НАСР

Юнус Нурназаров
НОНИ БАШИР
(ҳикоя)
Вақти нисфирӯз буду офтоби тобон аз домани тафсони худ сели анвори сӯзонашро бераҳмона ба сару рӯ мезад. Шодӣ пас аз қафо андохтани роҳи дурударози шаҳр дар истгоҳи деҳа пиёда шуда, ба самти боло вазнин-вазнин қадам мешумурд. Аз ниҳояти даввонаи гармо илоҷи сар бардоштан надошт, ҳатто нафасгирӣ мушкил буд. Гӯё боди мулоиму рӯҳбахше, ки ҳамеша таҳу болои деҳаи дӯстдоштаашро навозиш мекард, имрӯз бо маъшуқаи худ қаҳрӣ аст, намехоҳад дар рӯ ба рӯйи дамои сӯзони саратон истодагарӣ кунад. Бо ин ҳол, Шодӣ саъй кард ҳар чи зудтар аз доми ҳавои диму гирифта ва пардаи хомӯшии ба сари деҳа нишаста раҳоӣ ёфта, хешро ба манзили падарӣ расонад. Бо як таҳрики ботинӣ, аз даҳону бинӣ нафаскашон қадаммониашро тезтар кард.
Лаҳзае, ки Шодӣ ба ҳавлӣ даромад, наметавонист чашм боз кунад, гӯё пӯсти рӯю дастҳои виғидааш гард шуда мерехтанд, зери пираҳану шалвор бошад, шип-шилта тар буд, аз чаккаҳои рӯяш низ беист арақи сӯзноки бадан мешорид. Баробари ба дари даромад наздик шудан садо дардод:
– Саидҷон!
Ҳанӯз чашмонашро накушода, дарро ба рӯяш кадбонуи хона боз кард. Аз паси ӯ сару дӯши бародараш низ намудор шуд. Меҳмонро дида ҳар ду мисли гул шукуфта рафтанд, бо ҳаяҷону хурсандии беҳад бағал кушоданд. Ҳамзамон аз дохили хона боди салқини ҷонбахш ба сару димоғ зад, Шодӣ аз танӯри оташзо худро ба дарун гирифта, нафаси роҳат кашид ва гарму ҷӯшон бо азизон мулоқот кард. Ҳамин ки вориди хонаи ҷойинишаст шуданд, писару духтари Саидҷон низ худро ба оғӯши амак андохтанд. Ба назар мерасид, омадани ӯро касе интизор набуд ва ногаҳон пайдо шуданаш мисли хуршеде буд, ки на нурҳои ҷонгир, балки гармии рӯҳбахше ба фазои манзили бародар илқо мекард. Саидҷон , ки дар деҳа хонаи падариро чароғбон аст, ҳамроҳи фарзандон ӯро ба кунҷи хона гузаронд...
Шодӣ субҳи зуд по шуда ба роҳ баромада буд. Бар замми он ки мошинҳоро ивазкунон хастаю кӯфта то деҳа расид, шикамаш низ нақора менавохт. Ҳарчанд чою нон мехӯрданд, гуруснагиаш рафъ намешуд, дилаш ба ғизои бақувваттар кашол буд. Мехост ба ҳамсари бародар арзи дил кунад, аммо ба ин азмаш бо пайдо шудани хоҳари азиз ҳоҷат намонд. Онҳо якто хоҳар доранд, ки ҳамсояи наздики Саидҷон аст ва ҳоло ҳам ӯ бехабар аз ҳама чиз, дар сар табақи латтапече ба хона даромада омад. Чун бародари шаҳриро дид, бо як дилхушии бемонанд, дар ҳоле ки аз чашмонаш нур мебориду чеҳрааш бо лабханди базеб оро меёфт, ба сӯйи ҷигаргӯша бағал кушод. Дубора сӯҳбати ширини пайвандон қӯр гирифт. Хурсандии хоҳар бошад, аз ҳама бештар буд, ӯ дар идомаи сӯҳбат бо хушҳолӣ ба гап даромад:
– Ман имрӯз дониста нону чалпак пухтаам, – ва ба зани бародар рӯ оварда хоҳиш кард: – янгаҷон, агар заҳмат набошад, табақи маро дароз кунед.
Вақте ки хоҳар латтаашро боз мекард, ҳама ба ҳаракатҳои ӯ ва дастпухтҳое, ки оварда буд, чашм медӯхтанд. Дар ин миён Шодӣ бетоқат шуд, ӯ дигар сабру қарорро аз даст дода, беихтиёр ёзиду як нони баширро, ки ҳанӯз ҳавраш мебаромад, ба даст гирифт. Нонро бо эҳтиёт ба чашмони нимпӯшшудааш расонд, мисли як кӯкнорие бо кайфи беинтиҳо онро бӯй кашид, ду-се бор аз рӯйи сурхгуну гарм бӯса бардошт. Ҳама нишастагон ҳолату амалҳои ӯро дида тааҷҷуб карданд, ҳеҷ кас ба гӯшаи хаёл наоварда буд, ки бародар то ин дараҷа нони баширро пазмон шудааст. Ба хусус, вақте ки дар ду гӯшаи чашмони Шодӣ ашк ҳалқа зад, ҳама ба шигифт омаданд. Касе ҳарф намезад, хомӯшие ҳукмрон шуд, ки худ аз бародари ба риққат омада арзи ҳол талаб мекард, дидаҳо бо ин умед роҳ гузиданд.
– Агар хато накунам, сӣ сол аз миён мегузарад, ки он замон ману ду додарам – Хоксору Сахидод дар як вақт донишҷӯ будем, – ҳарфҳояшро чида-чида ба сухан даромад Шодӣ. – Барои падару модаре, ки се хӯранда дар хонаву се донишҷӯ дар шаҳр доштанд, таъмини хӯрду хӯроку либосворӣ ва дигар моеҳтоҷи зиндагӣ хеле сахт буд. Ман ин ҳолро хуб дарк мекардам ва чун калонтар аз додаронам будам, пайваста сари он меандешидам, ки маоши донишҷӯйиро аз моҳ ба моҳ расонему аз моҳонаи падар, ки он ҳамагӣ сад сӯм буд, умедвор нашавем. Раҳматӣ падарам бо вуҷуди неюнестони ман гоҳ-гоҳ пул мефиристоданд ва таъин мекарданд, ки ман агар бепул ҳам монам, қарз нагирам. “Қарз баракаи зиндагиро мепаронад, – мегуфтанд қиблагоҳам, – дидӣ, ки пулат кам мондааст, ба худам хабар кун, мо дар қишлоқ як роҳашро меёбем...”. Боре маҷбур шудам дар рӯзҳои сармои зимистон ба худаму Хоксор ду ҷуфт кафши гарм ва ба Сахидод ҳам як ҷемпер харид кунам. Азбаски тамоми пасандозамро харҷ намуда будам ва то гирифтани маоши донишҷӯйӣ ҳанӯз як ҳафта бештар вақт буд, бепулӣ маро ба ҳолати ногувор андохт. Ба харҷи хона ҷуз нону чой дигар чизе нахаридем, ҳар рӯз ба додаронам сию панҷ тинӣ медодам, ки дар ошхонаи донишгоҳ сарфи наҳор кунанд. То рӯзи якшанбе кисаам холии холӣ шуд. Боз се-чор рӯзи дигар мебоист тоқат кунем, вале чӣ хел? Ҳамон рӯзи таътил додаронро гирифтаму ба истгоҳи роҳи оҳан рафтам, бошад ки коре ёбему имрори маош кунем. Ба бахти мо, ду вагони картошка ба истгоҳ омада будааст. Масъули борҳо розӣ шуд, ки ба ивази бист сӯм ҳар ду вагонро холӣ кунем. Ҳамоно ба кор часпидем, додарон дукаса халтаи картошкаро бардошта ба лаби вагон меоварданд ва ман онро ба дӯш гирифта онсӯтар бурда дармечидам. Чоштгоҳ шуд, нисфирӯз омада гузашт, аср ҳам фаро расид ва ниҳоят, сурхии офтоб аз байн рафту мо корамонро адо кардем. Дар ҳоле, ки худамон ҳам обу адо шуда будем, бо сару сурати сиёҳу чиркин, пойкашолу дилбеҳузур ба коргоҳи масъули бор рафтем. Аммо, бо чӣ забон гӯям, он марди корфармо дар ҷояш набуд, нигаҳбон гуфт, ки ҳаққамонро фардо медодааст. Чорае ҷуз сари итоат надоштем, димоғсӯхта роҳи хонаро пеш гирифтем. Бештар аз се истгоҳи автобус пиёда омадем ва то ба манзил расидем, дигар на дармон доштему на мадори ба по рост истодан. Ҳар се баробар худро ба рӯйи намад афкандем. Аз гуруснагӣ на фақат шикамҳо қулдуррос мезад, ҳатто дилҳоямон беҷо шуда қай карданӣ мешудем, вале чизе набуд, ки берун ояд. Чанд муддат дароз кашида ҳис кардам, ки каме ба худ омадаам, аз ҷо хестам. Чашмам ба додаронам афтид, ҳар ду ҳоли табоҳ доштанд, ба хусус, Сахидод ду пояшро аз зону ба шикам ҷамъ карда, сарашро бо чашмони пӯшида ба даруни гиребон кашида буд ва дастонашро маҳкам ба рӯйи сандуқи дил часпонда дарақ-дарақ меларзид. “Дигар чорае надорам, аз амакам қарз мегирам”, гуфтам зери лаб ва аз тиреза ба берун чашм дӯхтам. Ҳамин нигоҳ карданам буду дар ҳавлӣ, аз миёни чодари торикӣ, ки базӯр бо як чароғ равшан мешуд, симои касеро дидам. Ӯ якрост ба назди тиреза омада пурсишомез овоз дод: “Шодӣ?!” Ин овози дӯстам Сафо буд, ӯ аз деҳа меомад. Он лаҳза, худам медонаму Худо, як он бол баровардам ва чун кабӯтар ба сӯяш “паридам”. Сафоро дар оғӯш гирифта раҳо намекардам, дар назарам Бобои Хизр буду ба мо ҷон ато мекард. Дӯстам раҳоварде бо худ дошт, ки аз деҳа модарам додаанд. Медонед, чӣ? Нони башир! Оре, нони башире, ки он лаҳза барои ману додаронам ширинтар аз сад кулча ҳалвою лазизтар аз сад ман асал буд! Пас аз сер шудан дидам, ки модарҷонам дар канори талқони себу як баста набот номае низ навиштаанд ва ин суханҳояшон дар хотирам нақш бастааст: “Фикр накун ин сӣ сӯмакро аз пули дадоят гирифтаам, чунки медонам ту намехоҳӣ ба мо мушкилӣ афтад. Ин пул аз меҳнати худам аст, дар ивази намадпазию гилембофиҳоям ғун кардаам, бо додаракот ҳар чи дилатон хоҳад, харида хуред. Ман шумоёнро дуо мекунам...”.
Шодӣ аз нақл бозистод. Гиря гулугираш карда буд магар, бо сари хам нони башири хоҳарро пора-пора карду ба рӯйи дастархон гузошт ва як тикаи онро ба даҳан бурд. Ҳама нишастагон як он ба пораҳои нон даст дароз карданд. Хоҳар мехост чизе гӯяд, аммо чашмони ӯ низ кӯл-кӯли об буданду гулуяш дар банд шуда ки, ёрои ҳарф задан надошт...

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА