Тоҷикистон: меҳр аз нигоҳи аввал Як ҳафта, журналистони ӯзбекистонӣ, на чун узви ҳайати намояндагони расмӣ барои худ Тоҷикистонро аз нав кашф намуданд. Инчунин имкониятҳои ҳамкории мултимедиявиро бо ҳамкасбони тоҷикистонӣ омӯхтанд. Ва инро дар медиасфераи ҳар ду мамлакат аломати нек пиндоштан мумкин аст. Медиа-туре, ки аз тарафи Мактаби мустақили журналистии «Тоҷикистон — асри ХХI» дар шарикӣ бо Маркази бозомӯзии журналистони Ӯзбекистон ташкил карда шуд, баръало нишон дод, ки девори нофаҳмиҳо байни мамлакатҳои мо дар оқибат вайрон шуд. Мо тайёрем дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкорӣ кунем, кори якҷояро барои шикасти стереотипҳои манфие нигаронем, ки дар солҳои гузашта ба вуҷуд омадаанд. Шояд аз ҳамин сабаб иштирокчиёни медиатур Шартнома дар бораи шарикии стратегии байни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Ҷумҳурияти Тоҷикистонро, ки 17-уми августи соли равон баста шуда буд, ратификатсия кардани Президент Шавкат Мирзиёевро бо чунин рӯҳбаландӣ қабул карданд. Он ҳангоме рӯй дод, ки мо мавзӯи материалҳои...
Сообщения
Показаны сообщения с ярлыком "Тошканд"