ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА
Мирсаид МИРШАКАР
ЗИНДА БОД ХАНДА!
Рафта гуфтам ба духтур:
– Нотобам, эй амакҷон!
Гаҳ дилам мекунад дард,
Гаҳ сару гоҳе дандон.
Бовар бикун, амакҷон,
Надорам узви бедард.
Шояд аз ин нотобист
Тани лоғар, ранги зард?..
Духтур гуфто:
– Дарди ту
Дарди ғаморанда аст,
Лекин дармонпазир аст,
Доруи он ханда аст.
Асло накун фаромӯш:
Бо ханда гар шавӣ ёр,
Дигар ба дарду азоб
Намешавӣ гирифтор!
Чун давои дардамро
Аз духтурам шунидам,
«Сафсата!» – гуфта, бо завқ
Бар гапи ӯ хандидам.
Хандидам дар назди ӯ,
Дар кӯчаҳо хандидам,
Назди очам хандидам,
Бо бачаҳо хандидам.
Аз хандаи бисёре
Дардам пароканда шуд,
Тамоми ҷисму ҷонам
Саломат аз ханда шуд.
Хоҳед агар, ки бошед
Монанди ман саломат,
Аз ханда рӯ натобед
Дар меҳнату фароғат!
Комментарии
Отправить комментарий