Сообщения

Показаны сообщения с ярлыком "ханда"

ШЕЪРҲОИ БАЧАГОНА

Мирсаид МИРШАКАР ЗИНДА БОД ХАНДА! Рафта гуфтам ба духтур: – Нотобам, эй амакҷон! Гаҳ дилам мекунад дард, Гаҳ сару гоҳе дандон. Бовар бикун, амакҷон, Надорам узви бедард. Шояд аз ин нотобист Тани лоғар, ранги зард?.. Духтур гуфто: – Дарди ту Дарди ғаморанда аст, Лекин дармонпазир аст, Доруи он ханда аст. Асло накун фаромӯш: Бо ханда гар шавӣ ёр, Дигар ба дарду азоб Намешавӣ гирифтор! Чун давои дардамро Аз духтурам шунидам, «Сафсата!» – гуфта, бо завқ Бар гапи ӯ хандидам. Хандидам дар назди ӯ, Дар кӯчаҳо хандидам, Назди очам хандидам, Бо бачаҳо хандидам. Аз хандаи бисёре Дардам пароканда шуд, Тамоми ҷисму ҷонам Саломат аз ханда шуд. Хоҳед агар, ки бошед Монанди ман саломат, Аз ханда рӯ натобед Дар меҳнату фароғат!

АЗ ҲАР ГЎША ЯК ХЎША

ЧӢ ТАВР РӮЗИ ХАНДА ПАЙДО ШУД? Рӯзи ханда яке аз ҷашнҳои ба расмият нашинохтае мебошад, ки дар тамоми дунё то ҳол ба таври муваффақ таҷлил мегардад. Дар тӯли мавҷудияти Рӯзи ханда дар кишварҳои гуногун анъана ва шӯхиҳои ҷолибу ҷаззобе ба миён омадаанд. Дар бораи чӣ гуна пайдо шудани ин ҷашн то ҳанӯз баҳсу мунозираҳои зиёд мавҷуд аст. Яке аз фарзияҳо ба он далолат мекунад, ки ин ҷашн дар Рими қадим ба вуҷуд омадааст ва дар нимаи дуюми моҳи феврал мардум рӯзи Аҳмақонро таҷлил менамудаанд. Апулей чунин меҳисобад, ки дар Рими қадим фиреби нахустапрелӣ марбут ба ҷашни бахшида ба Худои хандаҳо буд. Дигарон таъйид мекунанд, ки он дар Ҳиндустони қадим пайдо шудааст ва 31 март чун рӯзи шӯхӣ дар ин мамлакат таҷлил мешуд. Ҳамчунин назаре ҳаст, ки ирландиҳо дар замони қадим рӯзи 1 апрел ба муносибати Соли нав ҳазлу шӯхӣ мекардаанд. Боз фарзияе мавҷуд аст, ки нахуст 1 апрел дар Ҳиндустон ва Рими қадим чун рӯзи баробаршавии баҳор ҷашн гирифта мешуд. Ба муносибати Соли нави баҳорӣ маҳфил, базму гашту...