Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "мошин"

АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША

ИХТИРОЪҲОИ БОНУВОН Дар таърих занони машҳуре ҳастанд, ки ихтироъҳо намудаанд. Ҷозефина Кокрейн яке аз чунин бонувон аст, ки соли 1886 аввалин мошинаи механиконидашудаи табақшӯиро ихтироъ намуда буд. Танҳо пас аз 40 сол онро ҳамчун асбоби зарурии зиндагӣ қабул намуданду ба таври васеъ кор фармуданд. Номи Бетти Несмит Грэм бошад, дар таърих ҳамчун ихтироъкунандаи “қалами сафед” ворид шудааст. То ҳол дар соҳаҳои илм, маориф ва полиграфия аз қалами Бетти васеъ истифода мебаранд. Соли 1930 Рут Уэйкфилд ҳангоми пухтани печени ба хамири он шоколад ҳамроҳ мекунад ва аввалин печении шоколаддорро мепазад.  Табита Бэббит дар соли 1810 арраи сиркуляриро ихтироъ намудааст. Ҳоло аз ин асбоб дар буридани дарахтони ҷангалзорҳо пурсамар истифода мебаранд. Аввалин филтр-конуси қаҳваро соли 1909 Мерлитте Бенс бо дастони худ аз дафтари хонандагон сохтааст. 
5 МУАММО АБДУЛЛО МОШИНИ НАВ ГИРИФТА МОШИНИ КУХНАРО ФУРУХТАН ХОСТ. У ДАСТАВВАЛ БАРОИ МОШИН 1100 ДОЛЛАР ПУРСИД, АММО БА ИН НАРХ МОШИНРО КАСЕ НАГИРИФТ. БОРИ ДИГАР БА МОШИН 880 ДОЛЛАР НАРХ ГУЗОШТ. АММО БОЗ КАСЕ НАХАРИД. СИПАС НАРХИ МОШИНРО 704 ДОЛЛАР КАРД. САВОЛ: AГАР МОШИН ДАР ИН НАРХ ХАМ БА ФУРУХТ НАРАВАД, НАРХИ ОЯНДАИ ОН ЧАНД ДОЛЛАР МЕШАВАД? 2010:10+2010:201+2010*0 Барои киммати хисоби болоро ба холати хурдтарин овардан, кадом кисми мисолро ба даруни кавс гирифтан лозим? Замоне дар шахри Нитсе дар байни кашандахо мусобика гузаронида шуд. Шарти мусобика чунин буд: Касе, ки аз хама зиёд сигор мекашид, голиб мегардид. Дар анчом шахси голиб, ки паихам 60-дона сигор чокида буд, тухфаи мусобикаро нагирифт. Савол: Чаро? Дар поён якчанд харфхо оварда шудааст. Дар ин руйхат ду дона харф кам аст. Ёбед, ки ин кадом харфхо? Я Ф М А И А С О Н Д Аз матои сафед куб тайёр карданд ва кисми берунаи онро ранги сиёх намуданд. Баъд кубро ба 125 кисми баробар таксим ...