НАСР

Бахтиёри ҶУМЪА
ДӮСТОН САЛОМАТ БОШАНД
(Повест)
(Давомаш)
РӮЗИ ДУВВУМ
         ‒ Бемалол бошад, аз хоб хезед, ҷанобон! ­ сукунати субҳи содиқро дар палата овози Иқболшоҳ халалдор сохт. Командир аллакай дар тан формаи варзишӣ дошт.
         Мирзобек, ки аз рӯйи одати доимияш пушт ба боло хобида, қар­қар хуррок мекашид, паҳлӯ гашта, хобу хоболуд пурсид:
         ‒ Чӣ хел давидан?! Мо одамҳои касал­ку?! Ба одамони бемор давидан зарар надорад?  Довар шабона бехобӣ кашида, буд. Аз афт, субҳидам каме ғанабаш бурдааст, ки ӯ карахту гаранг буд. Бо вуҷуди он аз ҷой хеста, ҷойхоби рӯйи катро ба тартиб овард.
         ‒ Давидан табобат барин як навъи муолиҷа аст. Баҳона ба кор намеравад. Ин ҷо хонаи очакалонатон не, ки пойро болои по монда, то соати ёздаҳ мурда барин хоб равед. Эркагӣ ба эбаш. Тарафгир ҳам надоред. Падём!
         Мирзобек боз ким­чиҳоро зери лаб ғурунгосзанон аз ҷой хест. Дар ташнав дасту рӯйро пишакшӯй кард.
         Ҳар се аз дари беморхона баромаданд.
         ‒ Канӣ, давидем! Гирди ҳамин биноро шаш маротиба тохта чарх занем, кифоя, ‒ бо даст тарҳи ҷойҳои давиданашонро нишон дода гуфт командир ва худ намунаи ибрат нишон дод.  Ӯ ҳамчун варзишгарони машҳури дав бо як маром медавид.
         Мирзобек бо шиму курта ва дар по туфлӣ, Довар бо шалвару майка ва шиппак дар пой бо дили нохоҳам аз паси командир ба давидан сар карданд. Онҳо ҳарчанд зӯр зананд, ки ба сояи командир расида наметавонистанд. Мирзобеку Довар бо ин хел сару либосу тарзи давидан гирди биноро як маротиба чарх назада, шушашон ба ҳалқашон омаду суръатро суст карданд. Командир аллакай маротибаи дуввум медавид ва ба онҳо наздик расида, фарёдзанон гуфт:
         ­Танбалӣ нашавад, шаҳбозҳо! Мазаатон не. Газа зер кунед!
         Ва худаш шамол барин гузашта рафт.
         Онҳо тамоман беҳол шуда, ба қадамзанӣ гузаштанд.
         ‒ Ин чӣ рӯзи сиёҳ­а? Мо ба ин ҷо барои табобат омадем ё барои азобкашӣ?! Биёед, Доварҷон, командирро дигар мекунем, ‒ таклиф пешниҳод кард Мирзобек.
         ‒ Уф­ф, ‒ оҳ кашид Довар. ‒ Мо ана ҳамин хел як мардуми дарди ҳарина: на тоқати гармо дорему на тоқати сармо. Худамон даст бардошта сардор интихоб кардем. Аз интихоб карданамон як рӯз нагузашта, аллакай пушаймон мешавем. Акнун диламон мехоҳад, ки ба тагашон об рехта, бар зиддашон исён бардорем?! О, ҳамин корамон аз рӯйи инсоф аст?
         ‒ Гапатон дуруст, Доварҷон. Охир ман Иқболшоҳро як каси дуппа­дуруст гӯям, он кас дупула одам набудаанд. Ин хел командир ба мо даркор не. Истеъфояшонро талаб мекунем. Нест бод ин хел командири бераҳму шафқат! Гуманизмро намедонанд.
         ‒ Даҳанкалонӣ накунед, ака. Мансаб чизи ширин. Бисёриҳо инфаркт шуда ё мурда аз зини мансаб нафароянд, зинда, бо хоҳиши худ аз вазифа намераванд. Аз болояшон мағзоба резед, зану очаашонро ҳақорат диҳед, аз гӯр гирифта ба гӯр занед, ки дар мансаб мондан мехоҳанд. Ману шумо гуруснагӣ эълон кунем, митинг ташкил кунем, шабу рӯз дод зада, истеъфояшронро талаб кунем, ки ҳамааш бефоида, он кас намераванд.
         ‒ Нараванду рӯзашонро бинанд.
         ‒ Нона калон газеду гапа калон назанед. Гапатон баъзан ба зану бачаатон намегузараду ин хел боварӣ ба худ аз куҷо?
         Онҳо ба як қароре наомада, боз аз пасашон сиёҳии Иқболшоҳ намудор гардид ва сарам­дилам боз ба давидан даромаданд.
         Командир давон аз паҳлӯйи онҳо гузашта истода, луқма партофт:
         ‒ Ба пеш, фақат ба пеш! Сангпуштвор давидан ба ин хел азаматҳое, ки кӯҳро зананд, талқон мекунанд, намезебад.
         Иқболшоҳ лаҳзае суръати давиданашро суст накарда, аз паҳлӯйи онҳо ғиззӣ гузашта рафт. Онҳо аз паси ӯ ҳавасомез менигаристанд.
         Вай ба давраи панҷум гузашта буд.
         Командир аз назарашон дур шуду Довару Мирзобек аз лӯкка боз ба қадамшуморӣ гузаштанд. Довар номаълум як каф носро ба зери забон партофт: як рӯз не, як рӯз мемурда бошем, ‒ аз дил гузаронд ӯ, ‒ дар зиндагӣ ақаллан каму беш кайф карда гирем!
         Командир баъди шаш маротиба гирд­гирди девори дохилии беморхонаро давидан суръаташро суст кард. Дар гирди ҳавзи саҳни беморхона 5-6 хел машқи баданро ба ҷо овард. Ду дасташро ба нишастгоҳи харак такя дода, пойҳояшро дароз кард ва оринҷҳояшро қат кард. Баъд 50 маротиба сари синаашро ба тахтаи пеши харак расонда гирифт ва ҳамин амалро ба тарзи чаппа ба ҷо овард. Довару Мирзобек аз иҷрои ин гуна машқҳои бадан саркашӣ карда, ҳамчун рамзи эътироз ба командир намоишкорона ба хараке нишастанд. Иқболшоҳ ба ин эътирози онҳо заррае эътибор надод.
         ‒ Хайр, дар рӯзи якум ҳаминаш ҳам бад не. Лекин аз пагоҳ темпро суст накарда, ҳатто нагрузкаро зиёдтар кардан лозим. Ҳа, бо ҷигӣ­ҷигӣ буз буғӯз намешавад.
         Мирзобеку Довар оҳи бадарде кашиданд, яъне: вой бар имрӯзи мо, ки фардояш бадтар бошад.
        
                                      *                           *                           *

         Иқболшоҳу Мирзобек ҳанӯз дар берун буданд. Довар ба палата даромада, тараддуди шустушӯ дошт, ки духтараки гандумгуни чашму абрӯсиёҳ бо сумкаҳои пур аз дари нимроғ бепурсиш ба пойгаҳ даромад.
         ‒ Амак, шир овардам, ‒ ба Довар рӯ оварда бо чашм ба сумкаҳояш ишора кард. ‒ Даркор не?    ‒ Не.
         ‒ Чаро, амакҷон? ‒ бидирросзанон ба гап даромад духтараки ширфурӯш. ‒ Шири навҷӯшида. Исту бисташ қаймоқ. Ибни Сино шира кони шифо гуфтагӣ. Арзон медиҳам, амакҷон, гиред.
         ‒Раҳмат, духтари нағз. Дар ин ҷо илоҷи пухтан нест.
         ‒Шир даркор набошад, ҷурғот харед. Давленияро мефурорад, иштиҳоро мекушояд, кони фоида.
         ‒Саломат бошед…
         ‒Хайр, қаймоқ чӣ? Қаймоқи ман ҷиннеш. Пагоҳӣ хӯред, то бегоҳ сер мегардед. Ба ними нархаш медиҳам. Гиред, илтимос. Як бор хӯред, як умр мазааш дар даҳонатон мемонаду баъд маро кофта мегардед. Клиент мешавед. Касалҳо бештар ширу қаймоқ хӯрданашон даркор, ‒ ва косаи қаймоқро бароварда, аз рӯйи он табақчаи болопӯшашро кушод, ‒ ақаллан якта лесида бинед, чӣ хел нағз, кайф мекунед.
         ‒ Лозим не гуфтам ‒ ку.
         ‒ Зардоб чӣ? Ақаллан зардоб харед, ‒ баклашкаи зардобдорро аз сумкааш баровард духтар.
         ‒ Зардобро ҳам мехӯранд? ‒ ба рӯйи тағораи таги чаккаи халта чӣ хел чакидани зардобу ба болои он нишастани пашшаву оруҳоро пеши назар оварда пурсид Довар.
         ‒ Албатта, амакҷон. Зардоб ҳаким. Даруни одамро тоза мекунад. Микробҳои рӯдаву меъдаро мекушад. Як хел одамҳо безардоб истода наметавонанд…
         ‒ Ин ҷо беморхона, ширу ҷурғотатонро ба бозор баред, ‒ дигар ба гапҳои духтар эътиборе надода, Довар ӯро гусел карда, дарро пӯшид. Аз паси дар ҳамон бидирроси духтарак ба гӯшаш мерасид:
         ‒ Э ин одам чӣ хел-а? Санг барин сахту мумсик будаанд. Ҳеҷ чиз намехаридаанду вақти маро беҳуда гирифтанд.
                 
                   *                           *                           *
        
         Се ошно акнун ба тараддуди нонушта буданд, ки:
         ‒ Мебахшетон, ‒ гӯён се нафар занон ‒ ходимони фронти тозагии сиҳатгоҳ ба хонаи онҳо зада даромаданд. Яке хилъати сафед дар тан дошту ду нафари дигар корҷома ‒ нимтанаву пойҷомаҳои хушдӯхти нилобии пастранг. Зани хилъатсафеде, ки пешопеши онҳо буд, хеле абҷиру чаққон ва гапдон менамуд. Аз гуфтору рафтораш соҳиби мансаби хоҷагӣ буданаш аён мегашт. Вай бо нигоҳи айбҷӯёна ба чор тараф зеҳн мемонд. Ба даруни тубаки гулҳо, шишаҳои тиреза ва кунҷҳои шифти хона чашм медӯхт. Раҳораҳ бо ангушт чангу гарди токчаву болои яхдонро месанҷид. Ба сӯйи катҳои хоб, ҷевон, мизу курсиҳо назар меафканд.
         ‒ Ба гулҳо об надодед­ку?! Чангу гарди токчаву болои яхдон як ваҷаб­е! Ба рӯйи қолинҳо ҳам нигоҳ карда намешавад. Умуман, худатон ин палатаро тоза карда будед ё не?  
         ‒ Тоза кардам, ойтиҷон. Дари пешайвонро инҳо, ‒ ба сӯйи ҳампалатаҳо нигарист ӯ, ‒ кушода мондаанд, шамоли сахт хеста буд. Мумкин барои ҳамин чангу хок даромадагист, ‒ ба худсафедкунӣ гузашт зани фарбеҳи сурхинарӯ ва зуд бо докаи нимтари дасташ ба поккунии болои яхдону токчаҳои тиреза даромад.
         Кори ин зани хизматчӣ, ки имрӯз бояд навбатро ба ҳамкори дигараш супорад, ба хотири Мирзобек рафтори пешхизматҳои тарабхонаҳои бонуфузро овард. Дар он хел тарабхонаҳо Мирзобек бо ҳузуру ҳаловат нишаста наметавонист. Як дона пистаро шикаста, пӯчоқашро ба паҳлӯйи табақча гузоред, зуд омада мегирифтанд. Устухончаеро болои табақчаи холӣ монед, ҳамон лаҳза табақчаро иваз мекарданд. Ба сӯйи шишаҳо нигоҳе афканад, зуд барои рехта додан ба саратон ҳозиру нозир. Уқоб барин ду чашмонаш гӯё тӯъма мекобад: дар куҷои рӯйи миз чизи барзиёд ё пасмондаеро бинанд, ҷанг зада гиранд.
         Ин хел кору амали онҳо се­чор маротиба, ки такрор ёфт, одам аз хӯрдан даст мекашад. Иштиҳои қозгираш ҷо ба ҷо мемурд. Гӯё чизеро гирифтанӣ шавад ё мевае хӯрданӣ шавад, як каси дигарро ба ташвиш мегузорад. Аз хизматрасониву ташвишашон «нахӯр-е, падарлаънат, маро безор кардӣ-ку!» мазмун бардоштан ба одам сахт мерасад. Дар ин хел ҷойҳо нишастан барояш душвор буд. Вале бо ҷӯраҳо як даҳан ошро, ба қавле дар рӯйи каланд хӯрад, ончунон ҳузуру ҳаловат мекард, ки бисёриҳо аз он маҳрум буданд.
         Хизматгорҳои хоҷагии сиҳатгоҳ ҳам мисли он пешхизматҳои тарабхонаҳо рафтор мекарданд. Рӯзи Худо даҳ­понздаҳ маротиба ба палата даромада, ҳаром – ҳариш хонаро мерӯфтанд, фарши ҳоҷатхонаро мешустанд, тағораву ҷумраки дастшӯйиро пок мекарданд.
         ‒ Моҳонаат чӣ қадар? ‒ ин қадар кор ва гапшунавии зани сурхинаи фарбеҳро дида, пурсид Мирзобек.
         ‒ Кирои гуфтан ҳам не, ба чор кило гӯшт нӯг ба нӯг мерасад, ‒ хандида ҷавоб дод ӯ. ‒ Кам бошад ҳам, ба рӯзғор мерасонем. Аз бекор гаштана дида, одам кор кунад, нағз. Стаж мешавад. Пеш накунанд гуфта метарсам.
         ‒ Ӯҳ­ҳӯ! ‒ мад кашид Мирзобек. ‒ Ман гумон кардам, ки ҳар моҳ миллион сӯм мегиред. Набошад, ҳайкалатонро монанд, меарзад.
        
                            *                 *                 *
        
         Пас аз нонушта аввалин шуда Иқболшоҳу Мирзобек аз пайи муолиҷаҳои физиотерапевтӣ рафтанд. Довар саҳл дер монд. Акнун аз дар баромаданӣ буд, ки Мирзобек зада ба палата даромад.
         ‒ Ҳа, чаро аз роҳатон гаштед?
         ‒ Телефонро фаромӯш кардаам, ‒ гуфт Мирзобек ва аз рӯйи кати хоб телефони дастиашро гирифта, гашта берун баромад.
         Аҷаб замона­е! Як вақтҳо беилму дониш як қадам пеш рафта намешавад, мегуфтанд. Ҳозир мардум бе телефон гашта наметавонанд. Дар дасти кӯдаки ҳафтсола ҳам телефону дар дасти кампири гӯшвазнини ҳафтодсола ҳам. Дар ҳама ҷо ало­алову гапзанӣ ба воситаи телефони мобилӣ. Баъзе ҷавонҳо микрофону гӯшмонакҳои хурде монда мегарданд. Аз дур бинед, гумон мекунед, ки ҷиннианду худ ба худ гап зада истодаанд.
         Боре Довар барои гирифтани маълумотномае ба идораи андоз рафта буд. Корманди масъули ин соҳа набудааст. Интизор шуд. Чойро бисёр нӯшида будааст, магар, ки заҳрааш танг кард. Маҷбур ба ҳоҷатхона рафт, ки дараш маҳкам.   
         ‒ Ҳа, ман нағз, корҳо зӯр! ‒ аз даруни ҳоҷатхона овози ҷавоне мебаромад. Довар дарк кард, ки кадоме дар ҳамин ҷо ҳам бо телефон гапзанон мекунад. ‒ Корҳо вадаванг! Дар ин дунёи дурӯза, ҷӯраҷон, фақат кайфу маишат мемонад. Ҳоло бо ду­се нафар кентҳо мо дар ресторан. Айшу маишат акнун ба авҷи аълояш расида истодааст. Якта арақро холӣ карда, нимкосаги шӯрборо паққос ба таги бинӣ задем. Ана, пешхизмат табакаро ҳам овард. Ӯҳ­ҳӯ, ана мурғбирёну мана мурғбирён! Рангу бӯяш одамро девона мекунад­е! ‒ ин хел гапҳои ҷавонро аз паси дари ҳоҷатхона шунида, Довар гиребонашро дошта монд. Саҳл монда буд, ки гӯяд: ҳӯ аҳмақ, ту дар ресторан не, дар ҳоҷатхона. Дар ин ҷо бӯйи мурғбирён не, балки бӯйи тамоман чизи дигар аст. Вале худро базӯр дошт ва интизор шуд, ки тезтар ҷавон берун барояду ӯ дарояд. Аммо ҷавон ҳамон гап мезаду гап мезад. ‒ Маро як дидан мехостӣ?! Хайр, биё? Чӣ? Ҳозир наметавонӣ? А? Аҳволат вазнину камтар пул лозим? Э, ҷӯраҷон, ҳозир ба кӣ пул даркор не? Ба ҳама даркор! Қарз? Э ҷӯраҷон, ту ҷону ҷигари ман­ку. Наход ман аз ту пулро дареғ дорам. Вале дар айни момент аҳволи худам чатоқ. Медонӣ­ку, як моҳ пештар банкрот шудам. Ҳозир ду даст дар бинӣ. Ба болои ин аҳволи мамашка вазнин. Як каму беш чакида истодааш сарфи дорую духтурҳо мешавад. Чӣ? Не, ҷӯраҷон, ягон илоҷам нест. Ҳа, замин сахту осмон баланд. Тилловорӣ, ҳавлию ҷой л ягон чизи мефурӯхтагиат бошад, ягон харидор ёфтанам мумкин…
         Аз тангии заҳра Довар ба худ мепечид. Ҳамон вақт ӯ дигар тоқате карда натавонист ва ҳақорати обдоре дода, зада ба ҳоҷатхонаи занҳо даромад.

                            *                           *                           *
         Иқболшоҳу Мирзобек донои зиғири бирён. Чӣ кор кардану чӣ монданашонро нағз медонанд. Онҳо ҳатто бенавбат муолиҷаҳоро қабул мекарданд.
         Дар таги дари масҳгарӣ одам зиёд буд. Довар навбат мепойид, ки овози зани маҳсгар баланд шуд:
         ‒ Касе, ки ҳамроҳ вазелин надошта бошад, беҳуда дар навбат наистад. Ман ҳеҷ касро бевазелин қабул намекунам.
         Довар вазелин надошт. Ин чиз умуман ба гӯшаи хаёлаш ҳам набуд. Аҷаб махлуқанд ин одамони мо. Ба шутур савор шаванд, ки дурро дида наметавонанд. Агар масҳгар ҳамин гапро дина, пешакӣ мегуфт, имрӯз ӯ меёфт. Бинобар ҳамин, бо сари хам роҳи дорухонаро пеш гирифт.
         Дорухонае, ки дар беруни беморхона ҷойгир аст, аз як хонаи хурде иборат. Соҳиби ҳавлӣ як хоначаашро дорухона сохтааст. Доруҳояш нисбати дигар дорухонаҳо ду­се маротиба қимат. Дорухона хурду назарногир бошад, ки хонаву ҷой ва ҳавливу ҳарами доруфурӯш арки амирон барин. Аз афт, нисбат ба беморон дида, аз доруву дармон бештар худи доруфурӯшҳо манфиатдор мешаванд.
         Иқболшоҳу Мирзобек вазелин доштанд л не, Довар намедонад. Онҳо, ки дар ин хел ҷойҳо бисёр табобату истироҳат намудаанд, чашмонашон пухта шудааст. Аз ҳама ҳам Мирзобек ‒ балои бало. Дар оташ намесӯзаду дар об ғарқ намешавад ва аз даруни осиёб зинда мебарояд. Дар чораёбӣ устухон надорад. Рекордсмени дурӯғчиёну фиребгарон!
         Рӯзе як ҷӯрааш бо писарчаи ҳафтсолааш дар кӯчаи шаҳр бо Мирзобек рӯ ба рӯ омадааст. Аз паҳлӯяш гузашта истода, худро нодида вонамуд кардан камоли беодобӣ ба ҳисоб мерафт. Ва ӯ ҳам ноилоҷ ба онҳо салом дода, як ­ як вохӯрдӣ кардааст ва ҳолу аҳвол пурсидааст. Ҳамин вақт ба сӯйи Мирзобек кадоме имо кардаасту онҳо дуртар рафтаанд.
         Яке аз ҷӯраҳо, ки саҳл пештар садқаву қурбони Мирзобек мешудааст, ба сӯйи Мирзобек ишора карда гуфтааст:
         ‒ Вай афериста бинед. Дар ҳамин ҷо ҳам моро назару писанд накарда, кори кадомеро буд мекунад.
         Калимаи «аферист», ки чандон бор такрор шудааст, писарчаи ҷӯрааш ном гумон кардааст. Мирзобек, ки ба зудӣ наомадааст, яке аз дӯстонаш ба бача рӯ оварда гуфтааст:
         ‒ Рав, ҳӯ вай амакатро ҷеғ зан.
         Писарча ки ҳанӯз хурд ва сиёҳу сафеди оламро намедонистааст, рафта аз бари костуми Мирзобек дошта, гуфтааст:
         ‒ Аферистамак, ҳӯ Аферистамак, шуморо ҷӯраҳоятон ҷеғ зада истодаанд.
         Аз ин хел муроҷиати ҳақоратомези писарак Мирзобек сурху сафед шуда, ба худ мор биран печида бошад, ки аз даст бардошта задани кӯдак худдорӣ кардааст…
         Бо вазелин бошад, ки масҳгарзан аввал бо панҷаҳояш хуб сари Доварро гурбавор чангол задаву харошида, гӯё молид. Баъд навбат ба пушти сару гарданаш ва тахтапушташ расид. Масҳи ин узвҳо барои Довар чандон дардовар набуд. Вале ҳамин, ки ду нарангушташро теғсон рост карда, ба болои шонаҳояш пармавор тоб дод, Довар пуружина барин ба худ печида, базӯр тоқат кард. Баъди ду-се бори тобдиҳӣ дарди ҷонкоҳро ҳис намуда, гумон кард, ки нӯги ангуштони зан шонаашро сӯрох сохта, аз сари синааш мебароянд.
         ‒ Шуд, шуд, хуб молидед, раҳмат. Илоҳо дастатон дардро набинад.
         Довар ҳанӯз гапашро то охир нагуфта, Тамарахон дод зад:
‒ Навбати кӣ? Дароед!
         Довар афсӯс хӯрд, ки ба ҷойи «дастатон дардро набинед, илоҳо дастатон шиканад» гӯяд, ки зани масҳгар эътиборе намедодааст.

                            *                           *                           *
         Дар шӯъбаи муолиҷа бо мум одам кам буд. Довар ин хел бахти ғайриоддиро дида, хурсанд гашт. Байни ҳар як муолиҷа бояд аз 10 ‒ 15 дақиқа сар карда, то ним соат дам гирифтан пешбинӣ шуда бошад, ки ба он эътибор надод. Ва ба қабули мумшамъ азм намуд.
         Ходимаи ин тарзи муолиҷа як зани сурхинаи диванмонанде буд. Қадамзаниаш хурд­хурд бошад, ки пойҳояшро васеъ­васеъ гузошта, ҳамчун мурғи серпушт роҳ мегашт.
         Зан болои плёнкаҳои чандқабатаи ғафс муми калоне, ки аз тобаи чоркунҷа баъди каме хунук шудан бо корд бурида мегирифт, бурда ба узвҳои дардманди беморон мегузошт. Ба қабули мумшамъ омадани Доварро дида, зан пурсид:
         ‒ Омадед?
         ‒ Омадам.
         ‒ Нағз кардед, ки омадед. Ба кабинаи шашум даромада тайёр шавед.
         ‒ Хуб шудааст, ойтиҷон.
         Ва ӯ ба кабинаи шашум даромад. Кабинаи якум л шашум аз якдигар фарқе надошт. Даромадгоҳи ҳамаи онҳо бо пардае пӯшонида мешуд. Ҳамаи онҳо якранг ва хоначаҳои якхелаи чоркунҷаро ба хотир меоварданд.
         Даруни онҳо як кати қоқ ‒ кушетка дошт. Довар куртаашро кашида, ба кат дароз кашид.
         Аз байн ду­се дақиқа нагузашта, фарши муолиҷагоҳ ба ларза даромад. Довар тахмин кард, ки ходима мумро бардошта меояд. Тахминаш рост баромад. Довар, ки тахтапушташро кушода парӯ мехобид, зан якбора муми гӯштиранги гарму бадбӯйро ба пушти ӯ чаппа кард. Плёнкаҳо дар дасти ӯ монду муми гарму тафсон ба пушти Довар часпид.
         ‒ Ӯҳ, ойтиҷон, ҷудо гарм­ку!
         ‒ Ҳеҷ гап не. Тоқат кунед, ҳамин замон гармияш мегузарад.
         ‒ Боз сӯхта намурам?
         ‒ То ҳол ҳеҷ кас намурдааст, ки шумо муред.
         ‒ Баъди ба хонаҳояшон рафтан ҳам аз асораташ касе по дароз накардааст?
         ‒ Инашро ман намедонам, ‒ гӯён болои сару гардан ва пушташро бо ду­се қабат кампалҳои чиркину бадбӯйи доғдор пӯшонд.
         ‒ Буғдам кардед­ку, ойтиҷон.
         ‒ Ин нағз­дия, зуд сиҳат мешавед!
         Довар дигаре чизе гуфта натавонист. Зеро ходима қати кампалро рост карда, он тарафашро ба болои сараш партофт.
         Фарши чӯбин боз ба ларза даромад. Маълум мешуд, ки зан баромада меравад. Ӯро дигар беморон ҳам интизоранд.
         Болои дарди масҳ гармии муми шамъ ӯро беҳол гардонд. Вай сар болои ду дастонаш монда, таҳаммул кард. Аз таъсири гармии мумшамъ аз ду тарафи баданаш ҷӯйҳои паҳноб барин арақ шорида, ҷойхобро тар месохт.  Арақи сару рӯяш ба чашмонаш даромада, чашмонашро месӯзонд. Қувваю мадор аз танаш рафта, ӯро хоб пахш кард…
         Довар ба палата медаромад, ки зане пеши роҳашро гирифт.
         ‒ Э шумо чӣ хел одам? ‒ якбора ба дӯғу шикоят гузашт ӯ. ‒ Телевизори палатаи мо биҷир‒биҷир карда, нағз нишон намедиҳад. Шумо бошед, ялала-бедод карда гардед. Аз афташ, антенааш вайрон! Гардед, соз кунед.
Ҷони Довар ба ҳалқаш омад. Вале зуд худро ба даст гирифт. То ба ӯ мефаҳмонад, ки ин вазифаи ӯ нест ва вай ҳам мисли дигарон дар ин ҷо табобат мегирад, вақти зиёде мегузашт. Бинобар ҳамин, «хуб, хуб, ҳозир» гӯён винттобаку анбӯрро гирифта, зуд соз карда, ҷонашро халос сохт. Э барака ёбад, ақаллан раҳмат нагуфт. Дар ин дунё ба нағзӣ нағзӣ набудааст-дия!

                                      *                           *                           *
         Довар ба палата омад, ки Мирзобеку Иқболшоҳ болои катҳои хоби худ ғел зада, ба якдигар гапфурӯшӣ мекарданд.
         ‒ Хуш омадед, хуш омадед, ба қадамҳотон ҳасанот! ­ ба пешвози Довар таъзимкунон аз ҷой хест Иқболшоҳ.
         ‒ Бо ду чашми чор омаданатонро интизор будем! ‒ ба гап ҳамроҳ шуд Мирзобек. ‒ Сарамон калу диламон нозук бошад, ки бе шумо аз гулӯямон об намегузарад.
          ‒ Эҳ­ҳе, ин шумо? Шутура бенамак мехӯред-а! Чӣ хел шуда якбора меҳри каҷмакаҷатон ҷӯшид? ‒ пурсид Довар.
         ‒ Ба шарофати мурғ!‒қоҳ-қоҳзанон хандид Мирзобек. Аксаран ӯ бемавқеву бемаврид механдид. Хандаҳои сохтааш ба худаш набошад, ки ба дигарон ғашовар метофт. Айнан, раққосаҳои балет барин, ки даруни пойафзоли махсусашон рег дарояд ҳам, бо вуҷуди он рақс мекунанду бо табассуми зӯракии дандоннамо гӯё хушҳолии худро нишон додани мешаванд. ‒Якҷоя онро ба гумдони бало фиристем.
         ‒ Нағз мешавад, ‒ Довар ба кат дароз кашид. ‒ Фақат ман камтар дам гирам, сонӣ.
         Довар ба кат дароз кашида, чашм ба шифт дӯхт. Баъди масҳу қабули барқу мумшамъ мадори дасту пояш хушк шуда буданд.
         Ҳамин вақт хоҳараш занг зад. Ӯ акнун фаҳмид, ки мурғбирёнро ӯ оварда будааст.
        
                   *                           *                           *
         Соатҳои даҳи шаб ҳарчанд зердастон ду нафар бошанд, ки командир онҳоро саф ороста, ба сайру гашти шабона баровард. Ҷойи сайру гашти шабона, ки аз даромадгоҳи корпуси асосӣ то таги дарвозаи беморхона тӯл мекашид, ҳамин масофаро низ зердастон бо танбаливу гарданғафсӣ аз аввалу охираш кам‒кам «қайчӣ» мекарданд. Яъне, як сад метр то ба худи ҷойи муқарраршуда нарасида, бозпас мегаштанд.
         Ин шаби дуввуми сайру гашт буд. Се кас сӯҳбаткунон пеш мерафтанду баъд қафо бармегаштанд. Мокуи бофанда барин буданд онҳо. Чашми Иқболшоҳ ба сари лучи Мирзобек афтода, якбора фармон дод:
         ‒ Ба шумо се дақиқа вақт! Тозон ба палата рафта, шапкачаатонро пӯшида биёед.
         ‒ Чаро? ‒ ҳайрон шуд Мирзобек. Баъзе чизҳоро ӯ гоҳо дер дарк мекунад. ‒ Ҳамин хел ҳам ганда не‒ку.
         ‒ Ганда нею гуфта намешавад-дия. Эҳтиёт ‒ ними ҳаёт, шабона болои чанорҳои ду тарафи роҳ мусичаҳо мехобанд. Мабодо «бомба» партоянд, гумбази болои саратон расвои олам нашавад.
         Мақсади командир акнун ба шуури ӯ рафта расид магар, ки ба ҷаҳл омада, шӯр бардошт.
‒ Иқболака, ҳамин шумо шудеду сари кали ман. Рехтани мӯйи сари ҷингилаам ин айби шахсии ман не-ку. Мӯйҳои беақли нодаркор, ки ҳатто дард намекунанд, сари олиҷаноби маро тарк карда истодаанд. Бало ба пасашон. Хас каму ҷаҳон пок. Ҳаққи онҳо ҳамин!
         ‒ Хайр, Мирзоака, ман аз рӯйи ғамхорӣ як гуфтам-дия. Шуд, шуд, тавба кардам, бад кардам. Дую дубора ин номаъқулиамро такрор намекунам. Акнун аз як қошуқ хунам гузаред.
         ‒ Хайр, аз як қошуқ хунатон гузаштам. Фақат дигар такрор нашавад, ‒ олиҳимматона гуноҳи командирро бахшид Мирзобек ва гӯё аз ҷаҳл фаромад.
         Онҳо боз ба гаштугузори худ идома доданд.
         Мардҳо ба бӯқаламун монанд. Ҳамин, ки аз муҳити хонавода каме дур шуданд, тамоман одами дигар мешаванд. Дар сафари хизматӣ, тиҷоратӣ ва л истироҳату дамгирӣ бошад, тамом, ба онҳо Худо медиҳад. Зану бача, ҷойи кор, муаммоҳои зиндагӣ ‒ ҳамаашро фаромӯш карда, гӯл безану хонаву дар мегарданд. Ҳазлу шӯхӣ ва мазоҳу масхараро ба авҷи аълояш мерасонанд.
         Дар ин ҷо байни онҳо ҳазлу шӯхӣ ва бедардхӯҷагӣ гӯл ба як анъанаи наве медаромад. Ягон лаҳза бе шумшукӣ л мулоимхунукӣ истода наметавонистанд. Ба ин хел ҳазлҳои хунуки онҳо Довар кӯшиш мекард, ки камтар ҳамроҳ шавад. Вале ин ба ӯ на ҳамеша муяссар мегардид. Гоҳо надониста, худаш ҳам ҳазл мекард. Ягон гапи хоме зада, ҷавобҳои пухтаи пухта мешунид ва баъд чанд муддат ғамгину пакар мегашт. Аз гуфта ҳазорон пушаймон шуда, худро маломат мекард. Сабаби бехобиаш ҳам, аз софтинатиаш буд. Уф‒ф, ин бехобӣ! Майнаи ӯ ҳамчун муҳаррики ҷовид беист кор мекунаду кор мекунад…  Аз афт, ихтисоси муаллимӣ ӯро ба чунин ҳол гирифтор карда буд.
         Ҳангоми сайру гашти шабона ҷоғи командир тафсид. Вай аз ҳаёти сарбозияш, ки дар Чукотка гузаштааст, бетаваққуф нақл мекарду нақл мекард.


РӮЗИ САВВУМ
         ‒ Рафиқон, подём! Хезед, вақти давидан шуд!
         Довар бедор буд. Ин даъвати Иқболшоҳи командир ба ӯ нафорид. Вай ҳангоми хизмати ҳарбӣ аз саҳархезӣ не, аз овози баланду нофорам ва изтиробомези навбатдор ба дода меомад. Ин ҷо командирашон ‒ Иқболшоҳ бо ҳар хел ибораву ҷумла ва овози пасту лаҳни форамтаре бедор созад, он ҷо ҳамеша фарёди ваҳмангез ва калимаву ибораҳои якхела: «Хезед! Саф ороед! Ба тарбияи ҷисмонии пагоҳирӯзи бароед!» ҳар саҳар ‒ соати шаш такрор мешуд, ба ҷонаш мерасонд. Он ҷо баҳона л нозу нуз ба кор намерафт. Саҳл сустӣ кунед л хобу хоболуд либоспӯшӣ кашол ёбад, ҷазо муқаррар. Командир раҳмдилӣ кунад, аз рӯйи «меҳрубонӣ» як-ду мушт мезад. Ба бадӣ гирад, даҳҳо бор барои ёдгирӣ ба либоскашиву либоспӯшӣ машғул мешудед. Ин ба назараш кам намояд, соатҳо ба низомиёна қадам задан ва л ба давидани гирд‒гирди машқгоҳ маҷбур мекард. Раги девонагияш дорад, бенавбат аз як то се наряд медод. Ноилоҷ ба иҷрои ҳамаи кору машқҳо сар мефаровардед.
         Мирзобек аз рӯйи одат ғур-ғуркунон аз ҷой хест. Довар, ки аллакай хеста, либосашро пӯшида буд, хапу дам берун баромад.
         Давидан сар шуд. Иқболшоҳ аз ҳама пеш медавид. Аскаронаш аз паси ӯ кашола мешуданд. Командир панҷ давр зад. Аъзоёнаш базӯр се маротиба дар гирди бинои беморхона давиданд. Чандон тез натохта бошад, ки шуши Мирзобек ба даҳонаш омад. Аз сараш об рехтаги барин арақшор гардид. Дигар маҷолаш хушк шуда, ба қадамзанӣ гузашт. Миёнашро ба пеш каме хам карда, дастонашро ба ду тараф алвонҷ медод ва чуқур-чуқур нафас мекашид.
         Довар аз ӯ оқибтар мерафт. Вай ҳам аз давидан суп-сурх гашта бошад, ки нафаскашиаш оромтар буд.
         Иқболшоҳ ҳамон бо як маром метохт. Ҳар дафъае, ки аз палӯйи онҳо тохта мегузашт, ба забони русӣ нидо мекард:
         ‒ Фискулт!
‒ Привет! ‒ ало-ало нигоҳ карда, ҷавоб медоданд Мирзобеку Довар.
Мирзобек қадаммониашро суст кард, ки Довар расида гирад. Вақте ки онҳо ба якдигар баробар шуданд, Мирзобек дарди дил кард:
‒ Ин ишкама бинед, Доварҷон, худам шарм медорам. Рӯз аз рӯз калон шуда истодааст.
‒ Қаҳратон наояд, Мирзоака, агар рости гапро гӯям, шиками калон ба келинчакҳо мезебад. Онҳо, ки дуҷон шуданд, боз ҳам хушрӯйтар мешаванд. Вале ишкамкалонӣ зебу ҳашамати мардон нест.
         ‒ Ман ҳам ҳаминро мегӯям-дия, Доварҷон. Пагоҳиҳо хеста давидан даркор. Ҳар бегоҳ аҳд мекунам, ки саҳар хеста медавам. Саҳар шавад, гарданам ғафсӣ карда, хушам намеояд. Хоб зӯрӣ карда, «ҳозир мехезам», «ҳозир мехезам» мегӯяму боз ғанабам мебарад. Хезам, аллакай соат 10‒11. Рӯз пешин шавад, давидан чӣ лозим?
‒ Дуруст, пешинӣ аз хоб хеста, давед, одамҳои дидагӣ ин мардак ҷиннӣ‒пиннӣ шудагӣ барин мегӯянд. Пешинӣ давед чию надавед чӣ, ду понздаҳ - як сӣ.
‒ Лекин ина, ‒ Мирзобек домани куртаашро боло карда, ба ду тарафи ишками луб-лучаш тӯп‒тӯп зад, ‒ чӣ кор кунам-а?
‒ Ман фолбин не, ака, намедонам. Ба каландзанӣ ҳавсала накунед, ба давидан хушатон наояд, пиёдагардӣ маъқул набошад, монед, калон шудан гирад. Ҳоло ин ишками шумо дар пеши ишками баъзеҳо ишкамча аст. Як ишкамҳое ҳастанд, ки каҷова барин аз соҳибаш як‒якдуним метр пештар мераваду худаш таги пояшро дида наметавонад. Як тасаввур кунед: ишкам каҷова, қафо танӯр барин, калла мисли хуму гардан гардани бегемот. Бинед, дилатон беҷо мешавад. Ин дунё дунёи нисбӣ. Ишками шумо ҳам нисбати ишками онҳо ишкамча аст. Навозишомез ҳатто ишкамҷон гуфтан мумкин. Лӯнда карда гӯем, ин хел ишкамчаҳо кирои ғам хӯрдан намекунанд.
‒ Хайр, ҳамин хел давидану гаштанамон ба майда шудани ишкам ёрӣ мерасонад? ‒ боз имдодомез пурсид Мирзобек.
‒ Албатта! ‒ дилпурона ҷавоб дод Довар. ‒ Ин аллакай муваффақият аст.
         ‒ Барои мустаҳкам кардани муваффақият шустан даркор будагист-а?
Мирзобек аз рӯйи одат ҳамеша риштаи сӯҳбатро ба маҷрои дилхоҳи худ мекашид. Вай, ки нӯшиданро дӯст медорад, зуд қавлу ваъдаашро дигар кардан барояш душвор не. Вино ҷону дилаш. Худи ӯ дар болои бом бошад, ки аз поин шишаи виноро нишон диҳанд, беандеша худашро таппӣ бо калла мепартояд.
‒ Надонам, ‒ китф дарҳам кашид Довар. ‒Нӯшидан хуб не. Вай бо доруву укол ва табобат мувофиқат намекунад.
‒ Мувофиқат мекунад л не, аҳамият надорад. Муҳимаш, командир нафаҳманд л набинанд, шуд!
‒ Инашро ман намедонам. Вале ин муваффақияти шуморо ман ба таври худ мешӯям, ‒ гӯён Довар аз киса қуттии носро баровард ва як кафи онро ба зери забон партофт. ‒ Ба саломатии шумо!
‒Ба шумо ҳавасам меояд, Доварҷон, ҳар як комёбиро бемалол шустан мегиред. Ба ман бошад, душвор. Дар хона занам, дар ин ҷо командир иҷозат надиҳанд, мани бечора чӣ кор кунам‒а? Худамро овезам?
‒Ихтиёри ҳар кас дар дасти худаш.
Фикр карда бинад, Довар ҳам мисли Мирзобек сустирода аст. Ҳазор бор аҳд кард, ки носкаширо мепартояд. Вале боз наметавонад. Чандин роҳу усулҳояшро ба кор бурд, фойида набахшид. Мазоҳу масхараҳои дӯсту ошноҳояш ҳам таъсир накард. Ниҳоят даст афшонд, ки партофта натавонад, ягон рӯз худи нос ӯро тарк карда, ба гӯр мегуселонад.
        
                            *                           *                           *

         ‒ Не, раҳмат. Мо бандаҳои хушбахти Худо. Дар вақташ хуб аз шири модарамон сер шудагӣ, ‒ гӯён дарро пӯшид Мирзобек.
‒ Боз чӣ гап? ‒ пурсид командир.
‒ Ширфурӯш гаранг карда истодааст, ки шир л ҷурғот харам, ‒ ҷавоб дод Мирзобек ва ба сӯйи Иқболшоҳу Довар рӯ оварда пурсид:
‒ Лозим  не гуфтам. Л шумоҳон хӯрдан мехоҳед?
‒ Не, ‒ баробар ҷавоб доданд онҳо.

                  *                           *                           *
Ҳангоми нонушта боз азназаргузаронии тозагии палата сар шуд. Сарлашкар ‒ ҳамшираи хоҷагӣ пеш-пешу аз паси ӯ ду нафар навкаронаш ‒ фаррошзанон бе ягон сулфаю огоҳӣ зада ба палата даромаданд. Ҳамшираи хоҷагӣ ҳамчун калони калонон бо ғуруру такаббури амалдорона кору рафтор мекард. Пас аз салом «мебахшетон-дия, халал расондем» гӯён ба хонаи қабулу хоб даромад. Чашмонаш чалақ-палақ. Агар нозири ҳуқуқу тартибот дар ин хел вазъият аз байни издиҳоми мардум ҷинояткореро кобад, ӯ чангу ғуборро меҷуст. Дар як кунҷи шифти хона, ки парда онро панаҳ мекард, торҳои тортонакро дида, ба сӯйи фаррошзан ғазабомез нигоҳ карда пурсид:
‒ Ин чӣ?
‒ Навакак дида будам, набуд. Боз ин тортонакхона аз куҷо пайдо шудааст, худам ҳайрон, ‒ гӯён бо чӯбдасти дарозе, ки дар нӯгаш чӯткаи қилдарози сафедранге дошт, ба рӯфта партофтани он пардохт.
Сарлашкар ангушт расонда, тозагии токчаи пеши тирезаро дид. Ба пешайвон сар халонд.
‒Танбал шумо, ойтӣ, ‒ норозиёна боз ғурунгос зад ӯ. ‒ Корҳоятон ҳама вақт сарам-дилам. Маош, ки мегиред, ҳалол карда гирифтан даркор.
‒ Кор карда истодаам-ку…
Ҳамшираи хоҷагӣ бо иллату миннат ғур-ғуркунон бо кадом суръате, ки даромада буд, бо ҳамон шаст берун баромад.
Бо ҳамин барои як шабонарӯзи оянда раиси тозагии палатаҳо иваз шуд. Як фаррош корро супурда, дигаре онро қабул кард.
Моҳонаашон ҳалоли ҳалол барояшон. Дар як шабонарӯз даҳҳо маротиба ба палатаҳо даромада мерӯбанд, мечинанд, мешӯянд, ҷойхобҳоро ба тартиб меоранд. Мисли мо баъзе беморони бетарбия либос, сачоқ ва чизу чораҳои дигарашонро ба ҷойи ростомада партофта бошанд, гирифта ҷо ба ҷо мекунанд.
Дар қуттии партов як дона қоғоз л пӯчоқи офтобпараст партоед, ҳамон замон гирифта мебаранд. Ин кору рафтори онҳоро дида, Довар ба ҳоҷатхонаи рӯйи ҳавли бемористон рафтанро авло медонист.

         *                           *                           *

Духтури онҳо ҷавонзани лабу лахчадор аст. Серҷоғ. Гап заданро мисли кулли занҳо дӯст медорад. Аз кораш дида, гапаш бисёр. Вай ҳар пагоҳ тахминан соатҳои нӯҳ барои хабаргириву азназаргузаронӣ ба палата меояд. Бе пӯшт-пӯшт, бо пойафзал болои гилемҳои палата то пешгоҳ меравад. Беморон хоб л бедор, луч л либос иваз мекунанд, коре надорад.
         ‒ Чту шумоён? ‒ бесалому алейк якбора ба мақсад мегузарад ӯ.
Ин пагоҳ ҳам ҳамин хел шуд. Вай муоинаро аз Довар сар кард. Барои худ курсиро ба назди
кати ӯ гузошта нишаст ва ба Довар фармуд, ки рӯйи кат бемалол дароз кашад.
         ‒ Шинам, намешавад? ‒ дар пеши зан дароз кашиданро ба худ раво надида, хиҷолатомез пурсид ӯ.
‒ Не, ‒ қатъӣ гуфт духтур, ‒ бемалол дароз кашед!
‒ Ҳа, шумо касал! ‒ духтурро тарафдорӣ намуда, ба гап ҳамроҳ шуд Мирзобек. ‒ Гапи духтур ‒ қонун! Дароз кашида хоб рафтанатон даркор.
Довар ба кат дароз кашид. Духтур набзи банди дасти ӯро бо дастони гарму нармаш дошта, задани онро шумурд. Ба бадани Довар мӯрчаҳои зиёде ба гаштугузор даромаданд. Аз хиҷолат сурх шуда, баданашро арақи сарде пахш кард. Худро ором вонамуд сохтанӣ шуда, ба шифт чашм дӯхт.
Духтур болиштаки тонометрро ба бозувонаш печонда, тасмаашро кашид ва часпакҳояшро ба ҳам расонда, маҳкам баст. Баъд асбоби ченкунии фишорро ба он пайваста, болиштаки печидан бозуро бо фишордиҳии тӯбчаи резинӣ бо ҳаво пур кард ва вақти сар додани фишори ҳавои дохили болиштак ба асбоби соатмонанди ақрабакдор нигарист.
‒ Фишори хунатон 70 бар 110. Ганда не. Акнун дилатонро ҳам як гӯш карда бинем. Тугмаҳои  куртаатонро кушоед.
Довар шармидаву кебида тугмаҳои пеши куртаашро кушод. Аз харобу қоқӣ пӯстеро гӯл болои сари синаву ишкамаш кашида бошанд, қабурғаҳояшро шумурдан мумкин буд. Боз тамоми баданаш сап-сафед. Айнан мисли чукрии таги санг, ки нури офтобро надидааст, берангу ҳол ва раҳмовар буд.
‒ Ин ҷойи баданатон чаро зард? ‒ бо нӯги ангуштон тарафи рости сари синаи Доварро нишон дода, пурсид духтур.
         ‒ Намедонам.
‒ Дина ҳамин хел ранг дар ин тараф буд?
Довар, ки худ рангеро намедид, ҳайрон шуд ва чӣ ҷавоб доданашро надониста гаранг гардид.
‒ Дина шаб ба куҷое ғайб зада буданд. Ин маълум, ки асорати ҳамон дишаба бошад? ‒ болои дарду алами Довар ҳазломез равған рехт Мирзобек.
‒ Ҳамин хел шуда буд? ‒ духтурзан ҳам табассуми маънодоре кард.
‒ Не! Ман, духтурҷон, ба кадом гӯру лаҳад ғайб заданам мумкин? Қасам мехӯрам, ки ба ҳеҷ куҷо нарафтаам, ‒ оташ гирифт Довар. ‒ Шумо, духтурҷон, ба гапи душманон бовар накунед. Инҳо ба олам алав сар  дода, тамошо карданро дӯст медоранд.
‒ Надонам, ‒ ҳамоно бо лабони пуртабассум китф барҳам кашид духтур. ‒ Вале ин ранги зард факт. Одам ҳайрон мемонад.
‒ Факт ‒ далели раднопазир, онро инкор карда намешавад. Янга бинанд, ба саратон қиёмати қоим барпо мешавад, ‒ боз алами Доварро тоза карданӣ шуда гуфт Мирзобек.
‒ Вай бечора инро набинад, ки шумо бо шайтонии худ дар ҳамин ҷо ҳам тӯфони Нӯҳро барпо мекунед, ‒ аз ҷойи хоб ба сӯйи ӯ ало нигоҳ кард Довар.
Духтур қоҳ-қоҳзанон хандид. Ба гӯшҳояш ду нӯги филизии найчамонанди фонендоскопро гузошта, ба шунидани кори дилу шуши Довар пардохт. Оҳанаки гирдамонанди ялаққосии сарди онро ба чор тарафи сари сина ва паҳлӯҳои бадани Довар дошта, гӯш кард ва хулоса баровард.
‒ Задани дилатон ганда не. Лекин нишонаҳои ишемия ҳаст. Холестиринатон ҳам зиёд мешавад.
‒ О ман харобу қоқ-ку?!
‒ Ин касалиҳо ба харобу қоқӣ алоқа надоранд. Ман дору навишта медиҳам, гирифта мехӯред.
‒ Қимат не?
‒ Саломатӣ арзон аст?
Дами Довар ба дарун афтод.
Духтур ба таърихи бемории Довар баъзе қайдҳо карда, назди Иқболшоҳ гузошт.
Иқболшоҳ аллакай куртаашро кашида, тайёр буд. Дар танаш танҳо нимэзор ‒ шортик дошт, ки аз зону поёни пойҳои серпашмаш бараъло намоён шуда меистоданд.
Командир марди сайёҳи ҷаҳонгашта. Ҳар сол камаш ду маротиба ба осоишгоҳу санаторияҳо меравад. Ҳатто дар бисёр конкурсу мусобиқаҳо иштирок кардааст. Мувофиқи гуфтаи худаш, пойҳояш, ҳатто дар озмуни ҷавонони шаҳри Сочӣ ҷойи якумро гирифтаанд. Воқеа чунин шудааст.
Вай ба толор даромадан баробар ҳама гуфтаанд:
‒ Ана иштирокчии даҳуми мо! Марҳамат, ба саҳна!!
Аҳли ҳакамон пешакӣ қарор дода будаанд, ки ҳозир ҳар ҷавоне, ки дарояд, иштирокчии даҳум мешавад. Вай тасодуфан ҳамчун шахси даҳум аз дар даромадааст.
Иқболшоҳ ба саҳна баромадааст. Ин ҷо конкурси пойҳои аз ҳама зебои мардона давом мекардааст.
Даҳ нафар ҷавонони миллатҳои гуногунро аввал қатор гузошта, ба аҳли зал нишон додаанд. Баъд матои калону дарозеро оварда, ҳамчун парда дар пеши иштирокчиён кашида, фармудаанд, ки ҷойҳояшонро иваз карда, ҷӯробу пойафзолҳояшонро кашанд ва шимҳояшонро аз зону боло бардоранд. Ин корро, ки онҳо иҷро кардаанд, бо амри сарвари доварон пардаро тахминин 40 ‒ 45 сантиметр боло бардоштаанд. Дар ин ҳолат ба аҳли зал танҳо пойҳои луч ва рақамҳои аз як то даҳ ба чашми тамошобинон намоён шудааст ва аҳли зал пойҳои беҳтаринро интихоб кардаанд. Ҳисобчиҳои озмун байни қаторҳои толор гашта, кӣ ба кадом рақам овоз медиҳад, шумурда баромадаанд. Дар ҷамъбаст маълум гардидааст, ки пойҳои рақами 7 аз ҳама овози зиёд гирифтааст. Ин пойҳои Иқболшоҳ буд.
         ‒ Чаро ба тарафдории пойҳои рақами 7 овоз додед? ‒ гуфта сарҳакам пурсад, аксарият ҷавоб додаанд:
‒ Ин пойҳо аз ҳама офтобхӯрдаву серпашм ва қавимушак буданд.
Ҳоло пойҳои Иқболшоҳ бинои фахру ғурураш аст.
Довар бо калла кор кунад, Мирзобек бо даҳон ва Иқболшоҳ бо пойҳо. Ӯ ба давидану кросс ҷойҳои намоёнро гирифтааст…
‒ Фишори хунатон мувофиқи меъёр, задани дилатон ҳам нағз. Хулоса, ба саломатии шумо космонавтҳо ҳавас кунанд, меарзад, ‒ аз саломатии Иқболшоҳ мамнун хулоса баровард духтур.
Даҳони Иқболшоҳ аз ин тарафи лабаш то ба пушти гӯшаш рафта часпид.
Навбати муониаи Мирзобек фаро расид. Духтур назди кати ӯ омад. Вай рӯ ба боло, ду дасташро озод ‒ ба ду паҳлӯ гузошта мехобид.
‒ Шумо чӣ хел?
‒ Нағз.
‒ Нағзӣ нағз л нағзи бад? ‒ Иқболшоҳ, ки аллакай аз ҷой хеста буд, ба ҷойи духтур пурсишро давом дод.
‒ Э Худоё, ба ин одамҳо чӣ маъқул, ҳеҷ кас намедонад?! ‒ Мирзобек ба Иқболшоҳ ҳазломез заҳр зада, рӯ ба духтур овард ва ба фаҳмондан даромад. ‒ Нағз гӯед, хафа мешаванд, ганда гӯед, хурсанд мегарданд, духтур. Як ҷӯраам шаб бегоҳ телефон карда пурсид, ки «ба духтурхона афтодед, худатон нағзед?». Ҷавоб додам, ки «ҳа, ман нағз, лекин то қарзамро аз шумо нагирам, намемурам. Ба хурсанд шуданатон боз солҳои дароз интизор шудан рост меояд». Рост гуфтам, духтур?
‒ Дурӯғчӣ ҳам рост мегӯяд, Шоҳидахон? ‒ боз пешхезӣ карда, ба гап даромад Иқболшоҳ.        ‒ Худатон ин гапҳоро як ба паллаҳои тарозу монда бинед? Мантиқ канӣ?
Духтур хандида, корашро давом дод. Баъди чен кардани фишори хун таассуфомез сар ҷунбонд.
‒ Фишори хунатон боз баланд шудааст-ку?! 100 бар 185. Боз асабӣ шудед?
‒ Янга пагоҳӣ телефон карда буданд. Занашон, ки телефон карданд, давленияи ҷӯраам баланд мешавад.
Ин луқмаи ноҷойи Иқболшоҳро шунида, Мирзобек чизе гуфтанӣ шуду боз лаб газид.
Шоҳида Раҳимовна ба Мирзобек нигариста пурсид:
‒ Янга ҳамин қадар баданд?
‒ Худатон медонед-ку, духтурҷон, умуман, занони нағз дар дунё намешаванд. Ҳамаашон як гӯр: пулдӯст, ҷанҷолӣ, маҳмадоно, худобехабар, дабардӯққӣ, ‒ инро гуфта Мирзобек ба худ омад, ки духтур ҳам аз зоти зан аст, бӯқаламун барин зуд дигар шуд. ‒ Фақат дар байни онҳо, духтурҷон, шумо, мустасно. Аз афт, поччо барин одами хушбахт дар дунё набошанд даркор.
‒ Барои чӣ?
‒ О боз барои чӣ мешуд? Охир шумо барин як зани хушрӯву нозанин доранд, ки бинед, суққатон медарояд. Боз бадасту панҷа, боақлу фаросат, ғамхору меҳрубон! Ба болои ҳамаи инҳо шумо духтур. Касал шудан намемонед. Табиби ман ‒ ҳабиби ман. Аз ҳама ҳам шабона дар ҷойгаҳи тозаву озодаи сап‒сафед бо шумо мехобанд. Шаб ҳеҷ гоҳ рӯз нашавад… А?
‒ Э намуред-е, шумо! ‒ шармидаву сурх шуда, ҳатто духтур будани худро фаромӯш кард ва оҳиста пӯкида монд. ‒ Ман ҳам аз ҳамон қабил занҳо, муллоака…
‒ Уф-ф, Худо зад-ку… Дар ин дунёи калону васеъ ягон зани нағз набудааст-дия. Э ба китоби сурх дароед-е, занҳои нағзи нодир.
Иқболшоҳ боз ба миёна даромад.
‒ Худи одам нағз бошад, занаш ҳам нағз мешавад. Ҳамааш ба худи одам вобаста. Дунёро сиёҳ бинед, сиёҳ метобад, сафед бинед ‒ сафед!
‒ Ҳар касу ҳар чиз.
Пас аз паст шудани мавҷи ҳазлу шӯхӣ духтур ба Мирзобек тавсия дод:
‒ Холесетеринатон зиёд…
‒ Холестеринаш чӣ? Деҳқонфаҳм карда гӯед, духтурҷон.
‒ Хӯш, муллоака, организми одам холестерин кор карда мебарояд. Фойидаи вай барои саломатии инсон калон аст. Агар он аз меъёр зиёд шавад, ганда.
‒ Аз барои Худо, ки ҳеҷ балоро нафаҳмидам, Шоҳидахон. Боз ҳам соддатар, яъне нодонфаҳм карда фаҳмонед.
         ‒ Холестерин ҳамчун равған даруни рагҳо пайдо шуда, пеши роҳи хунро мегирад. Онҳо рагҳоро танг сохта, ба ҳаракати мӯътадили хун имкон намедиҳанд. Аз меъёр зиёд шудани холестерин ба бемориҳои ҷиддии атеросклероз оварда мерасонанд…
‒ Атеросклероз боз чӣ хел касалии падарлаънат аст?
‒ Падару модар дорад л надорад, ҳоло ин тарафи масъала дар пеши олимони илми тиб торик, муллоака. Лекин бемории хавфнок. Он одамро ба бемориҳои инсулт, инфаркти миокард, гипертенезияи артериалӣ ва ғайра гирифтор карданаш мумкин… Дар шумо нишонаҳои бемории одинома ҳам ҳаст. Шумо, муллоака, боз шамол хӯрдагӣ барин. Анализи пешобатон нишон медиҳад, ки дар гурдаатон қуму рег ҳаст. Байни буғумҳои сутунмӯҳра намак ҷамъ шудааст. Задани дилатон аз меъёр тез…
‒ Ба як сари қоқам ин қадар касалӣ! Бе нимта фаҳмидан душвор…
‒ Мӯл менӯшед?
‒ Бисёр не. Лекин нӯшиданро дӯст медорам. Любител.
‒ Чӣ қадар? Як пиёла, ду пиёла?..
‒ Не‒е.
‒ Чи қадар?
‒ Як пиёла, ду пиёла, се пиёлаашро медонам. Баъд ҳисобро гум мекунам. Чор-панҷ л шаш
литр мешавад, худам намедонам.
‒ Одам ин қадар наменӯшад-дия. Ин аз ҳад зиёд, ҳайвон барин…
‒ Эъ, эъ…
‒ Рӯзе 50 грамм, зиёд шавад 100 грамм нӯшидани одам мумкин. Аз он зиёдаш зиёд. Ҳар касе,
ки ба шумо арақу вино медиҳад л бо гӯштҳои равғанин зиёфат мекунад, душманатон аст.
         ‒ Ӯҳ, мани аҳмақ-е, то ҳол ин хел душманҳоро ман дӯст дошта гашта будаам‒дия. Бисёр будани ин хел душманон нағз нест, духтурҷон?
         ‒ Не!
         Ҳамин вақт хоҳари шафқате даромада, ба духтур хабар дод:
‒ Шуморо сардухтур мепурсанд. Зуд равед будааст.
‒ Хуб, ‒ гӯён ӯ баъди навиштани як олам дору ба Мирзобек баромада рафт.
         Мирзобек ба тааҷҷуб афтода, худ ба худ гуфт:
‒ Парадокса  бинед-е! Мо ин духтурро назару писанд накунем, ки доноча барин! Чӣ қадар касалиҳоямро ёфт‒е. Агар ба ин ҷо наоям, умуман касал набудаам-дия.

         *                           *                           *
Пас аз қабули сӯзандорую қатрадоруҳо ҳар яке аз се мушкетёрон халтаҳои плёнкагии худро ба даст гирифтанд. Даруни он сачоқ, вазелин ва чизҳои зарурии дигар буд. Довар аз рӯйи одат китобу айнакашро ҳам бо худ мегирифт. Онҳо дар ягон ҷо навбатпойӣ рост ояд ва л ҳангоми қабули барқ л мум, ки то ним соат идома меёфт, даркор мешуданд.
‒ Шумо рафтан гиред, ‒ ба ҳоҷатхона даромад истода гуфт Иқболшоҳ. ‒ Ман аввал мӯйи сарамро як шона кунам, баъд аз пасатон меравам.
Дар ҳоҷатхона оинаи калоне болои дастшӯяк часпонда шуда буд.
‒ Ҳа, масхара кунед, ҷаноби командир, ‒ зуд девори намкаш барин аз таҳи гапи Иқболшоҳ огоҳ шуда, ранҷишомез иддао кард Мирзобек. ‒ Ман командир гуфта, акнун ҳар гапу кореро  кунед, бемалол-а? Ҳаққу ҳуқуқи бебаркаш доред? О ҳазлу шӯхӣ ҳам ҷову маврид доштагист, ҷаноб! Сарам кал бошад, ки дилам нозук. Боз худатон медонед, ки ман касал. Як энсиклопедия касалиҳоямро духтур исбот кард…
Иқболшоҳ аз ин хел эътирозу оташгирии Мирзобек чашмонашро барқ занонда, хандид ва ба ҳоҷатхона надаромад.
Занги телефонии Мирзобек баланд шуд.
‒ Алӯ! Ҷаноб, гӯшакро гиред! Ба шумо занг мезананд, ҷаноб! Агар вақтатон… ‒ ба ҷанобашон кадоме занг мезад.
Мирзобек аз рӯйи одат шараққосзанон сарпӯши телефонро кушода, ба гӯшаш наздик бурд ва бо оҳанги дӯғу омирона ҷавоб дод:
‒ Да! ‒ ва аз он тараф чӣ овозе шунид, ки равғани зарди зери офтоб барин об шуда, лабонаш моили табассум гаштанд. ‒ Ҳа ин, ман. Э мурам ман ба шумо! Дилама гум занондед-ку. Шуморо нашиносам, мани ғариб дар ин дунё боз дигар киро мешиносам?! Ҳа… Э мурам ба шумо, о ман шуморо нашиносам, кӯр мешавам-а! Овози булбул барин форами шуморо шунида, имшаб акнун хобам намебарад. Шайтон ба васваса меандозад. А? Ҳа, шумо доноча-дия. Ҷонам катӣ. Як даҳон гапи шумо. Як ишорат аз шумову ба сар давидан аз мо. Ҳозир худам дар касалхона. Касалиям вазнин. Чӣ мехӯрам? Ҳеҷ чиз. Духтурҳо бисёртар мева хӯр мегӯянд. Мева наёбам, ба ман певаю бева ҳам мешавад. Эъ, не-е! Шуморо дар назар надорам. Шумо бева бошед, ки аз духтарҳои 18-сола ҳам  зӯртар. Афсӯс, ки дар ҷавонӣ ба дастам наафтодед. Чӣ кор мекардам? Э мурам‒дия, ҳаминро ҳам намедонед?! Л аз забони ман шунидан мехоҳед?! Ӯҳ одами доно-е! Ин хел гапҳо ба гӯшатон мефорад-а! Аҳ‒ҳа‒ҳа! ‒ хандаи пурмавҷи сохтааш баланд шуд. ‒ Албатта. Аз ин ҷо бароям, ман дар хизмати шумо. Коратонро 500 фоиз буд мекунем! О мана медонед-ку?! А? Э-ҳа, канӣ вай муттаҳам, кори шуморо буд накунаду рӯзаша бинад. Кафшаша пеши пояш монда, ба қафояш ду лағад зада, дафъ мекунам! Ҳа, хуб, хуб. Занг зада истед.
Мирзобек офат! Дар хона чӣ хел либос напӯшад ва л чӣ хел кирдору рафторе нанамояд, ки ашрафзодаҳо барин либосҳои зебову шинам пӯшида, ба кӯча мебарояд. Сумкаи дасту галстуки гардан ва кулоҳи сараш ба ӯ як салобати шахси роҳбару мансабдореро медод.
Ба гап, ки ҷома мепӯшонду ба дурӯғу воҳима устухон надошт, ба ҳар гуна ташкилоту муассисаҳо даромада, кори ин л он одамро ҳал мекард. Аслан, аз худи ӯ не, бисёриҳо аз тағойи журналисташ метарсиданд. Тағояш бо шантажу таҳдид ҳамаро ба дод меовард. Калонгапиву бодигии Мирзобек ҳам аз пушти тағойи такягоҳаш буд.

                   *                           *                           *
Довар ба тахтапушташ мум қабул мекард, ки овози Мирзобек баромад. Вай ҳам, ки ба қабули мумшамъ омада буд, ходима зуд ӯро ба кабинаи панҷум даровард. Кабинаҳои панҷум ва шашум паҳлӯйи ҳам ҷойгир буданд. Ҳар гапу ҳар коре, ки дар он ҷо мешуд, бемалол аз ин ҷо Довар онҳоро мешунид.
Ходима зуд мумро бардошта омада, ба кабинаи панҷум гузашт.
‒ Даркор набуд-ку, Мирзоака, ‒ аз афт Мирзобек ба кисаи халати ӯ пул андохт, ки аз рӯйи одат ходимаи диванмонанд нӯлпоккунӣ кард.
‒ Даркор. Ин нарзи дастатон, ‒ бо овози пасти маҳрамона гуфт Мирзобек. ‒ Набошад, дастатон дард мекунад.
‒ Хайр, раҳмат, ‒ гуфт диванзан ва рафта истода илова кард, ‒ ҳозир истед, боз яктои дигарашро оварда, ба болои поятон ҳам мемонам.
Ва ӯ боз як мумшамъи дигар овард. Навбати як пиразан боз қафотар рафт…
Чанд рӯз пеш ҳам дар паси дари кабинети масҳкунӣ одам набуд. Довар хурсандона мунтазир шуд, ки ҳозир он шахс барояд, ӯ медарояду аз ин навъи муолиҷа зуд ҷонаш халос мешавад. Вале ба тезӣ он одам намебаромад. Қариб як соат интизор шуд. Ниҳоят дар кушода шуду аз он ҷо Иқболшоҳ баромад. Мувофиқи тавсия ва навиштаҷоти духтур ӯ бояд танҳо ба сару гардан масҳ мегирифт. Масҳи сару гардан аз 5‒6 дақиқа зиёд давом намекард. Аммо ӯ…
‒ Ҳа, форид, ки ин қадар дурудароз худро хорумол кунондед? ‒ пурсид Довар.
‒ Массажи мо вақти бисёрро мегирад‒дия, Доварака, ‒ маънидор хандид командир.
Довар аз дил гузаронд, ки Тамарахон чандон зани аноӣ не. То ягон чиз нарӯёнад, барои масҳи як сару гардан ин қадар вақт сарф намекунад…
Ҳамаи инҳоро дар дил таҳлилу баркаш карда, Довар фаҳмид, ки онҳо вақти даромадан ва л баромаданашон ҳатман ба ходимони табобатгоҳ пул медодаанд, сахт хафа шуд. Акнун дарк намуд, ки чаро ходимони шӯъбаҳои физиотерапевтӣ ӯро бо рӯйи хуш қабул намекунанд ва вазифаҳои худро сарам‒дилам ба ҷо меоранд…
Довар аз ин гуна кору рафтори онҳо ба танг омада, пешинӣ таркид:
‒ Ҳӯ рафиқони азиз, шумо чӣ кор карда истодаед-а?
‒ Ҳеҷ кор не, ‒ мусичаи бегуноҳ барин гуфт Иқболшоҳ.
‒ Мо чӣ кор карданамон ҳам мумкин аст? ‒ худро ба нодонӣ зад Мирзобек.
‒ О вақти массаж, барқгирӣ, муммонӣ, оббозӣ чаро ба ходимонаш пул медиҳед?
‒ Хайр, ин чӣ бадӣ дорад? ‒ ҳайрон шуд командир.
‒ Ин ҷиноят не-ку, Доварҷон, ‒ худро сафед карданӣ шуда гуфт Мирзобек. ‒ Ин як нарзи даст, надиҳед, нағз не.
‒ Моҳонаашон барои чӣ?
‒ Моҳонаашон бо роҳи худаш, Доварҷон, ин нарзи даст, медонед, чойпулӣ барин гап.
‒ Ба шумо будааст, ки медиҳед, ‒ ҳамон ҷӯши ғазаби Довар аланга мезад. ‒ Ба дигарон набошад, онҳо чӣ кор кунанд? Шумо ин тарафашро андешидед?
‒ Ихтиёри ҳар кас дар дасти худаш…
‒ Эъ монед-е! ‒ асабиёна даст афшонд Довар. ‒ Охир шумо фаҳмед: онҳо барои ин гуна корҳояшон моҳона мегиранд. Шумо бо ин хел рафторатон ходимони сиҳатгоҳро вайрон мекунед. Онҳо ба ҳаромхӯрию муфтхӯрӣ одат намоянд, баъд оби ишкамашонро намеҷунбонанд. Бо пули ҳаром фарзандонашонро хӯрондаву пӯшонда калон кунанд, оқибаташ хуб намешавад. Эпидемияи пулчиниву пулгирии духтурону ҳамшираҳои шафқат паҳн гардад, натиҷааш даҳшатовар аст!
‒ Доварака, бе ин хел корҳо ҳозир намешавад, ‒ чӣ гуфтанашро надониста ғурунгос зад Иқболшоҳ.
‒ Ҳозир замона ҳамин хел, ‒ дар навбати худ далел пеш овард Мирзобек. ‒ Аз як ҷо мегиред, ба ҷойи дигар медиҳед. Ҳамон пул ҳамон пул аст, фақат гирд мегардад.  Мувозинати олам вайрон намешавад.
‒ Балоя! ‒ худро дошта натавониста дод зада фиристод Довар. ‒ Ҳама гап дар сари он аст, ки одамон вайрон мешаванд, ба сохти ҷамъият дарз меравад, корҳо расво мешавад, меҳру оқибат намемонад, бе пул падар писаррову писар падарро намешиносад…
‒ Э муаллим….
‒ Чӣ муаллим?! Ҳамеша ва дар ҳама ҷо муаллим гунаҳкор! ‒ Довар мабодо ягон касро хафа накунад, бо ду даст сарашро дошта, аз дар берун баромад ва то ором шудани асабҳояш хуб дар саҳни беморхона гаштугузор намуд.
Худи Довар ҳам фаришта не. Хайр, баъзеҳо ба пешаш сар хам карда меоянд. Ӯ ба онҳо ариза барои ба боғча мондани кӯдаконашон, муроҷиатнома ба суд, илтимоснома барои гирифтани нафақапулии иловагӣ нависта медиҳад.
Дар ҳамон идораҳо барои ин гуна корҳо садақа талаб мекунанд. Вале Довар барои ин корҳояш пуле намегирад. Ба назди ӯ донишҷӯён ҳам меоянд. Ва вай шаби дароз миҷҷа назада, корҳои дипломӣ л илмиашонро навишат медиҳад. Ин, албатта, нағз не. Хизмати хирсона барин. Оё ӯ донишҷӯёнро ба тайёрхӯрӣ одат намекунонад?!

                            *                           *                           *

Довар баъди «хунук» шудан ба палата даромад ва худро ба рӯйи кат партофт.
Иқболшоҳу Мирзобек ҳам рӯйи катҳои худ дароз кашида буданд.
Иқболшоҳ, ки дар даст варақаи реклама ‒ ташвиқоти ҳабдоруи «Зо‒зо» дошт, бандҳои онро як-як хонда, мазмунашро қӯрғошимвор ба гӯши Мирзобек мерехт. Ин ҳабдору барои пешгирии зиёдшавии холестерин буд.
‒ Ҳӯ, Мирзоака, фаҳмидед?! ‒ мегуфт ӯ ба Мирзобек. ‒ Орагнизми одам холестерин кор карда мебарояд. Холестерин ҳам дӯсту ҳам душмани одам аст. Барои он дӯсти одам аст, ки агар мувофиқи меъёр бошад, ба пайдоиши бофтаҳои нав ёрӣ мерасонад. Ба бунёди гармония мусоидат мекунад, асаби одамро аз ҳар гуна ҳуҷумҳои ғаму андӯҳ ҳимоя менамояд. Агар холестерин аз меъёри муқаррарӣ зиёд гардад, душмани номери якуми одам мешавад. Дар таркиби хуни одамизод, яъне, ману шумо барин бандаҳои Худо зиёд шавад, даруни рагҳои хунгард равған гирифта, ба ҳаракати хуби хун халал мерасонад. Барои шумо барин кундаҳо фаҳмотар карда гӯям, пеши роҳи обро чӣ хеле, ки хасу хошок ва лойиқа мегирад, айнан ҳамон барин ба гардиши хуби хун монеъ мешавад. Акнун фаҳмидед? ‒ рӯ ба Мирзобек овард ва ба Довар ҳам расонда илова кард. ‒ Як муаллим ҳам дар вақти дарс мавзӯи навро се бор такрор карда гуфтааст: ҳӯ падарлаънатҳо, маънии ин мавзӯъро се бор такрор карда, худам базӯр фаҳмидам, шумо чӣ? Фаҳмидед л не, ҳӯ гӯсолаҳо?
‒ Фаҳмидам, фаҳмидам, командир, ‒ дилу бедилон ҷавоб дод Мирзобек. Ӯро хоб зер мекард. ‒ Нафаҳмам л гапи шуморо ду кунам, чӣ хел рӯз мебинам-а, командир?
‒ Духтур гуфт-ку, холестерини шумо ҳам зиёд. Инро аз ёд набароред,-акнун ба гӯши Довар ба маърӯзахонӣ сар кард командир. ‒ Барои паст кардани холестерин ба ҳаҷми тану тӯш ва вазн эътибор диҳед. Ба шумо фақат ҷойҳои сиёҳи гӯштро хӯрдан мумкин. Ҷойҳои серравғани мурғро ҳам, бурида, ба пеши кучук партофта, баъд хӯрданатон даркор. Акнун нест бод ҷигар, гурда, каллапочаи мол! Ҳарду, ҳам шумо Мирзоака, ва ҳам шумо, Доварака, фаромӯш накунед, ки онҳо виҷ‒виҷ аз холестерин пур будаанд. Холестерин дар таркиби зардаи тухм ҳам бебаркаш аст. Аз зардаи тухм ҳам, парҳез кунед! Лекин мева, сабзавот, харбуза, тарбуз, кабудиҳо, чой, нӯшобаҳои гиёҳӣ чӣ қадаре хоҳед, бе пӯшт‒пӯшт хӯрданатон мумкин. Онҳо на танҳо безарар, ҳатто ба камшавии холестерин мусоидат мекардаанд.
‒ Қаҳва чӣ? ‒ луқма паротфт Мирзобек.
‒ Найн! ‒ гуфт Иқболшоҳ. ‒ Қаҳваро душмани саломатии худ эълон кунед. Агар аз баҳри қаҳванӯшӣ бароед, ба кам гаштани қариб 20 фоизи холестерин дар таркиби хун муваффақ мешудаед. Доварака, ин ба шумо ҳам дахл дорад, шумо аз ҳад зиёд қаҳва менӯшед. ‒ Иқболшоҳ дар ин ҷойи лексия ба сӯйи Довар маънидор нигарист. Зеро Довар дӯстдори қаҳва буд. ‒ Қаҳва, баробари ҷӯраи ҷони холестерин буданаш, боз хоба мепарронад. Шумо бе ҳамин ҳам аз бехобӣ азоб мекашед.
Довар зуд ба чӣ ишора карда истодани Иқболшоҳ сарфаҳм рафт. Иқболшоҳ ҳамроҳи худ шакару як қутти қаҳваи навъи «Несс» оварда буд, ки баъзе хабаргирандагонро зиёфат диҳад. Мирзобек савол дод:
‒ Рафиқ командир, аз ҳисоби дигарон қаҳва нӯшем, зарар надоштагист?!
‒ Зарар дорад! Агар шумо душмани саломатиатон бошед, боз ихтиёратон.
         ‒ Эй ҷаноби командир, худаш чӣ гап? Аз ҳад наравед охир! Ин чиз мумкин не, он чиз мумкин не, нӯшидан зарар дорад, фалон хӯрока мекушад, бисмадонаш меовезад, мегӯед, охир мо дигар чӣ кор кунем? Ақаллан нафас кашиданамон мумкин аст?! ‒ ба танг омада давида, аз ҷой хест Мирзобек.
‒ Мумкин, ‒ саховатмандона иҷозат дод Иқболшоҳ.
         ‒ Хайрият-е, ба ҳаминаш ҳам иҷозат додед, рафиқ командир, ба шумо ҳазор раҳмат!
        
                                     *                           *                           *
         Аввалҳо танҳо аҳли оилаи Мирзобеку Довар ва Иқболшоҳ барои хабаргирӣ меомаданд. Баъдтар шумораи хешу табор ва ёру ошноҳои аёдатгар зиёд шуданд. Ба назди Мирзобек бошад, аз ҳама бештар одамон меомаданд. Худаш ҳам одами пухта-дия. Ба зангзадаҳо худаш мегуфт. Ба онҳое, ки телефон намекарданд, худаш занг зада, хабар медод. Дар аввал, байн л охири гуфтугӯйи телефонӣ ҳатман илова мекард:
         ‒ Албатта, албатта, бо ҷону дилам мерафтаму афсӯс, ки ҳозир наметавонам. Чаро гуфта мепурсед? Охир худам дар болнитса. Маза нашуда монд. Матор барахлит кард. Аҳвол вазнин, ‒ ва аз он тараф пурсанд-напурсанд, ки номи беморхонаву рақами палатаро ба забон меовард ва ҳатман илова ҳам мекард. ‒ Боз ташвиш кашида, барои хабаргирӣ омада нашинед, ки сахт хафа мешавем. Ман инро дар омади гап як гуфтам-дия. Доруву дармон, ҳамааш мерасад. Ҳеҷ чиз даркор не. Ҳама чиз ҳаст. Ҳа, ман рости гапро гуфта истодам. Худатон аз зумраи мардуми доно-ку! Одати гилаву ҷингила карда гаштан барои мо бегона. Ҳа, ба Худо, ки рости гапро гуфта истодаам. Хайр, саломат бошед!
         Ҳар як одами боақлу фаросат, ки чунин гапҳои таҳдорро мешунид, наомаданӣ бошад ҳам, албатта, барои хабаргирӣ меомад. Ба туфайли ин гуна одамон ҷевончаҳо бо қанду қурс, печению кулчақанд, нону фатир пур мешуданд. Дар яхдон равғану ҷурғот ва хӯроквориҳо намеғунҷиданд. Меваю ангур деҳқонӣ шуд. Ҳандалак ва тарбузу харбузаҳо дар пешайвони палата ғарам гардиданд.
         Дастархони рӯйи мизи пастаке, ки дар гирдаш роҳаткурсиҳои калон‒калон гузошта шудаанд, ҳамеша кушода. Дар рӯйи он ба ғайр аз нону фатир ва қанду қурс дар табақи калон меваҳои яккачин ҳамеша ба хӯрдан тайёр. Иқболшоҳ, бо вуҷуди командирияш, меваҳоро нағзакак мешуст ва бо ҳавсалаи том ҳамчун рекламаи пеши бозор бо як тартиби зебое ба рӯйи табақ мегузошт. Дар паҳлӯяш корд ва табақчаҳои холиро барои пӯчоқу пасмондаи меваҳо мемонд. Бо ҳазорон таърифу болобардор ба Мирзобеку Довар ташвиқу тарғиб мекард, ки мева хӯранд. Агар онҳо ба хӯрдан гарданғафсӣ намоянд, худаш намунаи ибрат нишон медод. Ба ӯ пайравӣ накунанд, аз байни зардолуҳои зиёд як дона зардолуи хушрӯву зеборо ёфта, зӯран ба дасташон дода мегуфт:
         ‒ Исту бисти зардолу фойида. Зардолу ба кори мӯътадили дил ёрӣ мерасонад. Мо тобистони дароз дар хона фақат зардолу мехӯрем. Зимистон бошад, аз рӯйи дастурхон туршакоб канда не. Гиред, дили одамизод ягона узвест, ки матор барин шабу рӯз кор мекунад. Матор стук надиҳад.
         ‒ Медонед, аҷали фишори баланди хун шафтолу аст! Пашмакияш боз ҳам фойиданоктар. Равғани донакаш ҳам, ба ҳазору як дард ‒ даво. Умуман, дар вақт‒вақташ аз ҳар гуна меваю сабзавот ишкамсерӣ хӯред, зарар намекунед. Организми инсон доно. Ба худаш моддаю витаминҳои даркориро ёфта мегирад. Муҳимаш хӯрдан…
         ‒ Себ ҳакими беминнату беҳамтои одамизод аст, ‒ себро пӯст кандаву ҷойҳои пӯсидаву кирмзадаашро ҷудо карда истода, боз ба ваъзхонӣ медаромад Иқболшоҳ. ‒ Ба ҷойҳои кирмакзадааш эътибор надиҳед. Кирм, ору, чумчуқу майнаҳо аноӣ не. Онҳо чизҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаро мехӯранд. Дидед, ки ҳамин хел кирмзадаву орухӯрда аст, ба онҳо нотарсона ҳуҷум кунед. Инҳо аз ҷиҳати петседитҳо тоза будани меваҳоро мефаҳмонанд. Дигар меваҳоро нахӯред, ки дар себхӯрӣ танаффус нашавад, рафиқон. Нозу нуз накарда гиред, тоза карда мондам. Ба даҳон андозеду мазза кунед. Барои ин хел хизматҳо ба ман раҳмат гуфтанатон даркор не. Одамон баумед овардаанд. Нахӯрем, ҳайф мешавад. Гов л моле надорем, ки шумо нахӯред, онҳо кайф кунанд. Аслан номи ин себ не, себҷон шуданаш даркор. Агар ба организми одамизод 15 хел витамин зарур бошад, дар таркиби себ 13 хелаш мавҷуд. Яъне, себ хазина, бойигарӣ, доруи дарозумрӣ, лӯндаву пӯстканда карда гӯем, асоси саломатии инсон аст. Ҳар саҳар ба дили наҳор л шабона пеш аз хоб як дона себ хӯред, ба таҳкурсии бинои саломативу дарозумриатон якто санги мустаҳкам мондагӣ барин мешавед. Худи себ набошад, се маротиба «себ», «себ», «себ» гӯед, ки манфиат мебинед.
         ‒ Уфф, Иқболака, аз рӯйи гуфтаҳои шумо ҳама чиз фойида доштаасту ҳамчун паразитиҳо зараррасон ‒ як худи мо, ‒ луқма партофт Довар.
         ‒ Ин хел нагӯед. Мо паразит не, мо ‒ ҳазрати инсон.
Касалбинҳо ҳамроҳ ҳар чизе оранд ва л зиёдатӣ карда монад, Иқболшоҳ бо таърифу болобардор онҳоро ба осмони ҳафтум мебардошт. Худ мехӯрд ва ба дигарон ҳамчун бозорчиҳои бо лабу лаҳҷа ба савдо мезад. Дар рӯйи дастархон чизе набошад, хоҳ он гелос бошад, хоҳ анҷиру шоҳтут, хоҳ помидору бодиринг л харбузаву тарбуз, Иқболшоҳ ба мамдӯҳи ҳамон табдил меёфт. Бо таърифу тавсиф бозори онҳоро гарм мекард. Ба «савдо» наравад, зӯран ба дасти Мирзобеку Довар дода, ба хӯрдан маҷбур месохт.
         Барои Мирзобеку Иқболшоҳ аз рӯйи як тартибу низоми муайян, ба фосила риоя кардан ва дар вақту соатҳои аниқ хӯрдан барин гап умуман вуҷуд надошт. Дар куҷое набошад, чӣ чизе пеш наояд ва кадом вақти шабу рӯз набошад, хӯрдан мегирифтанд. Ҳатто аз сари як дастархон хеста, ба сари дастархони дигар нишастанашон ҳам ҳеҷ гап набуд. Ҳатто кадом рӯз Довар дид, ки Иқболшоҳ пораҳои харбузаро ба косаи гречкаи ширпаз тар карда мехӯрад. Бо ин кори ӯ эрод гирифтани шуду боз даст афшонд: ҳар касу ҳар чиз. Дарди ишкам шавад, балои ҷони худаш.
         Вале Довар мисли онҳо набуд. Тақозои кори омӯзгорияш бошад ва л ягон чизи дигар, аз рӯйи соатҳои муайян таом мехӯрд. Асосан, пагоҳ, пешин ва бегоҳ. Дар дигар вақтҳо ба ҷузъ нӯшокиҳои ташнагишикан чизеро ба даҳон намебурд. Ин хел кору рафтори ҳампалатаҳо ба ӯ намефорид. Худашон хӯранд, ҳузури ҷонашон шавад, ҳеҷ гап не, аммо ӯро ҳам ба хӯрдан маҷбур карданашон аз рӯйи инсофу адолат набуд.
         ‒ Шумо тарзу адаби хӯрокхӯрии маро вайрон карда истодаед, ‒ боре эрод гирифта гуфт Довар.
         ‒ Одобатон то ҳол санг барин сахт шуда бошад, ҳеҷ хел вайрон намешавад. Хӯрдан ҳамеша фойида дорад, ‒ далел пеш овард Иқболшоҳ. ‒ Рӯзи омаданатон вазнатонро баркашида будед. Вақти рафтан ҳам бармекашем. Ба шумо фарбеҳӣ зарур!
         «Бо ин хел дили тангу эҳсосоти баланд, ман дар ду дунё ҳам фарбеҳ намешавам, ‒ худ ба худ ғурунгос зад Довар. ‒ Фақат шумо бо маҷбуркуниҳо аз аҷалам пештар накушед, шуд».
         Довар, ки дигар илоҷ надошт, дар ҷавоб гуфт:
         ‒ Хуб шудааст, командир, фарбеҳ мешавем!
         ‒ Ана ин гапи дигар. Гапу фармони командир қонун аст.
         ‒ Айнан ҳамин хел, рафиқ командир! ‒ ӯро тақвият медод Мирзобек.
         Бегоҳ меҳмонони Иқболшоҳ омаданд. Довару Мирзобек аз онҳо хеле миннатдор шуданд. Ба туфайли онҳо гаштугузори бегоҳирӯзӣ нашуд. Вале командир дар сайру гашти шабона қусурашро баровард. Моку барин рафтуомади онҳо дар роҳрави зери чанорҳо беҳадду ҳисоб шуд. Агар роҳи байни бинои асосӣ то таги дарвозахонаи беморхона хокӣ мешуд, бемуҳобот, ба сурма табдил меёфт.

        Давом дорад...


         

Комментарии

  1. Этот комментарий был удален администратором блога.

    ОтветитьУдалить
  2. https://sayqali-suxan.blogspot.com/2017/03/coca-cola-coca-cola.html?showComment=1623558112039#c3545353461573299893

    ОтветитьУдалить
  3. Such great and nice information about software. This site gonna help me a lot in finding and using much software. Kindly make this like of content and update us. Thanks for sharing us Movie Collector Pro Crack. Kindly click on here and visit our website and read more

    ОтветитьУдалить
  4. Ummy Video Downloader Crack is an all-in-one tool and extremely simple to operate. We shall download a movie from YouTube and save it in another of the available formats.

    ОтветитьУдалить
  5. You have a great site, but I wanted to know if you know it
    any community forum dedicated to the same topics
    discussed in this article? I really want to be a part
    of a society where they can receive information from others with knowledge and interests.
    If you have any suggestions, please let us know. I appreciate!
    vsdc free video editor crack
    netbalancer crack
    teplate toaster crack
    bs player pro crack

    ОтветитьУдалить
  6. . As suggested, I took your advice and found it to be constructive. Thanks for helping me out when I was struggling to reach my targets.
    auslogics file recovery crack
    sublime text crack
    postman crack

    ОтветитьУдалить
  7. . It’s still lovely to talk to a person with a new and different perspective. I genuinely appreciate our recent chat
    bandicam crack
    disk drill-pro crack
    pinnacle studio crack

    ОтветитьУдалить

Отправить комментарий

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА