БАРОИ БАЧАГОН


15 апрел - Зодрӯзи Садриддин АЙНӢ
ТАҚВИМИ РӮЗГОРИ САДРИДДИН АЙНӢ
Биёед эй рафиқон, дарс хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем.
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад…
·     Сардафтари адабиёти навини тоҷик, нависанда, шоир, муҳаққиқи адабиётшинос Садриддин Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро ба дунё омадааст.
·     Орзую ҳаваси илму шеър Айниро дар 12-солагӣ ба Бухоро меорад ва адиб дар давоми 16 сол дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалтоши Бухоро таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад.
·     Айнӣ девонҳои Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Алишер Навоӣ, Фузулиро  мутолиа мекард.
·     Аз соли 1896 Садриддин бо тахаллуси адабии «Айнӣ» ба навиштани шеърҳои мустақилона cар кардааст.
·     Айнӣ муаллифи асарҳои «Мактаби кӯҳна», «Ҷаллодони Бухоро» (1920), повести «Одина» (1924), «Марги судхӯр» (1937), «Ятим»(1940), романи «Дохунда» ( 1930), «Ғуломон» (1934), «Ёддоштҳо» (дар 4 китоб, 1950) ва як қатор асарҳои илмӣ мебошад.
·     Дар ҳикояҳо, шеърҳои бачагонаи Айнӣ мавзӯъҳои ватандӯстӣ, илмомӯзӣ, меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат, накӯкорӣ ва ғайра тарғиб шудааст.
·     Устод Айни таърихдон, забоншинос, луғатдон, мураббӣ ва омӯзгор, марди пуркору меҳнатдӯст буд.
·     Нависандаи маъруф Садриддин Айнӣ 15 июли соли 1954 дар Душанбе вафот мекунад.
ФАРИДУН.

САВОЛУ ҶАВОБ
- Хонаи нағзи дунё кадом аст?
- Мактаб аст.
- Бачагони нағз киҳоянд?
- Бачагони мактабанд.
- Аз бачагони мактаб кадомашон нағзтаранд?
- Бачагоне, ки ҳаргиз аз мактаб намемонанд.
- Аз инҳо кадомашон хубтаранд?
- Бачагоне, ки ҳамеша аз паи хондан ҳастанд ва барои аълохонӣ ҳаракат мекунанд.
- Аз инҳо кадомашон беҳтаранд?
- Қаламу коғази ҳамсинфонашро берухсат намегирифтагӣ, ба шарики қаламу коғаз надоштааш, қаламу коғази зиёдатии худро медодагӣ, хоксору ҳалим, ширингуфтору хушрафтор будагӣ бачаҳо.

Аз «Таҳзиб-ус-сибён»-и Садриддин АЙНӢ.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА