БАРОИ БАЧАГОН

ЧИГИЛАК
Чигилак як намуди шеър аст, ки дар ин гуна шеърҳо воқеа ғайритабиӣ, пасу пеш, чаппаву роста, баръакс тасвир мешавад. Ин хусусияти чигилакµо хонандаро водор мекунад, ки онро бодиққат хонад, зирактару ҳушёртар бошад, хондаашро мулоҳиза кунад.
Минбаъд мо аз эҷодиёти шоирон чунин шеърҳоро меорем. Шумо метавонед, чигиливу печидагии шеърро дарёб намуда, дар поён нависед!

Ҷӯра ҲОШИМӢ
ОЁ ДУРУСТ КАРДАМ?
Бо чашмакам шунидам
Бо гӯшакам бидидам.
Оё дуруст кардам?
Ё нодуруст кардам?
Бо пой хат навиштам,
Бо даст роҳ бигаштам.
Оё дуруст кардам?
Ё нодуруст кардам?
Хӯрдам китобро ман,
Хондам кабобро ман.
Оё дуруст кардам?
Ё нодуруст кардам?
Гуфтам ба гурбаам:
- Кишт!
Гуфтам ба мурғакам:
- Пишт!
Оё дуруст кардам?
Ё нодуруст кардам?
Хондам ду модар аз ёд,
Шуд шеъракам зи ман шод
Оё дуруст кардам?
Ё нодуруст кардам?"


Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА