Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "Сукрот"

АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША

СЕ ЭЛАКИ СУҚРОТ Нафаре назди Суқрот омаду гуфт: -  Оё  медонӣ, ки фалон дӯстат дар бораи ту чӣ мегӯяд?   - Хомӯш бош! - нидо кард Суқрот, - он чиро ки мехоҳӣ ба ман расонӣ, аввал аз се элак гузарону сипас гӯй. - Се элак? – ҳайрон шуда  пурсид  мухотаб.   - Бале! Пеш аз он ки мехоҳӣ чизе бигӯӣ, онро ибтидо аз элаки ростӣ гузарон. Оё ба ҳақиқат будани хабарат  мӯътақид ҳастӣ?   - Не… Аммо аз як манбаи ҷиддӣ шунидам… - Хеле хуб! Аз ин бармеояд, ки намедонӣ хабарат рост аст ё дурӯғ. Онро дар элаки дуюм - элаки  накӯӣ бибез. Оё дар бораи дӯсти  ман  чизи  мусбат мегӯйӣ?    - Баръакс...   - Аҷиб! Пас мехоҳӣ  дар бораи дӯсти ман чизи баде гӯйӣ, ки рост ё дурӯғ буданашро  намедонӣ. Элаки сеюм - элаки зарурат аст.  Мутмаинӣ, ки он гуфтаро бояд ман донам?   - На, зарур намедонам… - Он чи ки ту мехоҳӣ ба ман гӯӣ, - гуфт Суқроти ҳаким,  - на рост аст,  на нек ва на зарур. Пас чӣ...