НАЗМ
Як ду вожа баҳри тафсири шитоб овардаӣ..
Ақлро то ҷангали зумрад ва дашти атрҳо,
Дур аз андӯҳи талхи хурду хоб овардаӣ.
Нест охир офият дар хонаи оинаҳо,
Бебақоии ғаразро чун ҷавоб овардаӣ.
Боварии барги сабзи зери поро ҳолиё,
З-он ҳама савгандҳои беҳисоб овардаӣ.
Номаи тақдирро дар оташи мавъуди ӯ,
Сӯхтию хоки мо дар изтироб овардаӣ.
Ин ду се рӯзе, ки дар қонуни ҷангал зистем,
Моҷаро дар моварои ин китоб овардаӣ.
Мӯбадӣ, биншастаӣ, хомуш андар ҳошия,
Ханда бар бозору савдои ҳубоб овардаӣ.
Анҷуман дар соязори ғафлати ҳирс асту оз,
Ҷамъу тақсими ҳама маҳви сароб овардаӣ.
Ин ҳама такрору нотакрор дар сарводаҳо,
Эй, Адиба як гуле аз дасти об овардаӣ...
Ақлро то ҷангали зумрад ва дашти атрҳо,
Дур аз андӯҳи талхи хурду хоб овардаӣ.
Нест охир офият дар хонаи оинаҳо,
Бебақоии ғаразро чун ҷавоб овардаӣ.
Боварии барги сабзи зери поро ҳолиё,
З-он ҳама савгандҳои беҳисоб овардаӣ.
Номаи тақдирро дар оташи мавъуди ӯ,
Сӯхтию хоки мо дар изтироб овардаӣ.
Ин ду се рӯзе, ки дар қонуни ҷангал зистем,
Моҷаро дар моварои ин китоб овардаӣ.
Мӯбадӣ, биншастаӣ, хомуш андар ҳошия,
Ханда бар бозору савдои ҳубоб овардаӣ.
Анҷуман дар соязори ғафлати ҳирс асту оз,
Ҷамъу тақсими ҳама маҳви сароб овардаӣ.
Ин ҳама такрору нотакрор дар сарводаҳо,
Эй, Адиба як гуле аз дасти об овардаӣ...
Комментарии
Отправить комментарий