ЧОЙПУЛӢ
Он рӯз ба сабаби шамоли Сибир ҳавои Самарқанд хеле сард буд, ба қавле туф кун-ях кун. Шамоли сард ба сару рӯй сӯзан мезад. Мошини тамағаи “Lacetti ” аз тарафи деҳаи Мотурид ба чорроҳаи Даҳбед наздик шуд. Роҳ тирбанд буд. Мошинҳо чун сангпушт ба сустӣ ҳаракат мекарданд. Сабукравҳое, ки ба тирбандӣ даромадаанд, ба душворӣ қафо бармегаштанд. – Дар ин ҷо чӣ гап бошад? - ба пеш гардан ёзонд ронанда ва сар аз оина бароварда аз роҳгузаре пурсид: – Ука чӣ гап? Чӣ шудааст? – Намедонам. Як нафар мурдааст-мӣ, бемор шудааст-мӣ, чӣ? - ҷавоб дод роҳгузар. – Дар пеш мошини ёрии таъҷилӣ истодааст. – Ба чорроҳа гузашта намешавад, - ба мусофирони мошин рӯй овард ронанда. – Ман аз ҳамин ҷо бармегардам. Ҷавони қадбаланди хушлибос – Фотеҳ Неъматович, ки дар паҳлӯи ронанда менишаст, роҳкироро дода, шикоятомез пурсид: – Ин қадар роҳро чӣ хел пиёда меравем? – Роҳ маҳкам. Набошад мебурдам. Фотеҳ зери лаб ғурунгида, ба тарафи чорроҳаи Даҳбед шитофт. Шамоли сард ба сару рӯй бераҳмона...