АРМОН (Ҳикоя)
Рӯ-рӯйи хазони наврехта қадамзанон аз дарс бармегаштам. Таваҷҷӯҳамро марде, ки дар истгоҳ буду ба бар тоқии кӯҳистонӣ, либосҳои рангпарида, пойабзори чангзеркарда ва дар даст дастовез дошт, ба худ ҷалб кард. Чеҳраи мард, ки ҳар замон гардан ба роҳи мошингард меёзонд, гарм тофт. Наздиктар рафтаму хато накарданамро фаҳмидам. - Ассалому алайкум, акои Андарз! – хушҳолона садо баланд кардам. Аз садои ғайричашмдошт, мухотабам як қад парид. - Ваалейкум ассалом, ошно, - хурду калонро «ошно» ном мегирифт ӯ. – Ин ҷо чӣ кор мекунӣ? – ба канор кашида, бағалкаш боло бардошт, ки тамоми устухонҳоям шараққос заданд. - Хонда гаштаам. Аз худатон пурсем: кадом шамол ба Самарқанд овард? - Э, ошно, падарамро ба шифохона овардам. - Кай омадед? - Як ҳафта шуд, ошно, - тоқиашонро аз сар гирифта, бо рӯмолча арақҳои пешониро тоза намуд. - Ҳафт рӯз боз ақаллан як маротиба занг назадед-е, - гила кардам. - Ошноҷон! Дар Самарқанд буданатро намедонистам. Агар бохабар мебудам, албатта...