Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "модаркалон"

ЧУН МОДАРКАЛОН ДАРГУЗАШТ (Ҳикоя)

Шаби пурнози поизро шамоли сокине тароват мебахшид. Шатар-шутури барг ҳ ои зардшуда, ки аз таъсири шамол мерақсиданд, наворо ҷаззобтар мекард. Ситораҳои дурахшон ва моҳтоби нурпош, чун гули сари сабади маҳфил, ҳусни шабро дигаргун менамуданд. Аз куҷое ҳангоси маркаб ба гӯш мерасид. Ин садои гӯшхарош нӯти зиёдатиеро мемонд, ки оҳанги ҳазину дилкаши фасли хазонрезро хароб мекард. Ҷавонмарде калавида-калавида бо роҳи калон ҷониби деҳа мерафт. Ҷавони миёнқад, ки таҷрибан бистусе-бистучаҳорсола буд, ҳар дам аз роҳ бозмеистод ва ба сӯйи осмон назаре меандохт. Жарф-жарф нафас мекашид, ки ангор ҳаво намерасидаш. Гоҳо фарёд мекашид: «Чаро?! Бигӯ чаро?!» Гӯши фалак кар буд. Дар ҷавоб танҳо садои шуввоси шамол, аккоси саг, ҳангоси хар ва хишир-хишири хазони зери пояшро мешунид… Ин ҷавон писари Маҳбубаойтӣ Билол аст. Ҳамон Билоле, ки шаш сол муқаддам дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок карда, аз фанни иқтисод ҷойи якумро соҳиб гашт ва бидуни супоридани имтиҳон донишҷӯи мактаби олӣ гардид. Билоле, ...