«ҚАДР» (Ҳикоя)
Шамоли тирамоҳ баргҳои дарахтонро ҳар с ӯ парешон мекард. Тамоми мардуми деҳа машғули хазонрӯбӣ буданд. Онҳо баргҳоро ба зимистонгузаронии чорвояшон захира мекарданд. Тирамоҳ нисф шуда буд ва ҳавои сард аз барвақт омадани фасли зимистон мужда медод. Кӯчаву тангкӯчаҳо, боғу ҷӯйҳо пур аз хазон буд. Баргҳои охирини дарахтон барои дур нашудан аз асли худ, бо шамоли бераҳми тирамоҳӣ дар талош буданд, аммо бод аз ҳар сӯ ҳамла оварда, мағлубашон мекард... Аҳли хонаводаи Музаффар ҳам, барои ҷамъ намудани хазон баромада буданд. Зани Музаффар – Рухсора ҳамроҳи ду духтарчааш баргҳои ғундоштаашонро , ки боз шамол парешон карда буд, ҷамъ карда мебардоштанд. Духтарчаҳо чун мӯрчаякони донакаш ба модарашон ёрӣ мерасонданд. Онҳо баргҳоро ба ҷуволи калон андохта, ба коҳдон мекашонданд. Дар хона модари Музаффар - момои Саломат танҳо менишаст. ӯ аз тиреза берунро, ки фақат осмон намудор буд, тамошо мекард. Пиразан, ки зоҳиран зани ҳаштодсоларо мемонд, дар асл ба ҳафтод нарасида буд. Пасту баланди з...