ШАКАРХАНД
Аляскаро
наёфтам..
-Бар
ту чӣ шуд, чаро гиря мекунӣ - пурсид хоҳар аз аппааш.
-Муаллими
география бар ман баҳои “2”
гузоштанд. Ман Аляскаро наёфтам...
-Туро
бину хаёлпараст! Хай баъд дар куҷо монданат ба ёдат омад?
«Падари
ман»
-Алло,
Шумо роҳбари синфи панҷи “Б”? Писарам имрӯз ба мактаб омада наметавонад.
-Кӣ
гап мезанад?
-Падари
ман.
“Даҳони
пӯшида сад тилло”
Муаллим:
-
Мавзӯи вазифаи хонагиро гап зан.
Хонанда:
-Гап
намезанам.
Муаллим:
-
Чаро?
Хонанда:
-
Худатон дирӯз гуфта будед, ки “Даҳони пӯшида – сад тилло”.
Шогирди
нодон
Муаллим
аз нодонии шогирдаш бадқаҳр шуда мегӯяд:
- Дар
каллаат ягон чиз ҳаст? Гап зан!
- Устод, ҳаст. Мӯй ҳаст, чашм ҳаст, бинию даҳон
ҳаст, – дар ҷавоб гуфт хонанда.
Комментарии
Отправить комментарий