НАСР
Юнус Нурназаров НОНИ БАШИР (ҳикоя) Вақти нисфирӯз буду офтоби тобон аз домани тафсони худ сели анвори сӯзонашро бераҳмона ба сару рӯ мезад. Шодӣ пас аз қафо андохтани роҳи дурударози шаҳр дар истгоҳи деҳа пиёда шуда, ба самти боло вазнин-вазнин қадам мешумурд. Аз ниҳояти даввонаи гармо илоҷи сар бардоштан надошт, ҳатто нафасгирӣ мушкил буд. Гӯё боди мулоиму рӯҳбахше, ки ҳамеша таҳу болои деҳаи дӯстдоштаашро навозиш мекард, имрӯз бо маъшуқаи худ қаҳрӣ аст, намехоҳад дар рӯ ба рӯйи дамои сӯзони саратон истодагарӣ кунад. Бо ин ҳол, Шодӣ саъй кард ҳар чи зудтар аз доми ҳавои диму гирифта ва пардаи хомӯшии ба сари деҳа нишаста раҳоӣ ёфта, хешро ба манзили падарӣ расонад. Бо як таҳрики ботинӣ, аз даҳону бинӣ нафаскашон қадаммониашро тезтар кард. Лаҳзае, ки Шодӣ ба ҳавлӣ даромад, наметавонист чашм боз кунад, гӯё пӯсти рӯю дастҳои виғидааш гард шуда мерехтанд, зери пираҳану шалвор бошад, шип-шилта тар буд, аз чаккаҳои рӯяш низ беист арақи сӯзноки бадан мешорид. Баробари...