Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "хирадманд"

Наср

НИТИШАТАКАМ (“Сад байт дар бораи рафтори нек”) – асари ахлоқии ҳинди бостон) Санскрит на танҳо яке аз забонҳои асосии қадими ҳиндист, балки аз қадимитарин забонҳои ҷаҳон шумурда мешавад. Нахустин осори адабии Шибҳи қораи Ҳинд ба монанди китобҳои муқаддаси ҳиндувон – ведаҳо (“Ригведа”, “Сомаведа”, “Атҳарваведа” ва “Яҷурваведа”), ҳамосаҳои “Маҳабҳарата” ва “Рамаяна”, упанишадҳо, браҳманаҳо, пуранаҳо ва ҳазорҳо асарҳои бадеӣ, динӣ ва фалсафии Ҳинди бостон ба навъҳои гуногуни забони санскрит – ведоӣ, эпикӣ, классикӣ, буддоӣ, ҷайнӣ ва ғ. навишта шудаанд. Асарҳои намояндагони маъруфи адабиёти классикии Ҳинд – Ашвагҳоша, Бҳаса, Калидаса, Бана, Кшемендра, Сомадева низ ба забони санскрит, ки аз қарни 1 то м. ҳамчун забони адабӣ дар Ҳиндустони Шимолӣ ривоҷу равнақ пайдо намуд, ба қалам омадаанд. Аз ин лиҳоз, маҳз ба воситаи забони санскрит мо метавонем ба фарҳангу тамаддуни Ҳинди бостон роҳ кушоем ва тавассути китобҳое, ки ба забони санскрит боқӣ мондаанд, ба иттилооти боарзише ...