Хамидани манораи мадрасаи Улуғбек ва таърихи аз нав рост кардани он
Соли 1965 дар матбуоти мамлакат ва ҷаҳон ҳодисаи беназир дар соҳаи таъмирсозии ёдгориҳои таърихӣ, яъне рост кардани манораи ҷанубӣ-шарқии мадрасаи Улуғбеки Самарқанд интишор ёфтанд.Таъмиру барқарорсозии он воқеаи ҷаҳоншумул ба ҳисоб мерафт. Ин кор ба туфайли дар амал татбиқ намудани навигариҳои илму техникаи ҳамондавра ба амал бароварда шуд. Ва ҳол он ки дар шароити тамоман дигар, бе истифодаи техникаҳои замонавӣ соли 1932 манораи қариб 32-метраи самти шимолӣ-шарқии ин мадраса рост карда шуда буд.Хамхӯрии ин манораро аз аввалинҳо шуда, тирамоҳи соли 1918 соҳиби дӯкони муқовакунӣ ва фурӯши китоб, ки аз ҳама ба мадраса наздиктар буд, мушоҳида кард. Ҳатто калонтар шуда истодани роғи байни манораву дарсхонаи мадрасаро дид. Манора хам мехӯрд. Дар ин бора ҳамон лаҳза ба Вяткин, ки нозири расмии ёдгориҳои таърихии Самарқанд ба ҳисоб мерафт, хабар расонд.Вақте ки намояндагони ба таҳлукаафтодаи заргарон ва як чойхоначӣ ба назди ӯ – ёрдамчии комиссари вилояти Самарқанд даромаданд, вай ақида...