НАСР

Бахтиёри ҶУМЪА
ДӮСТОН САЛОМАТ БОШАНД
(Повест)
(Давомаш)
РӮЗИ ЧОРУМ
         ‒Хоб бас, дӯстони азиз! Рӯз шуда, офтоб баромад. Хезед, ба давидан рафтем. Тез! Ман шуморо дар берун интизор.
         Ин даъвати командир ба гӯши хобидагон ҳамчун азони субҳгоҳии муаззин нофорам расид.
         Довар ин саҳар аз Иқболшоҳ саҳл барвақттар бедор шуда буд. Бо як каф носи зери забонаш, ки «кайф» мекард, ба «хезед!»-у «падём!» гуфтани командир чандон эътибор надод. Лекин Мирзобек ноҷунбон ‒ болиштро аз оғӯшаш раҳо накарда, ҳамон хоб мекард. Иқболшоҳ роҳи маъмули аз хоб бедоркуниро пеш гирифт: вай аз қулқулаи рӯйи миз як каф об гирифта, ба болояш пошид. Мирзобек як мор барин ба худ печида, ҳамчун тӯби ба замин зада, ғур‒ғуркунон ҷаста аз ҷояш хест. Аммо Иқболшоҳ ба ин ғур‒ғурҳои Мирзобек эътиборе надода, берун баромад.
         Зердастон гардани хор‒хорон аз хоб хестанд. Иқболшоҳ аллакай дар берун медавид. Онҳо ҳам ноилоҷ ба давидан сар карданд.
         ‒ Доварҷон, биёед, ба командир эмбарго эълон мекунем! - давида истода ба Довар рӯ овард Мирзобек. Давидани онҳо ба назар хандаовар метофт. На давидани давидан ва на гаштан ‒ аз қадамзанӣ саҳл тезтару ба лӯкка монандӣ дошт.
         ‒ Чӣ хел эмбарго? ‒ ҳуши Довар, ки ба муаммоҳои зиндагии худ банд буд, ба мақсади Мирзобек дуруст сарфҳм намерафт.
         ‒ Эмбарго ‒ ин изҳори норозигӣ, дафъ кардан аст!
         Довар акнун ба таги мақсади Мирзобек расид.
‒ Ин чӣ хел мешавад?  ‒ китф барҳам кашид Довар. ‒ Иқболшоҳ командир бошанд, шумо
ҷонишини командир. Дар байни дуи шумо як мани мискин бемансаб. Яъне, аскари қатории фармонбардор. Саҳл дағалтар карда гӯем, ғуломи ду хоҷа. Аз дасти мани бечора чӣ меояд? Фармондеҳӣ осон, вале иҷро кардан…
         ‒ Барои ҳамин ҳам командирро ба истеъфо баровардан даркор. Он кас бо хӯрдагириҳояшон майнаи одамро туруш карда, бутун ба ҷон расонданд. Нест бод ин хел командир! Бо фармондиҳӣ  даҳонашон дард намекунад, вале бечунучаро иҷро кардани онҳо амри маҳол…
         ‒ Албатта. Вале Иқболакем, агар фаҳманд, ки шумо ба тагашон об рехтанӣ ҳастед, аҷалатонро наоранд. «Бозӣ макун бо арбоб, арбоб занад ба ҳар боб» гуфтанд мардуми донои мо.
         ‒ Набошад, чӣ кор мекунем?
         ‒ Надонам, аз афт, тоқат кардан даркор.
         ‒ Тоқат ҳам ҳадду ҳудуд дорад. Ман дигар тоқат карда наметавонам. Ягон рӯз ин фикрамро рӯйирост, ба таври ултиматум, ба худашон мегӯям. Бомба барин мекафем!
         ‒ Ихтиёратон. Вале ман маслиҳат намедиҳам. Оқибаташ нағз намешавад.
         ‒ Бад ҳам намешавад.
         ‒ Нағз нашавад, бад нашавад, миёна-дия.
         ‒ Уф‒ф… Ана командир намоён шуданд. То гузашта рафтанашгон камтар давем.
         ‒ Вонамуд кунем ҳам, мешавад.
         ‒ Ӯҳ одами доно-е!

                   *                           *                           *

         Пас аз шустушӯйи дубора аз рӯйи реҷаи тартибдодаи командир Мирзобек навбатдорӣ мекард. Вай дар рӯйи мизи пастак дастархон паҳн кард. Чой монд. Нон шикаст.
         Ба корҳои ӯ Иқболшоҳ лаҳзае зеҳн монда истода, дигар тоқат накард ва эрод гирифт:
         ‒Одам аввал дастархонро дуруст мепартояд. Он тахту ҳамвор ва зебо бошад. Мо се нафар, сачоқҳоро дар се ҷо гузоред. О ин чӣ хел пиёлапоккунӣ-а?... ‒ дар таги пиёла доғи доирашакли зардтоби шарбати  шафтолуро дида, оҳанги эътирозашро баландтар кард. ‒ Шустан магар ҳамин хел мешавад? Вай дасту панҷа л панҷшоха? Янгамулло ба ин хел кору рафторатон шуморо чӣ хел шӯй карда гаштаанд-а?
         ‒ Янгаатон ҷон гӯяд, ки ман барин як шӯйи кали гаправ дорад. Худо додагӣ барин ман ба лотореяш баромадагӣ шавҳари олиҷаноб. Боиси фахру ғуруру ва бахту тахташ ‒ ман!
         ‒ Бахту тахт ҳамин хел бошад, янгамулло аз баҳраш бароянд беҳтар! ‒ гӯён худаш рафта, аз нав пиёлаҳоро шуста омад. Даспоккунҳоро чорқат карда, дар се ҷо гузошт. Нонҳои бурдаи осиёгиро аз нав бо корд тунуку зебо бурид. Косаи қаймоқеро, ки кадоме дирӯз оварда буд, ба байни дастархон гузошт.
         ‒ О командири мӯҳтарам, ҳамин хел корҳо, ки аз дасти муборакатон меомадааст ва онҳоро ба дараҷаи аъло иҷро мекардаед, боз чаро калларо гаранг карда, ба мо мефармоед? Навбатдор таъйин карда, беҳуда даҳонатонро дард мекунонед?
         ‒ Ман кор кунам, ба шумо мефорад-а? Шумо ҳам кор карданро ёд гиред, ба фойидаи худатон аст!
         ‒ Ман аз баҳри ин хел фойида гузаштам!
          Командир аз рӯйи расму оини хизмати ҳарбӣ барои гуноҳе ба Мирзобек л Довар ҷазо ‒ наряди ғайринавбатӣ эълон мекард. Вале ҳамон ҷазо: шустани ду‒се косаву табақ, обгардон кардани чойник, ба қуттии пасмондаҳои ошхонаи бемористон бурда партофтани пӯсти харбуза л тарбуз баъди чанде аз ёдаш мебаромад ва худаш он корҳоро иҷро мекард. Л зердастонаш табъи дилу сари вақт иҷро накунанд, фармони додаашро фаромӯш сохта, боз ба иҷрои ҳамон корҳо худаш дасту остин бармезад. Аз ин тарзи рафтору корбарии командир Довар ба хулосаи қатъие омад, ки ӯ аз занаш ба қадри аҷал метарсад ва тамоми ин гуна корҳои оила ба зиммаи ӯст. Ин фикрашро боре дар танҳоӣ ба Мирзобек гуфт. Вай дар ҷавоб гапи дӯстдоштаашро такрор кард:
         ‒ Ӯҳ халқи доно-е! Аниқ ёфтед-а?!  Офарин! Баҳоятон панҷ!!
        
                   *                           *                           *

         Хоҳари хоҷагӣ ‒ Маҳбубаойтӣ, аз афт, ҳар пагоҳӣ бо нияти чангу гардкобӣ аз хоб мехезад. Кору бораш ҳамин. Аҷаб зане ‒ ҳама аз чангу гарду хасрӯбаҳо безору вай дар ҷустуҷӯяш чорчашма шуда ба чор тараф менигарад. Баъзан бо чашмони худ бовар накарда, бо ангушт л рӯймолчаи сап‒сафедаш ҳар ҷо ‒ ҳар ҷоро пок карда, баъд ба пеши чашмонаш наздик меорад ва ҳамчун заррабин мебинад.
         Ин пагоҳ ҳам ӯ бо навкаронаш бо шаст ба палата зада даромад. Ду хизматчӣ ҳамчу соя аз пасаш кашола буданд. Тафтишро аз ҳоҷатхона, даромадгоҳ, ҷойи хӯрокхӯрӣ сар карда, ба хонаи хоб гузашт. Ба тозагиву гигиенаи ин ҷойҳо қаноат ҳосил накарда, ба кунҷу канорҳо нигарист, ба пешайвон сар халонд. Баъд даст ба пушти ҷевони либосҳо бурда, ба сӯйи ходимае, ки имрӯз бояд навбаташро месупурд, рӯ овард:
         ‒ Ин чӣ?
         ‒ Шамол шуда буд, ойтиҷон, ‒ ва ба сӯйи мо нигариста, илова кард. ‒ Инҳо дару тирезаро кушода мондаанд…   Ҳозир боз тоза мекунам, ‒ гӯён бо докаи нимтари ҳамеша дар даст тайёраш ба пок кардани гарду ғубори пушти ҷевон сар кард.
         ‒ Ин айби мо, ойтӣ, ‒ тарафи фаррошзанро гирифтани шуда, гуфт Мирзобек. ‒ Ҳавои хонаро тоза кардем. Баъд пӯшидани дару тиреза чурт аз ёдамон баромадааст. Шамоли беақлу фаросат чангу хокро ба хона даровардааст.  Агар, аз рӯи инсоф гӯем, шумо ин касро не, ‒ ба сӯйи фаррошзан нигарист Мирзобек, ‒ шамолро ҷанг кунед, ки дигар ин хел беодобӣ накунад.
         Маҳбубаойтӣ як нимтабассуми дандоннамое карду ба гапҳои Мирзобек заррае эътибор надод. Ҳамон ғур-ғури эътирозомези худро давом дода, аз дар баромад. Вай ҳамеша серкору сертараддуд аст. Охир ҳар рӯзи Худо тозагии ин қадар палатаҳоро аз назар гузаронда, ҷанҷол бардошта нагардад, аз афт, устухонаш ба ҷояш намеафтад.
         Шӯраки шавҳари ин хел занҳо! Онҳо дар хонаҳои худ чӣ хел бошанд?!

                   *                           *                           *
         Баъди хӯрдани доруву қабули қатрарезҳо командиру аскарони ӯ ба муолиҷаҳои физиотерапевтӣ пардохтанд. Онҳо ин гуна корҳоро аз қабули сӯзан сар карданд.
         Духтурзане, ки ин корро ба ҷо меовард, Зебо ном дошт. Вай як зани миёнсолу миёнқади сап‒сафеди кулчарӯйе буд. Тану тӯшаш на фарбеҳи фарбеҳ ва на хароби хароб ‒ миёнаи тиллоӣ. Ҳарчанд ӯ мактабро ба забони русӣ хатм кардааст, бо вуҷуди он ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ ҳам бемалол гап мезад. Бе чини абрӯ л қавоқу димоғ тамоми беморонро қабул мекард. Ба шиносу бегона заррае дағалиро раво намедид. Рафтору кирдори хурдтарине, ки ба дили истироҳаткунандагон сахт мерасид, барои вай бегона буд. Хулоса, як зани фариштахислату фариштарафторе! Ҳеҷ гоҳ ба саросемагӣ роҳ намедод. Аврупоипӯшу аврупоинусха бошад, ки корҳояшро бо як тамкини хоси занони миллӣ ба ҷо меовард. Ҷӯраҳо ба се роҳаткурсии калону зебое менишастанд ва остинҳои куртаро аз оринҷ ва почаҳои шиму шалварҳояшонро аз зону боло бардошта, ба қабули сӯзан омода мешуданд.
         Зебоойтӣ бо чеҳраи кушод ва ҳамон рафтору кирдори доимияш сӯзанҳояшро тайёр карда, аз ҷӯраҳо пурсид:
         ‒ Хӯш, сӯзанмониро аз кӣ сар мекунем?
         ‒ Аз ин кас! ‒ Мирзобекро нишон дод Иқболшоҳ. ‒ Сарашон кал, нуқтаҳои даркориро ёфтанатон осонтар.
         ‒Э Худоё, ҳамеша сари кали ман ба бало мемонад! Не, аз ин кас! ‒ розӣ нашуда, худи Иқболшоҳро нишон дод Мирзобек. ‒ Сабад барин дар сар мӯйсар доранду арзан барин ақл не. Ҷойи сӯзанмониро ёфтанатон душвортар аст. Як азоб кашанд, ки мо хурсанд шавем.
         Зебоойтӣ табассуми малеҳе кард.
         ‒ Набошад на аз шумо ва на аз ин кас, балки аз акаи Довар сар мекунем. Муаллим аз сӯзан метарсанд. Сӯзанҳоро аз ҳама пеш монам, аз ҳама пеш мегирем, ҷонашон халос мешавад. Маъқул?
         ‒ Маъқул, ‒ аз дилу ҷон хурсанд шуда гуфт Довар.
         Сӯзанмонӣ, рафтору гуфтор, хулоса корбарии Зебоойтӣ дар ҳақиқат ба Довар маъқул буд. Ӯ ҷойи сӯзанхалониро аввал бо пахтаи спиртолуд тоза карда, сонӣ бо оҳистагӣ сӯзан мемонд. Халидани сӯзанро баъзан одам мӯрча газидагӣ барин ҳис намекард. Ба зудӣ сӯзан то ҷойи даркории узв наравад, пармавор ба чапу рост тоб медод л бо нохуни пушти ангушти ишоратиаш оҳиста‒оҳиста мезад.
         Баъде, ки духтур дар тори сар ва ду дасту ду по сӯзанҳоро мехалонд, Довар як ҳаловати аҷиберо ҳис менамуд. Болои сараш осмони софу беғуборе пайдо мешуд. Абрҳои барфосо сафеди даргузари осмон ба ӯ ҳаловат мебахшиданд. Пеши чашмонаш табиати зебои кӯҳистон ҷилвагар мегашт. Дар доманаҳои он гулу гиёҳҳои рангоранги зиёдеро медид. Ба гӯшаш овози нағмасаройи булбулон фораму дилангез мерасид. Хонаву дар, зану бачаҳояшро фаромӯш месохт. Ғаму ғусса, дарду ранҷ, муаммоҳои зиёду беохири кору ҳаёт гум мешуданд. Тамоми вуҷудашро як кайфияти олие фаро мегирифт, ки бо қалам тасвир кардан амри маҳол аст.
         Ӯ мехост, ки ин хел лаҳзаҳоро ҷовидон давом кунанд. Вале хориши ягон ҷойи узви бадан ва л пашшаи хирае ба пешониву рӯяш нишаста, ин гуна кайфияти аълои ӯро халалдор месохтанд.

                   *                           *                           *
         Пас аз қабули якҷояи сӯзан онҳо ба кабинетҳои гуногуни муолиҷавӣ пароканда шуданд. Мирзобеку Иқболшоҳ масҳ гирифтан хостанд. Довар ба қабули барқ аҳд кард. Дид, ки дар навбат одам бисёр аст,  ба «сандалӣ» даромад. Аз ин пештар ҳам, ки ӯ ба ин ҷо даромада буд, ҳамаашро медонист ва бе ёрии ходима ин навъи табобатро бемалол мегирифт.
         Ин намуди табобат мисли ҳамон сандалиҳои бобоӣ буд. Фақат онро аз симҳои ғафс ҳамчун гаҳвора дарозрӯя сохтаанд. Ба ғайр аз фарш дар паҳлӯву болояш лампаҳои зиёди барқӣ гузоштаанд. Аз як тарафи кушодааш ба даруни он пойҳоятонро дароз карда, чароғҳоро мегиронед ва аз тафсу равшании онҳо аз нӯги по то болои зонувонатон равшаниву гармӣ мерасад. Ба ҷойи кӯрпа ин ҷо кампал аст ва онро ба болои миёнатон мекашед. Бо гузашти вақт тафсу гармии «сандалӣ» баландтар шуда, пойҳоятон роҳат мекунанд.
         Ин намуди муолиҷа 25‒30 дақиқа давом мекунад. Довар то гузаштани ин муддат ба мутоилаи китоб машғул шуд.

                   *                           *                           *
         «Ҷин занад ин феълу хислати маро, ‒ аз қабули об баргашта, худро коҳиш дод Довар. ‒Ба дигар одамон ҳавасам меояд: аз дари хона л корхона бароянд, тамом, дигар дар бораи ҳеҷ чиз намеандешанд. Беғамхӯҷа мешаванд. Вале ман ин хел шуда натавонистам‒натавонистам…»
         Ба қабули об ҳам навбатпоист. Аксар ба души сиркулярӣ, ки даромадан мехоҳанд, навбат ба он мисли вагонҳои поезд қатор мешавад. Вале Довар бештар ванна қабул мекард. Ваннаҳои зиёди обӣ дар қабати дуввум ҷойгир аст. Довар мекӯшад, ки ба чашми мудири шӯъбааш наафтад. Вай дорову ба зару зевар ғӯтида гардад, ки боз аз ҳама чизе умедвор. Вале ёрдамчиаш занаки хуб аст. Ҳамеша кушодачеҳраву хандон. Камбағалсуроб, ки аст, ба касе тамаъомез нигоҳ намекунад.
         Уф, боз ин хаёлот Доварро куҷоҳо бурданд. Ҳозир вай дар отпуски меҳнатӣ ва табобат гирифта истодаасту ҳамон ҳушу ёдаш ба корҳои мактаб банд. Наметавонад, наметавонад‒е! Дигар муаллимон баъди сар шудани дарсҳо кори мактабро ба ёд оранд, ӯ аз ҳоло ғами соли нави хониши мактабро мехӯрад.
Мабодо боз фаррошзан даромада наояд, ӯ дарро аз дарун қулф кард. Қоғазу қаламашро ба даст гирифта, ба тартиб додани нақшаҳои солона пардохт. Вале ҳанӯз фикру андешаҳояшро гирдуғун накарда, дарро касе тела дод. Маҳкам буданашро дида, мушткорӣ кард.
         Довар зуд қоғазҳояшро пинҳон карда, дарро кушод: Мирзобеку Иқболшоҳ.
         ‒ Чаро дарро қулф карда нишастаед? ‒ пурсид Мирзобек.  
         ‒ Ҳамту,  ‒ чӣ ҷавоб доданашро надониста, ғурунгид Довар.
         ‒ Беҳуда Доваракем дарро аз дарун қулф карда намешинанд, ‒ маънодор хандид Иқболшоҳ.  ‒ Мо аз дар даромадем, он кас хонумашонро аз тиреза гусел карданд.
         ‒ Ёфтед, ‒ дурӯғи командирро ҳамчун гапи рост тасдиқ кард Довар.
         ‒ Ӯҳ одами доно-е! ‒ ба Иқболшоҳ рӯ оварда, ба пешгӯйияш тан дод Мирзобек. ‒ Фолбин будаед-ку шумо. Акнун дар паси дар як реклама ҳам нависта монем: «Экстрасенси машҳуру маъруф Иқболшоҳ ибни Ҳақмурод мизоҷонро аз соати фалон то соати фалон қабул мекунанд».
         ‒ Албатта. Фақат як илова кунед: «Занҳою духтарҳои зебо, кадом вақте ки хоҳанд, мардҳо бошанд, кадом вақте ки ман хоҳам».
         ‒ Ӯҳ одами доно-е! Бо ин хел командир, Худо хоҳад, мо хор намешавем.
         ‒ Ман ба ин ҳаргиз роҳ намедҳам.
         ‒ Зинда бошанд командири ҷонаҷони ғамхору меҳрубони мо! ‒ илова кард Довар.
         ‒ Лаганбардорӣ накунед, аздусар ба хонаатон равам, ба янга мегӯям.
         ‒ Илтимос, нагӯед, командирҷон. Ман як зиёфат қарздор.
         ‒ Хайр, ‒ олиҳимматона даст афшонд Иқболшоҳ. ‒ Барои ман дӯстон саломат бошанд, бас!

                                      *                           *                           *

         ‒ Мирзобек ҳам меоянд? ‒ Доварро дар қабули муолиҷаи мумшамъ дида, пурсид ходимаи ин даргоҳ, ки тану тӯшаш ҳамеша диванро ба хотир меовард.
         ‒ Намедонам. Лекин ҳатман меоянд.
         ‒ Ман мумашонро тайёр карда монда будам. Биёянд, нағз буд.
         Дигар диванзан ҳеҷ чиз напурсиду Довар ҳам чизе нагуфт. Навбаташ расида, ба хоначаи рақами шашум даромад. Зан аз рӯйи одат сарам‒дилам тахтамуми гармро бардошта омада, ба пушташ гузошт. Аз болояш кампалро пӯшид ва баромада рафт. Довар боз ба мутолиаи давоми романи «Шоҳи футбол» пардохт. Вале ба майнааш чизе намедаромад.
         Довар ба кору рафтори ин зан ҳайрон мешуд. Бо ҳамин дастоне, ки мумро бо корд аз тобаи чоркунҷашакл бурида, ба пушт, пой л дасти беморон мегузошт ва аз болои он плёнкаву кампал мепӯшонд, нашуста картошка пӯст меканд, ош меандохт, дег мекофт л чой менӯшид. Агар инҳоро пеши назар оварда, тасаввур кунед, дилатон беҷо шуда, ихлосатон мегашт. Вале Довар, ки инро рӯйирост ба худи ӯ гуфтан ҷуръат намекард, ноилоҷ аз дил мегузаронд.
         ‒Хайр, ба ман чӣ? Дасти худашу даҳони худаш, ҳар коре, ки кунад, ихтиёраш. Ман сардухтур л шавҳараш нестам, ки хӯҷаинӣ кунам?! Бало ба пасаш!
                            *                           *                           *
         Довар ба таги дари шӯъбаи масҳ омад. Одамон аз ҳаррӯза дида зиёдтар буданд.
         ‒ Одам бисёр-ку, ‒ худ ба худ ғурунгид Довар.
         ‒ Ҳа, худи Тамарахон нестанд-дия, барои ҳамин одам бисёр, ‒ гуфт марде, ки дар яке аз курсиҳо дар қатори навбатпоён менишаст.
         ‒ Чаро? ‒ ҳайрон шуд Довар.
         ‒ Кадом як касали калоншаванда омадааст, ‒ гуфт он мард. ‒ Дар палатаи люкси яккаса Тамарахон ба массаж кардани ҳамон кас рафтанду то ҳол бедарак.
         ‒ Уф‒ф, ‒ оҳе кашид пиразани ҳампаҳлӯяш. ‒ Калонҳо касал шаванд, ҷабри бечораҳо будааст‒дия.
         ‒ Лекин ягон бойбача л мансабдори калон мурад, зарар надоштааст, ‒ хандида ба гап ҳамроҳ шуд марди миёнсоле, ки рост меистод. ‒ Бовар мекунед л не, як бегоҳ ба хонаи хоҳарам рафтам. Вай дар як гӯшаи ноободтари шаҳр зиндагӣ мекунад. Ба торикшавии шаб нигоҳ накарда, мардуми зиёде ба ҷӯйкобиву роҳрӯбӣ машғул буданд. Мошинҳо қатор ‒ яке шағал меоварду дигаре асфалт. Шаби дароз кӯчаҳоро асфалт, ҷӯйҳоро тоза, танаи дарахтонро сафед карда баромаданд. Пагоҳӣ хеста меомадам, ки он ҷойҳоро нашинохтам. Сабабашро пурсам, гуфтанд, ки як мансабдори калон мурдаасту барои бо иззату обрӯ баровардани мурдааш ин қадар ташвишу тараддуд кардаанд…
         Ӯ гапашро ба охир расонда буд, ки кадоме гуфт:
         ‒Э мурад ҳам дар ин дунё одами калон мурад.   
         Ҳама завқ карда хандиданд.
         Довар аз баҳри масҳи имрӯза гузашт.
                            *                           *                           *
         Довар ояд, Мирзобеку Иқболшоҳ аллакай дар палата. Ба ҷойҳои хоби худ дароз кашида, баҳсу мунозира доранд.
         ‒ Доварака, идеяи олиҷаноб! ‒ ба Довар рӯ оварда гуфт Иқболшоҳ.
         ‒ Хӯш?
         ‒ Идея ҳамин, ки шумораи беморбинҳо торафт зиёд шуда истодаанд. Даркор не гӯем ҳам, бе дастовез намеоянд. Ҳамаи чизҳои овардаи онҳоро, албатта, мо хӯрда наметавонем. Барои ҳамин дар ҳамин ҷо ягон нуқтаи савдо кушоем, шумо чӣ мегӯед?
         ‒ Ҷон мегӯям-дия. Нютон шаведу равед, ин идеяи зӯр! ‒ суханони Иқболшоҳро аз таҳти дил дастгирӣ кард Довар, ки шояд аз хӯрданҳои маҷбурӣ ҷонаш халос шавад.‒ Одамон ба ҳаҷ рафта, ҳам саёҳату ҳам тиҷорат мекунанд-ку, мо ҳам табобату ҳам тиҷорат кунем, ганда намешавад. Ҳаҷҷи онҳо қабул мешавад л не, Худо медонад, вале мо барои роҳ надодан ба исрофкорӣ ба савоби ҳаҷҷи акбар ноил мегардем. Мухтасари мухтасараш, бо ин роҳ на танҳо худамон, балки кисаҳоямонро ҳам бардаму бақувват мегардонем.
         ‒ Лекин ин идеяи ман ба Мирзоакем маъқул не.
         ‒ Чаро? ‒ ба Мирзобек рӯ овард Довар.
         ‒ Маъқул, ‒ аз ҷойи хобаш ба Иқболшоҳ теғ кашида нигарист Мирзобек. ‒ Фақат вино, арақ, коняк л пиво оранд, ба фурӯши онҳо ман муқобил. Ба дигараш бо дилу ҷон ду дастамро боло мебардорам.
         ‒ Ана, масъала ҳал. Барои ман аз ҳама муҳимаш, дӯстон саломат бошанд, бас.

                            *                           *                           *
         Дар тиқ-тиқ шуд. Мирзобек дарро кушода гуфт:
         ‒ Доварҷон, шуморо мепурсанд. Хостгор барин.
         Довар берун баромад. Як ҳамдеҳааш. Бо сари хам илтимос кард, ки ариза навишта диҳад.
         Якҷоя ба саҳни ҳавлии сиҳатгоҳ рафтанд. Довар дар ҳамон ҷо болои хараки зери сояи дарахт нишаста, ариза навишт.
         ‒ Лозим не, ака, ‒ аз кисааш пул баровардани ҳамдеҳаашро дида, норозиёна гуфт Довар.         ‒ Муҳимаш, коратон буд шавад.
         ‒ Албатта, муаллим. Аризаро, ки шумо навиштед, бенатиҷа намемонад. Ҳама ҳамин хел мегӯянд.
         Довар бо ӯ хайрухуш карда, худ ба худ гуфт:
         ‒ Хайр, майлаш. Дар як деҳа зиндагӣ мекунем, ҳар рӯз рӯ ба рӯ меоем, ҳамин хел корҳо аз дастам меомадааст, ки ба пеши ман меоянд. Илтимосашонро рад кунед, хафа мешаванд. Вале ба хона таъин карда будам, ки дар ин ҷо буданамро ба ҳеҷ кас нагӯянд. Аз афт, занак пӯкида мондагӣ барин.

                                      *                           *                           *
         Рӯйи дастархон зӯр буд. Дар табақи калоне як мантуҳое, ки аз паси пӯсти хамири тунукаш гӯштҳояш намудор мегаштанд, меистод. Ба болояш равған молидаанд. Дар як гӯшааш чаккаву кабудӣ. Ду нони калони осиёгӣ, шарбати шафтолуву афлесун дар қуттизарфҳои чоркунҷаи зебо, ангури кишмиши сиёҳу анҷири заб-зарди тиллоранг ‒ ҳамаи инҳо ба рӯйи дастархон як ҳусни шоҳона мебахшид.
         Дар набудани Довару Иқболшоҳ кадоме ба хабаргирии Мирзобек омада, ин чизҳоро гузошта рафтааст.
         ‒ Раҳмат ба ин хел марди саховатманде, ки хараҷот карда, дастовези зӯре карда омадааст, ‒ рӯйи дастонашро ба ҳам молидаву ба хӯрдан тайёр шуда гуфт Довар. ‒ Илоҳо, ба ҳаққи зану бачаҳояш ҷабр нашуда бошад-дия.
         ‒ Ҳа, кӣ буд он ошноятон? ‒ пурсид Иқболшоҳ ҳам. – Меистоданд, ҳамроҳ мехӯрдем, нағз буд.
         ‒ Як ошнои хасакӣ! ‒ бепарвоёна ҷавоб дод Мирзобек. ‒ Корам бисёр гуфта, монда рафт.
         ‒ Дар пеши ӯ ҳурмату эҳтироматон баланд будааст-дия, Мирзоака, ин қадар ташвиш кашидааст.
         ‒ Ҳа, ‒ сари синаашро дамонда гуфт Мирзобек. ‒ Мо дар пеши шумо қадру қимате надорем. Дар асл, ҳурмату эҳтиромамон кӯҳи Элбурус барин баланд…
         ‒ Инро медонем, Мирзоака, о вай кӣ буд?
         ‒ Як дарди сар. Кораш афтодагӣ набошад, вай муттаҳам, дар зимистон ба касе барфро ҳам муфт намедиҳад.
‒ Охир дастовезаш зӯр-ку, боз  ҷабр нашуда бошад, мегӯям-дия.
‒ Ҳеҷ хел ҷабр-пабр намешавад. Вай гӯрсӯхта ҳафт-ҳашт магазину чор ресторан дорад. Худаш
аждаҳонафс. Қорӣ-ишкамба дар калӯши вай патак шуда наметавонанд. Мехӯраду лекин сер шуданашро намедонад.
         ‒ А? ‒ аз ҳайрат шах шуд Довар. ‒ Ҳоло ҳамин тавр гӯед, Мирзоака?! Ин хел бошад, ин ошноятон хасиси мурданӣ будааст-ку?! Ҳамин қадар сарвату давлату добу дастгоҳ дошта бошад, дар пеши онҳо ин қатрае аз океан ҳам нест-ку! Дина омадагӣ мардак кӣ буд? «Ягон хизмат бошад мо ҳамеша тайёр!» ‒ гуфта, илтифоти зиёде карду шумо «даркор не, ҳоло ба хизмат карданатон боз 40 ‒ 50 сол ҳаст» гуфтед?
         ‒Э хизматаш аз сараш монад. Вай ҷӯраам гӯрков аст...  
         ‒ Шуд, шуд! ‒ ҳамчун командир овоз баланд кард Иқболшоҳ. ‒ Диққат, акнун ба амри сарфармондеҳи олии палатаи рақами 24 гӯш кунед. Фармон медиҳам: дар пеши шумо вазифаи калон ва масъулиятноке гузошта шудааст. Ҳамакаса бо як ҳуҷуми барқвор ин нозу неъматҳои рӯйи дастархонро несту нобуд карданамон даркор! Дар акси ҳол зиёдатӣ карда боқӣ монад, бӯй гирифта, хӯроки пашшаҳо мешавад.
         ‒ Хуб шудааст, рафиқ командир! Мо ҳамеша ба ин хел ҳуҷумҳои барқвор тайёр! ‒ даст ба чаккаи сари бемӯяш бурд Мирзобек. Ин, ки хилофи қоидаи низомӣ буд, Иқболшоҳ ба сӯйи ӯ ало нигоҳ кард: бо сари бесарпӯш ин кор мумкин нест.

                                               *                           *                           *

         ‒ Дар палатаи яккасаи лукс зани зебоеро дида, мадори дасту поям хушк шуд. Занак ҳам ин қадар дилкашу дилрабою мафтункунанда мешудааст - а?
         ‒ Оби даҳанатонро зуд пок кунед, ки боз рехта, то зону фарши хонаро тар накунад, ‒ ба сӯйи Иқболшоҳ нигоҳ карда гуфт Мирзобек. ‒ Дилакатон гум зада истода бошад, ҳамчун справка зуд киву чи кора буданашро аниқ мекунем.
         ‒ Раҳмат, ба домпартоӣ худамон ҳам усто, ‒ лаб инҷ кард Иқболшоҳ. ‒ Дили занҳо дар гӯшашон. Чорта болобардору бебаркаш таъриф кунем, тамом.
         ‒ Ҳе одами доно-е! Вале 99,9 фойизи дили занҳо дар ҳамёну кисаҳои мардҳо. Пул ҳама корро ҳал мекунад. Мегӯянд-ку, пул бошад, дар ҷангол шӯрбо. Шумо ба ин чӣ мегӯед, Доварҷон?
         ‒ Ман аз рӯйи одат ҳаракат мекунам, ки мисли дигарон фикр накунам. Дар ин бобат ақидаи шахсиам ҳаст.
         ‒ Ақида, яъне варсоқӣ аст. Пул не, ки дилатон сӯзад, гӯед мо ҳам баҳравар шавем, ‒ тамаллуқомез хоҳиш кард Мирзобек.
         ‒ Оби даҳонатон ҳам нараваду дилатон ҳам гум назанад. Ҳозир чӣ бисёр, касалиҳо бисёр. Ба ягон хели онҳо гирифтор шавед, хонаатон месӯзад. Аз янга намонеду дасти ману домани ту гуфта ба саратон бардошта гардед.
         ‒ Э одама бекорд мекушед-ку шумо! ‒ ғурунгид Иқболшоҳ.
        
                            *                           *                           *
         Ҷӯраҳо аз рӯйи одати худ баъди пешин оббозӣ карда меомаданду дар катҳои худ дароз мекашиданд. Дар ин гуна вақтҳо Мирзобек пушт ба болову рӯяшро ба болин яктарафа ҷафс карда мехобид. Хобаш ҳам мисли ҳаёташ ягон рабту низоми муайяне надошт.
         Командир командир аст. Вай рӯ ба боло, дастҳояшро чилликвор рӯйи синаҳояш гузошта, ба хоб мерафт. Барои он ки равшании рӯзона ба хоби бофароғаташ халал нарасонад, аввал телефонашро мекушт. Баъд чашмбанди махсуси сиёҳранги зебое, ки ҳамчун ниқоби чашми солинавии кӯдакон буд, ба болои чашмонаш мекашид. Онро ба чашмонаш гузорад, тамом: барояш рӯзи равшан ҳам шаби торик мегашт.
         Бори аввал ба чашм пӯшидани чашмбанди ӯро Мирзобек дида, нидо баровард.
         ‒ Метавонед-е! Мо ҳам худро одам гуфта гашта будаем-дия. Ӯҳ, мардуми доно-е!
         Дар ин хел лаҳзаҳо Довар ба таги кашаш болиштро кашида, каҷпаҳлӯ мезад ва ба хондани китоб л рӯзнома машғул мешуд. Ҳангоми хондан баъзе ҷумлаҳои пурҳикмат, байту қитъа л рубоиҳои обдор, зарбулмасалу мақолҳои зӯрро ба дафтараш навишта мегирифт. Ғарқи хониш шудани ӯ бештар боиси тамасхуру хандаи Мирзобеку Иқболшоҳ мегашт. Онҳо, ки худ чандон ҳавсалаи хондан надоштанд, аз болои ӯ механдиданд, ки беҳуда нури чашмонашро равонда, каллаашро гиҷ месозад.
         Умуман, аксари мардуми мо, ки худ дуруст китоб л рӯзнома намехонанд, боз мутолиа кардани дигаронро намеписанданд. Довар дар хотир дорад. Боре рӯзи истироҳат дар истгоҳ интизори автобус буд. Ҳамин вақт як шиноси тадбиркораш бо мошинаш омада, дар пеши ӯ истод. Ба шаҳр рафта истодани Доварро фаҳмида, ҳамроҳ гирифт. Аҳволпурсию гапзанон таноби роҳро кӯтоҳ  мекарданд. Ҳамин, ки ба назди китобхонаи шаҳр расиданд, Довар боздоштани мошинро хоҳиш кард.
         ‒ Шумо ба бозор намеравед? ‒ пурсид шиносаш. ‒ Дар ин ҷо фаромада, чӣ кор мекунед?
         ‒ Китобҳои заруриро гирифта хонданам даркор, ‒ посух дод Довар.
         ‒ Эъ муаллим, шумо ҷиннӣ‒пиннӣ нашудед магар? Ҳозир кӣ китоб мехонад, ки шумо хонед?! Аҳволи хондагиҳоро намебинед, гадой барин. Ба ҳолашон сагҳо механданд?! Ҳозир китоб хондан не, пул ёфтан даркор, пул!
         ‒ Пул ҳам, албатта, даркор, вале бе хондан намешавад, ‒ ба Довар сахт расида буд магар, ки дағалона гуфт ӯ. ‒Аз нодон мурдана, доно шуда мурдан беҳтар!
         ‒ Эъ, ин гапа бинед. Акнун шумо доно шудеду мо нодон?! Э монед-е, муаллим. Ихлосама гардондед. Охир доно аз забонаш дармонад, нодон ‒ аз пояш. Кадомаш беҳтар?
         ‒ Надонам, ‒ китф дарҳам кашид Довар.
Мардуми мо табиатан девори намкаш. Ӯ дар омади гап инро гуфту ба бало монд: ба ин ҷаноб аллакай сахт расид.
‒ Аз афташ, шуморо ташвиш додам. Раҳмат барои оварда монданатон.
         Ва онҳо аз ҳам ҷудо шуданд.
         «Аз мардумонат гардам Худоё!» ‒ дар ин хел ҳолатҳо худ ба худ мегуфт Довар.
         Ҳарчанд онҳо Довар барин одамҳоро, ки дар сад сол ҳам якашон ду намешавад, назару писанд накунанд, ки корашон афтад, сар хам карда меомаданд.
         ‒ Мо як одами нохонда, деҳқон-дия, муаллим. Якта аризача даркор шуда монд, ҳамонро навишта медодед…
                                     *                           *                           *
         Мирзобек ҳазору як шиносу ошно дошт. Дар ин ҷо ҳам вай ба кӯча барояд, тамом: л ягон шиносашро медид, ё бо ягон шахси бегона рӯ ба рӯ ояд, шинос мешуд. Касе бо ӯ гап назанад, ки худи ӯ гап мезад ва аз ҳамроҳони асосиаш ҷудо мешуд.
         Ҷӯраҳо ба сайру гашти шабона якҷоя баромаданд. Мирзобек дар баромадгоҳ бо кадом як зани шинос рӯ ба рӯ омада, гапаш шира баст.
         Ду нафар ‒ Иқболшоҳу Довар ба старт ‒ саргаҳи гаштугузори шабона расиданд.
         Дар курсии лаби ҳавз зани зебое менишаст. Сару либоси сап‒сафедаш дар зери шуои чароғи барқӣ ӯро боз ҳам париваштару дилкаштар карда нишон медод.
         ‒ Диққат, назораҳо ба тарафи рост! ‒ роҳравон ба командирон тақлид карда гуфт Довар.
         Иқболшоҳ як ба сӯйи дасти рост чашм партофта, гуфт:
         ‒ Ман аз он хел одамҳои булҳавас не, Доварака. Шумо тушбераро хом шумурдед. Ман шахси ахлоқан устувор! Сад фармон диҳед, ки нигоҳ намекунам.
         ‒ Наход? Л ин нӯлпоккунӣ аст? Ҳамин хел як зани зеборо нағзакак тамошо карда, ба чашмонатон об додан магар гуноҳ аст?
         ‒ Гуфтам-ку, ман одами ахлоқан устувор! Бовар накунед, тавсифномаамро хонда бинед. Аз чанд ҷойе, ки ба ман характеристка додаанд, дар ҳамааш «шахси ростқавлу ҳалолкор, ба ҳар гуна кор аз таҳти дил мечаспад, одами ниҳоят ташаббускор, ахлоқан устувор» ва ғайраву ва ҳоказо навиштаанд.
         ‒ Ин хел характеристкаҳоро ман бисёр дидааму хондаам. Худатон ба худатон менависед, роҳбарон нахондаву надида, имзову мӯҳр монда, ба дастатон медиҳанд. Дар рӯйи қоғаз сиёҳро сафед кардан осон. Масалан, дар дипломи мактаби олӣ номи Курра Маркобовро нависед, оё хар соҳиби маълумоти олӣ мешавад?
         ‒ Не, вале ман дар ин масъала устувор!..
         Ҳарду баробар қадам мегузоштанду сӯҳбат мекарданд. Иқболшоҳ, ки ба вазъхонӣ устухон надошт, даҳони халтаи гапашро кушод. Вай дурудароз ва бо обу ранги бадеӣ чӣ хел бо як духтараки парипайкари қазоқ шинос шуд, вохӯриҳо гузаронд ва ҳатто аз набудани шароит ҳарду ноилоҷ болои як кат хобиданд, нақл кард.
         ‒ Ана исботу далели одами ахлоқан устувор! ‒ аз ҷоғи беохири Иқболшоҳ ба танг омада гуфт Довар. ‒ Баъди ин ҳикояатон дар ҳақиқат ба ахлоқан устувор буданатон бовар накардан мумкин нест.

                            *                           *                           *

         Пеш аз хоб Мирзобек ба чойник об пур карда, ҷӯшонданӣ шуд.
         ‒ Ҳа, худаш чӣ гап? ‒ пурсид командир.
         ‒ Якта қаҳва занем, рафиқ командир, ‒ бо гардани каҷ мақсадашро ба забон овард ӯ.
         ‒ Мумкин не! ‒ қатъӣ таъкид кард Иқболшоҳ. ‒ Фаромӯш накунед, ки холестеринатон баланд. Қаҳва боз баландтар мекунад.
         ‒ Ба ман чӣ, командир? ‒ пурсид Довар. ‒ Ба ин кас мумкин набошад, ба мани бечора мумкин будагист?
         ‒ Ба шумо қатъиян, тамоман ва умуман мумкин не! Шумо бе қаҳва ҳам шаби дароз аз бехобӣ азоб мекашед.
         ‒ Қаҳва нӯшам‒нанӯшам, ки хобам нағз намебарад. Беҳтараш хӯрам, нағз, ‒ илтиҷоомез боз лаб ба сухан кушод Довар.
         ‒ Не гуфтам, не!
         ‒ Не бошад, не-дия, ‒ розӣ шуд Мирзобек. ‒ Гап гапи ҷаноби командир!
         ‒ Дуруст, ‒ хандид Иқболшоҳ. ‒ Ана ҳамин хел итоат карданро ёд гиред. Командир дар ҳама ҷо командир аст.

                   *                           *                           *

РӮЗИ ПАНҶУМ
         ‒ Ҳӯ ҷӯраҳо, хезед. Хоб додари марг. Субҳ дамида рӯз шуд. Офтоб баромада, аз дар даромад. Давидан даркор! ‒ командир аҳли палатаро бедор кард ва бо либосҳои варзишӣ аз дар баромада истода илова намуд. ‒Ман дар берун шуморо интизор мешавам. Танбалӣ накарда, зуд бароед!
         Мирзобек пагоҳӣ барои табобати ҷигараш бояд чӣ хел муолиҷа мегирифт. Бинобар ҳамин, ӯ дар палата монду Довар аз паси Иқболшоҳ ба варзиш баромад.
         Иқболшоҳ, ки аз ҳама пеш мебаромад, аллакай ба давидани гирдогирди ҳавлии беморхона машғул буд. Довар акнун ба давидан сар мекард, ки мӯйсафеде рӯ ба рӯ омад. Ба ӯ салом доду ба бало монд. Мӯйсафед ӯро аз тохтан боздошта, ба гап гирифт. Аз ҳаёти худ нақл кард, кору муаммоҳои фарзандонашро ба забон овард, аз болои келинҳои тарбиянадидааш шикоят намуд. Гапи ӯро бурида, барои ба давидану варзиш машғул шудан беодобӣ буд. Довар ноилоҷ аввал ҳамроҳи ӯ каме пасу пеш қадам зад ва баъд ба курсӣ нишаста, вазифаи сомеъро ба ҷо овард.
         Одати аҷибе доранд мардуми мо. Гӯши муфти касе ба чанголашон афтад, зуд дарди дили худро дастурхон мекунанд. Бо ҳамин роҳ ғаму ғусса, дарду алам, заҳру зақуми дилашонро ба сари каси бегона пошида, сабук мешаванд. Аз оқибати ин кору амалашон намеандешанд. Охир дилашонро дар пеши дигарон кушоянд, хоҳ‒нохоҳ баъзе сирру асрорҳои худ ва л аҳли оилаашон фош мешавад. Рафту ҳиссиёти гуманизми он одами сомеъ баланд бошад, бори ғаму андӯҳи ӯро ҳамчун муаммои зиндагии худ қабул карда, ғамшарики ӯ мешавад. Ин хел аҳвол такрор ёфтан гирад, дилкасал шуданаш ҳеҷ гап не.
         «Эҳтимол, ин одамони мо, ‒ худ ба худ меандешид Довар, ‒ ба бемории гапфурӯшӣ гирифтор шудаанд. Ҳама ба гапзанӣ усто. Ҳама гап задан мехоҳаду шунидан не. Охир, гапи зиёд ба хар бор, гуфтаанд. Мухтасари тамоми гапҳо «ҳа» л «не» бошад, соатҳои дароз ҷоғ задан шарт аст? Занҳо-ку, заводи гап, вале ба мардҳо чӣ балои каҷҷак задааст?! Уф‒ф! Худоё, ҳоло баъзе мардҳо аз занҳо ҳам мегузаронанд!»
         Иқболшоҳ давида омада, ҳар боре, ки аз паҳлӯйи онҳо мегузашт, ба хеста давидани Довар имо мекард. Довар дар навбати худ номаълум ҳампаҳлӯяшро бо ишораи даст нишон дода мефаҳмонд, ки ман гуноҳе надорам, ин одам маро бо гап занҷирбанд кардааст.
         Иқболшоҳ аз рӯйи меъёри муқарраркардаи худ шаш маротиба гирд‒гирди ҳавлии беморхона давида, ба машқҳои дигари ҷисмонӣ пардохт ва баъд ба палата даромад.
         Довар бо баҳонаи табобат гиребони худро аз чанголи мӯйсафед халос карда, вориди палата шуд.
         Мирзобек баъди қабули муолиҷа машк ‒ гармкунаки резинӣ, ки дарунаш бо оби гарм пур буд, ба қафаси рости синааш дошта, дароз мехобид.
         Иқболшоҳ, ки аз рӯйи кадом як усули интихобкардаи худ дар фарши хона рӯболо хобида, пойҳояшро ба девор такя дода менишаст, бо қаҳру ғазаб ба Довар дарафтод.
         ‒ Вай мӯйсафед ба шумо кӣ мешавад, ки занҳо барин ин қадар ҷоғатон тафсид?! Занҳои ӯвадаманаҳро ҳам ба як нӯл задед-е! Ин коратон нағз не, Доварака. Варзиши пагоҳирӯзӣ варзиш аст! Гарданғафсӣ накарда, давидан ва машқҳои заруриро ба ҷо овардан даркор! Фаҳмидед?
         ‒ Фаҳмидам, командир, фаҳмидам. Ман гунаҳкор, ‒ узрпурсон ба худсафедкунӣ гузашт Довар. ‒ Медонед-ку, рафиқ командир, ман табиатан одами сустиродаи раҳмдил. Маро ба гап гирифтанд. Гӯш накардан беодобӣ буд. Гапи мӯйсафедро пешпо зада, ба давидан рӯям нашуд.
         ‒ Баҳона накобед, Доварака. Дар дунё чӣ бисёр, баҳона бисёр! Тартибу интизом, реҷаи рӯзро вайрон кардан нағз не.
         ‒ Узр, командир. Дар оянда ҳаракат мекунам, ки вайрон нашавад.
         ‒ Хайр, ҷаноби командир, имрӯз аз як қошуқ хунашон гузаред, ‒ ба миёна даромада, тарафи Доварро гирифт Мирзобек. ‒ Гуфтанд-ку, дигар ин номаъқулиашон такрор намешавад.
         ‒ Ну, ладно, ‒ каме мулоим шуда гуфт командир ва аз ҷой хест. ‒ Ин охирин бор шавад. Шумо ҳам, Мирзоака, дигар дангосагӣ накунед. Баҳона бас!
         ‒ Албатта, командири мӯҳтарам. Ман дар армия хизмат кардаам ва ҳамаашро нағз медонам. фармони командир қонун, қонун бояд бечунучаро иҷро шавад!
         Аз ин суханҳо лабони Иқболшоҳ ба табассум моил шуданд.
         «Ҳа, ‒ аз дил гузаронд Довар. ‒ Командир бошаду сарбозонаш набошад, ин ганда, ҳатто сахт аламовар аст. Айнан мисли саре, ки тан надорад. Ҳам хандаовару ҳам аламовар. Дар ин хел вақтҳо командир иҷрои фармонашро аз кӣ талаб карданашро надониста, девона мешавад. Л худаш ба худаш фармон дода, худаш иҷро мекунад л аз баҳри фармондиҳӣ мебарояд. Дар он сурат умуман худи командир ҳам даркор нест».
         Довар инҳоро аз дил гузаронда, ба ҳоли Иқболшоҳи бечора раҳмаш омад.

                   *                           *                           *

         Баъди нонушта, акнун ба шукронаи нозу неъматҳои рӯйи дастархон омин мекарданд, ки ходимони фронти тозагӣ ба палата даромаданд.
         ‒ Модарарӯсатон шуморо нағз намедидаанд, баъди дастархонро ғундоштан омадед, ‒ фоли машҳури халқиро ба хотир оварда, ба Маҳбубайотӣ рӯ овард Мирзобек.
         ‒ Ягон модарарӯс келинашро нағз намебинад, ‒ бидирросзанон ҷавоб дод ҳамшираи хоҷагӣ ‒ Маҳбубаойтӣ. ‒Муҳимаш, келинчакро шӯяш нағз бинад.
         ‒ Ӯҳ мардуми доно-е! ‒ суханони дӯстдоштаашро боз такрор кард Мирзобек. ‒ Ба гап ҳам саллаву ҷома пӯшонда метавонед. Хишту қолиб шуд-е!
         Маҳбубаойтӣ дар кунҷи рости шифти палата тортонакеро дида, пурсид:
         ‒ Ин чӣ?
         ‒ Дина бегоҳ тоза карда будем, ‒ сурху сафед шуда, чӯбдастаи ба нӯгаш чӯткадорро ба сӯйи тортанакхона рост кард фаррошзани қоқинаи гандумгун. ‒ Инҳо боз аз куҷо пайдо мешаванд, ман ҳайрон?
         ‒ Ин айби Доваракемон, ‒ ӯро аз хиҷолат бароварданӣ шуда, Иқболшоҳ ба миёна даромад.     ‒ Он кас дина бегоҳӣ тортонакҳоро ба меҳмонӣ ҷеғ зада буданд.
         Вале аз ин ҳазли Иқболшоҳ ҳатто миҷҷаи Маҳбубаойтӣ хам нахӯрд. Аккаи шақшақа барин ходимонашро сарзаниш кардаву аз корҳояшон эрод гирифта, баромада рафт.
        
                            *                           *                           *

         Ҳамшираҳо ба Довару Мирзобек сӯзандору карданд. Баъди сӯзандору онҳо дам мегирифтанд. Иқболшоҳ, ки душмани ашаддии бетартибиҳо буд, аз рӯйи одати доимиаш ғур-ғуркунон даҳлезу хонаи хобро ба тартиб меовард.
         ‒ Мирзоака, шумо як одами бефаросат-дия. Пӯстпартоии морҳо барин ба куҷое, ки рост ояд, либосҳоятонро кашида партофтан мегиред. Либосовезак, ҷевон барои чӣ? Э ақла кор фармудан даркор.
         ‒ Агар бошад-дия, ‒ луқма партофт Довар.
         ‒ Набошад ҳам, кор фармоянд. Як мардаки каппа‒калону ин хел кору рафтор намезебад акнун ба шумо!
         ‒ Оҳ аз дасти шумоҳо ба куҷо гурехта, халос хӯрам? Чаро космонавт нашудам-а? Ба кайҳон гурехта дигар гашта намеомадам. Дар хона занам ҷанг кунад, дар ин ҷо шумо рӯз нишон надиҳед, о ба мани бечора рӯз ҳаст л не?
         ‒ Рӯз нест. Янга дуруст ҷанг мекунанд. Ҳаққатан!
         ‒ Беҳуда дил хун накунед, рафиқ командир, ‒ гуфт Довар. ‒ Баъзеҳоро аз нав тарбия кардан дида, мурдаро зинда кардан осонтар.
         ‒ Шуд, шуд, ду дастамро боло бардоштам, ‒ таслимомез даст бардошт Мирзобек. ‒ Тавба кардам, бад кардам. Дую дубора ин корамро намекунам.
         ‒Ана ин гапи дигар. Ба тозагӣ, тартибу интизом риоя кардан даркор. Ягон кас даромада ояд, чӣ мегӯяд? Ин ҷоро духтурхона не, молхона мегӯянд…

                            *                           *                           *

         Духтури муолиҷ Шоҳидахон ба палата даромад. Фишори хуни Доварро санҷида истода пурсид:
         ‒ Хоб чӣ хел?
         ‒ Ҳамон мисли пештара, чандон хуб не.
         ‒ Ҳозир ман ба шумо доруи хобовар навишта медиҳам.
         ‒ Ҳазору як хелашро хӯрдем, вале фойида накард. Зарарашро ҳис кардаму фойидаашро не. Карахту гаранг мекунад одама.
         ‒ Ин дигар хел дору. Пеш аз хоб мехӯред. Ба ин хел дору тобеъ шуда намемонед.
         ‒ Хайр…
         Фишори хуни Мирзобек каме баланд шудааст.
         ‒ Доруҳоро хӯрда истодаед, л не? ‒ пурсид духтур.
         Мирзобек ҳанӯз даҳон накушода, Иқболшоҳ даруни ҷевончаро нишон дода, маҳмаддоноӣ кард:
         ‒ Ин кас доруҳоро намехӯранд. Бовар накунед, ана даруни ҷевончаро бинед, ҳамааш як хел истодааст, ҳатто даст нарасондаанд.
         ‒ Ин хел накунед, муллоака, доруҳоро хӯрдан даркор, - аз даруни ҷевонча халтачаи селофании доруҳоро ба даст гирифта гуфт Шоҳидахон. ‒ Ин кори шумо беҳурматӣ нисбати духтур аст. Доруҳоро нахӯрда, шумо чӣ кор карданӣ ҳастед?
         ‒ Гашта ба дорухона супорида пулашонро гирифтан мехоҳанд, ‒ боз Иқболшоҳ ба болои оташи сӯҳбати Мирзобеку Шоҳидахон равған рехт, ки ҷанҷол хезад.
         ‒ Хӯред, саломатӣ қимат аст.
         ‒ Хуб, духтур.
         Баъди муоинаи Иқболшоҳ Шоҳидахон мамнун шуд ва гӯл ҳукм баровард:
         ‒ Нағз, шумо спортсмен-дия, саломатиатон зӯр. Кош ҳама мисли шумо мешуданд.
         ‒ Ҳа ин кас спортсмену мо спиртсмен. Барои ҳамин саломатии ин кас зӯр, то зада накушед, намемуранд.
         Мирзобек, ки то ҳол барои ниқоргирӣ фурсати муносибе мепойид, дар навбати худ ба Иқболшоҳ заҳри ҳалоҳил зада, ба таври худ ҳисобро баробар кард.

                   *                           *                           *

         Баъди роҳату фароғат ва кайфи сӯзанмонӣ Иқболшоҳ роҳи кабинаи масҳкуниро пеш гирифт. Мирзобек ба ӯ ҳамроҳ шуд.
         ‒ Шумо ҳам гардед, одам кам бошад, пасупеш медароем, ‒ ба Довар рӯ оварда, таклиф кард Мирзобек.
         ‒ Не, ‒ дар ҷавоб гуфт Довар. ‒ Ман рӯз дар миён массаж мегирам.
         ‒ Чаро?
         ‒ Дастонаш сахт. Бо ду нарангушташ болои шонаҳои тахтапуштам зер карда, чунон пармавор ба ду тараф тоб медиҳад, ки қариб шонаҳоям сӯрох шаванд. Баъд шаби дароз дард мекунад. Дардаш қаттол.
         ‒ О дастҳои сахташ ба бадани мо мефораду… Шуморо бо вазелин мекунад? ‒ ҳайрон шуда пурсид Иқболшоҳ.
         ‒ Ҳа. Дина массаж гирифта будам. Имрӯз баданамро дам диҳам. Дар зери дасти ӯ мурдана дида, бо аҷали худ мурам, беҳтар.
         Онҳо маънидор ба сӯйи якдигар нигоҳ карда хандиданд.
         ‒ Ӯҳ, одами доно-е!
         ‒ Хайр, ихтиёратон. Барои мо дӯстон саломат бошанд, бас!

                            *                           *                           *
         Довар барои қабули табобати барқӣ навбат мепойид.Ҷавонзани зебои шимпӯше даромад. Мудира ба пешвози ӯ саросема аз ҷой хеста, даст пеши бар гирифт. Духтарак ба беморон рӯ оварда пурсид:
         ‒ Доварака кӣ?
         ‒ Ман, ‒ бо ҳайрат аз китобхонӣ сар бардошта гуфт Довар.
         ‒ Ҳамроҳ гардед, муллоака, ‒ бо нозу карашма гуфт духтар. ‒ Компутери мо нағз кор накарда истодааст. Як медидед.
         Довар лолу карахт гардид. Мудири шӯъбаи табобати барқӣ наздиктараш омада, омирона пичирросзанон гуфт:
         ‒ Чаро кунда барин ноҷунбон шумо. Тез равед. Ин кас сарбухгалтерамон, келини сардухтур!
         Довар аз паси ӯ рафт. Хотираи компутерро аз вирусҳо тоза кард, барномаҳояшро ба тартиб даровард, чанд амалёте, ки то ҳол нодуруст ба ҷо меовардаанд, иҷрои дурусти онҳоро фаҳмонд.
         ‒ Э шумо бало будед-ку, ‒ гуфт сарбух ва илова кард. ‒ Шуморо ҳар рӯз гаранг карда нашинем, як принтерро ҳам бинед. Отчётҳоро сип‒сиёҳ мебарорад, ‒ва телефонаш занг заду берун баромад.
         Довар принтерро кушода, онро ҳам соз кард ва барои санҷиш чанд саҳифаи ҳисоботи бухгалтерии сиҳатгоҳро баровард. Бинад, дар як саҳифа ҳисобу китоби таъмиру азнавсозии сиҳатгоҳ. Эҳ‒ҳе, дар амал набошад, ки дар рӯйи қоғаз як олам пул сарф кардаанд. Оҳиста онро ба киса зад.
         Сарбух аз кори Довар мамнун гардид ва нарзи даст додани шуд. Довар нагирифт.
         ‒ Хайр, ман мегӯям, минбаъд ба шумо уколу доруҳои бепул медиҳанд. Як моҳ гардед ҳам, ихтиёратон.
         Довар баъди омадан он ҳисоботро ба Мирзобек нишон дод.
         ‒ Инро шумо чӣ кор мекунед? ‒ пурсид Мирзобек.
         ‒ Ҳеҷ кор не, ба пушташ менависам.
         ‒ Ба ман диҳед, ‒ хандида зӯран аз дасти Довар кашида гирифт. ‒ Ман ба шумо як пачка коғази сафеди зӯр харида медиҳам.
         ‒ Даркор не.

                            *                           *                           *

         Аз рӯйи тавсияи духтурон онҳо баъди қабули ҳар як муолиҷа бояд 15‒20 дақиқа дам мегирифтанд. Ин, албатта, бесабаб набуд. Махсусан қабули мум ва об одамро лакоту бемадор месохт.
         Ин рӯз ҳам ҳамин хел шуд. Довар ба палата ояд, мардум ҷамъулҷамъ. Боз меҳмонон. Маълум шуд, ки дӯстони Иқболшоҳ хабаргирӣ омадаанд.
         Довар мувофиқи таомули меҳмонавозӣ чойники чинниро бо об пур карда, чойҷӯшонаки барқиро ба дарунаш андохт ва онро ба васлаки барқ пайваст. Иқболшоҳу Мирзобек ва ду нафар меҳмонон гирди дастархон менишастанд.
         Ҳоло анъанаи гӯшношуниди раҳмовару хандаоваре дар беморхонаҳо роиҷ гардидааст. Касе ба аёдати бемор ояд, гӯл одами касал дар хонааш сиҳату саломат бошад, ба пеши ӯ дастархон мекушояд. Бо нозу неъматҳо ва дастовези худи беморбин ӯро зиёфат мекунад. Ин анъанаро дар асл мансабдӯстону амалпарастон ба роҳ монда бошанд даркор. Охир касе ба беморбинии ин гуна шахсон равад, рӯйи дастархонро дида, даҳонаш воз мемонад. Онҳо, ки дар палатаҳои люкс л яккаса ҷой мегиранд, дар рӯйи мизи калоне ҳамеша дастархони зиёфат ороста мондаанду касе наояд, ба сари дастархони пурнозу неъмат мешинонанд.
         ‒ Муттаҳами калонҳо бало! ‒ мегӯяд Мирзобек. Ӯ дар табақаи ҳафтуми осмон паррандае паррад ва л дар қабати ҳафтуми зери замин мӯре ҷунбад, мефаҳмаду аз ҳама гӯру бало бохабар аст. ‒ Онҳо асп барин соқ бошанд, ки соле як‒ду маротиба дар беморхона хобида пулчинӣ мекунанд. Касе наояд, ба ғайр аз дастовез «як чиз»  партофта меравад-дия. Ҳамааш аз болои худаш. Раҳбар л раҳбарчаҳои майда қусури дастовезашонро аз ҳисоби корхона л коргарон мебароранд. Рӯйи хотири ҳамон «чиз»-у «карам»-ҳо калон дар навбати худ аз баъзе камбудию норасоиҳои онҳо чашм мепӯшад. Хулоса, калтак омада ба сари коргари бечора мешиканад, ташкилот бонкрот гардида, коргарон моҳҳо пулашонро гирифта наметавонанд.
         ‒ Агар ягон шахси наздикашон мурад чӣ? ‒ боре пурсид буд Довар.
         ‒ Оҳ‒ҳо, он вақт миллионеру миллиардер мешаванд.
         ‒ Худашон муранд ҳам, фойида мебинанд?
         ‒ Не. Чоряки ҳамон зердасту лаганбардорон ҳатто ба ҷанозаашон намеоянд. Ҳақорату дашном медиҳанд. Бад мекунанд, ҳаромхиштакиву порахӯриашро ба забон меоранд. Яъне, мурд, бало ба пасаш, хас каму ҷаҳон пок! Муҳимаш, ба ҷойи ӯ кӣ мешавад, ба кӣ тамаллуқ зананд. Зинда бод раҳбари нав…
         ‒ Ана, об ҳам ҷӯшид, ‒ чойникро бардошта ба пеши меҳмонон овард Довар. ‒ Ба меҳмонҳои азиз яктоӣ қаҳва тайёр карда диҳам?
         ‒ Не, мо қаҳва намехӯрем, ‒ гуфт яке.
         ‒ Ҳозир ҳаво гарм, беҳуда ташвиш накашед, ‒ илова кард дигаре.
         ‒ Не нагӯед-дия, қаҳва арақ не, ‒ бо гардани каҷ гуфт Довар аз рӯйи меҳмоннавозӣ. ‒ Як пиёлагӣ нӯшем, зарар намекунад.      Ташвиш надорад…
         Ин хел гапҳо, ки байни меҳмонон ва Довар як ‒ ду маротиба раду бадал шуд, яке гуфт:
         ‒ Барои илтифотатон ҳазор раҳмат. Илтимос, маро маҷбур накунед…
         ‒ Маҷбур неву аз пушти шолӣ курмак ҳам об мехӯрд. Набошад, ин командирамон, ‒ ба сӯйи Иқболшоҳ нигоҳ кард Довар, ‒ намемонанд. Қаҳва ба шумо мумкин не мегӯянд. Афсӯс…

                            *                           *                           *

         ‒ Доварҷон, медонед, барои чӣ шаби дароз хобатон намебарад? ‒ баъди соати оромӣ, ки аз соати 15 то 17 давом мекард, пурсид Мирзобек.
         ‒ Не, ‒ ҳайрон шуда, дар ҷавоб гуфт Довар. ‒ Синну соли одамизод калон шавад, ба касалии бехобӣ гирифтор мегардад. Ин аз сабаби бемории касбӣ шуданаш ҳам мумкин. Аксарият кормандони илм, эҷодкорон, санъаткорон, рӯзноманигорон, муаллимон, шоирону нависандагон мубталои касалии бехобӣ мешаванд.
         ‒ Мумкин ҳамин хел ҳам бошад, вале сабаби бедорхобии шумо тамоман дигар аст.
         ‒ Хӯш, канӣ шунавем? Дониста гирифтан нағз.
         ‒ Сабабаш ҳамин, ки Доварҷон, ‒ ба фаҳмондан пардохт Мирзобек, ‒ хобатон мебараду шумо хуррок мекашед. Худатон, ки хуррок кашидед, боз худатононро шунида, аз тарс бедор мешавед. Баъд боз хобатон барад, боз ҳамин ҳодиса такрор мешавад ва шумо шаби дароз хоб нарафта мебароед. Яъне, ҳамин тавр шаб рӯз мешаваду шумо ҳамон бедор.
         ‒ Ана гап дар куҷо будааст?! ‒ ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Иқболшоҳ. ‒ Мирзоака, гунбози мудаввари болои танатон он давоми гардан не, калла аст. Боз каллаи каду барин холӣ не, балки дар дарунаш виҷ‒виҷ ақл меҷӯшад. Э қоил ман ба шумо! Академикҳои академияи фанҳои тиб дар пеши шумо номаъқул кунанд.
‒ Албатта! ‒ қафаси синаашро пеш дамонда монд Мирзобек.
‒ Мумкин шумо ҳақ бошед, ‒ гапро кӯтоҳ кард Довар.
Ин гуна гапу хулосабарориҳои Мирзобеку Иқболшоҳ ба ӯ сахт расид. Охир изои мӯъмин
ҳаром гуфтаанд. Ба  талаботи ин ҳадис худи Довар қатъӣ риоя мекунад. Хурроки худи командир шифт ва дару тирезаҳои палатаро ба ларза меоварад ва шаби дароз Доварро хобидан намемонад, ӯ лаб накушод. Чӣ хел шуда, имрӯз, баъди пешин 10‒15 дақиқа ғанабаш бурдаасту хуррок кашидааст,  даррав ба рӯяш мезананд-е?! Э қоил!
         Довар дар куҷое хонда буд, ҳоло дар хотираш нест, вале аниқ медонад, ки хурроккаширо як қисм кормандони тиб касалӣ ҳисобанд, як қисмашон умуман ба қатори ягон хел касалӣ дохил намесозанд. Вале бо вуҷуди ин дар дунё 67 нафар олимони соҳаи тиб корҳои илмиву татқиқотӣ бурда, гӯл роҳҳои табобаташро ёфтаанд. Онҳо ҳатто ҳамчун ихтирои нодири аср расман патент ҳам гирифтаанд. Вале ягон нафарашон иллати хурроккаширо табобат карда натавонистаанд.
        
                            *                           *                           *

Ҷӯраҳо ба сайру гашти шабона баромаданд. Командир дар байну навкаронаш аз ду паҳлӯйи ӯ қадам мезаданд. Ин дафъаи чоруми то таги дарвоза рафта омадани онҳо буд.
Баъзе бойбачаҳо бо мошин аз дарвоза даромада, бе пӯшт‒пӯшт то таги дари бинои асосӣ меомаданд. Ин гуна корҳои онҳо ғаши командирро меовард. Вай муқобили ин хел рафтори онҳост.
Онҳо сӯҳбаткунон ба сӯйи дарвоза мерафтанд, ки мошине аз қафо омад. Иқболшоҳ ба ҳақорати ӯ пардохт, ки, падарқусур, экологияро вайрон мекунад. Онҳо ба мошин «роҳ» доданд. Он каме пештар рафта истод ва аз даруни он ошнои худи Иқболшоҳ-директори хоҷагии хукпарварӣ ‒ баҳмут барин як одами фарбеҳи ишкамкалони даббае фаромад. Саломалейку вохӯрдӣ ва аҳволпурсӣ намуданд. Мирзобек аз фурсати муносиб истифода бурда, дар омади гап аз болои Иқболшоҳ шикоят кард.
‒ Шумо ҳам ба мо ҳамроҳ шавед. Ин кас, ‒ ба сӯйи Иқболшоҳ ишора кард Мирзобек, ‒ ҳар пагоҳӣ моро ба давидан, бегоҳӣ ба гаштан ва шабона, чӣ хеле, ки мебинед, ба сайру гашт маҷбур месозанд. Мегӯянд, ки табобату истироҳати фаъол ба майдашавии ишкам ёрӣ мерасонад. Оё барои ҳамин шикамчаи худ ин қадар азоб кашидани мо шарт аст?
‒ Не! ‒ бо оҳанги қатъӣ хандид Сатторака. ‒ Ишкамро нест кардан не, барои калон шуданаш парвариш кардан даркор. Ҳусн аз даҳон мегӯянд, яъне, хӯред калон шавед, нахӯред, чӯб барин қоқ шавед. Ҷӯраҳои азиз, ҳозир чӣ бисёр ‒ тӯю маъракаҳо. Ҳар рӯзи Худо ба се‒чор ҷой хабар мекунанд. Наравед, нашавад. Пас аз кор ба як‒ду‒се тӯй меравем. Хуб мехӯрему менӯшему ба таги бинӣ мезнем, ки ҳисобаш гум. Баъд нисфҳои шаб ба хона меоем. Ҳама масти хоб. Бо вуҷуди ҳамин қадар хӯрдану нӯшидан боз ишками зормонда «биёр» мегӯяд. Маҷбур боз сарпӯши дегро мебардорем, дари яхдонро мекушоем, дастархон паҳн карда, мехӯрему менӯшем ва ба даҳони нафси бетаг лаҷом мезанем. Ҳа, ҷӯраҳо, ‒ тап‒тап ба рӯйи ишками дирижабл барин калонаш зада гуфт Сатторака, ‒ ин каҷоваро пур кардан ҳунари ҳар кас не.
Ва бордони пушти мошинашро кушода, мурғбирёну майда‒чуйдаҳо баровард. Нисфишабӣ, ки хӯрдан баробари марг аст, Иқболшоҳ гурехт. Мирзобеку Довар низ бо ҳазор узру баҳона ҷони худро халос карданд. Дар хӯрдану нӯшидан, ки бо ин хел одамон баробар шуда наметавонед, як умр боиси мазоҳу масхараашон мешавед!
                                      *                           *                          *       

Командир, ки ба ҳар як кору рафтори Мирзобек эрод мегирифт, Мирзобек ҳангоми хоб мисли бомба таркид.
         ‒ Ҷаноби олимақом, рости гапро гӯям, ба дилам задед. Ягон рӯзе нест, ки мазгиро турш карда, асабамро вайрон накунед. Хулоса, гап ба ҷону корд ба устухон расид. Лекин ман командир гуфта, аз худ наравед. Мо ду касу шумо як худатон. Агар хоҳем, мо боз маҷлис гузаронда, шуморо аз командирӣ холӣ мекунем. Даматон пуффак барин «фӯссӣ» баромада мемонад.
         ‒ Чӣ? ‒ дӯғомез пурсид Иқболшоҳ. ‒ Боз як бор такрор кунед? Шумоён ба муқобили ман, яъне командиратон, ки худатон даст бардошта интихоб кардед, исён бардоштан мехоҳед?! Ин политикаатон ба кор намеравад. Хобатонро ба об гӯед.
         ‒ Чӣ, мо аз рӯйи қонун ба интихоби командири нав ҳақ надорем? ‒ пурсид Довар.
         ‒ Не! ‒ қатъӣ ҷавоб дод командир.
         ‒ Ба интихоб кардан ҳақ дорему ба бекор кардан ҳуқуқамон нест? ‒ савол дод Мирзобек.
         ‒ Не! ‒ бо оҳанги баланду қотеъона гуфт Иқболшоҳ. ‒ Командирро интихоб намекунанд, балки ҳайати фаромондиҳии болоӣ таъйин мекунад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки аз иҷрои фармонҳои болоӣ саркашӣ кунад. Саркашӣ, иҷро накардани фармонҳои командири бевосита ‒ ин хиёнат аст. Дар вақти ҷанг кори шумо барин одамҳоеро, ки бар зидди фармонҳои командир мебаромаданд, трибунали ҳарбӣ дида мебаромад. Бо ҳукми трибунал ин хел одамон ҷо ба ҷо парранда мешуданд. Ҷон гӯед, ки ҳоло ман шуморо ба трибунал дода, ин хел ҷазоро раво намебинам.
         ‒ Хайр, агар командир баҳудаю беҳуда хӯрдагирӣ кунад, фармонҳои аҳмақона диҳад, аз ин л он чизи дӯстдошта аскаронро манъ кунад, чӣ бояд кард?
         ‒ Бо ду гӯшатон шунавед, ки амру фармонҳо аҳмақона намешаванд. Лекин нодуруст л аҳмақона фаҳмидан мумкин.
         ‒ Хайр, фармонҳо подарҳаво, бемантиқ, зидди хоҳишу ирода бошанд, аскарони бечораи қаторӣ дар даҳонашон ҷурғот хобонда ҷим шинанд?
         ‒ Аз рӯйи низомномаҳо амал кунанд, яъне, аввал аз худи командир иҷозат гирифта, баъд ба роҳбарони болоӣ муроҷиат намоянд.
         ‒ Дар дунё ягон командире ҳаст, ки аз болояш ба шикоят кардан иҷозат медиҳад? ‒ ҳамон истодагарӣ мекард Мирзобек.
         ‒ Ман фолбин не. Инашро намедонам. Вале шахсан худи ман ба ин кор иҷозат намедиҳам. Худи аскари қаторӣ кӣ шудааст, ки аз болои командираш шикоят кунад?!
         ‒ Уф‒ф, ‒ оҳи дурударозе кашид Довар. ‒ Набошад, чӣ кор кардан даркор?
         ‒ Ҳеҷ кор, командир ҳар фармоне диҳад, гӯшатонро наҷунбонда иҷро мекунед. Гӯшатонро ҷунбонед, бурида, хокистарандозаки сигарет мекунам. Муддати хизмат, эъ мебахшед, табобат ба охир расад, ана он гоҳ ихтиёратон.
         ‒ Э бе корд куштед-ку, командири мӯҳтарам, ‒ гуфт Довар.
         ‒ Худамон бо дастони худ гӯсфандвор аз гарданамон баста, ихтиёрамонро ба дасти гург дода будаем‒дия. Аз мост, ки бар мост, ‒ надоматеомез гуфт Мирзобек.
         ‒ Ҳа, ‒ лабонаш ба табассум моил гашта мамнунона гуфт Иқболшоҳ. ‒ Дигар ба ин масъала нуқта мегузорем. Одам бо командир ҳазл намекунад. Боз дар ин бора лаб кушоед, забонатонро аз беху бунаш канда мепартоям.
         «Забони худи командирро канда партофтан даркор будагист. Забон олоти ягонаи кории ӯ. Фармон медиҳаду фармон медиҳад, вале дар амал худаш ягон кореро иҷро намекунад» ‒ Довар ин андешаҳоро аз дил гузаронда, ғунчаи лабонаш шукуфтанд.
         ‒ Чаро механдед? ‒ ба сӯйи ӯ теғ кашида нагарист командир.
         ‒ Ҳамту.
         ‒ Ҳамту ҳам хандидан мумкин не!
‒ Хуб шудааст, рафиқ командир. Дигар барои «ҳамту» ҳам намехандем.
         ‒ Ана ин гапи дигар. Дӯстон саломат бошанд, бас! Акнун отбой!


  Давом дорад...

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА