НАЗМ
ҒАЗАЛ АЗ АЛИШЕР НАВОӢ
Зи абри тира барқе ҷаст
тарфи кӯҳсоронро,
Ки равшан кард ҳар сӯ
шамъи гулҳои баҳоронро.
Чу наргис ҷоми зар
бигрифту лола соғари ёқут,
Салои бода зад мурғи
чаман парµезгоронро.
Ту низ, эй пири дайр,
андар чунин фасле ба сармастӣ
Зи кунҷи майкада сӯи
чаман каш майгусоронро.
Фикан, эй муғбача, аз
як муғона ҷоми мардафкан.
Ба рақс аз аввали шаб
то саҳар шабзиндадоронро.
Сабӯҳи айш бо ёрон қадаҳ
хӯр, нест чун маълум,
Ки ёбандат шаби оянда
ёрон, ё ту ёронро?
Дар ин саҳро зи боди ҳодиса
ҳар сӯй чун лола,
Ба хок афтода бин, тоҷи
ғурури комгоронро.
Ба сар гарди фано, дар
зери паµлӯ хори навмедӣ,
Зи тоҷу тахти ғам озод
дорад хоксоронро.
Сафоли кӯҳна пурмай
созу ҷоми Ҷам бинеҳ номаш,
Дар ӯ наззора кун
аµволи давру рӯзгоронро.
Чу охир ҷуз фано коре
нахоµад буд, эй Фонӣ,
Дар ин дайри фано
бигзор айби ҷуръахоронро.
Камол Насрулло
Шеър гуфтан – зистан
Шеър гуфтан бӯса киштан дар баёзи зиндагист,
Ояи некӣ сурудан дар намози зиндагист.
То бирӯяд лолагул дар ҳотаи пиндорҳо,
Ҳулбаву райҳон дамад дар вотаи пиндорҳо.
Гул бирӯяд дар лабу дил бо нидои “Ишқ!Ишқ!”,
Дил шавад як пораи гил бо нидои “Ишқ! Ишқ!”.
Шеър гуфтан – зистан дар ҳар нафас, дар ҳар ҳавас,
Як абад бунёд кардан аз ҳазору як абас.
Марямбонуи Фарғонӣ
ЛОНА НАСИБИ БУЛБУЛ!
Бибем гуфто: “Мусича - як мурғаки бечора,
Аз пайи ризқу рӯзӣ вақту новақт овора.
Лонаашро дидаӣ? Наход, ки надидаӣ?
Дар кунҷи сақфи долон дидӣ як каф хаспора?”
Аз пайи ризқу рӯзӣ вақту новақт овора.
Лонаашро дидаӣ? Наход, ки надидаӣ?
Дар кунҷи сақфи долон дидӣ як каф хаспора?”
Ба аҳволаш дилам сӯхт, эҳ ҷонвари бечора,
Мисоли усто-килет* магар мурғак бекора?
Табар дорад, теша не, сар дорад, андеша не,
Сафари усто-килет чун мусича овора.
Мисоли усто-килет* магар мурғак бекора?
Табар дорад, теша не, сар дорад, андеша не,
Сафари усто-килет чун мусича овора.
Дилам хоҳад ба нодон лонасозӣ диҳам ёд,
Хонааш шавад обод, чӯҷаяконаш дилшод.
“Ку-ку! Ку-ку-ку!”- гӯянд, “Ин лона хушрӯ”,- гӯянд,
Сафар ҳам кор омӯзад, умраш наравад барбод.
Хонааш шавад обод, чӯҷаяконаш дилшод.
“Ку-ку! Ку-ку-ку!”- гӯянд, “Ин лона хушрӯ”,- гӯянд,
Сафар ҳам кор омӯзад, умраш наравад барбод.
Лоиҳае кашидам сараввал кори калон,
Як бағал чӯбу тахта овардам зери айвон.
Арраву теша дорам, дар сар андеша дорам,
Меху печу ину он... абзори ман фаровон.
Як бағал чӯбу тахта овардам зери айвон.
Арраву теша дорам, дар сар андеша дорам,
Меху печу ину он... абзори ман фаровон.
Тахтаро кардам арра, пас ба он рондам ранда,
Дилтангӣ накардам ҳеч, лабонам пури ханда.
Сидқан кардам ҳаракат, корам шуд пурбаракат,
Мусича "Ку-ку!" мегуфт, яъне, "Сафар - шарманда!"
Дилтангӣ накардам ҳеч, лабонам пури ханда.
Сидқан кардам ҳаракат, корам шуд пурбаракат,
Мусича "Ку-ку!" мегуфт, яъне, "Сафар - шарманда!"
Дур аз пешам намерафт, мешуд аз пайи ёрӣ,
Лосу параха мебурд, аҷаб мурғи ҳушёре!
Тақ-тақи тақи теша, ку-ку-куи мусича,
Гӯшу ҳушам навозид оҳанги пурасроре!
Лосу параха мебурд, аҷаб мурғи ҳушёре!
Тақ-тақи тақи теша, ку-ку-куи мусича,
Гӯшу ҳушам навозид оҳанги пурасроре!
Оқибат шуд омода баҳри мусича лона,
Ногаҳ мурғак куҷо шуд? Маъқул нашуд кошона?
Лонаи кӯҳна холӣ, мурғак куҷо шуд ҳолӣ?
Ё хӯрда бошад пишак? Ё парида ба ёна?...
Ногаҳ мурғак куҷо шуд? Маъқул нашуд кошона?
Лонаи кӯҳна холӣ, мурғак куҷо шуд ҳолӣ?
Ё хӯрда бошад пишак? Ё парида ба ёна?...
Саҳарӣ садо омад, оҳангу наво омад,
Ку-ку аз куҷо омад? Аз тори ҳаво омад?
Гаҳ ин тараф давидам, гаҳ он тараф давидам...
“Нируҷон, ин ҷо биё!”- аз куҷо садо омад?
Ку-ку аз куҷо омад? Аз тори ҳаво омад?
Гаҳ ин тараф давидам, гаҳ он тараф давидам...
“Нируҷон, ин ҷо биё!”- аз куҷо садо омад?
Баччаи усто-килет пурсидам як каф дона,
Чунки ба долонашон мусича монда лона.
Ман бо ҳайрат давидам, кукуям он ҷо дидам,
Гулхонаашро монда, омад чаро вайрона?
Чунки ба долонашон мусича монда лона.
Ман бо ҳайрат давидам, кукуям он ҷо дидам,
Гулхонаашро монда, омад чаро вайрона?
Дар як гӯшаи долон аз парахаву аз лос,
Аҷаб ки ин мусича хона кардасту палос.
Сӯям наменигарад, киш гӯям, намепарад,
Бо гуфти модаркалон, ақл аз сараш шуд халос?
Аҷаб ки ин мусича хона кардасту палос.
Сӯям наменигарад, киш гӯям, намепарад,
Бо гуфти модаркалон, ақл аз сараш шуд халос?
Баччаи усто килет мегуфт: “Ин мурғаки соз
Ба мисли додои мо дуредгаронро устоз!
Дар як дам лона созад, аз лос палос андозад,
Тухми мондааш сето, дидан хоҳӣ, ин ҷо тоз!”
Ба мисли додои мо дуредгаронро устоз!
Дар як дам лона созад, аз лос палос андозад,
Тухми мондааш сето, дидан хоҳӣ, ин ҷо тоз!”
Баргаштам дилозурда ба хона бо сари хам,
Чашмонам аз гиря нам, синаам пур-пури ғам...
Омад яке садое, омад бас хуш навое!
Дар шохаи гул дидам чаманорое ин дам!!!
Чашмонам аз гиря нам, синаам пур-пури ғам...
Омад яке садое, омад бас хуш навое!
Дар шохаи гул дидам чаманорое ин дам!!!
* Усто-килет - "усто"-и вайронкор
Танҳо шудам, танҳо шудам имшаб чу шабҳои дигар,
Дар хештан пайдо шудам имшаб чу шабҳои дигар.
Дар хештан пайдо шудам имшаб чу шабҳои дигар.
То гашта эҳё ёди Ӯ дар осмони хотирам,
Девонаву шайдо шудам, имшаб чу шабҳои дигар.
Девонаву шайдо шудам, имшаб чу шабҳои дигар.
Ҳастӣ чу дар ман ҳаст шуд, ҳар қулла пешам паст шуд,
Пойин будам боло шудам, имшаб чу шабҳои дигар.
Пойин будам боло шудам, имшаб чу шабҳои дигар.
Нур омада бар Тури ман, дар ҷилва шуд манзури ман,
Дар ҳар “на”е ман “ҳо” шудам, имшаб чу шабҳои дигар.
Дар ҳар “на”е ман “ҳо” шудам, имшаб чу шабҳои дигар.
Юсуф зи нав дар чоҳ шуд, дар Каҳкашонҳо моҳ шуд,
Ман дар “ман”и худ “мо” шудам, имшаб чу шабҳои дигар.
Ман дар “ман”и худ “мо” шудам, имшаб чу шабҳои дигар.
Замзам равон дар ҷӯйи ман, чун Марва шуд ин кӯйи ман,
Саҳро будам, дарё шудам, имшаб чу шабҳои дигар...
Саҳро будам, дарё шудам, имшаб чу шабҳои дигар...
Баъди ялдо
Озарахш
Озарахш
Хорҳо гул карданд,
Сангҳо сабзиданд:
Обҳо хуршедӣ,
Хокҳо боронӣ.
Сангҳо сабзиданд:
Обҳо хуршедӣ,
Хокҳо боронӣ.
Чўйҳо замзамаи сабзи баҳорӣ доранд,
Боғҳо маъракаи борбиёрӣ.
Дилбарон ғарқи шукуфа,
Ошиқон масти умед,
Шаҳр то шаҳр тамошову шукўҳу шодӣ,
Деҳа бар деҳа таманнову муборакбоди!
Боғҳо маъракаи борбиёрӣ.
Дилбарон ғарқи шукуфа,
Ошиқон масти умед,
Шаҳр то шаҳр тамошову шукўҳу шодӣ,
Деҳа бар деҳа таманнову муборакбоди!
Лек, ҳоло…
Асабам месурфад…
Асабам бемор аст, эй модар, асабам бемор аст,
қиссааш душвор аст…
Асабам месурфад…
Асабам бемор аст, эй модар, асабам бемор аст,
қиссааш душвор аст…
Асабам ҷомаи пашмини зимистонӣ нест, ки
кашам, як тарафаш партоям.
Салафан нест, ки аз шишаи тиреза канам,
То ба оғўши насими саҳарӣ панҷарае бикшоям.
кашам, як тарафаш партоям.
Салафан нест, ки аз шишаи тиреза канам,
То ба оғўши насими саҳарӣ панҷарае бикшоям.
Асабам аз нафаси сарди зимистони дароз
нафасе сард нашуд,
Шаби ториктарини ялдо бечароғӣ накашид,
Тармаи ағбаи Шаҳристонро борҳо хандазанон бозгузашт,
Аз раҳи қисмати ноҳамворам зарраяке
бедимоғӣ накашид.
нафасе сард нашуд,
Шаби ториктарини ялдо бечароғӣ накашид,
Тармаи ағбаи Шаҳристонро борҳо хандазанон бозгузашт,
Аз раҳи қисмати ноҳамворам зарраяке
бедимоғӣ накашид.
Лек ҳоло…
Асабам месурфад,
месурфад…
Асабам бемор аст,эй модар, асабам бемор
аст,
Синааш абгор аст…
ғамаш аз дидани як пиразани бечора,
ки зимистону баҳорони дароз сари раҳ мешинад.
Зиндагӣ дар дами пирӣ чӣ ба дўшаш карда?
Ба қади хамзада сигорфурўшаш карда…

Асабам дар ғами ин пиразанак ночор аст,
Ки ба ҳар раҳгузаре аз сари меҳр
«Иди наврўз муборак!»- гўён месурфад, месурфад, месурфад!!!
Ки ба ҳар раҳгузаре аз сари меҳр
«Иди наврўз муборак!»- гўён месурфад, месурфад, месурфад!!!
Асабам бемор аст, эй модар, асабам бемор
аст,
Дар дилаш замзамаи наврўзӣ,
Дар лабаш сигор аст…
аст,
Дар дилаш замзамаи наврўзӣ,
Дар лабаш сигор аст…
Нусратулло БОБОЕВ
Эй одамон, ба ҳамдигарӣ рафтуо кунед.
"Не"-ро "бале" кунед, "бирав"-ро "биё" кунед.
Дар панҷрӯза панҷа гирифтан ба ҳам чаро?
Баҳри салом чилгираҳи панҷа во кунед.
То чанд бар ҷароҳати қалбе намак шудан?
Шаккар ба коматон, касалеро даво кунед.
Якзайл аспи ақрабаки умр медавад,
Эй хобтинатон, сӯйи соат ниго кунед.
Доред қасру хонаи дилҳо вале хароб,
Нафратсаройи хеш муҳаббатсаро кунед.
Донам, ки пеши чашми шумо ҳеҷ кас наям,
Боре валек гӯш ба ҳарфи Тило кунед.
Бо рафтуои ҳар нафасе умр меравад,
Эй одамон, ба ҳамдигарӣ рафтуо кунед.
БОЯД ҲАМЕША ДАР ДИЛ ФАСЛИ БАҲОР БОШАД
Бояд ҳамеша дар дил фасли баҳор бошад,
Бояд ки ихтиёраш дар дасти ёр бошад.
Бояд ки ихтиёраш дар дасти ёр бошад.
Бояд ки сайр кардан дар шаҳри орзуҳо,
Чун неъмати бузурги Парвардигор бошад.
Чун неъмати бузурги Парвардигор бошад.
То ганҷи ҳар ду олам ин дам ба даст ояд,
Бояд диле ба зикру дасте ба кор бошад.
Бояд диле ба зикру дасте ба кор бошад.
Бояд баҳор будан, бояд ки гул кушудан,
Ҳар рӯзи нав шукуфтан кору шиор бошад.
Ҳар рӯзи нав шукуфтан кору шиор бошад.
Андешаҳои худро дар қолаби дигар гӯ,
Бояд ки зарфи маъно дархурди бор бошад.
Бояд ки зарфи маъно дархурди бор бошад.
Дуди дили қаламкаш берун равад,чу килкаш
Дар зери панҷаи ӯ мисли сигор бошад.
Дар зери панҷаи ӯ мисли сигор бошад.
Ҷамолиддин Шоҳасанов
Ин фалакро ҳар нафас як чашми гирёни дигар,
Аз паси борон биёяд боз борони дигар.
Аз паси борон биёяд боз борони дигар.
Аз дили ошуфтаи ман гул шуданҳо рафтааст,
Месупорам ғунчаҳоро бар баҳорони дигар.
Месупорам ғунчаҳоро бар баҳорони дигар.
Дар хаёли рӯзҳои рафта месӯзад дилам,
Мезанад бар оташам ҳар ёд домони дигар.
Мезанад бар оташам ҳар ёд домони дигар.
Зиндагӣ душвор омад, марги ман душвортар,
Аз ғаме мирам, ғаме мебахшадам ҷони дигар.
Аз ғаме мирам, ғаме мебахшадам ҷони дигар.
Мегурезам ҳар шабе аз маҳбаси танги хаёл,
Раҳ ба раҳ пеш оядам чоҳеву зиндони дигар.
Раҳ ба раҳ пеш оядам чоҳеву зиндони дигар.
Ханда кардам, гиря кардам, то гули яъсам шукуфт,
Сури сӯгам сар баровард аз гиребони дигар.
Сури сӯгам сар баровард аз гиребони дигар.
Акси худро дидам андар рӯнамои рӯзгор,
Чун пушаймоне, ки мепечад ба армони дигар.
Чун пушаймоне, ки мепечад ба армони дигар.
Бо ҳама истезаи олам муросо мекунам,
Дардро ҷуз зиндагонӣ нест дармони дигар.
Дардро ҷуз зиндагонӣ нест дармони дигар.
Комментарии
Отправить комментарий