НАСР

Бахтиёри ҶУМЪА
ДӮСТОН САЛОМАТ БОШАНД
(Повест)
(Давомаш)
РӮЗИ ШАШУМ
         ‒ Вақт шуд! Хоб бас. Хезед ҳӯ бандаҳои хоб! ‒ баъди дасту рӯ шуста омадан сару рӯяшро бо сачоқ пок карда истода, нидо дод Иқболшоҳ.
         Ба соат нигоҳ накарда, аниқ донистан мумкин буд, ки соат аллакай шаш шудааст. Командир аз рӯйи табиаташ, ки дар хона ҳам ба ин тарзи зиндагӣ одат кардааст, дар ин ҷо ҳам амал менамуд.
         Довару Мирзобек аввал даруни ҷойгоҳ каме ҷунбидаву ҳамёзакашон баъд оҳу уфгӯён аз ҷой хестанд.
         ‒ Ин қадараш ҳам нағз не, командир, ‒ ғурунгос зад Мирзобек. ‒ Аз рӯйи инсоф гӯед, мо хоболуду танбалу гарданғафс не, балки бемор ҳастем. Ба одамони бемор гапи сахт задан, дӯғу дағдаға кардан мумкин не.
         ‒ Гап кам шавад, рафиқон! ‒ боз амр дод командир. ‒ Марҳамат, ба варзиш! Пайраҳаи давидан шуморо кайҳо боз интизор аст!
         Мирзобеку Довар гурбадастурӣ дасту рӯ шуста, аз паси Иқболшоҳ ба берун баромаданд. Иқболшоҳ бо лисбоҳои варзишӣ аллакай ба давидан оғоз карда буд.
         ‒ Имрӯз медавем, Доварҷон! ‒ ногоҳ таклиф кард Мирзобек. ‒ Канӣ, ман як қувваамро санҷида бинам. Агар се километр давида тавонам, боз нӯшиданро давом медиҳам. Агар натавонам, тамом, бас мекунам.
         Аз рӯйи ин таклиф онҳо аз паси Иқболшоҳ давиданд. Давраи якумро ба охир нарасонида, Мирзобек қафо монд. Иқболшоҳ пеш‒пешу аз қафои ӯ Довар ва аз ҳама охир Мирзобек медавид.  Иқболшоҳ ба даври чорум гузашт. Довар ба даври дуввум, Мирзобек ҳанӯз як давраи пурра надавида буд.
         Иқболшоҳ ҳамчун командир намуна нишон медод. Вай бо як маром, давро суст накарда, орому сабук, бе ягон душворӣ метохт. Довар ҳаракат мекард, ки аз ӯ қафо намонад. Ҳеҷ набошад, як масофаи муайянеро байни худу Иқболшоҳ нигоҳ дорад. Бо вуҷуди саъйу кӯшиш ин ба ӯ муяссар намешуд. Бо сару либоси ғайриварзишӣ ва попӯши хонагӣ давидан чандон мусоид набуд. Вай ба даври саввум сар карда, аз паҳлӯйи Мирзобек гузашта мерафт, ки Мирзобек ӯро нигоҳ дошт:
         ‒ Бас-е! Давидан нашуд. Акнун сусттар мегардем. Пиёдагардӣ ҳам ба ҷойи давидан. Илоҳо ба се маротиба пиёда гашта баромадан Хоҷаи Хизр мадад кунад.
         Довари мондаву арақшор, ки ба имо маҳтал буд, давашро суст кард ва ба қадамзанӣ гузашт.
         ‒ Мирзоака, давида тавонам, боз менӯшам, натавонам, бас мекунам, гуфтед. Акнун ин тарафаш чӣ хел мешавад? ‒ Довар ваъдаи Мирзобекро ба ёдаш овард.
         ‒ Эъ, Доварҷон, шумо аҷаб одами қизиқ‒а. Ман як гуфтаму мондам‒дия! Дар хонаву пеши ҷӯраҳо ман ҳазорҳо бор ваъда дода бошам, ки ба иҷрояш ваъда надодаам.
         ‒ Ӯҳ, одами доно-е! ‒ бо ваҷд ибораи дӯстдоштаи Мирзобекро ба забон овард Довар.
         Аз ин лабони Мирзобек ба пушти гӯшаш рафта часпиданд.
         Ҳар ду паҳлӯйи ҳам қадамзанон пеш мерафтанд. Дар роҳрави гирди биноҳои ёрирасони беморхона ҳар ҷо  ‒ ҳар ҷо янтоқҳо рӯйида буданд. Онҳо ба давидан л гаштани Довару Мирзобек халал мерасонданд.
         ‒ Ягон одами савобталабе нест, ки ҳамин янтоқҳоро даравад. Гул кардаанд. Инҳо барои моли майда хӯроки пурғизо аст! ‒ аз паҳлӯ л болои янтоқҳо гузашта истода шикоят кард Мирзобек.   
         ‒ Боз асфалт мекарданд. Дар ду тарафаш бетонҳои дароз‒дарози роҳравҳоро гузошта, оҳак мемолиданд. Фаррошҳо ҳар рӯз рӯфтаву тоза карда об мезаданд, ‒ суханони Мирзобекро мантиқан давом дод Довар.
         ‒ Оҳ‒ҳо, он вақт зӯр мешуд-дия!
         ‒ Лекин шумо хотиратонро ҷамъ кунед, ки ин тавр намекунанд. Ҳозир худи одами савобталабро ёфтан душвор. Рафту ягон аҳмақе пайдо шавад, ному фамилияашро дар «Китоби сурх» дохил кардан даркор. Агар хоҳед, ин гуна корҳоро худатон карданатон мумкин. Яъне, дар ҳаёт худатон ҷаннат бунёд карда, худатон дар он зиндагӣ мекунед. Ҳозир бисёриҳо ҳамин хел карда истодаанд. Алтернатива надорад.
         ‒ Ӯҳ одамҳои доно-е! ‒ мад кашид Мирзобек. ‒ Ҳоло ҳамааш дар дасти худамон гӯед.
         ‒ Ҳа. Одам аз дасту пойи худаш намонад.
         Дар саҳни корпуси асосӣ Иқболшоҳ меъёри ҳаррӯзаи худ ‒ шаш давра давиданро ба охир расонида, ба гаштугузор ва машқҳои гуногуни ҷисмонӣ машғул буд.
         ‒ Командир командир-дия, ‒ ба сӯйи Иқболшоҳ бо ҳавас нигариста гуфт Довар.
         ‒Ҳа, он кас намунаи ибрат, ‒ мад кашид Мирзобек. ‒ Ҳеҷ кас дар тохтан ба командир баробар шуда наметавонад. Ақаллан мо дар нӯшидан намуна шавем. Набошад, мувозинати дунё вайрон мегардад.

                            *                           *                           *
         Акнун ба чойнӯшии пагоҳирӯзӣ менишастанд, ки дари палата тақ-тақ шуд.
         ‒ Марҳамат, дароед. Дастовезатон кироӣ бошад, меҳмон не, соҳиби хона мешавед, ‒ ҳазломез овоз баровард Мирзобек.
         Дар кушода шуду аввал коса, баъд плёнкахалтаи пурбор ва аз ҳама охир соҳиби онҳо Устобобо ‒ ошнои Мирзобек намоён гардид. Вай пагоҳӣ барои хабаргирӣ нону қаймоқ оварда буд.
         ‒ Ин чӣ хел шуд-а, Устобобо?! ‒ дастовезҳоро қабул карда истода гуфт Мирзобек. ‒ Ҳамин хелаш ҳам ҳисоб аст? Э ташвиш кашида, чӣ кор мекардед?
         ‒ Ташвиши чӣ? ‒ гӯён ҷавони гандумгуни хароби дароз, ки устои дуредгар буд, як‒як бо ҳама даст дода, вохӯрдӣ намуд. ‒ Болои роҳ даромадам, ки як шумоёнро бинам.
         ‒ Бекора дастовез карда омадед-дия, Устобобо. Хӯрокворӣ бисёр, чӣ кор карданамонро намедонем.
         ‒ Ҳеҷ воқеа не, дасти хушк омадан аз рӯи одоб не.
         ‒ Барои ҳамин ҳозир шуморо ҷазо медиҳам, ‒ курсиеро ба паҳлӯйи миз гузошт Мирзобек.      ‒ Акнун маҷбур боз ба худатон мехӯронем. Шинед. Қаймоқ аз они шумо буд, акнун аз они мо шуд. Марҳамат.
         ‒ Ин чӣ хел мешавад‒а?
         ‒ Нағз мешавад, ‒ гуфт Мирзобек ва ҳазломез илова кард. ‒ Бо дастатон, ки овардед, акнун ба ишкаматон мебаред. Баъд мо ҳам аз шумо ёд мегирему ба хонаатон равем, ҳамин хел мекунем.

                            *                           *                           *
         ‒ Тозагӣ нол‒ку! – Маҳбубаойтӣ боз бе пӯшт‒пӯшт бо бандааш даромада омада, ғурбат бардошт. ‒ Ҳама ҷо чангу гард! Худаш рӯфта будед?
         ‒ Ҳа, ойтиҷон.
         ‒ Баъди рӯфтан пок кардед?
         ‒ Ҳа, ойтиҷон, пок кардам.
         Маҳбубаойтӣ даст ба паси ҷевони зери телевизор бурд ва нишон дод:
         ‒ Ин чӣ?
         ‒ Пок карда будам-ку, ин чангу ғубори гӯр боз аз куҷо пайдо шудааст, худам ҳайрон, ‒ дар ҷавоби эроду сарзанишҳои ҳамшираи хоҷагӣ бо овози пасту гунаҳкорона ҷавоб медод фаррошзан.
         ‒ Ҳайрон нашаведу ҳалол кор кардана ёд гиред…
         Иқболшоҳ дид, ки аз ҷангу ҷанҷоли сардор фарроши бечора торафт ба обу арақ меғӯтад, номаълум ба миёна даромад:
         ‒ Ойтӣ, шумо ин хел занҳои зебою хушрӯйро, ‒ фаррошро нишон дод ӯ, ‒ бисёр ҷанг мекунед-а?
         ‒ Вазифаамон ҳамин. Барои ҷанг карданамон моҳона мегирем.
         ‒ Чӣ хел нағз! ‒ ҳавасомез гуфт Довар. ‒ Аҷаб дунёе! Ман худам мурданивор кор мекунам. Вале ҳам дар хона ва ҳам дар ҷойи кор гап мешунавам, онҳо хуб бой шаванд, чаро камтарашро ба ман намедиҳанд?!
         Лабони Маҳбубаойтӣ аз ин хел гапҳо ғунчасон шукуфт ва дигар ҷанг кардану супоришҳои нав доданро фаромӯш карда, баромада рафт.

                            *                           *                           *
         ‒ Алӯ! Ҷаноб, ба шумо занг мезананд! Агар вақтатон бошад, гӯшакро гиред! Мешунавед? Ба шумо занг мезананд! Хайр гӯшакро нагиред ҳам, зарар надорад. Даркор бошед…
Ба Мирзобек ҳар замон занг мезананд. Гапҳои подарҳавои занги телефон гӯшу майнаи одамро мехӯрад. Аз афт «ҷаноб» гуфта муроҷиат кардани телефон ба гӯши худи Мирзобек мефорад, ки ба сарпӯшашро кушода, тугмачаашро пахт кардан саросема намешавад. Аввал мебинад, ки кӣ телефон мекунад, баъд онро ба гӯшаш мебарад ва мувофиқи амалу мартабаи ҳамон шахс муомила мекунад.
         Ҳоло ба ӯ бонуи хонааш занг мезад. Мирзобек ҷавоб дод:
         ‒ Лаббай, занак. Ваалейкум бар салом. Ҳама нағз? Корҳо… А? Кай меравам? Аллакай ёд кардӣ? Инро ман намедонам. Ҳоло рафиқон дар ин ҳафтаву моҳҳои наздик ба хонаҳояшон рафтанӣ не… А? Хайр, ту ба ман чӣ мегӯйӣ?! Ман ба ин ҷо барои дилхушӣ наомадаам. Табобат гирифта истодаам. Командир дорам. А? Ту дар хона командир. Ин ҷо мо командири дигар дорем. Аз гапашон берун бароем, гӯштамонро бурда‒бурда карда ба пеши кучукҳо мепартоянд. Ана, худат гап зан…
         Мирзобек инро гуфта, телефонро маҷбуран ба дасти Иқболшоҳ дод. Ӯ ҳамин хел як одати баде дорад. Зӯр ояд, зуд телефонро ба дигаре дода, ҷони худро аз ҷангу маломатшунавӣ халос месозад.
         Иқболшоҳ бо имову ишора гапзанон карданро нахоҳад, ки Мирзобек маҷбур кард ва командир ноилоҷ монд.
         ‒ Ассалому алайкум, янгамулло. Худатон, бачаҳо, набераҳо ҳама соғу саломат? Чӣ мегӯед? То кай аз хонаву ҷой гурехта мегардем? Корамон боз ба занҳо меафтад?.. Албатта, янга, бе шумоҳо рӯзамон намегузарад. Ҳа, бо шумо будан ҳам мушкилу бе шумо будан ҳам душвор. Ин мисли ду кара ду чор, аниқ. Шумо ғам нахӯред. Мирзоакемро худам соғу саломат ба дастатон бурда месупорам. Ҳа, фақат лаҷомашонро сахтакак ба даст гиред. Не, ин ҷо бисёр намемонем. Мӯҳлати табобат ба охир расад, худи ҳамон рӯз меравем. А? Не… Як рафиқи сеюмамон набераҳоямро ёд кардам гуфта, як шаб ба хонаашон рафтанд. Дар як шаб сахт шамол хӯрданд, ки гарданашон каҷ шудааст, ба сари синаву тахтапушташон дард даромадааст. Хаму рост шуда наметавонистанд. Бинед, дилатон ганда мешуд. Гашта ба як ҳоли зоре омаданд. Дукаса аз ду дасташон дошта, ба палата даровардем. Духтурон аз сари нав уколу дору фармуданд. Ана ҳамин хел, янгаҷон. Чӣ, ҳа, албатта! Ин хел бошад, Мирзоакем боз монанд? Ана ин гапи зани оқилаву доно, дӯстдори шавҳар. Раҳмат янгаҷон. Хуб шудааст. Майлаш. Саломат бошед…
         Иқболшоҳ ба обу арақ ғӯтида, телефонро ба дасти Мирзобек дод. Мирзобек мамнун механдид.
         ‒ Дигар ин хел накунед, Мирзоака. Одам дар хиҷолат мемонад.
         ‒ Фақат шумо маро ҷанг мекунед? Гоҳ‒гоҳ ягон кас адаби шуморо ҳам дода монад.
        

         Дина духтури муолиҷаи онҳо ‒ Шоҳидахон наомада буд. Аз рӯйи хабарҳои охирини даҳонии дигарон ҷӯраҳо фаҳмиданд, ки фарзандаш нотоб шудааст.
         Имрӯз, ки боз дар даст варақаҳои таърихии бемориву зери кашаш асбобу анҷомҳои духтурӣ вориди палата шуд, пас аз аҳволпурсӣ ба муоинаи фишори хуну дили онҳо шурӯъ кард.
         ‒ Хайр, аҳволи мурғакон чӣ хел? ‒ Пурсид Мирзобек.
‒ Чӣ хел мурғакон? ‒ чизеро нафаҳмида ҳайрон шуд Шоҳидахон.
         ‒ Мирзоакем пурсиданӣ, ки, ‒ ҳамчун тарҷимон гуфтаҳои Мирзобекро кушоду равшан карда фаҳмонд Иқболшоҳ, ‒ аҳволи фарзандонатон, яъне аҳволи Алӯлаку Булӯлаку Хиштаки сари танӯракҳо чӣ хел? Нотоб гуфта шунидем, нағз шуданд?
         ‒ Ҳа, шукри Худо, ки табъи майдачаамон фаромад.
         ‒ Бачаҳоятон чанд нафар? ‒ пурсид Довар.
         ‒ Се нафар. Ду духтару як писар, ‒ бо як ғурури ба худ хоси занона, ки аз ҳар ду ҷинс ҳам фарзанд дорад, ҷавоб дод Шоҳидахон.
         ‒ Ҳеҷ бовариам намеояд, ки шумо се фарзанд дошта бошед? ‒ ҳайрон шуда боз пурсид Довар. ‒ Охир ҳоло худатон келинчак барин, ягон кас бинад, оби даҳонаш меравад…
          ‒ Ҳоло изҳори ишқ ҳам кунед? ‒ чашмони духтур барқ заданд.
         ‒ Чаро не? Фақат ба назарам, акнун дер шудагӣ барин.
         ‒ Ба поччо ҳавасам меояд, ки чунин як зани париваш доранд, ‒ ба ҳазлу шӯхӣ ҳамроҳ шуд Мирзобек. ‒ Хайр, худашон нағз?
         ‒ Нағз.
         ‒ Шабона л рӯзона?
         ‒ Э намуред шумо бо ҳамин хел ҳазлҳои хунукатон, муллоака, ‒ гӯён Шоҳидахон баъди муоина варақаҳои таърихи беморириро бардошта, аз дар баромад.

                   *                           *                           *
         Ҷавонмарди хушсарулибосе ба дидани Мирзобек омад. Баъди саломалейку ҳолпурсӣ дастовезашро монда, зуд рафтанӣ шуд.
         ‒ Ҳа, ин қадар саросема, ‒ ҳайрон шуд Мирзобек. ‒ О шинед, як пиёла чой хӯрда, чорта чақ ‒ чақ кунем?
         ‒ Наметавонам, вақтам танг. Имрӯз якбора ду клиент пайдо шуда монд.
         ‒ Ӯ‒ҳу, Худо додаст ‒ ку…
         ‒ Ҳа, мувофиқи тақдиру насиба, ‒ ҷавон даст пеши бар гирифта, бо тавозӯъ қафоравон илова кард. ‒ Курта, костум-бурукҳои зӯр афтод. Ба ягон кас даркор бошад, ба мо гӯед, ҷӯраҷон…
         ‒ Албатта, албатта, ‒ ваъда дода ӯро гуселонд Мирзобек.
         Баъди гуселонида омадани Мирзобек Иқболшоҳ аз ӯ пурсид:
         ‒ Ин ҷӯраатон магазинчӣ? Ба манн куртаи нағз даркор буд.
         ‒ Бемалол. Чизе даркор бошад, бо нархи арзон ёфта медиҳад.
         ‒ Банкрот намешавад?
         ‒ Не, вай мурдашӯ.
         Иқболшоҳ дар вазъи ногуворе монд. Довар барои аз хиҷолат баровардани командир гуфт:
         ‒ Ӯй мардуми доно-е! Аз ҳар тойифа ошнову шиносҳо доред. Дирӯз гӯрковҷӯраатон омада буд. Имрӯз мурдашӯ. Акнун бибихалифааш ҳам ояд-а?
         ‒Албатта, меояд. Бибихалифа зани худам.
                  
                                      *                           *                           *

         ‒ Хӯш, ҷанобон, ҳуҷумро аз куҷо сар мекунем? ‒ ба сарбозонаш рӯ оварда пурсид командир. ‒ Аз массаж, парафин, свет? Ҳама ҷим, об задаги барин-ку?! Ин хел бошад, фармон медиҳам: қабули муолиҷаҳои физиотерапевтиро аз сӯзанхалонӣ сар мекунем. Ба пеш, ба ҳуҷум, сарбозон!
         ‒ Албатта, ҷаноби командир. Аз сӯзанмонӣ сар кунем, нағз мешавад, ‒ дар лабони Довар табассум давид. Ӯ танҳо дар қабули ҳамин духтурзан худро сабуку болидарӯҳ ва дар назди духтур  ҳамчун бемори азиз ҳис мекард.
         ‒ Дигар хел гап шуданаш мумкин не, ‒ розӣ шуд Мирзобек. – Ин фармон фармони олии командири мӯҳтарами мо бошад, мо ба «не» гуфтан ҳақ надорем. Гапи командирро гӯш накардан ба сӯйи масҷид кулӯх партофтагӣ барин гуноҳи азим аст. Ин гуноҳро ҳатто ба спирт шуста намешавад.
         ‒ Доварака, сачоқу вазелинро ҳамроҳ гирифтан аз ёдатон набарояд. Ба шумо, Мирзоака, бо ин аҳвол ба рафтан иҷозат нест. Аввал мӯйи саратонро нағзакак шона кунед.
         ‒ Ман командир гуфта, ҳар рӯз маро сад бор бе корд мекушед-ку?! ‒ даст ба сари кали яллақосии худ бурд Мирзобек. ‒Бе заҳрзанӣ истода наметавонед-а?! ‒ ва сарвари пешинаи давлати шӯраҳо, ки пурра тоссар буд, ба хотир оварда илова кард. ‒ Ба Хрушев ҳам ҳамин гапатонро гуфта метавонистед?
‒ Албатта. Прическои вай беҳтарин буд. Ҳазорҳо кас ба вай пайравӣ мекарданд. Ҳоло он хел моддаро шумо баринҳо давом медиҳед.
         Ҳама хандон аз палата баромаданд.

                            *                           *                           *

         Пас аз тиқ‒тиқ Мирзобек дари шӯъбаи сӯзанмониро нимроғ карда пурсид:
         ‒ Духтури мӯҳтарам, даромадан мумкин?
         ‒ Мумкин, мумкин, ‒ дар қабулаш, ки ҳеҷ кас набуд, табассуми малеҳе карда Зебохон аз паси мизи хатнависӣ хест. ‒ Не гӯям ҳам, зада медароед. Барои ҳамин, беобрӯ нашуда, «мумкин» гӯям, беҳтар.
         ‒ Ӯҳ, духтури доно‒е, албатта кори хуб мекунед, ‒ хандон ҳозирҷавобӣ кард Мирзобек.
         Ҷӯраҳо пасопеш вориди кабинети сӯзанхалонӣ шуданд.
         ‒ Дили занҳоро ба қалъаи баланду мустаҳкаме ташбеҳ медиҳанд. Вале дар дунё ягон қалъаи устуворе нест, ки мардҳо онро фатҳ накарда бошанд,  ‒ изҳори фазл кард командир.
         Духтур ин гапҳоро нашунид магар, ки эътиборе надод.
         ‒ Марҳамат, шинетон.
         ‒ Духтурҷон, ‒ ба Зебо Иброҳимовна рӯ оварда хоҳишомез гуфт Довар. ‒Ҷоғи командирамон аз ҳад зиёд тафсида истодааст. Илтимос, дар рӯйи забонашон ҳам якта сӯзан монед, ки 15‒20 дақиқа гӯшҳоямон дам гиранд.
         ‒ Мемонам, мемонам. Канӣ, марҳамат карда, ҳамаатон шинед, ‒ гӯён аз даруни шишачаи пурсӯзан, ки спирт ҳам дошт, якеро ба даст гирифт.
         ‒ Аз кӣ сар мекунем?
         ‒ Ихтиёр, ба дасти шумо, духтурҷон, ‒ маҳмаддоноӣ кард Мирзобек. ‒ Кадоме аз моро интихоб кунед, мо ғуломи шумо, лому мим намегӯем. Дар давоми ин даҳ рӯз ҳаёту мамотамон дар дасти шумо, хоҳед, кушед, хоҳед монед, ки боз дар зиндагӣ азоб кашида гардем.
         ‒ Набошад, аз як тараф сар мекунем, ‒ гӯён Зебо Иброҳимовна сӯзанхалониро аз Довар сар кард. Ба фарқи сар, ду дастонаш сӯзан монд. Довар мӯрча газидагӣ барин дарду ранҷеро ҳис накард. Вақте, ки аз сабунаки зону саҳл поёнтар сӯзан мехалонд, Довар ҷунбид.
         ‒Дард кард?
         ‒Дард кард.
         ‒Ин нуқтаи дарозумрии одам аст.
         ‒Ин хел бошад, бемалол сахттар халонед, бигузор дард кунад.
         Иқболшоҳ ҳамон таърифи Зебо Иброҳимовнаро давом медод:
         ‒ Зебоойтем, тилло. Рафтору гуфторашон як духтур, шину хези базебашон як духтур, тарзи табобаташон як духтур, ҳусну ҷамолашон як духтур, хандаҳои базебашон як духтур… хулоса, ин хел духтури ғамхору меҳрубон, зебову париваш дар дунё нест. Ин кас, ки нодираи замон мебошанд, дуто шуданашон ҳам мумкин нест.
         ‒ Натарсед, ҷаноби командир, мабодо пайдо шавад, дуюмашро зада мекушем, ки ин кас ягонаи дунё монанд…
         Онҳо ба духтур боз чи гуфтанду чӣ монданд, Довар намедонад. Вай аз таъсири сӯзанҳо ба хаёлоти ширин ғӯтида буд ва чизе ба гӯшҳояш намедаромад.

                            *                           *                           *
        
         Довар ба палата даромад, ки ҳанӯз аз шарикон дараке нест. Дарро аз дарун қулф карда, плёнкахалтаи сачоқдорро ба рӯйи кати хобаш партофт. Ҷевончаи доруву чизмонакро пештари кати хоб кашида, миз сохту ба навиштан сар кард:
         «Ойтиҷон! Аз ин пештар на ман шуморо мешинохтаму на шумо маро. Агар мо якдигарро нашиносему намедониста бошем, байни мо ягон хусумате набояд бошад.
Агар ҳамин хел бошад, сабаби муомилаи дағал, рафтори дурушт, хусумат, хулоса карда мухтасарашро гӯем, бадбинии шуморо ман ҳеҷ намефаҳмам. Агар мани сарсахту берӯзӣ ягон айбе медоштам, мардона ба ҳар гуна ҷазо сазовор буданамро тан мегирифтам. Ман, ки аз шумо қарздор набошам, ба хонаву ҷоятон оташ назада бошам, номи зебоятонро чала нагирифта бошам ва л думи кучук л пишакатонро каҷ нагуфта бошам, хулоса, ман як бандаи мӯъмину мусулмони беайбу гуноҳ бошам, чаро шумо чашми дидан надоред? Агар айби ман касал шуда, барои табобат ба ин ҷо омадан бошад, ин ҳам бо тақозои тақдир аст. Духтур қабули мумро тавсия карда бошад ва муммонӣ вазифаи ҷонии шумо бошад, дар ин ҷо гарди орд барин айбу гуноҳи ман нест. Ман, ки беморам, маҷбур ба тавсияҳои духтурон риоя кунам. Охир, шумо маро дуруст фаҳмед: одам як бор ба дунё меояд ва бояд одамвор зиндагонӣ кунад. Дар зиндагӣ чизи аз ҳама азизу гаронбаҳо ‒ ин саломатӣ аст. Саломатӣ ба ҳама, аз ҷумла, ба ман ҳам даркор. Вале мебахшед, ҳазорҳо бор узр мепурсам, ман маҷбурам, ки рости гапро гӯям: вақтҳои охири кирдору рафтори шумо душманона аст. Не, дурӯғ нашавад, як‒ду рӯзи аввал ба тахтапуштам мумро нағз мондед. Форид. Роҳат кардам. Дастатон дардро набинад гуфта, ҳатто дуои тану ҷонатонро кардам. Вале сонитар, гӯл оруи шумшуки бадзоте шуморо газида бошад, тағйир ёфтед. Муомилаву рафтору кирдоратон дигар шуд. Худатон аз рӯйи инсоф гӯед: кадом корманди тиб, ки қасами Гиппократро хӯрдааст, муми гарму сӯзони чоркунҷаро мисли лойи похсаи устои деворзан бошаст ба пушти бемор мезанад? Оё андешае ба саратон намеояд, ки миёни бемор шикастанаш мумкин аст? Л эҳтимол аз гармии мум сӯхта мурад? Оё шумо дар ҳамин бора фикр кардед? «Ойтиҷон, оҳистатар» ‒ гуфта илтиҷоомез хоҳиш кунам, ки эътибори шумо нол шуд. «Қоидааш ҳамин хел, тоқат кунед», ‒ гуфта ҷавоб медиҳед. «Мум ҷудо гарм, боз сӯзонда накушед?» ‒ гӯён овоз барорам: «Ба назари шумо гарм менамояд. Сабр кунед, ҳозир хунук мешавад», ‒ гуфта аз болои муму плёнкааш қабат‒қабат кампалҳои равғанолуди чиркини пурдоғи бадбӯйро ба болоям мепартоед. Чанд бор ҳатто болои сарамро пӯшондед. Ин кори шумо магар маънои «буғдам шуда мур»-ро надорад?!
         Аз рӯйи  гуфтаи духтурон мум ба дарди миёну кашидани рутубати бадан фойида дорад. Вале ба ҷойи фойида ман зарарашро бештар дида истодаам. Суп-сурх шудани тахтапуштам дарди бахайр аст. Гармӣ ба гурдаву ҷигар ва дилу шушам таъсири бад расонад, як умр дардманд шуда монданам ҳеҷ гап не. Шумо, албатта, рад мекунед. Чункӣ духтуру ҳамшираҳо ҳеҷ гоҳ гуноҳи худро ба гардан намегиранд. Зӯр ояд, худи беморро мекушанд, ки дигар арзу шикоят накунад.
         Ойтиҷон, маро дуруст фаҳмед, агар саҳл сахт мерасида бошад, ҳазор бор бахшиш мепурсам. Боз як бор таъкид мекунам, ки ман нисбати шумо ягон хел арзу шикоят надорам. Бо вуҷуди ҳамаи ин, хилъати сафед, касбатон ва худатонро хамчун инсон дӯст медорам ва аз дилу ҷон ҳурмат мекунам. Медонам, ки ҳар кас ҳам нафс дорад, хӯрдан мехоҳад. Нафси шуми одамизод ганда ‒ талаботаш рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Масалан, аввал як чакра об хоҳад, об, ки ёфт шуд, дилакаш аллакай нон металабад. Нонро ёбад, ба болояш равғани зард молида хӯрданро орзу мекунад. Обу нону равғани зард муҳайё шавад, дилакаш ба асали тозаи моҳи май гум мезанад. Ана ҳамин хел ҳамчун юҳои баднафси афсонавӣ талаботаш беохир мегардад. Вале инсон бояд ба нафси бадкеши худ нӯхта занад, аз ҳад зиёд ба иҷрои талаботаш роҳ надиҳад. Шумо медонед л не, нафси одамизод носерам аст. Дунёро хӯрад, ки сер шудам намегӯяд. Одам бояд қаноатро пеша кунад. Дар акси ҳол побанди он шуда, талаботи вайро иҷро кардан гирад, охиру оқибат ба вартаи ҳалокат мебарад, аз аҷалаш пештар мекушад. Ман намехоҳам, ки шумо барин як зани боақлу фаросат пеш аз аҷалатон муред.
         Албатта, барои ба касалии «гирифтан» дучор гардидани шумо худатон заррае айбдор нестед. Дар аввал баъзе беморҳои доро аз рӯйи ҳурмату эҳтиром «як чиз ‒ ним чиз» додаанду шумо гирифтед. Ин гуна «додан»-ҳо, ки такрор шудан гирифтаанд, шумо ҳам маззахӯрак гардидед. Баъдтар одат кардед. Ҳозир бо ҳамин хел рафтору муомила «ҳақ» талаб карданро фаҳмонед, минбаъд рӯйирост «нарзи даст» талаб мекунед. Баъдтар зада ҳам мегирад. Саропо ба ин касалӣ мубтало шавед, коре накарда ҳам, дилакатон пул додани беморонро мехоҳад. Вале, ойтиҷон, шумо фаҳмед, ки баъзе одамҳо пул доранд, баъзеҳо ‒ не. Бе ҳамин гуна хизматрасонии шумо ҳам, духтурҳо пули беморонро ҳамчун шири гови ҷӯшоӣ ҷӯшида обу адо созанд, доруфурӯшҳои беимон хонавайрон кунанд, охиру оқибат чӣ мешавад?
         Агар духтурҳо, доруфурӯшҳо, табибу муллову фолбинҳо ва ғайраву ва ҳоказо ба ин гуна корҳояшон нуқта нагузоранд, оқибаташ ногувор мешавад! Ҳангоми касалӣ аз нодориву камбағалӣ ба духтурон чизе надиҳанд, онҳо ба ҷойи табобати як беморӣ ба чандин касалиҳо гирифтор карда кушанд, мардум якбора мурданро авло намедонанд?! Он гоҳ ҳеҷ кас ба пеши духтурҳо наомада монанд, аҳволи шумо чӣ мешавад?
         Албатта, ман ҳам метавонам аз рӯйи будаш, ба кисаатон «ягон чиз» андозам. Вале, ба Худо, ки ба ин виҷдонам роҳ намедиҳад. Дар дил мақсади муфтхӯр кардани шуморо надорам. Аз хотир набароред, ки пули ҳамаашро, аз он ҷумла, хизмати муммонии шуморо ҳам, пешакӣ пардохтаем. Шумо, ки барои иҷрои вазифаатон ҳар моҳ моҳона мегиред, онро ҳалол карда гиред. Ҳамчун шабушк л паразити муфтхӯр нашавед. Ба порахӯрӣ, пули бе дарди миён одат накунед. Агар ман ҳам, ҳамчун муаллим, ба ғайр аз моҳонаам, боз аз бачаҳо барои ҳар як соати дарсам пул гирам, э‒ҳе, падару модарон шӯру ғавғо бардошта, ба кӯча мебароянд. Дар сафи пеши митингчиён эҳтимол худи шумо меистед. Охир ман, ки ин корро намекунам, чаро шумо мекунед?!
         Хулоса, гапро давом диҳам, ин хел гапу калочаҳо бисёр. Пеш аз тамом кардани мактубам шуморо боз як бор ба инсофу одамгарӣ даъват менамоям. Инсоф дошта бошед, албатта, барака меёбед. Пулу моли дунё кирои рӯй зард кардану ба пеши касу нокас сар хам кардан намекунад. Чизу моли дунё дар худи дунё мемонад. Аз одамизод дар дунё фақат некӣ мемонад. Агар дар охирин рӯзи табобат мисли ман ҳар як бемор ҳам аз таҳти дил ва аз рӯйи имконаш «чизе» диҳад, гиред, ошатон шавад. Надиҳад, як даҳон «раҳмат»-аш ҳам бароятон мукофоти калон! Охир ҳамаи мо, мардумони рӯйи замин, бо якдигар хоҳару бародар ҳастем. Аз як падару модар ‒ ҳазрати Одаматову Момоҳаво ба дунё омадаем. Байни хоҳару додарон набояд хусумату бадбинӣ ҷой дошта бошад. Некиву накӯкорӣ ва хушахлоқиву одамгарӣ тоҷи сари мо шавад. Гумон дорам, ки шумо маро дуруст мефаҳмед ва аз рӯйи ин навиштаҳо амал мекунед. Худованди кариму раҳиму пуриноят шумо ва аҳли хонаводаатонро дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад».
         Довар дар охири навиштаҳояш нуқта гузошту оҳи сабук кашид. Гӯл санги осиё аз китфаш афтид.  
        
                            *                           *                           *
         Тайёр кардани хӯроки пешин навбати Мирзобек буд. Вале ӯ худро ба девонагӣ зада, ба каташ дароз кашид ва ба газетахонӣ машғул шуд.
         Иқболшоҳ дастархон партофт. Шӯрбойи шабмондаро дар плитаи ошхона гарм карда омад ва ба хонаи дарун, ки Мирзобеку Довар ба мутолиа банд буданд, рӯ оварда пурсид:
         ‒ Чой мехӯрем л шарбату мева?
         ‒ Қаҳва! ‒ ба асаби Иқболшоҳ расида гуфт Мирзобек.
         ‒ Қаҳва ба шумо мумкин нест!
         ‒ Уф-ф! ‒ оҳ кашид ӯ ва чизе илова карданӣ буд, ки боз овози командир баланд гардид:
         ‒ Мирзоака, шумо ақлу фаросат надоред-дия! Пагоҳӣ чой нӯшидеду пиёларо обгардон карда намондед. Чойи дар тагаш монда, пиёларо доғдор кардааст.
         ‒ Э мебахшед, рафиқ командир, аз ёдам баромадааст. Пиёларо ҳамту монед, дар он боз худам шарбат мехӯрам, аз болояш об менӯшам, бо содда шустагӣ барин топ-тоза мешавад.
         ‒ Акнун ташвиш накашед. Аллакай ман шустам. Ҳозир хӯрокро кашам, баъд ба сари дастархон марҳамат кунед.
         ‒ Хуб шудааст, командирҷон, ‒ Мирзобек маънидор ба сӯйи Довар нигарист, ки навбатдор ӯю Иқболшоҳ фаромӯш сохта, худаш ин корҳоро мекунад. ‒ Дар ин хел вақтҳо мо ҳамеша тайёр!
         Иқболшоҳ боз ба ҷунбуҷули худ машғул шуд. Вай ҳамаи ин гуна корҳоро аз таҳти дил ба ҷо меовард. Рӯйи дастархонро бо нозу неъмат ва зарфҳои зарурӣ чунон оро медод, ки ҳавси одам меомад.
         Аз афт, ҳамаи инҳоро аз дил гузаронда, Мирзобек ба сӯйи Довар рӯ овард ва бо овози паст гуфт:
         ‒ Доварҷон, медонед чӣ?
         ‒ Не, намедонам.
         ‒ Дасту панҷаҳои командирамон часпон, ба корҳои пухтупазу шустушӯ усто, завқашон баланд, ҳамеша ба тозагиву озодагӣ риоя мекунанд. Агар духтар мешуданд, касе, ки ба занӣ мегирифт, як умр кайф мекард-дия.
         ‒ Ҳа, ‒ хандаашро базӯр боздошта, аз таҳти дил розӣ шуд Довар.

                   *                           *                           *

         ‒ Алӯ! Ҷаноб, ба шумо занг мезананд! Агар вақтатон бошад, гӯшакро гиред! Мешунавед? Ба шумо занг мезананд, ҷаноб! Хайр, гӯшакро нагиред ҳам, зарар надорад. Даркор бошад, боз занг мезананд Алӯ! Ҷаноб, ба шумо занг мезананд…
         Ин зангзаниҳо, ки бисёр такрор шуд, Иқболшоҳ хеста, аз берун Мирзобекро ҷеғ зада омад. Вай телефонашро дар рӯйи кат монда рафта буд.
         ‒ Кадоме ба шумо беист занг мезанад. Шумо, аз афташ, гӯгирд барин ба он одам даркор шуда мондед.
         ‒ Чӣ хел гӯгирд барин? ‒ нафаҳмид Мирзобек.
         ‒ Оддиякак. Гӯгирд даркор шавад, бо як донааш, оташ мегиронанд. Корашон, ки буд шуд, баъд ба ягон ҷо партофта мемонанд, ‒ ташбеҳашро шарҳ дод Иқболшоҳ.
         ‒ Ӯҳ мардуми доно-е! ‒ гӯён Мирзобек рафта телефонро ба даст гирифт. ‒ Да!.. Ҳа, ман! Э-ҳа, қоматакатон занад, шинохтам, шинохтам. Шумо писари Давронакем! Хайр. Ҳама нағз, хонавода тинҷ, майдаву калон ‒ ҳама соғу саломат? Чӣ? Ман дар беморхона, укаҷон. Аҳвол вазнин. Дил-дия. Матор-асосияш. Ҳамон камтар барахлит кард. Чӣ, мошинатонро доштанд, арест карданӣ? Девона-дия шумо, қоматчекатон занад, укаҷон. Ҳа, кадом одами соғ ба дасти милитсия афтад, паспорту праваашро медиҳад?! Э хом-дия, укаҷон шумо, хом, надодан даркор буд. Не, ман рафта наметавонам. Дар таги капля хобидаам. Чӣ?.. Медонам, мефаҳмам, ин вазъиятро аз шумо бештар ҳис мекунам, лекин дигар чӣ илоҷ? Хайр, гӯш кунед, ба ГАИ рафта, замначро ёбед. Ҷонишинаш Ҳалимов. Гӯед, ки ман ҷияни Мирзобек Раҳимзода. Ҳа, албатта. Ёрдам мекунад. Фаҳмидед, даҳона воз монда, гӯсолагӣ накунед. Фаҳмо бошад, шип занед. Агар боз ягон проблема пайдо шавад, ба ман телефон кунед. Лингашона аз осмон мебиёрам-а?!
         Баъди ин гуна гапҳо Мирзобек сарпӯши телефонашро поин карда, бо ғурур гуфт:
         ‒ Ана, командир. Дидед? Мо ҳам одамҳои даркорӣ.
         ‒ Медонем, медонем…
        
                            *                           *                           *
         Айни вақти хӯрокхӯрии нисфирӯзи Салими галстук омад. Салими галстук ошнои Мирзобек. Ёру дӯстонаш мисли худаш ‒ аз доираи одобу маданият каме дуртар.
         Бинои салтанати Салим галстукаш аст. Гӯл очааш ӯро бо галстук таваллуд карда бошад, ҳеҷ кас ӯро дар ягон ҷо бегалстук надидааст. Ҳатто назебад, ки дар тобистони тафсон ҳам бо галстук мегардад. Галстук гӯл нишони маданияту мансаб бошад, ба ҳар ҷойе равад, вазифаи корбудкуниву пропускро ба ҷо меорад. Вале, аз рӯйи инсоф гӯед, ба даруни майнааш турсиву майка кати аз пагоҳ то бегоҳ кобед, ки заррае аз илму дониш нишоне намеёбед. Ҳатто дар навиштани ному насабаш ба се‒чор хато роҳ медиҳад.
         Пас аз салому алейки даҳонакӣ ҳеҷ кас ҷой нишон надиҳад ва л «шинед» нагуфта бошад, ки Салими галстук бемалол аз роҳаткурсӣ ҷой гирифт:
         ‒Иштиҳоятон намурад, аввал хӯред, баъд вохӯрдӣ мекунем, ‒ гуфта, ба сӯйи табақ ҳуҷум кард.
         Ҷӯраҳо як‒як мантуро ба табақча гирифта, ба чор тақсим карда, қисм‒қисм хӯранд, ки Салими галстук ҳар як донаашро як лӯқма мекард.
         ‒ Ҳамин беморхонаҳо фермаи бӯрдоқипарварӣ барин, ‒ бо даҳони пур боз изҳори фазл кард Салими галстук. ‒ Бо баҳонаи беморбинӣ ёру ошноҳо, хешу табор ҳазору як хел хӯрокворӣ меоранд. Вазифаи шумо фақат хӯрдану хобидан. Ҳеҷ кадомашон фикр намекунанд, ки одамизод мол нест…
         Иқболшоҳ хӯрданро бас кард. Довар бо баҳонаи чойдамкунӣ берун баромад.
         Табақ дар миёнаи ду кас монд. Галстук аз манту сер нашуд магар, ки ҷурғоту равған ва пиёздоғи таги табақро бо нон лесида хӯрд.
         ‒ Ишкамам ана ҳамин хел сер буд, ‒ бо даст ба ҳалқаш ишора карда, то куҷо сер буданашро аёнан нишон дод Салим, ‒ вале ман барои савоб лесида истодаам. Савоби косаву табақлесон аз ҳама боло будааст…

                            *                           *                           *       

         Довару Мирзобек пас аз оббозӣ болои катҳои худ дароз кашида буданд. Мирзобек хоб буду Довар ғарқи хаёлот. Иқболшоҳ даромад.
         ‒ Доварака, чӣ кор карда истодаед? ‒ бо оҳанги ҷиддӣ пурсид командир.
         ‒ Ҳеҷ кор,  ‒ командир боз ягон коре нафармояд, тарсону ларзон ҷавоб дод Довар.
         ‒ Бекор нашишта, пашшаҳои шифти хонаро шумуред!
         ‒ Ин фармон л маслаҳат?
         ‒ Фармон!
         ‒ Ин хел бошад, хуб шудааст, ҷаноби командир. Бекор нашишта пашша мешуморам. Баъд ба шумо маълумот медиҳам.
         ‒ Ана ҳамин хел шавад. Барои ман дӯстон саломат бошанд, бас.
         ‒ Барои саломатӣ ба ҷойи арақ қаҳва нӯшем ҳам, мешавад?
         ‒ Молчат, товариш рядовой!
         ‒ Хайр, хайр, рафиқ командир.
         Иқболшоҳ мамнун худро ба рӯйи каташ партофта, чашмбандакашро ба рӯяш кашид.

                   *                           *                           *
         ‒ Ҳӯ, одамҳои доно! Нашунидаам нагӯед, нафаҳмидаам нагӯед. Ба ҳамаатон хабар медиҳам, ки бегоҳ консерт!
         ‒ Чӣ хел консерт? ‒ ҳайрон шуда, ба Мирзобек рӯ овард Довар.
         ‒ Ана ҳамин хел консерт-дия, ‒ бо дасту даҳон ҳунари рубобнавозию сурудхониро нишон дода, баъд ба рақс даромад Мирзобек.
         ‒ Аз консерту артистҳои инзамона безор ман! ‒ бо нафрат даст афшонда изҳори норозиги кард командир. ‒ Аз тӯйравӣ қимоб шудам. Ончунон садои карнайҳояшонро баланд карда мемонанд, ки мурдаҳои ҳафсадсола ҳам дар гӯр ба дод меоянд. Боз ёфтагиашон фонограммаю худашон куну дасту даҳон меҷунбонанд. Тӯй ним нашуда одам ҷуфтакро рост мекунад.
         ‒ Боз барои асабҳоро вайрону дилро ба бозӣ даровардан ва гӯшҳоро кар карданашон пулашро ба дасти раққосаҳо медиҳед, ‒ луқма партофт Довар.
         ‒ Офарин! ‒ аз пайдо шудани ҳамраъй чашмони Иқболшоҳ барқ заданд. ‒ Қанд занед, фақат аз пули худатон. Айни вақти ҷинӣ шуда суруд хондану пулчинии раққосаҳояшон дар дастам пулте бошад, ки овози аппаратураҳояшонро кушам. Афсӯс, ки ин хел пулт нест.
         ‒ Сохтан мумкин.
         ‒ Э шумо бало, Доварака. Ақлатон ба ҳама чиз мегузарад. Шармандаашон мебаромад-дия, ‒ ботинан хурсанд шуд Иқболшоҳ.
         ‒ Ҳӯ мардум, гапа ба қозихона набаред. Консерти ин ҷо тамоман дигар хел: паст, фораму гӯшнавоз ва фақат аз рӯйи хоҳишу дархости тамошобинон. Ҳозир хоба занем. Бегоҳ бо чашмонатон дидаву бо гӯшҳоятон шунида, худатон аз рӯйи тарозуи адолат баҳо медиҳед.
         Дар ҳақиқат, бегоҳӣ онҳоро овози суруде бедор кард. Касе ба торҳои дутор гоҳ ‒ гоҳ нохун зада, сурудҳои ҷигарӣ мехонд. Довар ба пешайвон баромад. Як ҷавоне, ки дар тан шиму костуми сиёҳ дошт, бо дутор гирди бинои табобатӣ як ‒ як қадам зада суруд мехонд. Шифоталабон яке аз пайи дигаре ба саҳни бемористон мебаромаданд. Дере нагузашта рӯйи кату болои курсиҳо занону мардони зиёде ҷамъ шуданд.
         Гирди бино сурудхонии санъаткор эълони консерт будааст.
         Дар саҳни беморхона базм тафсид. Баъзе занон ба рақс баромаданд. Махсусан, сина ва дасту бозуҷунбонии ду зани аз ҳад фарбеҳ хандаовар менамуд. Онҳо ба обу арақ ғӯтида бошанд, ки зери оҳанги якчанд суруд рақсиданд. Пеш аз тарки давра аз байни синаҳояшон яктои ҳазорсӯмаро бароварда, ба кисаи ҷавон андохтанд. Артист мувофиқи дархости тамошобинон беист суруд мехонд. Дархостҳо ҳама пулакӣ буданд. Дар пулдиҳӣ аз мардҳо дида, занҳо валинеъматӣ мекарданд.
         ‒ Илоҳо ба ҳамаатон Худо шифои комил диҳад. Бахту иқбол доимо ёр шавад, ёфтагиву тофтагиҳоятон ба рӯзҳои нек равад ва мо дар тӯю тамошоҳоятон хизмат кунем. Омин, оллоҳу акбар! ‒ гӯён артист дар охири дуо боз як бор қӯрро ба рӯйи кулчаи худ кашида илова кард. ‒ Ният карда мондагиҳоятон бошад, акнун шарм надошта бемалол додан гиретон. Садақа ради бало ба қавли расули Худо.
         Боз чандин кас ба ӯ пул доданду вай дуторашро ба ҷилди латтагинаш андохта, монда рафт.
         ‒ Хайр, консерт чӣ хел? ‒ ба Иқболшоҳ рӯ оварда пурсид Мирзобек.
         ‒ Мешавад, вале консерт баҳона, аз гаштугузар ҷонатон халос не. Саф ороед, рафтем!
                 
                                               *                           *                           *

          Ҳангоми гаштугузори шабона Мирзобек боз ба куҷо ғайб зада буд. Довару Иқболшоҳ сӯҳбаткунон ба назди дарвозаи беморхона расиданд. Чашми Иқболшоҳ ба марди тарбуздоре афтоду гуфт:
         ‒ Дар таги дарвозаи беморхона тарбузу харбуза мефурӯшанд. Мо ҳам тарбузу харбузҳои худро оварда монем, фурӯхта диҳад-а?
         ‒ Оҳ-ҳо, зӯр мешавад, ‒ гуфт Довар. ‒ Одамон дастовез карда оранд, мо дар ин ҷо гашта мефурӯшем.
         ‒ Ҳа, ‒ аз идеяи худ ба ваҷд омада, сӯҳбатро мантиқан идома дод Иқболшоҳ. ‒ Ҳар касе, ки ба беморхона даромаданӣ шавад, тарбузфурӯш пурсад: «Ҳа, ба куҷо?» «Барои хабаргирӣ ба назди Мирзобек». «Мирзобек харбузаро дӯст медоранд. Харбуза гиред». Вай мардак л занак харбузаро гирифта пулашро медиҳад. Тарбузфурӯш…
         Довар гапи даҳони Иқболшоҳро зада гирифта, худаш мантиқан давом дод:
‒ Тарбузфурӯш гирифта рафтанӣ шудани харидорро дида мегӯяд: «Пулашро додед, шуд? Акнун худатон рафтан гиред». «О харбузаро набарам?». «Баред ҳам мешаваду набаред ҳам». «Чаро?». «Баред, боз Мирзобек оварда, ба ин ҷо мемонанд. Набаред, ман мегӯям, ки фалонӣ ҳам харбуза харида буд».
         Аз ин сӯҳбат ҳар ду ба завқ омада хандиданд.
         ‒ Идеяи зӯр-а! ‒ мамнун гуфт Иқболшоҳ.
         ‒ Зӯр ҳам гап, зӯри зӯр! ‒ сухани ӯро қувват дод Довар. ‒ Ҳам табобат, ҳам тиҷорат, ҳам даромад! Қоил командир!

                                      *                           *                           *

         ‒ Мирзоака! ‒ вақти хоб ба сӯйи Мирзобек рӯ гардонда гуфт Иқболшоҳ. ‒ Шумо хоб л бедор?
         ‒ Мурда барин хобам бурдагӣ, ‒ вай, ки аз рӯйи одат пушт ба боло мехобид, сарашро яктарафа карда ҷавоб дод. ‒ Ҳар чӣ гӯед, ихтиёратон, ман ҳеҷ чизро намешунавам.
         ‒ Ин хел бошад, хоби хуш. Доварака, шумо шунавед. Ду кас як рафиқи сеюмашонро интизор будаанд. Зимистон ҳаво хунук. Боз барфи лак-лакӣ меборидааст. Аз вақти муайяншуда, 10, 15, 20 дақиқа гузаштааст. Ҳамон аз ӯ дарак не. Яке бетоқат шуда пурсидааст:
         ‒ Ин кас чаро занҳо барин ин қадар дер монда истодаанд?
         ‒ Ҷавон-дия, ‒ ҷавоб додааст рафиқаш. ‒ Ба худашон орову торо медиҳанд, мӯйи сарашонро нағзакак шона мекунанд.
         ‒ Э, як ба мӯйсаршонакунӣ ин қадар вақт лозим? Аз занҳо ҳам гузаронданд-ку.
         ‒ Хайр, биёянд, аз худашон пурсед.
         Ниҳоят рафиқи сеюмашон омадааст. Вай гилаомез гуфтааст:
         ‒ Э одам ҳам барои як мӯйсаршонакунӣ ҳамин қадар вақт сарф мекунад?! Аз занҳои танноз ҳам гузарондед-ку?!
         ‒ Хайр, ҷӯраҷон, дигар чӣ кор кунам. Мӯйи сарам ҷингила бошад, то шона зада, ба тартиб меорам, ки вақти зиёде мегузарад, ‒ гӯён кулоҳи сарашро гирифтааст. Сараш тамоман кал. Дар торикии шаб ҳам мисли офтоб яллақос мезадааст…
         Ин нақлро шунида, Мирзобек зада аз ҷой хест ва иддаоомез гуфт:
         ‒ Ҳӯ мардум, дар ин дунёи калон ягон мавзӯи дигар нест?! Фақат шумо шудеду сари кали ман.
         ‒ О шумо хоб будед-ку, Мирзоака, ‒ хандон гуфт Иқболшоҳ. ‒ Хобатон маст бурдааст гуфта, инро ман ба Доваракем гуфтам. Хайр, мебахшед. Вале хоҳед, нахоҳед, ки ин мавзӯъ ‒ мавзӯи сенсатсионӣ аст. Хайр, Мирзоакем хафа нашаванд, мавзӯъро дигар мекунем. Акнун латифаи нав. Ин латифа дар бораи одамҳои кал не, одамҳои бемӯйсар…
         ‒ Э монед-е! ‒ гӯён Мирзобек гашта дароз кашид ва кампалро ба болои сараш кашид.
                                      *                           *                           *
         Доварро ба иҷрои кадом коре ҷеғ заданд. Ӯ қарибиҳои ними шаб баргашт. Асабонияти сахташ аз чеҳрааш ҳувайдо буд.
         ‒Ҳа, боз чӣ шуд? ‒ хобу хоболуд дилсӯзона пурсид Мирзобек.
         ‒Ҳеҷ чиз не, ‒ даст афшонда сумкачаи асбобу анҷомҳоро ба шикаф гузошт.
         ‒Шумо, албатта маро мебахшед, Доварҷон, лекин рости гапро гӯям, шумо латта. Ҳар кас чизе гӯяд, не намегӯед. Ҳар коре фармоянд, мекунед. Хафа нашавед, кадом як ҳамқишлоқатон бо чӣ коре омадааст, ман пеш кардам. Охир шумо дар ин ҷо табобат мегиред л кори мардумро мекунед? Плиткаи электрикии ошхона кор накунад, ки шуморо ҷеғ мезананд. Телевизори ягон палата вайрон шавад, ба бало мондагӣ шумо. Дина трансфарматори болнисаро соз карда додед. Ба болои ин навис ‒ навис. О ақаллан ҳаққатона гиред. Бо раҳмат на ишкам сер мешаваду на киса пур.
         ‒ Барои инҳо не, ‒ хаёле ба андеша рафт ва баъд даст афшонда, дил кафонд. ‒Ба хаёлам, рафтори ҳамон занаки палатаи лукс шубҳаовар барин. Бегоҳ як мардакро гусел карда истода буд. Пеш ‒ пеши ман як нарғӯли дигар ба наздаш даромад. Охир ҳеҷ кас барои хабаргири нимишабӣ намеояд. Баъди даромадан зуд дарро аз дарун қулф карданд.
         ‒ Э шумо парво накунед. Ҳар касу ҳар чӣ?
         ‒ Наметавонам. Вай хонаи чанд касро месӯзонад. Занҳо беваю фарзандҳо ятим мемонанд. Охир чӣ хел бепарво шудан мумкин?
         ‒ Зиқ нашавед шумо. Ягон илоҷашро меёбем.

                            *                                    *                                    *  
        
РӮЗИ ҲАФТУМ
         ‒ Ҳӯ, хоболудҳо, холабеғамҳо, танбалҳо, ишкампарастҳо хезед, вақт шуд!
         ‒Э Худоё, як намемонед, ки одам дуруст хоб равад, ‒ аз рӯйи одат ғур-ғуркунон даҳони ҷуволи гилаву ҷингилаашро кушод Мирзобек, ки хоби пагоҳирӯзиро дӯст медошт. ‒ Дар хона аз дасти зану бачаҳо рӯз набинам, дар ҷойи кор аз шеф, дар ин ҷо бо давондан шумо азоб диҳед, мани бечора чӣ кор кунам?!
         ‒ Гапа мӯл накунед! Вақт шуд, соат аз шаш панҷ сония гузашт, давидан даркор! Нозу нуза дар хонаатон мекунед. Ин ҷо табобатгоҳ, ба реҷаи рӯз риоя кардан даркор.
         Дигар гап бефоида буд. Иқболшоҳ кайҳо аз дар баромада, аллакай медавид. Ноилоҷ Мирзобеку Довар аз ҷой хеста, барои давидан ба берун баромаданд.
         Иқболшоҳ мисли роботе, ки давидану машқ кардан дар барномаи компутери майнааш сабт шуда бошад, бо сару либоси варзишӣ медавид. Вай ҳар саҳар бо як шасту суръат медавиду медавид ва баъди шаш маротиба гирд‒гирди биноҳои беморхона давидан ба машқҳои варзишӣ мепардохт. Вай дар дигар корҳо гоҳо ба фанду фиреб роҳ диҳад, ки ба тарбияи бадани худ ҷиддан машғул мешуд.
         Довару Мирзобек ҳам ба таври худ медавиданд. Дар он ҷойҳое, ки командир онҳоро бемалол дида тавонад, барои фиреби назари ӯ метохтанд. Ҳамин, ки командир пеш гузашта, дур рафт ва л дар паси дарахтону биноҳо пинҳон шуд, мешиштанд ва л сангпуштвор секин мегаштанд. Баъд дар пеши Иқболшоҳ мисли баъзе одамҳои шӯҳратгадое, ки корнамоиҳои нокардаро ба шахси худашон мечаспонанд, миқдори давидани худро зиёд карда, худро мондаву лакот вонамуд месохтанд.

                            *                           *                           *
         Ошноҳо дасту рӯ шуста, ҳанӯз ба як қароре наомада буданд, ки дар палата нону чой ва л мурғбирёни дирӯзаро хӯранд, Довар таклиф кард:
         ‒ Рафиқони азиз! ‒ ҳамчун муаллим, ки маърӯза л сӯҳбатҳоро бо чунин хитоба сар мекард, муроҷиатомез ба ҳампалатаҳояш рӯ овард ӯ. ‒ Ман пурсидам, дар ошхона барои наҳорӣ ширшавлаи гречкадор пухтаанд. Ошашон зӯр барин. Аз бӯяш одам маст мешавад. Ба ошхона рафта, дар ҳамон ҷо наҳорӣ кунем, шумо ба ҳамин таклифи ман чӣ мегӯед?
         ‒ Ҷон мегӯем! ‒ ба Довар зуд ҳамовоз шуд Мирзобек.
         ‒ Э-ҳе, хобатонро ба об гӯед! ‒ фавран зид баромад Иқболшоҳ. ‒ Он ҷо равем, аз косаву табақшӯйӣ ҷонатон халос мешавад‒а? Не! Дар ҳамин ҷо хӯрок мехӯрем. Наряд наряд аст. Ман онро бекор накардаам.
         Дирӯз Иқболшоҳ барои бетартибӣ ва паҳну парешонии китобу дафтар ва рӯзномаҳо ба Довар наряди ғайринавбатӣ эълон карда буд. Инак ҳамонҳоро дар назар дошта, барои ба ошхона рафтан зид баромад. Дар ошхона бошад, бо зарфҳои ошхона наҳорӣ мекарданду шустани онҳо лозим набуд. Мабодо тос, бонка ва л дӯлчаеро бо хӯрокаш баранд, Мирзобек ба хизматчизанҳои ошхона ҷугигӣ менамуд:
         ‒ Ҳамин табақу косаро ҳам як обгардон карда диҳед. Дастҳои шумо бахосият-дия, ошаш бомаза мешавад.
         Л:
         ‒Мумкин як бонкаро дар ҳамин ҷо шӯям. Мабодо ноӯҳдабароӣ карда шикаста монам, тавонашро медиҳед!
         Гоҳо дар ин хел вақтҳо Мирзобек ҳатто шӯхиомез мегуфт:
         ‒Зарфҳоятонро биёред, ман ба қатори як-ду косаи худамон онҳоро ҳам мешӯям. Ба корҳои ман шумо баҳо диҳед. Агар ҳамааш табъи дилатон шавад, маро ба кор мегиред.
         Синну соли Мирзобек, ки аз онҳо калон буд ва ҳамеша бо ширинзабонӣ ба мағзи пӯсту гӯшти онҳо даромада мегирифт, онҳо зарфҳоро шуставу пок карда, ба палата оварда медоданд. Ӯ дар ин хел вақтҳо аз зарфшӯйӣ наметарсид.
         ‒ Хайр, ҷаноби командир, агар шумо нахоҳед, не-дия, ‒ норозиёна ғурунгос зад Довар. ‒ Ба табъи шарифатон дар палата наҳорӣ кардан маъқул бошад, мо ҳам тарафдор. Вале диктатории аз ҳад зиёд ҳам, аз рӯйи инсоф не. Шумо командир, ин кас, ‒ ба сӯйи Мирзобек ишора кард, ‒ ҷонишини командир бошанд, як мани бечора аскари қаторӣ, фақат зӯратон ба ман мерасад… Дар ҷойи кор касе назару писанд накунад, ин ҷо пеш‒пеши пойи шумо бошам, ин чӣ гап-а?
         Гапу шикояти Доварро касе то охир нашунид. Ҳамеша ҳамин хел: роҳбарон ба дарду азоби мардуми қаторӣ парвое надоранд. Онҳо доимо дар ғами кисаву ишками худ банд мебошанд.
         ‒ Набошад чӣ мехӯрем? ‒ пурсид Мирзобек аз Иқболшоҳ.
         ‒ Нимта мурғбирёни дирӯза ҳаст. Аввал онро мехӯрем. Баъд мева. Аҳамияти мева ба организми одам калон. Таркиби онҳо пури моддаву витаминҳо. Мо хӯрем, организм аз даруни онҳо чизҳои даркориашро худаш ёфта мегирад.
         ‒ Э безор шудем-ку, командир. Пагоҳӣ мева, пешинӣ мева, бегоҳӣ мева! Инсоф гуфтанӣ гап ҳаст дар ин дунё?! Гоҳ‒гоҳ пева ҳам шавад! ‒ худро ба ҷиннигӣ зада, мақсадашро баён кард Мирзобек.
         ‒ Пева намешавад. Ин ҷо певахона не, беморхона. Табобат гирифтан даркор.
         ‒ Хуб, хуб, командир. Аз ин гапи шумо чунин хулоса баровардан мумкин, ки одам агар ба мурдахона равад, мурданаш даркор будааст-а? Ана ҳамин хел ин раҳбарон!‒ҳасратомез бо овози паст ба Довар гуфт Мирзобек. ‒ Сар набардошта, ба каллаатон зада миёнатонро мешикананд.
         ‒ Ҷим! Сафсаттаҳо бас карда шавад!
         Бо ҳазлу шӯхӣ нонушта табъи дил гузашт.

                            *                           *                           *
         Ин пагоҳӣ Маҳбубаойти дер мекард.        
         ‒ Мебахшетон, ташвиш надодам? ‒ гӯён фаррошзани фарбеҳи сурхинарӯ, ки доимо аз сардораш гап мешунавид, танҳо ба палата даромада омад. Маҳбубаойтӣ магар бо ӯ чап аст, ки доимо ин зани бечораи дилсафедро сарзаниш мекунад. Худаш, ки сурхинарӯст, аз сарзанишҳои ӯ зери бори хиҷолат монда, боз ҳам ҷигарирангтар мегардад. Бечора, боз мабодо ин пагоҳ ҳам гап нашунавад, ҳама ҷоро ‒ чангу гарди токча, рӯйи ҷевончаҳо, телевизор ва дару тирезаҳоро боз як бор пок кард.
         Ин гуна корҳои дубовару себораи ӯро дида, Довар пурсид:
         ‒ Ба шумо дилам месӯзад. Аз пагоҳ то бегоҳ дам нагирифта кору ҷунбуҷӯл мекунеду боз аз шефатон гап мешунавед.
         ‒ Ҳа, ба он кас ҳам осон не,  ‒ Маҳбубаойтиро дар назар дошта гуфт ӯ. ‒ Маҳбубаойтиро ҳам духтурон ҷанг мекунанд.
         ‒ Духтурон кӣ?
         ‒ Сардухтур!
         ‒ Набошад кайф‒кайфи сардухтур будааст-дия. Вайро ҳеҷ кас ҷанг намекунаду ӯ ҳамаро ҷанг карда мегардад.
         ‒ Гӯра! Ба сардухтурамон ҳам душвор. Он кас ба маҷлисҳои калон раванд, дар байни халқи арасот антена барин рост монда, роҳбарҳои болоӣ пӯстакашонро меафшонанд. Роҳбаронро боз роҳбарони дигар.
         ‒ Агар маҷлис нашавад чӣ?
         ‒ Маҷлис набошад, калонҳо ҷанг накунанд ҳам, ба он кас раҳми одам меояд, ‒ дар лабони ақиқранги фаррошзан табассум дамид. ‒ Дар хона мумкин аз занашон гап шунаванд… Ҳа, то дунё ҳаст, кор ҳаст, то кор ҳаст, барои беҳбудии кору зиндагӣ ҷангу ҷанҷол ҳаст.
         ‒ Э файласуф шаведу равед. Партоед латтаву сатили дастатона. Ҷойи шумо ин ҷо не, ҷойи кори шумо институти фалсафаю академияи фанҳо.
         ‒Аз болои одам нахандед, ‒ аз хиҷолат боз сурхтар шуд зан. ‒ Дар дунё гӯри бе тақар‒туқур нест.

                            *                           *                           *
                  
         Кайфу фароғатеро, ки шарикон аз сӯзанхалонӣ дарёфта буданд, доду вовайлои Тамарабонуи масҳгар парронд. Худаш ҳамчун ниқоб ба рӯяш чеҳраи софдиливу покизатинатиро кашида гардад, ки аз нигоҳу рафтораш ба як зани берӯйи арбадаҷӯ шабоҳат дошт. Ҳангоми масҳу молиш аз дастонаш дида, даҳонаш бештар кор мекарданд. Ба ҳар каси шиносу ношинос дил мекафонд. Душвориҳои зиндагиву таъмини рӯзгорашро ба забон оварда, ҷоғ мезаду ҷоғ мезад… Ба Иқболшоҳ, ки баъзан ҳазлҳои хунук мекунаду ба доммонии занон усто аст, як рӯз дарди дил кардааст, ки шавҳараш бадмаст асту кору бораш фақат майнӯшӣ. Ҳамагӣ як духтарча доранд. Боз дилаш ба писардор шудан кашол аст.
         ‒ Ғам нахӯред, Тамарахон, ‒ гуфта ӯро дилбардорӣ кардааст Иқболшоҳ. ‒ Ин проблемаи глобалӣ не-ку, ёрдам мекунем.
         Ҳамон боз меҳру муҳаббати ӯ ба Иқболшоҳ баланд. Ӯро бинад, чеҳрааш офтоб барин хандон мешавад. Иқболшоҳро ҳамеша бенавбат қабул менамояд. Ба молиши бадани ӯ бештар вақт сарф мекунад. Рафту Иқболшоҳ дер монад ва л ба масҳкунӣ наравад, худаш кофта, ба палата меояд. Баъзан дар худи палата ба масҳи бадани Иқболшоҳ машғул мегардад.
         ‒ Ӯҳ мардуми доно-е! ‒ аз асли воқеа огоҳ шуда, гуфта буд Мирзобек. ‒ Қоил ман! Роҳи корбудкуниро медонед-а?...
         Беморони зиёде дар паси дари шӯъбаи масҳ ҷамъ омада буданд. Доду фарёди Тамарахон аз дари кушодаи шӯъба ба тамоми долони дарози ошёнаи дуввум паҳн мешуд.
         ‒ Вазифаат ҳамин! ‒ «ту‒ту» мегуфт марди тахминан ҳафтодсолае, ки ҳамеша дар тан лисобҳои таҳи хонапӯшии чиркиннамое дошт ва бо он хел либос дар долону саҳни беморхона гаштани ӯ ба назар бад менамуд. Вай бо занаш дар ин ҷо табобат мегирифт. ‒ Ман луччак шуданам даркору ту вазифаатро иҷро карданат. Дар дигар курорту истироҳатгоҳҳо ҳамин хел.
         ‒ Номаъқул кардед шумо! ‒ суст наомада гулӯ медарронд Тамарахон. ‒ Шумо дар пеши занатон луччак шуданатон даркор, дар пеши ман не. Мӯйсафеди каппа‒калон шуда истода шарму айба намедонед-а?! О як поятон ба лаби гӯр рафта расидаасту ин чӣ қилиқи хунук?!
         Сабаби ҷанҷол ба шарикон низ аён шуд. Ҳангоми дастшӯии Тамарахон, ки дастшӯяк дар паси парда аст, мӯйсафед сих луч шуда, болои кати масҳкунӣ дароз кашидааст. Тамарахон даст пок карда омада, ин аҳволро мебинаду чашмашро пӯшида, даҳонашро мекушояд.
         Ҷанҷоли онҳо ба авҷи аълояш мерасид, ки занаш омада, мӯйсафедро ба сӯйи палата кашола кард.
         ‒ Дигар набиёед, ман шуморо умуман қабул намекунам, ‒ аз пасаш дод мезад Тамарахон. ‒ Э мӯйсафеди гӯрсӯхта, беимон…
         ‒ Ором шавед, ҷони ширин, дигар намеояд, ‒ ӯро ором карданӣ шуда, даст ба китфи Тамарахон гузашт Иқболшоҳ.
         ‒ Асабӣ нашавед, Тамараҷон, худи вай мӯйсафед ин хел, ‒ гӯён Мирзобек дар пайравии Иқболшоҳ ангушт ба чакка бурда тоб дод.
‒ Садқаи сарам гуфта, ба дилатон нагиред, ҷони ширин. Ин мӯйсафеди имонсӯхта кирои дил хун карда, гап задан намекунад. Короче, ҷони ширин, мурда кирои гиря кардан не, ‒ мӯйҳои ба пешони фаромадаи Тамарахонро ба тартиб оварда гуфт Иқболшоҳ.
         Баъди ин хел ҷанҷолу хархаша ягон нафар аз беморони навбатпой ҷуръати ба қабули Тамарахон даромадан накарданд. Иқболшоҳ боз ба гӯшаш чиҳо гуфт, ҳеҷ кас нафаҳмид. Баъд навозишомез даст ба китфонаш гузошта, ба дарун даровард ва дарро пӯшид.
         Ҳама оҳи сабуке кашиданд.

                            *                           *                           *
        
         ‒ Алӯ! Ҷаноб, ба шумо занг мезананд! Агар вақтатон бошад, гӯшакро гиред. Мешунавед? Ба шумо занг мезананд, ҷаноб! Хайр, гӯшакро нагиред ҳам, зарар надорад. Даркор бошед, боз баъдтар занг мезананд… Алӯ! Ҷаноб, ба шумо занг мезананд… ‒ телефони Мирзобек ба доду фарёд даромад.
         ‒ Ана, ман боз ба кадоме даркор шуда мондам. Аз ин мебарояд, ки ман одами каму андак не, ‒ гӯён Мирзобек сарпӯши телефонашро боло бардошта, тугмачаашро пахш кард ва худи телефонро ба паси гӯшаш наздик бурд. ‒ Да! ‒ ва аз он тараф чизе шунид, ки лабонаш инҷ гаштанд. ‒ О ман шуморо нашиносам, дар ин дунёи калон дигар киро мешиносам?! ‒ О шумо такягоҳи пуриқтидорамон бошед, қуввати диламон бошед, соябони сарамон бошед, пушту паноҳамон бошед, хулоса муллопоччои азизу мӯътабарамон бошед, мо нашиносем, кӯр намешавем?! Албатта, муллопопччо, албатта. Дар ёдам! Нақши болои санг барин ин хел гапҳоро фаромӯш кардан ҳеҷ мумкин нест. Ҳа, ҳа, дар ёдам. Э шумо, муллопоччо, чиҳо гуфта истодаед?! Ҳамон корро буд накунаду рӯзаша бинад. Онаи зораша аз Учқӯрғон нишон медиҳам-а? О, муллопоччо, шумо маро мешиносед-ку! Гапи ман якто… Ҳа-а, дӯстиву ошноии мо якрӯзаву дурӯза не, умрбод. Ҳозир ман дар беморхона. Ҳамин, ки баромадам, аввал ба ҳалли масъалаи шумо машғул мешавам. Шумо хотирҷамъ бошед. Ман ҳастам-ку?! Гапи ман ҳоло гап, муллопопччо! А? ‒ ва ӯ ба Иқболшоҳ рӯ оварда, оҳиста пурсид, ки «чӣ фармоям?» Командир ба ишораи даст фаҳмонд: ҳеҷ чиз даркор не. Мирзобек боз гӯшаки телефонро ба гӯшаш наздик бурда, илова кард. ‒ Хизмат мегӯед? Одама шарм медоронед‒а?! Хизмат аз мо. Аз ин ҷо бароям, худам шуморо бо оби ангур зиёфат карда, ба хуми шароб табдил медиҳам. Даруни хум моҳибирён ҳам мепартоем, ки бозӣ карда гардад. Аз камустухони зӯраш. Ҳа… Не, агар хизмат неву ёрдам кардан хоҳед, муллопоччо, ба ин ҷо оед, як гала оби минералӣ, колаю фанта, шарбатҳои себу зардолую шафтолу бо қуттиҳояш, консерваҳои гуногун ҳаст. Ҳа, одамон ба дидан овардаанд. Кадом яктаашро мехӯред? Ҳамонҳоро бурда дар магазинатон мефурӯшед. Ёрдаматон ҳамин, муллопоччо. Баъд пулашро бемалол бо ҷиянҳо сарф мекунед. Э раҳмат. Ӯҳ мардуми доно-е! Даррав мефаҳмед-а? Қоил ман! Хайр, саломат бошед. Телефон карда истед, ‒ гӯён Мирзобек сарпӯши телефонашро шараққосзанон пӯшид ва ҳақорати обдоре дод.
         ‒ Кӣ? – пурсид Иқболшоҳ.
         ‒ Як таргаши фиребгари аферист. Кораш афтидагӣ. Бегоҳ не, пагоҳ пагоҳӣ барои дидан меояд. Акнун ба вай Худо ақлу тамиз диҳаду аз худаш дониста вино–пино биёрад! Лекин моҳибирёнаш аниқ, ‒  мамнун хандид Мирзобек.
         ‒ Шумо одам намешавед! – то ҳол, ки барои нанӯшидан ва эҳтиёт кардани саломатиаш дурудароз ба гӯшаш ваъз мехонд, якбора ҳукм баровард Иқболшоҳ.
         ‒ Дуруст, рафиқ командир. Аз тамоми одамҳои баду бало, ҳатто ҳамон алавмонҳои дӯзах  пурсед, ки ту одам ҳастӣ, ҳатман ҷавоб медиҳад: «одам!». Ман ҳам аз ҳамон қатор ‒ ҳамранги ҷамоат!

                                      *                           *                           *
         ‒ Қаҳва нӯшед, Доварака.
         ‒ Не, раҳмат.
         Командир, ки пештар аз қаҳванӯшии пинҳонии ӯ хабардор будааст, илова кард:
‒ Хайр, як маротиба пештар нӯшидед, боз як бор хӯред, ҳеҷ гап не.
Замин накафид, ки Довар дарояд.

                            *                           *                 *

Мирзобек ба куҷое ғайб зада буд. Довар дар кати хоб дароз кашида, китоб мехонд.  Иқболшоҳ дар даҳлез ҷунбуҷӯл дошт. Аз рӯйи одат вай ҳама ҷаро ба тартиб меовард.
         ‒ Доварака, марҳамат, ба сари дастархон! ‒ гӯён Иқболшоҳ ӯро ба хӯрокхӯрӣ даъват кард.
         ‒ Ба ҷону дил, вале камтар тоқат кунем, Мирзоакем ҳам оянд, – гуфт дар ҷавоб Довар, – якҷоя мехӯрем. Лаззати таом дар бисёрии хӯрандагон аст.
         ‒ Ин Мирзоакем боз ба куҷо гум шуданд-а?! Э шӯйи ин кас бисёр. Ҳозир аз таги замин бошанд, ки ёфта мегирем, ‒ гӯён Иқболшоҳ телефонро ба даст гирифт ва занг зад.
         Мирзобек зуд пайдо шуд. Вақте ки Довар ба даҳлез баромад, табақи калони пурманту ба рӯйи дастархон ҳусн мебахшид. Иқболшоҳ нонҳои бурида ва хӯришҳои тайёркардаашро бо як тартиби зебои бозоргир ҷо ба ҷо гузошта буд. Табақчаҳои холӣ барои мантухӯрӣ дар се ҷо меистоданд. Дар ду тарафи онҳо чангаку чумча, дастпоккунҳо дар пеши ҳар кадоми онҳо, хулоса дидани ин дастархони пурнозу неъмати зебо ресторанҳои тоифаи олиро ба хотир меовард.
         ‒ Баъди хӯрдан ҳар кас қошуқу чангак ва табақчаву пиёлаҳои худро шӯяд! – фармон дод командир ва худаш чумчаро ба даст гирифт.
         Мирзобек барои хӯрдан бо чангак масаллаҳ шуд. Довар остинҳояшро барзада, панҷаҳояшро ба кор омода сохт.
         ‒ Шумо бо даст мехӯред? – пурсид командир.
         ‒ Ҳа, ‒ ҷавоб дод Довар. ‒ Баъди хӯрдан ҳеҷ чизро шустан даркор не. Панҷаҳои дастамро нағзакак лесам, шуд.
         ‒ Ӯҳ мардуми доно‒е! – хандон мад кашид Мирзобек. – Ман чангакро гирифтам, ки шустанам аз қошуқ осонтар аст, шумо аз ман ҳам гузарондед, э қоил!
         ‒ Ҳуҷум! – ба сӯйи табақ нигариста фармон дод командир. – Барои манн, аз ҳама муҳимаш, саломати дӯстон!
        
                                               *                           *                           *

         ‒ Мирзоака, шуморо ба тамошои либосҳои мӯди занҳо хабар накарданд? ‒ аз берун даромада пурсид Иқболшоҳ ва ҷавоби ӯро мунтазир нашуда, ба Довар рӯ овард. ‒Шуморо чӣ, Доварака?
         Ҳар ду саволомез ба даҳони Иқболшоҳ чашм дӯхтанд.
         ‒ Дар палатаи 8-ум намоиши мӯд рафта истодааст. Дарашон, ки кушода аст, айнан намоиши мӯдҳо барин интихоби куртаву пешдоман ва либоспӯшии занҳоро бемалол тамошо кардан мумкин-е!
         ‒ Шумо шудеду занҳо, ‒ даст афшонд Мирзобек.
         ‒ Ҷим! ‒ ангушти ишоратиашро боло бардошт Иқболшоҳ. ‒ Ман пеши обро бастам. Занҳои савдогар ба палатаи мо намедароянд.
         Довар боз ба гирдоби хаёлот печид: гӯр сӯзаду дег ҷӯшад будааст-дия. Дар ҳамин ҷо ҳам мардуми корчаллон ба пулёбӣ банд. Артисташ ҳар рӯз баъди пешин суратгир дар саҳни сиҳатгоҳ ҳозиру нозир. Савдои ширу қаймоқ пагоҳӣ тафсад, матою либос ‒ бегоҳӣ… Ин ҷо сиҳатгоҳ не, гӯё бозори байналхалқӣ! Вале дар ин бозор чаро рӯзномаву маҷалла ва китоб намефурӯшанд?
         Ҳамин вақт гуфтаҳои фаррошзани фарбеҳи сурхинарӯ ба ёдаш расид. Зан дарду ҳасрат кард, ки ин ҷо ҳамаи духтурону коргарон занҷир барин ба якдигар алоқаманд. Ҳамаи онҳо ё хешу наздикони сардухтур л бегонаҳое, ки ҳар моҳ «ҳаққаш»-ро медиҳанд. Ширфурӯшу савдогару суратгир ҳам истисно не. Як ӯ бекасу бепуштупаноҳ. Барои ҳамин аз чор тараф ба ӯ нӯл мезананд. Вай дандон ба дандон монда, аз ноилоҷӣ дар ин ҷо кор мекунад. Бекор монад, аҳволашон табеҳ мешавад. Шавҳараш инвалиду се фарзанди наврас дорад.
Довар инҳоро аз дил гузаронда, тасаввур кард, ки барои ҳамин ба китобфурӯш роҳ надодаанд. Аз додани «ҳаққи» сардухтур сарпечӣ карда бошад, албатта, баҳонаашон ҳам тайёр: китобу газетаҳо боиси харобии асабҳо асту ин ҷо фақат дилхушӣ кардан даркор.
        
                            *                           *                           *
         Ҳанӯз «соати оромӣ» ‒ вақти хоби нисфирӯзӣ буд. Дар тақ-тақ шуд.
         ‒ Марҳамат! ‒ гӯён Мирзобек аз ҷой хеста, дарро кушод. – Эъ, эъ, Исфандиёр, ин чӣ хел шуд-а, дӯстам?! Дастовезатон калон будааст, беибо дарро бо поятон зада, даромада омадан намегиред?! Чӣ ҳайкал барин шах шуда мондед? Дароед!
         ‒ Э одама ба хиҷолат намононед. Ин кирои дастовез гуфтан ҳам не. Болои роҳ аз рӯйи будаш як чиз - ним чиз гирифтам.
         ‒ Дасти холӣ меомадед, шуморо ягон кас зада пеш мекард-е?! ‒ гӯён Мирзобек меҳмонро ба паси миз шинанд. Дастархон кушод.
         Иқболшоҳ ҳам аз ҷойи хоб хеста, ба даҳлез баромад. Довар болои кат ҳамон дароз кашида китоб мехонд.
         ‒ Иқболака, ба дили шумо рафта, ин кас ҳам мева овардаанд. Оҳ-оҳ, ана анҷиру мана анҷир. Суқатон медароед-е!
          Чашми Иқболшоҳро хато карда, Исфандиёр ба сӯйи Мирзобек имо кард. Баклашкаи шаробро дар даруни плёнкахалтаи сиёҳ дида, Мирзобек даррав фаҳмид ва мавзӯъро дигар кард.
         ‒ Иқболака, шуморо дугонаатон кофта гашта будаанд. Як ба пешам биёянд гуфта таъйин карданд.
         ‒ Кадом дугонаам?
         ‒ Гулҷаҳон чӣ, лаборант! Ҳар пагоҳӣ ба кор омада, аввал аз ҳолу аҳволамон пурсон мешаванд--ку.       
         ‒ Ҳа, фаҳмо.
         Иқболшоҳ аз дар баромад.
         Мирзобек бо шаст пеши Довар даромад.
         ‒ Тез биёед, командир гашта наомада, як пиёлагӣ занем, ‒ ва ба «ҳа» ё «не»-и Довар нигоҳ накарда, аз дасташ дошта ба сари дастархон кашид.
         Дар курсии пешгоҳи даҳлез ҷавони зардинаи миёнақаде менишаст. Се пиёлаи калон-калон аз шароби арғувонӣ лаболаб пур буд.
         ‒ Ана ҳамин Исфандиёр, ҷӯраи ҷонии ман! Дарду доғи дилама фақат ҳамин ҷӯраам мефаҳманд. Барои ҳамин ба нияти шифо оби ангур овардаанд. Мухтасару мухтасару боз мухтасар карда гӯем, ин ҷӯраи ҷонии ман султони йигитҳо! – шаробро дида Мирзобек булбул шуда буд. Ӯ як-як пиёлаҳоро ба дасти Довару Исфандиёр дода, худаш ҳам гирифт ва ҳамаро ҳадаҳа кард. ‒ Канӣ, тез гирифтем. Командирро як бало карда, ба берун гуселондам. Агар ин кори моро дида монанд, асаба палағда мекунанд.
         Мирзобек бо гап гоҳо одамро сеҳру ҷоду мекард. Ҳоло низ чунин ҳолат рӯй дода буд ва касе чизе гуфта натавонист. Ҳар се пиёлаҳоро ҳатто «ҷанг» наандохта дам кашиданд.
         ‒ Оҳ, аз номакаш гардам, чӣ хел нағз! – даҳонашро чалаппос занонида мад кашид Мирзобек. Вай нӯшад, маҳмадоно мешуд. – Ҳамааш нағзу Иқболшоҳро командир интихоб кардему ба сарамон балоро харида гирифтем. Командир не, балои охиратзамон! Ҳар рӯз ба давидан, машқ кардан, маҷбур месозанд, ба тозагӣ риоя карданро талаб мекунанд. Вале дар умри сарашон ақаллан ба диламон рафта, як бор арақ он тараф истад, ҳатто барматуха гирифта намедиҳанд-е, ноинсоф! Майлаш, ба харида доданашон мо зор не, ақаллан монанд, ки мо худамон ёфта нӯшем. Ҳазрати Ибни Сино ҳам барои табобат нӯшиданро тавсия додаанд. Барои ҳамин аз аҳли ҷамоат таклиф афтод, ки то омадани командир боз яктоӣ занему баъд ба лаб кулӯха молида шинем. Ту дидӣ, ман надидам шавад.
         Онҳо боз пиёлаҳоро холӣ карданд. Баъди лаҳзае боз Мирзобек ҳайратомез ба сухан сар кард: ‒ Иъ-е, таъсираш паст барин-ку?! Аз афташ, обаш бисёр, ‒ ва боз пиёлаҳоро лабрез карда истода илова намуд. ‒ Хайр, тез бошед, ҳаминро ҳам гирем. Мумкин баъд таъсираш маълум шавад.
         ‒ Аз меъёр зиёд шуд, Мирзоака, ‒ илтиҷоомез рад кардани шуд Довар. – Мондагиашро руст карда монед, пагоҳ...
         ‒ Ғами пагоҳро нахӯред, Доварҷон. Гуфтам-ку, Исфандиёр ‒ хурӯси йигитҳо. Пагоҳ боз мебиёранд.
         ‒ Албатта, − тасдиқ кард Исфандиёр, ки дар ин гуна ҳолатҳо ягон одам не намегӯяд.
         Ана, дидед! Гапи ин кас якта! Ба таги пойи ин хел ҷавонмардон сар монед, кам. Канӣ, гирифтем! − гӯён ӯ зӯран пиёлаҳои пурро ба дасти Довару Исфандиёр дод.
         Боз бардоштанд.
         Мирзобек баклашкаро боло бардошт. Дар таги он каме вино боқӣ монда буд.
         Кирои руст карда мондан набудааст, инашро ҳам тақсим кунам?
         ‒ Не-е.
         ‒ Мӯл шуд.
         ‒ Хайр, ‒ гӯён Мирзобек саросемавор боқимондаи виноро аз даҳони баклашка дам кашид. –Оҳ, ана ин гапи дигар. Винои зӯр будааст!
         Дастҳо ба сӯйи дастархон дароз шуда, ҳар кас ҳар чиз мехӯрд.
         Исфандиёр ба Мирзобек рӯ овард.
         ‒ Ба акаи Иқболшоҳ дурӯғ гуфтед. Ҳозир омада боз ҷанҷол набардоранд, ‒ мисли тамоми меҳмонҳо, ки сабаби омаданашон боиси ягон нохушие нашавад, ба таҳлука афтода пурсид Исфандиёр.
         Не, шумо натарсед. Гулҷаҳон ба хонааш монда рафтааст.
         ‒ Пагоҳ пурсанд чӣ?
         ‒ Пагоҳ имрӯз не. То пагоҳ Худо подшоҳ, боз ягон гапи дурӯғ бофта мебароем.
         Барои он, ки командир нафаҳмад, бо баҳонаи меҳмонгуселкунӣ Мирзобеку Довар телефонҳоро кушта, то бегоҳ ғайб заданд.
 
                                               *                           *                           *
         Дар қадамзании бегоҳирӯзӣ Довар қафо мемонд. Пеш‒пеш Мирзобеку Иқболшоҳ сӯҳбаткунон мерафтанд. Мирзобек аз паҳлӯйи рости Иқболшоҳ қадам мезаду гарму ҷӯшон дар бораи чизе нақл мекард. Иқболшоҳ «ҳа», «ҳу» гӯён номаълум ҷойяшро иваз карда, худашро ба тарафи дасти рости Мирзобек мегирифт. Мирзобек ҳазлу шӯхӣ карда, ӯро боз ба ҷойи аввалаи худ орад, ки командир боз мавқеи худро иваз мекард.
         ‒ Э одами доно-е! ‒ ниҳоят таркид Мирзобек.
         ‒ Дар ин дунё доно шавед, нағз-дия. Доноӣ трамплин барин як гап аст, барои ба боло паридан ёрӣ мерасонад.
         ‒ Ҳа, ана мисоли равшанаш шумо командир шудед.
         Ҳарду хандиданд.
         Довар ҳамаи ин гуфтору рафтори онҳоро дидаву шунида бошад, ки ба таги гапи онҳо сарфаҳм нарафт. Ӯ аз рӯйи таҷрибаи ҳаётии худ баъзан чизеро нафаҳмад, саволе надода, ба он ҷавоб ёфтан ва аз асли воқеа огоҳ шуданро омӯхта буд. Вале дар ин маврид ҳоло оҷизӣ мекашид. Мисли просессори компутер тамоми қувва ва донишу таҷрибаашро ба кор барад, ки фойида надод.
         Ноилоҷ баъди қадамзании бегоҳирӯзӣ, вақте ки Иқболшоҳ ба шустани сару нисфи бадани худ машғул буд, оҳиста аз Мирзобек пурсид.
         ‒ Командир аз зумраи халқи доно! ‒ хандида шарҳ дод Мирзобек. ‒ Гӯши чапи он кас вазнину гӯши росташон соғ. Шумо эътибор дода бошед, гапи маъқулу фойиданок бошад, гӯши росташонро медоранду гапҳои нофораму ҷангу ҷанҷол бошад, гӯши чапашонро. Акнун фаҳмидед? Инро ба ҳеҷ кас нагӯед, ки командир хафа мешаванд.
         ‒Албатта, ман гунг, кӯр ва кар. Лекин инро ба назар мегирам.
         ‒Албатта…

                                      *                           *                           *

         Бегоҳирӯзӣ Довар боз кори кадомеро буд карда омад. Мирзобек ба рӯзномаи чорқат мусаллаҳ гашта, ба чор тарафи девори хонаи хоб чашм медавонд. Иқболшоҳ, ки болои кати худ дароз кашида буд, ба Мирзобек нишон медод:
         ‒ Ҳӯ ана, дар он ҷо? Дидед? Каме болотар…
Худи Иқболшоҳ пашшаро бад медид. Дар куҷое бинад, ҳатман мекушт ва илова мекард, ки пашша ҳашороти муқаддаси миллии мардуми Пуэрто Рико асту агар ин рафтори ӯро бинанд, беҷазо намемонанд.
         ‒ Ҳа, худаш чӣ гап? ‒ ба Мирзобек рӯ оварда пурсид Довар.
         ‒ Доварҷон, медонед л не, саломатӣ қурбонӣ мехоҳад. Хомӯшакҳои падарлаънатро кушта, қурбонӣ карда истодаем.
         ‒ Қурбонӣ, албатта, нағз аст, ‒ файласуфона гуфт Довар. ‒ Барои саломатии сари шумо барин одамони мӯътабар гову шутур куштанд, кам аст. Вале деворҳо чӣ гуноҳ доранд, ки доғдор мекунед?
         Акнун чашми Мирзобеку Иқболшоҳ ба девори яллақоссии сабзранги палата афтод, ки дар ҳар ҷо ‒ ҳар ҷо хомӯшакҳои аз зарби рӯзнома мурдаву часпида буданд, нақши хуни сурхи нӯшидаи онҳо ба чашм бад метофт.
         ‒ Ин айби ман не, Доварҷон, ман як шахси оддии фармонбардор. Ин фармони ҷаноби олии командири мӯҳтарамамон буд, ки ман иҷро мекардам.
         ‒ Муаллим, боз муаллим‒дия, ‒ чашмонашро гурезонда ба гуноҳаш иқрор шуд Иқболшоҳ.    ‒ Гапҳоятон ҳақ! Мирзоака, фармон бекор карда шавад.
         ‒ Хуб шудааст, ҷаноби командир.
         Мирзобек аз карда ҳазор пушаймон гашта, рӯзномаро болои ҷевонча партофт. Он ҳар ҷо ‒ ҳар ҷо доғҳои сурхи хун дошт.  

                                      *                           *                           *

         ‒ Сайругашти шабона аз ҳама фойиданок аст! ‒ боз рафиқонашро ба сайругашт ташвиқ кард Иқболшоҳ. ‒ Ҳаво тоза, роҳрави салқину зебо, шаби сокиту ором, ситораҳои осмон моро интизор. Ҳамаи инҳо барои хоби ширини шабона доруи беназир аст.
         Мирзобеку Довар, ки одатан дар ин вақти шаб ғелида хобидан ё телевизорбиниро меписандиданд, бо гардани хор‒хорон аз палата баромаданд.
         Ҳангоми сайру гашт Иқболшоҳ, ки бештар гап заданро дӯст медошт, Довар аз дил гузаронд: Худоё, ҳама ба касалии ҷоғзанӣ гирифторанд, чӣ бало? Фараз кардем, роҳбарону мансабдорон, аз рӯйи тақозои вазифа гап зананд, ба дигарон чӣ? Ҳама гапзанӣ, дилхоликунӣ, маслиҳатдиҳӣ, таълимдиҳиро дӯст медоранд. Аз афт, бо ин роҳ заҳру зардоби дилашонро ба сари дигарон пошида, худ сабук мешаванд? Иқболшоҳ ҳам ҳамин хел. Командир гӯл ҳуқуқи бебаркаш дорад, ки бенавбат гап занад. Дар таълимгоҳҳои махсус фанни санъати наттоқӣ вуҷуд дорад. Ин, албатта, чизи даркорӣ аст. Оё дар ягон гӯшаи дунё омӯзиши санъати сомеӣ бошад?
         Ҷоғи командир тафсида буд. Вай Мирзобекро сарзаниш карда, ҳаёти худро намунаи ибрат нишон медод. Аниқтараш, варзиши пагоҳирӯзии худро ба гӯши ӯ қурғошим барин мерехт.
         ‒ Ман, Мирзоака, расо соати 5‒у 15 дақиқа аз хоб бедор мешавам. Зимистону тобистон аҳвол ҳамин. Соат занг занад, занг назанад, ки дар ҳамин вақт ман аллакай бедор. Аввал дасту рӯ шуста, дарвозаро калон мекушоям. Ризқу рӯзӣ ба хонадон дарояд. Баъд ду сатил обро бароварда, як сатилашро дар роҳи кӯча мепошам. Об ‒ рӯшноӣ. Вақти баромадан роҳам равшан шавад. Сатили дуввуми обро дар паси дарвозахона мемонам. Баъд либосҳои варзиширо пӯшида, ба сӯйи мактаб метозам. Мактаб варзишгоҳи калон дорад. Гирд‒гирди майдони калон ба ҳисоби миёна 5‒6 маротиба медавам. Рӯзи корӣ камтар медаваму рӯзҳои дамгирӣ ‒ бисёртар. Шогирдҳо ва боз дигар рафиқон ҳам расида меоянд. Ҳамроҳи онҳо боз метозам. Рӯзҳои тобистон баъди аз обу арақ тар шудани баданам, рӯзҳои зимистон то тар нашудан метозам. Ҷамъ 17‒18 давра мешавад. Ин тахминан 5‒6 километр аст. Аз он ҷо ба хона меоям. Як сатил оби таги дарро ба даромадгоҳу дарвозахона мезанам. Боз 6 сатил об бароварда, ба беруни дарвозахона мепошам. Ба болои плитаи газ об мемонам. То гарм шудани об бо гантел 4‒5 хел машқро ба ҷо меорам. Ресмони ҷаҳиданро ба даст гирифта, онро аз болои сарам давр гардонда, 125‒130 маротиба аз болояш меҷаҳам. Баъд назди турник меоям. 8‒10 маротиба худро кашида, манаҳамро ба дастаи он мерасонам. Дар турник бо даст хуб овезон шуда меистам. Ин барои ёзидани сутунмӯҳра ёрӣ мерасонад. Сонӣ, кроссовкаро кашида, ба пешайвон медароям. Он ҷо тӯби калони сахт дорам. Болои он бо пушт, паҳлӯ ва ишкам хобида, онро меғелонам. Аз он ҷо ба ҳаммом медароям. Дар буғхонаи ҳаммом пуштноки хобида, пойҳоямро ба давораш такя медиҳам. Ин амал гардиши хуни пайҳоро беҳ мегардонад. Сонӣ, душ қабул мекунам. Баъди ин қадар тохтану машқ об чунон ба бадани одам мефорад, ки, Мирзоака, мондан гиред. Аз он ҷо бо қувваи тоза ва рӯҳи болида мебароям. Ҳамаи ин давидану машқҳо расо як соат вақти маро мегирад. Вале тамоми рӯз ба ман қувваю илҳом мебахшад. Шумо ҳам ҳамин хел кунед.
         ‒ Албатта, ‒ бо дили нохоҳам ваъда дод Мирзобек. ‒ Ҳамаи инҳоро дар даруни ҷойгаҳ аз дил гузаронад ҳам, фойида мебахшид!.

         ‒ Фақат фойидааш ба нафъи шумо намешавад… 
Давом дорад...

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА