НАСР
Порахўрӣ
Ҳикоя
Нор ОСТОНЗОД
Шоистаи Равшан
ГУМРОҲӢ, ҒАФЛАТ, ТААССУБ
Агар
хостҳои инсон дур аз воқеъият аст, онҳо ба мисли кафкҳои рӯйи оби номусаффоянд.
***
Қасру кошонаи тиллои сохтиву дасти як бечорае нагирифтӣ, пас домани ишқи дил
холи гузоштӣ.
***
Бечоратарин кас онест, ки баҳри саодати худ чорае
намеҷӯяд.
***
Гар дар мактаби ишқ таъхир кардӣ, дар ҷодаи
зиндагӣ саргум задӣ.
***
Ботини қашшоқӣ дур аз
ахлоқ - соҳиби худро ба даст задан ба ҳама гуна пастфитратӣ ва бешарафӣ водор
мекунад.
***
Осмони нилгуни хонаи дил тира масоз, то зери абрҳои
ғафлат гум нагардӣ!
***
Бо чолокиву нафъҷӯйӣ танҳо
билохир сарват ба даст ориву дӯст аз даст диҳӣ!
***
Аламзада аз дарди қашшоқӣ хаста
гардад, сарватманд аз пурхӯрӣ дардманду бечорагӣ шикоят
намояд.
***
Аз азал, ки бо қаҳр ошти кардӣ, то абад бо ҷанг дӯстӣ кардӣ.
Юнуси ИМОМНАЗАР
Ҷавонию бесарӣ
(Ҳикоя)
– Агар ҷонсабил набошӣ, ба ту кӣ мондааст, ки дар офтоб сӯхта, арақшор шуда, бо кӯлбор дар ба дар мегардӣ? – Рухсораро дар ҳавлӣ пешвоз гирифта, бо қаҳр ба гап даромад бародараш Хушнуд. – Писари калонат ҳаст, худат фақат таъриф мекунӣ, ки дастёри таппа-тайёр шудааст,боз ин ҷонканиҳо барои чӣ? Мон, чархи рӯзғораша худаш гардонад!
– Эҳ, додарҷон, вай ҳам бекор нанишастааст, аз субҳ то шом дар ҷунбуҷӯл. Кори боғ, парвои моли дарам дар гарданаш. Обу алаф ҷамъ мекунад, ба шикасту рехти хона мерасад, ҳамеша аз шабу саҳари моён бохабар – ин ҳама кор ба як мард бас нест, магар?!
– Агар коре кунад, барои худашу зану ду бачааш мекунад! Аҳволи тура мебинаму дар пеши ҳамдеҳагон хиҷолат мекашам. Пӯсту устухон шудаӣ, ба рӯят нигоҳ кардан намешавад, аз пайи ду-се сӯм шуда ҷоната ба Ҷаббор медиҳӣ!
Хӯрии Рухсора омад. Бештар аз он, ки додари “меҳрубон” ба ҷойи аз дасташ гирифтани сумкаи савдо ба сараш дод мезад, нороҳат шуд. Базӯр дандон ба дандон монда, аз носазо гуфтан худдорӣ кард ва бо мулоимат афзуд:
– Ман заҳмат мекашаму пул меёбам, додар, гадоӣнакардаам, ки хиҷолат кашӣ. Имрӯз зиндагӣ ҳамин, оби ишкамата начулқонӣ, касе ба ту як сӯм намедиҳад. Рӯзгорам тинҷ, ҳама кори хона бар дӯши келинам, рӯзҳои дароз чӣ кор ҳам мекардам?
– Поята дароз куну дар кунҷи хона шин, фарзанд шудаандмекунанд-дия! Агар ба ту пул даркор бошад, Парвизата ба Русия ё Қазоқистон фиристон. Равад, қатори ҳамсолонаш мардикорӣ кунад, ана макони пул!
– Ман як писар дорам, аз пешам дур намекунам, – сумкаашро дар даҳлез гузошта истода гуфт Рухсора ва дубора ба ҳавлӣ баромад. – Ту ғами мана нахӯрда аз корҳои худат гап зан, додар. Ба рӯйи кат гузар, бо ҳам чой мехӯрем.
– Гапа нагурезон, мебинам, ки писарата сахт эрка кардаӣ, – аз ҷаҳл нафаромада ба насиҳат идома дод Хушнуд, – ман дигар набинам кӯча ба кӯча гашта латтафурӯшӣ кунӣ! Ман орият дорам, намехоҳам апаам хандахариши мардум гардад.
Рухсора сар дарнамеовард, ки чаро додараш ин ҳарфҳоро мегӯяд. Магар кори айбе кардааст, ки вайро дигарон мазоҳ мекунанд? Савдогарӣ чӣ ҷойи бадӣ дорад? Боз ҳам бо тааммул ба сухан омад:
– Ман фақат ҳоҷати одамонро мебарорам, ҳар чи мефармоянд оварда медиҳам. Дар болои молам он қадар пули зиёд ҳам намемонам, ки забонам кӯтоҳ бошад.
– Ба ҳоҷатбарории ту касе зор намондааст. Гап тамом, дигар бозорравию савдогарӣ намекунӣ! Он чи гуфтам ба писари эркаат ҳам расон, агар мард бошад, равад ба мардикорӣ! – Хушнуд ба маънии “дигар забонатро пӯш” даст афшонда, ба нороҳатии хоҳар таваҷҷӯҳе накарда, баромада рафт.
Рухсораро умедаш наомад. Аз он ки бародар аз шуғли ӯшарм мекарду ба ҳолаш механдид, хеле дилмонда шуд. Рӯҳафтода дар гӯшаи кат нишасту ба хаёл фурӯ рафт. Дар як он канда-канда айёми гузашта дар дидаи зеҳнаш падид омаданд. Вақте ки шавҳари бемор аз дунё гузашта буд, ӯ бо ду ятим танҳо монд. Ҳарчанд бори зиндагӣ ба назараш чун кӯҳе менамуд, ӯ наҳаросид. Ба дари касе нарафт, дар пеши бандае сар хам накард. Медонист, ки ҳар гуна илтимосу дархост дар пайи худ миннате дорад. Бо бурдборӣ рӯз гузаронд, ба фарзандон саробон шуд ва ниҳоят, духтарашро ба шавҳар доду ба писар арӯс фаровард. Дар воқеъ, Парвиз имрӯз дастёри ӯст, фақат бо саъю талоши ӯбоғу дараш обод аст, як гов сето шудаву даҳ гӯсфанд ба сӣсар расидааст. Агарчи натавонист ӯро ба мактабҳои олӣдохил кунад, аммо ҳоло чун як марди қодир ҳар гуна кори деҳаро анҷом медиҳад. Сунҳораш* ҳам ҷони одам, намегузорад вай дасташро ба оби ях занад. Шояд аз пайи меҳрубониҳои писару сунҳор буд, ки худро бекор дида ба савдогарӣ даст монд. Ба ду нафар дугонааш, ки ҳар ҳафта як бор ба бозори умдафурӯшӣ рафта мол меоварданд ва кӯй ба кӯй гашта моли худро мефурӯхтанд, ҳамроҳ шуд. Худ бехабар, ба хариду фурӯш чунон меҳр баст, ҳатто рӯзғордорӣ аз димоғаш баромад...
– Оча, оча!! – аз самти теппаи пушти хона садои Парвиз баланд шуд. – Зудтар дари молхонаро кушоед, гӯсфандҳо парешон мешаванд!
Риштаи хаёлоти Рухсора аз ҳам гусаст. Ӯ дарҳол аз ҷо хеста ба сӯйи молхона шитофт. Имрӯз писараш рамаро зудтар меовард, ҳанӯз офтоб домани рангпаридаи худро аз атроф набардошта буд. Аммо модар дар худ фараҳи беинтиҳоеро ҳис кард, мисли ин ки ба писар дилаш танг шуда буд. Паймебурд, ки ҷойи ҷигаргӯшаашро касе наметавонад пур кунад. Ҳамин “оча” гуфтани ӯ барояш бас, гӯё нерую дармони тану ҷонаш дучандон мешавад...
Дукаса гӯсфандҳоро танг карда ба молхона дароварданд. Парвиз дари молхонаро баста зулфинро гузаронд ва ба хотири итминон аз пушташ танба гузошт. Сипас, таёқ дар даст ба модар пайваст.
– Монда шудӣ, писарам? Лабҳоят хушк шудааст, бо худат об набурда будӣ? – бо меҳрубонӣ ҳол пурсид Рухсора.
– Ҳеҷ гап не, имрӯз ҳаво тафсид, оби меширо тез тамом кардам.
– Гармиҳо ҳама дар пеш аст, аз ин пас бо худат дар ду мешӣоб бар.
– Хуб шудаст. Шумо имрӯз чиҳо кардед, савдоятон бобарор омад?
Парвиз ҳар дам ҳамин саволро медод. Рухсора аз он хурсанд буд, ки писар ҷонибдори майлу иштиёқи ӯст, ба хусус, ба савдогариҳояш бо мароқ назар мекунад. Боре надидааст, ки ба кораш лат диҳад, аз шуғли ӯ норизо бошад.
– Савдоям бад не, писарам, лекин... – Рухсора забон хойид.
– Чӣ, лекин?
– Тағоят омада буд, ду-се доду бедод кард. Ҳошакалло, кората бас кун, мегӯяд.
Парвиз роҳравон даст ба дӯши модар гузошт. Гаперо, ки хеле вақт гуфтанӣ буду худдорӣ мекард, ҳоло ба забон овард:
– Росташро гӯям, очаҷон, тағоям маро низ чанд бор пеши раҳ гирифтанд. Иддаояшон ҳамин – мола ба шумо супурдану ба кор рафтани ман.
– Ба вай, гӯё, корро пухта мондаанд, як луқмаи ҳалоламон аз дунёи сарвати бегонаҳо ширинтар аст, азизам. Ба гапҳояш фирефта нашав, насиҳата ба бачаҳои худаш кунад.
– Мегӯянд, ба пеши Беҳзод рав, ба Шимкент. Гуфтааст, ки кор бисёру коргар намерасад. Дастмузди нағз мегирифтааст.
– Ду сол мешавад Беҳзодаш дар мардикорӣ. Имсол бисту ҳафта пур мекунад, ба ҷойи зан гирифта додан вай дар чӣфикру хаёл! Хуб, коргар лозим будаст, ҳаққи хуб мегирифтаст, ба мо чӣ?
– Тағоям ғами шуморо мехӯранд. Хеле фикр кардам, гапашон ҷон дорад, дар ҳини ҷавонӣ кор карда пул ёбем ба нафъамон. Албатта, ин ҳама мола ба шумо партофта рафтанӣ нестам, нисфаша мефурӯшем, коратон осонтар мешавад.
Рухсора дар анг монд. Ҳеҷ гумон намекард, ки писараш низ дар ин андешаҳост. Ин мардҳо ғайр аз пулёбӣ чизи дигарро фикр намекунанд. Охир, дар зиндагӣ меҳри одамӣҳаст, аз нафаси гарми якдигар роҳат бурдан ҳаст, рӯзу шаб ба ҳамдигар такя кардан ҳаст. Наход ки фақат пул ҳама муамморо ҳал кунад? Ин пулу сармоя чӣ аст, ки одамҳо ҳатто хонаю дари худро тарк мекунанду роҳи фироқ пеш мегиранд?
– Чиҳо мегӯйӣ, писарам? – норозиёна ба сухан омад Рухсора. – Тағоят-ку ҳар чӣ гуфтан мегирад, ту кай ба ин васваса роҳ додӣ? Ҳар чи хурем дар пешамон, нахурем дар пушт, чӣ камӣ дорӣ дар зиндагӣ?
– Гап дар ин не, оча, бо ин баҳона худам ҳам ба шаҳр мебароям, одаму оламро мебинам, магар ин бад аст? Хеле орзу дорам аз миёни сангу шах баромада, аз гарду тафти молҳо халос шуда, ҳавои тоза нафас гирам. Рости гап, ин зиндагии якранг ба дилам задааст. Ҳоло писари тағоям ҳаст, дар кӯча намемонам, аз ин беҳтар пайти муносиб даст намедиҳад, оча.
– Ҳоло ин тавр гӯй, – аз шасти худ гашта андешаманд гуфт Рухсора, – ман ҳаргиз намехоҳам туро ишкелбанд карда нигаҳ дорам. Агар орзуят сайру саёҳат бошад, ман зид нестам, писарҷон...
***
Кӯчаи Абай яке аз дарозтарин кӯчаҳои қисмати қадимаи шаҳри Шимкент буд, ки дар ду тарафи он фақат хонаҳои яктабақаи ҳавлидор қарор доштанд. Аз шаклу шамоили хонаҳо ва роҳраву тангкӯчаҳои пасу пеш маълум буд, ки дар ин маҳаллаҳо одамони камбизоат зиндагӣ мекунанд. Агар кӯчаи мошингарди асосӣ сарфи назар шавад, дигар ҳама роҳҳои дастрасӣ хокӣ буд, дар атрофи хонаю ҳавлӣ ва боғчаҳо низ бештар чиғҳои чӯбин ба назар мерасид. Аз боло то поини маҳалла ҷӯйи бетонии фарсудае имтидод дошт, ки дар он доимо оби лойолуд ҷорӣ мешуд ва аз он барои обёрии боғчаҳо ва обхӯрии чорво истифода мебурданд. Ҷойи зисти Беҳзод ва ду нафар ҳамкори ӯ дар ҳамин маҳалла воқеъ буд, онҳо дар хонаи як марди қазоқ иҷора менишастанд. Парвиз ба доираи тағобача пайваста, зуд ба зиндагии нав одат кард. Субҳи барвақт аз хоб хеста ба маҳали кор мерафтанд ва то дами офтобшинам бо деворзанӣ, ки шуғли асосии Беҳзоду ҳамраҳонаш буд, машғул мешуданд. Онҳоро як марди сармоядори рус кироя карда буд, ки барои таҷҳизоти худ анбори бузургеро меандохт.
Аз нахустин рӯзҳои мардикорӣ хаёли Парвиз побанди молхонаи марди қазоқ шуд. Ҳар гоҳ аз кор бармегаштанд, духтари соҳибхона – Ойсара ҳам гӯсфандҳояшро аз чарогоҳ меовард ва ба қӯтон дароварда обу дон медод. Чун дилу ҷонаш молдорӣ буд, Парвиз ҳар рӯз баъд аз кор ба кӯмаки духтару модари ӯ мешитофт. Онҳо молҳоро ҷо баҷо карда мешумурданд, аз ҷӯйи бетонӣ об мекашонданд, гӯсфандҳоро ҷӯшида, оча-бача карда, дари молхонаро баста бо ҳам ба хона бармегаштанд. Ойсара аз ҳамдастии Парвиз беҳад хурсанд буд. Ҳамин ки ба ҳавлӣмедаромаданд, дарҳол офтобаро гирифта аз сару гардани ӯоб мерехт. Духтари қазоқ бо завқ об мерехт, барои ӯхушомад задан ба ҷавони кордӯсте мисли Парвиз, ки бар замми ин марди болобаланду чорпаҳлӯе буд, лаззат мебахшид...
Аз байн як моҳи мардикорӣ гузашт. Парвиз ва ҳамраҳонаш девори анборро сохта шуданд ва ба сармоядори рус супурданд. Ӯ дастмуздашонро пардохта ваъда дод, ки як ҳафтаи дигар барои сохтани объекти нав дубора ба кор даъват мекунад. Парвиз нахустин маоши худро гирифта, ҳамоно бо Беҳзод ба сӯйи шӯъбаи ҳаволаи пул бол баровард. Дар маркази шаҳр аз тариқи «Western Union» коркардашро ба исми модараш фиристод ва телегром ҳам зад, ки омада аз шаҳр дарёфт кунанд.
Дар рӯзҳои таътил Парвиз наметавонист бекор нишинад.Ӯ ба дӯстони худ, ки аз хоб сер намешуданд, нигоҳ накарда, ба побелкунии боғи соҳиби хона пардохт. Дар рӯзҳои баҳорӣ нарм кардану ба кишт омода сохтани замин айни муддао буд. Бештар аз шавҳараш кадбону – модари Ойсара ба Парвиз меҳр баст. Ӯ кордӯстии ҷавонро дида ба ваҷд меомад, ҳар лаҳза ҳар гуна меҳрубоние, ки дошт, барояш нисор мекард.
Субҳи рӯзи сеюми таътил чеҳра боз намуд. Парвиз аз хоб хеста дасту рӯ шуст, омодагӣ дошт субҳона хӯрда дубора кори боғро идома диҳад. Модари Ойсара мисли ин ки мунтазири ӯ буд, баробари ба ҳавлӣ баромадан ба наздаш омад ва пас аз салому алайк изҳор кард:
– Имрӯз духтарам барои худ курта медӯзонад, агар гӯсфандҳоро ба чарогоҳ мебурдӣ, хурсанд мешудем.
– Аз шумо як ишорат, аз мо ба по давидан! Албатта, мебарам...
Рӯз аз нисф мегузашт. Аз дасти дамои гарм гӯсфандон фуки худро ба замин карда, гирди ҳам ҷамъ шуда, беҳаракат сари ҷо меистоданд. Парвиз дар сояи дарахти шоҳбулут чашм ба сӯйи рамаю саҳрои беканори сарсабз дӯхта менишаст. Ӯ тахтапушту сарашро ба дарахт такя дода ба ёди деҳа афтод. Як-як симоҳои гарми модару хоҳараш, зану бачаҳояш аз диди хаёл гузаштанд. “Очаҷони меҳрубонам, – дар худ ғурунгид ӯ, – бе ман чиҳо карда истодаед? Молу ҳол азоб намедиҳад? Маро бубахшед, ҳама корро ба дӯшатон партофта омадам. Аммо, дилтанг нашавед, ду-се сӯм кор кунам боз ба оғӯшатон бармегардам... Муҳибаи худам, ту чиҳо мекунӣ? Ҳушангу Ҳувайдоям ба чӣ ҳоланд? Ҳамаи шуморо пазмон шудам, хеле ёд кардам...”.
Парвиз бехабар, панҷаҳои нозуку нарме аз қафо чашмонашро пӯшиданд. Ӯ наҳаросид, баръакс роҳату гармии ҷонбахшеро дар худ ҳис кард. Дастҳояшро ба пушти панҷаҳои нозук гузошту як лаҳза хомӯш истод. Ҳарчанд намехост ин ҳолат аз байн равад, бо мулоимат садо дод:
– Ойсара.
Духтар бо завқ хандид. Даст аз Парвиз бардошта дар канораш нишаст ва ба сухан омад:
– Мехостам “рав кунҷи биҳишт” гӯед, аммо шинохтед.
– Дар ин дашту биёбон ғайр аз ту дигар касеро дучор нашудаам, ки дасту панҷааш мисли пахта маҳину нозук ва роҳатбахш бошад. Дигар, танҳо бӯйи диловези ту маро аз як санг раҳ маст мекунад.
– Ӯҳӯ, фаришта гӯед, монед!
– Оре, бе муҳобот, ту як парии биҳиштиӣ, Ойсара!
Духтар ба ваҷд омад. Худро ба Парвиз ҷафстар кард, дасти росташро ба гардани ӯ ҳамоил андохт. Ҷавон аз сари дили нарми дӯшиза ҳаловат бурд. Хост худро дуртар кашад, аммо илоҷе надошт, духтар ӯро аз бағалаш раҳо карданӣнабуд. Нафас дар дарун, афзуд:
– Имрӯз молҳо ба гардани ман буд, барои чӣ омадӣ?
– Шуморо пазмон шудам.
– Ана халос, куртаатро дӯзондӣ?
Духтар як он ба по рост шуд ва аз як бари пироҳанаш дошта, гирди по давр зад. Парвизро бештар ҳиссиёти гарм фаро гирифт, ба худ ҳис мекард, ки гӯё дар наздаш воқеан парии хушлиқое ҷилва мекунад. Ангушти калонашро ба маънии “олӣ” тик кард. Ойсара дубора худро ба оғӯши ӯафканд. Ҷавон аз худ рафт... Лаҳзае нагузашта садои бадарди духтарона аз зери дарахти шоҳбулут ба фалак печид...
***
Бодом гул кард. Талу теппаҳо сабзпӯш шуданд. Рӯди сероб худро аз дасти барфу яхҳои саршикаста раҳо сохта, боҷастухези бештар дар масири пурпечутоб то доманаи даштии деҳа роҳ пеш гирифт. Рухсора аз молдорӣ дар фасли зимистон фориғ шуда, гӯсфандони худро ба самти кӯҳ баровард. Дигар, мушкилие нест, рама худро аз дараю адирҳо сер мекунад. Расо як сол мешавад, ки Парвиз дар мардикорист. Ӯ дар ин муддат танҳо ду бор пул фиристод, дигар на пай ҳасту на ҳайдар. Рӯз ба рӯз дили модар бештар мезад, ноором буд. Дар ин муддат худро чӣ қадар маломат кард, бо пушаймонӣ чӣ қадар афсӯс хӯрд, худаш медонаду Худо. Додари “маслиҳатгӯй”-ро чанд бор пеши роҳ гирифт, қаҳрашро ба ӯ рехт. Хушнуд ҳам аз ӯ паст намеомад, бо дӯғу дабара мегуфт:
– Агар писари ту як сол набошад, Беҳзоди ман се сол боз нест! Зинда бошанд, як рӯз меомадагистанд?!
Рӯзи ҳафтум буд, ки Рухсора гӯсфандҳояшро ба чарогоҳи кӯҳӣ мебаровард. Офтоб дар болои сар медурахшид, мехост бо теғи нурҳои худ ҳар чиро дар зераш аст сӯзонда гузарад, аммо насими сарди кӯҳистонӣ ба ин имкон намедод. Боди мулоиме беист вазида меистод ва баргу шохаҳои гиёҳону буттаҳои кӯҳиро ба рақс дароварда, тану тӯши ҳар касеро, ки дар талу теппаҳо қадам мезад, масҳ мекард. Рухсора дар нимаи кӯҳи Пашкан бар рӯйи санги паҳне нишаста аз ин ҳиммати бод роҳат мебурд ва баробари тамошои манзараҳои атроф чашм аз гӯсфандон намеканд. Ногоҳ гузораш дар бехи сангу харсангҳои кӯҳӣба чукриҳое афтод, ки барг ёзонда гул бароварда буданд. Ҳадаҳа ба по хест ва ҳар ҷо чукриҳоро бо бехии калонтару ғафстар медид, канда ҷамъ овард. Дар ёд дорад, айнан ҳамин рӯзҳои пас аз наврӯзӣ писараш Парвиз ҳангоми аз кӯҳ баргаштан як бағал чукрӣ оварда, рӯзи дигар ба мардикорӣ рафта буд. Оре, аз он дам як соли расо мегузарад. Акнун ӯ низ чукрӣ меканаду аз писар хабаре нест. Куҷо рафт, бо чӣ кор машғул аст, касе намедонад. Ҳеҷбовариаш намеояд, ки ҳамон писари гапшунаву сарбазераш то ин ҳад бедому дарак мешавад. Як сол гӯё як умр менамояд дар назараш...
Вақте ки Рухсора рамаашро аз кӯҳ фаровард, рӯз домани худро аз дашту даман мебардошт. Тамоми ҳамгузарҳо дар давуғеҷ буданд, мехостанд торикӣ надаромада корубори рӯзонаро ҷамъуҷӯр ва молҳои худро ҷо ба ҷо кунанд. Баробари дидани хушдоман сунҳори хона – Муҳиба давида ба пешвозаш баромад. Ӯ хеле хушҳол менамуд, хабари хушеро ба Рухсора расонданӣ буд. Бо ин ҳол, давутози вайро дида, аз пайи даровардани гӯсфандон шуд. Охирсар, бастаи чукрӣ ва халтаи нону меширо аз дасти хушдоман гирифта, роҳравон ба сӯйи хона гуфт:
– Мондаҳо, модарҷон, имрӯз гарм омад, аз дим будани ҳаво намешуд ба берун бароӣ.
– Аммо дар кӯҳу кӯтал аз насими диловез фақат лаззат мебарӣ. Он чи маро хаста мекунад, сояашро аз остона кандани писарам асту халос. Эҳ, Худоҷон, ҳар гоҳ ба ёдам меояд, дилу ҷигарам месӯзад. Аз ҳама бештар ба ту мушкил шуд.
– Не, модарҷон, сари калоба боз шуд, ба фикрам. Имрӯз Беҳзод омадааст, фардо тағои Хушнуд худойӣ доданӣбарин.
– Наход?! Зуд оби гарм кун, дасту рӯ шуста ба хонааш меравам.
– Хӯрок омода аст.
– Э, духтарам, баъди ин гап ба гумонат аз гулуям хӯрок мегузарад? – бо шитоб ба сӯйи ҳавлӣ қадам зад Рухсора ва афзуд: – Маро хурсанд кардӣ, азизам, аз забони ширинат гардам. Кош пайғоме аз писарам оварда бошад, илоҳо, хабари хуш расонад...
Вақте ки дар гирди дастархони додар менишастанд, хурду калон хурсанд буданд. Зани Хушнуд ҷойи нишаст намеёфт, бо расидан ба дидори ҷигарбанд ӯ чун мурғи озод болу пар бароварда буд, аз хушҳолӣ дар куртааш намеғунҷид. Ҳанӯз ҳам ашки шодӣ мерехт. Чойники тозаи чойро дар гӯшаи дастархон гузошта, дубора Рухсораро маҳкам ба оғӯш кашид ва изҳор кард:
– Ҳеҷ гоҳ дилтанг нашавед, апаҷон, писари шумо ҳам меояд, албатта, меояд!
– Гуфтаат шавад, баргаштани ҷиянам ба дили ҳар яки мо умед бахшид, – гуфт Рухсора ва бетоқатона ба Беҳзод дида тофт, мехост ҳар чи зудтар аз забони ӯ гап шунавад. Вале сархаму хомӯш нишастани Беҳзод дилашро ба танг овард, бо бесабрӣ пурсид: – Чаро хомӯшӣ, писарам, Парвизи ман дар куҷост?
– Дар ҷойи кор, – сар ба зер гуфт Беҳзод ва забон хоида афзуд: – дар Шимкент.
– Охир вай барои чӣ наомад?
– Намеояд, – нимғурма садо баромад аз ҷавон.
Вуҷуди Рухсора ларзид. Дилашро ваҳм зер кард. Садояш баландтар баромад:
– Чӣ гуфтӣ, намеояд? Чӣ шуд ба писарам, бардор сарата, рости гапа гӯй!
– Янга, Парвиз сиҳату саломат аст, хавотир нагиред, аммо...
Дубора хомӯш мондани Беҳзод ҳама нишастагонро ба сӯяш чорчашм кард. Ӯ бештар ба нигоҳҳои тези Рухсора, ки мешуд дар онҳо ҳам ғазабу ҳам илтиҷоро ҳис кард, тоб наоварда, ҳамоно ба суханаш идома дод:
– Парвиз бо духтари соҳибхонаамон хонадор шуд, хонадомод аст. Як моҳ пеш писараш ҳам ба дунё омад.
– Эҳ, ҷувонимарг! – як он садо дардод Хушнуд, – Мо ба чӣаҳволу вай дар чӣ хаёлҳо, маҷбур накардӣ, биёяд аз ин бачаҳояш ҳам хабар гирад?
– Ба гапам гӯш надод, аз Ойсарааш дилканданӣ не...
Рухсора худро гум кард. Гӯё аз сараш як сатил оби сард рехта бошанд, карахту ланҷ дар ҷо нишаста монд. Дар ҳоле, ки баданаш вараҷа мегирифту тамоми чеҳрааш суп-сурх шуда буд, беҳолона аз ҷо хест. Пойҳояш ба ӯ итоат намекарданд магар, калавидаю яклаба шуда ба берун баромад. Дилозурдаву бемадор чӣ хел то хонааш омад, худаш намедонад...
________________
* сунҳор – зани писар, арӯс, келин.
Бахтиёри
ҶУМЪА
ДӮСТОН САЛОМАТ БОШАНД
(Повест)
РӮЗИ
ЯКУМ
Дар
палата Иқболшоҳ рӯйи кат нишаста, бебаркаш гап мефурӯхт. Мирзобек, ки ду
болинро болои ҳам гузошта, каҷпаҳлӯ зада буд, суханони ӯро бе ягон шавқу рағбат
гӯш мекард.
‒
Сарсабзиву хуррамии ин ҷойҳоро бинед, ҳавои тозаашро бӯй кашед. Ин пагоҳӣ мошинро
барои ба дарун даровардан диламон нашуд, Мирзоака, - мегуфт ӯ. ‒Маҷбур мошинро
дар таги дарвозаи калон монда, бору бӯғчаамонро бардошта омадем.
‒
Шумо аҳли фаҳм-дия, чунин кардед, - ҳушаш ба ҷойи дигар банд бошад, ки барои ҳурмати
мусоҳибаш суханони Иқболшоҳро тақвият дод Мирзобек. ‒ Канӣ ҳама мисли шумо
мешуданд. Ба он одамоне, ки бо мошин ба даруни табобатгоҳ медароянд, фақат шоху
дум намерасад.
‒
Ҳа, ба одамони мо тайёраш бошад, шуд, - гуфт Иқболшоҳ. ‒ Ба сохтан, обод
кардан, шинондан, сабзондан не, ба паймолу вайрон кардан усто...
Дар
ҳамин ҷойи сӯҳбат дари палата тақ-тақ шуд. Ин тақ-тақи далерона не, балки як тақ-тақи
боодобона, зиёиёна буд.
‒
Муаллим! ‒ баробар гуфтанд онҳо. ‒ Муаллимҳоро даррав шинохтан мумкин. Муранд,
ки байни мурдаҳо фарқ карда меистанд.
Тахминашон
рост баромад.
‒
Ассалому алейкум, рафиқон, ‒ гӯён Довар, ки
дар ҳақиқат муаллим буд, даромад ва даст пеши бар гирифта, илова намуд. ‒
Ана ман ҳам омадам.
‒
Нағз кардед, ки омадед, - гуфт Иқболшоҳ. ‒ Ба қадамҳоятон ҳасанот. Фақат барои
ба таги поятон пойандоз андохта, бо оркестр пешвоз гирифтан имкон нашуд, ‒
нимхез шуда пойҳояшро аз кат фаровард.
Мирзобек ба пешвози Довар
аз ҷой хест.
Онҳо
бо ҳамдигар даст дода, вохӯрдиву аҳволпурсӣ карданд.
‒
Ура, як кас будем, ду кас шудем, ду кас будем, се кас шудем. Се кас нағз-дия.
Секаса зуд як шиша ташкил кардан ва онро ҳамчун сарчашмаи ҷанҷолу бадбахтиҳо
несту нобуд кардан осон! ‒ Аз омадани Довар хурсандиашро чунин изҳор кард
Мирзобек. Иқболшоҳ ба сӯйи ӯ ало нигоҳ кард ва дами Мирзобек паст шуд.
Ду
кат паҳлӯйи ҳаму кати саввум дар пойгаҳ ҷойгир буд. Довар ба сӯйи он кат
нигарист.
‒
Бемалол, гузашта соҳиб шавед, - гуфт Иқболшоҳ, ки гӯё дар ин ҷо ҳокими мутлақ
бошад, фармон дод.
‒ Кат шуморо бо чашми
чор интизор буд.
Мирзобеку
Иқболшоҳ, ки пештар омадаву бо ҳам шинос гашта буданд, ба якдигар нигариста
табассуми маънодоре карданд: барои муаллим пойгаҳ ҳам мешавад. Ба кафшҳоро рост
карда мондану ба ҳар гуна хизматҳои майда ‒ чуйда ҳамеша ҳозир.
‒ Раҳмат.
Ба
истироҳатгоҳи табобатӣ онҳо даҳрӯза барои дамгириву муолиҷа омада буданд. Инак,
рӯзи аввали он оғоз меёфт.
Довар
ҳуҷҷатҳояшро ба расмият дароварда омаду ба таври стихиявӣ дар палата шӯрои
машваратӣ баргузор шуд. Дар он аввал масъалаҳои ташкилиро диданд. Якдилона қарор
доданд, ки имрӯз анализҳоро супоранд. Натиҷаҳои ташхис маълум шавад, аз пагоҳ
ба табобат сар мекунанд. Ба ин фикри оқилона, ки ба ҳама маъқул буд, ягон нафар
зид набаромад. Масъалаи дуввум, ки Мирзобек ба миён гузошт, каме баҳсталабу тӯлонитар
гардид.
‒
Ин ҷо, ки мо даҳ рӯзи рапа-расо якҷоя мегардему табобат мегирем, бояд гапамон
аз як ҷо барояд! Байни мо дилхунукӣ нашавад, шиори мо: як кас барои ҳама, ҳама
барои як кас шавад. Барои амалӣ шудани ин гуна ниятҳо бояд аз байнамон як касро
сардор интихоб кунем.
‒ Таклифи олиҷаноб, ‒ гуфт
Довар.
‒
Сардор бошад, нағз аст, ба тамоми кору рафтори мо сардорӣ мекунад, - суханашро
идома дод Мирзобек. ‒ Биёед, ана ҳамин сӯҳбатамонро маҷлис ҳисоб кунам, шумо
розӣ?
‒
Ман розӣ, - гуфт Иқболшоҳ.
‒
Ман ҳам, - ҳамчун акси садо овоз баровард Довар.
‒
Ин хел бошад, бо роҳи овоздиҳӣ сардорро интихоб мекунем, - ҳамчун раиси маҷлис
ба суханаш давом дод Мирзобек.
‒
Интихоби сардор бо роҳи овоздиҳии пӯшида гузаронида мешавад лаб кушода? ‒ пурсид Иқболшоҳ.
‒
Ин ҷо мо се нафар, ‒ ба ин масъала равшанӣ андохта таклиф кард Довар. – Гурӯҳҳои
оппозитсионӣ ё иртиҷоӣ нестанд, ки тарсем. Интихобот бо роҳи овоздиҳии кушода
гузаронида шавад.
‒
Гапи бисёр ‒ ба хар бор, ‒ боз ҳамчун садри маҷлис маҳмаддоноӣ намуд Мирзобек.
Худи ӯ як шахси аҷибу ҳамаҷоҳозир
аст. Дар баъзе маъракаҳо ногаҳон пайдо мешавад. Ба сухан мебарояд. Барои вай намуди
маърака фарқ надорад: тӯй, зодрӯз, юбилей, ҷаноза ё митинги мотам бошад ҳам, тӯтӣ
мешавад. Забонаш лакнат нахӯрда ва ё дар ягон ҷойи сухан барои ёфтани калимаву
ибораҳои зарурӣ фикре накарда, гап задан мегирад. Барои ӯ баҳонае бошад, шуд. Ҳоло
ҳам худ ташаббус нишон дод, худаш ба сухан сар кард ва худаш ҳамчун раиси маҷлис
масъаларо ба фойидаи худ ҳал кардани мешуд. ‒ Ман номзадии Иқболшоҳро пешниҳод
мекунам. Иқболакем йигити зӯр. Пӯсткандаи гап, марда мардаш. Шумо ‒ Иқболака,
сардори мо. Ман ба номзадии шумо ду дастамро боло мебардорам.
‒
Ман ҳам ба кондидатураи Иқболакем овоз медиҳам, ‒ ба гап ҳамроҳ шуд Довар.
‒
Дигар ягон каси зид ё бетараф нест? - пурсид садри маҷлис ‒ Мирзобек.
Ҳама
ҷим.
‒
Шуморо табрик мекунам Иқболшоҳ Ҳақмуродовичи мӯҳтарам! ‒ аз рӯйи одати чоплусии
худ Мирзобек ба маддоҳӣ гузашт. ‒ Шумо аз ҳама бештар, яъне, якдилона, сад фойиз
овоз гирифта, дар интихобот ғалабаи бузург ба даст овардед ва ба вазифаи сардорӣ
интихоб шудед. Вазифаи фармондиҳӣ ба шумо, Иқболшоҳ Ҳақмуродовичи азиз, муборак
шавад! Ман шуморо аз таҳти дил табрик мекунам ва ба корҳои минбаъдаатон комёбиҳои
беназир мехохам.
Инро
гуфта Мирзобек дасти Иқболшоҳро бо эҳтирому дудаста дошта, сахтакак фишурд.
‒
Мансаби нав муборак шавад, ‒ гуфт Довар. ‒ Акнун ин унвонро кай мешӯем, Иқболака?
‒
Ман худам зид! ‒ аз ҷой хеста гуфт Иқболшоҳ.
‒
Муқобил ё тарафдор будани шумо акнун аҳамият надорад, ‒ барои давом додани
сухан ба Иқболшоҳ имкон надода, гуфт Мирзобек. ‒ Шумо алаккай командир интихоб
шудед. Барои сабук шудани корҳоятон ман худам ҷонишини шумо. То аз дастам
омадан ба шумо ёрӣ мерасонам. Аз нав таклифи шуморо ба овоз монам, ҳам, тарафдоре
намеёбед. Беҳтараш, ҷиммакак, майнаро турш накарда, аз пайи раҳбарӣ шавед. Нӯлпоккунии
ин касро бинед-а?! Дигарҳо мансаб гуфта мемуранду ин кас духтарҳо барин нозу
нуз мекунанд. Даркор не ҳамон зиёфататон. Ман худам зиёфат карда медиҳам.
‒ Хайр, зиёфат даркор
не. Ман дар омади гап, як шӯйем гуфтам-дия, ‒ аз раъйи пештарааш гашта гуфт Довар
ва аз дил гузаронд, ки ҳамаи калонҳо ҳамин хел: ба гирифтану хӯрдан усто, аммо
вақти ҳақ ва зиёфат додан, раги дасташон мекашад...
Иқболшоҳ
мисли дигар мансабдорон ва роҳбару роҳбарчаҳо чизе, ки аз он бӯйи фойида наояд,
он хел таклифу дархостҳоро аз паҳлӯи гӯшҳояш гузаронида мефиристонд, ба гапу
калочаҳо эътибор намедод. Баръакс дид, ки маҷлис дарозу гап ғуҷола мешавад, ба
сухан сар кард:
‒
Хайр, шуд, ҷим-ҷит, об задагӣ барин ‒ оромӣ! Маро, ки сардор интихоб кардед, акнун
ба гапҳоям гӯш кунед, ‒ аллакай суханрониҳои ӯ оҳанги дӯғу фармон дошт. ‒ Тартибу
интизом ва рафтору гуфтори шумо бояд ба дараҷаи олӣ бошад. Бо ҳақорату дашном
атмосфераи палатаро вайрон накунед. Кат, ҷойхоб, мизу курсиҳо ва дигар чизҳоро
ман ҳамеша ботартибу низом бинам. Баҳудаву беҳуда, бо пойафзалу либосҳо болои
кат дароз кашидан мумкин нест. Тозагӣ ‒ гарави саломатӣ! Ба он қатъӣ риоя
кардан барои ҳар кас шарт, зарур ва ҳатмӣ! Агар тартибу интизом ва тозагӣ
вайрон шавад, аз худатон гила кунед. Бераҳмона ҷазо медиҳам. Акнун ин гапҳоро ҳамчун
ҳалқа дар гӯшатон овехта монед.
‒
Ана гапу ана кор! ‒ пичирросзанон ба сӯйи Довар нигарист Мирзобек. ‒ Ба сари худамон
худамон балоро харида гирифтем‒ку.
‒
Дасту поямонро ҳам баста додем, ‒ гуфт Довар. ‒ Ҷим шинед, акнун. Кори нашуда
шуд. Гапи командир гап не, қонун!
‒
Ҳа, ‒ хандид Иқболшоҳ. ‒ Фармони командир муҳокима не, иҷро карда шавад.
«Худо
зад! ‒ аз дил гузаронид Довар. ‒Заминро об вайрон кунад, одамро мансаб вайрон
мекардааст. Аз сардор интихоб шудани Иқболшоҳ ду дақиқа нагузашта, аллакай дӯғ
мезанад. Э одамҳои мо аҷиб! Се ходаро ба замин халонда, як касро аз болои онҳо
сардор таъйин кунед, тамом, аз байн ду рӯз нагузашта, фукаш дар осмону замини
зери пояшро намебинад. Худоё, ин мансабу амал чӣ сеҳру ҷодуе дорад, ки зуд
одамро вайрон карда, аз доираи инсонӣ берун мебарорад?!»
* * *
‒ Алӯ! Ҷаноб, ба шумо
занг мезананд! Агар вақтатон бошад, гӯшакро бардоред. Мешунавед? Ба шумо занг
мезананд, ҷаноб? Хайр, гӯшакро нагиред ҳам, зарар надорад. Даркор бошед, боз
занг мезананд. Алӯ! Ҷаноб, ба шумо занг мезананд...
Ин
суханони мутантан аз телефони дастии Мирзобек танинандоз шуд. Пештар, занги
телефонҳои кабелӣ қариб як хел буданд. Онҳо ҳамчун занги соат, зангӯлаи
мактабхонаҳо ё баъзеҳояш чӣ-чикунон садо мебароварданд. Ҳоло ба ҷойи занги
телефони маъмулӣ одамҳо як гапу садо ва савту сурудҳоеро дар телефонҳояшон сабт
кардаанд, ки кас ҳайрон мешавад. Дар баъзе телефонҳо садои Оллоҳу акбар ҳам ҳасту
инга-ингаи кӯдакон ҳам.
Шайтони
бекафшу маҳсӣ барин аст ин Мирзобеки шӯҳратгадо. Эҳтимол ба воситаи телефон ҳам
обрӯю эътибори худро баланд бардоштан мехоҳад, ки дар телефонаш низ чунин гапҳои
иззатталабонаро сабт кардааст. Эшон ҷаноб будаанд. Агар вақташон бошад, агар ба
хотири нозукашон малоле нарасад, гӯшакро бардоранд будааст. Э, метавонанд ин
одамони мо! Саҳл ба шохашон зада наистанд, худро Худо метарошанд.
‒
Да! -- сарпӯши телефони дастиашро кушода назди гӯшаш бурда, ҷавоб дод Мирзобек.
‒ Ҳа, ман. Гӯшам ба шумо. Чӣ хизмат?.. А? Ҳозир ман наметавонам. Сонӣ худам
телефон мекунам, ‒ гӯён телефонашро кушт.
Ба
палата духтури муолиҷ даромад. Вай як ҷавонзани хушқаду қомати зебое буд. Ҳусну
ҷамолаш пеши бозор бошад, ки ба табибиву донишаш боварии кас намеомад. Рафтору
кирдораш ба соҳиби ҳар касбу коре монанд бошад, ки боварие ба дили кас ҳамчун
табиб талқин намекард.
Ӯро
дида, ба дили дӯстон алав афтод. Рост-дия, ҳозир ин хел занону мардони
дипломдор каманд магар? Саломатии инсон якто бошанд, духтурон ҳазорҳо. Миқдору
номгӯйи доруву дармонҳо миллионҳо адад бошанд, ки ҳамон гавҳари якто ‒ саломатиро
ба дасти ҳар кас бовар карда супурдан мумкин аст? Чанд вақт пеш байни мардум
миш‒мише паҳн шуд. Пирамарде бо иллати кӯррӯда ба беморхона афтодааст, ки
писараш дар ҳамон ҷо ҷарроҳ шуда кор мекардааст. Падар ба ҷарроҳӣ кардани
писараш, ки бурида партофтани кӯррӯда як ҷароҳии оддӣ ба ҳисоб меравад, розӣ
нашудааст.
‒
Чаро ба писари худатон бовар намекунед, дадаҷон? ‒ гуфта писараш пурсад,
пирамард ҷавоб додааст:
‒
Ба куҷои ту сакалту, ҳамчун духтур бовар кардан мумкин?
‒
Охир, дадаҷон, ман 8 сол хондам, диплом гирифтам, маълумоти олии тиббӣ дорам...
‒
Чи хел хонданатро ман намедонам?! Барои даромаданат хонахароб кардӣ. Ба ҳар
имтиҳонат даста‒даста пул додӣ. Санҷишу семинарҳоят сари чандин бузу гӯсфандҳоро
хӯрд. Ҳосили боғу замин ҳам ба ҷиғилдони муаллимҳоят рафт. Хулоса, диплома
хонда не, харида гирифтӣ. Акнун, ки худам ба ин хел рӯз афтодам, ҳушам ба сарам
зад. Беҳуда туро ин қадар хононда будаам. Бигузор маро дигарон оператсия
кунанд. Ман аз орияти «писараш дадеша кушт» гуфтани мардум метарсам.
Ҳоло
бисёр кас аз духтурон мекебанд. Ба ин далел ҳам доранд. Бисёр роҳбарони калон,
мансабдорони давлат ва олигархҳо на танҳо табобати худашон, балки хешу
таборашонро ҳам ба духтурони худӣ бовар намекунанд. Ҳатто таваллуд ёфтани
фарзанду набераҳояшонро дар ин ҷойҳо ба ҷо наоварда, зан ё келину духтарҳояшонро
ба хориҷа мебаранд. Пул равад, ки ҳатман кафолати зинда мондан доранд.
Духтур
бо ҳар кадоме саволу ҷавоб намуд. Набзи дилро шунида, фишори хунро чен кард.
Дар варақаи таърихи беморӣ чиҳое навишта, коғаз сиёҳ кард. Баъд чанд хел доруҳо
навишта, баромада рафт.
Ӯ
аз дар баромаду дар палата гап ҷӯшид. Баҳсу талош ба авҷи аълояш расид. Иқболшоҳу
Мирзобек, ки аз ин пештар ҳам дар ин ҷо дам гирифта буданд, ҳамчун гургони
борондида ба гап даромаданд.
‒
Ҳӯ дӯстон, мо асосан гирифтори касалии асабем, ‒ аввалин шуда ба гап сар кард Иқболшоҳ.
‒ Ба мо ин хел ҷинқарчаҳои терапевт даркор не. Ба мо духтури нервопотолог
лозим. Худаш нав ба кор сар кардааст. Ягон балоро медонад ё не, алаккай биниаш дар
осмон. Ба шохаш ягон кас назанад, худро духтури ҳозиқи даврон мешуморад, астағфируллоҳ!
Боз калонгапию маҳмаддоноияшро бинед?!
‒
Дуруст, ба духтур буданаш ҳатто боварии кас намеояд, ‒ ба гап ҳамроҳ шуд Довар.
‒ Духтурҳои дигар як ҳайбату
салобат, афту башара ва чеҳраи духтурона доранд. Ин хонум бошанд... Одаме, ки
бисёр гап мезанад, донишу маҳорат надорад. Аз афт, норасоии донишу ҳунари худро
бо гап пӯшондан мехоҳад.
‒
Ин кирои баҳсу талош не, ҷӯраҳо. Давои қурут‒оби ҷӯш. Ҳамин духтур, ки маъқул
набошад, ҳозир рафта, ба назди сардухтур медароям, ‒ хурӯсвор гардан ёзонда
калонгапӣ кард Мирзобек. ‒ Ҳамаатон медонед, ки ман як одами беобрӯ. Талаб
мекунам, ки барои муолиҷаи мо духтури дигар таъин кунад.
‒
Дуруст, аз беобрӯйӣ ягона одаме, ки обрӯ ёфтаанд, ин шумо мебошед! ‒ заҳр зада
монд Иқболшоҳ.
Мирзобек
гӯё кар буд, ки ин луқмаи ӯро нашунид ва суханашро давом дод:
‒
Мегӯям, ки Зебо Иброҳимовна духтури муолиҷи мо шаванд. Мо ҳамон касро мехоҳем.
Нотарсона саломатиамонро бо ду дасти адаб ба ихтиёри он кас месупорем.
‒
Намешавед! Он кас палата надоранд, ‒ зид баромад Иқболшоҳ. ‒ Ман разведка карда
дидам. Зебо Иброҳимовна, дар ҳақиқат, духтури зӯр. Ба пешашон ҳазорҳо кас барои
маслаҳат меояд. Гавҳар дар қаъру хасу хошок, ки дар рӯйи об мегардад, барои ҳамин
ҳам, ба он кас роҳ намедиҳанд. Сӯзанмониашонро бинед, чӣ хел нағз. Одам садқаву
қурбони ин хел духтурон шавад, меарзад.
‒
Набошад, чӣ кор мекунем? ‒ баъде, ки тӯфони ҷӯшу хурӯши баҳсу мунозира каме
паст шуд, ҳайрон шуда пурсид Мирзобек.
‒
Хайр аввал бинем канӣ, оқибати кор чӣ хел мешавад. То пагоҳ сабр мекунем. Ҳозир
барои доруҳо ба дорухона рафтан лозим.
‒
Рафтан бошад, албатта, меравем, ‒ гуфт Довар. ‒ Лекин ин хонуми зебову маҳмаддонои
азроилтинати хилъати сафедпӯш анализҳои моро надидаву намонда, якбора як ароба
дору навишта дод, ман ба ҳаминаш ҳайрон. Рафту доруҳо зарар кунанд, чӣ кор
мекунем?
‒
Ҳеҷ кор. Кару кӯру гунг, хулоса беҳиссу ҳаракат мешавем.
‒
Чӣ хел? -- ҳайрати Довар аз ин гуфтаҳои Мирзобек дучанд афзуд.
‒
Э, агар одам мурад, чӣ хел шикоят мекунад? Агар мурда гап задаву арз карда
метавонист, тамоми аҳли гӯристон ба митингу намоиш мебаромад. Э шумо, чӣ хел
боз муаллим будаед-а? Калла гуфта кадуи холиро бардошта гаштед-ку, ‒ ба саволи
Довар аз ҷавоби қоилмақоми худ завқ бурда, қоҳ ‒ қоҳзанон хандид Мирзобек.
‒
Хомӯш, дӯстон! ‒ Якбора ба худ қиёфаи фармондеҳиро гирифта, амр кард Иқболшоҳи
командир. ‒ Духтур духтур аст. Боз ихлосу халос гуфтаанд. Ҷангу норозигиамонро
фаҳманд, хафа мешаванд. Акнун ба тақдир тан додан даркор. Охир мо ҳам кулӯх не‒ку.
Бинем, ки доруву дармонаш зараровар аст, қабул намекунем. Пеш аз қабули доруву
дармонҳо як бо Зебо Иброҳимовна маслиҳат мекунем.
‒
Яъне, ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад, ‒ аз гапҳои Иқболшоҳ хулоса
бароварда гуфт Мирзобек ва ибораи дӯстдоштаашро такрор кард. ‒ Ӯҳ, одамҳои доно‒е!
‒
Ҳа!
* * *
‒
Рафиқ командир, акнун ба ҷойи хӯрокҳои наҳору пешин ва бегоҳ дору хӯрем ҳам,
мешавад.
Пас аз сафари дорухарӣ
баргаштан ба Иқболшоҳ рӯ оварда гуфт Мирзобек.
‒
Ҳа, - мамнун хандид командир. ‒ Бо вуҷуди он аз ин ҷо хӯрок хӯрдан даркор.
Чунки пешакӣ пули хӯрокҳоро аз мо
гирифтанд. Ба ошхона наравем, намешавад. Дил-дия, ошпазҳо хафа шуданашон
мумкин.
‒
Ба номаш дар ин ҷо ба беморон хӯрок медиҳанд, ‒ боз изҳори доноӣ кард Мирзобек,
ки аз ҳама гӯру бало бохабар буд. ‒ Лекин маҳсулоти асосии ошхона ҳамчун ҳаври
рӯйи замин дар фасли баҳор ба чор тараф паҳн шуда меравад. Қисми асосии маблағаш,
‒ ангуштони ишоративу нарангушташро ба ҳам совид, ки пулро мефаҳмонд, ‒ ба
кисаи калон медарояд.
‒
Ӯҳ-ҳӯ, бо ин қадар хӯрдан кафида намемуранд!
‒
Аз куҷо?! Иштиҳояшон ҷари бетаг ё кратерҳои вулқон барин. Онҳо бо хӯрдан ҳеҷ гоҳ
сер намешаванд. Умуман гирем, ин хел майда-чуйдаҳо барои онҳо хӯрдан не, ҳатто
лесидан ҳисоб намешавад.
Дар
тиқ-тиқ шуд. Ба ҷавоби «марҳамат» ё «дароед» интизор нашуда, он кушода шуд ва
ходими беморхона, ки дар тан сару либоси
сабзранги пасте дошт, вориди палата гашт. Зан дар даст сатил, ҷорӯб ва латта дошт.
‒
Мебахшетон, ман ин ҷоро рӯфта тоза карданам даркор, ‒ гуфт ӯ. ‒ Хӯҷаинҳо гарду
чангеро бинанд, моро ҷанг мекунанд. Мебахшетон-дия, вазифаамон ҳамин. Ҳар рӯз
ду-се бор палатаҳоро рӯфтаву чинда, гарду чангашро пок накунем, намешавад.
Ҳама
ба даҳон об гирифтанд. Қоида ҳамин хел бошад, дигар чӣ илоҷ?
Рӯфтану
тозакунии ходима се-чор дақиқа давом кард. Кору рафтораш сарам-дилам буд. Ӯ
баромада рафту сӯҳбати чаламондаи ҳампалатаҳо боз ба маҷрои пешинааш даромад.
‒
Ба ҳаминҳо ҳам осон не. Барои музди ночизе шабу рӯз кор мекунанд ‒ гуфт
Мирзобек.
‒
Ризқу рӯзии инҳо ҳам аз пушти беморон. Як чиз-ним чиз зиёдатӣ кунаду диҳанд, ба
чашмонашон тӯтиё карда мегиранд, ‒ илова карда Иқболшоҳ.
‒
Ҳа, ман чанде пеш яктоашонро дидам, ‒ ба гап ҳамроҳ шуд Довар. ‒ Ду сатили
калон пӯчоқи харбузаву тарбуз ва меваҳои пӯсидаро бардошта, ба хонааш мебурд.
Хайр, дар ин ҷо аз пӯсида, бӯй гирифта рафтан ба хонааш барад, нағз-дия. Молаш
мехӯрад.
‒
Аҷаб замоне шуд-дия худаш, ‒ изҳори фазл кард Мирзобек. ‒Яке нони хӯрдан
надораду саги бойбача аз гӯшт безор. Дунё дунёи чӯтур, пулат бошад, қандата хӯр!
Барои пасмондаи хӯроки беморон ҳам, гоҳо байни онҳо ҷангу ҷанҷол мешавад.
‒
Ҳа, ҳозир хонаи бемол нест. Бонки мардум молашон. Барои ҳамин, мол дорӣ ‒ ҳол
дорӣ мегӯянд. Аз хӯрду хӯроки худашон ва зану бачаҳояшон зада, ба даҳони
молашон медоранд. Ҳастӣ ҳаст, нестӣ ҳаст. Маҷбур шаванд, яктоашро фурӯхта,
корашонро буд мекунанд. Мол молу пул пул‒дия. Пулро мисли мол яклухт нигоҳ
дошта намешавад. Камтарашро гирифта кор фармоед, ки як лабаш кӯс мегардад. Баъд
вайро пур кардан душвор. Бонкҳо ҳама фиребгар. Қасам хӯрда кафолат диҳанд, ки
дар онҳо пулро нигоҳ дошта намешавад. Бо даст диҳед, ки бо пой давида гирифта
наметавонед, ‒ Мирзобек, ки ҳар замон ба соати телефонаш менигарист, ин хел гапҳои
Доварро шунида, якбора кафид:
‒
Муаллим, ман ба соат нигоҳ карда истодаам. Гап задан гиред, боз чор дақиқа вақтатон
ҳаст.
‒
Ба чӣ? ‒ ҳайрон шуда, ба сӯйи Мирзобек нигарист Довар.
‒
Ба танаффус! ‒ кинояомез гуфт Мирзобек. - Ҷоғи муаллимон як тафсад, камаш чилу
панҷ дақиқа мелаққанд. Як соати дарси омӯзгорон ҳамин қадар-дия. Баъд танаффус
мешавад.
Дами
Довар ба дарун зад. Сар хам кард. «Ин мардум доимо ҳамин хел, ‒ аз дил гузаронд
ӯ. ‒ Муаллими бечораро паст мезананду паст мезананд. Гӯё бо ин хел пастзаниҳо қадру
қимати худашон баланд мешавад!»
Вай
сӯхтаву пухта як масъаларо батаънӣ фаҳмонданӣ шуду онҳо суханонашро ҷоғи беҳуда
мепиндоранд. Ин чӣ рӯз аст?! Воқеае ба ёдаш омад. Борон мебориду дар тӯй
муаллимон дар хона менишастанд. Ҳамин вақт як гурӯҳ магазинчиҳо омаданд. Дигар
илоҷ, ки набуд, маҷбур омини муаллимонро гирифта, онҳоро ба хона дароварданд...
Ин хел таҳқиру наҳзаниҳоро аз сар гузаронида, дили Довар аз касби интихобкардааш
хиҷил мешуд.
Омӯзгорӣ
касби бошарафу масъулиятнок аст, меандешид ӯ. Бояд муаллим ҳамчун машъалафрӯзи
илму маърифат дар ҳама ҷо гули маъракаҳо бошад. Вале дар асл моҳонааш каму қадру
қиматаш паст. Дар ҳама ҷо бо ҳақталабиву қонуншиносӣ гӯсолаи қашқа мешавад.
Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар ҳаққи онҳо латифа ва ҳазлу мутоибаҳои нешдор ёфта
баровардаанд. Баъзеи онҳоро Довар бо гӯшҳои худаш шунидааст. Боре дар ҳузури ӯ
яке ҳам даҳон кафк кунонда чунин гуфт:
‒
Медонед, буродарҳо, шӯйҳои лӯлизанҳо кор намекунанд. Онҳоро баъди тӯй то
мурданашон занҳояшон хӯронда мепӯшонанд. Чунки аз рӯйи расму таомулашон вақти
никоҳ ҷавонро ҳамчун мурда хобонда мемонанду аз духтар мепурсидаанд, ки ҳамин
мурдаро мегирӣ ё не? Вай розӣ мешудааст. Ана ҳамин хел як оилаи ҷӯгӣ ба як деҳа
меояд. Шабро берун аз деҳа, дар каппаву аробаи худ рӯз мекунанд. Саҳар офтоб ба
қиём наздик шудаасту писарашон ҳамон аз хоб бедор намешавад. Аз рӯйи одат онҳо
аввал бачаҳоро ба разведка мефиристанд. Бачаҳо пешакӣ рафта, роҳу рӯро хабар
мегиранд, дар куҷо чӣ хел ҳавлиҳо мавҷуданд, дар кадом хонаводаҳо саг ҳаст ё
не, аниқ карда меоянд. Баъде, ки ҳамаашро фаҳмиданд, сардори оила занону
духтаронашро ба шикор мебаровардаанд.
Вақт мегузаштаасту бача ҳамон хоб. Маҷбур
падараш ӯро бедор кардааст.
‒
Ӯҳ падарлаънат! ‒ ба писараш гуфтааст падар. ‒ Хез-е! Агар ҳозир хеста, давида
рафта, ин тараф ‒ он тарафро хабар гирифта наойӣ, ба ду гӯшат шунида гир, ки ба
мактаби муаллимон медиҳам, ана баъд муаллим шуда, як умр саг барин дар ҳаёт
азоб кашида мегардӣ.
Баъди
ин гап ҷӯгибача парида аз хоб хестааст, ки муаллим нашавад.
Кайфи
Довар парид ва хомӯш берун баромад.
* * *
Пит-пилиқ!
Пит-пилиқ! Пит-пилиқ!! ‒ бедонаи телефони дастии Иқболшоҳ ба хониш даромад.
Падари
Иқболшоҳ бедонабоз гузаштааст. Барои рӯҳу арвоҳи падарашро шод кардан Иқболшоҳ
ба ҷойи занги телефон хониши бедонаро ба телефони дастиаш сабт кардааст.
Бедонабозии падараш боиси ғурури ӯст. Яъне, бо ин роҳ, кӣ будани падарашро
дониста гирифтани дигаронро мехоҳад.
Иқболшоҳ
ҷавонмарди 50-солаи қоматбаландӣ мӯйлабдорест. Тану тӯши варзишгарона дорад. Дар
олам аз ҳама бештар ба саломатиаш эътибор медиҳад. Соҳиби тарабхона аст. Ба хоҷагии
фермериву компанияи бинокорӣ раҳбарӣ мекунад. Президенти фахрии клуби гӯштингирон.
Хулоса, бойбача, кордон, тадбиркор, корчаллон ва спортсмен. Ҳазору як кору
ташвиш дошта бошад, ки аввал ба тарбияву машқҳои бадан машғул мешавад, оббозӣ
мекунад ва ба тозагиву қоидаҳои гигиенӣ сахт риоя менамояд.
‒
Лаббай? – телефонии дастиашро ба паси гӯшаш наздик бурда, ҷавоб дод Иқболшоҳ. ‒ Гӯшам ба шумо. А, шинохтам,
Раббимамак. Нағз, нағз… Саломат бошед. Корҳо чӣ хел? Хайр, ҳамааш аз рӯйи
график рафта истодааст? Нағз. Бо хишту семент коргарон таъмин? Хайр, ганда
набудааст, мешавад. Ҳаракат кунед, ки коргарон ягон дақиқа бекор намонанд. Ҳа,
корро зич кунед. Аз график қафо намонед. Ҳар бегоҳ ҳисобот диҳед. Боз Сулаймон мурду
девҳо озод шуданд, нашавад-а? Не? Хайр, фаҳмида бошед, нағз. Хайр, Раббимамак.
Саломат бошед…
* * *
Аз
рӯйи режими истироҳатгоҳ ҳар пагоҳ, пас аз нонушта, азназаргузаронии духтурон оғоз
меёбад. Он ки тамом шуд, хоҳарони шафқат ба сӯзандору кардан, ҳаб додан ва ё ба
қатрадору гузарондан шурӯъ менамоянд. Пас
аз он муолиҷаҳои дигари терапевтӣ сар мешаванд. Ин хел муолиҷаҳоро духтурон навишта
медиҳанд. Дар таги дарҳои физиотерапевтӣ: масҳ, барқ, мумгузорӣ, духтури дандон
ва табобати обӣ мардум дар навбат меистанд.
Гунаҳкорон
барин дар таги дари онҳо навбатпойӣ ба Довар маъқул набуд. Аммо Мирзобеку Иқболшоҳ,
ки таҷриба доштанд, бепарво буданд. Бо ҳазлу шӯхӣ ва ба ҳар кас гап паррондаву
сӯҳбат ороста, ба шӯъбаҳои муолиҷа даромада мебаромаданд.
Тарзи
қабули ходимони шӯъбаҳои физиотерапевтӣ ба Довар намефорид. Ба ҳар ҷойе дарояд,
аввал ному фамилияашро навишта, баъд пурсуҷӯ мекарданд, ки аз ҳисоби худаш
табобат мегирад л бо роҳхат омадааст.
‒
Бо роҳхат, -- гӯё бо роҳхат омадан мамнӯъ бошад, хиҷолатомез мегуфт ӯ.
Инро
шунида, дар пешонии баъзе ходимони табобатгоҳ чин меафтод. Ҳатто муаллим
буданашро фаҳмида, ҳамчун душмани қаттоли худ ало-ало нигоҳ мекарданд. Зани масҳгар,
ки худ қаддарози зардина ва аспрӯ буд, беибо гуфт, ки касби муаллимӣ нағзу вале
пулаш кам. Бо он пишак ба офтоб намебарояд. Барои ҳамин тамоми муаллимон сахти
мурданӣ. Онҳо ҳаракат мекунанд, ки ҷонашон равад, равад, ки пулашон наравад…
Вай беист меллақиду баробари ҳамин гӯё вазифааш ‒ масҳгарии худро ҳам иҷро
мекард. Ҳамин тавр, шона, тахтапушт ва паси гардану сарашро масҳ кард. Тамоми ходимони
ин даргоҳ, ба ғайр аз стомотолог ‒ духтури дандон, ки аз табиб буданаш дида, бештар
ба қассоби бераҳме шабоҳат дошт, занон буданд. Зане, ки ба сари ӯ свет ‒ як
найчаи шишамонанди дастакдоре, ки он тарафаш ба аппарате пайванд буду болои
сари бемор давр мезанонд ва он чирс-чирс овоз бароварда, ягон-ягон мӯйҳои сари
одамро канда гирифтаги барин ба дард меовард, ин амалро ҳамчун аласкунии
кампирони қадима болои сари бемор чор-панҷ маротиба гирд гардонда, «шуд, ‒ мегуфт,
‒ бисёраш зарар дорад» ва ба кораш хотима мебахшад.
Баъди
қабули ҳар як намуди муолиҷа Довар ба палата даромада, чанд дақиқа дам мегирифт
ва боз ба идомаи табобат мерафт.
* * *
Рӯз ба пешин наздик мешуд. Довар ба
палата омад. Иқболшоҳу Мирзобек ӯро интизор буданд. Ӯро дида, Иқболшоҳ нидо
кард:
‒
Ана, Доваракем ҳам омаданд. Ин кас ба хизмат усто. Акнун бемалол хӯрок хӯрем ҳам, мешавад.
Синну
соли онҳо гуногун бошад, ки якдигарро «ака» гуфта муроҷиат мекарданд. Довар дар
байни онҳо аз ҳама хурд буд. Ӯро Мирзобек «Доварҷон»-у Иқболшоҳ «Доварака»
мегуфт.
Довар
ба тараддуди дастархонкушоӣ афтод.
Иқболшоҳ, ки ҳамчун
варзишгару шахси мансабдор бисёр ба сафарҳои хизматӣ ва саёҳатҳо рафтааст, дар ҳама
бобат пухта аст. Ба куҷое наравад, чизҳои заруриаш ҳамеша ҳамроҳаш. Чойҷушонак,
радиоча, ришгирак, дандоншӯяк, якчанд хел собун, атру кремҳои молиданӣ ва ғайраву
ва ҳоказо, ҳатто қоғази ҳоҷатхонагиро ҳамроҳаш гирифта мебурд.
Ӯ
ҳамроҳи Довар дар як лаҳза ба рӯйи миз дастурхон паҳн кард. Чойники чинии чойхӯриро
бо об пур карда, обҷӯшонаки барқиро ба дарунаш гузошт ва ба барқ пайваст. Нонро
бо корд реза кард.
‒
Ӯҳ ин мардуми доное! ‒аз ин хел пухтакории Иқболшоҳ ба ваҷд омада, нидо кард
Мирзобек. Барои ӯ ибораҳои «одамони доно», «мардуми доно», «халқи доно» ‒
калимаҳои дӯстдошта ва пайвандаки сухан буд ва дар рафти сӯҳбат бисёр такрор
мекард. ‒ Шумо командир, балодияа?! Дар ҳама ҷо ғаматонро пешакӣ мехӯред. Бо
шумо агар ҳамроҳ бошем, дар ду дунё ҳам хор намешавем.
‒
Албатта, ‒ сухани Мирзобекро қувват дода гуфт Довар. ‒ Одам ҳамин хел шуданаш
даркор. Пешакӣ, агар ҳис кунад, ки пешпо хӯрда меафтад, аввал бояд дар ҳамон ҷо
кӯрпача партояд. Мо дар интихоби сардор хато накарда будаем. Зинда бошанд
фармондеҳи олии мо!
‒
Ҳа, ‒ аз ин таърифу тавсиф даҳони Иқболшоҳ ба пушти гӯшаш рафта расид, ‒ ғами
зердастонро хӯрдан вазифаи муқаддаси командирон аст.
Хӯроки
нисфирӯзӣ дар палата бо сӯҳбату чақчақ ба поён расид.
* * *
‒
Акнун камтар дам гирифтан даркор, ‒ пас аз оббозӣ назди кати хобаш омада гуфт
Мирзобек. ‒ Барои он ки нохалафон ба хоби ширини мо халал нарасонанд, телефонҳоро
мекушем. Хоби хуш ‒ бойигарии инсон!
‒
Ман ҳам аз рӯйи одат пешиниҳо мехобам, ‒ Иқболшоҳ ба Мирзобек пайравӣ карда телефонашро
кушт. Чашмбандак ‒ як матои сиёҳи ба тарзи айнакмонанд дӯхташудаи хуштарҳеро ба
болои чашмонаш гузошта, резинаашро ба пушти сараш гузаронд ва рӯболо ба кат дароз
кашид. Довар аз куҷое хонда буд, ки одамони иродаашон матин ва мағрур ҳамин
тавр ‒ рӯ ба боло мехобанд. ‒ Шумо ҳам кайф карда хобед, Доварака.
‒
Ба шумо ҳавасам меояд, ‒ ҳасратомез ба онҳо нигарист Довар. ‒ Шумоён одамони
хушбахтед. Ҳам шабу ҳам рӯз ҷурғот барин хобатон мебарад. Рӯзи ман қаттол.
Баъзе шабҳо хоб ҳатто ба чашмонам меҳмон намешавад. Худатон гӯед, хобам шабона
набарад, чӣ тавр рӯзона хобам? Беҳтараш, ман китоб мехонам.
‒
Ҳар рӯз аз соати ду то панҷ ‒ вақти холӣ! ‒ Эълон кард командир аз ҷойи хобаш. ‒ Ихтиёр ба худатон, Доварака. Ҳар кас дар
давоми ин се соат чӣ коре хоҳад, марҳамат, кунад. Ман графикро вайрон
намекунам, график вайрон шавад, олам вайрон мешавад.
‒
Ман рафтам, як таги заминро гӯш кунам, канӣ, чӣ гапҳои нав, ‒ гӯён Мирзобек бо
шикам худро рӯйи кат партофт.
Довар
китоби ҳамроҳовардаашро ба даст гирифта, ба мутолиа пардохт. Вай романи «Шоҳи футбол»и Азиз Несинро кайҳо
боз хондан мехост. Инак, фурсати мусоиде фаро расида буд.
Мардаки
зӯр будааст Азиз Несинаш. Худ нависандаи турк бошад, ки ҳамчун ҳаҷвнигори беҳтарин
дар рӯйи дунё машҳур шудааст. Қандаша занад ин мардак! Асарҳояшро ҳам қоилмақом
карда навиштааст. Одам аз ханда рӯдакан мешавад.
Довар
романро мехонду дар баъзе ҷойҳояш худро дошта натавониста, хандида мефиристод. Баъд
пушаймон шуда, зуд даҳонашро бо дасташ медошт. Гуфта намешавад, ӯро дар ҳамин ҳол
ҳампалатаҳо дида монанд, боз ҷиннӣ гумон накунанд. Охир танҳо ҷинниҳо худ ба
худ механданд!
* * *
Довару Мирзобек бо ғур-ғуру
гарданшахӣ каму беш дар чорчӯбаи кашидаи командир амал мекарданд. Вале командир
ба ягон ҷо ғайб занад, ба Мирзобек Худо медод.
Соатҳои
шаши бегоҳ пас аз хобу истироҳат командир ба гардиш даъват кард. Вай ин даъвати
худро бо суханони зерин асоснок намуд.
‒
Табобату дамгирӣ хӯрдану хобидан не, ҷӯраҳо. Хӯрда хобидан ва хобида хӯрдан ин
табиати хоси ҳайвонот аст. Истироҳати мо бояд фаъол бошад.
Ва
худ намунаи ибрат нишон медод. Пеш-пеш роҳ мепаймуду ҳамчу соя Мирзобеку
Доварро аз паси худ кашола мекард.
Хати
гардиши онҳо гирдогирди биноҳои муолиҷавии беморхонаро ташкил мекард. Онҳо бо ҳам
сӯҳбаткунон қадам мезаданд.
Довар
ба пиёдагардӣ чандон ҳавсала зоҳир намекард. Вай бе он ҳам, барои сарфаи раҳкиро,
баъзе рӯзҳо даҳҳо километр пиёда мегашт.
Дар
хати гардиши онҳо, махсусан, ба он ҷойҳое, ки чашми роҳбарону комиссияҳо
намерасид, пурчангу хок буд. Болои баъзе қисмати роҳро алафҳои бегона пахш
карда буданд. Дар гӯшаи ҷанубтараш ҳар ҷо ‒ ҳар ҷо янтоқ мерӯйид. Қади баъзеи
онҳо ба зону мерасид ва ба қадамзании якбораи се нафар монеъ мегардид.
‒
Ин ҷойҳоро тозаву озода кунанд, роҳрави зебое созанд, асфалт хобонанд, дар ду
тарафаш блокҳои дароз-дароз гузоранд ва онҳоро сафед кунанд, зӯр мешуд, ‒ ин
хел шароитҳоро, ки Иқболшоҳ пештар дар дигар истироҳатгоҳҳо бисёр дидааст, ба
хотир оварда, изҳори ақида намуд. ‒ Дар
он сурат ба ҷойи ин роҳҳои каҷмакаҷаку пурчангу хок як пайраҳаи саломатӣ бунёд меёфт.
‒
Дуруст, ‒ ақидаи ӯро тасдиқ карда гуфт Мирзобек. ‒ Маркази саломатӣ бошад,
посбонони саломатӣ бошанд, барои саломатӣ арақ бошад, чаро барои пиёдагардии
беморон пайраҳаи саломатӣ набошад?
‒
Хомӯш! ‒ ба сӯйи ӯ ало нигоҳ карда, амромез гуфт Иқболшоҳи командир. ‒ Шумо
доимо ҳамин хел-а, Мирзоака? Фақат қӯрро ба болои кулчаи худ кашидан мехоҳед, ‒
ва суханашро қувват дод. ‒ Дар ҳар беморхонаву истироҳатгоҳҳо пайраҳаи саломатӣ
бошад, нағз-дия. Духтурон ҳам ҳамчун муолиҷа ба беморон чанд маротибагӣ пиёда гаштан
ё давиданро тавсия мекарданд. Ба беморони фарбеҳтар ду‒се маротиба давиданро
мефармурданд. Умуман, хелҳои давидану гаштан зиёданд. Аз рӯйи бемориашон ба ҳар
кас ҳар хел ҳаракатҳоро пешниҳод менамуданд. Ҳангоми гардиш, пиёдагардӣ л
давидан тамоми узвҳои инсон ба ҳаракат меояд-дия. Гардиши хун беҳ мегардад, узвҳои
нафаскашии одам хубтар кор мекунад, хулоса, ин гуна табобати фаъолона ба тамоми
организми инсон фойида мебахшад.
Боз
Иқболшоҳ ба Мирзобек дар ин хусус чиҳо гуфт, Довар намедонад. Онҳо саргарми сӯҳбат
гашташонро тезонда буданд. Довар аз онҳо қафо монда, аз оқиб хаёлолуд қадам
мезаду қадам мезад. Ҳеҷ не, ки се маротиба гардиши гирдогирди биноҳо ба охир
расад.
* * *
Пас
аз хӯроки бегоҳирӯзӣ Иқболшоҳ ба сӯйи телевизори палата, ки дар як гӯша
меистод, нигоҳ карда, гуфт:
‒
Телевизор мебинем ё не? ‒ ва худ аз номи ҳама ҷавоб дод. ‒ Не!
‒
Ӯҳ мардуми доно-е, фикри моро телепатҳо барин дуруст хондед.
‒
Рост, мо ин ҷо барои табобату истироҳат омадем, на барои калларо гиҷ кардан.
Телевизор сарчашмаи танбалӣ. Бе ҳамин ҳам аз телевизорбинӣ қариб телеман шуда
мондем. Нест бод каллагиҷкунӣ! Ба зоти телевизоре, ки келинчакҳо барин дар
пешгоҳ истодааст, талоқ эълон мекунем.
‒
Гапи командир қонун! Дафъаш мӯъминон, намебинем! ‒ ба онҳо ҳамраъйӣ изҳор кард
Довар.
Ин
масъала низ ҳал шуд.
* * *
Мирзобек
аз ҳоҷатхона баромада воҳимаомез ду даст ба сар зад, ки чароғаш кор намекунад.
‒
Сӯхтагист ‒ дия,‒гуфт командир. ‒ Пагоҳ монтёрро ҷеғ мезанем, омада соз
мекунад.
‒
Эҳ‒ҳе, бузам намур, ки баҳор мешавад. То мегӯем, то монтёро меояду соз мекунад,
ки як моҳ мегузарад.
‒
Хайр, дигар чӣ илоҷ?
‒
Як ман бинам, ‒ гӯён Довар аз ҷой хест. ‒ Сӯхтагӣ бошад, лампочка даркор.
Аз
набудани винттобаку анбӯр барин асбобҳо ӯ ҳайрон шуд. Иқболшоҳ зуд ин хел чизҳоро
аз сумкааш баровард. Довар бо онҳо ба ҳоҷатхона даромад. Ин тараф ‒ он тарафи
симҳоро аз назар гузаронд. Сарпӯши пуффакмонанди пласмассии сафеди болои
лампочкаро кушод. Дар лампочка осори сӯхтагие надид. Иллаташро ёфтани шуда, қафои
қолаби лампочкамонакро кушод, ки як симаш ҷудо шудааст. Онро соз карда буд, ки
чароғ фурӯзон шуд.
‒
Ба ин хел корҳо ҳам бало будед‒ку Доварҷон! ‒ хурсандона нидо дод Мирзобек.
‒
Ҳа, - камтар ақлро кор фармоем, ҳамааш мешавад.
‒Ӯҳ,
одамҳои доно-е!
* * *
Гардиши
шабона қариб ним соат давом кард. Хати гардиши онҳо аз назди дари корпуси асосӣ
то дарвозаи беморхона тӯл мекашид. Он як роҳрави базеби асфалтпӯше буд. Дар ду
тарафаш майдончаҳои чоркунҷаи сабзпӯше дошт. Гирдгирди онҳоро блокҳои дароз-дарози
чоркунҷашакл иҳота мекарданд. Дар ду тарафи роҳ ҳамчун сарбозон арчаҳои
калонкалон қад афрохта буданд, ки шабона аз худ як бӯйи аҷиби тезе хориҷ
месохтанд.
Ҳампалатаҳо
ҳамчун моку дар ин роҳ қадамзанон 5 – 6 маротиба пасу пеш рафта омаданд.
Дар
поси аввали шаб ҳаво салқину форам гашта буд. Бӯйи хуши арчаҳо ба машом зада, ба
одам як кайфияти рӯҳафзо ва хушҳолӣ ато мекард.
Давом дорад...
ГУМРОҲӢ, ҒАФЛАТ, ТААССУБ
Агар
хостҳои инсон дур аз воқеъият аст, онҳо ба мисли кафкҳои рӯйи оби номусаффоянд.
***
Қасру кошонаи тиллои сохтиву дасти як бечорае нагирифтӣ, пас домани ишқи дил холи гузоштӣ.
***
Бечоратарин кас онест, ки баҳри саодати худ чорае намеҷӯяд.
***
Гар дар мактаби ишқ таъхир кардӣ, дар ҷодаи зиндагӣ саргум задӣ.
***
Ботини қашшоқӣ дур аз ахлоқ - соҳиби худро ба даст задан ба ҳама гуна пастфитратӣ ва бешарафӣ водор мекунад.
***
Осмони нилгуни хонаи дил тира масоз, то зери абрҳои ғафлат гум нагардӣ!
***
Бо чолокиву нафъҷӯйӣ танҳо билохир сарват ба даст ориву дӯст аз даст диҳӣ!
***
Аламзада аз дарди қашшоқӣ хаста гардад, сарватманд аз пурхӯрӣ дардманду бечорагӣ шикоят намояд.
***
Аз азал, ки бо қаҳр ошти кардӣ, то абад бо ҷанг дӯстӣ кардӣ.
***
Қасру кошонаи тиллои сохтиву дасти як бечорае нагирифтӣ, пас домани ишқи дил холи гузоштӣ.
***
Бечоратарин кас онест, ки баҳри саодати худ чорае намеҷӯяд.
***
Гар дар мактаби ишқ таъхир кардӣ, дар ҷодаи зиндагӣ саргум задӣ.
***
Ботини қашшоқӣ дур аз ахлоқ - соҳиби худро ба даст задан ба ҳама гуна пастфитратӣ ва бешарафӣ водор мекунад.
***
Осмони нилгуни хонаи дил тира масоз, то зери абрҳои ғафлат гум нагардӣ!
***
Бо чолокиву нафъҷӯйӣ танҳо билохир сарват ба даст ориву дӯст аз даст диҳӣ!
***
Аламзада аз дарди қашшоқӣ хаста гардад, сарватманд аз пурхӯрӣ дардманду бечорагӣ шикоят намояд.
***
Аз азал, ки бо қаҳр ошти кардӣ, то абад бо ҷанг дӯстӣ кардӣ.
Юнуси ИМОМНАЗАР
Ҷавонию бесарӣ
(Ҳикоя)
(Ҳикоя)
– Агар ҷонсабил набошӣ, ба ту кӣ мондааст, ки дар офтоб сӯхта, арақшор шуда, бо кӯлбор дар ба дар мегардӣ? – Рухсораро дар ҳавлӣ пешвоз гирифта, бо қаҳр ба гап даромад бародараш Хушнуд. – Писари калонат ҳаст, худат фақат таъриф мекунӣ, ки дастёри таппа-тайёр шудааст,боз ин ҷонканиҳо барои чӣ? Мон, чархи рӯзғораша худаш гардонад!
– Эҳ, додарҷон, вай ҳам бекор нанишастааст, аз субҳ то шом дар ҷунбуҷӯл. Кори боғ, парвои моли дарам дар гарданаш. Обу алаф ҷамъ мекунад, ба шикасту рехти хона мерасад, ҳамеша аз шабу саҳари моён бохабар – ин ҳама кор ба як мард бас нест, магар?!
– Агар коре кунад, барои худашу зану ду бачааш мекунад! Аҳволи тура мебинаму дар пеши ҳамдеҳагон хиҷолат мекашам. Пӯсту устухон шудаӣ, ба рӯят нигоҳ кардан намешавад, аз пайи ду-се сӯм шуда ҷоната ба Ҷаббор медиҳӣ!
Хӯрии Рухсора омад. Бештар аз он, ки додари “меҳрубон” ба ҷойи аз дасташ гирифтани сумкаи савдо ба сараш дод мезад, нороҳат шуд. Базӯр дандон ба дандон монда, аз носазо гуфтан худдорӣ кард ва бо мулоимат афзуд:
– Ман заҳмат мекашаму пул меёбам, додар, гадоӣнакардаам, ки хиҷолат кашӣ. Имрӯз зиндагӣ ҳамин, оби ишкамата начулқонӣ, касе ба ту як сӯм намедиҳад. Рӯзгорам тинҷ, ҳама кори хона бар дӯши келинам, рӯзҳои дароз чӣ кор ҳам мекардам?
– Поята дароз куну дар кунҷи хона шин, фарзанд шудаандмекунанд-дия! Агар ба ту пул даркор бошад, Парвизата ба Русия ё Қазоқистон фиристон. Равад, қатори ҳамсолонаш мардикорӣ кунад, ана макони пул!
– Ман як писар дорам, аз пешам дур намекунам, – сумкаашро дар даҳлез гузошта истода гуфт Рухсора ва дубора ба ҳавлӣ баромад. – Ту ғами мана нахӯрда аз корҳои худат гап зан, додар. Ба рӯйи кат гузар, бо ҳам чой мехӯрем.
– Гапа нагурезон, мебинам, ки писарата сахт эрка кардаӣ, – аз ҷаҳл нафаромада ба насиҳат идома дод Хушнуд, – ман дигар набинам кӯча ба кӯча гашта латтафурӯшӣ кунӣ! Ман орият дорам, намехоҳам апаам хандахариши мардум гардад.
Рухсора сар дарнамеовард, ки чаро додараш ин ҳарфҳоро мегӯяд. Магар кори айбе кардааст, ки вайро дигарон мазоҳ мекунанд? Савдогарӣ чӣ ҷойи бадӣ дорад? Боз ҳам бо тааммул ба сухан омад:
– Ман фақат ҳоҷати одамонро мебарорам, ҳар чи мефармоянд оварда медиҳам. Дар болои молам он қадар пули зиёд ҳам намемонам, ки забонам кӯтоҳ бошад.
– Ба ҳоҷатбарории ту касе зор намондааст. Гап тамом, дигар бозорравию савдогарӣ намекунӣ! Он чи гуфтам ба писари эркаат ҳам расон, агар мард бошад, равад ба мардикорӣ! – Хушнуд ба маънии “дигар забонатро пӯш” даст афшонда, ба нороҳатии хоҳар таваҷҷӯҳе накарда, баромада рафт.
Рухсораро умедаш наомад. Аз он ки бародар аз шуғли ӯшарм мекарду ба ҳолаш механдид, хеле дилмонда шуд. Рӯҳафтода дар гӯшаи кат нишасту ба хаёл фурӯ рафт. Дар як он канда-канда айёми гузашта дар дидаи зеҳнаш падид омаданд. Вақте ки шавҳари бемор аз дунё гузашта буд, ӯ бо ду ятим танҳо монд. Ҳарчанд бори зиндагӣ ба назараш чун кӯҳе менамуд, ӯ наҳаросид. Ба дари касе нарафт, дар пеши бандае сар хам накард. Медонист, ки ҳар гуна илтимосу дархост дар пайи худ миннате дорад. Бо бурдборӣ рӯз гузаронд, ба фарзандон саробон шуд ва ниҳоят, духтарашро ба шавҳар доду ба писар арӯс фаровард. Дар воқеъ, Парвиз имрӯз дастёри ӯст, фақат бо саъю талоши ӯбоғу дараш обод аст, як гов сето шудаву даҳ гӯсфанд ба сӣсар расидааст. Агарчи натавонист ӯро ба мактабҳои олӣдохил кунад, аммо ҳоло чун як марди қодир ҳар гуна кори деҳаро анҷом медиҳад. Сунҳораш* ҳам ҷони одам, намегузорад вай дасташро ба оби ях занад. Шояд аз пайи меҳрубониҳои писару сунҳор буд, ки худро бекор дида ба савдогарӣ даст монд. Ба ду нафар дугонааш, ки ҳар ҳафта як бор ба бозори умдафурӯшӣ рафта мол меоварданд ва кӯй ба кӯй гашта моли худро мефурӯхтанд, ҳамроҳ шуд. Худ бехабар, ба хариду фурӯш чунон меҳр баст, ҳатто рӯзғордорӣ аз димоғаш баромад...
– Оча, оча!! – аз самти теппаи пушти хона садои Парвиз баланд шуд. – Зудтар дари молхонаро кушоед, гӯсфандҳо парешон мешаванд!
Риштаи хаёлоти Рухсора аз ҳам гусаст. Ӯ дарҳол аз ҷо хеста ба сӯйи молхона шитофт. Имрӯз писараш рамаро зудтар меовард, ҳанӯз офтоб домани рангпаридаи худро аз атроф набардошта буд. Аммо модар дар худ фараҳи беинтиҳоеро ҳис кард, мисли ин ки ба писар дилаш танг шуда буд. Паймебурд, ки ҷойи ҷигаргӯшаашро касе наметавонад пур кунад. Ҳамин “оча” гуфтани ӯ барояш бас, гӯё нерую дармони тану ҷонаш дучандон мешавад...
Дукаса гӯсфандҳоро танг карда ба молхона дароварданд. Парвиз дари молхонаро баста зулфинро гузаронд ва ба хотири итминон аз пушташ танба гузошт. Сипас, таёқ дар даст ба модар пайваст.
– Монда шудӣ, писарам? Лабҳоят хушк шудааст, бо худат об набурда будӣ? – бо меҳрубонӣ ҳол пурсид Рухсора.
– Ҳеҷ гап не, имрӯз ҳаво тафсид, оби меширо тез тамом кардам.
– Гармиҳо ҳама дар пеш аст, аз ин пас бо худат дар ду мешӣоб бар.
– Хуб шудаст. Шумо имрӯз чиҳо кардед, савдоятон бобарор омад?
Парвиз ҳар дам ҳамин саволро медод. Рухсора аз он хурсанд буд, ки писар ҷонибдори майлу иштиёқи ӯст, ба хусус, ба савдогариҳояш бо мароқ назар мекунад. Боре надидааст, ки ба кораш лат диҳад, аз шуғли ӯ норизо бошад.
– Савдоям бад не, писарам, лекин... – Рухсора забон хойид.
– Чӣ, лекин?
– Тағоят омада буд, ду-се доду бедод кард. Ҳошакалло, кората бас кун, мегӯяд.
Парвиз роҳравон даст ба дӯши модар гузошт. Гаперо, ки хеле вақт гуфтанӣ буду худдорӣ мекард, ҳоло ба забон овард:
– Росташро гӯям, очаҷон, тағоям маро низ чанд бор пеши раҳ гирифтанд. Иддаояшон ҳамин – мола ба шумо супурдану ба кор рафтани ман.
– Ба вай, гӯё, корро пухта мондаанд, як луқмаи ҳалоламон аз дунёи сарвати бегонаҳо ширинтар аст, азизам. Ба гапҳояш фирефта нашав, насиҳата ба бачаҳои худаш кунад.
– Мегӯянд, ба пеши Беҳзод рав, ба Шимкент. Гуфтааст, ки кор бисёру коргар намерасад. Дастмузди нағз мегирифтааст.
– Ду сол мешавад Беҳзодаш дар мардикорӣ. Имсол бисту ҳафта пур мекунад, ба ҷойи зан гирифта додан вай дар чӣфикру хаёл! Хуб, коргар лозим будаст, ҳаққи хуб мегирифтаст, ба мо чӣ?
– Тағоям ғами шуморо мехӯранд. Хеле фикр кардам, гапашон ҷон дорад, дар ҳини ҷавонӣ кор карда пул ёбем ба нафъамон. Албатта, ин ҳама мола ба шумо партофта рафтанӣ нестам, нисфаша мефурӯшем, коратон осонтар мешавад.
Рухсора дар анг монд. Ҳеҷ гумон намекард, ки писараш низ дар ин андешаҳост. Ин мардҳо ғайр аз пулёбӣ чизи дигарро фикр намекунанд. Охир, дар зиндагӣ меҳри одамӣҳаст, аз нафаси гарми якдигар роҳат бурдан ҳаст, рӯзу шаб ба ҳамдигар такя кардан ҳаст. Наход ки фақат пул ҳама муамморо ҳал кунад? Ин пулу сармоя чӣ аст, ки одамҳо ҳатто хонаю дари худро тарк мекунанду роҳи фироқ пеш мегиранд?
– Чиҳо мегӯйӣ, писарам? – норозиёна ба сухан омад Рухсора. – Тағоят-ку ҳар чӣ гуфтан мегирад, ту кай ба ин васваса роҳ додӣ? Ҳар чи хурем дар пешамон, нахурем дар пушт, чӣ камӣ дорӣ дар зиндагӣ?
– Гап дар ин не, оча, бо ин баҳона худам ҳам ба шаҳр мебароям, одаму оламро мебинам, магар ин бад аст? Хеле орзу дорам аз миёни сангу шах баромада, аз гарду тафти молҳо халос шуда, ҳавои тоза нафас гирам. Рости гап, ин зиндагии якранг ба дилам задааст. Ҳоло писари тағоям ҳаст, дар кӯча намемонам, аз ин беҳтар пайти муносиб даст намедиҳад, оча.
– Ҳоло ин тавр гӯй, – аз шасти худ гашта андешаманд гуфт Рухсора, – ман ҳаргиз намехоҳам туро ишкелбанд карда нигаҳ дорам. Агар орзуят сайру саёҳат бошад, ман зид нестам, писарҷон...
– Эҳ, додарҷон, вай ҳам бекор нанишастааст, аз субҳ то шом дар ҷунбуҷӯл. Кори боғ, парвои моли дарам дар гарданаш. Обу алаф ҷамъ мекунад, ба шикасту рехти хона мерасад, ҳамеша аз шабу саҳари моён бохабар – ин ҳама кор ба як мард бас нест, магар?!
– Агар коре кунад, барои худашу зану ду бачааш мекунад! Аҳволи тура мебинаму дар пеши ҳамдеҳагон хиҷолат мекашам. Пӯсту устухон шудаӣ, ба рӯят нигоҳ кардан намешавад, аз пайи ду-се сӯм шуда ҷоната ба Ҷаббор медиҳӣ!
Хӯрии Рухсора омад. Бештар аз он, ки додари “меҳрубон” ба ҷойи аз дасташ гирифтани сумкаи савдо ба сараш дод мезад, нороҳат шуд. Базӯр дандон ба дандон монда, аз носазо гуфтан худдорӣ кард ва бо мулоимат афзуд:
– Ман заҳмат мекашаму пул меёбам, додар, гадоӣнакардаам, ки хиҷолат кашӣ. Имрӯз зиндагӣ ҳамин, оби ишкамата начулқонӣ, касе ба ту як сӯм намедиҳад. Рӯзгорам тинҷ, ҳама кори хона бар дӯши келинам, рӯзҳои дароз чӣ кор ҳам мекардам?
– Поята дароз куну дар кунҷи хона шин, фарзанд шудаандмекунанд-дия! Агар ба ту пул даркор бошад, Парвизата ба Русия ё Қазоқистон фиристон. Равад, қатори ҳамсолонаш мардикорӣ кунад, ана макони пул!
– Ман як писар дорам, аз пешам дур намекунам, – сумкаашро дар даҳлез гузошта истода гуфт Рухсора ва дубора ба ҳавлӣ баромад. – Ту ғами мана нахӯрда аз корҳои худат гап зан, додар. Ба рӯйи кат гузар, бо ҳам чой мехӯрем.
– Гапа нагурезон, мебинам, ки писарата сахт эрка кардаӣ, – аз ҷаҳл нафаромада ба насиҳат идома дод Хушнуд, – ман дигар набинам кӯча ба кӯча гашта латтафурӯшӣ кунӣ! Ман орият дорам, намехоҳам апаам хандахариши мардум гардад.
Рухсора сар дарнамеовард, ки чаро додараш ин ҳарфҳоро мегӯяд. Магар кори айбе кардааст, ки вайро дигарон мазоҳ мекунанд? Савдогарӣ чӣ ҷойи бадӣ дорад? Боз ҳам бо тааммул ба сухан омад:
– Ман фақат ҳоҷати одамонро мебарорам, ҳар чи мефармоянд оварда медиҳам. Дар болои молам он қадар пули зиёд ҳам намемонам, ки забонам кӯтоҳ бошад.
– Ба ҳоҷатбарории ту касе зор намондааст. Гап тамом, дигар бозорравию савдогарӣ намекунӣ! Он чи гуфтам ба писари эркаат ҳам расон, агар мард бошад, равад ба мардикорӣ! – Хушнуд ба маънии “дигар забонатро пӯш” даст афшонда, ба нороҳатии хоҳар таваҷҷӯҳе накарда, баромада рафт.
Рухсораро умедаш наомад. Аз он ки бародар аз шуғли ӯшарм мекарду ба ҳолаш механдид, хеле дилмонда шуд. Рӯҳафтода дар гӯшаи кат нишасту ба хаёл фурӯ рафт. Дар як он канда-канда айёми гузашта дар дидаи зеҳнаш падид омаданд. Вақте ки шавҳари бемор аз дунё гузашта буд, ӯ бо ду ятим танҳо монд. Ҳарчанд бори зиндагӣ ба назараш чун кӯҳе менамуд, ӯ наҳаросид. Ба дари касе нарафт, дар пеши бандае сар хам накард. Медонист, ки ҳар гуна илтимосу дархост дар пайи худ миннате дорад. Бо бурдборӣ рӯз гузаронд, ба фарзандон саробон шуд ва ниҳоят, духтарашро ба шавҳар доду ба писар арӯс фаровард. Дар воқеъ, Парвиз имрӯз дастёри ӯст, фақат бо саъю талоши ӯбоғу дараш обод аст, як гов сето шудаву даҳ гӯсфанд ба сӣсар расидааст. Агарчи натавонист ӯро ба мактабҳои олӣдохил кунад, аммо ҳоло чун як марди қодир ҳар гуна кори деҳаро анҷом медиҳад. Сунҳораш* ҳам ҷони одам, намегузорад вай дасташро ба оби ях занад. Шояд аз пайи меҳрубониҳои писару сунҳор буд, ки худро бекор дида ба савдогарӣ даст монд. Ба ду нафар дугонааш, ки ҳар ҳафта як бор ба бозори умдафурӯшӣ рафта мол меоварданд ва кӯй ба кӯй гашта моли худро мефурӯхтанд, ҳамроҳ шуд. Худ бехабар, ба хариду фурӯш чунон меҳр баст, ҳатто рӯзғордорӣ аз димоғаш баромад...
– Оча, оча!! – аз самти теппаи пушти хона садои Парвиз баланд шуд. – Зудтар дари молхонаро кушоед, гӯсфандҳо парешон мешаванд!
Риштаи хаёлоти Рухсора аз ҳам гусаст. Ӯ дарҳол аз ҷо хеста ба сӯйи молхона шитофт. Имрӯз писараш рамаро зудтар меовард, ҳанӯз офтоб домани рангпаридаи худро аз атроф набардошта буд. Аммо модар дар худ фараҳи беинтиҳоеро ҳис кард, мисли ин ки ба писар дилаш танг шуда буд. Паймебурд, ки ҷойи ҷигаргӯшаашро касе наметавонад пур кунад. Ҳамин “оча” гуфтани ӯ барояш бас, гӯё нерую дармони тану ҷонаш дучандон мешавад...
Дукаса гӯсфандҳоро танг карда ба молхона дароварданд. Парвиз дари молхонаро баста зулфинро гузаронд ва ба хотири итминон аз пушташ танба гузошт. Сипас, таёқ дар даст ба модар пайваст.
– Монда шудӣ, писарам? Лабҳоят хушк шудааст, бо худат об набурда будӣ? – бо меҳрубонӣ ҳол пурсид Рухсора.
– Ҳеҷ гап не, имрӯз ҳаво тафсид, оби меширо тез тамом кардам.
– Гармиҳо ҳама дар пеш аст, аз ин пас бо худат дар ду мешӣоб бар.
– Хуб шудаст. Шумо имрӯз чиҳо кардед, савдоятон бобарор омад?
Парвиз ҳар дам ҳамин саволро медод. Рухсора аз он хурсанд буд, ки писар ҷонибдори майлу иштиёқи ӯст, ба хусус, ба савдогариҳояш бо мароқ назар мекунад. Боре надидааст, ки ба кораш лат диҳад, аз шуғли ӯ норизо бошад.
– Савдоям бад не, писарам, лекин... – Рухсора забон хойид.
– Чӣ, лекин?
– Тағоят омада буд, ду-се доду бедод кард. Ҳошакалло, кората бас кун, мегӯяд.
Парвиз роҳравон даст ба дӯши модар гузошт. Гаперо, ки хеле вақт гуфтанӣ буду худдорӣ мекард, ҳоло ба забон овард:
– Росташро гӯям, очаҷон, тағоям маро низ чанд бор пеши раҳ гирифтанд. Иддаояшон ҳамин – мола ба шумо супурдану ба кор рафтани ман.
– Ба вай, гӯё, корро пухта мондаанд, як луқмаи ҳалоламон аз дунёи сарвати бегонаҳо ширинтар аст, азизам. Ба гапҳояш фирефта нашав, насиҳата ба бачаҳои худаш кунад.
– Мегӯянд, ба пеши Беҳзод рав, ба Шимкент. Гуфтааст, ки кор бисёру коргар намерасад. Дастмузди нағз мегирифтааст.
– Ду сол мешавад Беҳзодаш дар мардикорӣ. Имсол бисту ҳафта пур мекунад, ба ҷойи зан гирифта додан вай дар чӣфикру хаёл! Хуб, коргар лозим будаст, ҳаққи хуб мегирифтаст, ба мо чӣ?
– Тағоям ғами шуморо мехӯранд. Хеле фикр кардам, гапашон ҷон дорад, дар ҳини ҷавонӣ кор карда пул ёбем ба нафъамон. Албатта, ин ҳама мола ба шумо партофта рафтанӣ нестам, нисфаша мефурӯшем, коратон осонтар мешавад.
Рухсора дар анг монд. Ҳеҷ гумон намекард, ки писараш низ дар ин андешаҳост. Ин мардҳо ғайр аз пулёбӣ чизи дигарро фикр намекунанд. Охир, дар зиндагӣ меҳри одамӣҳаст, аз нафаси гарми якдигар роҳат бурдан ҳаст, рӯзу шаб ба ҳамдигар такя кардан ҳаст. Наход ки фақат пул ҳама муамморо ҳал кунад? Ин пулу сармоя чӣ аст, ки одамҳо ҳатто хонаю дари худро тарк мекунанду роҳи фироқ пеш мегиранд?
– Чиҳо мегӯйӣ, писарам? – норозиёна ба сухан омад Рухсора. – Тағоят-ку ҳар чӣ гуфтан мегирад, ту кай ба ин васваса роҳ додӣ? Ҳар чи хурем дар пешамон, нахурем дар пушт, чӣ камӣ дорӣ дар зиндагӣ?
– Гап дар ин не, оча, бо ин баҳона худам ҳам ба шаҳр мебароям, одаму оламро мебинам, магар ин бад аст? Хеле орзу дорам аз миёни сангу шах баромада, аз гарду тафти молҳо халос шуда, ҳавои тоза нафас гирам. Рости гап, ин зиндагии якранг ба дилам задааст. Ҳоло писари тағоям ҳаст, дар кӯча намемонам, аз ин беҳтар пайти муносиб даст намедиҳад, оча.
– Ҳоло ин тавр гӯй, – аз шасти худ гашта андешаманд гуфт Рухсора, – ман ҳаргиз намехоҳам туро ишкелбанд карда нигаҳ дорам. Агар орзуят сайру саёҳат бошад, ман зид нестам, писарҷон...
***
Кӯчаи Абай яке аз дарозтарин кӯчаҳои қисмати қадимаи шаҳри Шимкент буд, ки дар ду тарафи он фақат хонаҳои яктабақаи ҳавлидор қарор доштанд. Аз шаклу шамоили хонаҳо ва роҳраву тангкӯчаҳои пасу пеш маълум буд, ки дар ин маҳаллаҳо одамони камбизоат зиндагӣ мекунанд. Агар кӯчаи мошингарди асосӣ сарфи назар шавад, дигар ҳама роҳҳои дастрасӣ хокӣ буд, дар атрофи хонаю ҳавлӣ ва боғчаҳо низ бештар чиғҳои чӯбин ба назар мерасид. Аз боло то поини маҳалла ҷӯйи бетонии фарсудае имтидод дошт, ки дар он доимо оби лойолуд ҷорӣ мешуд ва аз он барои обёрии боғчаҳо ва обхӯрии чорво истифода мебурданд. Ҷойи зисти Беҳзод ва ду нафар ҳамкори ӯ дар ҳамин маҳалла воқеъ буд, онҳо дар хонаи як марди қазоқ иҷора менишастанд. Парвиз ба доираи тағобача пайваста, зуд ба зиндагии нав одат кард. Субҳи барвақт аз хоб хеста ба маҳали кор мерафтанд ва то дами офтобшинам бо деворзанӣ, ки шуғли асосии Беҳзоду ҳамраҳонаш буд, машғул мешуданд. Онҳоро як марди сармоядори рус кироя карда буд, ки барои таҷҳизоти худ анбори бузургеро меандохт.
Аз нахустин рӯзҳои мардикорӣ хаёли Парвиз побанди молхонаи марди қазоқ шуд. Ҳар гоҳ аз кор бармегаштанд, духтари соҳибхона – Ойсара ҳам гӯсфандҳояшро аз чарогоҳ меовард ва ба қӯтон дароварда обу дон медод. Чун дилу ҷонаш молдорӣ буд, Парвиз ҳар рӯз баъд аз кор ба кӯмаки духтару модари ӯ мешитофт. Онҳо молҳоро ҷо баҷо карда мешумурданд, аз ҷӯйи бетонӣ об мекашонданд, гӯсфандҳоро ҷӯшида, оча-бача карда, дари молхонаро баста бо ҳам ба хона бармегаштанд. Ойсара аз ҳамдастии Парвиз беҳад хурсанд буд. Ҳамин ки ба ҳавлӣмедаромаданд, дарҳол офтобаро гирифта аз сару гардани ӯоб мерехт. Духтари қазоқ бо завқ об мерехт, барои ӯхушомад задан ба ҷавони кордӯсте мисли Парвиз, ки бар замми ин марди болобаланду чорпаҳлӯе буд, лаззат мебахшид...
Аз байн як моҳи мардикорӣ гузашт. Парвиз ва ҳамраҳонаш девори анборро сохта шуданд ва ба сармоядори рус супурданд. Ӯ дастмуздашонро пардохта ваъда дод, ки як ҳафтаи дигар барои сохтани объекти нав дубора ба кор даъват мекунад. Парвиз нахустин маоши худро гирифта, ҳамоно бо Беҳзод ба сӯйи шӯъбаи ҳаволаи пул бол баровард. Дар маркази шаҳр аз тариқи «Western Union» коркардашро ба исми модараш фиристод ва телегром ҳам зад, ки омада аз шаҳр дарёфт кунанд.
Дар рӯзҳои таътил Парвиз наметавонист бекор нишинад.Ӯ ба дӯстони худ, ки аз хоб сер намешуданд, нигоҳ накарда, ба побелкунии боғи соҳиби хона пардохт. Дар рӯзҳои баҳорӣ нарм кардану ба кишт омода сохтани замин айни муддао буд. Бештар аз шавҳараш кадбону – модари Ойсара ба Парвиз меҳр баст. Ӯ кордӯстии ҷавонро дида ба ваҷд меомад, ҳар лаҳза ҳар гуна меҳрубоние, ки дошт, барояш нисор мекард.
Субҳи рӯзи сеюми таътил чеҳра боз намуд. Парвиз аз хоб хеста дасту рӯ шуст, омодагӣ дошт субҳона хӯрда дубора кори боғро идома диҳад. Модари Ойсара мисли ин ки мунтазири ӯ буд, баробари ба ҳавлӣ баромадан ба наздаш омад ва пас аз салому алайк изҳор кард:
– Имрӯз духтарам барои худ курта медӯзонад, агар гӯсфандҳоро ба чарогоҳ мебурдӣ, хурсанд мешудем.
– Аз шумо як ишорат, аз мо ба по давидан! Албатта, мебарам...
Рӯз аз нисф мегузашт. Аз дасти дамои гарм гӯсфандон фуки худро ба замин карда, гирди ҳам ҷамъ шуда, беҳаракат сари ҷо меистоданд. Парвиз дар сояи дарахти шоҳбулут чашм ба сӯйи рамаю саҳрои беканори сарсабз дӯхта менишаст. Ӯ тахтапушту сарашро ба дарахт такя дода ба ёди деҳа афтод. Як-як симоҳои гарми модару хоҳараш, зану бачаҳояш аз диди хаёл гузаштанд. “Очаҷони меҳрубонам, – дар худ ғурунгид ӯ, – бе ман чиҳо карда истодаед? Молу ҳол азоб намедиҳад? Маро бубахшед, ҳама корро ба дӯшатон партофта омадам. Аммо, дилтанг нашавед, ду-се сӯм кор кунам боз ба оғӯшатон бармегардам... Муҳибаи худам, ту чиҳо мекунӣ? Ҳушангу Ҳувайдоям ба чӣ ҳоланд? Ҳамаи шуморо пазмон шудам, хеле ёд кардам...”.
Парвиз бехабар, панҷаҳои нозуку нарме аз қафо чашмонашро пӯшиданд. Ӯ наҳаросид, баръакс роҳату гармии ҷонбахшеро дар худ ҳис кард. Дастҳояшро ба пушти панҷаҳои нозук гузошту як лаҳза хомӯш истод. Ҳарчанд намехост ин ҳолат аз байн равад, бо мулоимат садо дод:
– Ойсара.
Духтар бо завқ хандид. Даст аз Парвиз бардошта дар канораш нишаст ва ба сухан омад:
– Мехостам “рав кунҷи биҳишт” гӯед, аммо шинохтед.
– Дар ин дашту биёбон ғайр аз ту дигар касеро дучор нашудаам, ки дасту панҷааш мисли пахта маҳину нозук ва роҳатбахш бошад. Дигар, танҳо бӯйи диловези ту маро аз як санг раҳ маст мекунад.
– Ӯҳӯ, фаришта гӯед, монед!
– Оре, бе муҳобот, ту як парии биҳиштиӣ, Ойсара!
Духтар ба ваҷд омад. Худро ба Парвиз ҷафстар кард, дасти росташро ба гардани ӯ ҳамоил андохт. Ҷавон аз сари дили нарми дӯшиза ҳаловат бурд. Хост худро дуртар кашад, аммо илоҷе надошт, духтар ӯро аз бағалаш раҳо карданӣнабуд. Нафас дар дарун, афзуд:
– Имрӯз молҳо ба гардани ман буд, барои чӣ омадӣ?
– Шуморо пазмон шудам.
– Ана халос, куртаатро дӯзондӣ?
Духтар як он ба по рост шуд ва аз як бари пироҳанаш дошта, гирди по давр зад. Парвизро бештар ҳиссиёти гарм фаро гирифт, ба худ ҳис мекард, ки гӯё дар наздаш воқеан парии хушлиқое ҷилва мекунад. Ангушти калонашро ба маънии “олӣ” тик кард. Ойсара дубора худро ба оғӯши ӯафканд. Ҷавон аз худ рафт... Лаҳзае нагузашта садои бадарди духтарона аз зери дарахти шоҳбулут ба фалак печид...
Кӯчаи Абай яке аз дарозтарин кӯчаҳои қисмати қадимаи шаҳри Шимкент буд, ки дар ду тарафи он фақат хонаҳои яктабақаи ҳавлидор қарор доштанд. Аз шаклу шамоили хонаҳо ва роҳраву тангкӯчаҳои пасу пеш маълум буд, ки дар ин маҳаллаҳо одамони камбизоат зиндагӣ мекунанд. Агар кӯчаи мошингарди асосӣ сарфи назар шавад, дигар ҳама роҳҳои дастрасӣ хокӣ буд, дар атрофи хонаю ҳавлӣ ва боғчаҳо низ бештар чиғҳои чӯбин ба назар мерасид. Аз боло то поини маҳалла ҷӯйи бетонии фарсудае имтидод дошт, ки дар он доимо оби лойолуд ҷорӣ мешуд ва аз он барои обёрии боғчаҳо ва обхӯрии чорво истифода мебурданд. Ҷойи зисти Беҳзод ва ду нафар ҳамкори ӯ дар ҳамин маҳалла воқеъ буд, онҳо дар хонаи як марди қазоқ иҷора менишастанд. Парвиз ба доираи тағобача пайваста, зуд ба зиндагии нав одат кард. Субҳи барвақт аз хоб хеста ба маҳали кор мерафтанд ва то дами офтобшинам бо деворзанӣ, ки шуғли асосии Беҳзоду ҳамраҳонаш буд, машғул мешуданд. Онҳоро як марди сармоядори рус кироя карда буд, ки барои таҷҳизоти худ анбори бузургеро меандохт.
Аз нахустин рӯзҳои мардикорӣ хаёли Парвиз побанди молхонаи марди қазоқ шуд. Ҳар гоҳ аз кор бармегаштанд, духтари соҳибхона – Ойсара ҳам гӯсфандҳояшро аз чарогоҳ меовард ва ба қӯтон дароварда обу дон медод. Чун дилу ҷонаш молдорӣ буд, Парвиз ҳар рӯз баъд аз кор ба кӯмаки духтару модари ӯ мешитофт. Онҳо молҳоро ҷо баҷо карда мешумурданд, аз ҷӯйи бетонӣ об мекашонданд, гӯсфандҳоро ҷӯшида, оча-бача карда, дари молхонаро баста бо ҳам ба хона бармегаштанд. Ойсара аз ҳамдастии Парвиз беҳад хурсанд буд. Ҳамин ки ба ҳавлӣмедаромаданд, дарҳол офтобаро гирифта аз сару гардани ӯоб мерехт. Духтари қазоқ бо завқ об мерехт, барои ӯхушомад задан ба ҷавони кордӯсте мисли Парвиз, ки бар замми ин марди болобаланду чорпаҳлӯе буд, лаззат мебахшид...
Аз байн як моҳи мардикорӣ гузашт. Парвиз ва ҳамраҳонаш девори анборро сохта шуданд ва ба сармоядори рус супурданд. Ӯ дастмуздашонро пардохта ваъда дод, ки як ҳафтаи дигар барои сохтани объекти нав дубора ба кор даъват мекунад. Парвиз нахустин маоши худро гирифта, ҳамоно бо Беҳзод ба сӯйи шӯъбаи ҳаволаи пул бол баровард. Дар маркази шаҳр аз тариқи «Western Union» коркардашро ба исми модараш фиристод ва телегром ҳам зад, ки омада аз шаҳр дарёфт кунанд.
Дар рӯзҳои таътил Парвиз наметавонист бекор нишинад.Ӯ ба дӯстони худ, ки аз хоб сер намешуданд, нигоҳ накарда, ба побелкунии боғи соҳиби хона пардохт. Дар рӯзҳои баҳорӣ нарм кардану ба кишт омода сохтани замин айни муддао буд. Бештар аз шавҳараш кадбону – модари Ойсара ба Парвиз меҳр баст. Ӯ кордӯстии ҷавонро дида ба ваҷд меомад, ҳар лаҳза ҳар гуна меҳрубоние, ки дошт, барояш нисор мекард.
Субҳи рӯзи сеюми таътил чеҳра боз намуд. Парвиз аз хоб хеста дасту рӯ шуст, омодагӣ дошт субҳона хӯрда дубора кори боғро идома диҳад. Модари Ойсара мисли ин ки мунтазири ӯ буд, баробари ба ҳавлӣ баромадан ба наздаш омад ва пас аз салому алайк изҳор кард:
– Имрӯз духтарам барои худ курта медӯзонад, агар гӯсфандҳоро ба чарогоҳ мебурдӣ, хурсанд мешудем.
– Аз шумо як ишорат, аз мо ба по давидан! Албатта, мебарам...
Рӯз аз нисф мегузашт. Аз дасти дамои гарм гӯсфандон фуки худро ба замин карда, гирди ҳам ҷамъ шуда, беҳаракат сари ҷо меистоданд. Парвиз дар сояи дарахти шоҳбулут чашм ба сӯйи рамаю саҳрои беканори сарсабз дӯхта менишаст. Ӯ тахтапушту сарашро ба дарахт такя дода ба ёди деҳа афтод. Як-як симоҳои гарми модару хоҳараш, зану бачаҳояш аз диди хаёл гузаштанд. “Очаҷони меҳрубонам, – дар худ ғурунгид ӯ, – бе ман чиҳо карда истодаед? Молу ҳол азоб намедиҳад? Маро бубахшед, ҳама корро ба дӯшатон партофта омадам. Аммо, дилтанг нашавед, ду-се сӯм кор кунам боз ба оғӯшатон бармегардам... Муҳибаи худам, ту чиҳо мекунӣ? Ҳушангу Ҳувайдоям ба чӣ ҳоланд? Ҳамаи шуморо пазмон шудам, хеле ёд кардам...”.
Парвиз бехабар, панҷаҳои нозуку нарме аз қафо чашмонашро пӯшиданд. Ӯ наҳаросид, баръакс роҳату гармии ҷонбахшеро дар худ ҳис кард. Дастҳояшро ба пушти панҷаҳои нозук гузошту як лаҳза хомӯш истод. Ҳарчанд намехост ин ҳолат аз байн равад, бо мулоимат садо дод:
– Ойсара.
Духтар бо завқ хандид. Даст аз Парвиз бардошта дар канораш нишаст ва ба сухан омад:
– Мехостам “рав кунҷи биҳишт” гӯед, аммо шинохтед.
– Дар ин дашту биёбон ғайр аз ту дигар касеро дучор нашудаам, ки дасту панҷааш мисли пахта маҳину нозук ва роҳатбахш бошад. Дигар, танҳо бӯйи диловези ту маро аз як санг раҳ маст мекунад.
– Ӯҳӯ, фаришта гӯед, монед!
– Оре, бе муҳобот, ту як парии биҳиштиӣ, Ойсара!
Духтар ба ваҷд омад. Худро ба Парвиз ҷафстар кард, дасти росташро ба гардани ӯ ҳамоил андохт. Ҷавон аз сари дили нарми дӯшиза ҳаловат бурд. Хост худро дуртар кашад, аммо илоҷе надошт, духтар ӯро аз бағалаш раҳо карданӣнабуд. Нафас дар дарун, афзуд:
– Имрӯз молҳо ба гардани ман буд, барои чӣ омадӣ?
– Шуморо пазмон шудам.
– Ана халос, куртаатро дӯзондӣ?
Духтар як он ба по рост шуд ва аз як бари пироҳанаш дошта, гирди по давр зад. Парвизро бештар ҳиссиёти гарм фаро гирифт, ба худ ҳис мекард, ки гӯё дар наздаш воқеан парии хушлиқое ҷилва мекунад. Ангушти калонашро ба маънии “олӣ” тик кард. Ойсара дубора худро ба оғӯши ӯафканд. Ҷавон аз худ рафт... Лаҳзае нагузашта садои бадарди духтарона аз зери дарахти шоҳбулут ба фалак печид...
***
Бодом гул кард. Талу теппаҳо сабзпӯш шуданд. Рӯди сероб худро аз дасти барфу яхҳои саршикаста раҳо сохта, боҷастухези бештар дар масири пурпечутоб то доманаи даштии деҳа роҳ пеш гирифт. Рухсора аз молдорӣ дар фасли зимистон фориғ шуда, гӯсфандони худро ба самти кӯҳ баровард. Дигар, мушкилие нест, рама худро аз дараю адирҳо сер мекунад. Расо як сол мешавад, ки Парвиз дар мардикорист. Ӯ дар ин муддат танҳо ду бор пул фиристод, дигар на пай ҳасту на ҳайдар. Рӯз ба рӯз дили модар бештар мезад, ноором буд. Дар ин муддат худро чӣ қадар маломат кард, бо пушаймонӣ чӣ қадар афсӯс хӯрд, худаш медонаду Худо. Додари “маслиҳатгӯй”-ро чанд бор пеши роҳ гирифт, қаҳрашро ба ӯ рехт. Хушнуд ҳам аз ӯ паст намеомад, бо дӯғу дабара мегуфт:
– Агар писари ту як сол набошад, Беҳзоди ман се сол боз нест! Зинда бошанд, як рӯз меомадагистанд?!
Рӯзи ҳафтум буд, ки Рухсора гӯсфандҳояшро ба чарогоҳи кӯҳӣ мебаровард. Офтоб дар болои сар медурахшид, мехост бо теғи нурҳои худ ҳар чиро дар зераш аст сӯзонда гузарад, аммо насими сарди кӯҳистонӣ ба ин имкон намедод. Боди мулоиме беист вазида меистод ва баргу шохаҳои гиёҳону буттаҳои кӯҳиро ба рақс дароварда, тану тӯши ҳар касеро, ки дар талу теппаҳо қадам мезад, масҳ мекард. Рухсора дар нимаи кӯҳи Пашкан бар рӯйи санги паҳне нишаста аз ин ҳиммати бод роҳат мебурд ва баробари тамошои манзараҳои атроф чашм аз гӯсфандон намеканд. Ногоҳ гузораш дар бехи сангу харсангҳои кӯҳӣба чукриҳое афтод, ки барг ёзонда гул бароварда буданд. Ҳадаҳа ба по хест ва ҳар ҷо чукриҳоро бо бехии калонтару ғафстар медид, канда ҷамъ овард. Дар ёд дорад, айнан ҳамин рӯзҳои пас аз наврӯзӣ писараш Парвиз ҳангоми аз кӯҳ баргаштан як бағал чукрӣ оварда, рӯзи дигар ба мардикорӣ рафта буд. Оре, аз он дам як соли расо мегузарад. Акнун ӯ низ чукрӣ меканаду аз писар хабаре нест. Куҷо рафт, бо чӣ кор машғул аст, касе намедонад. Ҳеҷбовариаш намеояд, ки ҳамон писари гапшунаву сарбазераш то ин ҳад бедому дарак мешавад. Як сол гӯё як умр менамояд дар назараш...
Вақте ки Рухсора рамаашро аз кӯҳ фаровард, рӯз домани худро аз дашту даман мебардошт. Тамоми ҳамгузарҳо дар давуғеҷ буданд, мехостанд торикӣ надаромада корубори рӯзонаро ҷамъуҷӯр ва молҳои худро ҷо ба ҷо кунанд. Баробари дидани хушдоман сунҳори хона – Муҳиба давида ба пешвозаш баромад. Ӯ хеле хушҳол менамуд, хабари хушеро ба Рухсора расонданӣ буд. Бо ин ҳол, давутози вайро дида, аз пайи даровардани гӯсфандон шуд. Охирсар, бастаи чукрӣ ва халтаи нону меширо аз дасти хушдоман гирифта, роҳравон ба сӯйи хона гуфт:
– Мондаҳо, модарҷон, имрӯз гарм омад, аз дим будани ҳаво намешуд ба берун бароӣ.
– Аммо дар кӯҳу кӯтал аз насими диловез фақат лаззат мебарӣ. Он чи маро хаста мекунад, сояашро аз остона кандани писарам асту халос. Эҳ, Худоҷон, ҳар гоҳ ба ёдам меояд, дилу ҷигарам месӯзад. Аз ҳама бештар ба ту мушкил шуд.
– Не, модарҷон, сари калоба боз шуд, ба фикрам. Имрӯз Беҳзод омадааст, фардо тағои Хушнуд худойӣ доданӣбарин.
– Наход?! Зуд оби гарм кун, дасту рӯ шуста ба хонааш меравам.
– Хӯрок омода аст.
– Э, духтарам, баъди ин гап ба гумонат аз гулуям хӯрок мегузарад? – бо шитоб ба сӯйи ҳавлӣ қадам зад Рухсора ва афзуд: – Маро хурсанд кардӣ, азизам, аз забони ширинат гардам. Кош пайғоме аз писарам оварда бошад, илоҳо, хабари хуш расонад...
Вақте ки дар гирди дастархони додар менишастанд, хурду калон хурсанд буданд. Зани Хушнуд ҷойи нишаст намеёфт, бо расидан ба дидори ҷигарбанд ӯ чун мурғи озод болу пар бароварда буд, аз хушҳолӣ дар куртааш намеғунҷид. Ҳанӯз ҳам ашки шодӣ мерехт. Чойники тозаи чойро дар гӯшаи дастархон гузошта, дубора Рухсораро маҳкам ба оғӯш кашид ва изҳор кард:
– Ҳеҷ гоҳ дилтанг нашавед, апаҷон, писари шумо ҳам меояд, албатта, меояд!
– Гуфтаат шавад, баргаштани ҷиянам ба дили ҳар яки мо умед бахшид, – гуфт Рухсора ва бетоқатона ба Беҳзод дида тофт, мехост ҳар чи зудтар аз забони ӯ гап шунавад. Вале сархаму хомӯш нишастани Беҳзод дилашро ба танг овард, бо бесабрӣ пурсид: – Чаро хомӯшӣ, писарам, Парвизи ман дар куҷост?
– Дар ҷойи кор, – сар ба зер гуфт Беҳзод ва забон хоида афзуд: – дар Шимкент.
– Охир вай барои чӣ наомад?
– Намеояд, – нимғурма садо баромад аз ҷавон.
Вуҷуди Рухсора ларзид. Дилашро ваҳм зер кард. Садояш баландтар баромад:
– Чӣ гуфтӣ, намеояд? Чӣ шуд ба писарам, бардор сарата, рости гапа гӯй!
– Янга, Парвиз сиҳату саломат аст, хавотир нагиред, аммо...
Дубора хомӯш мондани Беҳзод ҳама нишастагонро ба сӯяш чорчашм кард. Ӯ бештар ба нигоҳҳои тези Рухсора, ки мешуд дар онҳо ҳам ғазабу ҳам илтиҷоро ҳис кард, тоб наоварда, ҳамоно ба суханаш идома дод:
– Парвиз бо духтари соҳибхонаамон хонадор шуд, хонадомод аст. Як моҳ пеш писараш ҳам ба дунё омад.
– Эҳ, ҷувонимарг! – як он садо дардод Хушнуд, – Мо ба чӣаҳволу вай дар чӣ хаёлҳо, маҷбур накардӣ, биёяд аз ин бачаҳояш ҳам хабар гирад?
– Ба гапам гӯш надод, аз Ойсарааш дилканданӣ не...
Рухсора худро гум кард. Гӯё аз сараш як сатил оби сард рехта бошанд, карахту ланҷ дар ҷо нишаста монд. Дар ҳоле, ки баданаш вараҷа мегирифту тамоми чеҳрааш суп-сурх шуда буд, беҳолона аз ҷо хест. Пойҳояш ба ӯ итоат намекарданд магар, калавидаю яклаба шуда ба берун баромад. Дилозурдаву бемадор чӣ хел то хонааш омад, худаш намедонад...
________________
* сунҳор – зани писар, арӯс, келин.
Бодом гул кард. Талу теппаҳо сабзпӯш шуданд. Рӯди сероб худро аз дасти барфу яхҳои саршикаста раҳо сохта, боҷастухези бештар дар масири пурпечутоб то доманаи даштии деҳа роҳ пеш гирифт. Рухсора аз молдорӣ дар фасли зимистон фориғ шуда, гӯсфандони худро ба самти кӯҳ баровард. Дигар, мушкилие нест, рама худро аз дараю адирҳо сер мекунад. Расо як сол мешавад, ки Парвиз дар мардикорист. Ӯ дар ин муддат танҳо ду бор пул фиристод, дигар на пай ҳасту на ҳайдар. Рӯз ба рӯз дили модар бештар мезад, ноором буд. Дар ин муддат худро чӣ қадар маломат кард, бо пушаймонӣ чӣ қадар афсӯс хӯрд, худаш медонаду Худо. Додари “маслиҳатгӯй”-ро чанд бор пеши роҳ гирифт, қаҳрашро ба ӯ рехт. Хушнуд ҳам аз ӯ паст намеомад, бо дӯғу дабара мегуфт:
– Агар писари ту як сол набошад, Беҳзоди ман се сол боз нест! Зинда бошанд, як рӯз меомадагистанд?!
Рӯзи ҳафтум буд, ки Рухсора гӯсфандҳояшро ба чарогоҳи кӯҳӣ мебаровард. Офтоб дар болои сар медурахшид, мехост бо теғи нурҳои худ ҳар чиро дар зераш аст сӯзонда гузарад, аммо насими сарди кӯҳистонӣ ба ин имкон намедод. Боди мулоиме беист вазида меистод ва баргу шохаҳои гиёҳону буттаҳои кӯҳиро ба рақс дароварда, тану тӯши ҳар касеро, ки дар талу теппаҳо қадам мезад, масҳ мекард. Рухсора дар нимаи кӯҳи Пашкан бар рӯйи санги паҳне нишаста аз ин ҳиммати бод роҳат мебурд ва баробари тамошои манзараҳои атроф чашм аз гӯсфандон намеканд. Ногоҳ гузораш дар бехи сангу харсангҳои кӯҳӣба чукриҳое афтод, ки барг ёзонда гул бароварда буданд. Ҳадаҳа ба по хест ва ҳар ҷо чукриҳоро бо бехии калонтару ғафстар медид, канда ҷамъ овард. Дар ёд дорад, айнан ҳамин рӯзҳои пас аз наврӯзӣ писараш Парвиз ҳангоми аз кӯҳ баргаштан як бағал чукрӣ оварда, рӯзи дигар ба мардикорӣ рафта буд. Оре, аз он дам як соли расо мегузарад. Акнун ӯ низ чукрӣ меканаду аз писар хабаре нест. Куҷо рафт, бо чӣ кор машғул аст, касе намедонад. Ҳеҷбовариаш намеояд, ки ҳамон писари гапшунаву сарбазераш то ин ҳад бедому дарак мешавад. Як сол гӯё як умр менамояд дар назараш...
Вақте ки Рухсора рамаашро аз кӯҳ фаровард, рӯз домани худро аз дашту даман мебардошт. Тамоми ҳамгузарҳо дар давуғеҷ буданд, мехостанд торикӣ надаромада корубори рӯзонаро ҷамъуҷӯр ва молҳои худро ҷо ба ҷо кунанд. Баробари дидани хушдоман сунҳори хона – Муҳиба давида ба пешвозаш баромад. Ӯ хеле хушҳол менамуд, хабари хушеро ба Рухсора расонданӣ буд. Бо ин ҳол, давутози вайро дида, аз пайи даровардани гӯсфандон шуд. Охирсар, бастаи чукрӣ ва халтаи нону меширо аз дасти хушдоман гирифта, роҳравон ба сӯйи хона гуфт:
– Мондаҳо, модарҷон, имрӯз гарм омад, аз дим будани ҳаво намешуд ба берун бароӣ.
– Аммо дар кӯҳу кӯтал аз насими диловез фақат лаззат мебарӣ. Он чи маро хаста мекунад, сояашро аз остона кандани писарам асту халос. Эҳ, Худоҷон, ҳар гоҳ ба ёдам меояд, дилу ҷигарам месӯзад. Аз ҳама бештар ба ту мушкил шуд.
– Не, модарҷон, сари калоба боз шуд, ба фикрам. Имрӯз Беҳзод омадааст, фардо тағои Хушнуд худойӣ доданӣбарин.
– Наход?! Зуд оби гарм кун, дасту рӯ шуста ба хонааш меравам.
– Хӯрок омода аст.
– Э, духтарам, баъди ин гап ба гумонат аз гулуям хӯрок мегузарад? – бо шитоб ба сӯйи ҳавлӣ қадам зад Рухсора ва афзуд: – Маро хурсанд кардӣ, азизам, аз забони ширинат гардам. Кош пайғоме аз писарам оварда бошад, илоҳо, хабари хуш расонад...
Вақте ки дар гирди дастархони додар менишастанд, хурду калон хурсанд буданд. Зани Хушнуд ҷойи нишаст намеёфт, бо расидан ба дидори ҷигарбанд ӯ чун мурғи озод болу пар бароварда буд, аз хушҳолӣ дар куртааш намеғунҷид. Ҳанӯз ҳам ашки шодӣ мерехт. Чойники тозаи чойро дар гӯшаи дастархон гузошта, дубора Рухсораро маҳкам ба оғӯш кашид ва изҳор кард:
– Ҳеҷ гоҳ дилтанг нашавед, апаҷон, писари шумо ҳам меояд, албатта, меояд!
– Гуфтаат шавад, баргаштани ҷиянам ба дили ҳар яки мо умед бахшид, – гуфт Рухсора ва бетоқатона ба Беҳзод дида тофт, мехост ҳар чи зудтар аз забони ӯ гап шунавад. Вале сархаму хомӯш нишастани Беҳзод дилашро ба танг овард, бо бесабрӣ пурсид: – Чаро хомӯшӣ, писарам, Парвизи ман дар куҷост?
– Дар ҷойи кор, – сар ба зер гуфт Беҳзод ва забон хоида афзуд: – дар Шимкент.
– Охир вай барои чӣ наомад?
– Намеояд, – нимғурма садо баромад аз ҷавон.
Вуҷуди Рухсора ларзид. Дилашро ваҳм зер кард. Садояш баландтар баромад:
– Чӣ гуфтӣ, намеояд? Чӣ шуд ба писарам, бардор сарата, рости гапа гӯй!
– Янга, Парвиз сиҳату саломат аст, хавотир нагиред, аммо...
Дубора хомӯш мондани Беҳзод ҳама нишастагонро ба сӯяш чорчашм кард. Ӯ бештар ба нигоҳҳои тези Рухсора, ки мешуд дар онҳо ҳам ғазабу ҳам илтиҷоро ҳис кард, тоб наоварда, ҳамоно ба суханаш идома дод:
– Парвиз бо духтари соҳибхонаамон хонадор шуд, хонадомод аст. Як моҳ пеш писараш ҳам ба дунё омад.
– Эҳ, ҷувонимарг! – як он садо дардод Хушнуд, – Мо ба чӣаҳволу вай дар чӣ хаёлҳо, маҷбур накардӣ, биёяд аз ин бачаҳояш ҳам хабар гирад?
– Ба гапам гӯш надод, аз Ойсарааш дилканданӣ не...
Рухсора худро гум кард. Гӯё аз сараш як сатил оби сард рехта бошанд, карахту ланҷ дар ҷо нишаста монд. Дар ҳоле, ки баданаш вараҷа мегирифту тамоми чеҳрааш суп-сурх шуда буд, беҳолона аз ҷо хест. Пойҳояш ба ӯ итоат намекарданд магар, калавидаю яклаба шуда ба берун баромад. Дилозурдаву бемадор чӣ хел то хонааш омад, худаш намедонад...
________________
* сунҳор – зани писар, арӯс, келин.
Шариф Холов
(Новелла)
Бо баробари бонги муаззини деҳа ба пои хоби гарон завлона меафтад ва ӯ ҷогаҳи гармро ба маҳзи адои амри воҷибе тарк мекунад. Ин садои марғуладор аз бомгӯшаи хонаи Худо пар кушода, ба гӯши ҷумла мавҷудоти хоболуд менишинад ва бо як усули муассире таъкид мекунад, ки
“Намоз беҳтар аст аз хоб!”
“Намоз хуштар аст аз хоб!”
Пас, ба вузӯи зоҳир меравад мард ва худро озода ёфта, ба таҳорати ботин менишинад; фурсате ба даргоҳи олишаъни Раббулоламин ниёиш карда, қалбаш маъвои нур саҷҷодаро меғундорад. Баъдан бо сари баланд ба истиқболи хандаи офтоби саҳар берун меояд! Аз ҳавои сабуки саҳаргоҳон ба серӣ нафас гирифта, ба дидори офтоб мерасад ва... баробари он зиндагиаш саропо гулафшон мешавад! Агар мабодо он мабдаи рӯшноиро аз тарси бабри абр пинҳон меёфт, осмони синаи ӯ низ ҷомаи абрӣ мепӯшид...
Инак,
аз умри вай панҷоҳ сол мегузарад ва
ҳар саҳар кораш ин аст: -пас аз адои намози бомдод ҳар субҳи содиқ бо камоли майл ба ҷамоли тобони офтоб назар мекунад ва аз тамошои шаҳомати шоҳаншоҳи осмонҳо дунёаш оғуштаи нур мегардад, гул мекунаду чаманвор механдад. Ва бо ҳамин идомаи рӯз болидахотир аз пайи чидани ризқ меравад...
Аммо...
аз чӣ буд, ки бо омад-омади шоми мармузу тирадил тамом ба ғам мепечад ва
баъд..,
сараш хаму дидагони ҳаётдӯсташ нам, дили лаҳзае пеш масрураш побанди ғаму вуҷуди давоми рӯз аз шодиҳо лабрезаш дар сарпанҷаи алам... фишор хӯрда,
бемор мешавад...
***
Аз шаб метарсид ӯ!
Бале, аз худи замони кӯдакиҳо ҳарос дошт аз номаш сиёҳӣ. Ёд дорад, ки бо доман густардани торикӣ тозон омадаву оғӯши модарро баррачавор охурча месохт ва бо ду дасти хурдакак чашмонашро пӯшонда, -аз ин амали ӯ бародаронаш зиёда завқ мебурданд! -худро аз шарри он пардаи баасрор гӯё ҳимоят мекард. Дар тасаввури кӯдаконааш паси ҳамон ҳиҷоби бопаҳнои наҳсовар як деви бадандоми бедандони шодихӯре пинҳон буд. Ғизои он махлуқи бадкору маккор маҳз бачаҳои ноқобили музофот будааст... Ин маънӣ аз афсонаи бибиаш дар зеҳни вай реша монда буд. Аз ин андешаҳои ғамзо саропояшро ларзаи ноаёне фаро гирифта, худро ба модар ширеш мекард ва ба як узви вай-шояд гоҳе ба дил, гоҳе ба ҷигари ӯ мубаддал гашта, то саҳар аз канораш ҷудо намешуд. Аз оғози рӯзи нав баробари табассуми ҷонбахши офтоб бедор шуда, домани модарро раҳо кардаву ба оғӯши рӯшоӣ мешитофт ва боз дунёи худро чароғон меёфт...
Модар ҳам аз муҳаббати бемисли ба офтобу рӯшноии фарзанд воқиф буд ва ҳамеша вайро хушнудона “бачаяки офтобпарастам” –гуфта, навозиш мекард. Ба мӯйҳои фатилааш даст монда, бо меҳр парешон месохт, бинничаи нӯгтези вайро нармак мепучид ва аз ҷабини чун моҳаш бӯсае меситонд. Вале намедонист, ки чӣ тавр ҷигарбандро шерак созад, чӣ хел ба ӯ фаҳмонад, ки торикӣ ҳам махлуқи Худост, як чашми кӯри сарвари раҳзанон аст ва ҳаргиз ҷои тарсе надорад. Ба ин андеша ӯро сари зону мешинонду насиҳатманд забон мекушод оча:
-Асло тарсро ба дилат роҳ надеҳ, шери ман, -мегуфт рост ба чашмони фарзанд нигариста.
-Хуб, -посух мегардонд писарак чашмонаш мил- мил парида.
-Бача мардум бояд нотарс шавад. Калон шуда, дар хизмати халқу Ватани азизаш камарбаста бошад...
-Ман ҳам аскар мешавам?
-Албатта! Сарбози ҳақиқии ватан мегардӣ, ҷонам.
Ва... пас аз чуин гуфтугӯҳо як навъ худро нерӯманд ҳис менамуд писарак, қалби кӯчакаш лабрези орзуҳои ширин мешуд. Ҳарчанд ба модар ваъда медод, ки минбаъд асло ҳаросро ба дил наздик нахоҳад кард, аммо бо шунавотар гаштани садои пойи шом боз аз кадомин тангнои лаҳаде як пора сиёҳӣ ба қалби зебопарасташ нишаста, вайро ба доми ғам мекашид.
-Торикӣ додари равшанист! -таъкид мекард оча барги бед барин ларзидани писарро дида. –Аз як пуштанд онҳо.
-Пушташ чӣ маънӣ дорад?
-Калон шавӣ мефаҳмӣ, асали ман! -посух медод модар ва ӯро гарм оғӯш мекард.
-Мактабро хатм кунам, баъд мефаҳмам-а?
-Бале, китобҳо ба ту ёд медиҳанд.
-Ҳа-а... –абрӯ боло мекашид писарак.
-Ҳамин тавр рӯшноӣ ва торикӣ аз як шикам ба талош берун омадаанд, дугониканд онҳо.
-Маънои “шикам” –ро ҳам калон шавам мефаҳмам?
-Ҳа, ҳамин хел, -мегуфт модар ба завқ омада ва дубора ба нақли худ идома медод:
-Аввал Торикӣ таваллуд шуда, баъд Рӯшноӣ ба дунё омадааст... Ҳамин хел, дар олам ду бародар подшоҳ мешаванд. Рӯзона Равшанӣ ба маснади шоҳӣ менишинад, шабона Торикӣ тоҷ бар сар мениҳад! Инак, -нек ё бад, - оламро ҳамин бародарон тинаташон гуногун бо изни Худованд ҳар кадом ҷудо-ҷудо ва банавбат идора мекунанд. Аммо... Торикӣ бад ҳасуд аст, бачем; сиёҳдил ва ниҳоят як махлуқи бешафқат! Гаҳу ногаҳ ба мулки додараш- Равшанӣ дасти тааддӣ дароз мекунад. Ва... ӯро маҷбур ба майдони ҷанг мекашад. Дастони Торикии бемеҳр ба хуни додараш олуда аст...
Модар оҳи сард мекашид ва чашмонаш нишемани ғам даст ба кифтони писар мегузошт ва яъсолуд табассум менамуд.
Писарак ба гуфтори модар бо диққати тамом гӯш дода, аз ин ҳикмати ҳануз барояш номафҳум қариб чизе нафаҳмида, маҳин сар меҷунбонд ва хаёлан кашталканиҳои бародаронро пеши назар оварда, низ баробари модар ба ғам андар мешуд.
-Рушноӣ нағз аст, ё... ?
Ҳатто аз гирифтани номи торикӣ ҳазар мекард писарак.
-Рӯшноӣ, бачем! Рӯшноӣ зӯр, -посух мегардонд оча фавран.
-Чаро?
-Чунки... вай ҳаргиз ба мулки бародари худ чашм ало намекунад. Ба ризқи худодода қаноат варзида, бо шодиҳо умр бар сар мебарад. Ногузир бо бодбодҳои бародар ба майдони набард дарояд ҳам, ҳамеша бо хандаи беғаш ба сӯйи акааш меояд ва оғӯш мекушояд, то вай аз ин рамз бифаҳмад, ки додараш ҳаргиз ҷидол кардан намехоҳад, нияташ ба ҷуз сулҳу оштӣ чизе нест... Аз ин кор Торикӣ бадхашм мегардад, дар худ мепечад. Мехоҳад аз гиребони Рӯшноӣ бигирад, аммо кӯтоҳӣ мекунад дасташ ва... қалби чиркинаш ба дод омада, мушт ба сари худ мезанад, аз ноилоҷӣ ба рӯяш нохун мекашад ва хуншор месозад. Ин аст, ки ҳар субҳ торикӣ бо рӯи хунчакон ҳазимат мекунад ва аз хандаи рӯшноӣ шармандаву рӯяш сиёҳ аз майдони ҳарб хазида, дар оғӯши харсангҳо даромада, фурсати мувофиқ мепояд ва мунтазир меистад, ки кай додаракаш ба ҳиҷлаи хоб медарояд. Вақте Равшанӣ доманкашон ба самти шаббоши худ мехамбад, -тамоми рӯз аз сомон додани кори дарбор, ки бародараш шабона фасод мекард, хеле монда мешудааст, -Торикии бадкин нохост аз камин ҷаста, теғи заҳрогин аз наём мекашад ва беибо ба тахтапушти вай мезанад, номардона мезанад! Корди дудамаи Торикӣ то худи қабзааш ба шонаи Равшанӣ фурӯ рафта, аз ҷои захм чашмаи хун ҷорӣ мешавад. Бинобар ин вақти ғуруби офтоб домани осмон аз хуни Рӯшноӣ якзайл лоларанг аст... Ин моҷаро то дунё боқист, ҳар рӯзи Худо такрор меёбад.
Модар ба нақли худ нуқта гузошта, писараки ҳангу мангашро дубора навозиш мекунад ва оҳиста ба гӯшаш ин ҳарфҳоро ҳиҷо месозад:
-Ту дар ҳаёт аз Равшанӣ сабақ бардор, пайрави ӯ бош, писарам. Мисли Торикӣ бадмеҳру беоқибат машав!
-Хуб шудааст, очаҷон, -итоатманд ризо мегардад писарак ва модарро ба ҳайрат оварда, шоду бод худро ба оғӯши рӯзи равшану мусаффо меандозад.
Ин тавр модар меболиду шодӣ мекард. Хоса, дунёи писаракаш баҳори нозанин мешуд: пур аз шукуфаҳо, моломоли накҳати машомгир, ғарқи чаҳчаҳи мурғакони сурудхон...
***
Мард зиёда зиқ монад, ин пораи ҳаёти худро ба ёд меовард ва сурати очаҷонашро лаҳзае пеши назар оварда, оҳ мекашид. Акнун модари дарёдилу ғамгусор ва қиссагӯйи ӯ дар бараш нест. Ба сафари мулки дуре рафта аст, ки хокаш ниҳоят сард, осмонаш шояд дар панҷаи бешафқати зулмат...
Ба рағми маҳз торикиҳою тирагиҳои ҳаёт Хуршед ном дорад мард.
Ба нақлҳо, ин номро ба ӯ модараш ниҳода аст! Аммо... падараш мехостааст, ки номи навзод ба номи дудмони паёмбари мусалмонон шабеҳ бошад. Вале бонуи хонадон исрор меварзад, ки... кӯдакро бо амри дил худаш ном мегузорад! Ва чӣ ҳам мекард қиблагоҳи рамузфаҳмаш? -ногузир ризо мешавад, шояд намехоҳад, ки ҳамсари меҳрубонаш биранҷад. “Модар аст охир, ҳаққаш ба ин фарзанд бештар!” –худро тасалло медиҳад ӯ. Модарҷонаш он наҳза далел оварда будааст, ки пайғомбари Худо ҳам бар сари уммати худ офтоби тобон буд...
Вале чаро Хуршед ном дорад ӯ? –худи мард нек медонад. Таърихчаи дилангези онро аз забони модар шунидааст. Аҷаб қиссаи дилангезе!
Очаҷонаш рӯзе аз рӯзҳо ҳикоят намуда буд, ки...
***
Писарак он вақтҳо дар батни модар зиндагӣ мекард. Оҳиста ташаккул ёфта, шояд нусхаи падарро мегирифт ва мунтазир меистод, ки Худо кай бо дасти фариштае ба ӯ маншури озодиашро мефиристад, то вай аз ин маҳбаси серрутубат берун биравад. Албатта, бо дастрас намудани чунин амри сурурангез шоду бод ба сӯи равзанае хоҳад шитофт, ки нафаси рӯшноӣ даромада, мудом иштиёқи ӯро ба олами одамон бедор месохт.
Аммо... писарак пас аз як воқеаи маъшум тарсу гашт. Вай таваллуд шавад, Худо агар хоҳад, дар хонадон фарзанди шашум ба ҳисоб мерафт. Вале ногаҳ ба гӯшаш расид, ки падараш аз вуҷуди ҳанӯз дар зинаи ташаккули ӯ чандон ризо нест; ният дорад, ки вайро чун ангушти барзиёде кӯтоҳ бикунад.
-Шояд мо беҳуда домани худро аз фарзанд пур мекунем? Зайли замонаҳо тағйир ёфтааст. Хӯрондану пӯшондан ва... сад муаммои фарзандонро ҳаллу сару басар кардан рӯз аз рӯз мушкил мегардад, -ба пушт хобидаву дастон дар таки сар оҳкашон мегӯяд ӯ.
-Дар вақташ андешидан лозим буд! Нафси саркашатонро ҷилав мезадед, шояд...
-Шояд чӣ? –дар торикии тираравшани хона ялтӣ ба чашми ҳамболинаш менигарад қиблагоҳаш, ки аз ин лаҳни ӯ ғазабаш омада буд.
-Шояд ба ин гуфтугузорҳо ҳоҷат намемонд.
-Пагоҳ пеши духтур мебарамат. Ҳоло ҳам дер нашудааст. Ҳомиларо мегиронем, вассалом!
Модараш аз ин амри ногаҳон гӯё рост аз ноҳияи сина тир хӯрда, аз болишт сар бароштаву рӯи ҷогаҳ мешинад ва беҳол пушт ба девори хона гузошта, ашкаш шашқатор мегӯяд:
-Фарзанди худатонро бадаста мекушед? Ин чӣ бедодӣ? Чӣ хел забонатон гашт, ки...
-Ман ояндаро меандешам, ҷонам!
-Ҳаргиз! –ногаҳ садо баланд мекунад модар, -Ин бачаи ман, ҷигари ман! Агар ба шумо лозим нест, ихтиёратон. Намурад, ман худам калонаш мекунам!
-Беқлиро ғундор, занак.
-Гап тамом! –якрост эълом медорад ӯ. -Беҳтараш маро кушед, маро сӯзед, аммо... –талх мегиряд модарҷонаш, -илтимос, дадаҷонаш, ба мурғаки ман кордор набошед.
-Оббоо...
Пас аз аз ин моҷаро писаракро ваҳм гирифт ва лонааш ба зулматсаро мубаддал гашта, акнун ҳар шаб чун волидонаш дар як ҷогаҳ дароз бикашанд, дили ӯ шабистон мешуд ва бо ҳамон тарси сиёҳрӯ то субҳ пинак нарафта, дастбагиребон мегашт.
Вақт гузашта, айёми нишоти модар назик меомад!
Вале писарак дар маъвои худ -он устохонаи мӯъҷизасоз, ки дар поёни дили бузурги оча ҷойгир буду ҳамеша аз ҳарорати беназираш бархурдор нумӯъ меёфт, дар ҳамон рӯзҳо хомӯш ва қариб ноҷунбон басар мебурд. Одатан дар ин син тамоми ҳамтоёни вай пояк мезананд, даст меҷунбонанд, дар ҷустуҷӯи роҳи баромад беқарор мешаванд, дар он торикии сернам ба уммеди пайдо кардани даричае нарм- нармак ба деворҳои низ мулоими бошишгоҳи худ ангушт мезананд. Вале писарак дар кулбаи худ, дидагонаш баста, хомӯш менишаст, аз нияти дили худ волидаашро воқиф намесохт.
Чунки ҳамон вақтҳо вуҷуди кӯчакаш нишемани ҳароси номаълуме гашта буд! Аз торикии ҳавлангези хонаи танг дар худ фурӯ рафта, ғунча шудаву ба кунҷе хазида буд.
Модар ҳайрон...
Табибони номдори музофот бештар аз ҳама шигифтзада!
Охир, ба ягон чаҳорчӯбаи қонунияти ҳаёт рост намеомад ин ҳодиса.
Оқибат табибон хулоса карданд, ки модоме ҳаракете нишон намедиҳад, шояд тифл зинда нест!
-Ё Аллоҳи меҳрубон! –гиребон медорад падараш ва дар банди тафаккури гарон аз табибон мепурсад:
-Акнун чӣ кор мекунем? Оё роҳи наҷоте ҳаст?
-Ба хотири ҳифзи ҳаёти модар кӯдакро бояд ҷабран аз хонааш берун овард. Вагарна фарҷоми таъхири бемаънӣ ногузир бо фоҷиае тавъам хоҳад гашт, -ҳам ба тариқи маслиҳат ва низ ба гунаи ҳушдор посух медиҳанд одамакони сафедпӯш.
Падар ночор ризо мешавад, таборон ҳам сар ба ризоият меҷунбонанд, аммо...
Модарҷонаш...
дасту остин барзада, ба ҳимояти ӯ садо баланд мекунад. Ошёни писарро бо ду даст ба оғӯш гирифта, ҳаргиз ба он андешагургон изн намедиҳад, ки лонаи мурғаки хӯсидаи ӯро валангор созанд ва ҷигари ӯро ҷабран берун бикашанд! Дигар сухани касеро гӯш надода, таваккал ба Худои меҳрубон мекунад модараки ғамгусораш, ҳаёти худро ба гарав гузошта, бо умеди бедор мунтазири рӯзи пурнишоте менишинад. Чунки вай ба мӯъҷизаҳо бовар доштааст.
Дили хурдакаки писарак низ он лаҳзаи ҳассос бо шунидани мунозираҳои маргу зиндагӣ хун мегирйист. Вай ба сони муште фишурда шуда, ба гӯшаи дастнораси хоначаи худ пинҳон гашта буд. Ҳамон рӯз ба таҳқиқ фаҳмида буд, ки дунёи одамон хеле пуртазод аст. Ҷояш ояд, раҳмро чун гӯшти лаҳм аз гулӯи қимакунак мегузаронанд.
Ва... ниҳоят
фурсати шодӣ ҳам мерасад.
Ҳангоми таваллуди суҳби як рӯзи баҳорон будааст.
Модараш аз дарди ҷонкоҳе ба нолиш меояд. Падар аз ҳавли номаълуму бесару нӯге, ки ба дилаш роҳ ёфта буд, осемасар ба суроғи момодоя мешитобад. Модараш бо дарди валодати худ-аҷали муаллақ тани танҳо ба майдони набард дохил мегардад. Лаҳза ба лаҳза ҷабри дард бедоду зӯртар шуда, фиғони модарашро ба осмон мебарад.
Ин лаҳазот аз хонаи Худо ба гӯши занаки бо аҷал дастбагиребон садои азон мерасад ва ин овози рӯҳнавозро он вақт худи писарак ҳам шунида буд, ки баъдтар як умр ошиқаш бимонд. Модар лабони камхуни худро ба дандон газида, оби дидагонаш марҷонвор равон шуда, бо ҳар нафас рост гирифтан номи Аллоҳро ба забон меронд ва зӯр мезаду зӯр мезад.
Аз момодоя дараке набуд!
Фурсате пас чашми рӯзаки баҳорӣ мекафад. Аммо ҳанӯз чашмони модари писарак равшан нашудаанд. Вай дидагони пури оби худро ба табассуми офтоб гардонда, бо лобаҳо ҷигарбанди беҷуръати тарсуяшро берун мехонад. Офтоб аз панҷараи пардаҳояш ба ду ҷониб барчида шармидаву бесадо ба хона даромада, роҳи меҳмони навро мунаввар месозад ва ба ҷои момодоя дилбардори модар мегардад.
Ва...
охируламр
писарак бо гиряҳои шодмонӣ таваллуд шуда, рӯи тобону лабони хандони офтоб, табассуми софи модарро мебинад...
***
Ним асри баасрор аз он воқеа гузашта, ҳанӯз мард аз торикӣ ҳарос дорад. То буди имкон аз он касофат ҳазар мекунад. Баъд чӣ шуда буд? –чун нақше дар санг дар ёди вай мӯҳр бастааст. Миёни дасту по дунёи вайи ҳанӯз бача таку рӯ гашта буд. Модараш шабе ба хоб рафту дигар аз болин сар набардош, аз қазо ба як кундаи беҳиссе мубаддал гашт. Дар як они воҳид шабнами марг дар хонаи онҳо туфоне барангехт. Падараш синабирён, бародаронаш гирён, ҷумла пайвандону таборон зору нолон...
Он вақт ҳафтсола буд писарак. Аз ин ҳодисаи мудҳиш дунёи равшанаш якумрӣ торикистон шуд. Акнун намедонист, ки сари қоқи худро аз ҷабри торикии газанда ба куҷо пинҳон намояд. То ин дам бо фаро расидани говгум ба бағали модар медаромад ва ба ҳисори тани ӯ паноҳ оварда, гармии оғӯшашро ба рӯи торикии бадбахт сипар месохт. Ҳоло, ки модар дар бараш нест, намедонист, чӣ кор кунад! Умедвор ба падар менигарист. Вай сархаму хомӯш аст, бо андешаҳои мағмуми худ андармон. Ва ин лаҳзаҳо аз дили писарак чӣ мегузарад? -шояд мутлақо намедонист. Модаракаш... Оҳҳ-ҳ-ҳ ... дигар буд очаҷонаш. Бо як нигоҳ мефаҳмид, ки баррачааш чӣ мехоҳад! Ва... бо табассуме ҷаҳони ӯро мунаввар месохт.
Акнун ин бахтро абадан гум карда буд писарак..!
Вай дар паҳлӯи падар нишаста аст, ҷомаи дастидӯхти тӯҳфаи модарҷонашро пӯшида ва бо рӯмоле миёнашро маҳкам баста, ҳамдардии мардуми деҳаро мешунид. Ҳамин асно ба падараш рӯ оварда муллои деҳа гуфт:
-Бисёр ҳам худро ба ғам гирифтор карда, обу адо нашавед, Абдураҳмонбой. Фикри бозмондагонро низ аз ёд мабаред. Дар тақдираш навишта буда аст. Модоме марҳум ба Холиқаш даркор шудааст, ин хел таъҷил ба сӯяш хондааст. Пас, бандаи неку хуштолеъ ва дилписанде будааст раҳматӣ. Сабр кунед, бародар. Худо ҳам бандагони собиру шокирашро дӯсттар медорад. Аз пасаш ҳамеша дастбадуо бошед, ки рафтагон ҷуз ин аз мо чашми уммеде надоранд.
-Ташаккур, муллоҷон, -сар набардошта, посух дод падараш. -Аз дасти мо дигар чӣ ҳам меояд?
-Ҳаа-а... дунё ҳамин хел аст, бародар! Ба некон ҷой танг дар ин дунёи бӯқаламун, -нохост оҳкашон изофа намуд мулло.
-Шояд...
Баъд аз ин писарак дар моварои ду андеша сарсон монда буд. Намедонист, ки дар ҳаёт инсони нек бошад, ё бад? Агар ба одами нек дар ин олам, рӯзи беҳӣ набошад, чӣ бояд кард? Пас, беҳтар нест магар, бадгуҳаре бошад? Ин сон... дар интихоби роҳи дуруст майна об мекард, ки аз фарози осмонҳо суруше ба гӯшаш нишаст; яқин овози дилангези модарҷонаш буд он, ки мегуфт:
“Аз роҳи равшанӣ бирав, бачем. Иншоаллоҳ, кам нахоҳӣ шуд.”
Ин ҳарфу ҳиҷоро чанд бор батакрор шунида, дар дил ба модарҷонаш қавл дод, ки ҳатман одами хубе хоҳад шуд.
Баъд боз фикр кард, ки
агар суханҳои муллои деҳа ҳақиқате доранд, ягона роҳи кӯтоҳ то маъвои Очаҷонаш ҳамин аст: -Нек будан, ҳамқадами рӯшноӣ зистан!
***
“Рӯи торикӣ аз азал сип- сиёҳ аст, манфур ва ғашовар..!” –агар дигарон надонанд ҳам, ин нуктаро аллакай медонад писарак. Монои чӯби нимсӯхта аст он бадбахт, ки ҳамеша атрофи танӯри шикамдори онҳо мехобид ва очаҷонаш аз конакаш хаставу дили гулханро бо майли хотир мекофт, то оташи сердуд дар шиками он ба рақс ояд...
Ҳар қадар торикиро бад медид ва аз он чун меш аз дандони гург метарсид, вале баъдтар илоҷи раҳоиро аз ин осӯхтарӯ пайдо кард. Рӯзе аз муллои деҳа пурсид, ки чӣ тавр аз шарри торикӣ эмин монад?
Вай ба андеша рафта, баъд :
-Ҳа-а.., писарам, рост мегуфтаанд гузаштагон: “Сояи шайтон аст торикӣ!” Натарсида намешавад, -гуфт пешониашро бо кафи даст молида.
Писарак сукут варзид, дам ба дарун гирифта, дар дил оҳи бадарде кашид.
-Аммо ман роҳи натарсиданро медонам! –ғолибона эълом дошт ӯ.
Писарак ба умед чашмонашро ба даҳони мулло дӯхт.
-Намоз хон, бачем. Калиди ин қуфл намоз аст. Одами намозхон аз торикӣ ҳаргиз наметарсад. Шайтони лаин аз ин хел одамон ҳарос мекунад.
-Хуб...
***
Аз он гуфтор рӯзҳо гузашта, ҳоло мард ҳар рӯзи Худо бо садои марғуладори муаззини деҳа аз хоб мехезад ва бо намозаш ба сояи шайтон завол меоварад.
Офтоб ҳам рух намуда, лаҷоми кори дунёро аз дасти Торикӣ мегирад ва хилъати заррин ба дӯши Равшанӣ мениҳад.
Акнун мард аз торикӣ нахоҳад тарсид.
Чунки...
намоз ва офтоб ҷои модарҷони ӯро номаълум мекарданд!

Хосият КАСТ
МУСИЧА
(Ҳикояи воқеӣ)
-Витя, Витяҷон, писарҷонам! Витяҷонро ба ман диҳед,-дар як ҳолати бехудӣ модар зӯр зада фарёд мекард, аммо аз ҳалқаш садоҳои канда-кандаи нофаҳмо бурун меомад.
Дар атрофаш одамон лолу гунг меафтоданд. Ӯ ҷониби онҳо даст дароз карда мегуфт:
-Фарзандҷонам, Витяҷон…
Зан дар ҳолати назъи ҷон буд, балки бо чашми худ рафтаниҷонашро медид ва эҳсос мекард, ки кораш анҷом ёфта. Фарзандон ва шавҳараш ба тадриҷ бо оҳанги тапидани дил аз ӯдур мешаванд, фикрҳо ба пораи садо табдил ёфта, нафас канда мешуд.
Дар як он гӯё тамоми ҳаёташ чун барқ дурахшиду дурахшиду хомӯш шуд.
Оҳ, модар, модари дилсӯзи ман! Чашмони калон-калони нилуфарияш ҳамеша нигарону пур аз ҳаросанд.
-Соняҷон, духтаракам, - назди кати хоҳарак Нитаба истода такрор ба такрор мегуфт модар.
Духтарак ҳоло вазнин-вазнин нафас мекашид… Ҳамсоязан гуфт, ки ҷисмаш хеле хаста, гумон аст, ки зинда монад… Боз ҳақиқатро Худо донад. Бояд дуо хонд. Маҳз Худо ҳама чизро мешунавад, аз ҳама гапи олам бохабар аст, калиди мушкилкушо низ ба дастиӯст.
Рӯзи офтобист. Ҳаёҳуи хоҳарон ба гӯш мерасад. Готлиб- бародари калонӣ болои ғарами ҳезум нишаста дам мегирад. Хаста шудааст. Падар дирӯз ҳезуми хушк оварда буд, акнун ҳамаи онро арра кардану бо табар шикастан зарур. Духтаракон ҳам хеле ёрӣ дода, хаста шуданд, акнун бигзор бозӣ кунанд.
Шом ҳам фаро мерасад. Ҳамин ҳоло падар аз кор бармегардад. Модар бо хотири парешон аз тиреза ба берун менигарад: наход боз маст ояд? Худо зад гӯй, боз дашному ҳақорат, дуруштӣ ва занозанӣ бо модари бачаҳо шурӯъ мешавад. Готлиб дар ёд дорад он айёмеро, ки падараш як инсони ҳалиму меҳрубон буд.
Он замон бегоҳӣ галаи гову бузу гӯсфанд аз чарогоҳ бармегашт. Модагови онҳо-Пчёлка (занбӯри асалак ном дошт), худаш ба ҳавлӣ даромада, маосзанон модари моро ҷеғ мезад, ки омада ширашро бидӯшад.
Дар хона серию пурӣ ҳукмфармо буд, накҳати шири навдӯшида ва бӯи нони гарм бачаҳоро маст мекард. Писари калон Гоглиг рӯзи якшанберо дӯст медошт, ҳамон рӯз падару модар либосҳои озодаи худро ба бар мекарданд, як саргираки нақшин ва пироҳани гулкабудро мепӯшид. Баъд ҳарсе ҷониби кирха - ибодатгоҳ мерафтанд. Баъди ибодат то нимрӯзӣ сайру гашт карда меомаданд ва модар чалпакҳои ширин бо номи куха мепухт ва ҳам як ғизои дигар бо номи «крафтум кроуле» аз картошкаи кӯфта, гӯшт омода мекард.
Аҷдодони онҳо дар деҳоти назди Дарёи Волга аз давраҳои Екатерина будубош доштанд. Забони модариашон-немисӣ ва русиро медонистанд, урфу одати миллии худро ҳифз мекарданд, бо ҳамсояҳо хархаша надоштанд ва аз рӯи виҷдон заҳмат мекашиданд. Камбағал ҳам набуданд.
Готлиб дар ёд дорад, ки рӯзе мужикҳои бегона омада ҷор заданд, ки акнун ҳокимият нав шуд ва кулакҳоро фош мекунад. Ҷавон чӣ будани ин гапро сарфаҳм нарафта бошад ҳам, дилаш таҳ кашид.
Бесабаб ҳам не, ҳукумати нав ба сари одамон ғаму ситам, азобу шиканҷа ва гуруснагиву бесарусомонӣ овард.
Илоҷ набуд. Мардум молу амволи ночизи худро ба аробаҳо бор карда, ҷониби кишварҳои гарм равон шуданд. Раҳ дуру пурхатар буд, роҳзанҳо зуд-зуд шабехун мезаданд. Оқибати корро касе намедонист.
Модари бемор рӯи ароба мехуфт, ночор, тамоми имтиҳони сангини рӯзгорро, ки мастиву пастии шавҳараш як рукни он буд, паси сар карда, рӯ ҷониби машриқ мениҳод.
Қариби говгум буд, ки корвони аробаҳо барои шабгузаронӣ дар манзил ист кард. Готлиб зуд аз паи ҷамъоварии чӯбу чахси хушк шуд, то ки гулхан афрӯзад. Катя ва Зоя аз паи хӯроки шом шуданд. Модар ҳамоно хуфта менолид, вазнин-вазнин нафас мегирифт, лабонаш кабуд мешуданд.
-Модар, ин ҷо дам мегирем, тоқат кунед.
-Катя, Зоя, Готлиб, Соня… шумо дар куҷоед?-пурсон мешуд ӯ.
-Мо ин ҷо, паҳлӯи шумоем, ташвиш накашед, модар…
-Ана, духтарам, ту аз ҳама калонӣ, агар ба ман ҳодисае рух диҳад, ту ёвари онҳо бош… Тифлонро эҳтиёт кун, бачекам…
Модар қадре дам гирифта, боз фарзандонашро даъват мекард.
Ба ғайр аз Анна, ки назди гулхан монда буд, дигарон сари болини модар ҷамъ шуданд. Модар ҳар якеро бо диққат аз назар гузаронду бо овози паст гуфт:
-Байни ҳам ҷангу хархаша накунед. Готлиб, ту ба ҷои калонӣ, барои тақдири ҳар яки инҳо масъулӣ. Ба падарат ёрӣ деҳ. Ӯро сарзаниш накунед, бечораву беҳол аст. Духтарҳояш танҳо намонанд. Соняҷонро эҳтиёт кунед, мудом якҷоя бошед.
-Модар! Модарҷон-гӯён Соняҷон ба гиря даромад.
Ҳамон бегоҳ модар аз ин дунёи фонӣ ба он дунё рафт. Падар худро боз ба сияҳмастӣ зад. Як пагоҳӣ фарзандон аз кат хеста падарро наёфтанд, куҷо рафту чиҳо кард, барояшон якумр сире гашт ниҳонӣ.
***
Он вақтҳо ба Қазоқистон гурезаҳои бисёр меомаданд; ҳарчанд касе онҳоро интизор набуд ва шароит ҳам басо сангин буд. Оилаи мо бо ҳазору як мушкилот мезист. Духтарҳо хизматгор шуда рӯз мегузаронданд.
Вақт ҳам шитобон мегузашт. Аняву Соняҷон ба модар монанд шудан доштанд. Хусусан Соня, ки бо қади начандон баланд, аммо химчамиён, чашмонаш кабуди осмонранг буд. Катяву Зоя шабеҳи падаранд: қоматбаланд, сияҳҷурдаи ботанутӯш, бо як банд мӯйҳои марғуладори гирди сарҳо тоб хӯрда дилиҷавонмардонро мерабуданд.
Готлиб аз ҳама пеш хонадор шуд. Пас аз вай Аня ва Катя низ ба шавҳар баромаданд.
Зоя бисёр мехост ҳамшираи шафқат шавад. Вай соли 1930 дар курсҳои махсус, дар Фарғона донишомӯз шуд. Ва ҳамон сол ба як ҷавони барнову зебои мусалмон ошиқ шуду пинҳонӣҳамсараш гашт. Дилаш аз шодиву фараҳ дар сандуқи сина намеғунҷид, «Ман хушбахтам!»-гӯён нидо мебаровард. Ҳамон бегоҳ Катя наздаш омаду ба ҳайрат афтод:-чи зебо шудаӣ. Атрофат ҳама атрогин!
Зоя мехост тамоми қиссаро ба апаш баён кунад, аммо ҷуръат намекард, зеро сахтгир будани ӯро медонист.
-Зоя,-бемуқаддима сухан оғоз кард Катя,-хона хостгорҳо омаданд. Ман розигӣ додам, ба фикрам, ту ҳам бояд розӣ шавӣ. Зиндагӣ мушкилоти зиёд дорад, он одам пушту паноҳат мешавад. Ҳадяҳоро низ алакай қабул кардам.
Дунё ба назари Зоя чаппагардон шуд: «Ин чӣ худсарӣ?! Чӣ тавр Катя бепурсиш тақдири маро ҳал мекардааст? Ман бе Холмат зиста наметавонам!»-гӯён ғарқи баҳри андеша гардид ӯ. Зоя, ки худ як духтари бовиқор буд, қатъиян ин гапҳоро рад кардуҷониби дилдор шитофт.
Ӯро дар хона ёфтан замон қиссаро гуфт ва маросими ақди никоҳи ҳарду пинҳонӣ сурат гирифт. Ҳамин тариқ, Зоя ва Холмат зану шавҳари қонунӣ шуданд.
Он марди солхӯрдаи зангирро тарбуз аз бағал афтод, аммо миёни хоҳарон ранҷише ба амал омад. Падару модари домод ҳам аз интихоби келин шод набуданд, вале чораи ислоҳ надоштанд.
Замони ташкили давлати шӯроҳо падари Холмат бо аҳли оилааш ба Афғонистон рафтанд, аммо Холмату занаш дар Шӯравӣ монданд. Мутаассифона, риштаи алоқа бо падару модар канда шуд.
Ниҳоят ба ноҳияи Панҷ кӯчида омаданд, Холмат сартароширо пеша кард. Занаш ҳомила буд. Соли 1932 духтарчае дар хонадонашон ба дунё омад. Ӯро Роза ном карданд.
«Кӯдаки хушбӯяки ман» - гӯён модар бо шодиву сурур ба гӯши фарзандаш шабу рӯз мисли мусича қум-қум лолоӣ мехонд.
Барои ҳамин Холмат ӯро Мусича меномид.
Соли 1936 Эорик таваллуд шуд. Зоя аз фараҳ дар курта намеғунҷид.
Соли 1937-соли наҳс, соли бадбахтиҳо ва ашкрезиҳо фурӯ рехт бар сари мардуми шӯравӣ. Холматро мутобиқи моддаи 58 барои доштани хешу табори наздик дар хориҷи кишвар ва ниҳон доштани ин асрор ба ҳабс гирифтанд.
Рӯзҳои сарду пуртаҳлукаи танҳоӣ барои Зоя пеш омад. Пас аз кори сангини рӯзона шабҳо хобаш намебурд. Ҳатто гоҳ-гоҳе аз фарёди ҷонкоҳи худаш бедор мешуд.
-Холмат, Холмат,-садо мекард азизашро дар хоб ва манзараҳои пурваҳшат медид: гӯё шавҳараш дар ҷангалистони пурбарф астуӯро азоб медиҳанд, лату кӯб мекунанду садо медиҳанд: «Занед, кӯбед ӯро!».
«Худоё, дар кишваре, ки якбора ӯро аз шаҳрвандии мамлакати Бузурги Шӯроҳо маҳрум карда, душмани халқ гуфтанд, акнун фарзандонашро низ бадному сияҳрӯз карданияд, чӣ бояд кунад? На кор монд, на пул, на фардои рушане!».
Ӯ бим дошт аз он ки имшаб ё фардо ӯро низ омада мебаранд. Хушбахтона ин кор нашуд. Ноилоҷ хонаи дар Панҷ бударо фурӯхт ва ба Қӯрғонтеппа кӯчид. Манзилеро иҷора гирифт ва дар дил гуфт:
«Кор бояд кард, ҷои шиква нест, бачаҳоро бояд ба камол расонд. Холмат, умраш дароз бод, ҳатман бармегардаду аз нишоти фарзанд меболад». Ва ба шавҳараш менавишт:
«-Ин Роза»-и мо ба ту чӣ қадар монанд. Чашмонаш чашмони худат барин. «Дадам канӣ?»- гӯён мепурсад. Чӣ гуфтанамро намедонам. Худоё, ман ин ҷигаргӯшаҳоро чӣ гуна аз чашми бад нигаҳ дорам? Аз забони заҳрноки одамон ҳам метарсам. Жорик ҳам роҳравон шуд. Дирӯз ба хонаи ҳамсоя даромадааст. Ба ӯ як нон ҳадя кардаанд ин одамони нек. «-Ман донаму Худо, Худо донаду ман…»
Мактубҳо чу кафтарҳои аз лона ҷудо мерафтанд, вале барнамегаштанд… Танҳо сукути ҷонкоҳ ҷавоби номаҳоиҷонгудози ӯ буданд.
Соҳиби хона нисфи заминашро ба ӯ фурӯхт. Чи саодате! Акнун Зоя як порча замин дорад. Иншоллоҳ, аз гуруснагӣ намемурем. Обчакорӣ ҳам ҳаст, оби ҷӯйбор дар назди ҳавлӣ ҷорист.
Аммо ин хушбахтиҳо дер давом накард. Соли 1941 ҷанг сар шуд. «Акнун чӣ бояд кард?» - ин суол сахт азобаш медод, худашро гум мекард. Шабе дарашро кӯфтанд. Хилъаташро ба бар карда, сӯи дар тохт. «Наход Холмат омада бошад?-гӯён фикр кард.
Ду нафар низомӣ паси дар меистоданд.
-Либосатонро пӯшед. Ҳамроҳи мо меравед:
-Ба куҷо? Чӣ гап шуда? Бачаҳоро назди кӣ монам? Онҳо хурдсоланд ҳанӯз! Ман кай бармегардам?-гӯён саволборон мекард меҳмонони нохондаро. Ёдаш омад, ки Холматро айнан ҳамин тавр гирифта бурда буданд.
Дар торикии шаб, дар истгоҳи роҳи оҳан як мошинаи болояш пӯшидаи боркаш омада истод. Бе ягон садо аз болои он як гурӯҳ мардону занон, дар иҳотаи ҳарбиҳо фуруд омаданду пасон сӯи вагони боркашонӣ раҳсипор гаштанд. Инҳо немисҳои советӣбуданд, ки дар Ватан мардуд эълон гаштаанд. Зеро немисанд ва аҷаб не, бо немисҳо ҳамкорӣ кунанд!
Дар ин роҳи беохир андаруни вагони пур аз одам ҷои нишаст ҳам ёфтан мушкил. Бисёриҳо беморанд, барои нафасгирӣ ҳаво намерасад, як тирезаи начандон калони панҷарадор ҳасту халос.
Дар истгоҳҳо аз тиреза ба берун нигаристан манъ аст, баромадан ҳам манъ… Бо вуҷуди ин фикри Зоя бештар пойбанди тифлон аст ва ғоибона бо шавҳар аз ин боб муколама дорад:
«Ту куҷоӣ? Чаро моро монда рафтӣ? Зиндаӣ ё…? Ҷудоӣ бе тифлон басо мушкил. Моро куҷо мебаранд? Шояд пеши ту?Ҷанг, оҳ ин ҷанги лаънатӣ… Вақте дастгирам карданд, моро ба урдугоҳи коргарӣ фиристоданд ва таъкид карданд, ки тамоми немисҳо хоин ва фашистанд. Ман кӯшидам ба онҳо фаҳмонам, ки шавҳар дораму ду фарзанд. Аз ЗАКС коғаз талаб карданд. Надоштам онро. Ақди никоҳи мусулмонӣ барояшон ҳеҷ маънӣнадорад, коғази давлатӣ зарур. Холмат, ту чаро ҳамон коғазро нагирифтӣ? Хоҳаронам куҷо бошанд? Готлибро ҳам гирифта бурданд. Намедонам ба куҷо»…
Сибир… Лагери атрофаш симхор кашида. Болои дидбонгоҳ салдатҳо мусаллаҳанд. Ҷои зист-манзиле, ки пештар ин ҷоҷинояткоронро нигоҳ медоштанд, ҳоло-немисҳоро.
Дар паси лагер тайга-анбӯҳи ҷангал, макони кори сангини дарахтбурӣ. Дасту панҷаҳо-хуншор, гӯё тамоми бадан аз азоб менолад. Шоми торик ором-ором ба лагер бармегардем, маҷоли сухан гуфтан намонда. Як оталаи беҷазза-ғизои шоми мост, мехӯрему хоб меравем ва фақат хобҳои пурваҳшат мебинем, хобҳои беморгуна. Ман худро як аспи зери бори гарон эҳсос мекунам.
Ин замину боди сардаш магар интиҳо надорад? Ба ҷуз ҳамин сардии то ба устухон газанда, вижжоси беохири арра, дашному ҳақорату таҳқири бетаваққуф… Чизе намебинӣ ин ҷо, як суоли басо муҳим ба миён меояд: Чунин ҳаёт ба кӣ даркор? Магар ин ҳама шиканҷа поён дорад ё на».
Ногаҳон ончунон як ҳисси навмедӣ тамоми вуҷудашро фаро гирифт, ки аз буғз лабу даҳонаш каҷ шуд. Нолид худ ба худ:
«-Худоё, ин ҳама азоб аз барои чист? Ман чӣ гуноҳ кардаам?
Модарам мудом таъкид мекард, ки худост ягона пушту паноҳи инсон. Агар чунин аст, куҷост он раҳму шафқати ту, эй парвардигор?».
Аз хастагӣ зонувонаш дуқат шуданду дар ҷояш афтод. Ёрои хестан нест. На сардиро ҳис мекард, на гармиро. «-Ба ҳамааш шукр,-нолид дубора-Худоё, Худовандо, бигир амонататро… Маҷоли зистан намонд дигар… Симои Холмату фарзандон базӯр пеши чашм меоянд… Ана, чашмони Жорик…
Ҳамсафарҳояш Фридаву Марийка безобита шуданд.
-Зоя, Зояҷон, ба ту чӣ шуд? Ҳуй, духтарҳо, ёрӣ диҳед. Зоя сармо хӯрдааст! –Дод зад Фарида.
Аммо Зоя сахтҷон будааст, ӯро каме табобат карда ва боз ба лагер фиристоданд.
Ана, кабинети сардори лагер. Рӯи мизаш як папка-делои шахсӣаз они Зоя.
-То оғози ҷанг ҳамшираи шафқат шуда кор мекардӣ-а?-Мепурсад сардор.
-Оре, чанд вақте.
-Омода бош. Ба маркази район, ба военкомат меравӣ.
«Ба ҷанг?-худ бахуд савол кард.-Ҳоли бачаҳо чӣ мешавад?»
Аммо дар военкомат саволе надода, коғази мӯҳрдореро ба дасташ дода, бо поезд ба кор фиристоданд.
Он ҷо низ тамоми шабонарӯз меҷунбид. Шустани ҷилди болишту таҳпӯш, гимнастеркаҳову докаҳои хунгирифтаи захмиҳо, покиза кардани вагон.
Дар ҳар лаҳза занбареро якҷо бо ҷисми ҷондодаҳо аз вагон бароварда, мебурданд; ин ҷисмҳо бехабар аз рӯзи Ғалаба буданд.
Тақдир, ба ҳар ҳисоб, ба Зоя раҳм кард, ӯ зинда монд.
Рӯзе як лейтинанти маҷрӯҳ ҷонибаш чашм дӯхт. Ҷавонзан дар назари ӯ аҷаб нозанин менамуд… Аммо вай ба ӯ эътибор надод, фикру хаёлаш пойбанди тифлон буд.
Ба андеша рафт Зоя.
«Баъди чанд рӯз ба Сталинобод мерасем. Шояд имкон бишавад, рафта бачаҳоро хабар гирам. То Қӯрғонтеппа боз 100 километр роҳ бошад ҳам, зораву лоба карда, иҷозат мегираму меравам!». Ниҳоят, чунин хулоса кард ӯ ва аз ғизоҳо қадре хлеб, қанд ва гӯшти консерв барои тифлонаш нигоҳ медошт.
-Хоҳарам, камтар об медодӣ? - хоҳиш кард аз Зоя лейтенанти захмӣ.
Об овард ва азбаски ҷароҳати афсар чандон вазнин набуд, нимхез шуда обро нӯшид ва шинос шудан хост.
-Ман Павел. Дикий Павел.
-Чаро дикий (ваҳшӣ)?
Летенант дар ҷавоб табассум кард ва гуфт:
-Ман хохол, украинам, дар деҳаи Диковка таваллуд шудаам. Ҳамаи ҳамдеҳагонам чунин насаб доранд-Дикий!
-Ман –немисам,-дар навбати худ гуфт Зоя.
-То оғози ҷанг дар Украинаи мо немисҳои зиёде мезистанд. Одамони покизатабъ, заҳматкаш-гуфт Павел ва рӯйи рост пурсид:
-Зани ман мешавӣ?
Зоя ҷавоб нагуфт.
Вале Павел шӯхӣ накарда буд ва зуд-зуд ин ниятро ба Зоя гӯшзад мекард. Бо тадриҷ ба ҳам унс гирифтанд. Бону бегоҳӣ ба вагон даромада латифаҳои ҳаҷвомези Павелро гӯш кард ва аз дил гузаронд:
«Ҷавони оқилу доно барин, бо дасту панҷа, меҳнатӣ. Ба шавҳар шудан меарзад. Муҳим он аст, ки ҳамон коғази ЗАГС-ро ба даст мегирам ва шояд он вақт иҷозати дидор бо тифлон осон шавад. Холмат чӣ? Магар ӯро метавон фаромӯш кард?»
Рӯзе қиссаи талхи рӯзгорашро ба Павел ошкоро гуфт. Ашкрезон, навҳакашон гуфт, ҳарчанд гӯё дар дидагонаш дигар ашк ҳам намонда буд.
-Ҳамин ки ба Сталинобод расидем, -иброз намуд ҷавон,-ба ЗАГС рафта, никоҳ мекунем. Ман дурӯғ намегӯям, то ҳол безану бебача будам. Ту чанд вақт ҳамчун узви оилаи афсари советӣ дар хона мемонӣ. Ҷанг, ки тамом шуд, худам туро меёбам.
Павел дар бораи шавҳари ӯ чизе напурсид. Кӣ медонад, шояд зинда бошад. Ҳоло муҳим ки онҳо ҳамсар мешаванд. «Тақдирро фиреб дода намешавад»,-ин ҳикмати бобоиро такрор кард Павел дар дилаш.
Дар дили Зоя ҳам чароғи умед фурӯзон шуд. Шукр, хона меравем, бачаҳо калонакак шудагистанд. Роза 7-сола, Жорик-3-сола. Вақти ҷудоӣ гузашт…
Зоя оқибат зани Павел шуд. Омада бачаҳояшро низ ёфт: Як хонаводаи ӯзбек - холаи Марияи ҳамсоя нигаҳубинашон кардаанд, ҳарчанд ҳама зору низор, гуруснаву ҷиғдалибос буданд.
Шукр, ки зиндаанд!
Павел пас аз шифо ёфтан чанд рӯзе бо оилаи нав зиндагӣ карду дубора ба ҷабҳа рафт.
Барои Зоя боз ҳам расид навбати заҳмат, вале акнун ба нафъи фарзандон. Онҳоро хӯрондану пӯшондан лозим. Чи саодати бузургест бо онҳо будан! «Акнун шуморо дигар касе фарзандони фашист нахоҳад номид, зеро ман зани офитсери советиам! - мехонд ба гӯши ҷигарбандонаш.
Зоя боз ба кор часпид. Ҳар кору заҳмате бошад, ба ҷо меовард. Дар ҳавлиаш обу алаф ва як села мурғу чӯҷа дошт. Барои зимистон караму помидору бодирингро дар бочка намак зада мемонд. Ба ин ният, ки зиёдатиашро фурӯхта, як модагови ширдеҳ бихарад. Шояд аввал як бузаки ҷингилапо бихарад.
Духтараш Роза аз модар ҷудо не. Пас аз хатми ҷудоӣ зоҳиран андаке тағир ёфта бошад ҳам, чашму абрӯвон ҷаззобу зебо.
Роза падарро низ дар ёд дошт ва ба меҳр ёдаш мекард… Жорик аввалҳо аз модар чун аз зани ношинос меҳаросид, баъдтар унс гирифт. Ниҳоят як бузак ҳам хариданд. Тифлон пагоҳиҳо ширу қаймоқ нӯши ҷон мекунанд. Ба рӯяшон сурхӣ дамида, садои хандаашон баланд аст.
Ниҳоят, соли 1945 даррасид. Павел аз ҷанг баргашт. Сари сина пур аз ордену медал, аммо мелангид, бо асо мегашт. Барои озодии шаҳри Крапови Полша ҷангида, сахт захмӣ шуда буд.
Дар хонадони онҳо соли 1947 боз як духтар таваллуд ёфт. Людмила номаш ниҳоданд.
«Ана, марҳамат, ҳадя барои ту Роза ва Мила гуфт Зоя, пас аз он ки тифлро ба хона оварданд. Жорик аз тифли гирён меҳаросид, вале чун қадре калонтар шуд, бозӣ-бозӣ аз кокулонаш мекашид.
Соли 1949 Роза мактабро хатм кард ва дар фикри касб омӯхтан шуд. Духтарак зоҳиру ботини зебо дошт, бо танутӯш, гандумгун, чашмонаш гӯсфандӣ ва захматкаш. Чашмону нигоҳаш ба падараш Холмат монанд. «Эй,падарҷон, падарҷон ту куҷоӣ?»…-ин фикр ӯро ҳеҷ раҳо намекард. Модар рӯзе аз ӯ суол кард:
-Духтарам, ту кадом касбро писандидӣ? Гоҳ омӯзишгоҳи ҳарбӣрафтанӣ, гоҳ маъмури оташнишон мешавам мегӯйӣ… Ин касбҳо зебандаи бонувон нестанд…
Роза мехост мисли падарандараш афсари ватан бошад. Либоси низомӣ ва симои ҳарбиро дӯст медошт. Табиатан аз бачагӣмехост ҳамеша пешсаф бошад. Дарёчаи Ҷӯйборро шино карда мегузашт, бо бачагон футбол мебозид. Шуҷоу чобук буд, валеҷомаи афсарӣ насибаш нашуд: ба омӯзишгоҳи ҳарбӣдухтаронро қабул намекарданд.
-Духтарам, гапи маро гӯш кун-рӯзе машварат дод модар,- рафта хону духтур шав. Орзу дорам, ки хилъати сафед пӯшида, одамонро табобат кунӣ. Духтурҳо низ шахсони ҳарбианд. Вақтиҷанг либоси ҳарбӣ пӯшида, ба ҷабҳа мераванд.
Инро гуфту оҳ кашид Зоя ва дар дил аз Худо илтиҷо кард, ки дигар ҳаргиз бӯи ҷангро ба машоми халқ наоварад!
Духтарак розӣ шуд! Ба ин муносибат барояш куртаи нав дӯзонда, ба Донишгоҳи тиббии Душанбе равона карданд. Таҳсилро хатм намуд. Виктор-кӯдаки ба Павел монанд таваллуд ёфт. Хонаи начандон калон сохта, бурёкӯбон карданд. Дар хоҷагӣ модагов, чанд сар бузу гӯсфанд ҳам пайдо ва ғизо фаровон гашт. Худи Павел дар заводи равған парторг аст. Лангон-лангон ба кор рафта меояд, дарди поро ҳанӯз ҳам ҳис мекунад, Роза дору меорад. Аз ҳамон мемолад ва дард таскин меёбад. Аммо Павел ба нӯшидани арақ одат кард. Вақтҳои охир аз кор бо табъи хира бармегардад, савол диҳӣ, ҷавоб намедиҳад.
Баҳори соли 1953 фаро расид, Жорик 14-сола шуд.
-Очаҷон, биёед, ба хонаамон хати радио гузаронем. Ҳамсояҳо радио доранд, - гӯён илтимос кард рӯзе Жорик.
-Ту аввал кабӯтарҳоятро хуб нигоҳубин кун, баъд ба фикри радио бош. Мабодо парида нараванд.
-Хуб шудаст, очаҷон, дари хоначаи онҳоро ҳам таъмир мекунам.
-Майлаш, -Жорик, бигӯ, ки ту «забон»-и радиоро ҳам медонӣ?
-Медонам, симашро ба сими хати ҳамсоя пайваст карда мегузаронам.
-Майлаш, ҳамин корро бо эҳтиёт кун, то ки осебе ба бом нарасад. Таъмираш дарди сар мешавад.
-Ҳатман, эҳтиёт мешавам.
-Шояд рӯзи якшанбе Павел ба ту кӯмак кунад.
-Вай куҷову бомбароӣ куҷо! Худам мекунам.
Жорик ним рӯз ба ҳамин машғалаҳо сими радиову кори барқу кафтарҳо банд шуд.
Ҳамсоя даромада маслиҳат дод, ки аввал симро сахт маҳкам карда, баъд пайванд намояд.
-Фаҳмидам, амаки Володя, ҳамин тавр мекунам,-гуфт ӯ.
Он рӯз-як рӯзи сершамолу серуни баҳорон буд. Шабона аввал боди сахт вазид ва баъд чак-чаки борон ба гӯш омад. Пагоҳӣборон оҳиста-оҳиста ба сел табдил ёфт. –Борон-Борон! Дарё сероб мешавад, зуд бочкаҳоро аз об пур бояд кард»,-Зоя хилъатро ба бар карду берун тохт. Ин лаҳза фарёди синасӯзе ба фалак печид. Садои Зоя буд, ки хабар аз фоҷиае мерасонд: «Витя, Витяҷон, Розааа, Хол-мат!-ба тадриҷ аз ҳуш рафт ӯ. Витя доду фарёд мекард… Касе ҷониби симчӯб тохт, то ки симро ба бел аз хати барқ ҷудо созад…
Барабас рафт ин кӯшиш. Барқ ҷисми ҷавонзанро мисли чилпо сахт ба оғӯш гирифта буд.
Борони сел ҳамоно мерехту мерехт…
Аз русӣ тарҷумаи Нур ТАБАРОВ.

Ҷек ЛОНДОН
ИСТГОҲИ ЯКРӮЗА
Ҳикоя
Ҷон Месснер дастакҳояшро накашида, бо як даст аз чӯби дастаи чана медошт ва бо дасти дигар рӯю биниашро мемолиду молишро лаҳзае қатъ намекард. Ҳангоме, ки карахтии рӯй зиёдтар мешуд, суръати молишро тезтар мекард. Кулоҳи мӯин пешона ва гӯшҳояшро пӯшонда буд. Манаҳашро риши тилоранги қиравбаста аз сармо панаҳ менамуд.
Чанаи пурбори ӯро панҷ саг мекашиданд. Месснер дар миёна истода, сагҳоро меронд ва ҳар замон чармтасмаи чана ба пояш мерасид. Дар ҳар гардиши роҳ ӯ аз рӯи тасмаҳо ҷаҳида, ба тарафи муқобил мегузашт. Роҳ гардишҳои зиёд дошт ва ӯ ҳар лаҳза ба ин сӯву он сӯ меҷаҳид. Гоҳо ба тасмаҳо дармонда, қариб меафтид; аз ҳаракати сусту танбалонааш аён буд, ки сахт хаста аст; пойҳояш гоҳо зери лезаки чана дармемонданд.
Лаҳзае, ки роҳ рост шуд ва чана ба ронанда эҳтиёҷе надошт, ӯлаҷом, яъне ходаро сар дода, дасти росташро ба чӯби чана задан мегирифт, то хун аз ҳаракат намонад ва ҳамзамон бо дасти чап рӯю биниашро молиш медод.
- Сафар дар ин гуна сармо фалокат аст, - гуфт Ҷон Месснер. Ӯмисли одаме, ки ба танҳоӣ одат кардааст, худ ба худ бо овози баланд гап мезад. – Танҳо девона дар ин гуна сармо ба роҳ мебарояд! Хунукӣ ҳаштод набошад ҳам, аниқ ҳафтоду нӯҳ дараҷа поинтар аз сифр аст.
Ҷон соатро аз бағали нимтанаи пашминаш гирифта, нигоҳ кард ва зуд онро дубора дар ҷояш гузошта, чашм ба осмон дӯхт.
- Соат дувоздаҳ, - ғурунгос зад ӯ. -Осмон соф, аммо офтоб наменамояд.
Ҳудудан даҳ дақиқа хомӯш қадам зад, гӯё дар байн сукуте наафтода бошад, боз овоз баланд кард: «Ҳо-ҳо-о!» ва дар ҷояш истод. Дилашро тарсу ҳарос фаро гирифт. Ҳис кард, ки дасти росташ қариб карахт шудааст. Девонавор дасташро ба чӯби чана мезад.
- Эҳ… бечора… сагҳо! – рӯ овард ба ҷонварҳо, ки дар рӯи ях дароз кашида буданд. Азбаски дасташро ба чӯб сахт – сахт мезад, овозаш канда – канда мебаромад. – Шумо, бечораҳо, чӣ гуноҳ кардаед, ки мавҷуди дупо шуморо дар чанаҳо баста, ғуломи худ кардааст? Эҳ, бечора сагҳо!
Ӯ бо хашм биниашро молиш дод, то ях набандад, баъд сагҳоро маҷбур хезонд. Ҷон Месснер аз рӯи дарёи калони яхбаста роҳ мепаймуд. Дарё дар пас, дар масофаи пурвусъате бо каҷиву хамгаштҳояш дар миёни кӯҳҳои хомӯшу барфпӯш гум шуда мерафт. Дар пеш рӯдхона бо якчанд шохобҳо тақсим шуда,ҷазираҳое ба вуҷуд оварда буду Ҷон гӯё ин ҷазираҳоро дар сари синааш гирифта мебурд. Ҷазираҳо сап-сафеду барфпӯшу хомӯш буданд. Ин хомӯширо чизе халалдор намекард: на садои ҳайвоне, на ғингоси ҳашароте. Дар ҳавои яхбаста паррандае ёрои парвоз надошт. На садои инсонеро мешунавӣ, на нишоне аз манзили одамиро мебинӣ. Ҷаҳон хуфта не, гӯё мурда буд.
Ин ҳама карахтиву сукути атроф ба Ҷон Месснер сахт асар кард; сармо майнаашро низ гиҷ карда буд. Ӯ бо сари хам, ҳатто ба гирду атроф нигоҳ накарда, бешуурона рӯю биниашро молида, пеш мерафт. Ҳамин ки чана ба роҳи рост мебаромад, аз бими сармо дастонашро ба чӯби он задан мегирифт.
Нохост сагони ҳушманд дар ҷояшон якбора истоданд. Сар ба сӯи соҳиби худ гардонда, ба ӯ бо чашмони суолбор ғамгинона менигаристанд. Мижжаву сару фукҳояшон пурбарф; ҷонварон мондаву лакот шуда буданд.
Инсон мехост, ки тозиёнаашон занад, вале худдорӣ кард, ҳавосу қуввашро ҷамъ карду чашм ба атроф дӯхт. Сагҳо дар пеши як гӯдол - шикофи ях истоданд; ин шикофи оддӣ не: сӯрохе, ки касе онро бо табар бурида ва сеюним фут ғафсӣ дошт. Қабати нави яхи ин гӯдол шаҳодат медод, ки кайҳо боз касе аз он истифода накардааст. Месснер ба гирду атроф назар кард. Сагҳо ба ӯ роҳнамоӣ мекарданд: фукҳои қиравбастаашон пайроҳаеро нишон медод, ки ҷудо аз ҷодаи асл, аз соҳили ҷазира ба боло мебаромад.
-Хайр, майлаш, бечораҳо, - гуфт Месснер зери лаб. – Рафта мебинам; ку чӣ гап аст он ҷо. Оҳ… сахт хаста шудаам.
Ӯ аз тепа боло рафта, нопадид шуд. Ин дафъа сагҳо таваққуф карда, бесаброна ӯро мунтазир шуданд. Баргаштан замон ресмонеро, ки дар пешгоҳи чана баста буд, кушода ба рӯи китф гирифт. Баъд сагҳоро ба тарафи рост тоб дода, онҳоро ба самти соҳил ронд. Ба боло баровардани чана осон набуд, вале сагҳо хастагиро фаромӯш карда, иззосзанон, охирин қувваи худроҷамъ намуда, онро кашида мебароварданд. Вақте ки ҷонварҳои пеш ғеҷида меафтиданд, ҷонварҳои ақибуфтода линги онҳоро мегазиданд. Инсон ба сари сагҳо дод мегуфту гоҳо шеракашон мекарду гоҳо таҳдид менамуд ва худаш бо тамоми қувва чанаро идора мекард.
Сагҳо бо тамоми нерӯ чанаро кашон-кашон бароварда, ба чап тоб хӯрданд. Он ҷо кулбаи чӯбини хурде менамуд. Ин хонаи ғайримаскунӣ масоҳате дошт ҳашт бар даҳ фут[1]. Месснер сагҳоро аз чана кушода, борҳоро ба хона даровард. Охирин сокини ин хона мисле, ки андак захираи ҳезум гузоштааст. Месснер бухории сафарии худро дар гӯшае гузошта, оташ гиронд. Дар тафдони бухорӣ панҷ моҳии яхкарда – хӯроки сагҳост. Мисснер дегчаву қаҳваҷӯшонакашро аз оби чолае, ки оварда буд, пур кард.
Мунтазири ҷӯшидани об, ӯ ба болои бухорӣ хам шуд. Лундаҳои яхи ришаш ба обшавӣ сар карданд. Яхпораҳо ба болои бухорӣафтида, бухор мешуданд. Ҷон Месснер яхпораҳои обшударо аз ришаш канда, ба рӯи фарши тахтагин мепартофт.
Аккоси беисти сагҳо ҳатто ӯро аз ин кор боз надошт. Ба гӯшаш садои ғурриши сагони бегона ва овози одам омад. Дарро кӯфтанд.
- Дароед! – садои гирифтае баровард Месснер, чунки дар ин лаҳза яхпораи буруташро макида об мекард.
Дар боз шуд ва аз қабати бухоре, ки ӯро фаро гирифта буд, зан ва мардеро дид, ки дар остонаи дар истодаанд.
Аз анбӯҳи ғализи бухор онҳо базӯр дида мешуданд. Сари зан бо рӯсарӣ чунон печида шуда буд, ки танҳо чашмони сиёҳаш менамуданд. Мард низ чашмони сиёҳ ва рӯи тоза тарошида дошт; бурутҳои яхбаста даҳонашро тамоман пӯшонда буданд.
- Мо мехостем аз шумо пурсем, ки оё дар ин наздикӣ ягон манзили дигаре ҳаст ё не? - ба ҷиҳози фақиронаи хона нигоҳ карда пурсид мард. -Мо гумон кардем, ки кулба холӣ аст.
- Ин хонаи ман нест, - ҷавоб дод Месснер.- Ман низ онро соате пештар ёфтам. Дароед, ҷой кифоя аст, бухорӣ намонед ҳам мешавад. Илоҷе карда меғунҷем.
Зан бо як ҳисси кунҷковӣ ба ӯ нигоҳ мекард.
– Либосҳоятро сабук кун, ман сагҳоро кушода об меорам, -гуфт марди навомада ба зан.
Месснер моҳиҳои яхгудозшударо аз тафдон гирифта, барои сагҳо баровард. Сагҳоро, ки бо сагони бегона ҷанг доштанд, ба каноре бурда, ба онҳо хӯрок дод. Вақте ки ба хона баргашт, меҳмон борҳояшро холӣ карда, об оварда буд. Чойники Месснер ҷӯшид. Ӯ ба он қаҳва ва ним финҷон оби хунук рехт, то ки дурдаи қаҳва такшин шавад. Баъд ду –се бурда нони қоқи яхбаста ва каме лӯбиёро ба дегчааш андохт, ки яхгудоз шаванд.
Сипас ӯ зарфҳояшро аз рӯи бухорӣ гирифта, ба навомадагон имкон дод, ки барои худ хӯрок пазанд. Ӯ болои тушакиҷойхобаш нишаста, сандуқчаи хӯроквориашро пеш кашида, зарфҳояшро болои он гузошт ва хӯрокхӯрон бо марди навомада дар бораи раҳу рӯ ва хулқу хӯи сагон гап зад. Меҳмон ба болои бухорӣ хам шуда, яхи мӯйлабашро об мекард. Баъд бастаиҷойхобашро ба болои кати дуюм, ки холӣ буд, ҳаво дод.
- Агар Шумо иҷозат диҳед, мо ин ҷо мехобем, чунки ба ҳар ҳол соҳиби ин хонаед…
- Барои ман фарқ надорад. Ҳар ду кат ҳам якхелаанд.
Месснер низ ҷойхоби худро тахт кард ва дар як гӯшаи кат нишаст. Меҳмон дар кати хоб ба ҷои болишт ба зери сараш кифи духтуриашро гузошт.
-Менамояд, ки духтуред Шумо?
- Оре, - ҷавоб дод ношинос, - Лекин аз рӯи ростӣ, ман ба Клондайк махсус барои табобат наомадаам.
Зан машғули пухту паз шуд. Ҳамсараш бошад гӯштро реза карда, ба бухорӣ ҳезум мепартофт. Равзанаи хурди хона, ки ба он қоғази равғанолудро ба ҷои шиша часпонда буданд, рӯшании хирае меандохт, аз ин сабаб дар нимторикӣ Ҷон Месснер занро хуб дида наметавонист ва кӯшиш ҳам намекард. Аслан, ҳузури ин занро ҳис намекард. Аммо зан бо кунҷковӣ ва таваҷҷуҳи зиёд ба гӯшае, ки Ҷон нишаста буд, нигоҳ мекард.
- Зиндагӣ дар ин ҷо чӣ хел зебост! –хитоб кард духтур, як лаҳза аз кордтезкунӣ боз истода. – Маро ин чиз хуш меояд, ки дар ин ҷо барои ҳаёт мубориза мебарӣ, рӯзиатро бо дастони худат ҳосил мекунӣ. Ҳама чиз оддӣ ва табиист.
- Бале, хусусан, сармояш табиист, - хандид Месснер.
- Шумо медонед, ҳаво чанд дараҷа аст? – пурсид духтур.
Месснер бо ишораи инкор сар ҷунбонд.
- Агар надонед, ман мегӯям: ҳафтоду чор дараҷа сард аст тибқи ҳароратсанҷи спиртие, ки ман дар чана дорам. Дар ин гуна ҳаво сафар кардан худкушист, - гуфт духтур. -Одам нерӯи зиёд сарф мекунад. Нафас кашидан душвор, хунукӣ ба шуш даромада, ҳуҷайраҳояшро абгор месозад. Месулфад кас – сулфаи хушк, тиккаҳои хунолудро берун меораду баҳори оянда одам аз варами шуш мемирад, вале худ намедонад, ки аз чӣ сабаб мурд. Аз афташ, ман дар ин кулба як ҳафта, ақалан то панҷоҳ дараҷа поин омадани сармо меистам.
- Тереза, ку, як нигоҳ кун, - гуфт духтур ба ҳамсараш муроҷиат карда. - Ба фикрам, қаҳва ҷӯшид.
Номи занро шунидан замон Ҷон Месснер такон хӯрд, ба сӯяш нигарист ва дар чеҳрааш хотираи талхи фаромӯшшудае соя афканду боз эҳё шуд. Дубора дар вуҷудаш осори тамкину оромӣпадид омад, вале ҳушу гӯш ҷониби зан дошт. Торикӣ имкон намедод, ки бонуро дуруст бишиносад.
Зан қаҳваҷӯшро аз рӯи бухорӣ гирифт ва ба сӯи Месснер назаре афканд. Мизбон акнун худро ба даст гирифта, орому сокит буд. Ӯ дар рӯи ҷойхоб хомӯшона бо чеҳраи ҳаяҷоннопазир мокасинҳо (мӯзаҳо)-и худро муоина мекард. Ҳамин ки зан боз машғули пухтупаз шуд, дубора Месснер ба ӯ чашм дӯхт, дар ин вақт зан рӯ ба сӯи ӯ баргардонд ва дар лабонаш писханде падид омад. Бо ин писханд Ҷон маккории занро дарк кард.
Бону аз сандуқи чизу чорааш шамъеро гирифта, онро даргиронд. Ҳоло Месснерро як нигоҳ кифоя буд, то чеҳраи ӯро дар рӯшноӣ тамошо кунад. Зан шамъ дар даст ҷониби Месснер омад ва қасдан рӯшноиро дар муқобили рӯи ӯ дошта, бо чашмони аз тарсу ҳарос боз шуда ба ӯ нигоҳ кард, ӯро шинохт. Месснер оромона ба сӯяш табассум мекард.
- Тереза, дар он ҷо чӣ мекобӣ? – пурсид ҳамсараш.
-Ҳеҷ чиз, - ҷавоб дод зан ва аз Месснер дур шуда, рӯкашиҷойхобро кофтан гирифт.
Зану ҳамсафараш сандуқҳои худро хонтахта карда, худашон дар муқобили Месснер дар болои сандуқи ҷиҳози ӯ нишастанд. Ӯбошад, дастонашро зери сар ниҳода, дар болои ҷойхоб дароз кашида, ба онҳо нигоҳ мекард. Дар ин кулбаи танг чунин менамуд, ки ҳар се дар атрофи як хонтахта нишастаанд.
- Шумо аз кадом шаҳред? – пурсид Месснер.
-Аз Сан – Франсиско, - ҷавоб дод духтур. – Лекин ду сол боз инҷоем.
- Ман аслан аз Калифорнияам, - гуфт Месснер.
Зан бо чашмони зориолуд ба ӯ дида дӯхт. Месснер бо табассуме афзуд:
- Аслам аз Беркли…
Духтур мутаваҷҷеҳ шуд.
- Донишгоҳи Калифорниёро хатм кардаед? – пурсид духтур.
- Бале, аз хатмкардаҳои соли ҳаштоду шашум.
- Ман фикр кардам, ки шумо профессоред. Зоҳири Шумо ба профессорҳо монанд.
-Афсӯс, - табассум кард Месснер пас аз хомӯшии кӯтоҳ.
- Он тавре ки ту ба духтур монанд нестӣ, ӯ ҳам шабоҳате ба профессорҳо надорад, - ба гап ҳамроҳ шуд зан.
- Ташаккур, -гуфт Месснер. Баъд ба ҳамсафари зан муроҷиат кард: -Воқеан, ҷаноби духтур, номатон чист?
- Хейторн...
-Ин кас, албатта, хонум Хейторн…- Месснер табассумкунон таъзиме ба ҷо овард.
Зан сӯи ӯ нигоҳе афканд, ки дар он аз зорӣ дида хашму ғазаб зиёдтар буд.
Хейторн дар навбати худ номи ӯро пурсиданӣ ва лаб ба сухан кушоданӣ буд, ки Месснер боз пешдастӣ кард:
- Шумо, духтур, оё гиреҳи як воқеаро барои ман боз карда метавонед? Ду - се сол пеш дар доираи профессорон ҳодисае рӯй дода буд. Зани кадоме аз онҳо … мебахшед, хонум Хейтрон, думи духтуреро аз Сан – Франсиско гирифта, шавҳарашро партофта гурехта рафт. Номи он духтур дар ёдам нест. Шумо оид ба ин ҳодиса чизе нашунидаед?
Хейтрон тасдиқкунон сар ҷунбонд.
- Ин ҳодиса он вақт боиси гапу калочаи зиёде шуда буд. Он мард Уомбл, Грехэм Уомбл ном дошт, табиби машҳур буд. Ман каме ба ӯ шиносоӣ доштам.
-Баъд намедонам, онҳоро чӣ пеш омад? Шояд шумо ягон хабаре дошта бошед?
- Оре, он мард хеле чобукона, тамоми изу пайҳоро руфта ғайб зад. – Хейторн сулфаи бардурӯғ карда гулӯ равшан намуд. – Мардум овоза карданд, ки ҳардуяшон дар киштии тиҷоратие савор шуда, дар баҳрҳои ҷануб ҳангоми тӯфон ҳалок шудаанд.
- Рости гап, ман аз ин ҳодиса тамоман бехабар будам, - гуфт Месснер.- Шумо, хонум Хейторн, шояд оид ба он ҳодиса чизе дар ёд доред?
- Ҳамаашро нағз дар ёд дорам, - ҷавоб дод зан, вале аз оромии садояш бӯи хашму ғазаб меомад, ки он дар чашмонаш низ ҳувайдо буд. Зан рӯяшро ба дигар тараф гардонд, то ки хашму ғазабашро Хейторн нафаҳмад.
Духтур номи Месснерро пурсиданӣ буд, вале ӯ дубора сухани духтурро бурида, гапашро идома дод:
-Мегӯянд, ки он духтур Уомбл ном дошт, хеле зебо ва дили занони бисёрро рабуда…
- Мумкин, лекин ҳамон ҳодиса Уомблро нобуд кард, -ғурунгос зад Хейторн.
- Аз рӯи шунидам, ҳамон зан, зани баде будааст. Дар Беркли шавҳарашро азоб медодааст.
- Ман ин гапро бори аввал мешунавам, -чунки дар Сан – Франсиско акси ин гапро мегуфтанд.
- Воқеан ин гуна хонумон зан не, балки сӯҳони умр… ҳамин тавр не?
Хейторн бо маънои тасдиқ сар ҷунбонд. Чашмони кабуди Месснер кунҷковона интизори вошудани гиреҳҳои нав буданд.
- Ин ҳама шабеҳи ду рӯи як танга аст. Дар Беркли ман танҳо як рӯи он тангаро дидам. Аз афташ он зан ба Сан – Франсиско бисёр мерафтааст ва рӯи дигарашро он ҷо нишон медодааст, - гуфт Месснер.
-Ба ман каме қаҳва рез, - гуфт Хейторн. Зан дӯлчаи ӯро пур карда, хандаи сохтае намуд ва таъна зад:
-Ба ростӣ, шумоҳо дар ғайбату гапғозӣ аз занҳо ҳам гузарондед.
- Чӣ илоҷ, ғайбат шавқовар аст, бону, - табассум кард ба сӯи зан Месснер ва дубора ба духтур муроҷиат намуд: - Маълум, ки шавҳараш дар Сан- Франсиско он қадар иззату обрӯе надоштааст…
- Баръакс, ӯро инсони хубу хушхулқе мегуфтанд, - пичинг паронд Хейторн. – Аммо одами беҳис ва номеҳрубоне будааст.
-Шумо ӯро мешинохтед?
- Не, ман ӯро аслан надидаам.
- Ин як рӯйи танга аст, - гуфт Месснер оромона, гӯё масъаларо ҳаматарафа муҳокима мекарда бошад.- Он мард он қадар хушрӯҳам набуд, лекин безеб ҳам намшавад гуфт. Ба донишҷӯён аз варзиш тадрис мекард, истеъдоди нависандагӣ ҳам дошт. Асари саҳнавияшро хуб истиқбол карда буданд. Ҳатто декани бахши забони англисӣ интихоб шуд. Баъди ҳамон ҳодиса аз кор истеъфо дода, ба куҷое ғайб зад. Занашро аз ҳад зиёд дӯст медошт…
Хейторн қаҳваашро нӯшида, лоқайдона ғур-ғуркунон тамоку рӯшан кард.
- Хушбахтона, онҳо фарзанд надоштанд, - гапро ғоз дод Месснер.
Хейторн ба бухорӣ нигоҳе афканду кулоҳу дастпӯшакҳояшро пӯшид ва аз ҷо ҷаст:
- Рафта ҳезум биёрам. Ана, баъд мӯзаҳоямро кашида, дам мегирам.
Дар аз паси Хейторн баста шуд. Хонаро сукути дурударозе фаро гирифт. Месснер дар рӯи бистар ёзид. Зан бошад, дар рӯи сандуқча дар муқобили ӯ менишаст.
- Шумо чӣ кор карданиед? – саросема пурсид зан. Месснер бепарво ҷонибаш нигоҳ афканд.
- Ба фикри шумо, чӣ кор кунам? Ин бозии мо то охир давом намекунад. Ҳамин тавр не? Мехоҳам дар кӯрпаи гарму нарм каме дам гирам.
Зан хашмолуд лаб газид.
- Охир… - ва дастонашро бо ҳам сахт фишурда, хомӯш шуд.
- Ба фикрам, Шумо аз дусар намехоҳед, ки ман ҷаноби … чӣ буд… ҳа-а… Хейторнро кушам? – гуфт Месснер маслиҳатомез. -Ин кори ношуданӣ… ба фикрам, лозим ҳам нест.
- Охир, шумо худатон бояд ба хулосае оед! – Хитоб кард зан. –Тасмим ба Шумост.
- Баръакс, ман ҳеч кор карданӣ нестам.
- Аммо дар ҳамин хона монданиед?
Ӯ сар ҷунбонд:
-Оре.
Зан ба хона ва кати ҷойхоби дуюм навмедона назаре афканд ва нолид:
- Ба зудӣ шаб фаро мерасад. Дар як кулбаи танг Шумо бо мо чӣхел мемонед? Ин ҳеҷ мумкин не!
- Чаро мумкин набудааст. Охир, ин хонаро аввал ман ёфтаам. Ман мизбону шумо меҳмон!
Зан дубора ба чор самти ин кулбаи танг чашм давонд ва ҳамин ки нигоҳаш ба ҷойхоби тахти дуюм дармонд, дар вуҷудаш ҳаросе афтод.
-Ин тавр бошад, ҳардуи мо меравем, -эълом дошт ӯ бо қатъият.
- Рафтани худи Шумо аз эҳтимол дур аст. Шумо месулфед, он сулфаи хушку хатарноке, ки дар борааш ҷаноби… номаш чӣбуд… ҳа – ҳа… Хейторн гуфта буд. Шуши Шуморо каме шамол задааст. Хейторн табиб аст – ку, инро хуб медонад. Шояд Шуморо дар ин сармо рафтан намонад.
- Пас, Шумо чӣ кор мекунед? – пурсид зан бо овози ларзон.
Дар чеҳраи Месснер тамкину сабр ва оромии сохтае ҳувайдо буд.
-Терезаи азиз, ман гуфтам-ку, ҳоло ба ягон қарор наомадаам.
- Э, худо-е, шумо маро девона мекунед! – аз рӯи сандуқ ҷаҳида хест Тереза ва бо хашми оҷизонае даст афшонд. -Шумо пештар ин гуна одам набудед-ку!
- Бале, ман инсони ҳалиму меҳрубоне будам. Барои ҳамин хислатҳоям Шумо маро партофта рафтед-а?
- Тамоман тағйир ёфтаед Шумо! Аҷаб сабру тамкини бераҳмона! Чӣ оромии ваҳшатзо! Ман аз шумо метарсам! Дилам гувоҳӣмедиҳад, ки нияти баде доред. Одам ин хел бадқаҳру бадкина намешавад, ҷаноб, ақлатонро кор фармоед…
- Аз он рӯзе, ки Шумо маро партофта рафтед… - сухани ӯро бурид Месснер, - ман дигар ғазаболуду хашмгин нестам.
- На, Шумо тамоман тағйир ёфтаед!
Месснер ба нишони ризоят табассуме кард.
-То ба ягон қарор омадани ман Шумо ҷаноби Хейторнро аз воқеа хабар кунед. Кӣ будани маро ба ӯ фаҳмонед. Агар ӯ аз ҳақиқат огоҳ шавад, дар ин хона фазои озодтару бетакаллуфе пеш хоҳад омад.
-Чаро Шумо аз дунболи ман ба ин кишвари хатарнок омадед?! – Пурсид зан якбора.
- На, ман ба ҷустуҷӯи Шумо наомадаам. Шумо ин боди ғуруратонро аз сар берун кунед. Вохӯрии ману Шумо тасодуфи маҳз аст. Аз кору бори донишгоҳ даст кашида, ба ягон кор бояд саргарм мешудам. Росташро гӯям, ба Клондайк омадани ман ба хотири он аст, ки дар ин ҷо эҳтимоли ба Шумо вохӯрдан камтар буд.
Садои занҷири дар баланд шуду Хейторн бо як бағал шохаи хушк ба хона ворид гашт. Бо шунидани садои пойҳои ӯ Тереза бардурӯғ худро машғули ҷамъоварии зарфҳо сохт. Хейторн дубора барои ҳезум рафт.
- Барои чӣ маро бо ӯ муаррифӣ накардед? – пурсид Месснер.
- Ман ӯро, билохира, мефаҳмонам, - таъкид кард ӯ. -Гумон накунед, ки аз ӯ метарсам.
- Ҳа медонам, Шумо аз касе ва аз чизе наметарсед.
- Ман ҳатто аз тавбаву талаби омурзиш ҳам наметарсам, - гуфт зан.
Дар чеҳраи ӯ осори нармию мулоимат ва дар гуфтораш лаҳни меҳрубононае ҳис карда мешуд.
- Метарсам, ки ин тавбаю тазарруъи Шумо низ риёе беш набошад.
- Ин қадар адабгуфторӣ накунед, - пичирос зад зан бо садое, ки аз он бӯи навозишу меҳр меомад. -Ман дигар гӯши панду насиҳатшунавӣ надорам. Ҳатто тайёрам, ки аз Шумо талаби бахшиши гуноҳ кунам.
- Ба ростӣ, ҳамаашро кайҳо фаромӯш кардаам, ҳоҷат ба тавбаю зораи Шумо нест. Баръакс, ман бояд аз Шумо сипосгузор бошам. Аввалҳо азоб мекашидам, аммо баъд ба мисли нафаси гармуҷонбахши баҳор бахту саодат дили пажмурдаи маро зинда кард. Хандаи бахт мегӯянд инро.
- Дубора ба сӯятон баргардам-чӣ?
- Ин кор, - бо хандаи айёрона ба зан нигоҳ кард Месснер, - маро аз нав дучори ташвишу тараддуди калоне мекунад.
-Ман ҳанӯз зани шумоям. Ҷудоии моро ҳоло қонунӣ накардаед?
- Оре. Ҳамааш айби бепарвоии ман. Аммо ин дафъа ба хона расидан замон ба ин кор машғул мешавам.
Зан ба мард наздик шуд ва дастонашро ба рӯи китфони ӯ гузошт.
- Ҷон, Шумо маро пазмон нашудед? - Садояш нарм буду дастонаш китфони мардро навозиш мекарданд. – Агар бигӯям, ки ман хато кардам? Агар гӯям, ки ман бадбахтам? Ҳаққонӣ ман ба хатои худ иқрорам… Шумо…
Тарсу ҳароси мубҳаме дар дили Месснер оташ афканд. Ӯ ҳис намуд, ки меҳрубониву навозишҳои бону ӯро суст мекунад. Худро аз даст дода, мутеи хоҳишҳои ин зан гашта буд. Чашмони саршори меҳру муҳаббати зан ба сӯяш медурахшиданд ва иродаю матонати ӯ мисли барф об мешуд. Ӯ худро дар лаби ҷар медид ва ба он қуввае, ки ӯро тела медод, муқовимат карда наметавонист.
- Ман дубора ба сӯи ту бармегардам, Ҷон! Бармегардам, имрӯз ҳамин, … ҳамин соат.
Мисли он ки аз хоби гарон мехеста бошад, Месснер кӯшиши аз итоати ин дастҳо баромаданро кард. Ба назараш чунин намуд, ки суруди фиребо ва афсунгари Лорелайро[2] мешунавад. Гӯё дар куҷоҳое роял менавохтанду навои он марҳами ҷонаш мешуд.
Зан дар рӯи бистар ӯро оғӯш карданӣ буд, ки ӯ аз ҷояш парида хест ва занро тела дода, ба сӯи дар рафт. Ӯ мурданивор тарсида буд.
-Ман худамро дошта натавонистам! – дод зад ӯ.
-Ман ба Шумо таъкид кардам – ку, худро ба даст гиред. -Зан хандаи тамасхуромезе карда, дубора ба зарфшӯӣ оғозид. – Шумо ба кӣ даркоред? Ман ҳамту шӯхӣ кардам. Дониста монед, ки ман бо ӯ хушбахтам!
Лекин Месснер ба сухани ӯ бовар накард. Ба ёд овард, ки ин зан мисли бӯқаламун дар як лаҳза ба сад ранг мегрдад. Ҳозир ҳам айнан ҳамин ҳолат пеш омад. Месснер бешуурона аз дастаки дар қапида, рафтанӣ шуд.
- Нагурезед, - хандид зан, - ман Шуморо намехӯрам.
- Ман ҳам гурехтанӣ не, - мисли бачаҳо оташин шуда, ҷавоб дод Месснер ва дастакҳояшро пӯшид. - Ман барои об меравам.
Ӯ сатили холиро гирифта, дарро кушод ва ба зан рӯ овард:
- Фаромӯш накунед, ба ҷаноби Хейторн кӣ будани маро фаҳмонед.
Месснер қаймоқаки яхро, ки дар як соат дубора чоҳро маҳкам карда буд, ба мушташ зада кафонд ва сатилро пури об карда, дар пайроҳа гузошт. Барои он ки хунук нахӯрад, ин сӯву он сӯ қадам зад. Сармо баданро мисли оташ месӯзонд. Дар ин муддат, ки чину ожангҳои пешонааш ҳамвор ва дар чеҳрааш низ ифодаи қатъият ҳувайдо гашт, ришаш аз қирав сап–сафед шуд. Ба қарори ҷиддӣ омада буд Месснер. Лабони яхбастааш писхандро пинҳон медоштанд. Ӯ сатили обро, ки кайҳо рӯ- рӯ ях карда буд, бардошта, ҷониби хона равона шуд.
Ҷон Месснер дарро кушод ва дид, ки духтур бо ваҷоҳати гирифтаю ғазаболуд назди бухорӣ рост истодааст. Месснер сатилро ба рӯи фарш гузошт.
-Аз шиносоӣ ба шумо шодам, ҷаноби Трехэм Уомбл! - Ба таври мутантан, гӯё нав онҳоро ба ҳам шиносонда бошанд, садо кард Месснер.
Ӯ ба Уомбл даст дароз накард. Вай бошад, ноором дар як пай пойҳояшро гирумон мекард. Дар дилаш нисбати Месснер адоват аланга мезад.
-Менамояд, ки ҳамон одам Шумоед, - гуфт Месснер бо таҳайюри бардурӯғ.- Хайр- хайр, …Ба ростӣ, ман аз дидоратон шодам. Ҳамин қадар вақт як ҳисси кунҷковӣ, маро ҳеҷ ором намегузошт: Тереза ҳамроҳи кӣ фирор карда бошад? Ҳай, ҳай… ҳай…
Месснер, гӯё асперо муоина мекарда бошад, саропои Уомблро бо нигоҳаш пармосид.
-Ман фикру зикр ва ҳиссиёти Шуморо нисбати худам дарк мекунам… - ғурунгид Уомбл.
- Оҳ, ин кирои гап намекунад, – сухани ӯро бурид Месснер бо самимияти сохтае. – Ҳоҷати гап нест! Фақат ҳаминро донистаниям, ки Шумо дар бораи Тереза чӣ фикр доред? Ба муроду мақсадатон расидед? Маъқул шуд, ё …? Зиндагиатон мисли қанду асал ширин аст?
- Бас кунед, ин суханони аҳмақонаро! – дод зад Тереза.
-Ман як одами одиям, ҳар чӣ ба сарам ояд, мегӯям! -Бо садои ғамомез гуфт Месснер.
-Ман аз Шумо талаб мекунам, ҳадди худро шиносед! - Хитоб кард Уомбл.- Мо ҳамин чизро донистанием, ки Шумо ниҳоят ба чӣ қарор омадед?
Месснер ба оҷизии бардурӯғ дастонашро ба ду тараф кушод.
-Ба ростӣ, ман чӣ кор карданамро намедонам. Ин аз он қабил ҳолатҳои душворест, ки кас роҳи ҳаллашро ёфта наметавонад.
- Дониста монед, ки ин шабро мо, секаса дар ин кулбаи танг рӯз карда наметавонем.
Месснер бо ишораи ризоият сар ҷунбонд.
-Яке аз мо бояд равад, -амр кард Уомбл.
- Бошад, - гӯё розӣ шуд Месснер. -Агар се кас дар ин кулбаи танг нағунҷанд, бояд яке ин ҷоро тарк гӯяд.
- Ба фикрам, бояд Шумо равед, - бо малоли хотир хитоб кард Уомбл. -То истгоҳи оянда даҳ мил аст. Шумо ин масофаро як илоҷ карда, тай мекунед.
-Ана, ин хатои аввалини Шумост, - норозӣ шуд Месснер. – Барои чӣ маҳз ман мерафтаам? Аввалин шуда ин хонаро ман ёфтаам-ку!
- Охир, Тереза рафта наметавонад, -гуфт Уомбл.- Шуши ӯшамолзадааст.
-Тамоман ба фикри Шумо розиям, ҷаноб. Дар ин гуна сармо даҳ мил роҳ гашта наметавонад. Ҳатман ӯ бояд бимонад.
Месснер дубора гулӯ равшан кард:
- Ба фикрам, шуши Шумо сиҳат аст, ҳамту не?
-Ҳа. Бо ин гапатон чӣ мехоҳед? – гуфт Уомбл.
Месснер боз сурфид гӯё ҳар калимаро фикр мекарда бошад, оҳиста ба сухан даромад:
-Бисёр хуб… ана Шумо марҳамат карда, даҳ мили гуфтагиатонро тамошокунон тай мекунед.
Уомбл ба Тереза нигоҳи шубаҳаноке афканд ва дар чашмони ӯшарораи таҳайюри шодиомезеро хонд.
- Ту чӣ мегӯӣ? – пурсид ӯ.
Зан дудила шуда, чӣ гуфтанашро намедонист ва чеҳраи Уомбл аз қаҳру ғазаб тирагун шуд. Ӯ ба Месснер рӯ овард:
-Бас! Дар ин хона мондани Шумо мумкин нест?
-Не, мумкин аст.
-Ман намегузорам! – Уомбл бо таҳдиди ҷиддӣ китфҳояшроҷунбонд.
-Ман ба ҳеҷ ваҷҳ аз ин ҷо намеравам, - истодагарӣ мекард Месснер.
- Ман бошам, Шуморо ба берун ҳаво медиҳам!
-Аммо ман гашта медароям.
Уомбл, барои он ки худро каме ба даст гирад, хомӯш монд. Баъд бо овози пасту гирифта, оромона афзуд:
-Гӯш кунед, Месснер, агар ба зудӣ аз ин ҷо наравед, Шуморо чунон занам, ки ... Ин ҷо Калифорниё не! Ана, бо ин муштҳо зада, қима-қима мекунам.
Месснер китф дарҳам кашид. Баъд тӯфид:
-Агар ҳамин тавр зӯригарӣ кардан гиред, ман дӯстони тилоковамро амр мекунам, Шуморо ба дарахт овезанд! Рост гуфтед, мо дар Калифорниё нестем. Аммо ҷӯяндагони тило мардуми одиянд, ҳамин кифоя аст, ки як нишонаи хурдакаки зарбу латро ба онҳо нишон диҳам ва аз асли воқеа онҳоро огоҳ сохта, даъвои зани қонунии худро матраҳ созам!
Зан мехост чизе гӯяд, вале Уомбл ваҳшиёна ба сараш дод зад:
-Кордор нашав!
Оҳанги сухани Месснер тамоман дигаргун гашт:
- Илтимос, Тереза, ба мо халал нарасонед!
Аз шиддати ғазаб ва аз зӯрии ҳаяҷон зан сахт сулфид. Рӯяш сурх шуд. Ӯ дастонашро ба сари синааш пахш карда, мунтазир буд, ки сурфа кай меистад.
Уомбл бо чеҳраи гирифта чашм ба замин ва гӯш ба сурфаи зан андохт ва гуфт:
- Ба ягон хулоса омадан лозим. Шуши ӯ тоқати сарморо надорад ва то ҳаво гармтар нашавад, ӯ аз ин ҷо ҷунбида наметавонад. Аммо камина ӯро ба ҳеҷ ваҷҳ ба Шумо доданӣ нестам.
Месснер сулҳхоҳона сулфид, баъд ба идомаи баҳс пардохт:
- Ба ман пул лозим… Мефаҳмед, пул!
Дар чеҳраи Уомбл ифодаи танаффур ҳувайдо гашт. Ана, акнун қурбу манзалати Месснер ба хоки раҳ баробар шуд. Ӯ разолату пастии худро нишон дод-а…!
Аммо Месснер ҳанӯз раҷазхониро давом медод:
-Шумо як халтаи пурреги тило доред, ман онро вақти аз чана бор холӣ карданатон дида будам… Ҳа, Шумо…
- Хуб, чӣ қадар мехоҳед? – пурсид Уомбл, ки аз садову чеҳрааш борони нафрат меборид.
-Халтаи Шуморо бист фунт тахмин кардам. Аммо ман чор ҳазор мехоҳам, Шумо ба ин чӣ мегӯед?
-Охир ҳамаи буду шуду дороии банда ҳамин қадар аст! – Дод зад Уомбл.
-Э-ҳа! Дороии Шумо Тереза аст, -гӯё ӯро ором карданӣ шуд Месснер. –Магар бону ба ин пулҳо намеарзад? Фикр намекунед, ки ман аз чӣ дурдонае даст мекашам-а? Ростӣ, чандон гарон нагуфтаам...
-Хайр, майлаш! – Уомбл ба сари халтаи тило омад.- Биёед, ин корро барвақттар тамом кунем. Эҳ, Шумо!... Одами паст! Разил!
-Ана, дар ин маврид Шумо ноҳақ, - бо писханде эътироз кард Месснер.- Магар аз нигоҳи одобу ахлоқ ришвахор аз ришвадеҳ бартарӣ дорад? Касе, ки дуздидаро пинҳон мекунад, разилтар аз дузд аст! Ҳамин тавр не?
- Бало ба паси Шумою ахлоқатон! – дод зад Уомбл.- Ин ҷо биёеду бинед, ман тилоро бармекашам. Боз мабодо шуморо фиреб надиҳам…
Зан ба болишт такя карда, бо хашму ғазаби заифона доду ситади онҳоро назора мекард. Оваҳ! Қимати занро дар тарозу гузошта, бармекашанд! Месснер бо чашмони боз гирумони тарозудорро муоина менамуд.
-Ин тило сернуқра будааст, - ғурунгос зад Месснер, дар ҳоле ки даҳони халтаро мебаст. Ба фикрам, сеякаш нуқра. Шумо маро андаке фиреб додед.
Месснер халтаро ба ҳавас бардошта, бо эҳтиёте, ки шоистаи бори қиматбаҳост, ба чана бурда монд. Дубора баргашта, чизу чораашро ҷамъ кард ва дари сандуқи хӯроквориро бастуҷойхобашро печонд. Борҳояшро ҷо ба ҷо карда, сагҳои зоҳиран норозиро ба чана баст. Сипас дубора ба хона барои дастпӯшакҳояш даромад.
-Хайр, Тереза! – гуфт ӯ дар остонаи дар.
Зан рӯ ба сӯи ӯ гардонд, чизе гуфтанӣ буд, лекин ғалаёни хашму ғазаберо, ки дар дилаш меҷӯшид, ба сухан баён карда натавонист.
- Хайр, Тереза! – дубора пастакак такрор кард мард.
-Палид! -Дар охир дилашро холӣ кард зан ва боз каломи дигаре афзуд: -Ҳайвонҳо! Эҳ, ҳайвонҳо!
Ҷон Месснер аз паси ӯ оҳиста дарро пӯшид ва ба роҳ баромаду бо камоли мамнуният охирин бор сӯи кулба нигоҳе афканд. Аз соҳил ба поён фуромада, чанаро дар назди чола нигоҳ дошт ва халтаи тилоро аз зери борҳо берун овард. Обро қабати тунуки ях маҳкам карда буд. Ӯ бо мушт яхро зада шикаст, гиреҳи халтаро бо дандонҳояш боз ва онро ба даруни сӯрохӣ холӣнамуд. Дарё он ҷо чандон жарф ҳам ҳам набуд. Чор ваҷаб поинтар дар зери об тилоҳои рехтаи Ҷон Месснер дар рӯшноии хираи уфуқ ҷило медоданд. Ҷон дар сӯрох туф кард. Баъд сагҳояшро ба рӯи дарёи яхбастаи Юкон ба ҳаракат даровард.Ҷонварҳо норозиёна аккосзанон медавиданд. Ҷон бо дасти росташ лаҷомро сахт дошта, бо дасти чапаш рӯю биниашро мемолид. Дар баргаште пояш ба чӯби чана расид.
-Ба пеш, каҷпоён! - фарёд кард ӯ. –Ку, ба пеш, ба пеш!
Тарҷумаи Назар ОДИНА.
(ҳикоя)
Вақти нисфирӯз буду офтоби тобон аз домани тафсони худ сели анвори сӯзонашро бераҳмона ба сару рӯ мезад. Шодӣ пас аз қафо андохтани роҳи дурударози шаҳр дар истгоҳи деҳа пиёда шуда, ба самти боло вазнин-вазнин қадам мешумурд. Аз ниҳояти даввонаи гармо илоҷи сар бардоштан надошт, ҳатто нафасгирӣ мушкил буд. Гӯё боди мулоиму рӯҳбахше, ки ҳамеша таҳу болои деҳаи дӯстдоштаашро навозиш мекард, имрӯз бо маъшуқаи худ қаҳрӣ аст, намехоҳад дар рӯ ба рӯйи дамои сӯзони саратон истодагарӣ кунад. Бо ин ҳол, Шодӣ саъй кард ҳар чи зудтар аз доми ҳавои диму гирифта ва пардаи хомӯшии ба сари деҳа нишаста раҳоӣ ёфта, хешро ба манзили падарӣ расонад. Бо як таҳрики ботинӣ, аз даҳону бинӣ нафаскашон қадаммониашро тезтар кард.
Лаҳзае, ки Шодӣ ба ҳавлӣ даромад, наметавонист чашм боз кунад, гӯё пӯсти рӯю дастҳои виғидааш гард шуда мерехтанд, зери пираҳану шалвор бошад, шип-шилта тар буд, аз чаккаҳои рӯяш низ беист арақи сӯзноки бадан мешорид. Баробари ба дари даромад наздик шудан садо дардод:
– Саидҷон!
Ҳанӯз чашмонашро накушода, дарро ба рӯяш кадбонуи хона боз кард. Аз паси ӯ сару дӯши бародараш низ намудор шуд. Меҳмонро дида ҳар ду мисли гул шукуфта рафтанд, бо ҳаяҷону хурсандии беҳад бағал кушоданд. Ҳамзамон аз дохили хона боди салқини ҷонбахш ба сару димоғ зад, Шодӣ аз танӯри оташзо худро ба дарун гирифта, нафаси роҳат кашид ва гарму ҷӯшон бо азизон мулоқот кард. Ҳамин ки вориди хонаи ҷойинишаст шуданд, писару духтари Саидҷон низ худро ба оғӯши амак андохтанд. Ба назар мерасид, омадани ӯро касе интизор набуд ва ногаҳон пайдо шуданаш мисли хуршеде буд, ки на нурҳои ҷонгир, балки гармии рӯҳбахше ба фазои манзили бародар илқо мекард. Саидҷон , ки дар деҳа хонаи падариро чароғбон аст, ҳамроҳи фарзандон ӯро ба кунҷи хона гузаронд...
Шодӣ субҳи зуд по шуда ба роҳ баромада буд. Бар замми он ки мошинҳоро ивазкунон хастаю кӯфта то деҳа расид, шикамаш низ нақора менавохт. Ҳарчанд чою нон мехӯрданд, гуруснагиаш рафъ намешуд, дилаш ба ғизои бақувваттар кашол буд. Мехост ба ҳамсари бародар арзи дил кунад, аммо ба ин азмаш бо пайдо шудани хоҳари азиз ҳоҷат намонд. Онҳо якто хоҳар доранд, ки ҳамсояи наздики Саидҷон аст ва ҳоло ҳам ӯ бехабар аз ҳама чиз, дар сар табақи латтапече ба хона даромада омад. Чун бародари шаҳриро дид, бо як дилхушии бемонанд, дар ҳоле ки аз чашмонаш нур мебориду чеҳрааш бо лабханди базеб оро меёфт, ба сӯйи ҷигаргӯша бағал кушод. Дубора сӯҳбати ширини пайвандон қӯр гирифт. Хурсандии хоҳар бошад, аз ҳама бештар буд, ӯ дар идомаи сӯҳбат бо хушҳолӣ ба гап даромад:
– Ман имрӯз дониста нону чалпак пухтаам, – ва ба зани бародар рӯ оварда хоҳиш кард: – янгаҷон, агар заҳмат набошад, табақи маро дароз кунед.
Вақте ки хоҳар латтаашро боз мекард, ҳама ба ҳаракатҳои ӯ ва дастпухтҳое, ки оварда буд, чашм медӯхтанд. Дар ин миён Шодӣ бетоқат шуд, ӯ дигар сабру қарорро аз даст дода, беихтиёр ёзиду як нони баширро, ки ҳанӯз ҳавраш мебаромад, ба даст гирифт. Нонро бо эҳтиёт ба чашмони нимпӯшшудааш расонд, мисли як кӯкнорие бо кайфи беинтиҳо онро бӯй кашид, ду-се бор аз рӯйи сурхгуну гарм бӯса бардошт. Ҳама нишастагон ҳолату амалҳои ӯро дида тааҷҷуб карданд, ҳеҷ кас ба гӯшаи хаёл наоварда буд, ки бародар то ин дараҷа нони баширро пазмон шудааст. Ба хусус, вақте ки дар ду гӯшаи чашмони Шодӣ ашк ҳалқа зад, ҳама ба шигифт омаданд. Касе ҳарф намезад, хомӯшие ҳукмрон шуд, ки худ аз бародари ба риққат омада арзи ҳол талаб мекард, дидаҳо бо ин умед роҳ гузиданд.
– Агар хато накунам, сӣ сол аз миён мегузарад, ки он замон ману ду додарам – Хоксору Сахидод дар як вақт донишҷӯ будем, – ҳарфҳояшро чида-чида ба сухан даромад Шодӣ. – Барои падару модаре, ки се хӯранда дар хонаву се донишҷӯ дар шаҳр доштанд, таъмини хӯрду хӯроку либосворӣ ва дигар моеҳтоҷи зиндагӣ хеле сахт буд. Ман ин ҳолро хуб дарк мекардам ва чун калонтар аз додаронам будам, пайваста сари он меандешидам, ки маоши донишҷӯйиро аз моҳ ба моҳ расонему аз моҳонаи падар, ки он ҳамагӣ сад сӯм буд, умедвор нашавем. Раҳматӣ падарам бо вуҷуди неюнестони ман гоҳ-гоҳ пул мефиристоданд ва таъин мекарданд, ки ман агар бепул ҳам монам, қарз нагирам. “Қарз баракаи зиндагиро мепаронад, – мегуфтанд қиблагоҳам, – дидӣ, ки пулат кам мондааст, ба худам хабар кун, мо дар қишлоқ як роҳашро меёбем...”. Боре маҷбур шудам дар рӯзҳои сармои зимистон ба худаму Хоксор ду ҷуфт кафши гарм ва ба Сахидод ҳам як ҷемпер харид кунам. Азбаски тамоми пасандозамро харҷ намуда будам ва то гирифтани маоши донишҷӯйӣ ҳанӯз як ҳафта бештар вақт буд, бепулӣ маро ба ҳолати ногувор андохт. Ба харҷи хона ҷуз нону чой дигар чизе нахаридем, ҳар рӯз ба додаронам сию панҷ тинӣ медодам, ки дар ошхонаи донишгоҳ сарфи наҳор кунанд. То рӯзи якшанбе кисаам холии холӣ шуд. Боз се-чор рӯзи дигар мебоист тоқат кунем, вале чӣ хел? Ҳамон рӯзи таътил додаронро гирифтаму ба истгоҳи роҳи оҳан рафтам, бошад ки коре ёбему имрори маош кунем. Ба бахти мо, ду вагони картошка ба истгоҳ омада будааст. Масъули борҳо розӣ шуд, ки ба ивази бист сӯм ҳар ду вагонро холӣ кунем. Ҳамоно ба кор часпидем, додарон дукаса халтаи картошкаро бардошта ба лаби вагон меоварданд ва ман онро ба дӯш гирифта онсӯтар бурда дармечидам. Чоштгоҳ шуд, нисфирӯз омада гузашт, аср ҳам фаро расид ва ниҳоят, сурхии офтоб аз байн рафту мо корамонро адо кардем. Дар ҳоле, ки худамон ҳам обу адо шуда будем, бо сару сурати сиёҳу чиркин, пойкашолу дилбеҳузур ба коргоҳи масъули бор рафтем. Аммо, бо чӣ забон гӯям, он марди корфармо дар ҷояш набуд, нигаҳбон гуфт, ки ҳаққамонро фардо медодааст. Чорае ҷуз сари итоат надоштем, димоғсӯхта роҳи хонаро пеш гирифтем. Бештар аз се истгоҳи автобус пиёда омадем ва то ба манзил расидем, дигар на дармон доштему на мадори ба по рост истодан. Ҳар се баробар худро ба рӯйи намад афкандем. Аз гуруснагӣ на фақат шикамҳо қулдуррос мезад, ҳатто дилҳоямон беҷо шуда қай карданӣ мешудем, вале чизе набуд, ки берун ояд. Чанд муддат дароз кашида ҳис кардам, ки каме ба худ омадаам, аз ҷо хестам. Чашмам ба додаронам афтид, ҳар ду ҳоли табоҳ доштанд, ба хусус, Сахидод ду пояшро аз зону ба шикам ҷамъ карда, сарашро бо чашмони пӯшида ба даруни гиребон кашида буд ва дастонашро маҳкам ба рӯйи сандуқи дил часпонда дарақ-дарақ меларзид. “Дигар чорае надорам, аз амакам қарз мегирам”, гуфтам зери лаб ва аз тиреза ба берун чашм дӯхтам. Ҳамин нигоҳ карданам буду дар ҳавлӣ, аз миёни чодари торикӣ, ки базӯр бо як чароғ равшан мешуд, симои касеро дидам. Ӯ якрост ба назди тиреза омада пурсишомез овоз дод: “Шодӣ?!” Ин овози дӯстам Сафо буд, ӯ аз деҳа меомад. Он лаҳза, худам медонаму Худо, як он бол баровардам ва чун кабӯтар ба сӯяш “паридам”. Сафоро дар оғӯш гирифта раҳо намекардам, дар назарам Бобои Хизр буду ба мо ҷон ато мекард. Дӯстам раҳоварде бо худ дошт, ки аз деҳа модарам додаанд. Медонед, чӣ? Нони башир! Оре, нони башире, ки он лаҳза барои ману додаронам ширинтар аз сад кулча ҳалвою лазизтар аз сад ман асал буд! Пас аз сер шудан дидам, ки модарҷонам дар канори талқони себу як баста набот номае низ навиштаанд ва ин суханҳояшон дар хотирам нақш бастааст: “Фикр накун ин сӣ сӯмакро аз пули дадоят гирифтаам, чунки медонам ту намехоҳӣ ба мо мушкилӣ афтад. Ин пул аз меҳнати худам аст, дар ивази намадпазию гилембофиҳоям ғун кардаам, бо додаракот ҳар чи дилатон хоҳад, харида хуред. Ман шумоёнро дуо мекунам...”.

Шодӣ аз нақл бозистод. Гиря гулугираш карда буд магар, бо сари хам нони башири хоҳарро пора-пора карду ба рӯйи дастархон гузошт ва як тикаи онро ба даҳан бурд. Ҳама нишастагон як он ба пораҳои нон даст дароз карданд. Хоҳар мехост чизе гӯяд, аммо чашмони ӯ низ кӯл-кӯли об буданду гулуяш дар банд шуда ки, ёрои ҳарф задан надошт...
ЧОРМАҒЗИ ҶОНСАХТ
Дарахти чормағз ҳосили зиёде кард. Байни онҳо як Чормағзеи ҷонсахте буд. Вай пӯсту пӯчоқ ва думчаи ғафсе дошт. Бо гузашти рӯзҳо ҳосили чормағз пухт. Соҳиби боғ он дарахти чормағзро ба ходаи дарозе афшонд, вале он чормағз ба замин нарехт.
Ҳаво хунук гашта, шамолҳои тунду тез вазид. Вале зӯри шамол ҳам ба он Чормағзи ҷонсахт нарасид. Баргҳо тамоман рехта, дарахти чормағз урён гашт. Он Чормағзи ҷонсахт дар шохи дарахт яккаву танҳо монд.

Дар ҳавои сарди тирамоҳ паррандаҳо аз гуруснагӣ худро ба чор тараф мезаданд. Ҳангоми парвоз чашми зоғи сиёҳе ба ҳамон Чормағзи ҷонсахти болои дарахт афтод. Вай аз роҳи парвозаш бозгашта, ба ҳамон навдаи дарахти чормағз омада нишаст. Нахӯрда, ба мағзи ширини серравғани чормағз оби даҳонаш шорид. Зоғ онро аз мағзи пӯсти чоркафонаш ҷудо карда, ба даҳонаш гирифт ва парида ба болои симчӯб омада нишаст. Чормағзи ҷонсахтро байни панҷаҳои пойи росташ дошта, бо минқораш зада шикастанӣ шуд. Чормағз тарсону ларзон ба илтиҷо даромад:
− Зоғҷон, маро нахӯр! Мон, ман ба замин афтода, сабз шуда бароям. Як – ду сол нагузашта, калон мешавам. Баъд ҳосил мекунам. Он гоҳ ба ҷойи як чормағз даҳҳо чормағз мехӯрӣ.
− Не! Тоқати интизорӣ надорам. Ман гурусна ҳастам, туро худи ҳозир мехӯрам, – гуфт зоғи сиёҳ.
− Ба ҷони ҷавонам, раҳм кун, зоғҷон. Чашмгуруснагӣ хуб нест. Ҳеҷ гоҳ худбинҳо ба мақсад намерасанд, − ба гиря даромад Чормағзи ҷонсахт.
Вале зоғи сиёҳ ба зориву тавалло ва гиряи Чормағзи ҷонсахти бечора эътиборе надода, сарашро боло кард ва бо шаст ба чормағз минқор зад. Нӯлаш саҳл хато хӯрд, ки зарбаи нӯлаш ба паҳлӯи Чормағзи ҷонсахт расид. Аз зарбаи сахт чормағз аз байни панҷаҳои пойи зоғ ғеҷида ба замин афтод. Пӯсти танааш, ки ғафс буд, нашикаст.
Зоғи ало ҳарчанд кофт, Чормағзи ҷонсахтро ёфта натавонист. Ноумед шуда боз ба парвоз даромад ва аз пайи ҷустуҷӯйи тӯъмаи дигар рафт.
Симчӯб, ки дар қади роҳ буд, аз он ҷо одамони зиёде мегузаштанд. Чормағз даруни кӯлмаки зери симчӯб афтода буд ва дар рӯйи об ба чор тараф шино мекард. Аз даруни об ними болояш, ки менамуд, касе эътибор намедод. Вале чашми тези писараке, ки бо ҷӯраҳояш аз мактаб меомад, ба он афтод. Вай Чормағзи ҷонсахтро аз даруни об гирифта, номаълум ба киссааш андохт, ки баъд мазза кард мехӯрад. Ҷӯраҳояш раҳораҳ ба ҳар тараф – ба хонаҳои худ рафтанд. Писарак танҳо монд. Ба хонаашон нарасида, чормағзро хӯрданӣ шуд. Ба таги пояш монда, ду–се сол лагад зад. Аммо Чормағзи ҷонсахт нашикаст ва ба зорӣ даромад:
− Эй писараки нағз! Маро нахӯр. Ба замин корӣ, неш зада бароям, ана баъд, ҳар сол ҷувол – ҷувол чормағз мехӯрӣ.
− Не! – якравӣ кард писарак. – Чормағз барои хӯрдан аст. Аз мактаб гурусна монда омадам.
− Чашмгуруснагӣ накун, − гиряомез гуфт Чормағзи ҷонсахт. – Бо хӯрдани як худи ман сер намешавӣ. Каме тоқат кун, ҳозир ба хонаатон равӣ, хӯрокҳои тайёркардаи модаратро ҳузур карда мехӯриву ишкамат сер мешавад. Шахсони бахилу якрав ҳаргиз ба мақсад намерасанд.
Вале писарак ба зориву таваллои Чормағзи ҷонсахт эътиборе надод. Ба чор тараф нигарист, ки санге ёбаду чормағзро шиканад. Мутаассифона чашмаш ба санге наафтод. Чӣ кор караднашро надониста, чормағзро ба девор зада шикастанӣ шуд. Бо ҳамин мақсад қулоч кашида, Чормағзи ҷонсахтро ба сӯйи девор ғурронд. Вақти паррондан Чормағзи ҷонсахт тоб хӯрда, самти ҳаракаташро дигар кард ва аз болои девор гузашта, ба даруни боғе рафта афтод.
Дар боғ Мушаке хона дошт. Вай ҳангоми ҷустуҷӯйи хӯрокие Чормағзи ҷонсахтро дид. Хост нӯши ҷон кунад.
− Мушак, Мушак, илтимос, маро нахӯр, − гуфт Чормағз. –Мон, даруни боғ ман сабзида калон шавам, ана баъд на танҳо худат, ҳатто хешу табор ва фарзандонат ҳам баҳраманд мешаванд.
− Не, мехӯрам!
− Гурусначашмон ба мақсад намерасанд.
− Мақсади ман − хӯрдани ту! – гӯён Мушак хуб зӯр зад, ки чормағзро шикаста хӯрад, вале дандонҳояш нагузаштанд. «Хайр, − худ ба худ андешид Мушак. –Ҳозир ман сер. Захира карда монам, баъдтар мехӯрам». Мушак Чормағзи ҷонсахтро ба хонааш кашола кард.
Оби барфу борони фаслҳои тирамоҳу зимистон ба мушхона даромад. Чормағзи ҷонсахт тар шуд. Пӯсташ ёзид. Мағзаш варам кард ва пӯчоқашро кафонда, неш зада, аз замин баромад.
Боғбон ниҳоли наврустаи Чормағзро дида, каландро овард. Ниҳоли Чормағзи ҷонсахт тарсону ларзон ба тақдираш тан дод. Зоғи ало, Писарак ва Мушакро ба ёд оварда, зориву тавалло накард, ки фоида надорад. Аммо боғбон онро беозор бо хоку бехаки канда, ба ҷойи хубтаре бурда шинонд.
Аз ин кори боғбон ниҳоли Чормағзи ҷонсахт оҳи сабуке кашида, аҳд кард, ки агар калон шавад, ба ивази ин некии боғбон ҳар сол ҳатман ҳосили фаровоне мекунад.
Ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Бахтиёри Ҷумъа (Ҷумъаев), нависанда, шаҳри Самарқанд.
ДИЛЁБӢ
(Ҳаҷвия)
Дар миёни деҳаяки нообод чандин сол боз танаи дарози сафедори пӯсидае дароз мехобид. Баъзе мардакҳо барои ғубори дилро баровардан болои он қатор менишастанд. Ва ҳар роҳгузаре аз наздашон гузарад, дуру дароз нигоҳ карда, муҳокима мекарданд. Касе намедонист, ки аслан таги дилашон интизорӣ. Одамҳо аз чӣ сабаб вақтҳои охир маърака намекунанд. Чанд маротиба Тоҷибой – Ҳоҷиро ҳолпурсӣ рафта, кайфашон парид. Ба ин наздикиҳо намурад даркор. Баъзеҳо мегӯянд, ки бало барин харсаворӣ карда, куҷое рафта меояд. Ана инаш ганда, аз як худоии муфт бенасиб монданд. Занакбози гӯр боз нағмаашро сар кардагӣ барин.
Ана, Боймаҳмадбой гузашт. Мегӯянд, ки ҳамин вақтҳо чунон бой шудааст, ки куҷо партофтани пулҳояшро намедонад.
-- Шабу рӯз кор кардан гирӣ, бой мешавӣ-дия, - гуфт яке ба қомати Боймаҳмад наззора карда, - илоҳо, бойтар шаваду мо ҳам хушк намонем.
Боймаҳмад фаҳмид, ки ин мардакҳо ҳамеша дуои ҷонашро мекардаанд. Якбора илҳомаш ҷӯш зад. Аз қисми зиёдатии давлаташ барои ҳамдеҳагон як нонвойхонаи озодекак сохт. Мардум нонҳои гармакаки чапотиро харидан гирифтанд. Кунданишинҳо нимта – нимта фурӯ бурда, ҳузур карданд.
-- Нонҳо бомазекак-куя, лекин Боймаҳмад хасис. Нонро дар хонаамон мепазем. Чизи сохтагиаша бинанд: нонвойхона. О занҳо бекор мемонанд-ку, -- гуфт Салими лунҷӣ лунҷашро пури нон карда.
Албатта ин гапҳо лаҳзаи аз пеши кундашинҳо салом дода гузаштани Боймаҳмад гуфта мешуд. Боймаҳмад шунид. Қаҳраш омадагӣ барин шуд. Ду–се даҳан ҳақорат доданӣ шуд, лекин одами бамаънӣ ки буд, ҷавоби аҳмақ сукут гуфту ҷаҳлашро фурӯ бурд. Корашро давом додекак гашт. Баъди чанд вақт ҳамёнакашро кофта дид, ки савоби нонвойхона асар кардааст: аз пештара бойтар шудааст. Аз ким-куҷоҳо масолеҳи сохтмон ёфта омад, кундаи дарози пӯсидаро кафонда ба нонвойхона дод ва дар ҷойи холишуда як чойхона-қироатхонаи базеби сарҳавздори кори калон созонд. Кундашинҳо ба чойхонашинӣ сар карданд.
Ба Салими лунҷӣ Худо дод. Вай худро қаровули чойхона эълон кард. Пешхезӣ нағз–дия, ҷӯраҳояшро дар ғафлат гузошт. Ногуфта намонад, ки Ҷаббори муаллим ҳар бори аз дари чойхона сар халонданаш ӯро «самозванес» мегуфтагӣ шуд.
-- Барака ёбад Боймуҳаммад гӯед. Аз кундашинӣ хараки дунбаҳоятон хӯрда шуда буд–куя, акаи Салимбой.
Касе ба пичингҳои Ҷаббормуаллим гӯш намекард. Носкашҳо чашмро нимпӯш карда, қартазанҳо аз болои қарта сар намебардоштанд.
Вақтҳои кундашинӣ як-ду соат дам мегирифта бошанд, акнун аз пагоҳӣ то бегоҳӣ кайф мекарданд. Ҳатто худи Салими Лунҷӣ аз дамгирӣ монда шуда, хоб ҳам мерафт. Шахсоне, ки дар хона келину набераҳои қатор доштанду ҷойи бемалоли дӯғзанӣ надоштанд, чойхонаро чун хонаи шахсӣ истифода мекарданд. Аз нонвойхона фатирҳои заказной гирифта, ба шарикон деги шӯрбою палавро меҷӯшонданд. Мабодо шарикони дасткушод ёфта, ба худашон ҷалб кунанд, чойхона бемалол вазифаи ҳушёрхонаро адо мекард. Ва алкашҳо се–чор рӯз ғелида, то ҳушёр шудан аз ғурбати занҳои ношукр пинҳон мешуданд. Хуллас, чойхонаро ҳузурхона, ҳаловатхона ва ҳатто халосхона гуфтан мумкин буд.
Салими Лунҷӣ, вақте ки шарикони ғафлатзада пайдо накард, сарашро аз болишт боло карду ба ҳама шунавонда гуфт:
-- Оҳ ин Боймаҳмади хаси–ис! Аз кисааш дурусттар харҷ карда, як дили моро наёфт, ки наёфт. Чойхоная худамон месохтем.
Боймаҳмад ин гапро гӯш ба гӯш шунид. Ҳмм, мардум дуруст мегӯянд. Пулро ба корҳои майда–чуйда сарф карда истодааст: ба яке зан гирифта дод, ба яке буз, чойхона ҳам гап шуд? Ин мардакҳоя ҷаҳлашон ояд, чойхоная вайрон карда, ресторан месозанд! Боке не. Барои саломатии мардум табобатхонаи нав сохта медиҳад. Гилаашон нури дида, дили онҳоро ёфтан даркор.
Боймаҳмад боз ҷавонмардӣ намуд. Табобатхонаи кироӣ сохта, як навигарие даровард: хоначаи дандонканӣ.
Ин дафъа мардаки «дачашини» хонагурез ба Салими Лунҷӣ ҳамовозӣ кард:
-- Ё тавба, ё тавбекатба мурдам, койи кайдагийи Боймаҳматбоя бинед. Ҳамин қадар бойо яфт, пойон яфт, як куйсию як анбӯйта хайида дод. Валло ки, он таяфаша худамон кайдем. – Вай қариб носашро фурӯ бурд.
-- То оби даҳана резондана, аз ин китобҳои ҷевон хонед, мемуред, - гуфт Ҷаббори муаллим як даста китобҳои навро ба рафчаҳо чинда.
-- Э ҷонамба занед, омада–омада акнун китоб мехонам? Аз ман қартабозия пурсед.
-- Мунозирая бас кунед, муаллим, раҳатонба рафтан гиред. Ин дафъа бо кори кардааш Боймамад моро хафа кард–ку. Илоҳо дандони ҳамаат резаду даҳонатон гӯри кӯҳна шавад, гуфтанӣ, аз афташ.
-- Чойхонашинӣ ақли баъзеатона кам кардааст, - гуфту Ҷаббори муаллим ва ба кораш рафт.
-- Чӣ гуфт? – пурсид пешгоҳнишине худро ба карӣ зада.
-- Чойхона ба болоятон фурӯ равад, гуфт.
-- Номаъқул кардааст, Боймаҳмад даррав ҳимоя мекунад.
Ин гапҳои навбатиро шунида, Боймаҳмад як қади ҷав сабзид. Мошинҳои роҳсозӣ овард. Кӯчаи пурлойи бӯйгирифтаро ҳамвор карда, асфалти ғафс хобонд. Пас аз он худро сабук ҳис намуд. Нағз хобаш бурд.
Чойхонашинон рӯ-рӯи асфалт қадам партофтаю падножка дода, ба чойхона пайиҳам даромаданд.
-- Уфф–э, асфалти гӯраш салқиния расво кард–дия. О кори аз ин даркоритара Боймаҳмадбой магар намедонад? Э одамгария надонист, надонист.
Салими Лунҷиро дигаре қувват дод:
-- Э, ука, аз инхелинҳо бӯйи умед нест. Гӯё каҷулук нараведу бо раҳаки рост равед, мегуфта бошад. Э мо раҳамона кайҳо ёфта гирифтагӣ.
-- Шаф–шаф нагӯеду Боймадбой хасиси балозадаи ваяша қоқ карда хӯрдагӣ, гӯед – гуфт Салими Лунҷӣ нонро ба лунҷҳо тиққонда, - ин корҳои кардааша бодигӣ ё худнамоӣ мегӯянд. Дилёбия донистан даркор, савоби чорта бечорая гирифтан наход ҳамин қадар душвор бошад?
Боймаҳмадбой шаққа ҷиннӣ шуд. Яке аз чойхонашинҳоро ба мошинаш шинонда, то хонааш бурда, дар омади гап оҳистекак таги дилашро пурсида гирифт. Ӯ маслиҳати зӯре дод…
Ниҳоят Боймаҳмад хатои худро ислоҳ кард. Саҳари барвақт аз бозор як барзагови нимтоннагиро харида омада, дар остонаи чойхона кушта, зиёфати хӯромурӣ дод. Чойхонашинҳо як ҳафта гӯштхӯрӣ карданд.
Акнун Салими Лунҷӣ мамнунона порчаҳои гӯштро нахоида фурӯ бурда, ҳаш–ҳашкунон гуфт:
-- Э тармарги Боймаҳмадбой, э, наход ҳамин қадар нафси моя коҳонӣ, гап интур–дия.
-- Ҳой, оҳистатар,--гуфт Ҷаббори муаллим аз назди чойхонашинҳо гузашта, - коҳ аз мардум гуфта, кафида намуред.
-- Ин китобхон чӣ мегӯяд? – пурсид чойхонашини кари баднафс.
-- Ба баднафсҳо қирон меояд аниқ, мегӯяд, - сар аз табақ набардошта дод зад ҳампаҳлӯяш.
-- Чӣ? Акнун гӯсфанд қурбонӣ мекардааст? Ақлакашба мурам Боймаҳмадбойҷона.
Маҳбуба ТУРСУНОВА, шаҳри Самарқанд.

Комментарии
Отправить комментарий