ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА
Шарифи МУҲАММАДЁР МОДАР Зи тифлӣ , то равуоям , Ки худ гардам ба ду поям . Ба ҳ ар хезу нишасти ман , Ту бигрифтӣ зи дасти ман . Туӣ , ақлу тавон додӣ , Гуворотар забон додӣ . Чу ҷон бигрифтаи дар бар , Маро модар , маро модар . Дилу ҷони манӣ , модар , Нига ҳ бони манӣ , модар . Мадори ҷисму ҷон , модар , Ба ҳ ори гулфишон , модар . Ҳама бахту умедам ту , Ҳамин ро ҷ и сафедам ту . Чу боақлу расо бошам , Ба пирият асо бошам .