоака. Ба бехабарҳо худатон телефон карда, дар
беморхона буданатонро мефаҳмонед-а?
‒ Хато накунед, ман
не, онҳо телефон мекунанд.
‒ Ҳмм, пашша ғингос
задан гирад, оқибат ба тӯри тортонак меафтад, гӯед.
‒ Ин айби манн не, ‒
бо тантана ҷавоб дод Мирзобек. ‒ Худашон худашонро аз дасту пояшон баста диҳанд,
ман чӣ кор кунам?!
* * *
Довар
пас аз қабули табобатҳо ба палата баргашта онро нашинохт. Ҳама ҷо лесида
мондагӣ барин тозаву озода. Ба зери по қолинҳои нав. Мизу курсиҳо олиҷаноб.
Телевизори калони васеъэкран. Ба ҷойи катҳои хоби ғиҷирросию шалақи пешина
катҳои нав гузоштаанд. Аз болопӯши ҷойхобҳои нави хушранг бӯйи хуше меомад. Дар
пеши тирезаҳо гулҳои тубакии шукуфон назаррабоӣ мекарданд.
Ҳамин
вақт чашмаш ба Иқболшоҳ афтод. Ӯ дар курсии роҳат бофароғат нишаста, хандон
Доварро наззора мекард.
‒
Худаш чӣ гап? ‒ пурсид Довар.
‒
Надонам, ‒ китф дарҳам кашид Иқболшоҳ. ‒ Ин, аз афташ, кори Мирзоакем. Дина
бегоҳӣ тағояшон омада буданд.
Ҳамин
вақт Мирзобек шоду хандон ба палата даромад. Аз чеҳрааш як нуру таровати қаҳрамонӣ
меборид. Вай бо овози мутантан эълон кард:
‒
Рафиқон, имрӯз баъди пешин ихтиёри шумо дар дасти ман. Акаи Иқболшоҳ қаҳратон ояд
‒ наояд, хоҳед ‒ нахоҳед, ки ҷоятонро ба ман холӣ карда медиҳед.
‒
Чаро? ‒ оташ гирифт командир. ‒ Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ҷойи маро гирад. Барои
ин фармони махсуси фармондеҳи болоӣ лозим.
‒
Инро медонем, фақат шумо оташ нагиред. Ин ҳамин тавр, ним рӯзакак.
‒
Хайр, бе шаф‒шаф шафтолуи гапро гӯед, ‒ пурсид Довар. ‒ Мардуми мо мансабро
дӯст медоранд. Ба зини мансабчае савор шаванд, даррав аз худ мераванд.
‒
Гап ҳамин, ки рафиқҳо, главврач ба дом афтод. Чӣ хел, барои чӣ, бо кадом сабаб
ва ғайраву ва ҳоказо гуфта напурсед.
Дангали гап, вай ҳозир ҳақ медиҳаду мо кайф мекунем. Акнун гапа ғуҷола накарда,
ба фармони ман итоат кунед. Рафтем!
Аз
ин гуна гапҳои сеҳромези ӯ Иқболшоҳу Довар чӣ гуфтанашонро надониста, аз паси ӯ
кашола шуданд.
Кабинети
сардухтури сиҳатгоҳ кабинети кабинетҳо буд. Калон, васеъ, равшан. Гилемҳои
олиҷаноб дар таги по. Болои сар қандилҳои зиёд. Курсии нишасти худаш дар пешгоҳ
‒ тахти амирон барин боҳашамат. Худи сардухтур як марди қоқи хароби қадпасте
буд. Чумчуқ барин пирт‒пирт мепарид ва дар як
ҷо сабру қарор надошт.
Дар
поинтари кабинет боз як мизи пастакаку дар гулдони рӯйи он гулдастаи зебое
меистод. Дар гирдогирди он роҳаткурсиҳои олиҷанобе гузошта буданд. Сардухтур бо
хонумҳо л дӯстони қадрдону меҳмонони олимансабаш дар ҳамин ҷо нишаста, сӯҳбат
мекард ва л чою қаҳва менӯшид.
Дар
тарафи рости пешгоҳи кабинет боз даре ба назар менамуд. Ҳар як бинанда онро
ҷевон гумон мекард. Вале вай дар асл дари даромад ба хонаи фароғату истироҳати
шеф буд.
Сардухтур
он дарро кушода, меҳмононро ба ҳамон ҷо даровард. Мебелу ҷиҳоз, мизу курсиҳо,
нозу неъматҳои болои мизро дида, даҳони муаллим воз монд. Ин аҳволи ӯро дида,
Мирзобек нихта карда гуфт:
‒
Даҳонро пӯшед, Доварҷон, боз пашша надарояд.
Довар
ба чор тараф нигариста, бо ҳайрат пурсид:
‒
Ин ҷо пашша нест-ку?!
Мирзобек
хандид. Командир ба онҳо ало нигоҳ кард, ки бетартибӣ накунанд.
Ҳамин
вақт мазмуни гапи Мирзобек ба умқи шуури Довар расид. Аз шарм сурх шуд. Ҳа,
муаллимони бечора ҳамеша боиси хандаву тамасхуранд. Ҳамаро мехононанд, соҳиби
илму дониш месозанд, вале охиру оқибат ба ҷойи раҳмат гуфта, миннатдор шудан аз
болояшон механданд.
Дур
наравед, мисоли равшанаш рафтори худи ҳамин Мирзобек. Довар ягон чизро нақл
карда истода бошад, ки Мирзобек дар байни гап гоҳо ба ӯ рӯ оварда, мепурсад.
‒
Ҳа, Доварҷон, ҳоло шумо гап зада истодаед?
‒
Ҳа, ‒ ҷавоб медиҳад ӯ.
‒
Хайр, гап задан гиред. Ман ҳамту як пурсидам-дия. Муаллимон бо гап зинда!
Довар
мақсади Мирзобекро дер фаҳмид. Рости гап, вай ин хел кабинету дабдаба ва
муҳитро бори аввал медид.
Сардухтур
аз пешгоҳ гузашт. Се нафар аз рӯ ба рӯ ‒ болои диван ҷой гирифтанд. Дар ду тараф
боз курсиҳо буданд, ки ба яке аз онҳо ҷонишини сардухтур нишаст.
Сардухтур
ҷилави гапро ба даст гирифт.
‒
Бародару додарони азиз, акнун маро мебахшед-дия, худам ҳам кайҳо боз бо шумо нияти
як нишастан доштам. Дилам мехост, ки дар ягон ҷойи дурусттар шинем. Агар
имрӯз‒пагоҳ карда гардем, аз ҳамин рӯзамон, як нишасти дарвешонаамон ҳам мемонем.
Мақсад, чорта чақ‒чақ кардан аст. Марҳамат, шарм надошта ба дастархон нигаред.
Ба фикрам, аввал аз хӯришҳо сар кунем, беҳтар будагист.
Рӯйи
миз 5‒6 хел аз карам, помидору бодиринг, бойимҷон, қаланфур, кабудиҳо ва ғайра
хӯришҳо, ки танҳо диданаш оби даҳонро мешоронд, интизор буд. Даруни онҳо тухми ҷӯшондаи
резакарда, панири аз турфтарошак гузаронида, ҳасиби дудхӯрдаи чоркунҷабурида ва
боз ким ‒ чиҳои дигаре, ки бо қаймоқ омехта карда буданд, меистоданд. Дар ду
табақ нон: нонҳои бо корд тунук буридашудаи бӯлкаи сиёҳ, сафед, фатир ва нони
осиёгӣ. Барои гирифта хӯрдан дар ду тарафи табақчаи сафеди рӯяк чумча, корд ва
чангакҳо меистоданд.
‒
Шумо ‒ марди хоксор, Собир Аъзамович! ‒ лаганбардорона ба гап сар кард
Мирзобек. ‒Одамон аз хоксорӣ қадру қимати баланд меёбанд. Илоҳо, Худо
давлататонро кам накунад. Канӣ, худатон сар карда диҳед.
Худи
Собир Аъзамович қошуқу чангакро назару писанда накарда, бо даст ба хӯрдан сар
кард.
Мирзобек
чумчаро ба даст гирифт. Иқболшоҳ бо чангак мусаллаҳ шуд. Довар чӣ кор
карданашро надониста, аз пораи нони сиёҳ кам‒кам шикаста, ба даҳон меандохт.
Ҷонишин
бо имои Собир Аъзамович даҳони шишаи арақро кушода, ба шеф рехт. Ба Иқболшоҳ рӯ
овард, ки ӯ ба чӣ майл дорад: арақ, коняк, вино, пиво? Иқболшоҳ узр пеш овард,
ки ӯ аввало муолиҷа гирифта истодааст, баъд спортсмен аст ва умуман бо нӯшокиҳо
«ҷӯра» не.
‒
Спортсменӣ нағзу спиртсмени боз зӯртар! ‒ гуфт Мирзобек. ‒ Мо спиртсмен. Ҳеҷ набошад,
ба он кас пиво резед!
Ҷонишин
қадаҳи ӯро бо оби ҷав пур кард.
Мирзобеки
спиртсмен виноро интихоб кард ва барои он, ки ҷонишинро ташвиш надиҳад, шишаро
ба пеши худ гирифт.
Ҷонишин ба худ ва
Довар арақ рехта, ба дасташ дод.
‒ Ин чӣ хел мешавад-а? ‒ пиёла дар даст ба сӯйи сардухтур нигарист Довар. ‒ Мо ин ҷо барои табобат омадем. О, арақ душмани саломатӣ-ку?!
‒ Ин чӣ хел мешавад-а? ‒ пиёла дар даст ба сӯйи сардухтур нигарист Довар. ‒ Мо ин ҷо барои табобат омадем. О, арақ душмани саломатӣ-ку?!
‒ Ман сардухтури ин
ҷо, ‒ калонгирона фатво дод Собир Аъзамович, ‒ ва аз ҳамаи духтурон беҳтар
медонам, ки агар арақро аз рӯйи меъёр нӯшем, дӯсти саломатӣ мешавад. Бовар накунед, ман исбот
карда доданам ҳам мумкин. Дар як ҷо нишастем. Яке аз ҳамсӯҳбатон гуфт, ки агар
ҳамроҳи мо мусаллас хӯред, 72 фойидаашро гуфта медиҳам.
‒
Виною мусаллас чизи зӯр-дия, арақ дар пеши онҳо номаъқул кунад, ‒ луқма партофт
Мирзобек.
Собир
Аъзамович инро нашунид л эътибор надод, ки суханашро давом дод:
‒ 7‒8 шишаашро холӣ
кардем. Э вай он қадар фойидаву аҳамияти винову мусаслласро номбар кард, ки
одам ҳайрон мешавад. Ҳамон вақт навишта нагирифтаам. Мавзӯи кори калони як
диссертатсия мешуд… Канӣ, рафтем. Ло авлоҳ вало қуввата!
Собир
Аъзамович бо як дам пиёлаи арақро холӣ кард.
Ҷонишин
зуд пиёлаи ӯро боз бо арақ пур кард.
‒ Аз ҳар хел пиво,
квас барин чизҳои туршу бӯйнока хӯрда чунгак шуда мурдана одам арақа зада мардонавор
мурад, беҳтар! Такрор шавад ҳам, боз як бор ман бо шумо ҳамчун духтур,
мутахассис мегӯям, ки ҳар чиз, аз ҷумла, арақро ҳам одам ба қадри меъёр хӯрад, фойида
дорад. Аввал арақ ҳамчун дезенфексия ба тоза кардани организм хизмат мекунад. Боз
воситаи хуби иштиҳокушоӣ аст. Дари дилу қулфи забонҳоро ҳам мекушояд. Аз ҳама
муҳимаш, ҳамин арақи сабилмонда…
‒
Арақҷон гӯед, устод, ‒ луқма партофт ҷонишин, ки худ аз рӯйи субурдинатсия ба
ном арақ менӯшид.
‒
Ҳа, ҳамин арақҷон, ба хун ҳамроҳ шуда, дар байни рагҳо мегардад. Дар ҳар ҷойи
рагҳои хунгузар, равған л чирку ифлосие бошад, задаву пораву тикка‒тикка карда,
ба хун роҳ мекушояд. Бо ҳамин роҳ саломатии инсон беҳ мешавад, ‒ ва пиёларо ба
лаб наздик бурда, илова кард, ‒ ҳар кас агар душмани саломатиаш бошад, нахӯрад,
ихтиёраш. Ло ҳавлоҳ вало қуввата!
Ва
пиёлаашро як‒як ба пиёлаву қадаҳҳои дигарон расонда, «ҷанг» андохт ва ба таги
биниаш зад.
Ҳама
барои саломатӣ гирифтанд. Фақат Иқболшоҳ қадаҳи пури пивояшро як ба лаб
расонда, боз ба ҷояш гузошт.
Боз
пиёлаву қадаҳҳо бо арақу вино пур шуданд.
‒
Хайр, акнун навбати сухан ба дӯсти азизамон, Мирзобек. Бе гап, бе тост арақ
талх мешавад. Канӣ, ҷигарам, ягон чиз гӯед, ширин шавад.
‒
Пула бисёрашу гапа кӯтоҳаш нағз! ‒ якбора пиёлаи пурвиноро ба даст гирифта гуфт
Мирзобек ва ба сардухтуру қадаҳу худаш ва шишаҳо ишора карда гуфт. ‒ Бошеду
бошему бошад!
‒
Зӯр!
‒
Офарин!
‒
Ана инро нӯшбод мегӯянд.
Ҳама
нӯшиданд. Котиба аз дар намоён шуд. Вай дар даст табақи калоне, ки лаълии
мисини рӯйи сандалӣ барин буд, таоми буғпаз дошт. Дар он аз картошкаву караму сабзиву
шалғам дида, гӯштҳояш бисёр буд. Буғаш дар болои табақ чашмрабоӣ мекарду бӯйи
зираву мурчаш одамро девона месохт.
Боз
яктоӣ бардошта, ҳамакаса ба табақ рӯ оварданд.
Дар
рафти ошхӯрӣ боз яктоӣ гирифтанд.
‒
Ҳамин ҳайф нашавад, ‒ Мирзобек, ки як худаш вино мехӯрд, каме винои охири
шишаро нишон дода гуфт. ‒ Аз нобуд шудани ина дида, ман кафида мурам, беҳтар, ‒
ва шишаи калони виноро ҳамчун карнай ба даҳон гузошта, баланд бардошт ва то
қатраҳои охиринаш нӯшид.
Командир
ҳар замон ба навкаронаш теғ кашида менигарист. Теғи нигохи ӯ одамро «хӯрам» мегуфт.
Мирзобек аллакай аз худ бехуд шуда буд. Довар аранге худро медошт. Ҷонишини
сардухтур ширакайф буд. Вале аз чеҳраи сардухтур, бо вуҷуди хурдҷуссагиву ин
қадар нӯшидан, заррае таъсири арақро пай бурдан душвор буд.
‒
Акнун, бародарону додарони азиз, ‒ луқмаи даҳонашро фурӯ бурдаву лабашро бо
сачоқ пок карда истода гуфт Собир Аъзамович, ‒ оббозӣ мекунем.
‒ Ҳавзи оббозӣ тайёр, Собир
Аъзамович! ‒ зуд ҳозирҷавобӣ кард ҷонишин.
‒ Фақат пеш аз оббозӣ ҳар кас чӣ хел проседурае қабул кардан хоҳад, ихтиёраш. Худи ман
‒ Фақат пеш аз оббозӣ ҳар кас чӣ хел проседурае қабул кардан хоҳад, ихтиёраш. Худи ман
массаж мегираму баъд ба оббозӣ меравам.
Пас
аз омини дурударозу ғафси Мирзобек, ки охирашро ба сӯҳбати дӯстону аҷали
ҳаромхӯру қонуншиканҳо будани тағояш ва таърифи сардухтур бурда часпонд, ҳама
аз сари дастархон хестанд.
Сардухтур
пеш‒пешу аз қафои ӯ се ошноҳо ба қабати дуввуми физиотерапевтӣ баромаданд.
Мудирони шӯъбаҳо дар
тан хилъатҳои тозаву озода доштанд ва мӯю рӯйи худро орову торо дода буданд.
Онҳоро гӯл иваз карда бошанд, тамоман дигар ‒ ба назар чеҳракушод, ғамхор,
хушмуомила менамуданд. Аз даҳонашон шаҳду шакар мерехт. Ҳар кадомашон дари кабинетҳои
худро кушода, ба қабули онҳо ҳозиру нозир буданд. Ҷонишин, ки аз ҳама қафо меомад,
бо имову ишора ба онҳо ҳар хел фармону супоришҳо медод.
Сардухтур ба шӯъбаи масҳ даромад. Мирзобек қабули
мумшамъро писандид. Иқболшоҳ ба сӯйи кабинети барқ роҳ пеш гирифт. Довар ба
сараш дарсенвал гирифтанӣ шуд. Вале зуд аз раъяш гашт. Худаш, ки базӯр ба пой
рост меистод, аз шарманда шудан тарсид ва ба поин, ба саҳни беморхона баромад.
Ҳавзи оббозӣ дар толори калони болопӯшида ҷойгир буд. Аз софиву шаффофии об сангҳои сафеди мармаринаш яллақос мезаданд. Дар даромадгоҳ ‒ лаби ҳавз мизи хӯрок ва дар гирди он курсиҳо ҷойгир буд. Мудири шӯъбаи табобати обӣ имрӯз фаришта гашта буд: зебо, хушрӯ, кушодачеҳра, хушмуомила, ширинзабон…
Ҳавзи оббозӣ дар толори калони болопӯшида ҷойгир буд. Аз софиву шаффофии об сангҳои сафеди мармаринаш яллақос мезаданд. Дар даромадгоҳ ‒ лаби ҳавз мизи хӯрок ва дар гирди он курсиҳо ҷойгир буд. Мудири шӯъбаи табобати обӣ имрӯз фаришта гашта буд: зебо, хушрӯ, кушодачеҳра, хушмуомила, ширинзабон…
Пас
аз якқадаҳӣ нӯшидан ҳама ба оббозӣ пардохтанд. Аз ҳама ҳам ҷаҳиши сардухтур
хандаовар менамуд. Вай, ки дар миёнаш лӯнгӣ баста буд, мисли бачаҳо аввал ба
боло ҷаҳида, баъд қафоноки худро ба рӯйи об мепартофт. Вақти боло ҷаҳидан лӯнгӣ
ҳамчун парашут боз мешуд ва вақте, ки ба об меғӯтид, сару рӯяшро мепечонд.
Баъде, ки ба таги ҳавз расида, дубора боло мебаромад, лӯнгӣ ҷойи аввалаашро
мегирифт. Гунҷишк барин тану тӯш дошта бошад, ки аз ҷаҳиши босуръат оби ҳавз
мавҷ зада, обу қатраҳои он ба чор тараф пош мехӯрданд.
Дигарон
ҳам ба ӯ пайравӣ карда, худро ба даруни ҳавз андохтанд. Онҳо дар таги об ҷим
мешуданд, ба чор гӯшаи ҳавз шино мекарданд, сагвор дасту по мезаданд ва л
рӯболо хобида, оббозӣ карданӣ мешуданд. Хулоса, ҳар кас чӣ ҳунару нағмае дошт,
ба ҷо меовард. Об ба бадани онҳо мефорид. Пас аз 10‒15 дақиқа чун аз об бароянд,
ки дар рӯйи миз мантуҳо тайёр. Боз хӯрдаву нӯшида, ба ҳавз даромада бароянд ‒
гӯштбирён омада. Мисли афсонаҳои сеҳрнок, ки одам як ғел занад, дигар мешавад,
онҳо ба об даромада бароянд, рӯйи дастархон дигар мешуд.
Боз
чӣ шуд ва чӣ монд, Довар намедонад. Фақат аранг‒аранг дар хотир дорад, ки қарибии
торикӣ писараш хабаргирӣ омадааст.
‒
Дадаҷон, ба шумо чӣ шуд? Ҳӯ дадаҷон, ба шумо чӣ шуд? ‒ гӯён сачоқро ба китфаш
партофта, аз лаби ҳавз ба сӯйи берун кашола мекард...
* * *
РӮЗИ НӮҲУМ
‒ Соат шаш! Хезед, ҳӯ коргурезҳо,
гарданғафсҳо, хоболудҳо, алкашҳо! ‒ баланд шуд овози командир. ‒ Барои тайёр
шуда, ба берун баромаданатон шаш сония вақт. Тез бошед, майзадаҳо вақт рафт!
Иқболшоҳ бало! Ҳам ба наъл мезанаду ҳам
ба мех. Чанд рӯз Довар ғундоштани дастархонро фаромӯш карда буд, инак, аллакай
тамғаи коргурез ба пешонааш часпид. Мирзобек, ки аз ҳад зиёд танбалӣ мекард ва ба
сайру гашти шабона гоҳо намебаромад, гарданғафс буд. Ӯро боз командир ба
хоболудӣ муттаҳам месохт. Аҷаб одами хушбахт аст ин Мирзобек. Сад дарду доғе л
коре дошта бошад, ки хобаш ҷурғот барин мебарад. Афсӯс намехӯрад, ки умри
азизашро ба хоб мебахшад. Аз афташ, барои ин қадар тинҷу ором ва дурудароз
хобидан ҳам маҳорат лозим аст.
Ба туфайли нӯшонӯшии дирӯза акнун онҳо боз унвони «алкашҳо»-ро ҳам
гирифта буданд.
Давидан сар шуд. Чун одат Иқболшоҳ бо формаи
варзишӣ бо як маром медавид. Довару Мирзобек аз рӯйи имкону ҳавсалаашон: аввал
аспҳои ҷавмаст барин чорхез заданд, баъди каме монда шудан ба лӯкка гузаштанд
ва ба обу арақ ғӯтида, инак қадам мезаданд.
Дар вақти давидан ба Иқболшоҳ ягон кас
рӯ ба рӯ ояд, вай ба имову ишора салом додаву пурсупос карда, суръати давашро
суст намекард. Аммо ба Мирзобек касе вохӯрад, ба вай Худо медод. Баҳона тайёр:
ин айби ӯ нест. Вай бо он шахс гап мезад, маслиҳат медод, латифа мегуфт ва л
байтеро хотиррасон карда, шарҳу эзоҳи дурударозе медод. Худо диҳам гӯяд, додову
очаат киву ту дар куҷо таваллуд шудаӣ, намегуфтааст. Ба Мирзобек Худованди
кариму раҳим лабу лаҳҷаи чархдоштае бахшидааст. Аз ҳама мавзӯъ бохабар асту дар
тамоми соҳаҳо гап мезанад. Вай дар ягон бобат мулзам шуда намемонад. Кадом вазъияте
пеш наояд ва л худаш дар кадом ҳолате наафтад, ваъдаҳои болохонадор медиҳаду бо
суханони ширин аз даруни осиёби гапдонҳо зиндаву саломат мебарояд. Кори ӯ гап
аст. Бо гап ҳам пул ёфтаву чархи зиндагониашро ғелонда тавонад, бояд кор ҳисоб
ёбад ва ба стажи корӣ дарояд. Мирзобек ба сӯҳбату маслиҳатдиҳии боғбони
беморхона банд шуд. Довар хаёлкунон танҳо гирд‒гирди биноҳои беморхона
қадамзаниашро давом дод ва аз ҳама охир ба палата омад.
‒ Хӯш, давидан чӣ хел шуд? ‒ пурсид аз ӯ Мирзобек.
‒ Хӯш, давидан чӣ хел шуд? ‒ пурсид аз ӯ Мирзобек.
‒ Зӯр.
‒ Чӣ хел зӯр?
‒ Бо одами хирадманду доно сӯҳбат
кардам, гирд‒гирди бино хуб қадам задам.
‒ Хайр, вай одами донову хирадманди
ҳамсӯҳбататон кӣ буд?
‒ Худам-дия. Худ ба худ сӯҳбаткунон
гирд‒гирди биноҳои беморхона чарх задам.
‒ Ӯҳ, одами доно-е!
* * *
Дар наҳории пагоҳӣ шавла ҳозир буд. Дилаки
Мирзобек ба қаҳва гум мезад.
‒ Ҷаноби командир, иҷозат диҳед,
пурсам.
‒ Пурсед.
‒ Қаҳва нӯшидан мумкин, командирҷон?
‒ Қаҳва бо шавла мумкин не!
‒ Фаҳмо, рафиқ, командир, ‒ ин
гуфтугӯйи Мирзобеку командирро шунида, Довар гардан каҷ кард. ‒ Шавла бо қаҳва
чӣ?
‒ Ӯҳ шайтон занад! ‒ ба қаҳр омад
командир. ‒ Акнун худи шавла ҳам барои ҳардуятон мумкин не! Алкашҳо! Фаҳмо?
‒ Фаҳмо.
‒ Набошад чӣ, албатта фаҳмо, ‒ гуфт
Мирзобек ва зери лаб илова кард, ‒
диктатор!
* * *
Онҳо ба дастархон омин гуфтанду боз
Маҳбубаойтӣ пайдо шуд. Фақат ин дафъа аввал иҷозат пурсида, баъди рухсат додан бо
шайкаҳои худ ба палата даромад. Ду нафар
аҳли бандааш ‒ яке бояд навбатро супораду дигаре қабул кунад, ҳамчун чӯҷаҳо аз
паси очамурғ кашола буданд.
Бало аст ин занак. Мулзам кардани
зердастонашро дӯст медорад. Вай ин дафъа аз як лаби поини пардаи тиреза дошта,
онро афшонда буд, ки чанги ноён аз он хеста, ба чор тараф паҳн шуд.
‒ Дидед?
‒ Дидам.
Баъд хам шуда, таги кати хобро дид ва ба
онҳо шунавонида гуфт:
‒ Чизу чораҳоятонро ба ҳар куҷо напартоед.
Барои либосҳо ҷевон ҳаст. Ҷойи пайпоқҳо даруни туфлӣ. Туфлиҳо бояд дар ҷевончаи
пойафзолмонии таги дар истанд.
Командир ба сӯйи навкаронаш ало нигоҳ
кард, ки ӯро шарманда карданд. Яъне,
бефаҳму фаросатӣ зоҳир карда, бемаданиятии худро байрақвор баланд бардошта, ба
ҳама намоиш доданд. Хулоса, моли тапа‒тайёр ҳастанду фақат шоху дум надоранд…
Мирзобек зуд ба назди Маҳбубаойтӣ
рафта, даст ба сари сина гузошт:
‒ Ойтиҷон, аз шумо як илтимоси калон.
‒ Хӯш? ‒ саволомез ба сӯйи ӯ нигарист
Маҳбубаойтӣ.
‒ Илтимоси ман ҳамин, ки зани маро ҳам
ба кор гиред. Ба ним штат бошад ҳам, ман розӣ.
‒ Коргарҳои мо бе ҳамин ҳам бисёр. Боз
чанд нафар талабгорон ҳастанд.
‒ Шумо аз моҳонааш натарсед. Ман
пулашро пешакӣ оварда ба шумо медиҳам, шумо ба вай медиҳед. Муҳимаш ба кор
гиред. Вай дар таги дасти шумо кор кунад.
‒ И-е, ин хел бошад, ба кор гирифтан чӣ
ҳоҷат?
‒ Барои сахтгирии шумо, ойтиҷон! Вай ношуду
ноӯҳдабарои нӯноқ, як кора ёд гирад. Шумо дурустакак одабашро медиҳед-дия.
Дасту панҷаҳояш чунгак шаванд, вай як дангосаи худобехабари бефаросат ки, ҳатто
ақлаш ба чангпоккунӣ намерасад. Солу моҳе як‒ду бор хонаву ошхонаро рӯфта тоза
мекунад л не, садҳо маротиба иллату миннаташ тайёр, ки аз пагоҳ то бегоҳ чӯрӣ барин
мурда‒мурда кор мекунад. Боз «ҳайкалама монед, меарзад» мегӯяд.
‒ Ҳазл накунед-е, муллоака, ‒ хушҳол
шуда, тарафи ҳамҷинси худро гирифт ӯ. ‒ Шумо, мардҳо, ба воҳима усто. Ба шумо гунаҳкор
ҳамеша занҳо. Шумо чиркин накунед, онҳо ҳам иллату миннат намекунанд.
Баъди рафтани онҳо Мирзобек оҳе кашида гуфт:
‒ Гунаҳкор ҳамеша мо будаем. Агар мо
мурем, ин занҳо айбу гуноҳҳои худро ба сари кӣ бор мекарда бошанд-а?!
* * *
Пит‒пилиқ! Пит‒пилиқ! Пит‒пилиқ! ‒
бедонаи Иқболшоҳ ба хониш даромад.
‒ Лаббай, ‒ бо овози ширин ва равғани
думба барин мулоим ҷавоб дод командир. Маълум буд, ки хонумашон занг мезанад. ‒
Ман нағз, саломатӣ баҷо! Ҳеҷ гап не, мешавад. Не, ташвиш кашида нашин. Ҳама чиз
ҳаст. Фақат одами мехӯрдагӣ нест, ки ба таги бинӣ занад. Ба бачаҳою набераҳо ойӣ,
ки бемалол хӯроку меваҳо мерасад. Мастоба мегӯйӣ? Э вай ҷону дилам-ку. Не,
шудан мегирад! Кӣ моро айб мекунад?! Аз хона ҳеҷ кас хабаргирӣ наояд,
шармандагӣ мегӯйӣ?! Айб л шармандагиаш чӣ? Э занакҷон, мо ба ин хел гапу калочаҳо
умуман эътибор намедиҳем. Муҳимаш, дӯстон саломат бошанд, бас. Ба гапи ҳар кас
эътибор надеҳ. Ҳа‒дия. Ту ғам нахӯр. Ҳамааш нағз, хайр…
* * *
Командир табиатан
душмани қаттоли чангу гард, чиркинӣ ва бетартибиҳо. Ин гуна хислатҳо дар хунаш
дохил шудааст, ки лаҳзае бекор намешинад. Дигарон навбатдор бошанд, ки ҳама
ҷоро худаш ба тартиб меоарад.
Дастархон, чойнику пиёла ва дигар зарфҳоро ҷо ба ҷо мегузорад. Ягон чизу чораҳои Мирзобеку Довар бетартиб бошад, ғур-ғуркунон ба тартиб оварда истода, ногоҳ ба хотираш расад, ки ба иҷрои ин корҳо Мирзобек л Довар масъул аст, «таққӣ» корро қатъ карда, ба онҳо мефармуд. Албатта, онҳо, ки табъи дилаш ин корҳоро иҷро карда наметавонистанд, зада аз ҷой хеста, мегуфт:
Дастархон, чойнику пиёла ва дигар зарфҳоро ҷо ба ҷо мегузорад. Ягон чизу чораҳои Мирзобеку Довар бетартиб бошад, ғур-ғуркунон ба тартиб оварда истода, ногоҳ ба хотираш расад, ки ба иҷрои ин корҳо Мирзобек л Довар масъул аст, «таққӣ» корро қатъ карда, ба онҳо мефармуд. Албатта, онҳо, ки табъи дилаш ин корҳоро иҷро карда наметавонистанд, зада аз ҷой хеста, мегуфт:
‒
Вай даст л панҷшохаи каҳборкунӣ?! Наход одам пиёларо ҳамин хел шӯяд?! Пиёларо
аввал бо содда нағзакак мешӯянд, баъд обашро тоза холӣ мекунанд. Бо сачоқи тоза
баъди пок кардан чаппа карда мемонад ва аз болояш дока мепӯшонанд. Э ман то кай
ба шумо ёд диҳам, нӯноқҳо… ‒ Ва
худаш саргарми насиҳатгӯйӣ ҳамаи корҳоро мекард.
Имрӯз
ҳам ҳамин хел шуд. Ба ҷойи Довар навбатчигиро ба дараҷаи аъло ба охир расонда,
гуфт:
‒
Як гап гӯям, хафа намешавед?
‒
Не, ҷаноби командир, шумо мегӯеду мо хафа мешавем? ‒ аз рӯйи одат маҳмаддоноӣ
кард Мирзобек. ‒ Ҳар як гапу панди шумо ба ҷои қанд аст!
‒
Агар ҳар дуи шумо духтар мебудеду ба шавҳар мебаромадед, барои ин хел бедасту
панҷагӣ ва ноӯҳдабароиятон як ҳафта хонадорӣ накарда, шавҳарҳоятон ба қафоятон
дулагадӣ зада, бароварда дафъ мекард.
Довар
аз шарм мисли духтарон сурх шуд. Мирзобек худро ба ҷиннигӣ зад. Ҳоло дар ҷавоби
ин суханони Иқболшоҳ мисли пештара маҳмаддоноӣ карда наметавонист.
* * *
Духтур боз барои муоина омад. Ҳаррӯза кору
ҳаррӯза гап. Фишори хуни Мирзобек каме баланд шудааст. Довар ҳамон аз камхобӣ
шикоят кард. Умуман, кору бори ин ду нафар шикоят аст. Саломатии Иқболшоҳ боз
тӯқмоқи тар барин буд.
‒ Командир дина чӣ хел фармон дода буданд?
‒ ба Довар рӯ оварда пурсид Мирзобек.
‒ Намедонам. Чӣ фармон дода буданд? ‒
чизеро ба ёд оварда натавониста, тарсону ларзон пурсид Довар.
‒ Магар ба чашми духтур нигоҳ накунед, нагуфта буданд?
‒ Фаромӯш кардам. Ман гунаҳкор. Пир
шавам, ҳар рӯз панҷ маҳал намоз хонда ин гуноҳҳоямро мешӯям, ‒ зуд ваъда дод
Довар.
Ин гуна суханонро шунида, Иқболшоҳ
мамнун хандид ва олиҳимматона гуфт:
‒ Хайр, гуноҳатонро бахшидам. Фақат
дигар такрор нашавад!
‒ Хуб шудааст.
* * *
Қабули табобати ҷисмонии ҳар кас ҳар
хел гузашт. Фақат ҳангоми муммонӣ меҳрубониҳои зани диванмонанд ба Довар
дучанду сечанд шуд.
‒ Шумо ба хоначаи чорум дароед, ‒
баробари дидани Довар гуфт ӯ. ‒ Ман ҳама чизи он ҷоро нав кардам.
Ва худаш бисёр интизор насохта, зуд
мумро бардошта омад. Вақти муммонӣ ба миёни Довар пурсид, ки гармияш чӣ хел
аст. Агар хоҳед, боз яктоашро оварда, ба болои пойҳояш мемонад. Ва баъди мумро мондан
эҳтиёткорона болояшро бо кампалҳои тоза пӯшонд.
Довар зери мум ин дафъа ҳузулу ҳаловат
кард.
‒ Худи вай одами мактубнавис кӣ буд,
Доварака? ‒ бо як оҳанги афсӯсу гиряомез вақти гирифтани мум пурсид зан. ‒ Ному
фамилияашро намедонед? Аз куҷо буданашро нагуфт?
‒ Не, нагуфт, ‒ ҷавоб дод Довар. ‒ Ҳамаи
одамҳои ошиқ вақти изҳори ишқу муҳаббат гунгу шармин мешаванд. Аз афт, дирӯз
монда рафт.
‒ Афсӯс, ‒ зани диванмонанд оҳи чуқуре
кашид, ки сари синаҳои калонаш як пойин фурӯ рафта, боз ба боло дамиданд. ‒ Бахти
ман хоболуд барин. Доимо аз паҳлӯям гузашта мераваду манн сонӣ мефаҳмам. Ақаллан,
шумо, Доварака, як даҳан пешакӣ нагуфтед-а?
‒ Ман аз куҷо донам. Мактуби ошиқонаи
як касро хондан мумкин не. Айби худатон…
‒ Рост, айби худам, ‒ гӯён зан пакару
маъюс мумии хунукшударо бардошта рафт.
* * *
Пас аз хӯрдани таоми нисфирӯзӣ Иқболшоҳ ба болои як пора бодиринги
тозакардааш каме намак пошида, ба пеши Довар гузошт. Худаш бодринги дасташро
хӯрда истода, пораи дигарашро ба назди Мирзобек монд.
Мирзобек бо овози баланд маддаи дилашро
кафонд:
‒ Э мардуми олам! Нашунидам нагӯед. Дод аз дасти ин командири
бераҳми мо! Заррае инсоф надоранд! Себ кони витамин, пагоҳирӯзӣ себ хӯрдан фойида
дорад гуфта, одамро ба себхӯрӣ маҷбур мекунанд. То ки зардолуҳо пӯсида ҳайф
нашаванд, зардолу қуввати дил гуфта, зӯран ба дастамон зардолу медиҳанд. Ҷурғот
асабҳоро ором месозад, гӯён ба пешамон косаи ҷурғотро мегузоранд. Бо фатвои оби
ҷӯш организми одамро тоза месозад, пасмондаи оби ҷӯшро маҷбур мехӯронанд. Нонҳои
қоқу бурида дар дастархон зиёдатӣ накунед гуфта, ба гӯшамон афсонаи модаркалонашонро
мехонанд, ки нонрезахӯрӣ савоби ҳаҷҷи акбар аст. Тарбузу харбузаро ҳам бо
таърифу болобардор, ки гӯл доруи сангафтонаки гурдаву ҷигар аст, зӯран ба мо
мехӯронанд. Э Худоё, дар ин дунёи васеву калон ҳама чиз фоида дошта бошад, чӣ л
кӣ зараррасон аст?
‒ Ин маълум‒ку, ‒ хандон гуфт Довар.
‒ Хайр, кӣ? ‒ ҳамон чизеро намефаҳмид
Мирзобек.
‒ Ману шумо барин одамон! ‒ гуфт
командир.
‒ Ӯҳ, халқи доно-е!
* * *
Баъд аз пешин Иқболшоҳ болои кат дароз
кашида, ба хаёл рафта буд. Довар китоб мехонд. Мирзобек аз дар даромада, гуфт:
‒ Доварҷон, бо иҷозати командир шуморо
як дақиқа ба берун мумкин?
‒ Мумкин, ‒ иҷозат дод Иқболшоҳ.
Довар гардани хор-хорон аз ҷой хест.
Вай табиатан одами сустирода. Касеро хафа кардан намехоҳад. Ҳар кас хоҳише кунад
ва л коре фармоянд, «не» намегӯяд. Вале баъд пушаймон мешавад. Он лаҳза ҳам аз
дилаш як гумони баде гузашту боз аз рӯйи Мирзобек гузошта натавонист ва ҳамроҳ
берун баромад.
Мирзобек ӯро рост ба хоначаи мудири хоҷагӣ овард. Хонача дар як
гӯшаи боғи беморхона ҷойгир буд. Дар хонача як ошнои Мирзобек онҳоро интизор
буд. Вай аз плёнкахалта шишаи виноро баровард.
‒ Тез бошед! ‒ баробари даромадан фармон дод Мирзобек. ‒ Командирамон одами сахтгир, фаҳманд ҷазо медиҳанд.
‒ Тез бошед! ‒ баробари даромадан фармон дод Мирзобек. ‒ Командирамон одами сахтгир, фаҳманд ҷазо медиҳанд.
Ошнои Мирзобек аз шиша ба ду пиёла вино
рехт.
‒ Ба худатон чӣ?
‒ Ман наменӯшам.
‒ Нанӯшед, чаро овардед? Заҳр бошад
ҳам, имрӯз ҳамроҳи мо менӯшед! ‒ бо оҳанги фармон ба ҷӯгигӣ гузашт Мирзобек.
‒Имрӯз ба мурдани модарарӯсам се сол пур мешавад. Ҳозир ба ёдам омаданд, агар
шумо нанӯшед, гиря карда сар медиҳам.
‒ Шуд, шуд, ‒ хандида гуфт ӯ ва ба худаш ҳам рехт.
‒ Шуд, шуд, ‒ хандида гуфт ӯ ва ба худаш ҳам рехт.
Мирзобек шоду мамнун, меҳмон бо
дили нохоҳам ва Довар аз рӯйи ноилоҷӣ нӯшиданд.
Меҳмон қоғазпечро кушод. Даруни он дар байни нон сихкабобу рӯйи он пиёзи резаву сиркозада меистод. Аз сихкабоб якдонагӣ гирифтанд.
Меҳмон қоғазпечро кушод. Даруни он дар байни нон сихкабобу рӯйи он пиёзи резаву сиркозада меистод. Аз сихкабоб якдонагӣ гирифтанд.
‒ Модарарӯсатонро ҳамин қадар дӯст
медоштед? ‒ пурсид Довар.
‒ Албатта, модарарӯсам намебуданд, ман
духтари киро ба занӣ мегирифтам?
‒ Балоя! ‒ хандид меҳмон ва ба нақл
гузашт. ‒ Рӯзи мурдаи модарарӯсашон кайфи ин ҳазратамон таранг будагӣ. Дар
чойхона айни тасфи нӯшонӯш писарашон хабар овардааст, ки бибиам мурданду пешинӣ
ҷанозаашон аст. «Ҳозир меравам» гуфта, боз ба сари чанд шиша об рехта, рӯзро
пешин кардаанд. Як вақт ба хонаи модарарӯсашон раванд, ки аллакай ҷанозаро
хонда шудаанду мурдаро ба қабристон мебаранд. Зуд ба ин кас ҷома пӯшондаву
миёнашонро баста, ба қатори миёнбандон даровардаанд. Ҳама холаҷону очаҷону
бибиҷон гуфта дод гӯяд, ин ҳазратамон бо сӯзу гудоз «во арақҷонам» гуфта ба
доду фарёдгӯйӣ даромаданд. Додарарӯсҳо ба канор бароварда, ду-се лагад заданд…
‒ Хайр, мани сарсахт боз чӣ кор кунам
буд? ‒ худро сафед карданӣ шуда, ба дӯсташ рӯ овард Мирзобек. ‒ Ҳамон вақт як
сумка арақу вино аз дастам афтода шикастанаш ба ёдам омад‒дия.
Бо сӯҳбату чақ‒чақ шиша холӣ шуд.
‒ Шумо акнун даркор не, ба хонаатон
равед! ‒ ба дӯсташ рӯ оварда гуфт Мирзобек, ‒ мо ҳам ба лаб кулӯх молида, ба
палата меравем. Илоҳо хоби командир бурда бошад.
Дар ҳақиқат, онҳо оянд, Иқболшоҳ дар
хоби маст буд.
Давом дорад...
Комментарии
Отправить комментарий