НАЗМ

Анна БЕРИЗИНА
(Руссия)

Чаро чунин камари ҳазрати баҳор шикаста?
Ч
ӣ сокит аст қанорӣ? Чаро сетор шикаста?
На шавқ ҳасту на оҳе, ч
ӣ кӯчаҳои сиёҳе!
Гул
ӯи буғз гирифта, дили қарор шикаста.
Кавир рафт ба дарё, кавир рафт ба
ҷангал,
Ку
ҷост ҷангали ман? Дор ҳасту дор шикаста.
Намонда ишқу мурувват, шикаста ҳурмати ҳурмат,
Ки қадру қимати ёрони ноздор шикаста.
Парид
ӣ аз қафасат, ин ҷаҳон барот қафас шуд,
Наг
ӯ, ҳисор намонда, нагӯ, ҳисор шикаста.
Ку
ҷо равем зи бозори ин ҷаҳони касодӣ?
Ки эътибор намонда, ки эътибор шикаста.
Бирез
ҷоми сабӯҳӣ, куҷост ғореву кӯҳе?
Ки қалбам аз ситами аҳли ин диёр шикаста.

* * *
Ошиқи ин обу хокам, ошиқи дарёву к
ӯҳаш,
Ошиқи р
ӯду кавиру осмони бошукӯҳаш.
Ошиқи шабҳои маҳтобаш, ки бошад пурситора,
Мав
ҷи дарёяш, ки зебо бозмегардад дубора.
Ошиқам ман, ошиқи сарсабзии хоки шимолаш,
Ошиқи гармои шар
ҷии ҷанубу ҳиссу ҳолаш.
Исфаҳонро д
ӯст дорам, шаҳри гунбадҳои обӣ,
Ошиқи Яздам, ки дорад р
ӯзҳои офтобӣ.
Ошиқам бар Ҳофизу Саъд
ӣ, ки Шерозаш бубинам,
Кошки як дам канори Тахти
Ҷамшедаш нишинам.
Ошиқи Эронаму ин ишқро дорам ба
ҷунам,
Ошиқи он лолаҳои сарбаланди сарнигунам.
Ин
ҷаҳонро камтар аз «нисфи ҷаҳон»-аш дӯст дорам,
Хоки Эронро ба қадри мардумонаш д
ӯст дорам.

* * *
Ҳарфе аз Саъд
ӣ бигӯ, як байт аз Ҳофиз бихон,
Роҳиям кун баъдаш аз Шероз с
ӯи Исфаҳон.
Шоҳбайте дигар аз Соиб биг
ӯ, то бишнавам,
С
ӯи шаҳри Ҳикматона роҳиям кун баъд аз он.
Ин дубайтиҳои ишқ
ӣ моли Боботоҳир аст,
Ишқи Нишобур дорам, он биҳишти
ҷовидон.
Ин рубо
ӣ моли Хайём аст: дунё як дам аст,
Пилк барҳам мезанам, кун с
ӯи Атторам равон.
Баъд с
ӯи Тӯс бифристам, сӯи устураҳо,
Як фароз аз достони нағзи Фирдавс
ӣ бихон.
Баъд аз он аз Балх бифристам ба с
ӯи Қуния,
То мазори Мавлав
ӣ, он баҳри нопайдокарон.
Бо забони форс
ӣ дунё ҳама моли ман аст,
Ҳаст ин дунё шабеҳи пайкару Эрон равон.

* * *
Баҳор рафту зимистон гузашту ёр наёмад,
Зи ташнаг
ӣ дили мо об шуд, савор наёмад.
Хазон хазид ба боғу гирифт хоки
ҷаҳонро,
Ҳазор захм шукуфо шуду баҳор наёмад.
Зи ишқбозии мо сад ҳазор қисса навиштанд,
Яке ба кори асирони беқарор наёмад.
Ку
ҷост ёри ман, ай абрҳои хушку гирифта?
Ки моҳҳост ба ин осмони тор наёмад.
Дилам гирифта зи дур
ӣ, куҷост кунҷи сабурӣ?
Ки ган
ҷи ишқ ба даст омаду ба кор наёмад.
Агарчи субҳ фаро мерасад ҳамеша пас аз шаб,
Вале ч
ӣ шоми дарозе гузашту ёр наёмад.
Ч
ӣ гуна дар дили дарёи ишқ ғарқ нагардам,
Ки ёр бо дили ғамгини ман канор наёмад.

* * *

Аз куфр паноҳандаи имон шудам охир,
Як
ҷом ҳадар рафту пушаймон шудам охир.
Аз
ҷисми худам пар задаму авҷ гирифтам,
Боландатар аз р
ӯҳ шудам, ҷон шудам охир.
Он қисмати ноёби
ҷунун қисмати ман буд,
Ма
ҷнун шудаму хоки биёбон шудам охир.
Лайл
ӣ шуда хуршеду мани бахтсияҳ моҳ,
Дунболи рухаш бе сару сомон шудам охир.
Мегаштаму мегаштаму дунболи ту будам,
По товалу дил доғ, парешон шудам охир.
Чун шайх ба дунболи худам к
ӯча ба кӯча,
Ҳоло, ки расидам ба ту, инсон шудам охир.
Дунболи ту гаштам ҳамаи хоки заминро,
Бо дидани ту ошиқи Эрон шудам охир.

* * *
Қалбе, ки дар сина дорам
Шакли санавбар набошад,
Шакле дигар дорад ин дил,
Дар ҳадди бовар набошад.

Дар синаам шакли Эрон
Қалбест гарму тапанда.
Ҳай мепарад самти Эрон
Ин дил, шабеҳи паранда.

Ишқест дар қалби гармам,
Бар
ҷисми ман медиҳад ҷон.
Овози қалбам чи зебост,
Мехонад: Эрону Эрон.

Ай холиқи меҳру имон!
Ай меҳрубон ёри ғамхор!
Имони ман, қалби манро,
Эрони манро нагаҳ дор!

* * *
Дилам мегиряд аз дасти ту, ай д
ӯст,
Зи дасти д
ӯст ранҷидан ҳунар нест.
Чунон иқрор кардам ошиқиро,
Ки инкорам пас аз ин муътабар нест.

Худам гуфтам, ки бе ту зиндагон
ӣ
Ба ман талх аст чун заҳри ҳалоҳил,
Худам ин теғро дасти ту додам,
Худам сарро ниҳодам пеши қотил.

Ту фаҳмид
ӣ, ки ошиқ гаштаам ман,
Ба
ҷои ман ту ҳоло ноз кардӣ,
Ба ман гуфт
ӣ: тамомаш кун, раҳо кун,
Ту қаҳру шикваро оғоз кард
ӣ.

Дилам мехоҳад аз дасташ гурезам,
Ки дунболам биё
ӣ мисли оҳу.
Ту дунболам намео
ӣ, вале ҳаст
Рухи ту, ҳар тараф ман мекунам р
ӯ.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА