БАРОИ БАЧАГОН

САЁҲАТ БА ОЛАМИ ФАННИ ЗООЛОГИЯ
1. Зоология аз калимаи юнонии «зоо»- ҳайвон, «логос»- таълимот гирифта шуда, илм дар бораи ҳайвонот мебошад.
2. Фанни зоология гуногунрангии олами ҳайвонот ва тараққиёти таърихии онҳо, сохти ҳайвонҳо, тарзи ҳаётгузаронии онҳо, паҳншавӣ, ривоҷёбӣ ва муносибати ҳайвонотро бо муҳити зист меомӯзонад.
3. Асосгузори илми зоология, олими Юнон Арасту мебошад. Се асари ӯ оид ба олами ҳайвонот, ки баъзе қисмҳои он то замони мо боқӣ мондааст, «Таърихи олами ҳайвонот», «Тартиби донишҳо оид ба ҳайвонот» ва «Донишҳои таърихӣ, морфологӣ, физиологии ҳайвонот» мебошад. Ин олими бузург дар асарҳояш оиди роҳҳои паҳншавӣ, тарзи умргузаронӣ ва хусусиятҳои анатомии 452 намуди ҳайвон маълумот додааст.
4. Ривоҷёбии илми зоология дар Шарқ бо номи мутафаккирони бузург Абу Райҳон Берунӣ, Абӯали ибни Сино ва дигарон вобаста аст.
5. Табиатшиноси Рими Қадим Гай Плиний (солҳои 23-79 мелодӣ) дар китоби «Таърихи табиат»-и худ, таърифи ҳайвоноти замонашро овардааст.
6. То ҳол дар илми зоологияи ҷаҳонӣ зиёда аз 1 миллиону 500 ҳазор намуди ҳайвонот муайян карда шудааст, ки ин адад доимӣ набуда, олимон ҳар сол боз намудҳои нави омӯхтанашударо меёбанд.
7. Ҳама гуна хели ҳайвонҳо ба намуд, авлод, оила, қатор, синф ва навъ ҷудо карда мешаванд, ки онро классификатсия меноманд.

ФАРИДУН.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА