АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША

МӮЪҶИЗАИ ОЛАМ
КОЛИЗЕЙ
Аз калимаи лотинии “colosseus” гирифта шуда, маънои “азим, бузург”-ро дорад. Ин ёдгории меъмории Рими Қадим, яке аз машҳуртарин ва бузургтарин иншооти замони қадим мебошад.
Пас аз вафоти
шоҳ Нерони золим ҷанги шаҳрвандӣ ба миён меояд ва он соли 69 бо ғалабаи Флавий Веспасиан анҷом меёбад. Веспасиан ба тахти императорӣ нишаста қарор мекунад, ки маркази Римро аз нав созад. Бо ин мақсад, ӯ қасри Нерон - Кохи тиллоиро ба идораҳои императорӣ табдил дода, барои бунёди амфитеатр кӯли ҳудуди қасрро бо хок пур мекунад.
Веспасиан сохтмони амфитеатрро соли 72 о
ғоз мекунад. Мувофиқи навиштаи таърихнигорон, барои сохтмони Колизей гурӯҳи калони меъморон, муҳандисон, рассомон ва ороишгарон ҷалб карда мешаванд. Бунёди Колизей соли 80 дар замони ҳукмронии император Тит ба охир мерасад.
Даставвал иншоот чун Амфитеатри Флавийҳо ном бурда мешуд ва баъдан, аз асри VIII, номи Колизейро гирифт. Дар тӯли асрҳо ин иншооти бузург осебҳои зиёдро дидааст ва бо вуҷуди ин то ҳол боқӣ мондааст. Ҳоло Колизей чун рамзи Рим шинохта шуда, ба машҳуртарин макони туристӣ табдил ёфтааст ва ба сифати яке аз 7 мӯъҷизаи олам эътироф гаштааст. 


МАФУСАИЛ
Мафусаил арчаи кӯҳист, ки яке аз кӯҳансолтарин ҷони зинда дар рӯи замин ба ҳисоб меравад. Мутахассисон соли сабзиши онро соли 2831 пеш аз милод тахмин мекунанд. Аз рӯи ин ҳоло дарахти Мафусаил 4846 сола аст. Ин дарахт бори аввал дар соли 1953 аз ҷониби олими ботаник Эдмунд Шулманом кашф карда шудааст. Маскани ҷойгиршавии дарахтро пинҳон медоранд, то одамон ба нашъунамои он халал нарасонанд. Мафусаил дар тарафи шарқии Калифорния байни кӯҳҳои Инё ва Уайт-Маунтис мерӯяд. Он аз сатҳи баҳр дар баландии 3000 ҳазор метр Аз ин дарахти қадимтар Прометей ном дошту 4900 сола буд. Онро соли 1964 олимон бо иҷозати ҳукумат барои тадқиқот буриданд.


МАТЕМАТИКАИ ШАВҚОВАР
Савдогаре дар бозор сарпӯш мефурӯшад. Харидоре омада, онро дар сараш пӯшида мебинад. Кулоҳ дар сараш дурусту нағз меистад. Баъд  нархашро мепурсад. “10 рубл”, мегӯяд фурӯшанда. Харидор розӣ шуда, ба ӯ 25 рубл дароз мекунад. Акси кор фурӯшанда бақияпулӣ намеёбаду писарашро барои “майда” кардани пул ба назди савдогарзани ҳамсоя мефиристад. Ҳамсоязан пулро дар шакли ду даҳрубла ва як панҷрубла (10+10+5) иваз мекунад. Кулоҳфурӯш ба харидор сарпӯш ва 15 рубли бақияро медиҳад.
Пас аз чанде ҳамсоязан бо доду фарёд ба назди фурӯшанда омада, мегӯяд, ки 25 рублаи додааш қалбакӣ будааст. Савдогар пулро ба даст гирифта мебинад, ки дар ҳақиқат пул сохта аст. Ӯ маҷбур мешавад ба ҳамсоязан 25 рубл диҳад. Савол: фурӯшанда чанд сӯм зарар дид?



ПИРОГИ “БАҲОР
Маҳсулоти лозима:
Ҷурғот 1 стакан, равғани растанӣ  1 стакан, шакар 1 стакан, асал  1 қошуқи ошӣ, моддаи ковоккунанда 1 пачка, ванилин 1 пачка, тухм 3 дона, орд, мураббо.
Тарзи тайёр намудан:

Аз маҳсулотҳои болои хамир тайёр мекунем. Хамирамон бояд камтар сахтар бошад. Лаълии тафдонро равған молида, камтари хамирамонро гирифта дар як тараф мегузорем ва боқимондаашро ба лаълии тафдон тунук мекунем. Баъд ба болояш мураббо мемолем.Бо имондаи хамирро ба болои мураббо тунук мекунем. Ба  тафдони 150 дараҷа гарм мугузорем, то пухта зардчатоб шавад.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА