НАСР


Юнуси ИМОМНАЗАР
Ҷавонию бесарӣ
(Ҳикоя)
– Агар ҷонсабил набошӣ, ба ту кӣ мондааст, ки дар офтоб сӯхта, арақшор шуда, бо кӯлбор дар ба дар мегардӣ? – Рухсораро дар ҳавлӣ пешвоз гирифта, бо қаҳр ба гап даромад бародараш Хушнуд. – Писари калонат ҳаст, худат фақат таъриф мекунӣ, ки дастёри таппа-тайёр шудааст, боз ин ҷонканиҳо барои чӣ? Мон, чархи рӯзғораша худаш гардонад! 
– Эҳ, додар
ҷон, вай ҳам бекор нанишастааст, аз субҳ то шом дар ҷунбуҷӯл. Кори боғ, парвои моли дарам дар гарданаш. Обу алаф ҷамъ мекунад, ба шикасту рехти хона мерасад, ҳамеша аз шабу саҳари моён бохабар – ин ҳама кор ба як мард бас нест, магар?!
– Агар коре кунад, барои худашу зану ду бачааш мекунад! Аҳволи тура мебинаму дар пеши ҳамдеҳагон хи
ҷолат мекашам. Пӯсту устухон шудаӣ, ба рӯят нигоҳ кардан намешавад, аз пайи ду-се сӯм шуда ҷоната ба Ҷаббор медиҳӣ!
Х
ӯрии Рухсора омад. Бештар аз он, ки додари “меҳрубон” ба ҷойи аз дасташ гирифтани сумкаи савдо ба сараш дод мезад, нороҳат шуд. Базӯр дандон ба дандон монда, аз носазо гуфтан худдорӣ кард ва бо мулоимат афзуд:
– Ман заҳмат мекашаму пул меёбам, додар, гадо
ӣ накардаам, ки хиҷолат кашӣ. Имрӯз зиндагӣ ҳамин, оби ишкамата начулқонӣ, касе ба ту як сӯм намедиҳад. Рӯзгорам тинҷ, ҳама кори хона бар дӯши келинам, рӯзҳои дароз чӣ кор ҳам мекардам? 
– Поята дароз куну дар кун
ҷи хона шин, фарзанд шудаанд мекунанд-дия! Агар ба ту пул даркор бошад, Парвизата ба Русия ё Қазоқистон фиристон. Равад, қатори ҳамсолонаш мардикорӣ кунад, ана макони пул! 
– Ман як писар дорам, аз пешам дур намекунам, – сумкаашро дар даҳлез гузошта истода гуфт Рухсора ва дубора ба ҳавл
ӣ баромад. – Ту ғами мана нахӯрда аз корҳои худат гап зан, додар. Ба рӯйи кат гузар, бо ҳам чой мехӯрем.
– Гапа нагурезон, мебинам, ки писарата сахт эрка карда
ӣ, – аз ҷаҳл нафаромада ба насиҳат идома дод Хушнуд, – ман дигар набинам кӯча ба кӯча гашта латтафурӯшӣ кунӣ! Ман орият дорам, намехоҳам апаам хандахариши мардум гардад.
Рухсора сар дарнамеовард, ки чаро додараш ин ҳарфҳоро мег
ӯяд. Магар кори айбе кардааст, ки вайро дигарон мазоҳ мекунанд? Савдогарӣ чӣ ҷойи бадӣ дорад? Боз ҳам бо тааммул ба сухан омад:
– Ман фақат ҳо
ҷати одамонро мебарорам, ҳар чи мефармоянд оварда медиҳам. Дар болои молам он қадар пули зиёд ҳам намемонам, ки забонам кӯтоҳ бошад.
– Ба ҳо
ҷатбарории ту касе зор намондааст. Гап тамом, дигар бозорравию савдогарӣ намекунӣ! Он чи гуфтам ба писари эркаат ҳам расон, агар мард бошад, равад ба мардикорӣ! – Хушнуд ба маънии “дигар забонатро пӯш” даст афшонда, ба нороҳатии хоҳар таваҷҷӯҳе накарда, баромада рафт.
Рухсораро умедаш наомад. Аз он ки бародар аз шуғли
ӯ шарм мекарду ба ҳолаш механдид, хеле дилмонда шуд. Рӯҳафтода дар гӯшаи кат нишасту ба хаёл фурӯ рафт. Дар як он канда-канда айёми гузашта дар дидаи зеҳнаш падид омаданд. Вақте ки шавҳари бемор аз дунё гузашта буд, ӯ бо ду ятим танҳо монд. Ҳарчанд бори зиндагӣ ба назараш чун кӯҳе менамуд, ӯ наҳаросид. Ба дари касе нарафт, дар пеши бандае сар хам накард. Медонист, ки ҳар гуна илтимосу дархост дар пайи худ миннате дорад. Бо бурдборӣ рӯз гузаронд, ба фарзандон саробон шуд ва ниҳоят, духтарашро ба шавҳар доду ба писар арӯс фаровард. Дар воқеъ, Парвиз имрӯз дастёри ӯст, фақат бо саъю талоши ӯ боғу дараш обод аст, як гов сето шудаву даҳ гӯсфанд ба сӣ сар расидааст. Агарчи натавонист ӯро ба мактабҳои олӣ дохил кунад, аммо ҳоло чун як марди қодир ҳар гуна кори деҳаро анҷом медиҳад. Сунҳораш* ҳам ҷони одам, намегузорад вай дасташро ба оби ях занад. Шояд аз пайи меҳрубониҳои писару сунҳор буд, ки худро бекор дида ба савдогарӣ даст монд. Ба ду нафар дугонааш, ки ҳар ҳафта як бор ба бозори умдафурӯшӣ рафта мол меоварданд ва кӯй ба кӯй гашта моли худро мефурӯхтанд, ҳамроҳ шуд. Худ бехабар, ба хариду фурӯш чунон меҳр баст, ҳатто рӯзғордорӣ аз димоғаш баромад...
– Оча, оча!! – аз самти теппаи пушти хона садои Парвиз баланд шуд. – Зудтар дари молхонаро кушоед, г
ӯсфандҳо парешон мешаванд!
Риштаи хаёлоти Рухсора аз ҳам гусаст.
Ӯ дарҳол аз ҷо хеста ба сӯйи молхона шитофт. Имрӯз писараш рамаро зудтар меовард, ҳанӯз офтоб домани рангпаридаи худро аз атроф набардошта буд. Аммо модар дар худ фараҳи беинтиҳоеро ҳис кард, мисли ин ки ба писар дилаш танг шуда буд. Пай мебурд, ки ҷойи ҷигаргӯшаашро касе наметавонад пур кунад. Ҳамин “оча” гуфтани ӯ барояш бас, гӯё нерую дармони тану ҷонаш дучандон мешавад...
Дукаса г
ӯсфандҳоро танг карда ба молхона дароварданд. Парвиз дари молхонаро баста зулфинро гузаронд ва ба хотири итминон аз пушташ танба гузошт. Сипас, таёқ дар даст ба модар пайваст.
– Монда шуд
ӣ, писарам? Лабҳоят хушк шудааст, бо худат об набурда будӣ? – бо меҳрубонӣ ҳол пурсид Рухсора.
– Ҳе
ҷ гап не, имрӯз ҳаво тафсид, оби меширо тез тамом кардам.
– Гармиҳо ҳама дар пеш аст, аз ин пас бо худат дар ду меш
ӣ об бар.
– Хуб шудаст. Шумо имр
ӯз чиҳо кардед, савдоятон бобарор омад?
Парвиз ҳар дам ҳамин саволро медод. Рухсора аз он хурсанд буд, ки писар
ҷонибдори майлу иштиёқи ӯст, ба хусус, ба савдогариҳояш бо мароқ назар мекунад. Боре надидааст, ки ба кораш лат диҳад, аз шуғли ӯ норизо бошад.
– Савдоям бад не, писарам, лекин... – Рухсора забон хойид.
– Ч
ӣ, лекин?
– Тағоят омада буд, ду-се доду бедод кард. Ҳошакалло, кората бас кун, мег
ӯяд.
Парвиз роҳравон даст ба д
ӯши модар гузошт. Гаперо, ки хеле вақт гуфтанӣ буду худдорӣ мекард, ҳоло ба забон овард:
– Росташро г
ӯям, очаҷон, тағоям маро низ чанд бор пеши раҳ гирифтанд. Иддаояшон ҳамин – мола ба шумо супурдану ба кор рафтани ман.
– Ба вай, г
ӯё, корро пухта мондаанд, як луқмаи ҳалоламон аз дунёи сарвати бегонаҳо ширинтар аст, азизам. Ба гапҳояш фирефта нашав, насиҳата ба бачаҳои худаш кунад.
– Мег
ӯянд, ба пеши Беҳзод рав, ба Шимкент. Гуфтааст, ки кор бисёру коргар намерасад. Дастмузди нағз мегирифтааст.
– Ду сол мешавад Беҳзодаш дар мардикор
ӣ. Имсол бисту ҳафта пур мекунад, ба ҷойи зан гирифта додан вай дар чӣ фикру хаёл! Хуб, коргар лозим будаст, ҳаққи хуб мегирифтаст, ба мо чӣ? 
– Тағоям ғами шуморо мех
ӯранд. Хеле фикр кардам, гапашон ҷон дорад, дар ҳини ҷавонӣ кор карда пул ёбем ба нафъамон. Албатта, ин ҳама мола ба шумо партофта рафтанӣ нестам, нисфаша мефурӯшем, коратон осонтар мешавад.
Рухсора дар анг монд. Ҳе
ҷ гумон намекард, ки писараш низ дар ин андешаҳост. Ин мардҳо ғайр аз пулёбӣ чизи дигарро фикр намекунанд. Охир, дар зиндагӣ меҳри одамӣ ҳаст, аз нафаси гарми якдигар роҳат бурдан ҳаст, рӯзу шаб ба ҳамдигар такя кардан ҳаст. Наход ки фақат пул ҳама муамморо ҳал кунад? Ин пулу сармоя чӣ аст, ки одамҳо ҳатто хонаю дари худро тарк мекунанду роҳи фироқ пеш мегиранд? 
– Чиҳо мег
ӯйӣ, писарам? – норозиёна ба сухан омад Рухсора. – Тағоят-ку ҳар чӣ гуфтан мегирад, ту кай ба ин васваса роҳ додӣ? Ҳар чи хурем дар пешамон, нахурем дар пушт, чӣ камӣ дорӣ дар зиндагӣ? 
– Гап дар ин не, оча, бо ин баҳона худам ҳам ба шаҳр мебароям, одаму оламро мебинам, магар ин бад аст? Хеле орзу дорам аз миёни сангу шах баромада, аз гарду тафти молҳо халос шуда, ҳавои тоза нафас гирам. Рости гап, ин зиндагии якранг ба дилам задааст. Ҳоло писари тағоям ҳаст, дар к
ӯча намемонам, аз ин беҳтар пайти муносиб даст намедиҳад, оча.
– Ҳоло ин тавр г
ӯй, – аз шасти худ гашта андешаманд гуфт Рухсора, – ман ҳаргиз намехоҳам туро ишкелбанд карда нигаҳ дорам. Агар орзуят сайру саёҳат бошад, ман зид нестам, писарҷон...
***
К
ӯчаи Абай яке аз дарозтарин кӯчаҳои қисмати қадимаи шаҳри Шимкент буд, ки дар ду тарафи он фақат хонаҳои яктабақаи ҳавлидор қарор доштанд. Аз шаклу шамоили хонаҳо ва роҳраву тангкӯчаҳои пасу пеш маълум буд, ки дар ин маҳаллаҳо одамони камбизоат зиндагӣ мекунанд. Агар кӯчаи мошингарди асосӣ сарфи назар шавад, дигар ҳама роҳҳои дастрасӣ хокӣ буд, дар атрофи хонаю ҳавлӣ ва боғчаҳо низ бештар чиғҳои чӯбин ба назар мерасид. Аз боло то поини маҳалла ҷӯйи бетонии фарсудае имтидод дошт, ки дар он доимо оби лойолуд ҷорӣ мешуд ва аз он барои обёрии боғчаҳо ва обхӯрии чорво истифода мебурданд. Ҷойи зисти Беҳзод ва ду нафар ҳамкори ӯ дар ҳамин маҳалла воқеъ буд, онҳо дар хонаи як марди қазоқ иҷора менишастанд. Парвиз ба доираи тағобача пайваста, зуд ба зиндагии нав одат кард. Субҳи барвақт аз хоб хеста ба маҳали кор мерафтанд ва то дами офтобшинам бо деворзанӣ, ки шуғли асосии Беҳзоду ҳамраҳонаш буд, машғул мешуданд. Онҳоро як марди сармоядори рус кироя карда буд, ки барои таҷҳизоти худ анбори бузургеро меандохт.
Аз нахустин р
ӯзҳои мардикорӣ хаёли Парвиз побанди молхонаи марди қазоқ шуд. Ҳар гоҳ аз кор бармегаштанд, духтари соҳибхона – Ойсара ҳам гӯсфандҳояшро аз чарогоҳ меовард ва ба қӯтон дароварда обу дон медод. Чун дилу ҷонаш молдорӣ буд, Парвиз ҳар рӯз баъд аз кор ба кӯмаки духтару модари ӯ мешитофт. Онҳо молҳоро ҷо ба ҷо карда мешумурданд, аз ҷӯйи бетонӣ об мекашонданд, гӯсфандҳоро ҷӯшида, оча-бача карда, дари молхонаро баста бо ҳам ба хона бармегаштанд. Ойсара аз ҳамдастии Парвиз беҳад хурсанд буд. Ҳамин ки ба ҳавлӣ медаромаданд, дарҳол офтобаро гирифта аз сару гардани ӯ об мерехт. Духтари қазоқ бо завқ об мерехт, барои ӯ хушомад задан ба ҷавони кордӯсте мисли Парвиз, ки бар замми ин марди болобаланду чорпаҳлӯе буд, лаззат мебахшид...
Аз байн як моҳи мардикор
ӣ гузашт. Парвиз ва ҳамраҳонаш девори анборро сохта шуданд ва ба сармоядори рус супурданд. Ӯ дастмуздашонро пардохта ваъда дод, ки як ҳафтаи дигар барои сохтани объекти нав дубора ба кор даъват мекунад. Парвиз нахустин маоши худро гирифта, ҳамоно бо Беҳзод ба сӯйи шӯъбаи ҳаволаи пул бол баровард. Дар маркази шаҳр аз тариқи «Western Union» коркардашро ба исми модараш фиристод ва телегром ҳам зад, ки омада аз шаҳр дарёфт кунанд.
Дар р
ӯзҳои таътил Парвиз наметавонист бекор нишинад. Ӯ ба дӯстони худ, ки аз хоб сер намешуданд, нигоҳ накарда, ба побелкунии боғи соҳиби хона пардохт. Дар рӯзҳои баҳорӣ нарм кардану ба кишт омода сохтани замин айни муддао буд. Бештар аз шавҳараш кадбону – модари Ойсара ба Парвиз меҳр баст. Ӯ кордӯстии ҷавонро дида ба ваҷд меомад, ҳар лаҳза ҳар гуна меҳрубоние, ки дошт, барояш нисор мекард.
Субҳи р
ӯзи сеюми таътил чеҳра боз намуд. Парвиз аз хоб хеста дасту рӯ шуст, омодагӣ дошт субҳона хӯрда дубора кори боғро идома диҳад. Модари Ойсара мисли ин ки мунтазири ӯ буд, баробари ба ҳавлӣ баромадан ба наздаш омад ва пас аз салому алайк изҳор кард:
– Имр
ӯз духтарам барои худ курта медӯзонад, агар гӯсфандҳоро ба чарогоҳ мебурдӣ, хурсанд мешудем.
– Аз шумо як ишорат, аз мо ба по давидан! Албатта, мебарам...
Р
ӯз аз нисф мегузашт. Аз дасти дамои гарм гӯсфандон фуки худро ба замин карда, гирди ҳам ҷамъ шуда, беҳаракат сари ҷо меистоданд. Парвиз дар сояи дарахти шоҳбулут чашм ба сӯйи рамаю саҳрои беканори сарсабз дӯхта менишаст. Ӯ тахтапушту сарашро ба дарахт такя дода ба ёди деҳа афтод. Як-як симоҳои гарми модару хоҳараш, зану бачаҳояш аз диди хаёл гузаштанд. “Очаҷони меҳрубонам, – дар худ ғурунгид ӯ, – бе ман чиҳо карда истодаед? Молу ҳол азоб намедиҳад? Маро бубахшед, ҳама корро ба дӯшатон партофта омадам. Аммо, дилтанг нашавед, ду-се сӯм кор кунам боз ба оғӯшатон бармегардам... Муҳибаи худам, ту чиҳо мекунӣ? Ҳушангу Ҳувайдоям ба чӣ ҳоланд? Ҳамаи шуморо пазмон шудам, хеле ёд кардам...”. 
Парвиз бехабар, пан
ҷаҳои нозуку нарме аз қафо чашмонашро пӯшиданд. Ӯ наҳаросид, баръакс роҳату гармии ҷонбахшеро дар худ ҳис кард. Дастҳояшро ба пушти панҷаҳои нозук гузошту як лаҳза хомӯш истод. Ҳарчанд намехост ин ҳолат аз байн равад, бо мулоимат садо дод:
– Ойсара.
Духтар бо завқ хандид. Даст аз Парвиз бардошта дар канораш нишаст ва ба сухан омад:
– Мехостам “рав кун
ҷи биҳишт” гӯед, аммо шинохтед.
– Дар ин дашту биёбон ғайр аз ту дигар касеро дучор нашудаам, ки дасту пан
ҷааш мисли пахта маҳину нозук ва роҳатбахш бошад. Дигар, танҳо бӯйи диловези ту маро аз як санг раҳ маст мекунад.
Ӯҳӯ, фаришта гӯед, монед!
– Оре, бе муҳобот, ту як парии биҳишти
ӣ, Ойсара!
Духтар ба ва
ҷд омад. Худро ба Парвиз ҷафстар кард, дасти росташро ба гардани ӯ ҳамоил андохт. Ҷавон аз сари дили нарми дӯшиза ҳаловат бурд. Хост худро дуртар кашад, аммо илоҷе надошт, духтар ӯро аз бағалаш раҳо карданӣ набуд. Нафас дар дарун, афзуд:
– Имр
ӯз молҳо ба гардани ман буд, барои чӣ омадӣ?
– Шуморо пазмон шудам.
– Ана халос, куртаатро д
ӯзондӣ?
Духтар як он ба по рост шуд ва аз як бари пироҳанаш дошта, гирди по давр зад. Парвизро бештар ҳиссиёти гарм фаро гирифт, ба худ ҳис мекард, ки г
ӯё дар наздаш воқеан парии хушлиқое ҷилва мекунад. Ангушти калонашро ба маънии “олӣ” тик кард. Ойсара дубора худро ба оғӯши ӯ афканд. Ҷавон аз худ рафт... Лаҳзае нагузашта садои бадарди духтарона аз зери дарахти шоҳбулут ба фалак печид...
***
Бодом гул кард. Талу теппаҳо сабзп
ӯш шуданд. Рӯди сероб худро аз дасти барфу яхҳои саршикаста раҳо сохта, бо ҷастухези бештар дар масири пурпечутоб то доманаи даштии деҳа роҳ пеш гирифт. Рухсора аз молдорӣ дар фасли зимистон фориғ шуда, гӯсфандони худро ба самти кӯҳ баровард. Дигар, мушкилие нест, рама худро аз дараю адирҳо сер мекунад. Расо як сол мешавад, ки Парвиз дар мардикорист. Ӯ дар ин муддат танҳо ду бор пул фиристод, дигар на пай ҳасту на ҳайдар. Рӯз ба рӯз дили модар бештар мезад, ноором буд. Дар ин муддат худро чӣ қадар маломат кард, бо пушаймонӣ чӣ қадар афсӯс хӯрд, худаш медонаду Худо. Додари “маслиҳатгӯй”-ро чанд бор пеши роҳ гирифт, қаҳрашро ба ӯ рехт. Хушнуд ҳам аз ӯ паст намеомад, бо дӯғу дабара мегуфт:
– Агар писари ту як сол набошад, Беҳзоди ман се сол боз нест! Зинда бошанд, як р
ӯз меомадагистанд?! 
Р
ӯзи ҳафтум буд, ки Рухсора гӯсфандҳояшро ба чарогоҳи кӯҳӣ мебаровард. Офтоб дар болои сар медурахшид, мехост бо теғи нурҳои худ ҳар чиро дар зераш аст сӯзонда гузарад, аммо насими сарди кӯҳистонӣ ба ин имкон намедод. Боди мулоиме беист вазида меистод ва баргу шохаҳои гиёҳону буттаҳои кӯҳиро ба рақс дароварда, тану тӯши ҳар касеро, ки дар талу теппаҳо қадам мезад, масҳ мекард. Рухсора дар нимаи кӯҳи Пашкан бар рӯйи санги паҳне нишаста аз ин ҳиммати бод роҳат мебурд ва баробари тамошои манзараҳои атроф чашм аз гӯсфандон намеканд. Ногоҳ гузораш дар бехи сангу харсангҳои кӯҳӣ ба чукриҳое афтод, ки барг ёзонда гул бароварда буданд. Ҳадаҳа ба по хест ва ҳар ҷо чукриҳоро бо бехии калонтару ғафстар медид, канда ҷамъ овард. Дар ёд дорад, айнан ҳамин рӯзҳои пас аз наврӯзӣ писараш Парвиз ҳангоми аз кӯҳ баргаштан як бағал чукрӣ оварда, рӯзи дигар ба мардикорӣ рафта буд. Оре, аз он дам як соли расо мегузарад. Акнун ӯ низ чукрӣ меканаду аз писар хабаре нест. Куҷо рафт, бо чӣ кор машғул аст, касе намедонад. Ҳеҷ бовариаш намеояд, ки ҳамон писари гапшунаву сарбазераш то ин ҳад бедому дарак мешавад. Як сол гӯё як умр менамояд дар назараш...
Вақте ки Рухсора рамаашро аз к
ӯҳ фаровард, рӯз домани худро аз дашту даман мебардошт. Тамоми ҳамгузарҳо дар давуғеҷ буданд, мехостанд торикӣ надаромада корубори рӯзонаро ҷамъуҷӯр ва молҳои худро ҷо ба ҷо кунанд. Баробари дидани хушдоман сунҳори хона – Муҳиба давида ба пешвозаш баромад. Ӯ хеле хушҳол менамуд, хабари хушеро ба Рухсора расонданӣ буд. Бо ин ҳол, давутози вайро дида, аз пайи даровардани гӯсфандон шуд. Охирсар, бастаи чукрӣ ва халтаи нону меширо аз дасти хушдоман гирифта, роҳравон ба сӯйи хона гуфт:
– Мондаҳо, модар
ҷон, имрӯз гарм омад, аз дим будани ҳаво намешуд ба берун бароӣ.
– Аммо дар к
ӯҳу кӯтал аз насими диловез фақат лаззат мебарӣ. Он чи маро хаста мекунад, сояашро аз остона кандани писарам асту халос. Эҳ, Худоҷон, ҳар гоҳ ба ёдам меояд, дилу ҷигарам месӯзад. Аз ҳама бештар ба ту мушкил шуд.
– Не, модар
ҷон, сари калоба боз шуд, ба фикрам. Имрӯз Беҳзод омадааст, фардо тағои Хушнуд худойӣ доданӣ барин.
– Наход?! Зуд оби гарм кун, дасту р
ӯ шуста ба хонааш меравам.
– Х
ӯрок омода аст.
– Э, духтарам, баъди ин гап ба гумонат аз гулуям х
ӯрок мегузарад? – бо шитоб ба сӯйи ҳавлӣ қадам зад Рухсора ва афзуд: – Маро хурсанд кардӣ, азизам, аз забони ширинат гардам. Кош пайғоме аз писарам оварда бошад, илоҳо, хабари хуш расонад...
Вақте ки дар гирди дастархони додар менишастанд, хурду калон хурсанд буданд. Зани Хушнуд
ҷойи нишаст намеёфт, бо расидан ба дидори ҷигарбанд ӯ чун мурғи озод болу пар бароварда буд, аз хушҳолӣ дар куртааш намеғунҷид. Ҳанӯз ҳам ашки шодӣ мерехт. Чойники тозаи чойро дар гӯшаи дастархон гузошта, дубора Рухсораро маҳкам ба оғӯш кашид ва изҳор кард:
– Ҳе
ҷ гоҳ дилтанг нашавед, апаҷон, писари шумо ҳам меояд, албатта, меояд!
– Гуфтаат шавад, баргаштани
ҷиянам ба дили ҳар яки мо умед бахшид, – гуфт Рухсора ва бетоқатона ба Беҳзод дида тофт, мехост ҳар чи зудтар аз забони ӯ гап шунавад. Вале сархаму хомӯш нишастани Беҳзод дилашро ба танг овард, бо бесабрӣ пурсид: – Чаро хомӯшӣ, писарам, Парвизи ман дар куҷост?
– Дар
ҷойи кор, – сар ба зер гуфт Беҳзод ва забон хоида афзуд: – дар Шимкент. 
– Охир вай барои ч
ӣ наомад? 
– Намеояд, – нимғурма садо баромад аз
ҷавон.
Ву
ҷуди Рухсора ларзид. Дилашро ваҳм зер кард. Садояш баландтар баромад:
– Ч
ӣ гуфтӣ, намеояд? Чӣ шуд ба писарам, бардор сарата, рости гапа гӯй!
– Янга, Парвиз сиҳату саломат аст, хавотир нагиред, аммо...
Дубора хом
ӯш мондани Беҳзод ҳама нишастагонро ба сӯяш чорчашм кард. Ӯ бештар ба нигоҳҳои тези Рухсора, ки мешуд дар онҳо ҳам ғазабу ҳам илтиҷоро ҳис кард, тоб наоварда, ҳамоно ба суханаш идома дод: 
– Парвиз бо духтари соҳибхонаамон хонадор шуд, хонадомод аст. Як моҳ пеш писараш ҳам ба дунё омад.
– Эҳ,
ҷувонимарг! – як он садо дардод Хушнуд, – Мо ба чӣ аҳволу вай дар чӣ хаёлҳо, маҷбур накардӣ, биёяд аз ин бачаҳояш ҳам хабар гирад?
– Ба гапам г
ӯш надод, аз Ойсарааш дилканданӣ не...
Рухсора худро гум кард. Г
ӯё аз сараш як сатил оби сард рехта бошанд, карахту ланҷ дар ҷо нишаста монд. Дар ҳоле, ки баданаш вараҷа мегирифту тамоми чеҳрааш суп-сурх шуда буд, беҳолона аз ҷо хест. Пойҳояш ба ӯ итоат намекарданд магар, калавидаю яклаба шуда ба берун баромад. Дилозурдаву бемадор чӣ хел то хонааш омад, худаш намедонад...
________________ 
* сунҳор – зани писар, ар
ӯс, келин

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА