Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "шайтон"

НАСР

Шариф Холов Сояи шайтон (Новелла) Бо баробари бонги муаззини деҳа ба пои хоби гарон завлона меафтад ва ӯ ҷогаҳи гармро ба маҳзи адои амри воҷибе тарк мекунад. Ин садои марғуладор аз бомгӯшаи хонаи Худо пар кушода, ба гӯши ҷумла мавҷудоти хоболуд менишинад ва бо як усули муассире таъкид мекунад, ки “Намоз беҳтар аст аз хоб!” “Намоз хуштар аст аз хоб!” Пас, ба вузӯи зоҳир меравад мард ва худро озода ёфта, ба таҳорати ботин менишинад; фурсате ба даргоҳи олишаъни Раббулоламин ниёиш карда, қалбаш маъвои нур саҷҷодаро меғундорад. Баъдан бо сари баланд ба истиқболи хандаи офтоби саҳар берун меояд! Аз ҳавои сабуки саҳаргоҳон ба серӣ нафас гирифта, ба дидори офтоб мерасад ва... баробари он зиндагиаш саропо гулафшон мешавад! Агар мабодо он мабдаи рӯшноиро аз тарси бабри абр пинҳон меёфт, осмони синаи ӯ низ ҷомаи абрӣ мепӯшид... Инак, аз умри вай панҷоҳ сол мегузарад ва ҳар саҳар кораш ин аст: -пас аз адои намози бомдод ҳар субҳи содиқ бо камоли майл ба ҷамоли тобони ...