Ҳикояҳои нави се тан эҷодкор Сабзу хуррамӣ нишонаи зинда будани табиат, рушду нумӯи ҳар чизе аст, ки дар замин месабзад. Ин мафҳум дар адабиёт низ ба таври маҷозӣ бисёр ба кор меравад ва ишора ба офаридани осори тару тоза, дар ҳолати пешрафт будани эҷодкор аст. Ахиран дар канори гулу гиёҳони тозаи наврӯзӣ дар боғи адабиёти мо низ «Се барги сабз» худнамоӣ кард. Ин «баргҳо» ҳикояҳои нави се тан эҷодкори роҳафтода – Юнуси Имомназар, Шариф Халил ва Фаридуни Фарҳодзод мебошанд, ки дар як китоб ҷамъ омада, аз тариқи нашриёти «Ноширлик ёғдуси» дар чопхонаи «Reliable print» ба табъ расидааст. Хонандагони тоҷик бо исмҳои дар боло ёдшуда ошноянд. Агар Юнуси Имомназар бо китобҳои «Аз гулгашти Мусалло то Нақши Ҷаҳон», «Аз санг сахт, аз гул нозук», «Ҷоми саргардон», «Деҳаи зархез» ва «Хирмани сухан» дар саҳни адабиёт қадамҳои устувор гузошта бошад, Шариф Халил худро бо китобҳои «Дар пошнаи кӯҳи баланд» ва «Ширмолаҳои маҳтобӣ» муаррифӣ кардааст. Фаридуни Фарҳодзодро низ алоқамандони каломи ...
Сообщения
Показаны сообщения с ярлыком "се барги сабз"