АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША
МӮЪҶИЗАИ ОЛАМ
КОЛИЗЕЙ
Аз калимаи лотинии
“colosseus” гирифта шуда, маънои “азим, бузург”-ро дорад. Ин ёдгории меъмории
Рими Қадим, яке аз машҳуртарин ва бузургтарин иншооти замони қадим
мебошад.
Пас аз вафоти шоҳ Нерони золим ҷанги шаҳрвандӣ ба миён меояд ва он соли 69 бо ғалабаи Флавий Веспасиан анҷом меёбад. Веспасиан ба тахти императорӣ нишаста қарор мекунад, ки маркази Римро аз нав созад. Бо ин мақсад, ӯ қасри Нерон - Кохи тиллоиро ба идораҳои императорӣ табдил дода, барои бунёди амфитеатр кӯли ҳудуди қасрро бо хок пур мекунад.
Веспасиан сохтмони амфитеатрро соли 72 оғоз мекунад. Мувофиқи навиштаи таърихнигорон, барои сохтмони Колизей гурӯҳи калони меъморон, муҳандисон, рассомон ва ороишгарон ҷалб карда мешаванд. Бунёди Колизей соли 80 дар замони ҳукмронии император Тит ба охир мерасад.
Даставвал иншоот чун Амфитеатри Флавийҳо ном бурда мешуд ва баъдан, аз асри VIII, номи Колизейро гирифт. Дар тӯли асрҳо ин иншооти бузург осебҳои зиёдро дидааст ва бо вуҷуди ин то ҳол боқӣ мондааст. Ҳоло Колизей чун рамзи Рим шинохта шуда, ба машҳуртарин макони туристӣ табдил ёфтааст ва ба сифати яке аз 7 мӯъҷизаи олам эътироф гаштааст.

Комментарии
Отправить комментарий