НАСР

Хосият КАСТ

МУСИЧА
(Ҳикояи воқеӣ)
 -Витя, Витяҷон, писарҷонам! Витяҷонро ба ман диҳед,-дар як ҳолати бехудӣ модар зӯр зада фарёд мекард, аммо аз ҳалқаш садоҳои канда-кандаи нофаҳмо бурун меомад.
Дар атрофаш одамон лолу гунг меафтоданд. Ӯ ҷониби онҳо даст дароз карда мегуфт:
-Фарзандҷонам, Витяҷон…
Зан дар ҳолати назъи ҷон буд, балки бо чашми худ рафтани ҷонашро медид ва эҳсос мекард, ки кораш анҷом ёфта. Фарзандон ва шавҳараш ба тадриҷ бо оҳанги тапидани дил аз ӯ дур мешаванд, фикрҳо ба пораи садо табдил ёфта, нафас канда мешуд.
Дар як он гӯё тамоми ҳаёташ чун барқ дурахшиду дурахшиду хомӯш шуд.
Оҳ, модар, модари дилсӯзи ман! Чашмони калон-калони нилуфарияш ҳамеша нигарону пур аз ҳаросанд.
-Соняҷон, духтаракам, - назди кати хоҳарак Нитаба истода такрор ба такрор мегуфт модар.
Духтарак ҳоло вазнин-вазнин нафас мекашид… Ҳамсоязан гуфт, ки ҷисмаш хеле хаста, гумон аст, ки зинда монад… Боз ҳақиқатро Худо донад. Бояд дуо хонд. Маҳз Худо ҳама чизро мешунавад, аз ҳама гапи олам бохабар аст, калиди мушкилкушо низ ба дасти ӯст.
Рӯзи офтобист. Ҳаёҳуи хоҳарон ба гӯш мерасад. Готлиб- бародари калонӣ болои ғарами ҳезум нишаста дам мегирад. Хаста шудааст. Падар дирӯз ҳезуми хушк оварда буд, акнун ҳамаи онро арра кардану бо табар шикастан зарур. Духтаракон ҳам хеле ёрӣ дода, хаста шуданд, акнун бигзор бозӣ кунанд.
Шом ҳам фаро мерасад. Ҳамин ҳоло падар аз кор бармегардад. Модар бо хотири парешон аз тиреза ба берун менигарад: наход боз маст ояд? Худо зад гӯй, боз дашному ҳақорат, дуруштӣ ва занозанӣ бо модари бачаҳо шурӯъ мешавад. Готлиб дар ёд дорад он айёмеро, ки падараш як инсони ҳалиму меҳрубон буд.
Он замон бегоҳӣ галаи гову бузу гӯсфанд аз чарогоҳ бармегашт. Модагови онҳо-Пчёлка (занбӯри асалак ном дошт), худаш ба ҳавлӣ даромада, маосзанон модари моро ҷеғ мезад, ки омада ширашро бидӯшад.
Дар хона серию пурӣ ҳукмфармо буд, накҳати шири навдӯшида ва бӯи нони гарм бачаҳоро маст мекард. Писари калон Гоглиг рӯзи якшанберо дӯст медошт, ҳамон рӯз падару модар либосҳои озодаи худро ба бар мекарданд, як саргираки нақшин ва пироҳани гулкабудро мепӯшид. Баъд ҳарсе ҷониби кирха - ибодатгоҳ мерафтанд. Баъди ибодат то нимрӯзӣ сайру гашт карда меомаданд ва модар чалпакҳои ширин бо номи куха мепухт ва ҳам як ғизои дигар бо номи «крафтум кроуле» аз картошкаи кӯфта, гӯшт омода мекард.
Аҷдодони онҳо дар деҳоти назди Дарёи Волга аз давраҳои Екатерина будубош доштанд. Забони модариашон-немисӣ ва русиро медонистанд, урфу одати миллии худро ҳифз мекарданд, бо ҳамсояҳо хархаша надоштанд ва аз рӯи виҷдон заҳмат мекашиданд. Камбағал ҳам набуданд.
Готлиб дар ёд дорад, ки рӯзе мужикҳои бегона омада ҷор заданд, ки акнун ҳокимият нав шуд ва кулакҳоро фош мекунад. Ҷавон чӣ будани ин гапро сарфаҳм нарафта бошад ҳам, дилаш таҳ кашид.
Бесабаб ҳам не, ҳукумати нав ба сари одамон ғаму ситам, азобу шиканҷа ва гуруснагиву бесарусомонӣ овард.
Илоҷ набуд. Мардум молу амволи ночизи худро ба аробаҳо бор карда, ҷониби кишварҳои гарм равон шуданд. Раҳ дуру пурхатар буд, роҳзанҳо зуд-зуд шабехун мезаданд. Оқибати корро касе намедонист.
Модари бемор рӯи ароба мехуфт, ночор, тамоми имтиҳони сангини рӯзгорро, ки мастиву пастии шавҳараш як рукни он буд, паси сар карда, рӯ ҷониби машриқ мениҳод.
Қариби говгум буд, ки корвони аробаҳо барои шабгузаронӣ дар манзил ист кард. Готлиб зуд аз паи ҷамъоварии чӯбу чахси хушк шуд, то ки гулхан афрӯзад. Катя ва Зоя аз паи хӯроки шом шуданд. Модар ҳамоно хуфта менолид, вазнин-вазнин нафас мегирифт, лабонаш кабуд мешуданд.
-Модар, ин ҷо дам мегирем, тоқат кунед.
-Катя, Зоя, Готлиб, Соня… шумо дар куҷоед?-пурсон мешуд ӯ.
-Мо ин ҷо, паҳлӯи шумоем, ташвиш накашед, модар…
-Ана, духтарам, ту аз ҳама калонӣ, агар ба ман ҳодисае рух диҳад, ту ёвари онҳо бош… Тифлонро эҳтиёт кун, бачекам…
Модар қадре дам гирифта, боз фарзандонашро даъват мекард.
Ба ғайр аз Анна, ки назди гулхан монда буд, дигарон сари болини модар ҷамъ шуданд. Модар ҳар якеро бо диққат аз назар гузаронду бо овози паст гуфт:
-Байни ҳам ҷангу хархаша накунед. Готлиб, ту ба ҷои калонӣ, барои тақдири ҳар яки инҳо масъулӣ. Ба падарат ёрӣ деҳ. Ӯро сарзаниш накунед, бечораву беҳол аст. Духтарҳояш танҳо намонанд. Соняҷонро эҳтиёт кунед, мудом якҷоя бошед.
-Модар! Модарҷон-гӯён Соняҷон ба гиря даромад.
Ҳамон бегоҳ модар аз ин дунёи фонӣ ба он дунё рафт. Падар худро боз ба сияҳмастӣ зад. Як пагоҳӣ фарзандон аз кат хеста падарро наёфтанд, куҷо рафту чиҳо кард, барояшон якумр сире гашт ниҳонӣ.
***
Он вақтҳо ба Қазоқистон гурезаҳои бисёр меомаданд; ҳарчанд касе онҳоро интизор набуд ва шароит ҳам басо сангин буд. Оилаи мо бо ҳазору як мушкилот мезист. Духтарҳо хизматгор шуда рӯз мегузаронданд.
Вақт ҳам шитобон мегузашт. Аняву Соняҷон ба модар монанд шудан доштанд. Хусусан Соня, ки бо қади начандон баланд, аммо химчамиён, чашмонаш кабуди осмонранг буд. Катяву Зоя шабеҳи падаранд: қоматбаланд, сияҳҷурдаи ботанутӯш, бо як банд мӯйҳои марғуладори гирди сарҳо тоб хӯрда дили ҷавонмардонро мерабуданд.
Готлиб аз ҳама пеш хонадор шуд. Пас аз вай Аня ва Катя низ ба шавҳар баромаданд.
Зоя бисёр мехост ҳамшираи шафқат шавад. Вай соли 1930 дар курсҳои махсус, дар Фарғона донишомӯз шуд. Ва ҳамон сол ба як ҷавони барнову зебои мусалмон ошиқ шуду пинҳонӣ ҳамсараш гашт. Дилаш аз шодиву фараҳ дар сандуқи сина намеғунҷид, «Ман хушбахтам!»-гӯён нидо мебаровард. Ҳамон бегоҳ Катя наздаш омаду ба ҳайрат афтод:-чи зебо шудаӣ. Атрофат ҳама атрогин!
Зоя мехост тамоми қиссаро ба апаш баён кунад, аммо ҷуръат намекард, зеро сахтгир будани ӯро медонист.
-Зоя,-бемуқаддима сухан оғоз кард Катя,-хона хостгорҳо омаданд. Ман розигӣ додам, ба фикрам, ту ҳам бояд розӣ шавӣ. Зиндагӣ мушкилоти зиёд дорад, он одам пушту паноҳат мешавад. Ҳадяҳоро низ алакай қабул кардам.
Дунё ба назари Зоя чаппагардон шуд: «Ин чӣ худсарӣ?! Чӣ тавр Катя бепурсиш тақдири маро ҳал мекардааст? Ман бе Холмат зиста наметавонам!»-гӯён ғарқи баҳри андеша гардид ӯ. Зоя, ки худ як духтари бовиқор буд, қатъиян ин гапҳоро рад карду ҷониби дилдор шитофт.
Ӯро дар хона ёфтан замон қиссаро гуфт ва маросими ақди никоҳи ҳарду пинҳонӣ сурат гирифт. Ҳамин тариқ, Зоя ва Холмат зану шавҳари қонунӣ шуданд.
Он марди солхӯрдаи зангирро тарбуз аз бағал афтод, аммо миёни хоҳарон ранҷише ба амал омад. Падару модари домод ҳам аз интихоби келин шод набуданд, вале чораи ислоҳ надоштанд.
Замони ташкили давлати шӯроҳо падари Холмат бо аҳли оилааш ба Афғонистон рафтанд, аммо Холмату занаш дар Шӯравӣ монданд. Мутаассифона, риштаи алоқа бо падару модар канда шуд.
Ниҳоят ба ноҳияи Панҷ кӯчида омаданд, Холмат сартароширо пеша кард. Занаш ҳомила буд. Соли 1932 духтарчае дар хонадонашон ба дунё омад. Ӯро Роза ном карданд.
«Кӯдаки хушбӯяки ман» - гӯён модар бо шодиву сурур ба гӯши фарзандаш шабу рӯз мисли мусича қум-қум лолоӣ мехонд.
Барои ҳамин Холмат ӯро Мусича меномид.
Соли 1936 Эорик таваллуд шуд. Зоя аз фараҳ дар курта намеғунҷид.
Соли 1937-соли наҳс, соли бадбахтиҳо ва ашкрезиҳо фурӯ рехт бар сари мардуми шӯравӣ. Холматро мутобиқи моддаи 58 барои доштани хешу табори наздик дар хориҷи кишвар ва ниҳон доштани ин асрор ба ҳабс гирифтанд.
Рӯзҳои сарду пуртаҳлукаи танҳоӣ барои Зоя пеш омад. Пас аз кори сангини рӯзона шабҳо хобаш намебурд. Ҳатто гоҳ-гоҳе аз фарёди ҷонкоҳи худаш бедор мешуд.
-Холмат, Холмат,-садо мекард азизашро дар хоб ва манзараҳои пурваҳшат медид: гӯё шавҳараш дар ҷангалистони пурбарф  асту ӯро азоб медиҳанд, лату кӯб мекунанду садо медиҳанд: «Занед, кӯбед ӯро!».
«Худоё, дар кишваре, ки якбора ӯро аз шаҳрвандии мамлакати Бузурги Шӯроҳо маҳрум карда, душмани халқ гуфтанд, акнун фарзандонашро низ бадному сияҳрӯз карданияд, чӣ бояд кунад? На кор монд, на пул, на фардои рушане!».
Ӯ бим дошт аз он ки имшаб ё фардо ӯро низ омада мебаранд. Хушбахтона ин кор нашуд. Ноилоҷ хонаи дар Панҷ бударо фурӯхт ва ба Қӯрғонтеппа кӯчид. Манзилеро иҷора гирифт ва дар дил гуфт:
«Кор бояд кард, ҷои шиква нест, бачаҳоро бояд ба камол расонд. Холмат, умраш дароз бод, ҳатман бармегардаду аз нишоти фарзанд меболад». Ва ба шавҳараш менавишт:
«-Ин Роза»-и мо ба ту чӣ қадар монанд. Чашмонаш чашмони худат барин. «Дадам канӣ?»- гӯён мепурсад. Чӣ гуфтанамро намедонам. Худоё, ман ин ҷигаргӯшаҳоро чӣ гуна аз чашми бад нигаҳ дорам? Аз забони заҳрноки одамон ҳам метарсам. Жорик ҳам роҳравон шуд. Дирӯз ба хонаи ҳамсоя даромадааст. Ба ӯ як нон ҳадя кардаанд ин одамони нек. «-Ман донаму Худо, Худо донаду ман…»
Мактубҳо чу кафтарҳои аз лона ҷудо мерафтанд, вале барнамегаштанд… Танҳо сукути ҷонкоҳ ҷавоби номаҳои ҷонгудози ӯ буданд.
Соҳиби хона нисфи заминашро ба ӯ фурӯхт. Чи саодате! Акнун Зоя як порча замин дорад. Иншоллоҳ, аз гуруснагӣ намемурем. Обчакорӣ ҳам ҳаст, оби ҷӯйбор дар назди ҳавлӣ ҷорист.
Аммо ин хушбахтиҳо дер давом накард. Соли 1941 ҷанг сар шуд. «Акнун чӣ бояд кард?» - ин суол сахт азобаш медод, худашро гум мекард. Шабе дарашро кӯфтанд. Хилъаташро ба бар карда, сӯи дар тохт. «Наход Холмат омада бошад?-гӯён фикр кард.
Ду нафар низомӣ паси дар меистоданд.
-Либосатонро пӯшед. Ҳамроҳи мо меравед:
-Ба куҷо? Чӣ гап шуда? Бачаҳоро назди кӣ монам? Онҳо хурдсоланд ҳанӯз! Ман кай бармегардам?-гӯён саволборон мекард меҳмонони нохондаро. Ёдаш омад, ки Холматро айнан ҳамин тавр гирифта бурда буданд.
Дар торикии шаб, дар истгоҳи роҳи оҳан як мошинаи болояш пӯшидаи боркаш омада истод. Бе ягон садо аз болои он як гурӯҳ мардону занон, дар иҳотаи ҳарбиҳо фуруд омаданду пасон сӯи вагони боркашонӣ раҳсипор гаштанд. Инҳо немисҳои советӣ буданд, ки дар Ватан мардуд эълон гаштаанд. Зеро немисанд ва аҷаб не, бо немисҳо ҳамкорӣ кунанд!
Дар ин роҳи беохир андаруни вагони пур аз одам ҷои нишаст ҳам ёфтан мушкил. Бисёриҳо беморанд, барои нафасгирӣ ҳаво намерасад, як тирезаи начандон калони панҷарадор ҳасту халос.
Дар истгоҳҳо аз тиреза ба берун нигаристан манъ аст, баромадан ҳам манъ… Бо вуҷуди ин фикри Зоя бештар пойбанди тифлон аст ва ғоибона бо шавҳар аз ин боб муколама дорад:
«Ту куҷоӣ? Чаро моро монда рафтӣ? Зиндаӣ ё…? Ҷудоӣ бе тифлон басо мушкил. Моро куҷо мебаранд? Шояд пеши ту? Ҷанг, оҳ ин ҷанги лаънатӣ… Вақте дастгирам карданд, моро ба урдугоҳи коргарӣ фиристоданд ва таъкид карданд, ки тамоми немисҳо хоин ва фашистанд. Ман кӯшидам ба онҳо фаҳмонам, ки шавҳар дораму ду фарзанд. Аз ЗАКС коғаз талаб карданд. Надоштам онро. Ақди никоҳи мусулмонӣ барояшон ҳеҷ маънӣ надорад, коғази давлатӣ зарур. Холмат, ту чаро ҳамон коғазро нагирифтӣ? Хоҳаронам куҷо бошанд? Готлибро ҳам гирифта бурданд. Намедонам ба куҷо»…
Сибир… Лагери атрофаш симхор кашида. Болои дидбонгоҳ салдатҳо мусаллаҳанд. Ҷои зист-манзиле, ки пештар ин ҷо ҷинояткоронро нигоҳ медоштанд, ҳоло-немисҳоро.
Дар паси лагер тайга-анбӯҳи ҷангал, макони кори сангини дарахтбурӣ. Дасту панҷаҳо-хуншор, гӯё тамоми бадан аз азоб менолад. Шоми торик ором-ором ба лагер бармегардем, маҷоли сухан гуфтан намонда. Як оталаи беҷазза-ғизои шоми мост, мехӯрему хоб меравем ва фақат хобҳои пурваҳшат мебинем, хобҳои беморгуна. Ман худро як аспи зери бори гарон эҳсос мекунам.
Ин замину боди сардаш магар интиҳо надорад? Ба ҷуз ҳамин сардии то ба устухон газанда, вижжоси беохири арра, дашному ҳақорату таҳқири бетаваққуф… Чизе намебинӣ ин ҷо, як суоли басо муҳим ба миён меояд: Чунин ҳаёт ба кӣ  даркор? Магар ин ҳама шиканҷа поён дорад ё на».
Ногаҳон ончунон як ҳисси навмедӣ тамоми вуҷудашро фаро гирифт, ки аз буғз  лабу даҳонаш каҷ шуд. Нолид худ ба худ:
«-Худоё, ин ҳама азоб аз барои чист? Ман чӣ гуноҳ кардаам?
Модарам мудом таъкид мекард, ки худост ягона пушту паноҳи инсон. Агар чунин аст, куҷост он раҳму шафқати ту, эй парвардигор?».
Аз хастагӣ зонувонаш дуқат шуданду дар ҷояш афтод. Ёрои хестан нест. На сардиро ҳис мекард, на гармиро. «-Ба ҳамааш шукр,-нолид дубора-Худоё, Худовандо, бигир амонататро… Маҷоли зистан намонд дигар… Симои Холмату фарзандон базӯр пеши чашм меоянд… Ана, чашмони Жорик…
Ҳамсафарҳояш Фридаву Марийка безобита шуданд.
-Зоя, Зояҷон, ба ту чӣ шуд? Ҳуй, духтарҳо, ёрӣ диҳед. Зоя сармо хӯрдааст! –Дод зад Фарида.
Аммо Зоя сахтҷон будааст, ӯро каме табобат карда  ва боз ба лагер фиристоданд.
Ана, кабинети сардори лагер. Рӯи мизаш як папка-делои шахсӣ аз они Зоя.
-То оғози ҷанг ҳамшираи шафқат шуда кор мекардӣ-а?-Мепурсад сардор.
-Оре, чанд вақте.
-Омода бош. Ба маркази район, ба военкомат меравӣ.
«Ба ҷанг?-худ бахуд савол кард.-Ҳоли бачаҳо чӣ мешавад?»
Аммо дар военкомат саволе надода, коғази мӯҳрдореро ба дасташ дода, бо поезд ба кор фиристоданд.
Он ҷо низ тамоми шабонарӯз меҷунбид. Шустани ҷилди болишту таҳпӯш, гимнастеркаҳову докаҳои хунгирифтаи захмиҳо, покиза кардани вагон.
Дар ҳар лаҳза занбареро якҷо бо ҷисми ҷондодаҳо аз вагон бароварда, мебурданд; ин ҷисмҳо бехабар аз рӯзи Ғалаба буданд.
Тақдир, ба ҳар ҳисоб, ба Зоя раҳм кард, ӯ зинда монд.
Рӯзе як лейтинанти маҷрӯҳ ҷонибаш чашм дӯхт. Ҷавонзан дар назари ӯ аҷаб нозанин менамуд… Аммо вай ба ӯ эътибор надод, фикру хаёлаш пойбанди тифлон буд.
Ба андеша рафт Зоя.
«Баъди чанд рӯз ба Сталинобод мерасем. Шояд имкон бишавад, рафта бачаҳоро хабар гирам. То Қӯрғонтеппа боз 100 километр роҳ бошад ҳам, зораву лоба карда, иҷозат мегираму меравам!». Ниҳоят, чунин хулоса кард ӯ ва аз ғизоҳо қадре хлеб, қанд ва гӯшти консерв барои тифлонаш нигоҳ медошт.
-Хоҳарам, камтар об медодӣ? - хоҳиш кард аз Зоя лейтенанти захмӣ.
Об овард ва азбаски ҷароҳати афсар чандон вазнин набуд, нимхез шуда обро нӯшид ва шинос шудан хост.
-Ман Павел. Дикий Павел.
-Чаро дикий (ваҳшӣ)?
Летенант дар ҷавоб табассум кард ва гуфт:
-Ман хохол, украинам, дар деҳаи Диковка таваллуд шудаам. Ҳамаи ҳамдеҳагонам чунин насаб доранд-Дикий!
-Ман –немисам,-дар навбати худ гуфт Зоя.
-То оғози ҷанг дар Украинаи мо немисҳои зиёде мезистанд. Одамони покизатабъ, заҳматкаш-гуфт Павел ва рӯйи рост пурсид:
-Зани ман мешавӣ?
Зоя ҷавоб нагуфт.
Вале Павел шӯхӣ накарда буд ва зуд-зуд ин ниятро ба Зоя гӯшзад мекард. Бо тадриҷ ба ҳам унс гирифтанд. Бону бегоҳӣ ба вагон даромада латифаҳои ҳаҷвомези Павелро гӯш кард ва аз дил гузаронд:
«Ҷавони оқилу доно барин, бо дасту панҷа, меҳнатӣ. Ба шавҳар шудан меарзад. Муҳим он аст, ки ҳамон коғази ЗАГС-ро ба даст мегирам ва шояд он вақт иҷозати дидор бо тифлон осон шавад. Холмат чӣ? Магар ӯро метавон фаромӯш кард?»
Рӯзе қиссаи талхи рӯзгорашро ба Павел ошкоро гуфт. Ашкрезон, навҳакашон гуфт, ҳарчанд гӯё дар дидагонаш дигар ашк ҳам намонда буд.
-Ҳамин ки ба Сталинобод расидем, -иброз намуд ҷавон,-ба ЗАГС рафта, никоҳ мекунем. Ман дурӯғ намегӯям, то ҳол безану бебача будам. Ту чанд вақт ҳамчун узви оилаи афсари советӣ дар хона мемонӣ. Ҷанг, ки тамом шуд, худам туро меёбам.
Павел дар бораи шавҳари ӯ чизе напурсид. Кӣ медонад, шояд зинда бошад. Ҳоло муҳим ки онҳо ҳамсар мешаванд. «Тақдирро фиреб дода намешавад»,-ин ҳикмати бобоиро такрор кард Павел дар дилаш.
Дар дили Зоя ҳам чароғи умед фурӯзон шуд. Шукр, хона меравем, бачаҳо калонакак шудагистанд. Роза 7-сола, Жорик-3-сола. Вақти ҷудоӣ гузашт…
Зоя оқибат зани Павел шуд. Омада бачаҳояшро низ ёфт: Як хонаводаи ӯзбек - холаи Марияи ҳамсоя нигаҳубинашон  кардаанд, ҳарчанд ҳама зору низор, гуруснаву ҷиғдалибос буданд.
Шукр, ки зиндаанд!
Павел пас аз шифо ёфтан чанд рӯзе бо оилаи нав зиндагӣ карду дубора ба ҷабҳа рафт.
Барои Зоя боз ҳам расид навбати заҳмат, вале акнун ба нафъи фарзандон. Онҳоро хӯрондану пӯшондан лозим. Чи саодати бузургест бо онҳо будан! «Акнун шуморо дигар касе фарзандони фашист нахоҳад номид, зеро ман зани офитсери советиам! - мехонд ба гӯши ҷигарбандонаш.
Зоя боз ба кор часпид. Ҳар кору заҳмате бошад, ба ҷо меовард. Дар ҳавлиаш обу алаф ва як села мурғу чӯҷа дошт. Барои зимистон караму помидору бодирингро дар бочка намак зада мемонд. Ба ин ният, ки зиёдатиашро фурӯхта, як модагови ширдеҳ бихарад. Шояд аввал як бузаки ҷингилапо бихарад.
Духтараш Роза аз модар ҷудо не. Пас аз хатми ҷудоӣ зоҳиран андаке тағир ёфта бошад ҳам, чашму абрӯвон ҷаззобу зебо.
Роза падарро низ дар ёд дошт ва ба меҳр ёдаш мекард… Жорик аввалҳо аз модар чун аз зани ношинос меҳаросид, баъдтар унс гирифт. Ниҳоят як бузак ҳам хариданд. Тифлон пагоҳиҳо ширу қаймоқ нӯши ҷон мекунанд. Ба рӯяшон сурхӣ дамида, садои хандаашон баланд аст.
Ниҳоят, соли 1945 даррасид. Павел аз ҷанг баргашт. Сари сина пур аз ордену медал, аммо мелангид, бо асо мегашт. Барои озодии шаҳри Крапови Полша ҷангида, сахт захмӣ шуда буд.
Дар хонадони онҳо соли 1947 боз як духтар таваллуд ёфт. Людмила номаш ниҳоданд.
«Ана, марҳамат, ҳадя барои ту Роза ва Мила гуфт Зоя, пас аз он ки тифлро ба хона оварданд. Жорик аз тифли гирён меҳаросид, вале чун қадре калонтар шуд, бозӣ-бозӣ аз кокулонаш мекашид.
Соли 1949 Роза мактабро хатм кард ва дар фикри касб омӯхтан шуд. Духтарак зоҳиру ботини зебо дошт, бо танутӯш, гандумгун, чашмонаш гӯсфандӣ ва захматкаш. Чашмону нигоҳаш ба падараш Холмат монанд. «Эй,падарҷон, падарҷон  ту куҷоӣ?»…-ин фикр ӯро ҳеҷ раҳо намекард. Модар рӯзе аз ӯ суол кард:
-Духтарам, ту кадом касбро писандидӣ? Гоҳ омӯзишгоҳи ҳарбӣ рафтанӣ, гоҳ маъмури оташнишон мешавам мегӯйӣ… Ин касбҳо зебандаи бонувон нестанд…
Роза мехост мисли падарандараш афсари ватан бошад. Либоси низомӣ ва симои ҳарбиро  дӯст медошт. Табиатан аз бачагӣ мехост ҳамеша пешсаф бошад. Дарёчаи Ҷӯйборро шино карда мегузашт, бо бачагон футбол мебозид. Шуҷоу чобук буд, вале ҷомаи афсарӣ насибаш нашуд: ба омӯзишгоҳи ҳарбӣ духтаронро қабул намекарданд.
-Духтарам, гапи маро гӯш кун-рӯзе машварат дод модар,- рафта хону духтур шав. Орзу дорам, ки хилъати сафед пӯшида, одамонро табобат кунӣ. Духтурҳо низ шахсони ҳарбианд. Вақти ҷанг либоси ҳарбӣ пӯшида, ба ҷабҳа мераванд.
Инро гуфту оҳ кашид Зоя ва дар дил аз Худо илтиҷо кард, ки дигар ҳаргиз бӯи ҷангро ба машоми халқ наоварад!
 Духтарак розӣ шуд! Ба ин муносибат барояш куртаи нав дӯзонда, ба Донишгоҳи тиббии Душанбе равона карданд. Таҳсилро хатм намуд. Виктор-кӯдаки ба Павел монанд таваллуд ёфт. Хонаи начандон калон сохта, бурёкӯбон карданд. Дар хоҷагӣ модагов, чанд сар бузу гӯсфанд ҳам пайдо ва ғизо фаровон гашт. Худи Павел дар заводи равған парторг аст. Лангон-лангон ба кор рафта меояд, дарди поро ҳанӯз ҳам ҳис мекунад, Роза дору меорад. Аз ҳамон мемолад ва дард таскин меёбад. Аммо Павел ба нӯшидани арақ одат кард. Вақтҳои охир аз кор бо табъи хира бармегардад, савол диҳӣ, ҷавоб намедиҳад.
Баҳори соли 1953 фаро расид, Жорик 14-сола шуд.
-Очаҷон, биёед, ба хонаамон хати радио гузаронем. Ҳамсояҳо радио доранд, - гӯён илтимос кард рӯзе Жорик.
-Ту аввал кабӯтарҳоятро хуб нигоҳубин кун, баъд ба фикри радио бош. Мабодо парида нараванд.
-Хуб шудаст, очаҷон, дари хоначаи онҳоро ҳам таъмир мекунам.
-Майлаш, -Жорик, бигӯ, ки ту «забон»-и радиоро ҳам медонӣ?
-Медонам, симашро ба сими хати ҳамсоя пайваст карда мегузаронам.
-Майлаш, ҳамин корро бо эҳтиёт кун, то ки осебе ба бом нарасад. Таъмираш дарди сар мешавад.
-Ҳатман, эҳтиёт мешавам.
-Шояд рӯзи якшанбе Павел ба ту кӯмак кунад.
-Вай куҷову бомбароӣ куҷо! Худам мекунам.
Жорик ним рӯз ба ҳамин машғалаҳо сими радиову кори барқу кафтарҳо банд шуд.
Ҳамсоя даромада маслиҳат дод, ки аввал симро сахт маҳкам карда, баъд пайванд намояд.
-Фаҳмидам, амаки Володя, ҳамин тавр мекунам,-гуфт ӯ.
Он рӯз-як рӯзи сершамолу серуни баҳорон буд. Шабона аввал боди сахт вазид ва баъд чак-чаки борон ба гӯш омад. Пагоҳӣ борон оҳиста-оҳиста ба сел табдил ёфт. –Борон-Борон! Дарё сероб мешавад, зуд бочкаҳоро аз об пур бояд кард»,-Зоя хилъатро ба бар карду берун тохт. Ин лаҳза фарёди синасӯзе ба фалак печид. Садои Зоя буд, ки хабар аз фоҷиае мерасонд: «Витя, Витяҷон, Розааа, Хол-мат!-ба тадриҷ аз ҳуш рафт ӯ. Витя доду фарёд мекард… Касе ҷониби симчӯб тохт, то ки симро ба бел аз хати барқ ҷудо созад…
Барабас рафт ин кӯшиш. Барқ ҷисми ҷавонзанро мисли чилпо сахт ба оғӯш гирифта буд.
Борони сел ҳамоно мерехту мерехт…
Аз русӣ тарҷумаи Нур ТАБАРОВ.

Ҷек ЛОНДОН

ИСТГОҲИ ЯКРӮЗА
Ҳикоя 
Ҷон Месснер дастакҳояшро накашида, бо як даст аз чӯби дастаи чана медошт ва бо дасти дигар рӯю биниашро мемолиду молишро лаҳзае қатъ намекард. Ҳангоме, ки карахтии рӯй зиёдтар мешуд, суръати молишро тезтар мекард. Кулоҳи мӯин пешона ва гӯшҳояшро пӯшонда буд. Манаҳашро риши тилоранги қиравбаста аз сармо панаҳ менамуд.
Чанаи пурбори ӯро панҷ саг мекашиданд. Месснер дар миёна истода, сагҳоро меронд ва ҳар замон чармтасмаи чана ба пояш мерасид. Дар ҳар гардиши роҳ ӯ аз рӯи тасмаҳо ҷаҳида, ба тарафи муқобил мегузашт. Роҳ гардишҳои зиёд дошт ва ӯ ҳар лаҳза ба ин сӯву он сӯ меҷаҳид. Гоҳо ба тасмаҳо дармонда, қариб меафтид; аз ҳаракати сусту танбалонааш аён буд, ки сахт хаста аст; пойҳояш гоҳо зери лезаки чана дармемонданд.
Лаҳзае, ки роҳ рост шуд ва чана ба ронанда эҳтиёҷе надошт, ӯ лаҷом, яъне ходаро сар дода, дасти росташро ба чӯби чана задан мегирифт, то хун аз ҳаракат намонад ва ҳамзамон бо дасти чап рӯю биниашро молиш медод.
- Сафар дар ин гуна сармо фалокат аст, - гуфт Ҷон Месснер. Ӯ мисли одаме, ки ба танҳоӣ  одат кардааст, худ ба худ бо овози баланд гап мезад. – Танҳо девона дар ин гуна сармо ба роҳ мебарояд! Хунукӣ ҳаштод набошад ҳам, аниқ ҳафтоду нӯҳ дараҷа поинтар аз сифр аст.
Ҷон соатро аз бағали нимтанаи пашминаш гирифта, нигоҳ кард ва зуд онро дубора дар ҷояш гузошта, чашм ба осмон дӯхт.
- Соат дувоздаҳ, - ғурунгос зад ӯ. -Осмон соф, аммо офтоб наменамояд.
Ҳудудан даҳ дақиқа хомӯш қадам зад, гӯё дар байн сукуте наафтода бошад, боз овоз баланд кард: «Ҳо-ҳо-о!» ва дар ҷояш истод. Дилашро тарсу ҳарос фаро гирифт. Ҳис кард, ки дасти росташ қариб карахт шудааст. Девонавор дасташро ба чӯби чана мезад.
- Эҳ… бечора… сагҳо! – рӯ овард ба ҷонварҳо, ки дар рӯи ях дароз кашида буданд. Азбаски дасташро ба чӯб сахт – сахт мезад, овозаш канда – канда мебаромад. – Шумо, бечораҳо, чӣ гуноҳ кардаед, ки мавҷуди дупо шуморо дар чанаҳо баста, ғуломи худ кардааст? Эҳ, бечора сагҳо!
Ӯ бо хашм биниашро молиш дод, то ях набандад, баъд сагҳоро маҷбур хезонд. Ҷон Месснер аз рӯи дарёи калони яхбаста роҳ мепаймуд. Дарё дар пас, дар масофаи пурвусъате бо каҷиву хамгаштҳояш дар миёни кӯҳҳои хомӯшу барфпӯш гум шуда мерафт. Дар пеш рӯдхона бо якчанд шохобҳо тақсим шуда, ҷазираҳое ба вуҷуд оварда буду Ҷон гӯё ин ҷазираҳоро дар сари синааш гирифта мебурд. Ҷазираҳо сап-сафеду барфпӯшу хомӯш буданд. Ин хомӯширо чизе халалдор намекард: на садои ҳайвоне, на ғингоси ҳашароте. Дар ҳавои яхбаста паррандае ёрои парвоз надошт. На садои инсонеро мешунавӣ, на нишоне аз манзили одамиро мебинӣ. Ҷаҳон хуфта не, гӯё мурда буд.
Ин ҳама карахтиву сукути атроф  ба Ҷон Месснер сахт асар кард; сармо майнаашро низ гиҷ карда буд. Ӯ бо сари хам, ҳатто ба гирду атроф нигоҳ накарда, бешуурона рӯю биниашро молида, пеш мерафт. Ҳамин ки чана ба роҳи рост мебаромад, аз бими сармо дастонашро ба чӯби он задан мегирифт.
Нохост сагони ҳушманд дар ҷояшон якбора истоданд. Сар ба сӯи соҳиби худ гардонда, ба ӯ бо чашмони суолбор ғамгинона менигаристанд. Мижжаву сару фукҳояшон пурбарф; ҷонварон мондаву лакот шуда буданд.
Инсон мехост, ки тозиёнаашон занад, вале худдорӣ кард, ҳавосу қуввашро ҷамъ карду чашм ба атроф дӯхт. Сагҳо дар пеши як гӯдол - шикофи ях истоданд; ин шикофи оддӣ не: сӯрохе, ки касе онро бо табар бурида ва сеюним фут ғафсӣ дошт. Қабати нави яхи ин гӯдол шаҳодат медод, ки кайҳо боз касе аз он истифода накардааст. Месснер ба гирду атроф назар кард. Сагҳо ба ӯ роҳнамоӣ мекарданд: фукҳои қиравбастаашон пайроҳаеро нишон медод, ки ҷудо аз ҷодаи асл, аз соҳили ҷазира ба боло мебаромад.
-Хайр, майлаш, бечораҳо, - гуфт Месснер зери лаб. – Рафта мебинам; ку чӣ гап аст он ҷо. Оҳ… сахт хаста шудаам.
Ӯ аз тепа боло рафта, нопадид шуд. Ин дафъа сагҳо таваққуф карда, бесаброна ӯро мунтазир шуданд. Баргаштан замон ресмонеро, ки дар пешгоҳи чана баста буд, кушода ба рӯи китф гирифт. Баъд сагҳоро ба тарафи рост тоб дода, онҳоро ба самти соҳил ронд. Ба боло баровардани чана осон набуд, вале сагҳо хастагиро фаромӯш карда, иззосзанон, охирин қувваи худро ҷамъ намуда, онро кашида мебароварданд. Вақте ки ҷонварҳои пеш ғеҷида меафтиданд, ҷонварҳои ақибуфтода линги онҳоро мегазиданд. Инсон ба сари сагҳо дод мегуфту гоҳо шеракашон мекарду гоҳо таҳдид менамуд ва худаш бо тамоми қувва чанаро идора мекард.
Сагҳо бо тамоми нерӯ чанаро кашон-кашон бароварда, ба чап тоб хӯрданд. Он ҷо кулбаи чӯбини хурде менамуд. Ин хонаи ғайримаскунӣ масоҳате дошт ҳашт бар даҳ фут[1]. Месснер сагҳоро аз чана кушода, борҳоро ба хона даровард. Охирин сокини ин хона мисле, ки андак захираи ҳезум гузоштааст. Месснер бухории сафарии худро дар гӯшае гузошта, оташ гиронд. Дар тафдони бухорӣ панҷ моҳии яхкарда – хӯроки сагҳост. Мисснер дегчаву қаҳваҷӯшонакашро аз оби чолае, ки оварда буд, пур кард.
Мунтазири ҷӯшидани об, ӯ ба болои бухорӣ хам шуд. Лундаҳои яхи ришаш ба обшавӣ сар карданд. Яхпораҳо ба болои бухорӣ афтида, бухор мешуданд. Ҷон Месснер яхпораҳои обшударо аз ришаш канда, ба рӯи фарши тахтагин мепартофт.
Аккоси беисти сагҳо ҳатто ӯро аз ин кор боз надошт. Ба гӯшаш садои ғурриши сагони бегона ва овози одам омад. Дарро кӯфтанд.
- Дароед! – садои гирифтае баровард  Месснер, чунки дар ин лаҳза яхпораи буруташро макида об мекард.
Дар боз шуд ва аз қабати бухоре, ки ӯро фаро гирифта буд, зан ва мардеро дид, ки дар остонаи дар истодаанд.
Аз анбӯҳи ғализи бухор онҳо базӯр дида мешуданд. Сари зан бо рӯсарӣ чунон печида шуда буд, ки танҳо чашмони сиёҳаш менамуданд. Мард низ чашмони сиёҳ ва рӯи тоза тарошида дошт; бурутҳои яхбаста даҳонашро тамоман пӯшонда буданд.
- Мо мехостем аз шумо пурсем, ки оё дар ин наздикӣ ягон манзили дигаре ҳаст ё не?  - ба ҷиҳози фақиронаи хона нигоҳ карда пурсид мард.   -Мо гумон кардем, ки кулба холӣ аст.
- Ин хонаи ман нест, - ҷавоб дод Месснер.- Ман низ онро соате пештар ёфтам. Дароед, ҷой кифоя аст, бухорӣ намонед ҳам мешавад. Илоҷе карда меғунҷем.
Зан бо як ҳисси кунҷковӣ ба ӯ нигоҳ мекард.
– Либосҳоятро сабук кун, ман сагҳоро кушода об меорам, -гуфт марди навомада ба зан.
Месснер моҳиҳои яхгудозшударо аз тафдон гирифта, барои сагҳо  баровард. Сагҳоро, ки бо сагони бегона ҷанг доштанд, ба каноре бурда, ба онҳо хӯрок дод. Вақте ки ба хона баргашт, меҳмон борҳояшро холӣ карда, об оварда буд. Чойники Месснер ҷӯшид. Ӯ ба он қаҳва ва ним финҷон оби хунук рехт, то ки дурдаи қаҳва такшин шавад. Баъд ду –се бурда нони қоқи яхбаста ва каме лӯбиёро ба дегчааш андохт, ки яхгудоз шаванд.
Сипас ӯ зарфҳояшро аз рӯи бухорӣ гирифта, ба навомадагон имкон дод, ки барои худ хӯрок пазанд. Ӯ болои тушаки ҷойхобаш нишаста, сандуқчаи хӯроквориашро пеш кашида, зарфҳояшро болои он гузошт ва хӯрокхӯрон бо марди навомада дар бораи раҳу рӯ ва хулқу хӯи сагон гап зад. Меҳмон ба болои бухорӣ хам шуда, яхи мӯйлабашро об мекард. Баъд бастаи ҷойхобашро ба болои кати дуюм, ки холӣ буд, ҳаво дод.
- Агар Шумо иҷозат диҳед, мо ин ҷо мехобем, чунки ба ҳар ҳол соҳиби ин хонаед…
- Барои ман фарқ надорад. Ҳар ду кат ҳам якхелаанд.
Месснер низ ҷойхоби худро тахт кард ва дар як гӯшаи кат нишаст. Меҳмон дар кати хоб ба ҷои болишт ба зери сараш кифи духтуриашро гузошт.
-Менамояд, ки духтуред Шумо?
- Оре, - ҷавоб дод ношинос, - Лекин аз рӯи ростӣ, ман ба Клондайк махсус барои табобат наомадаам.
Зан машғули пухту паз шуд. Ҳамсараш бошад гӯштро реза карда, ба бухорӣ ҳезум мепартофт.  Равзанаи хурди хона, ки ба он қоғази равғанолудро ба ҷои шиша часпонда буданд, рӯшании хирае меандохт, аз ин сабаб дар нимторикӣ Ҷон Месснер занро  хуб дида наметавонист ва кӯшиш ҳам намекард. Аслан, ҳузури ин занро ҳис намекард. Аммо зан бо кунҷковӣ ва таваҷҷуҳи зиёд ба гӯшае, ки Ҷон нишаста буд, нигоҳ мекард.
- Зиндагӣ дар ин ҷо чӣ хел зебост! –хитоб кард духтур, як лаҳза аз кордтезкунӣ боз истода. – Маро ин чиз хуш меояд, ки дар ин ҷо барои ҳаёт мубориза мебарӣ, рӯзиатро бо дастони худат ҳосил мекунӣ. Ҳама чиз оддӣ ва табиист.
- Бале, хусусан, сармояш табиист, - хандид Месснер.
- Шумо медонед, ҳаво чанд дараҷа аст? – пурсид духтур.
Месснер бо ишораи инкор сар ҷунбонд.  
- Агар надонед, ман мегӯям: ҳафтоду чор дараҷа сард аст тибқи ҳароратсанҷи спиртие, ки ман дар чана дорам. Дар ин гуна ҳаво сафар кардан худкушист, - гуфт духтур. -Одам нерӯи зиёд сарф мекунад. Нафас кашидан душвор, хунукӣ ба шуш даромада, ҳуҷайраҳояшро абгор месозад. Месулфад кас – сулфаи хушк, тиккаҳои хунолудро берун меораду баҳори оянда одам аз варами шуш мемирад, вале худ намедонад, ки аз чӣ сабаб мурд. Аз афташ, ман дар ин кулба як ҳафта, ақалан то панҷоҳ дараҷа поин омадани сармо меистам.
- Тереза, ку, як нигоҳ кун, - гуфт духтур ба ҳамсараш муроҷиат карда. - Ба фикрам, қаҳва ҷӯшид.
Номи занро шунидан замон Ҷон Месснер такон хӯрд, ба сӯяш нигарист ва дар чеҳрааш хотираи талхи фаромӯшшудае соя афканду боз эҳё шуд. Дубора дар вуҷудаш осори тамкину оромӣ падид омад, вале ҳушу гӯш ҷониби зан дошт. Торикӣ имкон намедод, ки бонуро дуруст бишиносад.
Зан қаҳваҷӯшро аз рӯи бухорӣ гирифт ва ба сӯи Месснер назаре афканд. Мизбон акнун худро ба даст гирифта, орому сокит буд.  Ӯ дар рӯи ҷойхоб хомӯшона бо чеҳраи ҳаяҷоннопазир мокасинҳо (мӯзаҳо)-и  худро муоина мекард. Ҳамин ки зан боз машғули пухтупаз шуд, дубора Месснер ба ӯ чашм дӯхт, дар ин вақт зан рӯ ба сӯи ӯ баргардонд ва дар лабонаш писханде падид омад. Бо ин писханд Ҷон маккории занро дарк кард.
Бону аз сандуқи чизу чорааш шамъеро гирифта, онро даргиронд. Ҳоло Месснерро як нигоҳ кифоя буд, то чеҳраи ӯро дар рӯшноӣ тамошо кунад. Зан шамъ дар даст ҷониби Месснер омад ва қасдан рӯшноиро дар муқобили рӯи ӯ дошта, бо чашмони аз тарсу ҳарос боз шуда ба ӯ нигоҳ кард, ӯро шинохт. Месснер оромона ба сӯяш табассум мекард.
- Тереза, дар он ҷо чӣ мекобӣ? – пурсид ҳамсараш.
-Ҳеҷ чиз, -  ҷавоб дод зан ва аз Месснер дур шуда, рӯкаши ҷойхобро кофтан гирифт.
Зану ҳамсафараш сандуқҳои худро хонтахта карда, худашон дар муқобили Месснер дар болои сандуқи ҷиҳози ӯ нишастанд. Ӯ бошад, дастонашро зери сар ниҳода, дар болои ҷойхоб дароз кашида, ба онҳо нигоҳ мекард. Дар ин кулбаи танг чунин менамуд, ки ҳар се дар атрофи як хонтахта нишастаанд.
     - Шумо аз кадом шаҳред? – пурсид Месснер.
-Аз Сан – Франсиско, - ҷавоб дод духтур. – Лекин ду сол боз ин ҷоем.
- Ман аслан аз Калифорнияам, - гуфт Месснер.
Зан бо чашмони зориолуд ба ӯ дида дӯхт. Месснер бо табассуме афзуд:
- Аслам аз Беркли…
Духтур мутаваҷҷеҳ шуд.
- Донишгоҳи Калифорниёро хатм кардаед? – пурсид духтур.
- Бале, аз хатмкардаҳои соли ҳаштоду шашум.
- Ман фикр кардам, ки шумо профессоред. Зоҳири Шумо ба профессорҳо монанд.
-Афсӯс, - табассум кард Месснер пас аз хомӯшии кӯтоҳ.
- Он тавре ки ту ба духтур монанд нестӣ, ӯ ҳам шабоҳате ба профессорҳо надорад, - ба гап ҳамроҳ шуд зан.
- Ташаккур, -гуфт Месснер. Баъд ба ҳамсафари зан муроҷиат кард: -Воқеан, ҷаноби духтур, номатон чист?
- Хейторн...
-Ин кас, албатта, хонум Хейторн…- Месснер табассумкунон таъзиме ба ҷо овард.       
 Зан сӯи ӯ нигоҳе афканд, ки дар он аз зорӣ дида хашму ғазаб зиёдтар буд.
Хейторн дар навбати худ номи ӯро пурсиданӣ ва лаб ба сухан кушоданӣ буд, ки Месснер боз пешдастӣ кард:
- Шумо, духтур, оё гиреҳи як воқеаро барои ман боз карда метавонед? Ду - се сол пеш дар доираи профессорон ҳодисае рӯй дода буд. Зани кадоме аз онҳо … мебахшед, хонум Хейтрон, думи духтуреро аз Сан – Франсиско гирифта, шавҳарашро партофта гурехта рафт. Номи он духтур дар ёдам нест. Шумо оид ба ин ҳодиса чизе нашунидаед?
 Хейтрон тасдиқкунон сар ҷунбонд. 
- Ин ҳодиса он вақт боиси гапу калочаи зиёде шуда буд. Он мард Уомбл, Грехэм Уомбл ном дошт, табиби машҳур буд. Ман каме ба ӯ шиносоӣ доштам.
-Баъд намедонам, онҳоро чӣ пеш омад? Шояд шумо ягон хабаре дошта бошед?
- Оре, он мард хеле чобукона, тамоми изу пайҳоро руфта ғайб зад. – Хейторн сулфаи бардурӯғ карда гулӯ равшан намуд. – Мардум овоза карданд, ки ҳардуяшон дар киштии тиҷоратие савор шуда, дар баҳрҳои ҷануб ҳангоми тӯфон ҳалок шудаанд.
- Рости гап, ман аз ин ҳодиса тамоман бехабар будам, - гуфт Месснер.- Шумо, хонум Хейторн, шояд оид ба он ҳодиса чизе дар ёд доред?
- Ҳамаашро нағз дар ёд дорам, - ҷавоб дод зан, вале аз оромии садояш бӯи хашму ғазаб меомад, ки он дар чашмонаш низ ҳувайдо буд. Зан рӯяшро ба дигар тараф гардонд, то ки хашму ғазабашро Хейторн нафаҳмад.
Духтур номи Месснерро пурсиданӣ буд, вале ӯ дубора сухани духтурро бурида, гапашро идома дод:
-Мегӯянд, ки он духтур Уомбл ном дошт, хеле зебо ва дили занони бисёрро рабуда…
- Мумкин, лекин ҳамон ҳодиса Уомблро нобуд кард, -ғурунгос зад Хейторн.
- Аз рӯи шунидам, ҳамон зан, зани баде будааст. Дар Беркли шавҳарашро азоб медодааст.
- Ман ин гапро бори аввал мешунавам, -чунки дар Сан – Франсиско акси ин гапро мегуфтанд.
- Воқеан ин гуна хонумон  зан не, балки сӯҳони умр… ҳамин тавр не?  
Хейторн бо маънои тасдиқ сар ҷунбонд. Чашмони кабуди Месснер кунҷковона интизори вошудани гиреҳҳои нав буданд.
- Ин ҳама шабеҳи ду рӯи як танга аст. Дар Беркли ман танҳо як рӯи он тангаро дидам. Аз афташ он зан ба Сан – Франсиско бисёр мерафтааст ва рӯи дигарашро он ҷо нишон медодааст, - гуфт Месснер.
-Ба ман каме қаҳва рез, - гуфт Хейторн. Зан дӯлчаи ӯро пур карда, хандаи сохтае намуд ва таъна зад:
-Ба ростӣ, шумоҳо дар ғайбату гапғозӣ аз занҳо ҳам гузарондед.
- Чӣ илоҷ, ғайбат шавқовар аст, бону, - табассум кард ба сӯи зан Месснер ва дубора ба духтур муроҷиат намуд: - Маълум, ки шавҳараш дар Сан- Франсиско он қадар иззату обрӯе надоштааст…
- Баръакс, ӯро инсони хубу хушхулқе мегуфтанд, - пичинг паронд Хейторн. – Аммо одами беҳис ва номеҳрубоне будааст.
-Шумо ӯро мешинохтед?
- Не, ман ӯро аслан надидаам.
- Ин як рӯйи танга аст, - гуфт Месснер оромона, гӯё масъаларо ҳаматарафа муҳокима мекарда бошад.- Он мард он қадар хушрӯ ҳам набуд, лекин безеб ҳам намшавад гуфт. Ба донишҷӯён аз варзиш тадрис мекард, истеъдоди нависандагӣ ҳам дошт. Асари саҳнавияшро хуб истиқбол карда буданд. Ҳатто декани бахши забони англисӣ интихоб шуд. Баъди ҳамон ҳодиса аз кор истеъфо дода, ба куҷое ғайб зад. Занашро  аз ҳад зиёд дӯст медошт…
Хейторн қаҳваашро нӯшида, лоқайдона ғур-ғуркунон тамоку рӯшан кард.
- Хушбахтона, онҳо фарзанд надоштанд, - гапро ғоз дод Месснер.
Хейторн ба бухорӣ нигоҳе афканду кулоҳу дастпӯшакҳояшро пӯшид ва аз ҷо ҷаст:
- Рафта ҳезум биёрам. Ана, баъд мӯзаҳоямро кашида, дам мегирам.
Дар аз паси Хейторн баста шуд. Хонаро сукути дурударозе фаро гирифт. Месснер дар рӯи бистар ёзид. Зан бошад, дар рӯи сандуқча дар муқобили ӯ менишаст.
- Шумо чӣ кор карданиед? – саросема пурсид зан. Месснер бепарво ҷонибаш нигоҳ афканд. 
- Ба фикри шумо, чӣ кор кунам? Ин бозии мо то охир давом намекунад. Ҳамин тавр не? Мехоҳам дар кӯрпаи гарму нарм каме дам гирам.
Зан хашмолуд лаб газид.
- Охир… - ва дастонашро бо ҳам сахт фишурда, хомӯш шуд.
- Ба фикрам, Шумо аз дусар намехоҳед, ки ман ҷаноби …  чӣ  буд… ҳа-а… Хейторнро кушам? – гуфт Месснер маслиҳатомез. -Ин кори ношуданӣ… ба фикрам, лозим ҳам нест.
- Охир, шумо худатон бояд ба хулосае оед! – Хитоб кард зан. –Тасмим ба Шумост.
- Баръакс, ман ҳеч кор карданӣ нестам.
- Аммо дар ҳамин хона монданиед?
Ӯ сар ҷунбонд:
-Оре.
Зан ба хона ва кати ҷойхоби дуюм навмедона назаре афканд ва нолид:
- Ба зудӣ шаб фаро мерасад. Дар як кулбаи танг Шумо бо мо чӣ хел мемонед? Ин ҳеҷ мумкин не!
- Чаро мумкин набудааст. Охир, ин хонаро аввал ман ёфтаам. Ман мизбону шумо меҳмон!
Зан дубора ба чор самти ин кулбаи танг чашм давонд ва ҳамин ки нигоҳаш ба ҷойхоби тахти дуюм дармонд, дар вуҷудаш ҳаросе афтод.
-Ин тавр бошад, ҳардуи мо меравем,  -эълом дошт ӯ бо қатъият.
- Рафтани худи Шумо аз эҳтимол дур аст. Шумо месулфед, он сулфаи хушку хатарноке, ки дар борааш ҷаноби… номаш чӣ буд… ҳа – ҳа… Хейторн гуфта буд. Шуши Шуморо  каме шамол задааст. Хейторн табиб аст – ку, инро хуб медонад. Шояд Шуморо дар ин сармо рафтан намонад.
- Пас, Шумо чӣ кор мекунед? – пурсид зан бо овози ларзон.
Дар чеҳраи Месснер тамкину сабр ва оромии сохтае ҳувайдо буд.
-Терезаи азиз, ман гуфтам-ку, ҳоло ба ягон қарор наомадаам.
- Э, худо-е, шумо маро девона мекунед! – аз рӯи сандуқ ҷаҳида хест Тереза ва бо хашми оҷизонае даст афшонд. -Шумо пештар ин гуна одам набудед-ку!
- Бале, ман инсони ҳалиму меҳрубоне будам. Барои ҳамин хислатҳоям Шумо  маро партофта рафтед-а?
- Тамоман тағйир ёфтаед Шумо! Аҷаб сабру тамкини бераҳмона! Чӣ оромии ваҳшатзо! Ман аз шумо метарсам! Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки нияти баде доред. Одам ин хел бадқаҳру бадкина намешавад, ҷаноб, ақлатонро кор фармоед…
- Аз он рӯзе, ки Шумо маро партофта рафтед… - сухани ӯро бурид Месснер, - ман дигар ғазаболуду хашмгин нестам.
- На, Шумо тамоман  тағйир ёфтаед!
Месснер ба нишони ризоят табассуме кард.
-То ба ягон қарор омадани ман Шумо ҷаноби Хейторнро аз воқеа хабар кунед. Кӣ будани маро ба ӯ фаҳмонед. Агар ӯ аз ҳақиқат огоҳ шавад, дар ин хона фазои озодтару бетакаллуфе пеш хоҳад омад.
-Чаро Шумо аз дунболи ман ба ин кишвари хатарнок омадед?! – Пурсид зан якбора.
- На, ман ба ҷустуҷӯи Шумо наомадаам. Шумо ин боди ғуруратонро аз сар берун кунед. Вохӯрии ману Шумо тасодуфи маҳз аст. Аз кору бори донишгоҳ даст кашида, ба ягон кор бояд саргарм мешудам. Росташро гӯям, ба Клондайк омадани ман ба хотири он аст, ки дар  ин ҷо эҳтимоли ба Шумо вохӯрдан камтар буд.
Садои занҷири дар баланд шуду Хейторн бо як бағал шохаи хушк ба хона ворид гашт. Бо шунидани садои пойҳои ӯ Тереза бардурӯғ худро машғули  ҷамъоварии зарфҳо сохт. Хейторн дубора барои ҳезум рафт.
- Барои чӣ маро бо ӯ муаррифӣ накардед? – пурсид Месснер.
- Ман ӯро, билохира, мефаҳмонам, - таъкид кард ӯ. -Гумон накунед, ки аз ӯ метарсам.
- Ҳа медонам, Шумо аз касе ва аз чизе наметарсед.
- Ман ҳатто аз тавбаву талаби омурзиш ҳам наметарсам, - гуфт зан.
 Дар чеҳраи ӯ осори нармию мулоимат ва дар гуфтораш лаҳни меҳрубононае ҳис карда мешуд.
- Метарсам, ки ин тавбаю тазарруъи Шумо низ риёе беш набошад.
- Ин қадар адабгуфторӣ накунед, - пичирос зад зан бо садое, ки аз он бӯи навозишу меҳр меомад. -Ман дигар гӯши панду насиҳатшунавӣ надорам. Ҳатто тайёрам, ки аз Шумо талаби бахшиши гуноҳ кунам.
- Ба ростӣ, ҳамаашро кайҳо фаромӯш кардаам, ҳоҷат ба тавбаю зораи Шумо нест. Баръакс, ман бояд аз Шумо сипосгузор бошам. Аввалҳо азоб мекашидам, аммо баъд ба мисли нафаси гарму ҷонбахши баҳор бахту саодат дили пажмурдаи маро зинда кард. Хандаи бахт мегӯянд инро.
- Дубора ба сӯятон баргардам-чӣ?
- Ин кор, - бо хандаи айёрона ба зан нигоҳ кард Месснер, - маро аз нав дучори ташвишу тараддуди калоне мекунад.
-Ман ҳанӯз зани шумоям. Ҷудоии моро ҳоло қонунӣ накардаед?
- Оре. Ҳамааш айби бепарвоии ман. Аммо ин дафъа ба хона расидан замон ба ин кор машғул мешавам.
Зан ба мард наздик шуд ва дастонашро ба рӯи китфони ӯ гузошт.
- Ҷон, Шумо маро пазмон нашудед? -  Садояш нарм буду дастонаш китфони мардро навозиш мекарданд. – Агар бигӯям, ки ман хато кардам? Агар гӯям, ки ман бадбахтам? Ҳаққонӣ ман ба хатои худ иқрорам… Шумо…
   Тарсу ҳароси мубҳаме дар дили Месснер оташ афканд. Ӯ ҳис намуд, ки меҳрубониву навозишҳои бону ӯро суст мекунад. Худро аз даст дода, мутеи хоҳишҳои ин зан гашта буд. Чашмони саршори меҳру муҳаббати зан ба сӯяш медурахшиданд ва иродаю матонати ӯ мисли барф об мешуд. Ӯ худро дар лаби ҷар медид ва ба он қуввае, ки ӯро тела медод, муқовимат карда наметавонист.
- Ман дубора ба сӯи ту бармегардам, Ҷон! Бармегардам, имрӯз ҳамин, … ҳамин соат.
Мисли он ки аз хоби гарон мехеста бошад, Месснер кӯшиши аз итоати ин дастҳо баромаданро кард. Ба назараш чунин намуд, ки суруди фиребо ва афсунгари Лорелайро[2] мешунавад. Гӯё дар куҷоҳое роял менавохтанду навои он марҳами ҷонаш мешуд.
Зан дар рӯи бистар ӯро оғӯш карданӣ буд, ки ӯ аз ҷояш парида хест ва занро тела дода, ба сӯи дар рафт. Ӯ мурданивор тарсида буд.
-Ман худамро дошта натавонистам! – дод зад ӯ.
-Ман ба Шумо таъкид кардам – ку, худро ба даст гиред. -Зан хандаи тамасхуромезе карда, дубора ба зарфшӯӣ оғозид. – Шумо ба кӣ даркоред? Ман ҳамту шӯхӣ кардам. Дониста монед, ки ман бо ӯ хушбахтам!
Лекин Месснер ба сухани ӯ бовар накард. Ба ёд овард, ки ин зан мисли бӯқаламун дар як лаҳза ба сад ранг мегрдад. Ҳозир ҳам айнан ҳамин ҳолат пеш омад.  Месснер бешуурона аз дастаки дар қапида, рафтанӣ шуд.
- Нагурезед, - хандид зан, - ман Шуморо намехӯрам.
- Ман ҳам гурехтанӣ не, - мисли бачаҳо оташин шуда, ҷавоб дод Месснер ва дастакҳояшро пӯшид. - Ман барои об меравам.
   Ӯ сатили холиро гирифта, дарро кушод ва ба зан рӯ овард:
- Фаромӯш накунед, ба ҷаноби Хейторн кӣ будани маро фаҳмонед.
Месснер қаймоқаки яхро, ки дар як соат дубора чоҳро маҳкам карда буд, ба мушташ зада кафонд ва сатилро пури об карда, дар пайроҳа гузошт. Барои он ки хунук нахӯрад, ин сӯву он сӯ қадам зад. Сармо баданро мисли оташ месӯзонд. Дар ин муддат, ки чину ожангҳои пешонааш ҳамвор ва дар чеҳрааш низ ифодаи қатъият ҳувайдо гашт, ришаш аз қирав сап–сафед шуд. Ба қарори ҷиддӣ омада буд Месснер. Лабони яхбастааш писхандро пинҳон медоштанд. Ӯ сатили обро, ки кайҳо рӯ- рӯ ях карда буд, бардошта, ҷониби хона равона шуд.
Ҷон Месснер дарро кушод ва дид, ки духтур бо ваҷоҳати гирифтаю ғазаболуд назди бухорӣ  рост истодааст. Месснер сатилро ба рӯи фарш гузошт.
-Аз шиносоӣ ба шумо шодам, ҷаноби Трехэм Уомбл! - Ба таври мутантан, гӯё  нав онҳоро ба ҳам шиносонда бошанд, садо кард Месснер.
Ӯ ба Уомбл даст  дароз накард. Вай бошад, ноором дар як пай пойҳояшро гирумон мекард. Дар дилаш нисбати Месснер адоват аланга мезад.
-Менамояд, ки ҳамон одам Шумоед, - гуфт Месснер бо таҳайюри бардурӯғ.- Хайр- хайр, …Ба ростӣ, ман аз дидоратон шодам.  Ҳамин қадар вақт як ҳисси кунҷковӣ, маро ҳеҷ ором намегузошт: Тереза ҳамроҳи кӣ фирор карда бошад? Ҳай, ҳай… ҳай…
Месснер, гӯё асперо муоина мекарда бошад, саропои Уомблро бо нигоҳаш пармосид.
-Ман фикру зикр ва ҳиссиёти Шуморо нисбати худам дарк мекунам… - ғурунгид Уомбл.
- Оҳ, ин кирои гап намекунад, – сухани ӯро бурид Месснер бо самимияти сохтае. – Ҳоҷати гап нест! Фақат ҳаминро донистаниям, ки Шумо дар бораи Тереза чӣ фикр доред? Ба муроду мақсадатон расидед? Маъқул шуд, ё …? Зиндагиатон мисли қанду асал ширин аст?
- Бас кунед, ин суханони аҳмақонаро! – дод зад Тереза.
-Ман як одами одиям, ҳар чӣ ба сарам ояд, мегӯям! -Бо садои ғамомез гуфт Месснер.
-Ман аз Шумо талаб мекунам,  ҳадди худро шиносед! - Хитоб кард Уомбл.- Мо ҳамин чизро донистанием, ки Шумо ниҳоят ба чӣ қарор омадед?
Месснер ба оҷизии бардурӯғ дастонашро ба ду тараф кушод.
-Ба ростӣ, ман чӣ кор карданамро намедонам. Ин аз он қабил ҳолатҳои душворест, ки кас роҳи ҳаллашро ёфта наметавонад.
- Дониста монед, ки ин шабро мо, секаса дар ин кулбаи танг рӯз карда наметавонем.
Месснер бо ишораи ризоият сар ҷунбонд.
-Яке аз мо бояд равад, -амр кард Уомбл.
- Бошад, - гӯё розӣ шуд Месснер. -Агар се кас дар ин кулбаи танг нағунҷанд, бояд яке ин ҷоро тарк гӯяд.
- Ба фикрам, бояд Шумо равед, - бо малоли хотир хитоб кард Уомбл. -То истгоҳи оянда даҳ мил аст. Шумо ин масофаро як илоҷ карда, тай мекунед.
-Ана, ин хатои аввалини Шумост, - норозӣ шуд Месснер. – Барои чӣ маҳз ман мерафтаам? Аввалин шуда ин хонаро ман ёфтаам-ку!
- Охир, Тереза рафта наметавонад, -гуфт Уомбл.- Шуши ӯ шамолзадааст.
-Тамоман ба фикри Шумо розиям, ҷаноб. Дар ин гуна сармо даҳ мил роҳ гашта наметавонад. Ҳатман ӯ бояд бимонад.
Месснер дубора гулӯ равшан кард:
- Ба фикрам, шуши Шумо сиҳат аст, ҳамту не?
-Ҳа. Бо ин гапатон чӣ мехоҳед? – гуфт Уомбл.
Месснер боз сурфид гӯё ҳар калимаро фикр мекарда бошад, оҳиста ба сухан даромад:
-Бисёр хуб… ана Шумо марҳамат карда, даҳ мили гуфтагиатонро тамошокунон тай мекунед.
Уомбл ба Тереза нигоҳи шубаҳаноке афканд ва дар чашмони ӯ шарораи таҳайюри шодиомезеро хонд.
- Ту чӣ мегӯӣ? – пурсид ӯ.
Зан дудила шуда, чӣ гуфтанашро намедонист ва чеҳраи Уомбл аз қаҳру ғазаб тирагун шуд.  Ӯ ба Месснер рӯ овард:
-Бас! Дар ин хона мондани Шумо мумкин нест?
-Не, мумкин аст.
-Ман намегузорам! – Уомбл бо таҳдиди ҷиддӣ китфҳояшро ҷунбонд.
-Ман ба ҳеҷ ваҷҳ аз ин ҷо намеравам, - истодагарӣ мекард Месснер.
- Ман бошам, Шуморо ба берун ҳаво медиҳам!
-Аммо ман гашта медароям.
Уомбл,  барои он ки худро каме ба даст гирад, хомӯш монд. Баъд бо овози пасту гирифта, оромона афзуд:
ӯш кунед, Месснер, агар ба зудӣ аз ин ҷо наравед, Шуморо чунон занам, ки ... Ин ҷо Калифорниё не!  Ана, бо ин муштҳо зада, қима-қима мекунам.
Месснер китф дарҳам кашид. Баъд тӯфид:
-Агар ҳамин тавр зӯригарӣ кардан гиред, ман дӯстони тилоковамро амр мекунам, Шуморо ба дарахт овезанд! Рост гуфтед, мо дар Калифорниё нестем. Аммо ҷӯяндагони тило мардуми одиянд, ҳамин кифоя аст, ки як нишонаи хурдакаки зарбу латро ба онҳо нишон диҳам ва аз асли воқеа онҳоро огоҳ сохта, даъвои зани қонунии худро матраҳ созам!
Зан мехост чизе гӯяд, вале Уомбл ваҳшиёна ба сараш дод зад:
-Кордор нашав!
Оҳанги сухани Месснер тамоман дигаргун гашт:
- Илтимос, Тереза, ба мо халал нарасонед!
Аз шиддати ғазаб ва аз зӯрии ҳаяҷон зан сахт сулфид. Рӯяш сурх шуд. Ӯ дастонашро ба сари синааш пахш карда, мунтазир буд, ки сурфа кай меистад.
Уомбл бо чеҳраи гирифта чашм ба замин ва гӯш ба сурфаи зан андохт ва гуфт:
- Ба ягон хулоса омадан лозим. Шуши ӯ тоқати сарморо надорад ва то ҳаво гармтар нашавад, ӯ аз ин ҷо ҷунбида наметавонад. Аммо камина ӯро ба ҳеҷ ваҷҳ ба Шумо доданӣ нестам.
Месснер сулҳхоҳона сулфид, баъд ба идомаи баҳс пардохт:
- Ба ман пул лозим… Мефаҳмед, пул!
Дар чеҳраи Уомбл ифодаи танаффур ҳувайдо гашт. Ана, акнун қурбу манзалати Месснер ба хоки раҳ баробар шуд. Ӯ разолату пастии худро нишон дод-а…!
Аммо Месснер ҳанӯз раҷазхониро давом медод:
-Шумо як халтаи пурреги тило доред, ман онро вақти аз чана бор холӣ карданатон дида будам… Ҳа, Шумо…
- Хуб, чӣ қадар мехоҳед? – пурсид Уомбл, ки аз садову чеҳрааш борони нафрат меборид.
-Халтаи Шуморо бист фунт тахмин кардам. Аммо ман чор ҳазор мехоҳам, Шумо ба ин чӣ мегӯед?
-Охир ҳамаи буду шуду дороии банда ҳамин қадар аст! – Дод зад Уомбл.
-Э-ҳа! Дороии Шумо Тереза аст, -гӯё ӯро ором карданӣ шуд Месснер. –Магар бону ба ин пулҳо намеарзад? Фикр намекунед, ки ман аз чӣ дурдонае даст мекашам-а? Ростӣ, чандон гарон нагуфтаам...
-Хайр, майлаш! – Уомбл ба сари халтаи тило омад.- Биёед, ин корро барвақттар тамом кунем. Эҳ, Шумо!... Одами паст! Разил!
-Ана, дар ин маврид Шумо ноҳақ, - бо писханде эътироз кард Месснер.- Магар аз нигоҳи одобу ахлоқ ришвахор аз ришвадеҳ бартарӣ дорад? Касе, ки дуздидаро пинҳон мекунад, разилтар аз дузд аст! Ҳамин тавр не?
- Бало ба паси Шумою ахлоқатон! – дод зад Уомбл.- Ин ҷо биёеду бинед, ман тилоро бармекашам. Боз мабодо шуморо фиреб надиҳам…
 Зан ба болишт такя карда, бо хашму ғазаби заифона доду ситади онҳоро назора мекард. Оваҳ! Қимати занро дар тарозу гузошта, бармекашанд! Месснер бо чашмони боз гирумони тарозудорро муоина менамуд.
-Ин тило сернуқра будааст, - ғурунгос зад Месснер, дар ҳоле ки даҳони халтаро мебаст. Ба фикрам, сеякаш нуқра. Шумо маро андаке фиреб додед.
Месснер халтаро ба ҳавас бардошта, бо эҳтиёте, ки шоистаи бори қиматбаҳост, ба  чана бурда монд. Дубора баргашта, чизу чораашро ҷамъ кард ва дари сандуқи хӯроквориро басту ҷойхобашро печонд. Борҳояшро ҷо ба ҷо карда, сагҳои зоҳиран норозиро ба чана баст. Сипас дубора ба хона барои дастпӯшакҳояш даромад.
-Хайр, Тереза! – гуфт ӯ дар остонаи дар.
Зан рӯ ба сӯи ӯ гардонд, чизе гуфтанӣ буд, лекин ғалаёни хашму ғазаберо, ки дар дилаш меҷӯшид, ба сухан баён карда натавонист.
- Хайр, Тереза! – дубора пастакак такрор кард мард.
-Палид! -Дар охир дилашро холӣ кард зан ва боз каломи дигаре афзуд: -Ҳайвонҳо! Эҳ, ҳайвонҳо!
Ҷон Месснер аз паси ӯ оҳиста дарро пӯшид ва ба роҳ баромаду бо камоли мамнуният охирин бор сӯи кулба нигоҳе афканд. Аз соҳил ба поён фуромада, чанаро дар назди чола нигоҳ дошт ва халтаи тилоро аз зери борҳо берун овард. Обро қабати  тунуки ях маҳкам карда буд. Ӯ бо мушт яхро зада шикаст, гиреҳи халтаро бо дандонҳояш боз ва онро ба даруни сӯрохӣ холӣ намуд. Дарё он ҷо чандон жарф ҳам ҳам набуд. Чор ваҷаб поинтар дар зери об тилоҳои рехтаи Ҷон Месснер дар рӯшноии хираи уфуқ ҷило медоданд. Ҷон дар сӯрох туф кард. Баъд сагҳояшро ба рӯи дарёи яхбастаи Юкон ба ҳаракат даровард. Ҷонварҳо норозиёна аккосзанон  медавиданд. Ҷон бо дасти росташ лаҷомро сахт дошта, бо дасти чапаш рӯю биниашро мемолид. Дар баргаште пояш ба чӯби чана расид.
-Ба пеш, каҷпоён!  - фарёд кард ӯ. –Ку, ба пеш, ба пеш!
 Тарҷумаи Назар ОДИНА.




Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА