Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "тирамоҳ"

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

Баҳром ФИРӮЗ ТИРАМОҲ Тирамоҳ - майдони пурҷавлони мо, Тирамоҳ - домони пурэҳсони мо, Тирамоҳ - саҳрои пурхирман бувад, Тирамоҳ - рӯсурхии деҳқони мо. Тирамоҳон нони деҳқон дар замин, Обрӯю номи деҳқон дар замин. Давлати сармад ба саҳро рехта, Музди субҳу шоми деҳқон дар замин. Тирамоҳ гар деҳқон таъхир кард, Нони дастатро таҳи по зер кард. Нақди худ гум карду номи неки худ, Худ ба ҳаққи хештан тазвир кард. Тирамоҳ - майдони пурҷавлони мо, Тирамоҳ - домони пурэҳсони мо, Тирамоҳ - саҳрои пурхирман бувад, Тирамоҳ - рӯсурхии деҳқони мо!

«ХОНАИ МЕҲРУБОНӢ» ( Ҳикоя )

Насими фараҳфизои пойиз чун дӯсти содиқу вафодор мардуми дар кору бори зиндагӣ кӯфташударо аз оғози шоми нав паём мерасонд. Паррандагон ба лонаҳои хеш мешитофтанд. Аз само садои турнаҳо ба гӯш мерасид, ки яқин ба манзили гармтаре парвоз мекарданд. Ҳар рӯз дар ин вақту соатҳо ошхонаи хонаи меҳрубонии шаҳр бозорро мемонд. Тарбиятгирандагон бо шӯру ғавғо хӯроки шом мехӯрданд. Яке бо дигаре баланд ҳарф мегуфт, дигаре қоҳ-қоҳ механдид, бархеҳо гиря ҳам мекарданд… Кӯдаконе, ки дар синну сол, миллату мазҳаб, хӯю рафтор аз ҳам тафовут доштанд, айни замон байни онҳо умумияте буд: ҳама ятим буданд. Кӯдакон одатан дар атрофи мизи таомхӯрӣ аз рӯйи тартиби синну сол менишастанд. Озар ном писарбачае, ки тақрибан даҳсола буд,  саросемавор, ҳаросону шитобон таом мехӯрд. Ангор коре дошту барои қафо намондан ё иҷро намудан мешитобад. Ин бача, ки мӯйҳои сиёҳи дарози ҷингила, абрӯвони ғафс ва чашмони калон-калон дошт, хӯрокро аз дигарон пештар хӯрда, мувофиқи тартиб косаву табақчаашро ба даст гириф...

«ҚАДР» (Ҳикоя)

Шамоли тирамоҳ баргҳои дарахтонро ҳар с ӯ парешон мекард. Тамоми мардуми деҳа машғули хазонрӯбӣ буданд. Онҳо баргҳоро ба зимистонгузаронии чорвояшон захира мекарданд. Тирамоҳ нисф шуда буд ва ҳавои сард аз барвақт омадани фасли зимистон мужда медод. Кӯчаву тангкӯчаҳо, боғу ҷӯйҳо пур аз хазон буд. Баргҳои охирини дарахтон барои дур нашудан аз асли худ, бо шамоли бераҳми тирамоҳӣ дар талош буданд, аммо бод аз ҳар сӯ ҳамла оварда, мағлубашон мекард... Аҳли хонаводаи Музаффар ҳам, барои ҷамъ намудани хазон баромада буданд. Зани Музаффар – Рухсора ҳамроҳи ду духтарчааш баргҳои ғундоштаашонро , ки боз шамол парешон карда буд, ҷамъ карда мебардоштанд. Духтарчаҳо чун мӯрчаякони донакаш ба модарашон ёрӣ мерасонданд. Онҳо баргҳоро ба ҷуволи калон андохта, ба коҳдон мекашонданд. Дар хона модари Музаффар - момои Саломат танҳо менишаст. ӯ аз тиреза берунро, ки фақат осмон намудор буд, тамошо мекард. Пиразан, ки зоҳиран зани ҳаштодсоларо мемонд, дар асл ба ҳафтод нарасида буд. Пасту баланди з...

ИСТГОҲ (Ҳикоя)

Фасли поиз. Табиат ранг дигар кардаву дарахтон чун модар он и дар   ғами фарзанд коҳ идар ӯ й, музтару парешон менамуданд. Дар кӯча мавҷи одамон ва нақлиёт и пуродам беш ба назар мерасид. Чун автобусе аз дур намоён мешуд, п иру барно ба ҷ унбу ҷӯ л афтода , ҳаракат ме кар данд, ки рақам и он ро бинанд. Бо омадани автобус монанди ору, ки ба душман ҳамла меорад, худро ба дарунаш мезаданд. Аммо на ҳ ар кас дохили автобуси серодам мегардид . Дар чунин маврид кори ронандагони таксӣ ва соҳибони мошинҳои хусусӣ пешрав мебуд. Ҳар лаҳза чунин пурсишҳо ба гӯш мерасиданд: - Ба куҷо? - Ба кадом тараф? - Таксӣ даркор не? Духтари қадбаланди сафедпӯсте, ки бо вуҷуди сард будани ҳаво дар бар танҳо куртаву поҷомаи атлас дошт, ба мисли дигарон дида аз роҳ барнамеканд. Дӯшиза автобуси рақами 24-ро инизор буд, ки ниҳоят аз дур намудор шуд. Аз сангпуштвор оҳистагардии он аён буд, ки савораҳояш зиёданд. Чун мошин дар истгоҳ қарор гирифт, аз он касе нафаромад. Автобус то дами дар пур буд. Ду...