Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "зиндагӣ"

ЧОЙПУЛӢ

Изображение
  Он рӯз ба сабаби шамоли Сибир ҳавои Самарқанд хеле сард буд, ба қавле туф кун-ях кун. Шамоли сард ба сару рӯй сӯзан мезад. Мошини тамағаи “Lacetti ” аз тарафи деҳаи Мотурид ба чорроҳаи Даҳбед наздик шуд. Роҳ тирбанд буд. Мошинҳо чун сангпушт ба сустӣ ҳаракат мекарданд. Сабукравҳое, ки ба тирбандӣ даромадаанд, ба душворӣ қафо бармегаштанд. – Дар ин ҷо чӣ гап бошад? - ба пеш гардан ёзонд ронанда ва сар аз оина бароварда аз роҳгузаре пурсид: – Ука чӣ гап? Чӣ шудааст? – Намедонам. Як нафар мурдааст-мӣ, бемор шудааст-мӣ, чӣ? - ҷавоб дод роҳгузар. – Дар пеш мошини ёрии таъҷилӣ истодааст. – Ба чорроҳа гузашта намешавад, - ба мусофирони мошин рӯй овард ронанда. – Ман аз ҳамин ҷо бармегардам. Ҷавони қадбаланди хушлибос – Фотеҳ Неъматович, ки дар паҳлӯи ронанда менишаст, роҳкироро дода, шикоятомез пурсид: – Ин қадар роҳро чӣ хел пиёда меравем? – Роҳ маҳкам. Набошад мебурдам. Фотеҳ зери лаб ғурунгида, ба тарафи чорроҳаи Даҳбед шитофт. Шамоли сард ба сару рӯй бераҳмона...

КАЙФАР[1]

Изображение
Тирамоҳ. Офтоб сар ба уфуқ мениҳод. Домани осмон лолагун буд. Табиат баргҳои дарахтонро чун қолинбофи моҳир рӯи замин густурда, ки дар зери нурҳои заррини офтоб гилеми тиллорангро мемонд. Мардум, ки дар гармо зери сояи дарахтон паноҳ бурда, фароғат мекарданд, ҳоло барги онҳоро бераҳмона зер менамуданд. Хазонбаргҳо аз беоқибатии мардум ва нобасомонии рӯзгор ҳар лаҳза садое бароварда, “оҳ” мекашиданд ва баробари вазидани шамолаке аз ҷӯйбору канори роҳравҳо ҷой мегирифтанд. Баъди пешин дар қисми таги шикамам дардеро эҳсос кардам. Азбаски то пешин чанги хонаҳоро тоза ва ҷомашӯӣ карда будам, дардро оқибати меҳнати зиёд донистам. Дард гоҳ-гоҳ пайдо мешуд. Вақте ки такроран сар мезад, аз пештара шадидтар мегардид. Пеши хушдоманам рафтам. - Моҳат даромад. Акнун шикамат дард мекунад, бача меҷунбад. Чӣ бачазоӣ осон-мӣ? Худо ҷони моёна аз оҳан карда будааст-дия. Панҷ бачаро таваллуд карда, шифохона дар куҷо намедонистем. Келинҳои ҳозирая як ҷояшон «ҷиз» кунад, пеши духтур медаванд,- беп...