ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА
НАМУНАҲО АЗ
АШЪОРИ МАҲБУБА НЕЪМАТЗОДА
ХОКИ ВАТАН
Орад ҳавои намнок,
Ба димоғам бӯйи хок.
Бӯяки хоки ватан,
Беҳ аз сад мушки Хутан.
Хоки ватан дармонам,
Бо ӯ ман дар намонам.
Ба сад тиллою дирам,
Ба садҳо Боғи Ирам,
Ҳаргиз намедиҳам ман,
Зарраи хоки ватан.
Зеро дар оғӯши хок,
Дар оғӯши хоки пок,
Дарди дилаш нуҳуфта,
Модарҷони ман хуфта.
Модарҷони шеърхонам,
Чӣ розе дошт медонам.
Давоми умри ӯям,
Мислаш ғазал мегӯям.
Ба димоғам бӯйи хок.
Бӯяки хоки ватан,
Беҳ аз сад мушки Хутан.
Хоки ватан дармонам,
Бо ӯ ман дар намонам.
Ба сад тиллою дирам,
Ба садҳо Боғи Ирам,
Ҳаргиз намедиҳам ман,
Зарраи хоки ватан.
Зеро дар оғӯши хок,
Дар оғӯши хоки пок,
Дарди дилаш нуҳуфта,
Модарҷони ман хуфта.
Модарҷони шеърхонам,
Чӣ розе дошт медонам.
Давоми умри ӯям,
Мислаш ғазал мегӯям.
МОДАРҶОНАМ, МОДАРАМ
Модарҷонам, модарам,
Хеле дӯстат медорам.
Бароям ту ягона,
Файзи ин дару хона.
Саҳар хезӣ модарам,
Боғча барӣ додарам,
Ҳавлӣ рӯбӣ шитобон,
Ош мепазӣ дав-давон.
Тозон равӣ ба бозор,
Бардорӣ бори бисёр.
Бовар бикун, модарҷон,
Аз ҳама худат чаққон.
Аз дадоям худат зӯр,
Аз акоям худат зӯр.
Ҳамеша бошӣ ҷавон,
Пир нашав, модарҷон!
Биё, бӯсам аз рӯят,
Биё, бӯсам аз мӯят.
Лек аз ҷоям наҷунбон,
Худат рафта биёр нон.
Модарҷонам, модарам,
Хеле дӯстат медорам.
Бароям ту ягона,
Файзи ин дару хона.
Саҳар хезӣ модарам,
Боғча барӣ додарам,
Ҳавлӣ рӯбӣ шитобон,
Ош мепазӣ дав-давон.
Тозон равӣ ба бозор,
Бардорӣ бори бисёр.
Бовар бикун, модарҷон,
Аз ҳама худат чаққон.
Аз дадоям худат зӯр,
Аз акоям худат зӯр.
Ҳамеша бошӣ ҷавон,
Пир нашав, модарҷон!
Биё, бӯсам аз рӯят,
Биё, бӯсам аз мӯят.
Лек аз ҷоям наҷунбон,
Худат рафта биёр нон.
БАЗМИ НАВРӮЗӢ
Нағмакунон меравад
Обаки ҷӯйбор,
Селаи гунҷишкакон
Дар шохи чинор.
Нағмакунон меравад
Обаки ҷӯйбор,
Селаи гунҷишкакон
Дар шохи чинор.
Гӯйӣ зи гармӣ шукуфт
Чеҳраи хуршед,
Муғчаи худ во намуд
Навдаи гулбед.
Чеҳраи хуршед,
Муғчаи худ во намуд
Навдаи гулбед.
Бар сари
шаҳтути пир
Саъба баромад,
Болзанон аз ҳаво
Турна фаромад.
Саъба баромад,
Болзанон аз ҳаво
Турна фаромад.
Тоза суруде
бикард
Фохта оғоз,
Кафтари даштӣ ба он
Гашт ҳамовоз.
Фохта оғоз,
Кафтари даштӣ ба он
Гашт ҳамовоз.
Ҷуфти парасту расид
Хонда тарона,
Рафт суруди баҳор
Хона ба хона.
Хонда тарона,
Рафт суруди баҳор
Хона ба хона.
ИДИ РАМАЗОН
Омад иди Рамазон,
Дар бозор ҳалво арзон.
Бобоҷон баъди намоз,
Ҳалво орад ба мо боз.
Ба ман харед, ҷон-бобо,
Кулчаи “Кунҷидҳалво”,
Аз барои Дурдона
Ҳалвои “Мағзи дона”.
Гиред барои момо
Ҳалвои “Лавз” як кило,
Зеро ки мебинад нағз
Момоям ҳалвои “Лавз”.
РАСТАИ ГУЛ
Духтараки хаймарӣ,
Гул ба куҷо мебарӣ?
– Мебарам дастаи гул,
Ба сӯйи растаи гул.
Шавад растаи бозор
Аз гули ман лолазор.
Фарёд занам, ҳой мардум,
Хонетон пури гандум.
Дастагул аз ман харед,
Ба модари худ баред.
Бобоҷон, имрӯз аз гул,
Дареғ мадор асло пул.
Баҳри момо гул бигир,
Магӯ, ки ӯ шудаст пир.
Гул дида хандон шавад,
Аз шодӣ ҷавон шавад.
Ҳой ака, ба се танга
Се гул бибар ба янга.
Бигир аз гул ду дона
Ба модарат, дугона.
Дар ёд доред имрӯз ид,
Иди бузургу саид.
Иди ҳама модарон,
Иди ҳама хоҳарон.
Аз ҳамаи тӯҳфаҳо,
Гул тӯҳфаи бебаҳо.
Духтараки хаймарӣ,
Гул ба куҷо мебарӣ?
– Мебарам дастаи гул,
Ба сӯйи растаи гул.
Шавад растаи бозор
Аз гули ман лолазор.
Фарёд занам, ҳой мардум,
Хонетон пури гандум.
Дастагул аз ман харед,
Ба модари худ баред.
Бобоҷон, имрӯз аз гул,
Дареғ мадор асло пул.
Баҳри момо гул бигир,
Магӯ, ки ӯ шудаст пир.
Гул дида хандон шавад,
Аз шодӣ ҷавон шавад.
Ҳой ака, ба се танга
Се гул бибар ба янга.
Бигир аз гул ду дона
Ба модарат, дугона.
Дар ёд доред имрӯз ид,
Иди бузургу саид.
Иди ҳама модарон,
Иди ҳама хоҳарон.
Аз ҳамаи тӯҳфаҳо,
Гул тӯҳфаи бебаҳо.
УСТО ХУРШЕД
Гаҳвораи Зарнигор,
Дорад сад нақшу нигор.
Нақши боғи пур аз гул,
Нақши лолаву сунбул.
Ҳатто, дорад гаҳвора,
Нақши маҳу ситора.
Гар дар хонаи шумо,
Тифле ояд ба дунё.
Аз барои гаҳвора,
Ҳеҷ нашавед овора.
Як даста пул дар миён,
Оед ба Боғи Майдон.
Номи ин устои зӯр,
Дар деҳаи мо машҳур.
Усто Хуршед – дуредгар,
Даҳ ангушташ даҳ ҳунар.
Ӯ гаҳвора месозад,
Бо касби худ менозад.
Гаҳвораи Зарнигор,
Дорад сад нақшу нигор.
Нақши боғи пур аз гул,
Нақши лолаву сунбул.
Ҳатто, дорад гаҳвора,
Нақши маҳу ситора.
Гар дар хонаи шумо,
Тифле ояд ба дунё.
Аз барои гаҳвора,
Ҳеҷ нашавед овора.
Як даста пул дар миён,
Оед ба Боғи Майдон.
Номи ин устои зӯр,
Дар деҳаи мо машҳур.
Усто Хуршед – дуредгар,
Даҳ ангушташ даҳ ҳунар.
Ӯ гаҳвора месозад,
Бо касби худ менозад.
ДАР САРИ ХОН
Бобоям дар сари хон
Аз ҳама боло шинад,
Момоҷонам ҳамеша
Аз бари бобо шинад.
Аз сӯйи рост падарам,
Аз чап шинад модарам.
Паҳлӯи модарҷонам
Ҷойи ману додарам.
Вале хоҳараки мо
Мешинад аз мо боло.
Медонӣ, ҷояш куҷо?
Сари зонуи момо.
Бобоям дар сари хон
Аз ҳама боло шинад,
Момоҷонам ҳамеша
Аз бари бобо шинад.
Аз сӯйи рост падарам,
Аз чап шинад модарам.
Паҳлӯи модарҷонам
Ҷойи ману додарам.
Вале хоҳараки мо
Мешинад аз мо боло.
Медонӣ, ҷояш куҷо?
Сари зонуи момо.
ШАКАРДАРА
Тути балхии ширин,
Таъму бӯ асал барин.
Бӯйи чӣ дорад асал?
Бӯйи гулҳои ҷангал.
Аз гул бӯйи чӣ ояд,
Шодии дил физояд.
Гул бӯе дорад сара,
Ин бӯйи Шакардара.
Шакардара деҳаест,
Мислаш рӯйи дунё нест.
Ин деҳи ҳамчу бӯстон,
Дидам дар Афғонистон.
Тути балхии ширин,
Таъму бӯ асал барин.
Бӯйи чӣ дорад асал?
Бӯйи гулҳои ҷангал.
Аз гул бӯйи чӣ ояд,
Шодии дил физояд.
Гул бӯе дорад сара,
Ин бӯйи Шакардара.
Шакардара деҳаест,
Мислаш рӯйи дунё нест.
Ин деҳи ҳамчу бӯстон,
Дидам дар Афғонистон.
БОҒИ ШАМОЛ
Ба деҳи Боғи шамол
Шамол омад аз шимол.
Омад баҳри сайругашт,
Аз сӯйи ёлаву дашт.
Шамол омад саҳарӣ,
Дар пояш кафши зарӣ.
Шамол ба ҳар сӯ давид,
Ногаҳ себистоне дид.
Давид он бар-бари боғ,
Даромад аз дари боғ.
Бӯса зад аз рӯйи себ,
Маст шуд аз бӯйи себ.
Шохаҳоро ҳай ҷунбонд,
Дар шохаҳо себ намонд.
Себаки сурхи рахшон,
Ҳар сӯ бишуд парешон.
Рӯйи замин яксара,
Пур шуд аз себи сара.
Рӯзи дигар дар дӯкон,
Қимати себ шуд арзон.
Ба деҳи Боғи шамол
Шамол омад аз шимол.
Омад баҳри сайругашт,
Аз сӯйи ёлаву дашт.
Шамол омад саҳарӣ,
Дар пояш кафши зарӣ.
Шамол ба ҳар сӯ давид,
Ногаҳ себистоне дид.
Давид он бар-бари боғ,
Даромад аз дари боғ.
Бӯса зад аз рӯйи себ,
Маст шуд аз бӯйи себ.
Шохаҳоро ҳай ҷунбонд,
Дар шохаҳо себ намонд.
Себаки сурхи рахшон,
Ҳар сӯ бишуд парешон.
Рӯйи замин яксара,
Пур шуд аз себи сара.
Рӯзи дигар дар дӯкон,
Қимати себ шуд арзон.
👍👍👍👍👍
ОтветитьУдалить