Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "моддаҳо"

БАРОИ БАЧАГОН

ВИТАМИНИ А Витамин ҳ о модда ҳ ои фаъоли биологӣ буда , барои фаъолияти ҳ аррӯзаи организм бениҳоят заруранд . Нарасидани витаминҳо боиси бемориҳои гуногун мегардад . Организм витамин ва моддаҳои   заруриро аз маҳсулотҳои хӯрокворӣ мегиранд . Витамини А ( ретинол )  витамини дар чарбу ҳалшаванда , ки дар мубодилаи моддаҳо карбогидратҳо иштирок намуда , кори узвҳои биноиро дуруст мекунад . Норасоии моддаи мазкур сабаби асосии сустшавии биноӣ (шабкӯрӣ)  мегардад . Ғайр аз ин , ҳангоми норасоии он дар инсон рехтани оби даҳон , тоқат накардан ба рӯшноӣ , хушкшавии пӯст , рехтани мӯй ҳ о ба назар мерасанд . Манбаи асосии витамини А ҷигар , равғани мо ҳӣ, зардии тухм , шир мебошад . Вай дар меваю сабзавоти ранги норинҷидошта, дар зардолу , қаламфури булғорӣ , помидор , кабудӣ зиёд аст . Витамини   А барои он ҳ ое , ки вақти зиёдро дар назди кампютер мегузаронанд , хеле му ҳ им аст....