БАРОИ БАЧАГОН
АГАР МО... ...НИҲОЛ ШИНОНЕМ · Ба ободии табиат ҳиссаи худро мегузорем. · Одамон аз меваҳои он баҳравар гардида, дуо мекунанд. · Ба тозагии экология саҳм мегузорем. · Падару модарамон хурсанд мешаванд. · Аз ин рафтори мо атрофиён ибрат гирифта, онҳо ҳам ниҳол мешинонанд. · Дастархонамон фаровон мегардад. ...НИҲОЛ НАШИНОНЕМ · Табиатамон хароб мешавад. · Экологияи муҳиту атроф вайрон мешавад. · Нархи меваҳо дар бозор қимат мегардад. · Моро ҳама бачаи бепарвою беғам мешуморанд. Фаридуни ФАРҲОДЗОД.