НАСР

Шариф Холов
Сояи шайтон
(Новелла)
Бо баробари бонги муаззини деҳа ба пои хоби гарон завлона меафтад ва ӯ ҷогаҳи гармро ба маҳзи адои амри воҷибе тарк мекунад. Ин садои марғуладор аз бомгӯшаи хонаи Худо пар кушода, ба гӯши ҷумла мавҷудоти хоболуд менишинад ва бо як усули муассире таъкид мекунад, ки
“Намоз беҳтар аст аз хоб!”
“Намоз хуштар аст аз хоб!”
Пас, ба вузӯи зоҳир меравад мард ва худро озода ёфта, ба таҳорати ботин менишинад; фурсате ба даргоҳи олишаъни Раббулоламин ниёиш карда, қалбаш маъвои нур саҷҷодаро меғундорад. Баъдан бо сари баланд ба истиқболи хандаи офтоби саҳар берун меояд! Аз ҳавои сабуки саҳаргоҳон ба серӣ нафас гирифта, ба дидори офтоб мерасад ва... баробари он зиндагиаш саропо гулафшон мешавад! Агар мабодо он мабдаи рӯшноиро аз тарси бабри абр пинҳон меёфт, осмони синаи ӯ низ ҷомаи абрӣ мепӯшид...
Инак,
аз умри вай панҷоҳ сол мегузарад ва
ҳар саҳар кораш ин аст: -пас аз адои намози бомдод ҳар субҳи содиқ бо камоли майл ба ҷамоли тобони офтоб назар мекунад ва аз тамошои шаҳомати шоҳаншоҳи осмонҳо дунёаш оғуштаи нур мегардад, гул мекунаду чаманвор механдад. Ва бо ҳамин идомаи рӯз болидахотир аз пайи чидани ризқ меравад...
Аммо...
аз чӣ буд, ки бо омад-омади шоми мармузу тирадил тамом ба ғам мепечад ва
баъд..,
сараш хаму дидагони ҳаётдӯсташ нам, дили лаҳзае пеш масрураш побанди ғаму вуҷуди давоми рӯз аз шодиҳо лабрезаш дар сарпанҷаи алам... фишор хӯрда,
бемор мешавад...
***
Аз шаб метарсид ӯ!
Бале, аз худи замони кӯдакиҳо ҳарос дошт аз номаш сиёҳӣ. Ёд дорад, ки бо доман густардани торикӣ тозон омадаву оғӯши модарро баррачавор охурча месохт ва бо ду дасти хурдакак чашмонашро пӯшонда, -аз ин амали ӯ бародаронаш зиёда завқ мебурданд! -худро аз шарри он пардаи баасрор гӯё ҳимоят мекард. Дар тасаввури кӯдаконааш паси ҳамон ҳиҷоби бопаҳнои наҳсовар як деви бадандоми бедандони шодихӯре пинҳон буд. Ғизои он махлуқи бадкору маккор маҳз бачаҳои ноқобили музофот будааст... Ин маънӣ аз афсонаи бибиаш дар зеҳни вай реша монда буд. Аз ин андешаҳои ғамзо саропояшро ларзаи ноаёне фаро гирифта, худро ба модар ширеш мекард ва ба як узви вай-шояд гоҳе ба дил, гоҳе ба ҷигари ӯ мубаддал гашта, то саҳар аз канораш ҷудо намешуд. Аз оғози рӯзи нав баробари табассуми ҷонбахши офтоб бедор шуда, домани модарро раҳо кардаву ба оғӯши рӯшоӣ мешитофт ва боз дунёи худро чароғон меёфт...
Модар ҳам аз муҳаббати бемисли ба офтобу рӯшноии фарзанд воқиф буд ва ҳамеша вайро хушнудона “бачаяки офтобпарастам” –гуфта, навозиш мекард. Ба мӯйҳои фатилааш даст монда, бо меҳр парешон месохт, бинничаи нӯгтези вайро нармак мепучид ва аз ҷабини чун моҳаш бӯсае меситонд. Вале намедонист, ки чӣ тавр ҷигарбандро шерак созад, чӣ хел ба ӯ фаҳмонад, ки торикӣ ҳам махлуқи Худост, як чашми кӯри сарвари раҳзанон аст ва ҳаргиз ҷои тарсе надорад. Ба ин андеша ӯро сари зону мешинонду насиҳатманд забон мекушод оча:
-Асло тарсро ба дилат роҳ надеҳ, шери ман, -мегуфт рост ба чашмони фарзанд нигариста.
-Хуб, -посух мегардонд писарак чашмонаш мил- мил парида.
-Бача мардум бояд нотарс шавад. Калон шуда, дар хизмати халқу Ватани азизаш камарбаста бошад...
-Ман ҳам аскар мешавам?
-Албатта! Сарбози ҳақиқии ватан мегардӣ, ҷонам.
Ва... пас аз чуин гуфтугӯҳо як навъ худро нерӯманд ҳис менамуд писарак, қалби кӯчакаш лабрези орзуҳои ширин мешуд. Ҳарчанд ба модар ваъда медод, ки минбаъд асло ҳаросро ба дил наздик нахоҳад кард, аммо бо шунавотар гаштани садои пойи шом боз аз кадомин тангнои лаҳаде як пора сиёҳӣ ба қалби зебопарасташ нишаста, вайро ба доми ғам мекашид.
-Торикӣ додари равшанист! -таъкид мекард оча барги бед барин ларзидани писарро дида. –Аз як пуштанд онҳо.
-Пушташ чӣ маънӣ дорад?
-Калон шавӣ мефаҳмӣ, асали ман! -посух медод модар ва ӯро гарм оғӯш мекард.
-Мактабро хатм кунам, баъд мефаҳмам-а?
-Бале, китобҳо ба ту ёд медиҳанд.
-Ҳа-а... –абрӯ боло мекашид писарак.
-Ҳамин тавр рӯшноӣ ва торикӣ аз як шикам ба талош берун омадаанд, дугониканд онҳо.
-Маънои “шикам” –ро ҳам калон шавам мефаҳмам?
-Ҳа, ҳамин хел, -мегуфт модар ба завқ омада ва дубора ба нақли худ идома медод:
-Аввал Торикӣ таваллуд шуда, баъд Рӯшноӣ ба дунё омадааст... Ҳамин хел, дар олам ду бародар подшоҳ мешаванд. Рӯзона Равшанӣ ба маснади шоҳӣ менишинад, шабона Торикӣ тоҷ бар сар мениҳад! Инак, -нек ё бад, - оламро ҳамин бародарон тинаташон гуногун бо изни Худованд ҳар кадом ҷудо-ҷудо ва банавбат идора мекунанд. Аммо... Торикӣ бад ҳасуд аст, бачем; сиёҳдил ва ниҳоят як махлуқи бешафқат! Гаҳу ногаҳ ба мулки додараш- Равшанӣ дасти тааддӣ дароз мекунад. Ва... ӯро маҷбур ба майдони ҷанг мекашад. Дастони Торикии бемеҳр ба хуни додараш олуда аст...
Модар оҳи сард мекашид ва чашмонаш нишемани ғам даст ба кифтони писар мегузошт ва яъсолуд табассум менамуд.
Писарак ба гуфтори модар бо диққати тамом гӯш дода, аз ин ҳикмати ҳануз барояш номафҳум қариб чизе нафаҳмида, маҳин сар меҷунбонд ва хаёлан кашталканиҳои бародаронро пеши назар оварда, низ баробари модар ба ғам андар мешуд.
-Рушноӣ нағз аст, ё... ?
Ҳатто аз гирифтани номи торикӣ ҳазар мекард писарак.
-Рӯшноӣ, бачем! Рӯшноӣ зӯр, -посух мегардонд оча фавран.
-Чаро?
-Чунки... вай ҳаргиз ба мулки бародари худ чашм ало намекунад. Ба ризқи худодода қаноат варзида, бо шодиҳо умр бар сар мебарад. Ногузир бо бодбодҳои бародар ба майдони набард дарояд ҳам, ҳамеша бо хандаи беғаш ба сӯйи акааш меояд ва оғӯш мекушояд, то вай аз ин рамз бифаҳмад, ки додараш ҳаргиз ҷидол кардан намехоҳад, нияташ ба ҷуз сулҳу оштӣ чизе нест... Аз ин кор Торикӣ бадхашм мегардад, дар худ мепечад. Мехоҳад аз гиребони Рӯшноӣ бигирад, аммо кӯтоҳӣ мекунад дасташ ва... қалби чиркинаш ба дод омада, мушт ба сари худ мезанад, аз ноилоҷӣ ба рӯяш нохун мекашад ва хуншор месозад. Ин аст, ки ҳар субҳ торикӣ бо рӯи хунчакон ҳазимат мекунад ва аз хандаи рӯшноӣ шармандаву рӯяш сиёҳ аз майдони ҳарб хазида, дар оғӯши харсангҳо даромада, фурсати мувофиқ мепояд ва мунтазир меистад, ки кай додаракаш ба ҳиҷлаи хоб медарояд. Вақте Равшанӣ доманкашон ба самти шаббоши худ мехамбад, -тамоми рӯз аз сомон додани кори дарбор, ки бародараш шабона фасод мекард, хеле монда мешудааст, -Торикии бадкин нохост аз камин ҷаста, теғи заҳрогин аз наём мекашад ва беибо ба тахтапушти вай мезанад, номардона мезанад! Корди дудамаи Торикӣ то худи қабзааш ба шонаи Равшанӣ фурӯ рафта, аз ҷои захм чашмаи хун ҷорӣ мешавад. Бинобар ин вақти ғуруби офтоб домани осмон аз хуни Рӯшноӣ якзайл лоларанг аст... Ин моҷаро то дунё боқист, ҳар рӯзи Худо такрор меёбад.
Модар ба нақли худ нуқта гузошта, писараки ҳангу мангашро дубора навозиш мекунад ва оҳиста ба гӯшаш ин ҳарфҳоро ҳиҷо месозад:
-Ту дар ҳаёт аз Равшанӣ сабақ бардор, пайрави ӯ бош, писарам. Мисли Торикӣ бадмеҳру беоқибат машав!
-Хуб шудааст, очаҷон, -итоатманд ризо мегардад писарак ва модарро ба ҳайрат оварда, шоду бод худро ба оғӯши рӯзи равшану мусаффо меандозад.
Ин тавр модар меболиду шодӣ мекард. Хоса, дунёи писаракаш баҳори нозанин мешуд: пур аз шукуфаҳо, моломоли накҳати машомгир, ғарқи чаҳчаҳи мурғакони сурудхон...
***
Мард зиёда зиқ монад, ин пораи ҳаёти худро ба ёд меовард ва сурати очаҷонашро лаҳзае пеши назар оварда, оҳ мекашид. Акнун модари дарёдилу ғамгусор ва қиссагӯйи ӯ дар бараш нест. Ба сафари мулки дуре рафта аст, ки хокаш ниҳоят сард, осмонаш шояд дар панҷаи бешафқати зулмат...
Ба рағми маҳз торикиҳою тирагиҳои ҳаёт Хуршед ном дорад мард.
Ба нақлҳо, ин номро ба ӯ модараш ниҳода аст! Аммо... падараш мехостааст, ки номи навзод ба номи дудмони паёмбари мусалмонон шабеҳ бошад. Вале бонуи хонадон исрор меварзад, ки... кӯдакро бо амри дил худаш ном мегузорад! Ва чӣ ҳам мекард қиблагоҳи рамузфаҳмаш? -ногузир ризо мешавад, шояд намехоҳад, ки ҳамсари меҳрубонаш биранҷад. “Модар аст охир, ҳаққаш ба ин фарзанд бештар!” –худро тасалло медиҳад ӯ. Модарҷонаш он наҳза далел оварда будааст, ки пайғомбари Худо ҳам бар сари уммати худ офтоби тобон буд...
Вале чаро Хуршед ном дорад ӯ? –худи мард нек медонад. Таърихчаи дилангези онро аз забони модар шунидааст. Аҷаб қиссаи дилангезе!
Очаҷонаш рӯзе аз рӯзҳо ҳикоят намуда буд, ки...
***
Писарак он вақтҳо дар батни модар зиндагӣ мекард. Оҳиста ташаккул ёфта, шояд нусхаи падарро мегирифт ва мунтазир меистод, ки Худо кай бо дасти фариштае ба ӯ маншури озодиашро мефиристад, то вай аз ин маҳбаси серрутубат берун биравад. Албатта, бо дастрас намудани чунин амри сурурангез шоду бод ба сӯи равзанае хоҳад шитофт, ки нафаси рӯшноӣ даромада, мудом иштиёқи ӯро ба олами одамон бедор месохт.
Аммо... писарак пас аз як воқеаи маъшум тарсу гашт. Вай таваллуд шавад, Худо агар хоҳад, дар хонадон фарзанди шашум ба ҳисоб мерафт. Вале ногаҳ ба гӯшаш расид, ки падараш аз вуҷуди ҳанӯз дар зинаи ташаккули ӯ чандон ризо нест; ният дорад, ки вайро чун ангушти барзиёде кӯтоҳ бикунад.
-Шояд мо беҳуда домани худро аз фарзанд пур мекунем? Зайли замонаҳо тағйир ёфтааст. Хӯрондану пӯшондан ва... сад муаммои фарзандонро ҳаллу сару басар кардан рӯз аз рӯз мушкил мегардад, -ба пушт хобидаву дастон дар таки сар оҳкашон мегӯяд ӯ.
-Дар вақташ андешидан лозим буд! Нафси саркашатонро ҷилав мезадед, шояд...
-Шояд чӣ? –дар торикии тираравшани хона ялтӣ ба чашми ҳамболинаш менигарад қиблагоҳаш, ки аз ин лаҳни ӯ ғазабаш омада буд.
-Шояд ба ин гуфтугузорҳо ҳоҷат намемонд.
-Пагоҳ пеши духтур мебарамат. Ҳоло ҳам дер нашудааст. Ҳомиларо мегиронем, вассалом!
Модараш аз ин амри ногаҳон гӯё рост аз ноҳияи сина тир хӯрда, аз болишт сар бароштаву рӯи ҷогаҳ мешинад ва беҳол пушт ба девори хона гузошта, ашкаш шашқатор мегӯяд:
-Фарзанди худатонро бадаста мекушед? Ин чӣ бедодӣ? Чӣ хел забонатон гашт, ки...
-Ман ояндаро меандешам, ҷонам!
-Ҳаргиз! –ногаҳ садо баланд мекунад модар, -Ин бачаи ман, ҷигари ман! Агар ба шумо лозим нест, ихтиёратон. Намурад, ман худам калонаш мекунам!
-Беқлиро ғундор, занак.
-Гап тамом! –якрост эълом медорад ӯ. -Беҳтараш маро кушед, маро сӯзед, аммо... –талх мегиряд модарҷонаш, -илтимос, дадаҷонаш, ба мурғаки ман кордор набошед.
-Оббоо...
Пас аз аз ин моҷаро писаракро ваҳм гирифт ва лонааш ба зулматсаро мубаддал гашта, акнун ҳар шаб чун волидонаш дар як ҷогаҳ дароз бикашанд, дили ӯ шабистон мешуд ва бо ҳамон тарси сиёҳрӯ то субҳ пинак нарафта, дастбагиребон мегашт.
Вақт гузашта, айёми нишоти модар назик меомад!
Вале писарак дар маъвои худ -он устохонаи мӯъҷизасоз, ки дар поёни дили бузурги оча ҷойгир буду ҳамеша аз ҳарорати беназираш бархурдор нумӯъ меёфт, дар ҳамон рӯзҳо хомӯш ва қариб ноҷунбон басар мебурд. Одатан дар ин син тамоми ҳамтоёни вай пояк мезананд, даст меҷунбонанд, дар ҷустуҷӯи роҳи баромад беқарор мешаванд, дар он торикии сернам ба уммеди пайдо кардани даричае нарм- нармак ба деворҳои низ мулоими бошишгоҳи худ ангушт мезананд. Вале писарак дар кулбаи худ, дидагонаш баста, хомӯш менишаст, аз нияти дили худ волидаашро воқиф намесохт.
Чунки ҳамон вақтҳо вуҷуди кӯчакаш нишемани ҳароси номаълуме гашта буд! Аз торикии ҳавлангези хонаи танг дар худ фурӯ рафта, ғунча шудаву ба кунҷе хазида буд.
Модар ҳайрон...
Табибони номдори музофот бештар аз ҳама шигифтзада!
Охир, ба ягон чаҳорчӯбаи қонунияти ҳаёт рост намеомад ин ҳодиса.
Оқибат табибон хулоса карданд, ки модоме ҳаракете нишон намедиҳад, шояд тифл зинда нест!
-Ё Аллоҳи меҳрубон! –гиребон медорад падараш ва дар банди тафаккури гарон аз табибон мепурсад:
-Акнун чӣ кор мекунем? Оё роҳи наҷоте ҳаст?
-Ба хотири ҳифзи ҳаёти модар кӯдакро бояд ҷабран аз хонааш берун овард. Вагарна фарҷоми таъхири бемаънӣ ногузир бо фоҷиае тавъам хоҳад гашт, -ҳам ба тариқи маслиҳат ва низ ба гунаи ҳушдор посух медиҳанд одамакони сафедпӯш.
Падар ночор ризо мешавад, таборон ҳам сар ба ризоият меҷунбонанд, аммо...
Модарҷонаш...
дасту остин барзада, ба ҳимояти ӯ садо баланд мекунад. Ошёни писарро бо ду даст ба оғӯш гирифта, ҳаргиз ба он андешагургон изн намедиҳад, ки лонаи мурғаки хӯсидаи ӯро валангор созанд ва ҷигари ӯро ҷабран берун бикашанд! Дигар сухани касеро гӯш надода, таваккал ба Худои меҳрубон мекунад модараки ғамгусораш, ҳаёти худро ба гарав гузошта, бо умеди бедор мунтазири рӯзи пурнишоте менишинад. Чунки вай ба мӯъҷизаҳо бовар доштааст.
Дили хурдакаки писарак низ он лаҳзаи ҳассос бо шунидани мунозираҳои маргу зиндагӣ хун мегирйист. Вай ба сони муште фишурда шуда, ба гӯшаи дастнораси хоначаи худ пинҳон гашта буд. Ҳамон рӯз ба таҳқиқ фаҳмида буд, ки дунёи одамон хеле пуртазод аст. Ҷояш ояд, раҳмро чун гӯшти лаҳм аз гулӯи қимакунак мегузаронанд.
Ва... ниҳоят
фурсати шодӣ ҳам мерасад.
Ҳангоми таваллуди суҳби як рӯзи баҳорон будааст.
Модараш аз дарди ҷонкоҳе ба нолиш меояд. Падар аз ҳавли номаълуму бесару нӯге, ки ба дилаш роҳ ёфта буд, осемасар ба суроғи момодоя мешитобад. Модараш бо дарди валодати худ-аҷали муаллақ тани танҳо ба майдони набард дохил мегардад. Лаҳза ба лаҳза ҷабри дард бедоду зӯртар шуда, фиғони модарашро ба осмон мебарад.
Ин лаҳазот аз хонаи Худо ба гӯши занаки бо аҷал дастбагиребон садои азон мерасад ва ин овози рӯҳнавозро он вақт худи писарак ҳам шунида буд, ки баъдтар як умр ошиқаш бимонд. Модар лабони камхуни худро ба дандон газида, оби дидагонаш марҷонвор равон шуда, бо ҳар нафас рост гирифтан номи Аллоҳро ба забон меронд ва зӯр мезаду зӯр мезад.
Аз момодоя дараке набуд!
Фурсате пас чашми рӯзаки баҳорӣ мекафад. Аммо ҳанӯз чашмони модари писарак равшан нашудаанд. Вай дидагони пури оби худро ба табассуми офтоб гардонда, бо лобаҳо ҷигарбанди беҷуръати тарсуяшро берун мехонад. Офтоб аз панҷараи пардаҳояш ба ду ҷониб барчида шармидаву бесадо ба хона даромада, роҳи меҳмони навро мунаввар месозад ва ба ҷои момодоя дилбардори модар мегардад.
Ва...
охируламр
писарак бо гиряҳои шодмонӣ таваллуд шуда, рӯи тобону лабони хандони офтоб, табассуми софи модарро мебинад...
***
Ним асри баасрор аз он воқеа гузашта, ҳанӯз мард аз торикӣ ҳарос дорад. То буди имкон аз он касофат ҳазар мекунад. Баъд чӣ шуда буд? –чун нақше дар санг дар ёди вай мӯҳр бастааст. Миёни дасту по дунёи вайи ҳанӯз бача таку рӯ гашта буд. Модараш шабе ба хоб рафту дигар аз болин сар набардош, аз қазо ба як кундаи беҳиссе мубаддал гашт. Дар як они воҳид шабнами марг дар хонаи онҳо туфоне барангехт. Падараш синабирён, бародаронаш гирён, ҷумла пайвандону таборон зору нолон...
Он вақт ҳафтсола буд писарак. Аз ин ҳодисаи мудҳиш дунёи равшанаш якумрӣ торикистон шуд. Акнун намедонист, ки сари қоқи худро аз ҷабри торикии газанда ба куҷо пинҳон намояд. То ин дам бо фаро расидани говгум ба бағали модар медаромад ва ба ҳисори тани ӯ паноҳ оварда, гармии оғӯшашро ба рӯи торикии бадбахт сипар месохт. Ҳоло, ки модар дар бараш нест, намедонист, чӣ кор кунад! Умедвор ба падар менигарист. Вай сархаму хомӯш аст, бо андешаҳои мағмуми худ андармон. Ва ин лаҳзаҳо аз дили писарак чӣ мегузарад? -шояд мутлақо намедонист. Модаракаш... Оҳҳ-ҳ-ҳ ... дигар буд очаҷонаш. Бо як нигоҳ мефаҳмид, ки баррачааш чӣ мехоҳад! Ва... бо табассуме ҷаҳони ӯро мунаввар месохт.
Акнун ин бахтро абадан гум карда буд писарак..!
Вай дар паҳлӯи падар нишаста аст, ҷомаи дастидӯхти тӯҳфаи модарҷонашро пӯшида ва бо рӯмоле миёнашро маҳкам баста, ҳамдардии мардуми деҳаро мешунид. Ҳамин асно ба падараш рӯ оварда муллои деҳа гуфт:
-Бисёр ҳам худро ба ғам гирифтор карда, обу адо нашавед, Абдураҳмонбой. Фикри бозмондагонро низ аз ёд мабаред. Дар тақдираш навишта буда аст. Модоме марҳум ба Холиқаш даркор шудааст, ин хел таъҷил ба сӯяш хондааст. Пас, бандаи неку хуштолеъ ва дилписанде будааст раҳматӣ. Сабр кунед, бародар. Худо ҳам бандагони собиру шокирашро дӯсттар медорад. Аз пасаш ҳамеша дастбадуо бошед, ки рафтагон ҷуз ин аз мо чашми уммеде надоранд.
-Ташаккур, муллоҷон, -сар набардошта, посух дод падараш. -Аз дасти мо дигар чӣ ҳам меояд?
-Ҳаа-а... дунё ҳамин хел аст, бародар! Ба некон ҷой танг дар ин дунёи бӯқаламун, -нохост оҳкашон изофа намуд мулло.
-Шояд...
Баъд аз ин писарак дар моварои ду андеша сарсон монда буд. Намедонист, ки дар ҳаёт инсони нек бошад, ё бад? Агар ба одами нек дар ин олам, рӯзи беҳӣ набошад, чӣ бояд кард? Пас, беҳтар нест магар, бадгуҳаре бошад? Ин сон... дар интихоби роҳи дуруст майна об мекард, ки аз фарози осмонҳо суруше ба гӯшаш нишаст; яқин овози дилангези модарҷонаш буд он, ки мегуфт:
“Аз роҳи равшанӣ бирав, бачем. Иншоаллоҳ, кам нахоҳӣ шуд.”
Ин ҳарфу ҳиҷоро чанд бор батакрор шунида, дар дил ба модарҷонаш қавл дод, ки ҳатман одами хубе хоҳад шуд.
Баъд боз фикр кард, ки
агар суханҳои муллои деҳа ҳақиқате доранд, ягона роҳи кӯтоҳ то маъвои Очаҷонаш ҳамин аст: -Нек будан, ҳамқадами рӯшноӣ зистан!
***
“Рӯи торикӣ аз азал сип- сиёҳ аст, манфур ва ғашовар..!” –агар дигарон надонанд ҳам, ин нуктаро аллакай медонад писарак. Монои чӯби нимсӯхта аст он бадбахт, ки ҳамеша атрофи танӯри шикамдори онҳо мехобид ва очаҷонаш аз конакаш хаставу дили гулханро бо майли хотир мекофт, то оташи сердуд дар шиками он ба рақс ояд...
Ҳар қадар торикиро бад медид ва аз он чун меш аз дандони гург метарсид, вале баъдтар илоҷи раҳоиро аз ин осӯхтарӯ пайдо кард. Рӯзе аз муллои деҳа пурсид, ки чӣ тавр аз шарри торикӣ эмин монад?
Вай ба андеша рафта, баъд :
-Ҳа-а.., писарам, рост мегуфтаанд гузаштагон: “Сояи шайтон аст торикӣ!” Натарсида намешавад, -гуфт пешониашро бо кафи даст молида.
Писарак сукут варзид, дам ба дарун гирифта, дар дил оҳи бадарде кашид.
-Аммо ман роҳи натарсиданро медонам! –ғолибона эълом дошт ӯ.
Писарак ба умед чашмонашро ба даҳони мулло дӯхт.
-Намоз хон, бачем. Калиди ин қуфл намоз аст. Одами намозхон аз торикӣ ҳаргиз наметарсад. Шайтони лаин аз ин хел одамон ҳарос мекунад.
-Хуб...
***
Аз он гуфтор рӯзҳо гузашта, ҳоло мард ҳар рӯзи Худо бо садои марғуладори муаззини деҳа аз хоб мехезад ва бо намозаш ба сояи шайтон завол меоварад.
Офтоб ҳам рух намуда, лаҷоми кори дунёро аз дасти Торикӣ мегирад ва хилъати заррин ба дӯши Равшанӣ мениҳад.
Акнун мард аз торикӣ нахоҳад тарсид.
Чунки...
намоз ва офтоб ҷои модарҷони ӯро номаълум мекарданд!

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

ЧИСТОНҲО

ҲИКОЯҲОИ БАЧАГОНА