Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "армон"

НАСР

Юнус Юсуф ӣ САЪВА Ба ёди бародарам Абдурауф Духтаракро дидани писарак чунон буд, ки пас аз рафтани барфҳои замистон миёни алафҳои хушку хазон ногаҳон гулаке бубиниву шод ӣ кун ӣ . Писар бехабар аз найрангҳои саройи дудар дами дар истода буд, ки духтар қаф ас дар даст аз пеши вай гузашта, с ӯ йи бозор рафт. Ва пеш аз он ки духтар аз пеши писар гузарад ногаҳон, ғайри хоҳиши ҳардуяшон, як он нигоҳҳошон ба ҳам омад. Ва ҳамааш аз ҳамин ногаҳон якдигарро ёфтани нигоҳон оғоз гашт . Духтар ин гуна ҳар р ӯ зи бозор саъва ро як бор ба бозор мебарад, аммо онро касе намехарад. Г ӯ ё дар ин шаҳри пурсадо касе садои хуши парандаро хуш надошт. Ва инак духтарак ҳар бор, ки қафас дар даст мераваду меояд, писаракро пеши дар истода мебинад ва ҳамеша нигоҳҳошон як дам баҳам мех ӯ рад, ди лошон дасту по гум мекунад, хунро ба ҳама ҷ ойи танашон неву тунд ба р ӯ яшон мезанад. Ин як дами камтар аз дам аст. Вале ин як они андактар аз он чунон шук ӯ ҳе баланд ва шодие ширин дорад, ки писарак гумон м...

АРМОН (Ҳикоя)

Рӯ-рӯйи хазони наврехта қадамзанон аз дарс бармегаштам. Таваҷҷӯҳамро марде, ки дар истгоҳ буду ба бар тоқии кӯҳистонӣ, либосҳои рангпарида, пойабзори чангзеркарда ва дар даст дастовез дошт, ба худ ҷалб кард.  Чеҳраи мард, ки ҳар замон гардан ба роҳи мошингард меёзонд, гарм тофт. Наздиктар рафтаму хато накарданамро фаҳмидам.  - Ассалому алайкум, акои Андарз! – хушҳолона садо баланд кардам. Аз садои ғайричашмдошт, мухотабам як қад парид. - Ваалейкум ассалом, ошно, - хурду калонро «ошно» ном мегирифт ӯ. – Ин ҷо чӣ кор мекунӣ? – ба канор кашида, бағалкаш боло бардошт, ки тамоми устухонҳоям шараққос заданд. - Хонда гаштаам. Аз худатон пурсем: кадом шамол ба Самарқанд овард? - Э, ошно, падарамро ба шифохона овардам. - Кай омадед? - Як ҳафта шуд, ошно, - тоқиашонро аз сар гирифта, бо рӯмолча арақҳои пешониро тоза намуд. - Ҳафт рӯз боз ақаллан як маротиба занг назадед-е, - гила кардам. - Ошноҷон! Дар Самарқанд буданатро намедонистам. Агар бохабар мебудам, албатта...