Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "Юнус Юсуфи"

НАСР

Юнус Юсуф ӣ САЪВА Ба ёди бародарам Абдурауф Духтаракро дидани писарак чунон буд, ки пас аз рафтани барфҳои замистон миёни алафҳои хушку хазон ногаҳон гулаке бубиниву шод ӣ кун ӣ . Писар бехабар аз найрангҳои саройи дудар дами дар истода буд, ки духтар қаф ас дар даст аз пеши вай гузашта, с ӯ йи бозор рафт. Ва пеш аз он ки духтар аз пеши писар гузарад ногаҳон, ғайри хоҳиши ҳардуяшон, як он нигоҳҳошон ба ҳам омад. Ва ҳамааш аз ҳамин ногаҳон якдигарро ёфтани нигоҳон оғоз гашт . Духтар ин гуна ҳар р ӯ зи бозор саъва ро як бор ба бозор мебарад, аммо онро касе намехарад. Г ӯ ё дар ин шаҳри пурсадо касе садои хуши парандаро хуш надошт. Ва инак духтарак ҳар бор, ки қафас дар даст мераваду меояд, писаракро пеши дар истода мебинад ва ҳамеша нигоҳҳошон як дам баҳам мех ӯ рад, ди лошон дасту по гум мекунад, хунро ба ҳама ҷ ойи танашон неву тунд ба р ӯ яшон мезанад. Ин як дами камтар аз дам аст. Вале ин як они андактар аз он чунон шук ӯ ҳе баланд ва шодие ширин дорад, ки писарак гумон м...