Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "Занони Сабзбаҳор"

НАЗМ

Ман қосиди хуршедам дар шоми надиданҳо… Гулрухсор Сафиева аз зумраи шоирони маъруфу маҳбуб аст, ки ба туфайли ашъор номашон дар мамлакатҳое, ки ба забони форсӣ гуфтугӯ мекунанд ва ба шеъри форсиву тоҷикӣ эҳтиром доранд, маҳбубият дорад. Шоирест кӯлбораш пурбор — то ба имрӯз миқдори зиёди маҷмӯаҳои шеърии ӯ ба дасти хонандагон расидаанд, аз қабили «Бунафша» (1970); «Хонаи падар» (1973); «Шабдарав» (1975); «Афсонаи кўҳӣ» (1975); «Дунёи дил» (1977); «Ихлос» (1980); «Оташи суғд» (1981); «Гаҳвораи сабз» (1984); «Оинаи рўз» (1984); «Рўҳи Бохтар» (1987); «Зодрўзи дард» (1994); «Паймонаи ғазал» (2000); «Девони Ишқу Ашку Ханда» (2006); «Ҷовидона» (2009), «Чароғи сурхи танҳоӣ» (2017) ва чанд адади дигар, ки дар ватани шоир ва берун аз он ба табъ расидаанд. Гузашта аз ин, Гулрухсор Сафиева аз ҷумлаи аввалин занони романнавис дар минтақаи Осиёи Миёна дониста мешавад. Романҳояш «Занони Сабзбаҳор» (ё худ «Марзи номус», 1988); «Сакарот» (2010); маҷмӯаи ҳикоёти публитсистии «Зан ва ҷанг» бо услуби ...