АНДАРЗИ БУЗУРГОН
Панду андарзҳо оиди ҳунар
Ҳунар аз нуқраву тиллою зар беҳ,
Ба ҳар ҷо меравӣ рӯ бар ҳунар неҳ.
* * *
Ҳунар пояи мард афзун кунад,
Сар аз ҷайби иқбол берун
кунад. Хусрави ДЕҲЛАВӢ.
* * *
Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз,
К-ин моли падар харӣ тавон кард ба
ду рӯз. Саъдии
ШЕРОЗӢ.
* * *
Ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор,
Ҳунармандро гавҳар ояд ба
кор. Абулқосим ФИРДАВСӢ.
Комментарии
Отправить комментарий